Назарияи ҳуқуқии давлат

 Давлат ҳамчун ташкилоти (воҳиди  таркибии) ҷомеа.

Нишонаҳои  давлат

       Давлат ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва худудии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.

Ҳамчун ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ давлат бо сиёсат алоқаманд аст. Сиёсат дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ва назарияҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ҳар хел маънидод мешавад. Мутафаккирони Юнони Қадим сиёсатро санъати идоракунии давлат меҳисобанд. Асосгузори илми сиёсии атиқа Арасту сиёсатро бо ахлоқ алоқаманд мекард, давлат бошад шакли олии умумияти сиёсии одамон (одамони озод ва аз нигоҳи сиёсӣ такомулгашта) ҳисоб мешуд. Назарияи сиёсии Арасту дар Шарқ ҷонибдорони худро пайдо мекунад. Форобӣ, Сино, Низомулмулк ва диг. сиёсатро ба ҳайси санъати давлатдорӣ мешинохтанд, ба ҳокими давлати сиёсӣ талаботҳои ахлоқӣ пешниҳод мекарданд. Масалан, Низомулмулк давлатҳоро ба боадолат ва беадолат тақсим намуда, мафҳуми адолатро аз маҷмӯи зарурии хислатҳои ахлоқӣ иборат медонад1. Н. Макиавелли, ки асосгузори илми сиёсии давраи Нав гардид, сиёсатро аз ахлоқ ҷудо карда, бо муборизаи сиёсӣ баҳри ҳокимият алоқаманд мекунад ва давлат ҳамчун ташкилоти ҳокимияти сиёсӣ маънидод мешавад. Ин мафҳум оянда боқӣ мемонад. Аз ҷумла, марксизм давлатро ба ҳайси олоти, «машинаи» зӯроварии синфӣ баҳо дода, сиёсатро бо зӯроварии муташаккилона мепайвандад.

Давлат – ташкилоти таркибии ҷомеа аст. Давлат ҳамчун ташкилоти таркибӣ аз мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор (дастгоҳи давлатӣ) иборат аст. Ин мақомот барои фаъолияташ (иҷрои вазифаҳо) аз усулҳои роҳбарии (идоракунии) ҳокимиятӣ бояд истифода барад (қонуну қарорҳои ҳукуматӣ қабул кунад, амру нишондодҳои ҳатмӣ диҳад), вагарна аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ фарқ намекунад. Аз ин нигоҳ, мақомоти давлатӣ – ин мақомоти ҳокомиятӣ буда, давлат ҳамчун ташкилоти таркибии ҳокимияти сиёсӣ баромад мекунад. Давлат ташкилоти таркибии ҳуқуқӣ аст. Асосҳо ва тартиби ташкилу фаъолияти дастгоҳи ҳокимиятии давлатро ҳуқуқ ва қонунҳо муқаррар мекунанд. Мақомоти давлатӣ худсарона, бидуни ҳуқуқ таъсис шуда наметавонад.

Давлат ташкилоти худудии ҷомеа аст.      Мафҳуми «давлат – ташкилоти ҳудудӣ» танҳо бо мансубияти давлатии одамон маҳдуд намешавад. Ғайр аз аҳолӣ, тамоми иншоотҳову иморатҳо, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои хавоӣ, обҳои баҳрӣ ва дарё, ки дар қаламрави давлат ҷойгиранд, мансубияти ҳудудӣ пайдо мекунанд. Агар давлат чун ташкилоти сиёсӣ шакли сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчун ташкилоти таркибӣ – ташкилоти (воҳиди) таркибии ҳокимияти сиёсӣ бошад, пас ба ҳайси ташкилоти ҳудудӣ давлат бо истилоҳи «кишвар», «Ватан», «мамлакат» ифода мешавад, яъне тобиши ҷуғрофӣ пайдо мекунад. Ба ин маъно мафҳуми давлатро омилҳои (ё зуҳуроти) демографӣ, инсонӣ (аҳолии давлат) ва сарватӣ (моликияти давлат, сарвати давлатӣ) ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, давлат ташкилоти худудии ҳуқуқӣ аст. Мансубияти аҳолӣ ба ин ё он давлат бо ҳуқуқ расмӣ кунонида мешавад. Шакли ҳуқуқии мансубияти одамон ба давлат – шаҳрвандӣ аст. Сарватҳои ҳудудии давлат низ мансубияти ҳуқуқӣ (моликиятӣ) пайдо мекунанд. Як қисми сарватҳо моликияти истисноии давлатро, қисми дигар моликияти одамон (ва иттиҳодияҳои онҳоро) чун унсури ҳуқуқҳои зеҳнии шаҳрвандон ташкил медиханд.

Аз мафхуми давлат ҳамчун ташкилоти ҷомеа нишонаҳои фарқкунандаи давлат бармеоянд. Ба туфайли онҳо давлат аз ташкилотҳои иҷтимоии тодавлатӣ фарқ мекунад.

Якум, давлат намояндаи (ифодаи) сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.            Дуюм, давлат дорои дастгоҳи худ аст.

Сеюм, дар давлат ба ҷои мансубияти авлодӣ мансубияти ҳудуди шаҳрвандӣ пайдо мешавад.

Давлат унсури низоми (ҳаёти) сиёсии ҷомеа буда, якҷоя бо дигар унсурҳои (воҳидхои) сиёсӣ амал мекунад (аз қабили ҳизбҳо, созмонҳо ва ғ.). Вале давлат аз онҳо бо як қатор нишонаҳояш (хислатҳои хосаш) фарқ мекунад.

Якум, давлат дар қаламрави тамоми кишвар ҳокимияти ягонаи давлатиро амалӣ мекунад.

Дуюм, давлат ташкилоти ҳокимиятии соҳибихтиёр аст. Соҳибихтиёрии давлат дар ду хислати асосии ҳокимияти давлатӣ зоҳир мегардад: 1) волоияти ҳокимияти ягонаи давлатӣ дар тамоми қаламрави давлат ва 2) мустақилияти ҳокимияти давлати миллӣ дар арсаи хориҷӣ.

Сеюм, давлат ваколати қонунии эҷоди ҳуқуқӣ дорад.

Чорум, давлат дорои буҷаи умумидавлатӣ, низоми ягонаи андозу молия аст. Буҷаи давлат баҳри беҳдошти зиндагӣ, таъмини ҳаёти хуби одамон ташкилу сарфа мешавад.

 

11.2.  Андоз ҳамчун нишонаи давлат

 

Андоз аз қадимтарин кашфиёти ҷомеаи башар аст. Ҳанӯз дар замони сохти ибтидоӣ меъёрҳои алоҳидаи ягона вуҷуд доштанд, ки мабдаи муносибатҳои ояндаи андозро ба танзим медароварданд. Маълум аст, ки дар ҷамъяити пеш аз давлатдорӣ дастгоҳи махсуси идора вуҷуд надошт ва мақсади фаъолияти аъзои қавм, ки бо меъёрҳои ягона ба танзим дароварда мешуд, зисту зиндагонии муштарак буд. Бино бар шаҳодати таърихшиносон ва бостоншиносон, дар аҳди ҷомеаи ибтидоӣ тимсоли «андоз» вуҷуд дошт, зеро як қисми ҳосили киштзор, шикор ё худ чорводориро аъзои қавм ба «хазинаи» (тимсоли буҷет) умумӣ медод, ки он барои эҳтиёҷоти умумӣ, таъминоти мӯъбадон, сарбозон, яъне барои аъзои қавме сарф мешуд, ки неъмати моддӣ ба даст намеоварданд ва дар пешомадҳои офати табиӣ ҳамчунин кафолат, замонати некӯаҳволӣ ва бақои қавм буд. Барои муқоиса, ҳоло як қисми буҷет ба рафъи ҳодисаҳои фавқулоддаи техногенӣ ё фалокати табиӣ сарф мегардад.

Дар баробари пайдоиши давлат ҳамчунин таъминоти дастгоҳи махсуси идора, амалдорон, қӯшун, мақомоти судӣ ва ғайра зарур гашт. Эҳтиёҷоти муташаккилона ва бо низому тартиб ғундоштани як қисми даромади аҳолии дохили кишвари дур аз марказ ба миён омад. Ягон давлат бе ситонидани боҷу хироҷ вуҷуд дошта наметавонад ва дар баробари ин низоми андоз яке аз нишонаҳои давлатдорист. Албатта, нишонаҳои низомӣ на якбора, балки бо мурури рушди давлат пайдо шудаанд.

Боҷу хироҷ дар баробари пайдоиши давлат пайдо шудааст ва мебоист барои ташаккул ва пайдоиши давлату давлатдорӣ хизмат мекард. Давлатдорӣ ба дастгоҳи идора ва ҳимоя эҳтиёҷ дошт, аз ин рӯ боҷу хироҷи ҷамъоварда барои он харҷ мешуд. Албатта, дар марҳалаҳои аввали рушди давлат боҷу хироҷ ҳамчун нишонаи асорат, чун олоти як синфро зулму истисмор кардани синфи дигар низ буд ва ҳоказо.

Мувофиrи маълумоти сарчашмаёои таърихb rисмати муёими Осиёи Марказии ёозира дар асрхои V – IV пеш аз милод дар ёайати давлати Ёахоманишb rарор гирифта буд. Тамоми давлати Ёахоманишb ба вилоятёои  молиётдиёандаи ёарбb, яъне сатрапиёо таrсим гардида буд, ки онёоро волиёо (сатрапёо) идора мекарданд. Сатрапёо, ки бевосита ба подшоё итоат мекарданд, асосан бояд дар вилояти худ андоз меситониданд ва хароxоти rушунёоро таъмин мекарданд. Ёар як вилоят мебоист андози солонаро бо пул адо мекард, ба тариrи молиёти xинсb, яъне маёсулоти зироатb ё ёунармандb, маъдани кон ё чорводорb андоз мепардохтанд. Илова бар ёамаи ин андозу .ёдадориёо боз боxёои дохилb ва андозёои роё вуxуд доштанд.

Ба rавли Геродот, rаламрави Осиёи Миёнаи ёозира ба чор сатрапb таrсим шуда буд. Rабилаёои кучманчии сокини канорахои баёри Каспий ба ёайати сатрапии VI дохил шуда, солона ба маблаuи 200 талантb нуrраи бобулb хироx медоданд. Хоразм, Суuд ва Порт сатрапии ХVI буда, 300 талант андоз мепардохтанд. Бохтар сатрапии ХII ба шумор рафта, 360 талант даромад медод. Ниёоят, сакоиёо вилояти ХV-ро ташкил намуда, ба маблаuи 250 талант хироx медоданд.

Яке аз воситаёои дигари даромади иловаи  давлат ин бастани дарuот буд, ки баъди ин ба заминёо об намеомад. Аз афташ, дар замони [ахоманишиёо иншоотёои калони ирригатсионb дар дасти маъмурияти (ё таёти назорати) давлат буданд. Барои кушодани дарuот аёолы маxбур буд ба хазина хироxи иловагb бидиёад.

Сохтори мутаносиби идораи давлат аз он xумла оиди xамъоварии андоз ба истифодаи маблаuёои давлатb дар асрёои IХ – Х дар давлати Сомониён ташкил дода шуда буд. Девони вазир асоситарин идораи марказb ёисоб мешуд ва тамоми муассисаёои маъмурb, сиёсb ва иrтисодии давлатро назорат менамуд. Ба вай сардорони ёамаи дигар девонёо итоат мекарданд, аз он xумла девони Муставфb (хазинадории давлатb), девони мушриф (назорати корёои давлатb, хусусан дахлу харxи хазина). Муассисаёои маёалии ёамаи девонёо итоати дутарафа доштанд, яъне аз як тараф, ба ёокимони вилоятёо итоат кунанд, аз тарафи дигар, ба девони марказии худ итоат менамуданд.

Замин ба феодалон бар ивази хизматашон барои истифодабарии якумра дода мешуд (иrта).  Даромади асосии давлатb, аз ёисоби рента – хироxи  замин буд, ки андозаи он бо пул хисоб  мешуд.

Ба тамоми аёолы хироxёои саршумор баста шуда буданд: дар Мовароуннаёр ашхоси сарватманд соле 10 динор, дар Хуросон – 7  динор хироxи  саршумор медод. Аз камбаuал 1 – динор  ситонида мешуд. Андози чорво – купчур аз ёар 100 сар як сари гирифта мешуд. [амчунин андози озуrа (таuор), рентаи замин (хироx, мол ё мутаваxxиёот), хироxу уёдадориёои таъмину алоrадориёои rосидон, хироxи ёавли – (хонашумор), боuшумор, боxёои ба шаёр ворид кардани маёсулоти зироат – роёдорb, дарвозабонb низ аз аёолb ситонда мешуданд.

Чунин тарзёои xамъоварии даромадёои давлатb аёолиро боз ёам харобу бенавотар мекард.

Масълаёои андоз ва андозбандb дар асaрёои мутафаккири асри ХIII Насриддини Тусb “Дар молиёт” ва “Рисола дар расму оини подшоёони rадим, тарзи гирифтани молиёт ва хироx ва масорифи он” тасвир гардидаанд. Муаллиф rайд кардааст, ки маrоми хироxситонb дар мамлакат боло рафта, аммо хазинаи давлат аз хазинаи подшоё xудо нашуда буд. Номуайянию мубрамии хироxбандb ришватх.рию ришватситонии амалдорони давлатро зиёд мекунад.

Ба маrсади мадохилоти мураттаби маблаuи даромади давлатb мебояд ёар як навъи андоз дар муёлатёои муrарраршуда ба тавре ситонда шавад, ки ба андозсупор мувофиr аст. Илова бар он, андоз набояд кушиши ривоxи истеёсолотро бикоёад. Ин rабил пешниёодоти доираи андоз rобили rабуланд.

Uайр аз хироxи замин боз бисёр андозёои дигари иловагb вуxуд дошт, ки ёам ба шакли пул ва ёам ба шакли мол аз мардум меситониданд. Чанде аз ёамин rабил андозёои иловагb маёз барои таъмини маоши соёибмансабон сарф мешуд. Ба дарахтони мева андози махсусе мавxуд буд, ки онро “сардарахтb” меномиданд.

Андози сарикасb, ки муuулёо xорb карда буданд, бо номи “саршумор” вуxуд дошт. Ба сабаби дуд кардан андоз мегирифтанд, ки “дудb” ном дошт. Вазнинтарин андоз “барид”, яъне пушта – “улоu”  буд, ки мувофиrи он аёолb маxбур буд ба ёар чопар ё rосид асп ёфта диёад ва “пешкаш” (ба тариrи т.ёфа ва бахшиш) ба шумор мерафтанд. Дар ваrти xанг аз аёолb андозёои иловагии махсус мегирифтанд, вале амалдорон онёоро гоёо дар айёми осоишта низ мер.ёниданд.

Шакли сеюми хироx дар шакли маxбурият – “бегорb” номида мешуд, ки дар сохтмон ва таъмири ёисору rалъа, кофтан ва тоза кардани каналу корезёо ва uайра кор мефармуданд. Ин барои аёли меёнат аз ёама вазнинтар буд ва ононро аз кори асосиашон мемононд.

Андозёо ниёоят миёншикан буданд, бинобар ин тибrи меъёрёои муайяншуда  ёокимон баъзан онёоро бекор карда метавонистанд. Чанд дафъа ба муёлатёои гуногун аз сабаби беёад rашшоrу нодории аёолb ва сахтдилии амалдорон андози таъминкунии сарбозон бекор карда шуда буд.

Аёолии шаёрёо ба давлат баъзе аз андозёои номбурдаро (дудию саршуморb) месупориданд, аз корёои маxбурb озод набуданд. Ба uайр аз ин боз боxу хироxёои бевосита борои савдою ёунармандb – тамuа вуxуд дошт.

Дар асри ХVI дар давлати Шайбониён таrсимоти мулкb – амлокb вуxуд дошт. Хусусияти он чунин буд, ки ёокими мулк ёуrуr дошт  кулли ё rисми хироxи заминёои амлоки давлатиро барои худаш xамъ оварад. Ин ёокимон ёуrуr доштанд rисми заминёои давлатии  амлоки худро ба феодалёои дунявию динb ва намояндагони табаrаи  низомиён таrсим карда диёанд. Дар шаёрёо андозёои сирф шаёрb вуxуд доштанд (даёяки rисми молёои фурухташаванда ситонида мешуд). Ба uайр аз он, ёокимон бо раводиди худ метавонистанд шаёриёнро андозёои иловагb банданд.

Меъёри расмии хироxи замин дар аёди Xониён дар асрхои ХVII – ХVIII мисли пешин буд (сеяки ёосил), аммо дар амал хеле зиёд аз он ситонида мешуд.  Хироxро пешаки барои чанд сол мегирифтанд ё онро зиёд мекарданд. Дар дасти феодалёои калон xамъ омадани замини бисёр дохилшавии хироxро ба фоидаи давлат коёиш медод.

Манотиrи Осиёи Миёна rариб якуним ёазор сол дар шароити ёукмронии шакли махсуси муносибатёои феодалb rарор дошт, мардум ба сотсиализм давраи капитализмро аз сар нагузаронида гузашт. Дар ин давра пурра таuйир додани тартиботи феодалb, анъанаву одатёо аз имкон берун буд. Дар давлатёои феодалb, ки асоси ташаккулёбии Тоxикистони имруза буданд, андозбандиёои зиёд вуxуд дощтанд ва дар баробари ин тарзи ситондани онёо ва шакли андозбандb характери худсарона дошт, ки Садриддин Айнb ба он диrrатро xалб намудааст.

Дар асарёои С. Айни бештар аз сад навъи андозбандиёои сулолаи аморати Бухоро шарё дода шудаанд. Ба даромадёои мамлакат андозёои зайл мавrеи асоси доштанд: закот (андоз аз моли манкул), ушр (хироx аз ёосил), хироxи замин, аминона (андоз барои маоши амалдорон), хироxи чарогоё, дудb (андози дуд), танобона (андози ёар як таноби замин), сарона (андоз аз ёар нафар), сарухона (андоз аз оила) , миробона (андози обёрb), кeшпулb (андоз аз улови корb), яксарb (андоз аз чорво) ва гайра.

Дар шароити чунин фаровонии андозёо, rайд карда аст С. Айни, деёконон аз пардохти андозпулиёо хонасалот шуда, маxбур буданд заминашонро ба нархи арзон ба боён фурeшанд, баъзеёо чорвои корb ва хонагии худро фурeхта пули андозро мепардохтанд.

Пурра воrиф будан аз вазъи иктисодии он давра ба С. Айнb имкон дод, ки хусусиятхои хоси андозбандии аморати Бухороро муайян карда, масъалаи такмили усулёои xамъоварии андозро пешниёод намояд. Пешниёодоти мазкур то ба ёол rимати худро гум накардаанд ва ёоло ёам дар системаи андозбандии миллиамон истифода шуда метавонанд.

Ба маrсади кам кардани хароxоти давлат ёангоми xамъоварии андоз, инчунин баёисобгирии rобилияти пардохти андоздиёандагон С.Айни пешниёодоти зерин кардааст:

– фаъолияти xамъоварандагони андоз бояд зери назорати давлат гирифта шавад, то ки меъёрёои rонунии аз аёолb ситонидани даромадёояшон суиистеъмол нагардад;

– талаби пардохтани андоз бояд имконияти реалии rобили пардохткунb доштани андозсупорандаро ба асос гирад;

– ёаxми бори андоз дасту дили истеёсолкунандагонро барои рушди минбаъдаи истеёсолот хунук накунад.

[амин тавр, аз давраёои rадим то ба забт кардани Осиёи Миёна аз xониби Россия, аз руи маълумотёои Б. Uафуров ва С.Айни, андозу системаи андозбандb дар rаламрави Tоxикистони имрeза мураттаб xараён дошт. Мустаёкамшавии давлат ва ёокимияти марказии он ба устуворшавии муносибатёои андоз мусоидат мекард. Ва баръакс, xангу xидоли давлат, сустшавии ёокимияти марказb ва пурз.ршавии феодалёои маёаллb бори андозро боз вазнинтар, муносибатёои андозро устувор мегардонд ва даромади давлатро коёиш медод.

Дар замони иrтисодиёти фармонфармоию планb системаи андози мамлакат  вобаста ба хусусиятёои хоси вазифаёои сиёсати молиявии ёар як марёалаи барrароршавии тарзи советии истеёсолот борёо таuйир ёфтааст. Андозёо бар ивази зуран ба таври инrилобb кашида гирифтани uалла дар солёои аввали баъди – инкилобb (НЭП) истифода гардида, баробари дигар чораёо ба барrароршавии иrтисодиёти харобгардида  мусоидат намуданд. Солёои сиюми асри гузашта андозбандиро барои ёалли вазифаи сиёсии аз xиёати иrтисодb барёам додани деёrонони якдаст ва ба колхозёо xалб намудани аёолии деёот истифода бурданд.

Дар марёалаёои ниёоии мавxудияти иrтисодиёти фармонфармоии планb андоз аёамияти rазоb надошт, зеро он на барои xамъ кардани даромади давлат, балки пеш аз ёама барои амали гардонидани сиёсати иxтимоию иrтисодии мамлакат – чун фишанги таrсимоти даромади аёолb, ёавасмандгардонии истеёсолоти хоxагии rишлоrи боимтиёз, муносибгардонии истеёсолу истеъмол кор фармуда мешуд.

Он ваrтёо андоз ёамчун манбаи пешбарандаи даромади буxети давлатb ёисоб намеёфт. Соёаи андозбандb солёои дурудароз васеъ нагардида, баръакс, тангтар мешуд. Андозёо ба вазъи молумулкии шахрвандон, ташкилотёои кооперативию xамъиятb, ашхоси ёуrуrию воrеии хориxb ва дигар андозсупорандагон, ки дар И/ШС даромад мегирифтанд, таъсири зиёд надоштанд. Тавассути андозёои давлатию махалb ба буxет ёамаги 10 фоизи тамоми даромади давлат дохил мешуд.

Чунин аrидае васеъ паён гардида буд, ки андоз аз аёолb пеш аз ёама андози даромади коргарону хизматчиён асоси сиёсию иxтимоb надорад ва ёамчун манбаи даромади буxет чандон муёим нест. Дар маrомоти гуногуни ёокимияти давлатb аrидаронb мекарданд, ки андози аёолb бекор карда, ба буxет пардохт аз даромади корхонаёо, итиёодияёо ва ташкилотёо дохил шавад.

Соли 1960 дар И/ШС к.шиш намуданд, ки андоз аз музди коргарону хизматчиён давра ба давра ва ниёоят, бекор карда шавад. Ёамон ваrт ин тадбир ба ёаrиrат наздик буд, зеро моликияти монополии давлат ба воситаёои истеёсолот ва маёсулот, якхела будани шароити иrтисодb ва танзими rатъии музди кори кормандон имкон медод, ки маблаuи андоз пешаки муайян карда шавад ва он чун унсури ёаrrи меёнат дониста шавад. Дар айни замон аз корхонаю ташкилотёои даромадноки давлатb нисбат ба корхонаю ташкилотёои камдаромад зиёдтар андоз ситонида мешуд. Корхонаёои камдаромад ва бедаромад, баръакс, имконият доштанд, ки барои фаъолияти минбаъдаи худ аз давлат кeмаки молиявb гиранд. Rисми даромади аёолиро бо танзими музди меёнаташон гирифтан мумкин буд.

Ин корёо дар шароити ёозира rатъиян rобили rабул нестанд. Эълон шудани истиrлолияти Тоxикистон ва гузаронидани ислоёоти иrтисодb на танёо нигоё дошта мондани андози корхонаёо ва аёолиро чун манбаи даромади буxети давлатb, балки ёамчун дигаргунсозии  куллии он, баланд бардоштани маrоми молиявb ва иxтимоии онёоро таrозо дорад.

Андозёо xои системаи пешинаи таrсимоти плании фоидаи корхонаёои сотсиалистиро гирифтанд. Он ваrтёо баъди ташаккул додани ёар гунна фондёои истеёсолb мувофиrи меъёрёои муrарраркардаи давлат баrияи rисми фоида ба буxети мамлакат гирфта мешуд. Дар шароити ёозираи гуногуншаклии моликият чунин система rобили rабул нест, зеро он барои ёамаи субъектёои хоxагидор шароити якхелаи хоxагидориро  таъмин карда наметавонад. Тартиботи андозбандb ин камбудиро надорад ва ба раrобати бозории субъектёои хоxагидорb монеъ намешавад.

Rисми зиёди истеёсолоти миллb ва мувофиrан, даромади аёолb ва корхонаёо дар замони ёозира дар сектори хусусии иrтисодиёт ташаккул меёбанд. Итмконияти танзими давлатии ин гунна даромадёо маёдуд буда, татбиrи амалияи бо роёи маъмурb ба даромади давлатb гузаронидани онёо бошад, мумкин нест.

Корхонаёо ва аёолb танёо тавассути андозёои муrарраркардаи rонун дар ташаккули даромади буxети давлатb ва бо маблаuтаъминкунии маrомоти давлатb иштирок менамоянд.

Робитаи давлат ва андоз, ки таъиноти онро инъикос менамояд, дар назарияҳои гуногуни иқтисодии андоз зуҳур меёбад: дар муовизаю мубодила, атомистӣ (амниятӣ), ҳаловатӣ, подоши суғурта, классикӣ ва ҳоказо, ки онҳо мақоми андозро дар давлатдорӣ ба тарзи гуногун инъикос менамоянд. Дар назарияи муовиза, мубодила, ки хоси қарнҳои миёна мебошанд, андоз воситаҳои бар ивази, дар бадали хизматҳои гуногуни давлат музд пардохтони шаҳрвандон қаламдод шудааст (хизматона); Назарияи атомистии (амниятии) мансуб ба асрҳои XVII-XVIII андозро ҳаққи пардохти ҳар шаҳрванд барои ҳимоя кардани амнияти худ ва молу мулк маънидод менамояд. Моҳияти он аз муовизаю мубодилаи як сарват ба дигар сарват буда, он дар асосҳои махсус сурат мегирад, зеро шаҳрвандон наметавонанд на аз пардохти андоз саркашӣ намоянд ва на аз истифодаи ҳимояи умумӣ (аминона, амнона). Яке аз муаллифони ин назария намояндаи доктринаи табиии ҳуқуқӣ Ш.Монтеске буд, ки моҳияти андоз дар ин маврид бо назарияи шартномаи ҷамъятӣ (назарияи пайдоиши давлат) бармало мувофиқат дорад. Намуди дигари ин назария ҳамчунин назарияи ҳаловат аст, ки мутобиқи он андоз подоши ҳаловатбарии шаҳрвандон аз тартиботи ҷамъятӣ, аз адолати додгустарӣ ва ғайра мебошад (ҳаловатона). Намояндагони назарияи классикӣ (А.Смит ва Д.Риккардо) андозро даромади давлат меҳисобанд, ки бояд барои таъминоти ҳукумат харҷ шавад. Онҳо ҳамчунин принсипҳои адолатнокии андозбандиро матраҳ карданд, ки аз рӯи онҳо андоз на нишонаи асорат, балки нишонаи ҳуввият, озодӣ мегашт.

Ҳар кадоми ин назария самару моҳияти худро доро буда, чӣ мақом доштани он – нишони давлат, олоти зулму асорат, рукни зарурии инкишофи озоди иқтисодӣ ва баёнгару ифодаи ҳуввият, озодӣ – ба сохту шакли давлат ва ба марҳалаи муайяни рушди он вобаста аст. Андоз даставвал ҳамчун манбаи асосии маблағ барои таъминоти ҳокимияти давлатӣ (давлатдорӣ) ва таъмини моддии фаъолияти он рӯи кор омад, аммо бо мурури замон вазифаву мақоми он тағйир ёфт. Зимнан он худ аз худ не,  балки вобаста ба дигаргун гаштани моҳияти давлат, кору вазифаҳои он тағйир ёфт. Бо вуҷуди ин, бе ҳеҷ шакку шубҳа, андоз чӣ дар гузашта ва чӣ кунун рукни (нишонаи) зарурии давлат буд ва мебошад.

Андоз, молиёт гуфта, пардохти ёатмы: инфиродии беподошро меноманд: ки аз ташкилотёо: соёибкорони инфироды: шахсони ёуцуции хори\ы ва шахсони воцеъы дар шакли бегона кардани маблағи ба ҳуқуқи моликият, хоҷагидорӣ ё идораи оҷил (оперативӣ) мутааллиқи онҳо ба мақсади таъмини молиявии фаъолияти давлат ва (ё) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ситонида мешавад.[1]

Чунончи аз таърифи ҳозираи қонунгузории андоз бармеояд, он имрӯз низ барои таъмини фаъолияти давлат ё мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маёаллы ситонида мешавад, вале ин фаъолият акнун ба қонеъ гардонидани танҳо эҳтиёҷоти худи давлат вобаста нест, инчунин маблағи ситонида фақат барои таъминоти дастгоҳи давлат харҷ намешавад. Дар давлати мутамаддин ва ҳуқуқбунёд маблағи андозро давлат барои иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сарф мекунад. Дар андоз бояд чӣ манфиати давлат ва чӣ манфиати тамоми ҷомеа, гурӯҳу фардҳои ҷудогонаи он дуруст мувофиқат намояд, пардохти андоз бошад, барои андозсупоранда неъмати ҷамъиятиро дастрас гардонад. Албатта, дар ин бобат баробарии комил риоя намешавад (аз рӯи принсипи чӣ қадар пардохта бошед, ҳамон қадар баҳраёб гаштаед), аммо дар давлати ҳуқуқбунёд андозбандӣ шарти талаботи ҷомеа ва рушди мӯътадил ва созгорона буда, барои инсон ҳаёти шоистаро таъмин менамояд. Андоз бояд созиши оқилонаи байни имконоти инфиродӣ ва истеъмолоти умумӣ бошад.

Мувофиқи мод. 6 КА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  низоми  дузинагии андоз муқаррар шудааст, ки ба онёо андозёои умумидавлаты ва маҳаллӣ  дохил мешаванд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин намуди андозёо ва бо\ёои гумрукию дигар пардохтёои ёатмы мав\уданд№

1) андози даромад аз шахсони воrеи (андоз аз даромади шахсони воrеи);

2) андоз аз фоидаи шахсони [уrуrи;

3) андоз аз арзиши иловашуда;

4) аксиз[о;

5) андози иxтимои;

6) андози замин;

7) андоз[о аз истифодабарандагони rаъри замин;

8) андоз аз истифодабарандагони ро[[ои автомобилгард;

9) андозе, ки тибrи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;

10) андози ягона барои исте[солкунандагони ма[сулоти кишоварзи;

11) боxи гумруки ва дигар пардохт[ои гумруки;

12) боxи давлати;

13) андоз аз фурeш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);

14) андози [адди аrал аз даромади корхона[о;

15) андоз аз ма[сулоти коркарди мол[о; (Rонун №114 аз 26.12.05с.)

16) дигар пардохт[ои [атмии умумиxум[урияви.

17) андоз аз амволи uайриманrул;

18) андоз аз со[ибони восита[ои наrлиёт;

19) андоз аз фурeши чакана;

20) дигар пардохт[ои [атмии ма[аллы.

 

Андоз вазифаи хазинаро адо мекунад, вале таъиноти асосии он пурра кардани даромади буҷет барои қонеъ гардонидани талаботи худи давлат ва умуман ҷамъият мебошад. Бе муқаррар намудан ва ситонидани андоз ягон давлат мӯътадил арзи вуҷуд карда наметавонад. Мавҷудияти андоз ва вазифаи хазинаро адо намудани он нишонаи муваққатӣ не, балки нишони суботи давлат аст. Дар баробари ин таъкид кардан лозим аст, ки андоз на танҳо номгӯи мадохилот,балки механизми (тарзу усули) ин мадохилотро инъикос менамояд. Ин механизм асоси доимӣ, устувор дошта, ба ситонидани андоз мусоидат мекунад ва таносуби онро бо хароҷоти буҷетҳо таъмин менамояд.

Вазифаи хазинаро адо кардани андоз дар давлати ҳозира вазифаи ягонаи он намебошад. Хазина (буҷет)-ро пурра намудан мақсади ягонаи андоз нест. Баъди хазинаро пур кардани андоз марҳалаи тақсими (аз нав тақсим кардани) маблағ фаро мерасад. Худи андоз барои амалӣ гардонидани сиёсати таълимӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, муҳоҷират, манзил, нафақа, экологӣ, ҳарбӣ ва дигар шаклҳои сиёсати давлат харҷ шудан мегирад. Аз ин рӯ андоз воситаи ислоҳоти иқтисодӣ ва таъмини пешрафти устувори иқтисодӣ (вазифаи танзими иқтисодӣ), танзимгари иҷтимоӣ (вазифаи танзими иҷтимоӣ) ҳисоб меёбад. Масалан мувофици моддаи 141 бандёои 1-21 КА /Т нисбати шахсони воrеы ва мувофици моддаи 145 бандёои 1-5 КА /Т нисбати шахсони ёуцуцы аз объекти  андозбандишаванда баровардани онёо пешбины шудааст?

 

 

 

 

11.3. Мафҳуми давлат  дар  назарияи ҳуқуқии  давлат

 

Назарияи ҳуқуқии давлат охири асри XIX ҳамчун назарияи легалӣ (қонунпарастӣ) дар таркиби равияи позитивизми юридикӣ (Д. Остин дар Англия, К. Бергбом, П. Лабанд дар Олмон, А. Эсмен дар Франсия) ба вуҷуд омадааст. Бо назардошти мазмуни позитивиаш ин назария ҳуқуқӣ номида мешуд. Позитивизми юридикӣ давлатро бо усули шаклӣ-ҳуқуқӣ таҳлил карда, онро ҳамчун ташкилоти ҳуқуқӣ маънидод мекунад. Дар ин равия назарияҳои «давлати ҳуқуқӣ», «ҳукмронии ҳуқуқ», «худмаҳдудшавии ҳуқуқии давлат» истифода мешаванд.

Назарияи легалӣ давлатро дар иртибот бо қонунгузорӣ меомӯзад. Он назарияи аналитикӣ (таҳлилӣ) буда, бо мақсади таҳлили нишонаҳои давлат назарияи «се унсурро» пешниҳод мекунад. Мувофиқи он давлат се нишонаи унсурӣ дорад: аҳолӣ, ҳудуд ва ҳокимияти давлатӣ.

Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон назарияи ҳуқуқии (ғайрилегалии) давлат ташаккул меёбад. Аз нигоҳи ин назария, давлат – ташкилоти ҳуқуқии ҳокимият мебошад. Назарияи ҳуқуқии давлат давлати ҳуқуқиро эътироф мекунад.

Нишонаҳои давлат дар назарияи ҳуқуқии давлат мазмуну шарҳи нав пайдо мекунанд. Агар дар назарияи «се унсур» аҳолӣ нишонаи давлат бошад, пас назарияи муосири ҳуқуқӣ пояи (ташкилкунандаи) давлатро халқ меҳисобад, ки он умумияти этникӣ буда, ҳамчун барандаи соҳибихтиёрӣ ҳуқуқи худмуайянкунии сиёсӣ (ҳуқуқи ташкили давлати хешро) дорад. Ин ҳуқуқро ҷомеаи ҷаҳон эътироф мекунад. Конститутсияи Тоҷикистон низ аз ин нуқта бармеояд. Халқи Тоҷикистон, ки онро шаҳрвандони кишвар ташкил медиҳанд, баёнгари соҳибихтиёрӣ аст (моддаи 6). Дар дебочаи Конститутсия омадааст, ки халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, таъмини соҳибихтиёрии давлати худро дарк намуда Конститутсияро қабул кардааст, ки он таъсискунандаи сохтори конститутсионии давлат мебошад.

Нишонаи дигари давлат – ҳудуди он маънои ҷуғрофӣ пайдо мекунад. Ҳудуди давлат – кишварест, ки бо он миллат таърихан вобаста аст. Барои миллат ин ҳудуд Ватан аст.

Маҳдудсозии ҳуқуқии давлат тавассути Конститутсияи ҳуқуқӣ таъмин мешавад. Дар натиҷа давлат шакли институтсионалӣ пайдо мекунад (табиати ҳуқуқии он дар қонуни асосӣ муайян мешавад). Чунин давлатро давлати конститутсионии демократӣ меноманд. Дар натиҷаи чунин маҳдудсозии конститутсионии давлат аз тарафи ҳуқуқ дар ҷомеа давлати иҷтимоии ҳуқуқӣ ташаккул меёбад.

Ҳамин тариқ, дар назарияи ҳуқуқии давлат дар асоси аз ҳам ҷудо кардани мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонун мафҳуми ҳуқуқии давлат ҳосил мешавад. Мувофиқи он, давлат – шакли ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти ҳокимияти сиёсии омма аст1.

Дар асосои гуфтахои боло таърифи зерини давлатро пешкаш намудан мувофиқи мақсад аст:

Давлат, ба маънои васеъ, ин иттиҳоди шаҳрвандон аст, ки баҳри пешрафти ҷомеа ва таъмини ҳаёти хушбахтонаи инсонӣ дар қаламрави таърихии аҷдодиашон, дар заминаи умумияти арзишҳои тамаддуниашон муттаҳид шудаанд.

       Давлат, ба маънои маҳдудтар, ин ташкилоти соҳибихтиёри ҳокимиятист, ки дорои дастгоҳи давлатӣ буда, ҳокимитяи давлатиро баҳри амалӣ намудани ҳадафу вазифаҳои давлат ва идораи ҷомеа амалӣ мекунад. 

 

11.4. Давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ

 

Ба маънои васеъ, давлати ҳуқуқбунёд – давлатест, ки дар он ҳуқуқ хукмрон аст. Ба таври мушаххастар, давлати ҳуқуқбунёд – ин шакли ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти ҳокимияти сиёсии омма аст. Ин таърифро В.С. Нерсесянс пешбарӣ намудааст.

Давлати ҳуқуқбунёд дорои аломатҳоест, ки онро аз шаклҳои дигари давлатдорӣ (алалхусус, мутлақият, давлатҳои авторитарӣ ва тоталитарӣ) фарқ карда, ба он мустақилият ва муҳиммият мебахшанд. Аломатҳои давлати ҳуқуқбунёд – хислатҳои сифатии он мебошанд, ки аз моҳияти иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлат ҳосил шуда, ба ифодаи ҳуқуқӣ, фардӣ ва муташаккилии давлати ҳуқуқбунёд ишора мекунанд.

  1. Волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ. Пояи ҳуқуқӣ ва ҳадду тамоилҳои фаъолияти давлати ҳуқуқбунёдро ҳуқуқ ташкил медиҳад. Ин давлат дар асос ва бо назардошти талаботҳои ҳуқуқи фитрӣ, қонунҳои фитрии инсон, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ амал мекунад. Волоияти ҳуқуқ ҳам ҳуқуқи позитивӣ (конститутсия ва қонунҳо) ва ҳам ҳуқуқи фитриву байналмилалиро дар назар дорад.
  2. Воқеӣ будани ҳуқуқу озодиҳои фард. Волоияти ҳуқуқ дар давлат ва воқеи будани ҳуқуқҳои инсон бо ҳам алоқаманданд. Яке аз талабҳои волоияти ҳуқуқ дар он аст, ки давлат ва мақомоти он вазифадоранд бо назардошт ва ҳимояи ҳуқуқҳои инсон амал кунанд. Воқеӣ гаштани ҳуқуқҳои инсон аз давлат вобастагии калон дорад.
  3. Ин ду аломати давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати ҷорӣ кардани таҷзияи ҳокимият имконпазир мегардад. Он дар сатҳи танзими ҳуқуқии конститутсионӣ гузаронида мешавад. Мувофиқи он ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ тақсим мешавад.
  4. Тафтиши судии конститутсионӣ. Дар давлати ҳуқуқбунёд волоияти ҳуқуқ ва қонунҳои ҳуқуқӣ, воқеӣ будани ҳуқуқу озодиҳо, таҷзияи ҳокимиятҳо бе назорати судии конститутсионӣ аҳамият надоранд. Ин назорат бо мақсади муайян кардани мутобиқати ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ба Конститутсия гузаронида мешавад. Ин вазифа ба зиммаи мақомоти олии судӣ ё мақоми алоҳидаи судӣ (суди конститутсионӣ) гузошта мешавад.

Дар нзарияи либертарии В.С. Нерсесянс дар заминаи ин аломатҳои зикргаштаи давлати ҳуқуқбунёд унсурҳои он пешбарӣ мешаванд: 1) унсури ҳуқуқӣ (фаҳмиш ва назарияи нави ҳуқуқ); 2) унсури фардӣ-ҳуқуқӣ (воқеӣ будани ҳуқуқу озодихои инсон ва шаҳрванд); 3) унсури ташкилӣ-ҳуқуқӣ (таҷзияи ҳокимиятҳо, назорати судии конститутсионӣ).

Ҳамин тариқ, давлати ҳуқуқбунёд – ин сатҳи баланди инкишофи давлатдорист, ки дар заминаи волоияти ҳуқуқ ва қонун, эътирофи арзиши олии иҷтимоии инсон ташкилу фаъолият дорад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар зинаи баланди таҳаввули таърихии ҷомеаи инсонӣ бунёд мегардад.

  1. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – зинаи баланди инкишофу пешрафти ҷамиятӣ буда, дар марҳилаи болоравию камолоти ҳаматарафаи ҷомеа (сатҳи баланди тарақиёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ) ташаккул меёбад.
  2. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи эътирофу эҳтиром ва таъмину ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фитрӣ ва позитивии инсону шаҳрванд, боробарии шаклҳои моликият, истифодаи озоди моликияти хусусӣ, ривоҷи муносибатҳои хусусӣ-моликиятӣ, соҳибкорӣ, тиҷорат, шаклҳои имконпазир ва муфиди фаъолияти озоди иқтисодӣ, рақобати озод ташаккул меёбад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муносибатҳои бозор, иқтисоди бозоргонӣ асос меёбад.
  3. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – иттиҳоди одамони озод аст. Аъзои он – фарди озоди соҳибмулк мебошад, ки дорои мақсаду манфиатҳои хусусӣ буда, онҳоро бо эътиқоди дохилӣ (на бо шиорҳои сиёсӣ, алалхусус, ҳокимиятӣ) дарк намуда, барои қонеъ гардонидани онҳо мустақилона, бе нишондоду дахолати беруна, истифодаи маҳорату малакаи шахсӣ, ташаббускорӣ ва масъулият, дар чорчӯбаи қонун амал мекунад.
  4. Ҷомеаи шаҳрвандӣ танҳо аз соҳибмулкони хусусӣ, муносибатҳои хусусӣ-моликиятӣ, муносибатҳои иқтисодии бозоргонӣ иборат нест. Он вақте ташаккул меёбад, ки муносибатҳои хусусӣ, манфиатҳои хусусии одам, мустақилияти фарди хусусӣ ҳам ба соҳаи муносибатҳои моликият, истеҳсол ва тақсимот ва ҳам соҳаи озодиҳои имконпазир ва зарури инсон (озодии виҷдон, матбуот, афкор ва ғ.) паҳн мешаванд.
  5. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи кушод буда, дар он барои фаъолияти ҳамаи ҳизбу созмонҳои ҷаъмиятӣ (дар чорчӯбаи қонун), амалиёти номаҳдуди ташкилотҳои байналхалқӣ, воситаҳои ахбори умумӣ шароити заруриву кофӣ ҷой дорад.
  6. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ғоя ва принсипи плюрализми (аз лот. Pluralis – сершуморӣ, бисёрӣ) сиёсӣ ва мафкуравӣ асос меёбад. Плюрализми сиёсӣ (равияҳои гуногуни сиёсӣ) заминаву асоси ташкилу фаъолияти низоми бисьёрҳизбӣ, фаъолияти озоди (дар ҳудуди волоияти қонун) ҳизбу созмонҳои ҷаъмиятӣ, иштироки васеи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ (мувофиқу хоҳишу мақсадҳои хеш, баҳри амалисозии манфиатҳои хусусӣ, бе фишори беруна ва таҳдид, нишондодҳои ҳокимиятӣ) мебошад. Плюрализми мафкуравӣ (гуногунандешагӣ) асоси ривоҷи озодфикрӣ, таъмини озодии афкор ва воситаҳои ахбори умумӣ, низоми бисьёрмафкуравӣ аст.
  7. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи ҳуқуқӣ буда, таҳкурсии давлати ҳуқуқбунёд аст.
  8. Ҷомеаи шаҳрвандӣ –ҷомеаи либералӣ буда, дар он арзишҳои либералӣ (фаъолияти озоди иқтисодӣ, рақобат, ташаббускориву кордонӣ, муносибатҳои хусусӣ-моликиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои воқеӣ) арзи вуҷуд доранд.
  9. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи воқеан демократӣ буда, дар он плюриализми сиёсӣ ва мафкуравӣ, низоми бисёрҳизбӣ, ҳуқуқу озодиву инсон ва шаҳрванд, озодиву мустақилияти фардӣ ҳукмронанд, ки дар навбати худ заминаи шакли идораи демократӣ (ҷумҳурӣ, институтҳои парлумоният, раъйпурсӣ ва м.и.), иштироки воқеии одамон дар идоракунии сиёсӣ (низоми интихобот, мӯҳлатнокии фаъолияти ашхоси роҳбарикунандаи давлат, худидоракунии маҳаллӣ) таъмин мешавад.
  10. Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ҷомеаи худташкилшаванда ва худидорашаванда аст.
  11. Ҷомеаи шаҳрвандӣ чун таҳкурсии давлати ҳуқуқбунёд ба принсипҳои волоияти ҳуқуқ ва қонуни ҳуқуқӣ, қонунияти ҳукуқӣ ва конститутсионӣ асос ёфта, дар он тартиботи устувори ҳуқуқӣ ҳукмрон аст.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ – ин ҷомеаи ҳуқуқӣ, либералӣ, кушод, плюриалистӣ, худташкилшаванда ва худидорашаванда аст, ки аъзоёнаш – афроди озод – дар якҷоягӣ умумияти ғайрисиёсии аз дахолати давлатӣ эмин буда ва тобеи ҳуқуқро ташкил дода, бо мақсади қонеъ гардонидани манфиатҳои хеш мустақилона ва бо дарки масъулияти баланд назди наслҳои ҳозира ва ояндаи инсоният ҳаёту фаъолият доранд.

 

11.5.   Давлати  ҳуқуқии  иҷтимоӣ

 

Назарияи «давлати иҷтимоӣ» пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон бо мақсади вусъат додани фаъолияти иҷтимоии давлат, танзими равандҳои иҷтимоӣ ба миён омадааст. Ин назария ҳамчун қисми таркибии назарияи давлати ҳуқуқбунёд, барои таҳкими минбаъдаи он пайдо мешавад. Ақидаи умумие, ки мутааллиқи қариб ҳамаи намояндагони назарияи давлати иҷтимоӣ аст, ин аз хам ҷудо кардани ҳуқуқҳои иҷтимоӣ (ба меҳнат, манзил, таҳсил, таъминоти иҷтимоӣ) аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мебошад. Қонеъ кардани ҳуқуқҳои иҷтимоӣ вазифаи давлати иҷтимоӣ ҳисоб мешавад. Соҳаи фаъолияти иҷтимоии давлат аз дигар шаклҳои фаъолияти давлатӣ ҷудо карда мешавад. Агар ҳуқуқҳои конститутсионӣ дахлнопазир буда, шахсро аз дахолати давлат пурра озод намоянд, пас ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ҳамчун мавзӯъ ва обекти фаъолияти иҷтимоии давлат мавриди дахолати давлати иҷтимоӣ қарор мегиранд. Е.А. Лукашева давлати иҷтимоиро бо «ҳуқуқҳои насли дуюм» алоқаманд карда, вазифаи давлати иҷтимоиро дар таъмини ин «ҳуқуқҳои насли нав» (ҳуқуқ ба меҳнат, ба истироҳат, ба таҳсил ва ғ.) мебинад[2].

Ҳамин тариқ, давлати иҷтимоӣ воқеияти ҳаёти имрӯза аст. Дар охири асри XX ба таври айнӣ фаъолияти иҷтимоиву иқтисодии давлатҳо меафзояд ва ин воқеияти айнии ҳаётиро бояд эътироф кард. Масоили иҷтимоӣ фаъолияти иҷтимоии давлатро металабад. Аммо давлати иҷтимоӣ на тавассути усулҳои императивӣ (дастгоҳи бюрократӣ, таъсироти авторитарӣ), балки бо истифодаи усулҳои ҳавасмандгардонӣ, муқаррарсозии имтиёзҳо амал мекунад (масалан, ёрӣ ва имтиёзҳо нисбати кӯхансолон, кӯдакон, оилаҳои серфарзанд, инвалидон ва ғ.).

Вазифаи давлати иҷтимоӣ – ин таъмини баробарии шароитҳои иҷтимоии ҳаёт аст, масалан, таъмини баробарӣ дар соҳаи таҳсил, истироҳат, нафақа ва ғ. Дар айни замон, дар шароити ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ баробарӣ байни одамони озод имконпазир гардида, дар шакли баробарии одамони озод зоҳир мегардад.03.

test

Добавить комментарий