Навъҳои таърихии давлат

Навъбандии  давлат  аз  нигоҳи назарияи  форматсионӣ

       Навъбандии давлатҳо, яъне аз ҳам ҷудо кардани навъҳои таърихии давлат – масъалаи марказии назарияи давлат аст. Навъбандӣ – усули таснифи илмӣ буда, мисли хама гуна таснифи илмӣ асосҳои муайянро (маҳаки илмии таснифиро) металабад. Дар илми муосир чунин асосҳо ва умуман таснифи илмии давлатҳоро ду назария пешниҳод мекунанд: 1) назарияи форматсионӣ ва 2) назарияи тамаддунӣ.

Назарияи форматсионӣ вобаста ба 4 навъи тарзи истеҳсолот (ғуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ, сотсиалистӣ) 4 навъи таърихии давлатҳоро аз ҳам ҷудо мекунад: 1) ғуломдорӣ, 2) феодалӣ, 3) буржуазӣ, 4) сотсиалистӣ. Ин давлатҳо ҳамчунон бо омили сиёсӣ – иҷтимоӣ, яъне сохти синфии ҷамъият фарқ мекунанд. Ба 4 ҷамъияти синфӣ – 4 навъи зикргаштаи давлат мувофиқанд. Давлат бо синфҳо алоқаманд карда мешавад.

Назарияи форматсионӣ як марҳилаи калон ва муҳими таърихиро фаромӯш кардааст (ба инобат намегирад), ки бо тарзи истеҳсоли осиё алоқаманд аст. Тарзи истеҳсоли осиё марҳилаи тӯлонии таърихӣ буда, аз замони таъсиси аввалин давлатҳо то замони капитализм (қисман) инкишоф ёфтааст. Хислатҳои тарзи истеҳсоли осиё дар кишварҳои Осиё, Африка, Америкаи Лотинӣ, Европаи Шарқӣ, давлатҳои сотсиалистӣ боқӣ монданд.

Тарзи истеҳсоли осиё ва давлатҳои ба он мувофиқи шарқӣ хусусиятҳои  фарқкунанда  (аз  дигар  навъи  давлат)  доранд:  1) асоси иҷтимоии онҳоро ҷамоаи зироатпарварон ташкил медод, ки бевосита бо давлат вобастагӣ дошт; 2) замин ва об (воситаҳои  асосии истеҳсолот) моликияти давлатӣ буданд; 3) асоси иқтисодии онҳо моликияти давлатӣ ва меҳнати коллективӣ буданд; 4) ҳокимият марказонида шуда, мансуби шоҳ буд, дастгоҳи давлат аз шоҳ, атрофиёнаш ва амалдорони маҳаллӣ иборат буд.

 

 

13.2.  Пешрафти  ҷомеа  ва  давлат дар  назарияи  тамаддунӣ

 

Назария ва тарзи таҳлили тамаддунӣ ба мафҳуми тамаддун асос меёбад. Нисбати он дар адабиёти илмӣ таърифҳои зиёд аз ҷониби мутафаккирон (О. Шпенглер, А. Тойнби, М. Вебер ва диг.) дода шудаанд. Мувофиқи як аз мафҳумхои қобили қабул: «Тамаддун ин ягонагии таърихан ташаккулёфтаи маданияти моддӣ ва маънавӣ, натиҷаи вуҷудияти тӯлонии умумияти устувори этнодемографӣ мебошад»[1]. Шумораи тамаддунҳои инсонӣ зиёд аст. Бо ақидаи файласуф ва таърихшиноси англис А. Тойнби дар таърихи ҷаҳонӣ 26 тамаддун маълум аст: мисрӣ, хитоӣ, арабӣ, эронӣ ва ғ.[2] Дар баробари ин тамаддуни глобалии заминӣ ҷой дорад, ки мафҳуми онро маҷмӯи меъёрҳои рафтор, арзишҳои инсоният оиди кайҳон ташкил дода, вуҷуд доштани дигар тамаддунҳои кайҳониро дар назар дорад. Намудҳои тамаддунҳои ҷудогонаи заминӣ дар асоси омили динӣ низ ҷудо карда мешаванд, аз кабили тамаддунҳои ҳиндуӣ, насронӣ, буддӣ, арабӣ-мусулмонӣ.

Дар илми муосир пешрафти ҷомеа бо назардошти ҳам фаҳмиши форматсионӣ ва ҳам тамаддунӣ маънидод мешавад. Яъне, омилҳои моддӣ ва маънавӣ ба инобат гирифта мешаванд. Вале нақшу мазмуни онҳо ҳар хел аст. Омилҳои моддӣ бештар тағйирёбанда ва омилҳои маънавӣ устувортаранд.

Давлатҳои муосири ҷаҳон дар Шарқ муносибатҳои иқтисодии капиталистиро ҷорӣ карданд, вале онҳоро мутобиқи тамаддуни хеш қарор доданд. Масалан, Япония, ки таҷрибаи онро «мӯъҷизаи японӣ» меноманд, дар баробари ташкили капиталистии меҳнат байни аъзоёни ҷомеа муносибатҳои анъанавии патерналиро, ҳамчунон ҳокимияти императориро нигоҳ дошта, мустақилияти хоси худро исбот намуд. Болоравии давлатҳои Халиҷи Форс солҳои 80-м (ки онро «беназирии арабӣ» меноманд) исбот кард, ки навъбандии марксистии форматсионӣ маҳдуд буда, ҷавобгӯи талаботҳои муосир нест. Давлатҳои Шарқ (алалхусус, арабӣ) мустақилияти худро, новобастагии хешро ба навъҳои давлатҳои европоӣ (капитализм ё сотсиализм) исбот намуданд.

Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон, махсусан дар натиҷаи ёрии иқтисодӣ ва ҳарбии Иттифоқи Советӣ ба давлатҳои Шарқ ин ҷо таваҷҷӯҳ нисбати сотсиализм ва ҳамчунон капитализм (бо назардошти пешравии иқтисодии онҳо) меафзояд. Ҷонибдорони ҷамъияти сотсиалистӣ («иштирокийя», яъне «иштироки ҳама») ва капиталистӣ («расмалийя», яъне сарварии бойҳо) пайдо мешаванд. Аммо як қатор ислоҳотҳо натиҷаи муфид намебахшанд. Илова бар он, моҳиятан назарияҳои сотсиализм ва капитализм ҷавобгӯи манфиатҳо ва мафкураи одамони Шарқ, алалхусус, арабҳо набуданд. Ақидаҳои атеистӣ, диктатураи пролетариат, инкори моликияти хусусӣ дар марксизм ва ҷонибдории принсипи фардийят (ва оқибати он – худпарастӣ) дар назарияи буржуазӣ ба психологияи мардуми араб мувофиқ набуд. Дар афкори сиёсӣ равияи «тараққиёти аслӣ» (Иброҳим ибн Али ал-Вазир аз Яман, Муҳаммад Бакр ас-Садр аз Ироқ, Зиё ид-Дин Сардор аз Арабистони Саудӣ) ташаккул меёбад, ки дар шароити муосир эҳё намудани тамаддуни аслии арабиву мусулмониро ба миён гузошта, сотсиализм ва капитализмро мутлақо инкор менамояд. Ғарб аз Шарқ ҷудо карда шуда, ҳамчун тамаддуни европоии насронӣ баҳо дода мешавад. Марксизм ва сотсиализм ҷузъи ин тамаддун ҳисоб мешаванд. Назарияи «роҳи сеюми инкишоф» пешниҳод мешавад, ки ҳам капитализм (роҳи якум) ва ҳам сотсиализмро (роҳи дуюм) рад мекунад. Кӯшиши амалӣ кардани ин назария дар Ливия ба харҷ дода шудааст. Сарвари он Муаммори Қаддофӣ бо назарияи «сеюми ҷаҳонӣ» баромад менамояд, ки дар асараш «Китоби сабз» инъикос ёфтааст.

Барои ривоҷи ақидаи инкишофи мустақил болоравии давлатҳои Шарқ солҳои охир («мӯъҷизаи японӣ», «беназирии арабӣ») асос гузоштанд. Ҳоло дар Шарқ марказҳои нави сарварӣ ташаккул ёфтаанд. Чунончи, яке аз онҳоро «чор аждар» меноманд, ки ба он Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Таиланд, Сингапур мансубанд. Маркази дигарро иттифоқи давлатҳои монархӣ таҳти сарварии Арабистони Саудӣ ташкил медиҳад. Назарияи «иқтисоди миллӣ», аз он ҷумла «иқтисоди исломӣ» пешниҳод шудааст ва бо максади амалӣ кардани он Бонки исломии тараққиёт фаъолият дорад. Дар айни замон ақидаву назарияҳое пешбарӣ мешаванд, ки истифодаи технологияи пешқадами Ғарбро, дастовардҳои прогресси илмӣтехникиро, бунёди иқтисоди омехтаро талаб мекунанд.

Ҳамин тариқ, дигаргуниҳои куллӣ дар олами муосир дар охири асри XX, алалхусус болоравии кишварҳои Шарк, аз ҷумла кишварҳои араб, роҳи мустақилонаи инкишофи онҳо маҳдудияти назарияи форматсионӣ ва зарурияти истифодаи фаҳмиши тамаддуниро исбот мекунанд. Дар давлатҳои, масалан, араб қонунҳои исломӣ амал мекунанд, низоми сиёсии теократӣ ҳукмрон аст, ҳокимияти динӣ ва дунявӣ ҷудонашавандаанд. Нисбати чунин давлатҳо истифодаи мафҳумхои «навъи буржуазӣ», «навъи сотсиалистӣ» мумкин нест. Дар Шарқ тамаддуни хоси шарқӣ ва дар дохили он тамаддунҳои арабӣ-мусулмонӣ, эронӣ, ҳинди ва ғ. таърихан ташаккул ёфтаанд ва аз тамаддуни ғарбӣ фарқи куллӣ доранд. Новобаста аз истифодаи намунаҳои гуногуни тараққиёти иқтисодии ғарбӣ Шарқ ҳамеша Шарқ боқӣ мемонад. Дар шароити истифодаи технологияи ғарбӣ, муносибатҳои иқтисодии ғарбӣ тамаддуни шарқӣ бетағйир аст. Чунончи, бо ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия (нимаи дуюми асри XIX) ва сохтмони сотсиализм дар Осиёи Миёна, аз он ҷумла Тоҷикистон (солҳои 1917 – ибтидои с. 90-м) ашъори Рӯдакиву Ҳайём, фарҳанги ғании миллӣ аз байн нарафтанд ва ҳамон як мазмуни худро нигоҳ доштанд. Новобаста аз сиёсати атеистӣ дар Тоҷикистони Советӣ ислом дар шуури одамон боқӣ монд. Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон анъанаҳои миллиро бедор кард. Замони эҳёи фарҳанги таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ оғоз гардид. Ба ибораи дигар, муносибатҳои иқтисодии сотсиалистӣ (ки дар зарфи бештар аз 70 сол ташаккул ёфтанд) дар натиҷаи парокандашавии ИҷШС дар як муддати кӯтоҳ аз байн рафтанд, аммо унсурҳои тамаддунӣ боқӣ монданд, қисме аз онҳо аз нав эҳё гардид. Ин ҳолат аҳамият ва зарурияти истифодаи нигориши тамаддуниро ба ҳаёт исбот мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.