Меъёрҳои  ҳуқуқ

Мафҳуми меъёрҳои ҳуқуқ

      Меъёрҳои ҳуқуқӣ гуфта муқаррароти меъёрӣ ва нишондодҳои дигари ҳуқуқро меноманд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд.

Меъёри ҳуқуқ дорои як қатор нишонаҳоест, ки ба туфайли онҳо аз дигар меъёрҳои иҷтимоӣ (ахлоқ, одатҳо ва ғ.) фарқ мекунад.

  1. Меъёри ҳуқуқ дар асоси ғояҳои асосии ҳуқуқи фитрӣ – адолат ва озодӣ қабул шуда, ҳадди лозимии рафтори инсонро бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ муайян мекунад.
  2. Меъёрҳои ҳуқуқ мувофиқи меъёр ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ қабул мешаванд.
  3. Меъёрҳои ҳуқуқи позитивӣ аз ҷониби мақомоти босалоҳияти давлат ва ашхоси олимақом ва бо тартиби муқарраршуда қабул, тағйир ва қатъ мешаванд.
  4. Меъёрҳои ҳуқуқиро дар мавридҳои зарурӣ худи шаҳрвандон низ қабул карда метавонанд.
  5. 5. Меъёрҳои ҳуқуқӣ шаклҳои махсуси ифода доранд. Онҳо дар шакли конститутсия, қонун, кодекс, фармон, қарор ва ғ. қабул мешаванд.
  6. Меъёрҳои ҳуқуқӣ муайянияти шаклӣ доранд. Онҳо дар санадҳои ҳуқуқӣ инъикос гардида, муайян ва аниқ мебошанд.
  7. Меъёрҳои ҳуқуқӣ низоми хешро доранд. Онҳо дар соҳаҳо ва институтҳои ҳуқуқ ҷойгир карда шудаанд.
  8. Меъёрҳои ҳуқуқро давлат кафолат медиҳад, бо чораҳои ҳуқуқӣ (ҷазо, чораҳои ҷавобгарии интизомӣ, пешгирии ҷиноят, ҳуқуқбарқароркунӣ ва ғ.) таъмин мекунад.

 

 

16.2.  Намудҳои  меъёрҳои  ҳуқуқ

 

Меъёрҳои ҳуқуқӣ намудҳои зайл доранд:

  1. Вобаста ба функсия дар танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ ба муайянкунанда, меъёрҳо – қоидаҳои рафтор, умумӣ ва хусусӣ тақсим мешаванд. Меъёрҳои муайянкунанда нуқтаҳои асосии танзими ҳуқуқиро муқаррар карда, дар навбати худ намудҳои зиёд доранд, аз қабили меъёр-нуқтаҳои ҳуқуқӣ, меъёрҳо-принсипҳо, меъёрҳои муқарраркунанда, меъёрҳо-мафҳумҳо. Меъёр-нуқтаҳои ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионии ҷомеаро (шаклҳои моликият, асосҳои низоми сиёсии ҷомеа, ҳуқуқҳои инсон, ҳолати ҳуқуқии мақомоти давлатро) муайян мекунанд. Онҳо дар конститутсияҳо ва дигар қонунҳои конститутсионӣ мустаҳкам мешаванд. Меъёрҳо-принсипҳо нишондодҳои ҳуқуқие мебошанд, ки принсипҳои ҳуқуқро муқаррар мекунанд. Онҳо дар соҳаҳои ҷудогонаи ҳуқуқ ва санадҳои ҳуқуқии алоҳида инъикос мешаванд. Масалан, моддаҳои 6, 7, 8, 9, 10 Кодекси мурофиаи граждании Тоҷикистон принсипҳои асосии ин соҳаро муайян мекунад. Меъёрҳои муқарраркунанда мақсад ва вазифаҳои соҳаҳои алҳидаи ҳуқуқ, институтҳои ҳуқуқӣ, мавзӯъ, шаклҳо ва воситаҳои танзими ҳуқуқиро муайян мекунанд. Чунончи, м. 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон вазифаҳои ин санадро номбар мекунад. Меъёрҳо-мафҳумҳо таърифи категория ва мафҳумҳои ҳуқуқро муайян мекунанд. Масалан, таърифи ҷиноят дар қонуни ҷиноӣ, таърифи кирдори маъмурӣ дар қонунгузории маъмурӣ, мафҳуми шартномаҳои алоҳида дар қонунгузории гражданӣ.

      Меъёрҳо – қоидаҳои рафтор он нишондодҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ки бевосита қоидаи рафторро муқаррар мекунанд. Ин меъёрҳо ҳуқуқу вазифаҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, шартҳои истифодаи онҳо, чораҳои ҷавобгарии вайрокунандагони ҳуқуқро пешбинӣ мекунанд. Меъёрҳои умумӣ якчанд институти ҳуқуқии як соҳаи ҳуқуқро муттаҳид мекунанд. Онҳо қисми умумии соҳаи ҳуқуқ ва кодексҳоро ташкил медиҳанд. Меъёрҳои махсус меъёрҳои умумиро мушаххас гардонида, қисми махсуси соҳаи ҳуқуқ ва кодексҳоро ташкил медиҳанд. Масалан, меъёрҳое, ки мақсади ҷазои ҷиноӣ, тартиби иҷрои он, мавқуф доштани он ва масоили умумиро муайян мекунанд – қисми умумии Кодекси ҷиноӣ ва меъёрҳое, ки барои ҷиноятҳои алоҳида (дуздӣ, ғоратгарӣ ва ғ.) ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунанд – қисми махсуси Кодекси ҷиноиро ташкил медиҳанд. Меъёрҳои махсусро бе меъёрҳои умумӣ истифода намебаранд.

  1. Вобаста ба мавзӯи танзими ҳуқуқӣ меъёрҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: 1) соҳавӣ – вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ (конститутсионӣ, маъмурӣ, меҳнатӣ, оилавӣ ва ғ.) ва 2) моддиву мурофиавӣ. Меъёрҳои моддӣ ҳуқуқу вазифаҳои иштирокчиёни ҳуқуқ ва дигар масоили вобаста ба ҳолати ҳуқуқии шахсро танзим мекунанд (меъёрҳои ҳуқуқи маъмурӣ, гражданӣ, ҷиноӣ, меҳнатӣ ва ғ.). Меъёрҳои мурофиавӣ тартиб, шакл ва усулҳои амалӣ шудани меъёрҳои моддиро муқаррар мекунанд (меъёрҳои мурофиаи ҷиноӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи маъмурӣ).

III. Вобаста ба усули танзими ҳуқуқӣ меъёрҳои императивӣ, диспозитивӣ, тавсиявӣ, ҳавасмандӣ ҷой доранд. Меъёрҳои императивӣ – меъёрҳои ҳатмӣ буда, дар шакли муқарраршуда бе тағйири шартҳои он табиқ мешаванд (меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ ва ғ.). Меъёрҳои диспозитивӣ ба тарафҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ имконияти фаъолияти озодона, бо хоҳиши худ татбиқ кардани шартҳои онро муҳайё мекунанд. Иштирокчиёни ин қабил муносибатҳо мухтор буда, ҳуқуқу вазифаҳои тарафайнро маслиҳатомезона муайян мекунанд. Ба ин гуна меъёрҳо асосан меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ мансубанд. Меъёрҳои тавсиявӣ ба иштирокчиёни ҳуқуқ имконияти интихоби ин ё он шакли рафторро медиҳанд. Онҳо дар ҳуқуқи соҳибкорӣ бисёранд. Меъёрҳои ҳавасмандӣ тартиб ва чораҳои ҳавасманд кардани иштирокчиёни ҳуқуқро пешбинӣ мекунанд. Чунончи, мувофиқи м. 69 (б. 29) Конститутсияи Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад. Ин меъёр дар санадҳои дигари ҳуқуқӣ мешаххастар шудааст.

  1. Вобаста ба шаклҳои ифода меъёрҳои ваколатдоркунанда, вазифадоркунанда, манъкунанда ҳастанд. Меъёрҳои ваколатдоркунанда ба шахс ҳуқуқи иҷрои ҳаракатҳои қонуниро медиҳанд. Меъёрҳои Конститутсия, ки ба шаҳрвандон номгӯи зиёди ҳуқуқҳоро доданд (ба ҳаёт, таҳсил, мусофират ва ғ.) ваколатдоркунанда мебошанд. Меъёрҳои вазифадоркунанда ба зиммаи шахс вазифаи иҷро кардани ҳаракати қонуниро мегузоранд. Чунончи, мувофиқи м. 43 Конститутсияи Тоҷикистон: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Меъёрҳои манъкунанда содир кардани ҳаракатҳои иҷозатнагаштаро манъ мекунанд. Масалан, мувофиқи м. 90 Конститутсияи Тоҷикистон: «Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ».
  2. Вобаста ба соҳаи амал меъёрҳо: 1) умумӣ ва 2) маҳаллӣ мешаванд. Меъёрҳои умумӣ дар қаламрави тамоми кишвар амал мекунанд (мисол, меъёрҳои конститутсия, қонунҳо, кодексҳо ва ғ.). Меъёрҳои маҳаллӣ дар қаламрави воҳидҳои марзиву маъмурӣ амал мекунанд (меъёрҳое, ки дар санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагӣ ва раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд).
  3. Вобаста ба сатҳи мушаххасгардӣ меъёрҳои ҳуқуқ ба 1) абстрактӣ ва 2) казуалӣ ҷудо мешаванд. Меъёрҳои абстрактӣ як намуди муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд. Меъёрҳои казуалӣ масъалаҳои мушаххаси ҳаётро ҳал мекунанд.

VII. Аз рӯи мӯҳлати амал меъёрҳои доимӣ ва муваққатӣ ҳастанд. Меъёрҳои доимӣ барои як марҳилаи калони таърихӣ пешбинӣ шудаанд (меъёрҳои конститутсия, қонунҳо, кодексҳо). Дар байни меъёрҳои доимӣ дар м. 100 Конститутсияи Тоҷикистон меъёре пешниҳод шудааст, ки он абадӣ аст. Мувофиқи он: «Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд». Меъёрҳои муваққатӣ дар як мӯҳлати муайян (масалан, дар мӯҳлати 5 сол) ё вобаста ба ягон ҳодиса (мисол, то ба итмом расидани амалиётҳои ҷангӣ) амал мекунанд. Имконияти амали муваққатии меъёрҳо дар Конститутсияи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Чунончи, меъёрҳое, ки ҳуқуқу озодиҳоро маҳдуд карданашон мумкин аст, танҳо дар давраи вазъияти фавқулодда (то се моҳ) амал мекунанд (м. 47).

VIII. Нисбати ашхоси ҷудогона меъёрҳо ба умумӣ ва махсус ҷудо мешаванд. Меъёрҳои умумӣ тамоми шаҳрвандонро фаро мегиранд (меъёрҳои Конститутсия). Меъёрҳои махсус гурӯҳҳои алоҳидаи одамонро дар бар мегиранд (меъёрҳое, ки ҳолати ҳуқуқии нафақахӯрон, кормандони суд, прокуратураро муқаррар мекунанд). Ғайр аз намудҳои зикргашта боз меъёрҳои коллизионӣ ҳастанд. Онҳо барои бартараф кардани ихтилофотҳои байни санадҳои ҳуқуқӣ хизмат мекунанд. Ин гуна меъёр аз ҷумла дар Конститутсияи Тоҷикистон (м. 10, қ. 3), пешбинӣ шудааст: «Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд».

 

16.3.  Сохти  меъёри  ҳуқуқ

 

Меъёрҳо – қоидаҳои рафтор аз се унсури асосӣ иборатанд: гипотеза, диспозитсия ва санксия.

      Гипотеза гуфта он қисми меъёри ҳуқуқро меноманд, ки шарту шароитҳои татбиқи онро муқаррар мекунанд. Бе чунин шартҳо меъёр татбиқ намешавад. Онҳо ҳолатҳои гуногуни ҳаётро, ҳолати психологӣ, физиологии одамро дар бар мегиранд, аз қабили синну сол, ҳолати рӯҳӣ, вақт, ҷой ва м.и. Масалан, ҷинояткор шахсе эътироф мешаванд, ки дар аснои содир кардани ҷиноят дар ҳолати солими рӯҳӣ аст, шахсони номукаллаф бошанд аз ҷавобгарии ҷиноӣ озоданд. Ё ин ки як қатор ҷиноятҳои ҳарбӣ дар вақти ҷанг содир мешаванд.

Гипотеза якчанд намуд мешавад: 1) гипотезаи оддӣ (як шарти татбиқи меъёрро пешбинӣ мекунад); 2) гипотезаи мураккаб (якбора ду ва зиёда шартҳоро пешбинӣ мекунад); 3) гипотезаи алтернативӣ (имконияти истифодаи меъёр вобаста ба яке аз шартҳои пешбинигашта муҳайё мегардад).

Мисоли гипотезаи оддӣ м. 20 (қ.1) Конститутсияи Тоҷикистон шуда метавонад, ки мувофиқи он: «Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд (як шарт – С.Р.) дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад». Қисми 3. м. 20 Конститутсия гипотезаи мураккаб аст: «Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст (як шарт – С.Р.) ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад (шарти дуюм – С.Р.), қувваи бозгашт надорад». Қисми 4 м. 27 гипотезаи алтернативӣ аст: «Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд (як шарт – С.Р.) ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ махрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд (шарти дигари алтернативӣ – С.Р.), ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд».

      Диспозитсия – қисми меъёри ҳуқуқ аст, ки дар он қоидаи рафтор инъикос шудааст.

Диспозитсия нусхаи рафтори инсон аст. Он на дар алоҳидагӣ, балки якҷоя бо гипотеза ва санксия истифода мешаванд. Диспозитсия намудҳои алоҳида дорад: 1) диспозитсияи оддӣ (қоидаи рафторро бе шарҳи он инъикос мекунад): 2) диспозитсияи мукаммал (тамоми аломатҳои зарурии қоидаи рафторро дарҷ мекунад): 3) диспозитсияи ҳаволакунанда (қоидаи рафторро инъикос накарда, барои шиносоӣ бо он ба меъёрҳои дигар ишора мекунад). Як шакли диспозитсияи ишоравӣ  диспозитсияи бланкетӣ аст, ки барои шиносоӣ бо қоидаи рафтор ба дастурамалҳо, меъёрҳои техникӣ ва м.и. ҳавола мекунад.

Моддаи 79 (қ. 1) Конститутсияи Тоҷикистон, ки мувофиқи он мақомоти намояндагӣ ва раисони вилоят, шаҳру ноҳия дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, диспозитсияи оддӣ аст, чунки мафҳуми «санадҳои ҳуқуқиро» шарҳ намедиҳад. Мисоли диспозитсияи мукаммал моддаи 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҶТ» шуда метавонад. Мувофиқи он сабти давлатии соҳибкориро, ки бидуни барпо кардани шахси юридикӣ ба амал бароварда мешавад, мақомоти давлатии андози ноҳияҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои шаҳр мувофиқи ҷои зист ё фаъолият анҷом медиҳанд. Ин меъёр ба таври мукаммал, бе тавзеҳи иловагӣ тартиби сабти давлатии ин шакли соҳибкориро аниқ мекунад. Қисми 5 моддаи 78 Конститутсия диспозитсияи ҳаволакунанда аст. Мувофиқи он: «Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд». Ин меъёр ба «қонуни конститутсионӣ» ишора мекунад. Меъёри дар моддаи 193 Кодекси ҷиноятии ҶТ инъикосгашта, ки барои муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ кардааст, бланкетӣ аст, чунки барои муқаррар кардани мафҳуми «маводи радиоактивӣ» ба дигар санадҳои махсус ишора мекунад.

      Санксия – қисми меъёрест, ки оқибатҳои номусоидро барои вайрон кардани диспозитсия муқаррар кардааст.

Санксияҳо вобаста ба мазмуни чораҳои пешбинишуда ба якчанд намуд ҷудо мешаванд: 1) санксияҳои ҷаримавӣ ё сазодиҳанда чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро муқаррар мекунанд (маҳрумӣ  аз  озодӣ, ҳабси  маъмурӣ, рӯёндани  товони зарар ва ғ.); 2) санксияҳои пешгирсозанда, ки чораҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниро пешбинӣ мекунанд (дастгир кардани гумонбар, ҳабс кардан ва ғ.); 3) санксияҳои барқароркунандаи ҳуқуқ (дар кори аввала барқарор кардани коркуни ғайриқонунӣ аз кор рондашуда, рӯёнидани алимент ва ғ.).

Санксияҳо, ки чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро пешбинӣ мекунанд, ба намудҳои ҷудогона ҷудо мешаванд, ба монанди санксияҳои ҷиноӣҳуқуқӣ, маъмурӣ-ҳуқуқӣ, интизомӣ-ҳуқуқӣ, гражданӣ-ҳуқуқӣ. Ин санксияҳо вобаста ба намудҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҷудо мешаванд.

Вобаста ба ҳадди оқибатҳои номусоид санксияҳо намудҳои зайл доранд: 1) санксияҳои мутлақи муайяншуда, ки андозаи оқибатҳои номусоидро аниқ муқаррар мекунанд (ҳаҷми аниқи ҷарима, аз кор холӣ кардан ва ғ.); 2) санксияҳои нисбии муайяншуда, ки дар онҳо ҳадди оқибатҳои номусоид аз камтарин то зиёдтарин муқаррар шудааст; бисёре аз санксияҳои қонуни ҷиноятӣ аз ин қабил буда, дар онҳо ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, масалан, аз 3 то 10 сол муқаррар мешавад; санксияи алтернативӣ, ки дар онҳо тавассути пайвандакҳои «ё», «ё ин ки» якчанд намуди оқибатҳои намусоид пешбинӣ шуда, яке аз онҳо вобаста ба ҳолатҳои кор истифода мешавад. Дар ин шакл, масалан санксияҳои қонуни ҷиноӣ ифода мешаванд. Онҳо ду ва зиёда ҷазоҳои ҷиноиро, масалан, аз қабили маҳрумӣ аз озодӣ ё ҷарима ё корҳои ислоҳотӣ пешбинӣ мекунанд. Суд яке аз онҳоро, ки мувофиқи мақсад мешуморад, истифода мебарад.

Меъёрҳо – қоидаҳои рафтор, ки аз се унсури номбаршуда иборатанд, бо тарзҳои гуногун дар моддаҳои санадҳои ҳуқуқӣ инъикос мешаванд.

  1. Меъёри ҳуқуқ дар ҳаҷми 3 унсур (гипотеза, диспозитсия, санксия) пурра дар моддаи қонун инъикос мегардад. Одатан меъёрҳои ҳуқуқ пурра инъикос мешаванд.
  2. Якчанд меъёрҳои ҳуқуқ дар як моддаи қонун ифода мешаванд. Ин гуна моддаҳо аз якчанд қисм иборат буда, ҳар як қисм меъёри алоҳида аст. Масалан, моддаи 10 Конститутсия аз чор қисм иборат буда, ҳар як қисм меъёри ҳуқуқро инъикос мекунад.

III. Як меъёри ҳуқуқ дар якчанд моддаҳои қонун ифода мегардад. Масалан, принсипҳои қонуни ҷиноӣ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ дар м. 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ ва ба таври муфассал дар моддаҳои 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10 ҳамин Кодекс ифода ёфтаанд.

 

16.4. Меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ:

мафҳум, сохт, намуд ва хусусият

 

Муносибатҳои гуногуншакле, ки дар ҷараёни таъсис ёфтан, тақсим ва истифода кардани фондҳои пулии давлат ба миён меоянд, бо меъёрҳои ҳуқуқи молиявы, ки унсури ибтидоии сохторӣ дар низоми ҳуқуқи молиявӣ мебошанд, танзим гардонида мешаванд.

Меъьрёои ёуцуци молиявы гуфта: нишондодёои ёуцуци оммавиро меноманд: ки муносибатёои молиявиро танзим мекунанд? Онёо аз тарафи давлат муцаррар кардашуда ва бо чораёои ма\буркунии давлаты таъмин гардидаанд? Муносибатёои молиявиеро танзимсозы мекунанд: ки дар \араьни ташкил: тацсим ва истифодаи мацсадноки буньдёои давлатии пулы ба ву\уд меоянд? Онёо ёуцуц ва вазифаёои ёуцуции иштирокчиьни муносибатёои молиявиро мустаёкам менамоянд?

Меъёри ҳуқуқи молиявӣ дорои нишонаҳои умумии хоси ҳама гуна меъёрҳои ҳуқуқӣ ва нишонаҳои махсуси хоси фақат онҳо мебошад. Нишонаҳои умумии меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ инҳоянд: қоидавӣ будан; расман муайян будан; барои умум ҳатмӣ будан; хусусияти ҳукми давлатӣ доштан; хусусияти ӯҳдадорикунанда доштан; аз тарафи давлат таъмин будан; хурднизомӣ. Аммо онҳо низ дорои маънию мазмунанд, ки хоси танҳо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ мебошанд.

Дуруст будани меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ аз он иборат аст, ки онҳо зуҳуроти бағоят маъмул ва зарурии соҳаи муносибатҳои ҳуқуқиро ифода карда, аз тарафи давлат иҷро шудани вазифаҳояшро таъмин менамояд. Гап дар сари он аст, ки муносибатҳои молиявӣ ками дар кам воқеан ба миён меоянд, чунки дар ҳаёти ҷамъиятӣ на ҳамеша қоидаҳои рафтор, ки тимсоли меъёри ҳуқуқи молиявӣ мебошад, мурқаррар мегарданд. Бинобар ин аксари муносибатҳои молиявӣ хоҳу нохоҳ дар шакли муайянкардаи давлат рӯи кор меоянд. Албатта, ҳиссаи муайяни муносибатҳои ташкилии ҳаёт пайдо шуда, баъдтар дар меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ цонунан ба расмият медароянд. Цонунан дуруст будани соҳаи молия замонат ва қонуни фаъолияти мӯътадили омма ва давлат мебошад. Дарвоқеъ, агар қоидаҳои андозситонӣ, миқдори он ва ғайра муқаррар карда нашаванд, оё давлат арзи вуҷуд карда метавонад? Албатта, не!

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ расман муайян карда шудаанд. Вале агар меъёрҳои баъзе соҳаҳои ҳуқуқ танҳо дар қонунҳо ё танҳо дар санадҳои кодексшудаи меъёрии ҳуқуқӣ, масалан, меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ шакл гиранд, пас меъёрҳои молиявию ҳуқуқӣ дар қонунҳои кодексшуда (КА ҶТ) ва кодекснашуда (масалан, Қонун «Дар бораи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон») ва санадҳои гуногуни зерқонуне, ки мақомоти ваколатдори давлат қабул мекунанд, ифода меёбанд. Вале агар миқдори меъёрҳои молиявии қабулкардаи мақомоти интихобшавандаи давлат ва идораю вазоратҳои гуногунро муқоиса намоем, бештарини онҳо дар сатҳи идора муқаррар карда шудаанд.

Аксарияти меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ аниқу мушаххасанд, ки ин ба хусусияти муносибатҳои танзимшавандае, ки танзими бағоят мутобиқати онҳоро металабанд, вобаста мебошад.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ хусусияти омиронаи давлатӣ доранд. Онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ  муайян менамоянд (мақомоти ҳам қонунгузор ва ҳам иҷроия) ва иродаи давлатро ифода намуда, барои иштироккунандагони муносибатҳои молиявӣ амрия ҳисоб меёбанд.

Хусусияти амрию дастурии меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ҷиҳатҳои хоси худро дорад, ки ба мӯътабарии онҳо далолат мекунанд. Аксари томи онҳо аз талабҳое иборатанд, ки ба шакли мамнӯъиятҳои қатъӣ ё ӯҳдадории мусбат баён шудаанд. Мазмуну моҳияти  меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ аз қоидаҳои рафтор дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷараёни фаъолияти молиявии давлат иборат буда, дар он ифода меёбанд, ки  иштироккунандагони муносибатҳои молиявӣ ҳуқуқдор мешаванд ва ба зиммаи онҳо ӯҳдадориҳои ҳуқуқие гузошта мешавад, ки мақсад аз онҳо таъсис додан, тақсим ва истифода кардани бунёдҳои пулии давлатӣ ва таъсисоти маёаллӣ аст.

Чунончӣ, аз мазмуни моддаи 38 КА ҶТ бармеояд, ки андозсупорандагон бояд: ӯҳдадориҳои андозро дар ҳаҷми пурра иҷро намоянд; аз қайди мақомоти андоз гузаранд; бо тартиби маъмулӣ ҳисоби даромади (хароҷоти) худ ва объектҳои андозбандишавандаро бигиранд; ба мақомоти андоз эъломия (декларатсия) пешниҳод намоянд. Ба эътибор нагирифтани қоидаҳои баёнёфта боиси татбиқи маҷбурияти ҳуқуқи молиявӣ мегардад. Тавре ки қаблан таъкид намудем, меъёр қоидаи рафтор, тасвияти намунаи ҳамкории субъектҳо мебошад, бинобар ин мақомоти андоз вазифадоранд, ки: декларатсияро қабул намоянд, андозсупорандаро ба қайд гиранд, андозсупорандаро аз барзиёд шудани андоз огоҳ намоянд, барои рафтори ҳаққонияш ба ҷавобгарӣ накашанд. Агарчӣ ин ҳама талабот аз ҷумлаи ӯҳдадориҳост, бо вуҷуди ин мантиқан, андозсупоранда метавонад талаб намояд, ки ӯро дар мақомоти андоз ба қайд гиранд, декларатсияашро қабул кунанд ва ҳоказо (зеро иҷрои ҳуқуқҳои як ҷониб тавассути  иҷрои ӯҳдадориҳои ҷониби дигар таъмин мегардад). Мувофиқан мақомоти андоз низ на танҳо вазифадоранд, балки ҳуқуқ доранд аз андозсупоранда иҷрои амалиёти муайянкардаи меъёрро талаб намояд.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ хусусияти барои ҳама ҳатмӣ доранд, ки ин ҳатмият бояд бо чораҳои маҷбурияти ҳуқуқи молиявӣ ё ҳавасмандгардонӣ таъмин карда шавад, ки дар ин бора зимни баёни сохти меъёри ҳуқуқи молиявӣ сухан хоҳад рафт.

Нишонаҳои хоси меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ба предмети танзими ҳуқуқи молиявӣ вобаста аст, чунки онҳо барои мустаҳкам ва мураттаб сохтани муносибатҳои ҷараёни фаъолияти молиявии давлат ва воҳидҳои маъмуры бо усули амру дастурҳо таъин гардидаанд.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ аз шаклҳои дигари меъёрҳои низоми ҳуқуқ бо он фарқ доранд, ки онҳо тағйир меёбанд ва аксаран муваққатианд.

Тағйирёбии меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ бо муносибатҳои хоси иқтисодӣ вобаста буда, ин муносибатҳо мунтазам дигар мешаванд ва дар натиҷа зуд «кӯҳна» гашта, ба вусъати муносибатҳои иқтисодӣ дигар таъсири мусбат расонида наметавонанд ва «ноӯҳдабароии» қонунгузор бошад, аксаран ривоҷу равнақи ин муносибатҳоро бозмедорад.

Хусусияти муваққатӣ доштани баъзе меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ аз ибтидо хоси фаъолияти молиявии давлат ва воҳидҳои маъмурие мебошад, ки фаъолияти худро дар соли молиявӣ ба нақша мегиранд. Меъёрҳои муваққатӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба буҷет арзи вуҷуд дошта, танҳо дар давоми соли молиявӣ амал мекунанд.

Хусусияти ҳуқуқи техникии қисми бештари меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро метавон хусусияти дигари онҳо номид. Хусусияти ҳуқуқи техникии бисёр меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ба он алоқаманд аст, ки дар онҳо амалиёти одамон нисбати ҳуҷҷатҳои ҳисобрасӣ, қоидаи ҳаволаи (интиқоли) маблағ меъёрҳои иқтисодӣ барин ташкилотҳои кредитдеҳ ва ғайраро ба танзим медароранд. Рости гап, чунин меъёрҳо ҳамкории субъектҳоро ба танзим намеоваранд, вале ба шарофати чораҳои маҷбурияти давлатӣ ҳуқуқвайронкунии онҳо пешгирӣ карда мешавад ва ин дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфта, хусусияти меъёрҳои ҳуқуқиро соҳиб мегарданд. Масалан, меъёрҳои ҷудогонаи техникӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонки миллии Тоҷикистон» зикр шудаанд.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ бинобар сохти мантиқияшон аз фарзия, диспозитсия ва муҷозот иборатанд. Дар фарзия ба шароити амали меъёри ҳуқуқи молиявӣ ишора шуда, диспозитсия мазмуну моҳияти қоидаи рафторро муқаррар менамояд, вале муҷозот оқибати вайрон кардани меъёри ҳуқуқи молиявиро пешбинӣ менамояд. Хусусияти муҷозоти меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро хусусияти минбаъдаи аз ҳам фарқкунандаи онҳо номидан мумкин аст.

Муҷозоти молиявӣ нишонаҳои зеринро дорост: унсури ҳатмии сохтории меъёри ҳуқуқи молиявӣ мебошад; дар танзими муносибатҳои молиявӣ иштирок мекунад; воситаи таъмини тарзу усули танзими ҳуқуқи молиявии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва воситаи таъмини ҷавобгарии молиявӣ мебошад; чораҳои ҷавобгарии молиявиро бо меъёрҳо сабт мегардонад; мутамарказист (давлатист), дар сатҳи санадҳои қонунгузории субъектҳои давлатӣ ба муқаррар намудани муҷозоти молиявӣ роҳ дода намешавад; дар аксари ҳолатҳо ба фондҳои пулӣ қонуншикан таъсир мерасонад; амри ҳуқуқӣ – қонуншикании молиявӣ асоси воқеии татбиқи муҷозоти молиявӣ мебошад; тартиби татбиқи хоси мурофиавиро дорост.

Баъзеи ин нишонаҳои муҷозоти молиявиро муфассал дида мебароем. Чунончӣ, соҳаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки онро муҷозоти молиявӣ таъмин менамояд, хоса буда, соҳаи муносибатҳои андозӣ, муносибатҳо оид ба ташаккул додан ва иҷрои буҷет, муносибатҳои оммавии бонк, муносибатҳои танзими асъор ва назорати асъор ва ғайраро фаро мегирад.

Муҷозоти молиявӣ мутамарказ мебошад ва чанд гурӯҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро номбар кардан мумкин аст, ки дар онҳо муқаррар карда мешавад. Аввало, санадҳои кодексшудаи меъёрии ҳуқуқӣ (Кодекси /умёури То\икистон дар бораи ёуцуцвайронкунии маъмуры: Кодекси \иноятии /Т). Дуюм, қонунҳо (масалан, «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»; «Дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ»). Сеюм, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон.

Муҷозоти молиявӣ тартиби хоса дорад. Одатан, он бо фоиз аз маблағи напардохтаи андоз ё ба маротиби маблағи гуногун ҳисоб карда мешавад.

Ба ҳамин тариқ, муҷозоти молиявӣ унсури ҳатмии сохтории меъёри ҳуқуқи молиявӣ буда, ҳаҷм ва чораи ҷавобгарии молиявиро муқаррар менамояд, яке аз воситаҳои танзими муносибатҳои молиявӣ мебошад ва аз тарафи мақомоти ваколатдор дар мавриди қонуншикании молиявӣ татбиқ карда мешавад.

Хусусияти меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ имконият медиҳанд таснифи онҳо муайян карда шавад. Пеш аз ҳама онҳо ба ду гурӯҳи калон – меъёрҳои ибтидоӣ ва меъёрҳо – қоидаҳои рафтор ҷудо мешаванд.

Дар меъёрҳо – принсипҳои асосии қонунгузории андоз, буҷет, асъор, бонк, фаъолияти молиявии ин ё он мақомоти давлатӣ, принсипҳои таҳияи низоми буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд. Асосёои ёуцуции меъьрҳо – принсипҳо дар мод. 2 КА /Т зикр шудаанд, ки вазифаҳои асосии қонунгузориро дар бораи андоз, Цонуни /Т «Дар бораи бу\ети давлатии /умёурии То\икистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъорӣ» асосҳои таҳияи низоми буҷетро муайян менамоянд.

Дар муқоиса бо дигар соҳаҳо дар қонунгузории молиявӣ меъёрҳо – мақсад, меъёрҳо – вазифаҳо, меъёрҳо – дефинитсияҳо мақоми бештар дошта, мавриди таваҷҷӯҳи зиёданд. Дар бисёр санадҳои онҳо таърифҳо, мафҳуму мақсад моддаҳои махсус ва ҳатто бобҳо бахшида шудаанд. Аз ҷумла дар моддаи 34. КА /Т институтҳо (тартибот), мафҳуму истилоҳоте, ки дар Кодекси андоз истифода мешаванд, маънидод шудаанд. Боби III  Қонун «Дар бораи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сиёсати пулу кредит бахшида шудааст, ки он меъёр – мақсад, меъёр – дефинатсия ва дигар мафҳумҳои асосиро дар бар гирифтааст. Дар моддаи 1 Қонуни /Т «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» мафҳуми асъор, асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматноки дохилӣ, сарватҳои асъорӣ ва ғайра муайян карда шудаанд. Меъёрҳои дефинативӣ дар моддаи 1 Қонуни /Т «Дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ» ва дар санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ баён ёфтаанд. Баёни муфассали меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ фаъолияти ҳуқуқтатбиқкуниро осон ва санади меъёрии ҳуқуқиро барои шаҳрванди оддӣ осонфаҳм мегардонад.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро вобаста ба тарзу усули танзими ҳуқуқӣ ба омирона, диспозитивӣ, тавсиявӣ ва ҳавасмандкунанда ҷудо кардан мумкин аст, ки дар ин ҳол ҳиссаи меъёрҳои ҳуқуқи молиявии диспозитивӣ ва ҳавасмандкунанда хеле кам мебошад.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявии омирона амри дастурҳо, муроҷиати фармоиширо ба иштироккунандаҳои муносибатҳои молиявӣ оид ба содир кардани ин ё он амал ё худдорӣ намуданро аз содир кардани он фаро мегиранд. Меъёрҳои ҳуқуқи молиявии омирона метавонанд водоркунанда ё манъкунанда бошанд. Аксарияти меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ водоркунандаанд. Бисёр вақт онҳо дар санадҳои меъёрӣ дар шакли дастури бевобаста оварда шудаанд. Масалан, дар моддаи 13 Қонуни /Т «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» муқаррар шудааст: «резидентҳо ва ғайрирезидентҳое, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муомилоти асъор сарукор доранд ӯҳдадоранд: ба мақомот ва намояндаёои назорати асъор агентёои асъор ҳуҷҷат ва маълумот пешниҳод намоянд; мацомоти назорати асъор дар /Т: Вазорати молияи /Т; Кумитаи андоз; Хадамоти гумрук дар доираи ваколатёои худ мебаранд намояндаёои назорати асъор бонкёои ваколатдори /Т мебошанд: ки ба БМТ ёисоботдиёандаанд бо тартиби маъмулӣ ҳисобгирӣ намоянд, ҳисобот нависанд…». Вале баъзан ӯҳдадориҳои дар меъёри ҳуқуқи молиявӣ пешбинигардидаро мантиқан дарк кардан лозим меояд, чунки онҳо дар шакли бетараф оварда мешаванд. Дар ҳуқуқи молиявӣ бештар ба назар расидани меъёрҳои водоркунанда ба худи хусусияти муносибатҳои молиявӣ вобаста буда, он танҳо бо амалиёти фаъолонаи иштироккунандагонаш равнақу ривоҷ ёфта метавонад. Меъёрҳои ҳуқуқи молиявии манъкунанда бо усули «манъ аст», «мумкин нест», «роҳ дода намешавад» ифода меёбанд. Масалан, дар моддаи 8 банди 2 Қонуни /Т «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» таъкид шудааст: «ба муқаррар намудани талаботи истифодаи суратҳисоби махсус дар мавридҳои бо қонун бевосита муқаррарнагардида роҳ дода намешавад».

Меъёрҳои тавсиявӣ пешниҳодоти мақомоти мушаххасест, ки ба ин ё он субъекти муносибатҳои молиявӣ нигаронида шудаанд. Ин гуна меъёрҳо аксаран дар қонунҳои ҳар сол дар бораи буҷет қабулкардашаванда дучор меоянд.

Меъёрҳои ҳавасмандкунандаи ҳуқуқи молиявӣ натиҷаи аз тарафи умум эътирофгардидаро низ ҳавасманд карда метавонанд. Моддаи 141. бандёои 1-21 КА /Т як цатор намуд[ои даромади шахсони воrеиро номбар намудааст, ки аз онёо андоз аз даромад гирифта намешавад. Масалан, нафаrа[ои давлаты, стипендия[ои давлати ва xубронпули[ои давлати, аз xумла пардохт ва xубронпули[о барои дафн, [омиладори ва таваллуд, вобаста бо гум кардани rобилияти ме[нати (аз xумла муваrкатан), ва аз даст додани саробон;  нисбати шахсони ёуцуцы бошад: моддаи 145 КА /Т як зумра имтиёз[оро дар шакли озод намудан аз андозбанды аз фоида муайян кардааст. Масалан, ташкилот[ои дины, э[сонкоры, буxеты, созмон[ои байни[укуматы ва байнидавлатии (байналмилалии) uайритиxораты, ба истиснои фоидае, ки он[о аз фаъолияти со[ибкоры мегиранд. {амзамон чунин ташкилот[о бояд ба[исобгирии xудогонаи фаъолияти асосы (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти со[ибкориро пеш баранд; инчунин корхона[ое, ки дар он[о дар як ваrт дар соли [исоботии андоз на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил меди[анд, ва инчунин на камтар аз 50% маблаu[ои музди ме[нат ва дигар таъминоти модды, аз xумла натуралы, барои э[тиёxоти маъюбон сарф карда шудааст.

Меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро аз рӯи дигар асосҳо низ ба гурӯҳҳо тақсим кардан мумкин аст.

Аз рӯи ҳаҷми танзим онҳо умумӣ ва махсус буда метавонанд. Бо меъёрҳои умумӣ хели муносибатҳои молиявӣ, бо меъёрҳои махсус намудҳои алоҳидаи онҳо танзим гардонида мешаванд. Чунончӣ, меъёрҳои қисми якуми КА ҶТ, ки амали онҳо ҳамаи муносибатҳои андозро фаро мегиранд, умумианд, вале меъёрҳое, ки ин ё он намуди муносибатҳои андозро танзим мегардонанд, меъёрҳои махсусанд (масалан, пардохти андози ҷудогона).

Вобаста ба субъектҳои ҳуқуқофарин меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ба меъёрҳое тақсим мешаванд, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ қабул кардаанд. Ба ин маҳак таснифи меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ низ алоқаманд буда, он вобаста ба ҳудуди амали онҳо ва эътибори ҳуқуқиашон татбиқ карда мешавад.

Ҳуқуқи молиявиро танҳо ба соҳаҳои моддӣ ё  мурофиавии ҳуқуқ нисбат додан нашояд, вале меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ва моддӣ ва мурофиавӣ тақсим мешаванд. Меъёрҳои моддӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштироккунандагони муносибатҳои молиявиро муайян менамоянд, вале меъёрҳои мурофиавӣ тартиби татбиқи масъалаҳои моддиро муқаррар мекунанд. Бисёр меъёрҳои фарогирифтаи қисми якуми КА ҶТ, қонунҳо дар бораи буҷетҳои ҳамаи сатҳҳоро ба меъёрҳои моддӣ нисбат додан мумкин аст.

add

Один комментарий

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.