Муносибатҳои  ҳуқуқӣ

Мафҳуми  муносибатҳои  ҳуқуқӣ

       Муносибати ҳуқуқӣмуносибати ҷамъиятии бо ҳукуқ танзимгашта аст, ки иштирокчиёнаш бо ҳам тавасути ҳуқуқҳои субъективӣ ва ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ вобастагии ҳуқуқӣ доранд.

Муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа намудҳои гуногун доранд.

  1. Вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ онҳо ба муносибатҳои ҳуқуқии конститутсионӣ, маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва ғ. тақсим мешаванд. Ҳар як соҳаи ҳуқуқ муносибатҳои ҳуқуқии алоҳидаро танзим мекунад.
  2. Вобаста ба функсияҳои ҳуқуқ (танзимсозӣ ва ҳифзкунӣ) муносибатҳои ҳуқуқӣ ба намудҳои зайл ҷудо мешаванд:

а) муносибатҳои ҳуқуқии танзимӣ, ки бо нишондоди меъёрҳои танзимкунанда пайдо шуда, аз ҳуқуқҳои зеҳнӣ ва вазифаҳои ҳуқуқии муқарраршуда иборатанд, масалан, бештари муносибатҳои гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва ғ.

б) муносибатҳои ҳуқуқии ҳифзӣ, ки дар натиҷаи кирдорҳои зиддиҳуқуқии ашхоси ҷудогона пайдо шуда, мазмуни онҳоро истифодаи чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ нисбати ҳуқуқвайронкунанда ташкил медиҳад, аз қабили муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноӣ, маъмурӣ ва ғ.

  1. Вобаста ба меъёрҳои моддӣ ва мурофиавӣ ду намуди муносибатҳои ҳуқуқӣ ҷудо карда мешаванд:

а) муносибатҳои ҳуқуқии моддӣ, ки дар асоси меъёрҳои моддӣ пайдо шуда, аз ҳуқуқу вазифаҳои иштирокчиёни онҳо иборатанд (муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, ҷиноӣ, меҳнатӣ, оилавӣ ва ғ.);

б) муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавӣ, ки дар асоси меъёрҳои мурофиавӣ пайдо шуда, тартиби амалӣ кардани ҳуқуқу вазифаҳоро муқаррар мекунанд (муносибатҳои мурофиавии ҷиноӣ, гражданӣ, маъмурӣ).

  1. Аз рӯи субектон (барандаҳо) ва дар асоси сатҳи фардикунонии иштирокчиён муносибатҳои ҳуқуқӣ ду намуди мустақил доранд:

а) муносибатҳои ҳуқуқии нисбӣ, ки иштирокчиёни онҳо аниқанд; масалан, тарафҳои шартномаи хариду фурӯш харидор ва фурӯшанда мебошанд; дар баъзе мавридҳо тарафҳои ин қабил муносибатҳо номгӯй мешаванд, чунончи, шартномаи ақди никоҳ байни, масалан, Аҳмадов ва Ниёзова баста мешавад;

б) муносибатҳои ҳуқуқии мутлақ, ки дар онҳо як тараф (дорандаи ҳуқуқи зеҳнӣ) аниқ буда, тарафи дигарро – шумораи номуайяни ашхос ташкил медиҳад, масалан, дар муносибатҳои ҳуқуқии моликият соҳибмулк аниқ буда, вале тарафи дигарро адади номуайяни ашхос ташкил медиҳад (онҳо вазифадоранд, ки ҳуқуқи соҳибмулкро халалдор накунанд).

 

20.2.  Мазмуни  муносибатҳои  ҳуқуқӣ

 

Муносибатҳои ҳуқуқӣ (таркиби онҳо) аз унсурҳои муайян иборатанд: мазмун, иштирокчиён ва обекти муносибатҳои ҳуқуқӣ.

Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқиро ҳуқуқҳои субъективӣ ва ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд.     

     Ҳуқуқи субъективӣ андозаи рафтори имконпазири иштирокчии муносибати ҳуқуқӣ аст.

Вобаста ба ин унсурҳои таркибӣ ду намуди ҳуқуқи субъективиро фарқ мекунанд:

1) ҳуқуқҳои субъективӣ, ки мазмуни онҳоро имконияти иҷрои ҳаракатҳои шахсӣ ташкил медиҳанд; дар асоси онҳо шахс худаш ҳаракатҳои имконпазирро иҷро мекунад; дар ин маврид натиҷаи лозимии ҳаракат дар ихтиёри шахс аст, аз вай вобаста аст (масалан, ҳуқуқи пешниҳоди даъво ба суд, ҳуқуқи дохил шудан ба мактаби олӣ); вазифаҳои шахсони дигар ё ташкилотҳо дар он аст, ки барои амалӣ кардани ин ҳуқуқҳо мамониат накунанд ё онро таъмин кунанд (мисол, суд вазифадор аст даъворо қабул кунад, донишгоҳ бошад имтиҳоноти қабул гузаронад);

2) ҳуқуқҳои субъективӣ, ки ба шахс имконияти (ҳуқуқи) талабкунӣ медиҳанд (масалан, талаботи баргардонидани қарз); дар ин маврид иҷрои ҳуқуқи талабкунӣ (ҳуқуқи субъективӣ) на аз соҳибҳуқуқ, балки пурра аз шахси вазифадор вобастааст.

      Ӯҳдадории ҳуқуқӣандозаи рафтори ҳатмии, зарурии иштирокчии муносибати ҳуқуқӣ аст.

Ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ дар ду шакл иҷро мешаванд: 1) фаъолона, вақто ки шахс амалиётҳои фаъолонаро иҷро мекунад (масалан, алимент месупорад, дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизмат мекунад) ва 2) гайрифаъолона, яъне бо роҳи худдорӣ намудан аз рафторҳои зиддиҳуқуқӣ ва манъгашта (риояи меъёрҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноӣ ва ғ.).

 

20.3.  Иштирокчиёни  муносибатҳои  ҳуқуқӣ

 

      Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣшахсоне мебошанд, ки қобилияти иштирокияти ҳуқуқӣ доранд.

Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ намудҳои зерин доранд:

1) иштирокчиёни фардӣ: шаҳрвандони давлат, шахсони хориҷӣ, шахсони бетабаа;

2) иштирокчиёни коллективӣ: ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ (мақомоти давлати, корхонаҳо, фирмаҳои хориҷӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғ.);

3) давлат, воҳидҳои марзиву маъмурии он.

Дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, ки мазмуни хусусӣ доранд, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба ҳайси шахс иштирок мекунанд. Ҳамаи иштирокчиёни ин қабил муносибатҳо шахс номида мешаванд. Шахс ҳамчун иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқии хусусӣ ду намуд мешавад: 1) шахсони воқеӣ (шаҳрвандон, хориҷиён, шахсони бетабаа) ва 2) шахсони ҳуқуқӣ (ташкилотҳо).

Дар шароити кунунӣ доираи амалиёти шахсони ҳуқуқӣ васеъ мешавад. Ҳоло ба ҳайси шахсони ҳуқуқӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ хелҳои зиёди ташкилотҳо иштирок мекунанд, аз қабили: ҷамъиятҳои хоҷагӣ ва ширкатӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, кооперативҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои (муассисаҳои) ғайритиҷоратӣ (суд, прокуратура ва ғ.), ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, фондҳои хайрия ва дигар фондҳои ҷамъиятӣ. Мувофиқи қонунгузории нав шаҳрванд метавонад бе таъсиси шахси юридикӣ шуғли фаъолияти соҳибкорӣ шавад (вале бо шарти номнавис шудан). Шакли нави фаъолияти соҳибкорӣ дар хоҷагии қишлоқ хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мебошад, ки субекти мустақили хоҷагии дорои ҳуқуқи шахси юридикӣ мебошад. Ин хоҷагӣ аз шаҳрванди алоҳида низ иборат буда метавонад.

Ҳамаи ашхоси воқеӣ ва ташкилотҳо иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Вале онҳо бояд ҷавобгӯи як қатор талаботҳо бошанд. Ин талаботҳо бо мафҳуми умумии иштирокияти ҳуқуқӣ ифода мешаванд. Иштирокияти ҳуқуқӣин қобилияти субекти ҳуқуқ будан аст.

Иштирокияти ҳуқуқии ашхоси воқеӣ аз ду унсури асосӣ иборат аст:

1) қобилияти ҳуқуқдорӣ – яъне қобилияти доштани ҳуқуқҳои зеҳнӣ ва вазифаҳои ҳуқуқӣ;

2) қобилияти амалкунӣ – яъне қобилияти бо ҳаракатҳои хеш амалӣ кардани ҳуқуқу вазифаҳо.

Унсури иловагии иштирокияти ҳуқуқӣ – қобилияти деликтӣ аст. Қобилияти деликтӣ – ин қобилияти ҷавобгӯй будани шахс барои амалиётҳои худ, пеш аз ҳама барои ҳуқуқвайронкунии содиршуда аст.

Иштирокияти ҳуқуқӣ ба умумӣ ва махсус ҷудо мешавад. Иштирокияти ҳуқуқии умумӣ мансуби ашхоси ба балоғат расида, ғайри амал ё номукаллаф эътироф нагашта мебошад. Иштирокияти ҳуқуқии махсус хоси баъзе муносибатҳои ҳуқуқӣ аст, ки иштирокчиёни онҳо аломатҳои иловагӣ доранд (аз шаҳрвандони дигар бо ин аломатҳо фарқ мекунанд). Масалан, иштирокияти ҳуқуқии кормандони милиса, суд, прокуратура ва ғ. На ҳамаи шаҳрвандон дар ин мақомотҳо кор карда метавонанд. Чунончи, судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳуқуқшиносе мебошад, ки синнаш на камтар аз 30 ва на зиёдтар аз 65 буда, беш аз даҳ сол собиқаи кории касбӣ дорад (м. 89 Конститутсия).

 

 

20.4.  Обекти  муносибатҳои  ҳуқуқӣ

 

      Обекти муносибатҳои ҳуқуқӣнеъматҳои моддӣ ё ғайримоддӣ мебошанд, ки вобаста ба онҳо ё нисбати онҳо муносибати ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст.

Обектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ намудҳои гуногун доранд.

  1. Неъматҳои моддӣ: воситаҳои истеҳсолот, ашёи итеъмолӣ, пул, қоғазҳои қимматнок ва ғ. Ашё – обекти муносибатҳои зиёди ҳуқуқӣ аст, масалан, дар хариду фурӯши молҳои сермасриф, иҷораи манзил, тӯҳфаи ягон чиз ва ғ. Неъматҳои моддӣ ҳамчун обекти муносибатҳои ҳуқуқӣ, аз як тараф, чизҳои табиӣ мебошанд (масалан, боигариҳои зеризаминӣ), аз тарафи дигар, дар ҷараёни фаъолияти меҳнатии инсон ҳосил мешаванд (масалан, молҳои рӯзғор).
  2. Неъматҳои маънавӣ, яъне натиҷаи фаъолияти эҷодӣ, ба монанди, асарҳои санъат, адабиёт, тасвирӣ ва ғ. Вале неъматҳои фаъолияти эҷодӣ (фикрӣ) он вақт обекти мустақили муносибатҳои ҳуқуқӣ мешаванд, ки агар иштирокчии онҳо манфиатҳои маънавии хешро бо ин обект қонеъ гардонад. Масалан, агар шахс китоби бадеиро ҳамчун асари адабӣ харад, пас обекти ин муносибат натиҷаи эҷодиёти маънавӣ аст. Лекин агар шахс китобро бо мақсади ороиши хона харад, пас обекти ин муносибатро на натиҷаи эҷодиёти маънавӣ, балки неъмати моддӣ ташкил медиҳад. Яъне ҳамон як асари бадеӣ ё тасвирӣ вобаста ба манфиатҳои (маънавӣ ё моддӣ) дар шакли натиҷаи фаъолияти маънавӣ (барои қонеъ гардонидани талаботҳои маънавии шахс) ё неъмати моддӣ (чиз) баромад мекунад.
  3. Неъматҳои шахсии ғайримолумулкӣ, яъне неъмати ғайримоддӣ, ки бо шахсият алолқаманданд: ҳаёт, саломатӣ, қадру номуси инсон. Онҳо обекти бевоситаи муносибатҳои ҳуқуқӣ шуда метавонанд. Масалан, дар муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноӣ, ки дар натиҷаи куштор пайдо шудаанд, обекти бевосита – ҳаёти инсон аст. Неъматҳои шахсии ғайримолумулкӣ дар дигар соҳаҳои ҳуқуқ низ ҳимоя мешаванд, масалан, дар ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва ғ. Аз ҷумла, мувофиқи қонунгузории гражданӣ шаҳрванд ҳақ дорад ба воситаи суд талаб кунад, ки маълумотҳои шаъну шарафи ӯро бадномкунанда рад карда шаванд, агар паҳнкунандаи ин маълумотҳо ба ҳақиқат мувофиқ будани онҳоро исбот накунад. Дар ин қабил муносибатҳо обект – шаъну шарафи инсон аст.
  4. Рафтори иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ низ обекти муносибатҳои ҳуқуқӣ шуда метавонад. Аксар маврид рафтори шахси вазифадор обекти муносибатҳои ҳуқуқӣ мешавад. Дар ин қабил муносибатҳои ҳуқуқӣ манфиатҳои иштирокчиёни онҳо маҳз ба туфайли амалиёти иҷрогашта қонеъ мешавад. Масалан, муносибатҳои ҳуқуқие, ки вобаста ба расонидани хизмати тиббӣ, хизмати маишӣ ва ғ. пайдо мешаванд. Дар ин қабил муносибатҳо амалиётҳои иҷрогашта – обекти онҳо мебошанд.
  5. Натиҷаҳои фаолияти иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ низ обекти муносибатҳои ҳуқуқӣ шуда метавонанд. Дар ин муносибатҳо на амалиёт, балки натиҷаи он барои шахс муҳим буда, обекти ин муносибатҳоро ташкил медиҳад. Масалан, вақто ки шахс ба рассом кашидани ягон расмро мефармояд, ба вай на амалиётҳои рассом, балки натиҷаи он, яъне расми кашидашуда аҳамият дорад.

 

20.5.  Хусусияти муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ

 

Муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ муносибатҳои ҷамъиятии бо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ танзимшудае мебошанд, ки ба зиммаи иштироккунандагонаш оид ба таъсис додан, тақсим ва истифода кардани фонду даромади пули давлатӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои  дахлдори субъективӣ гузошта шудааст.

Агар муносибати ҳуқуқии молиявӣ ба шакли меъёри ҳуқуқи молиявӣ дароварда нашавад, ба вуҷуд омада наметавонад. Муносибати ҷамъиятӣ бо таъсири меъёри ҳуқуқи молиявӣ шакли муносибати ҳуқуқиро мегирад. Аксари муносибатҳои молиявӣ метавонад танҳо шакли муносибатҳои ҳуқуқиро бигирад, ки ин дар асл аввалин хусусияти фарқкунандаи онҳост.

Давлат наметавонад вазифаи андозситониро баҷо оварад, буҷетро ташаккул диҳад, онро бе танзими ҳуқуқии чунин фаъолият тақсим намояд, яъне муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ ва ҳар давлат ҳаётан зарур аст ва онҳо, мувофиқан, дар ҷараёни таъсис, тақсиму истифодаи реҷавии фонду даромадҳои пули давлатӣ (ва ҳамчунин маёаллы) ба миён меоянд. Ба  ҳамин тариқ, хусусияти дигари муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ дар ҷарайни фаъолияти молиявии давлат ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ба миён омадани онҳо мебошад.

Дар ҷараёни амалӣ сохтани муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ рафтори иштироккунандагони он ва таъсис, истифодаю тақсими фондҳои пулӣ танзим меёбад ва мутобиқи назарияи плюралистии объекти муносибатҳои ҳуқуқӣ ҷои онҳоро рафтори иштироккунандагон ё худ неъматҳои оддӣ (фондҳои пуллӣ, захираҳои молиявӣ) мегиранд, ки ин хусусияти дигари онҳо ба ҳисоб меравад.

Хусусияти дигари муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ бо доираи иштироккунандагонашон ва хусусияти ҳамкории баёни онҳо муайян карда мешавад. Як тарафи муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ ҳамеша мақомоти ваколатдори давлатӣ ё мақомоти худидораи маҳаллӣ мебошанд, ки бо фаъолияти молиявӣ сарукор доранд. Номгӯи чунин мақомот бағоят бисёр аст: мақомоти андоз, Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинадории марказии Вазорати молияи /умёурии То\икистон аз ин ҷумлаанд. Ин гуна мақомот ваколатҳои омирона дошта, бевосита ҳокимияти иҷроияро амалӣ мегардонанд. Онҳо ба нашри амру дастуре, ҳақ доранд, ки иҷрояшон барои иштироккунандагони муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ-корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, шаҳрвандоне, ки тарафи ӯҳдадори муносибатҳои ҳуқуқианд, ҳатмӣ мебошад. Аммо ин алоқамандиро ба мисли: ҳуқуқ – ӯҳдадорӣ оддӣ донистан лозим нест. Субъектҳои таҳти назорат, чун дар дигар намудҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дорои ҳуқуқҳои дахлдоранд. Ба таври умумӣ онҳо дар рафти фаъолияти худ аз ҷониби мақомоти молия ҳуқуқи риоя шудани режими қонуниятро доранд. Муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ гуногунранг буда на ҳамеша танҳо дар байни мақомоти давлатӣ ва объектҳои хусусӣ ба миён меоянд. Баъзе намудҳои муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ байни худи мақомоти молиявии давлат ба миён меоянд, вале дар ин ҳолат усули ҳукмрон ва тобеъ амал мекунад. Хусусияти ҳамкории субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ ба усчули омиронаи ҳуқуқи молиявӣ вобаста мебошад.

Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ намудҳои гуногун дошта, мазмуну моҳияти ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ ба намуди муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ вобаста аст. Чунончӣ, вобаста ба соҳаи фаъолияти молиявӣ онҳоро ба андозӣ, буҷетӣ, асъорӣ ва бонкӣ (ки дар соҳаи муносибатҳои умумии бонкии байни Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои кредитдеҳ ба вуҷуд меоянд) ҷудо кардан мумкин аст.

Ҳуқуқи ҷониби ваколатдори муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ умуман аз талаботи рафтори қонунӣ, назорат ва мусоидат намудан ба рафтори қонунӣ иборат мебошад. Масалан, мутобиқи моддаи 118 КА /Т мақомоти андоз ҳуқуқ доранд, ки: аз андозсупоранда ё агенти андоз ҳуҷҷатҳоеро талаб намояд, ки барои ҳисо кардани андоз асос меёбанд, тафтишоти пардохти андозро гузаронанд, маблағи андозро муайян намоянд ва ҳоказо. Дар баробари ин мақомоти андоз на танҳо ҳуқуқ, балки ӯҳдадории ҳуқуқӣ низ доранд. Мақомоти андоз ӯҳдадоранд, ки қонунгузории андоз ва боҷу хироҷро риоя намоянд; риоя шудани қонунгузории андоз ва боҷу хироҷ ва ҳамчунин санадҳои меъёриии ҳуқуқии  мутобиқи он қабулгардидаро таҳти назорат гиранд ва ҳоказо (муфассал ниг. Мод. 119 КА /Т). Ӯҳдадориҳои мақомоти андоз ба таъмини рафтори қонуни субъектҳои дастаҷамъӣ ва инфиродии муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ равона карда шудаанд.

Ҷониби дигари муносибати ҳуқуқи соҳаи андоз ӯҳдадории андозиро ба зима дорад. Ӯҳдадории андозӣ дар маънии васеъ талаботи зеринро дар бар мегирад: ӯҳдадории пардохти  андоз ва боҷу хироҷ; ӯҳдадории пешниҳод кардани ҳисоботи андоз. Ба ин ӯҳдадории монеъ нашуданро ба амалиёти шахсони мансабдори мақомоти андоз ва дигар мақомоти молияро нисбат додан мумкин аст. Номгӯи мушаххаси ӯҳдадориҳои субъектҳои молиявии муносибатҳои ҳуқуқи ба вазъи ҳуқуқии онҳо ва намуди муносибати ҳуқуқии танзимкунанда вобаста мебошад. Чунончӣ, ӯҳдадориҳои муносибати ҳуқуқии танзимкунандаи андоз, асъор, буҷет бо хусусияти худ фарқ мекунанд. Ҳатто аз ҷиҳати намуди муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ ӯҳдадориҳо ба ҳам монанд нестанд. Масалан, бонкҳо дар муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи андоз на танҳо андозсупоранда, агентҳои андоз, балки ташкилотҳое мебошанд, ки пардохти андозро қабул карда, ба суратҳисоби буҷети дахлдор низ медароваранд. Бонкҳо ӯҳдадор карда мешаванд, ки аз рӯи суратҳисобҳои боздоштшуда амалиёт анҷом надиҳанд, суратҳисобҳоро танҳо аз рӯи пешниҳоди далели ба қайд гирифта шудан дар мақомоти андоз кушоянд. Ӯҳдадориҳои шомили моҳияти муносибатҳои ҳуқуқиро ба ду намуд тақсим кардан мумкин аст: аввало, ӯҳдадориҳое, ки амали дар диспозитсия зикршударо содир кардан; дуюм, ӯҳдадориҳое, ки худдорӣ кардан аз содир намудани амалҳои дар диспозитсия зикрёфта. Бинобар ин муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ фаъол ва ғайрифаъол шуда метавонанд.

Андозсупорандагон на танҳо ӯҳдадорӣ, балки ҳуқуқҳои дахлдор низ доранд. Дар моддаи 37 КА ҶТ ҳуқуқҳои андозсупор дар муносибати ҳуқуқии соҳаи андоз муайян карда шудаанд. Андозсупорандагон ҳуқуқ доранд, ки:  аз мақомоти андоз оид ба масъалаёои андоз ва андозбандӣ маълумот бигиранд; аз мақомоти андоз ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ талаб намоянд, ки аз рӯи масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ дар бораи андоз ва боҷу хироҷ шарҳу эзоҳот гиранд. Сохти ҳар ҳуқуқи субъективӣ мавҷудияти ҳуқуқи талабу дархостро дар назар дорад. Бинобар ин дар моддаи 37 КА ҶТ муайян карда шудааст, ки андозсупорандагон ҳуқуқ доранд «аз шахсони мансабдори мақомоти андоз риояи қонунгузории андозро ҳангоми иҷрои амал нисбати андозсупорандагон талаб намояд». Андозсупорандагон ҳақ доранд нисбати санадҳои мақомоти андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдор, бо тартиби маъмулӣ риояи сирри андозро талаб намоянд (мод. 37 КА ҶТ).

Аксарияти муносибатҳои молиявӣ бо иштироки ташкилотҳои кредитдеҳ нисбатан муайян карда шудаанд, зеро қонунгузории молиявӣ вазифаи риояи онро ба номгӯи нисбатан муайян ташкилотҳои кредитдеҳ ба зиммаашон гузоштааст ва ташкилотҳои кредитдеҳ дар навбати худ вазифадоранд, ки қонунгузории молиявиро аз рӯзи ба қайд гирифта шуданашон риоя намоянд. Ҳатто ташкилотҳои кредитдеҳ аз рӯи моҳияти ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқии танзимшаванда якҷинса нестанд. Чунончӣ, ба зиммаи ташкилотҳои кредитдеҳ, ки барои амалиёти асъорӣ иҷозатнома доранд ва ба дӯши ташкилотҳои кредитдеҳ, ки ин гуна иҷозатнома надоранд, ҳар гуна ӯҳдадориҳо гузошта мешаванд.

Мутобиқи м.31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба фаъолияти бонкёо ва дигар ташкилотҳои молиявии щайрибонкы назорат мекунад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад аз ташкилотҳои кредитдеҳ дар бораи фаъолияташон маълумот ва доир ба маълумоти гирифтааш шарҳу тавзеҳ талаб намояд. Ӯҳдадориҳои ҷудогонаи Бонки миллии Тоҷикистон аз риояи мамнӯъиятҳо иборатанд. Бонки миллии Тоҷикистон ҳақ надорад аз ташкилотҳои кредитдеҳ иҷрои вазифаҳои барояшон хоснабуда ва ҳамчунин пешниҳоди дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкёо ва фаъолияти бонкы» пешбининагардидаро доир ба мизоҷони ташкилотҳои кредитдеҳ ва дар бораи шахсони сеюм (мод.37) талаб намояд. Аз тарафи дигар, ташкилоти кредитдеҳ низ ҳуқуқ дорад аз Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳоди маълумоти зарурӣ, риояи маҳрамиятро талаб намояд ва ҳоказо.

Одатан, воқеияти ҳуқуқӣ, ки ба пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ боис мешавад, аз соҳиб шудан ба вазъи муайяни ҳуқуқӣ иборат аст. Масалан, шахси воқеӣ вазифадор аст, ки эъломияёои андози дахлдорро дар мавриди машщул шудан ба фаъолияти соёибкоры пешниёод намояд (м?73 КА /Т)? Дар моддаи 78 КА /Т таъкид мешавад: «,[дадории андоз аз ла[заи ба миён омадани вазъияте, ки пардохти андоз, xарима[ои [исобшуда ва фоиз[оро мутобиrи талаботи rонунгузории андоз пешбини менамояд, ба зиммаи андозсупоранда гузошта мешавад». Барои ба миён омадани муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ рафтори қонунии ҳуқуқӣ аҳамият дорад: ба қайд гирифтан ба сифати соҳибкори инфиродӣ; ба қайд гирифтани ташкилоти кредитдеҳ; меросгирӣ; бастани аҳди ҳуқуқи гражданӣ; гирифтани иҷозатнома барои амалиёти асъорӣ; гирифтани кредити мақсадноки давлатӣ ва ғайра. Рафторҳои қонунӣ ба пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқии чӣ нисбӣ ва чӣ мушаххаси танзимкунанда сабаб мешаванд.

Барои амали муносибатҳои ҳуқуқии молиявии танзимкунанда воқеият–ҳодисаҳои ҳуқуқӣ муҳиманд, ки онҳоро ба мутлақ ва нисбӣ ҷудо кардан мумкин аст. Фарорасии давраи ҳисоботи андоз воқеаи мутлақ мебошад, ки он, воқеан, боиси пайдоиши муносибати ҳуқуқии андоз намешавад, чунки он пештар ба миён омадааст, вале моҳияти онро тағйир медиҳад.

Муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ метавонанд ҳам танзимкунанда ва ҳам ҳифозатӣ бошанд. Агар субъект меъёри ҳуқуқи молиявиро риоя накунад, муносибати ҳуқуқии нави мушаххаси ҳифозатии масъулияти молиявӣ рӯи кор меояд. Ба ҷумлаи муносибатҳои ҳуқуқии молиявии ҳифозатӣ муносибатҳои зеринро нисбат додан мумкин аст: муносибатҳое, ки вобаста ба риоя нашудани ӯҳдадории андозпардозӣ ба миён меоянд; муносибатҳое, ки вобаста бо риоя нашудани тартиб ва мӯҳлати баргардонидани (кандани) қарзи буҷетӣ фаро мерасанд; муносибатҳое, ки вобаста ба риоя нашудани истифодаи мақсадноки маблағи ба таври бебозгашт аз буҷет ҷудокарда ба миён меоянд; муносибатҳое, ки вобаста ба меъёрҳои пруденсиалии фаъолиятро риоя накардани банк ба миён меоянд; муносибатҳои мурофиавӣ, ки худи тартиботи татбиқи чораҳои ҷавобгарӣ ва дигар чораҳоро ба танзим меоваранд. Хусусияти хоси муносибатҳои ҳуқуқии молиявии ҷавобгарӣ хусусияти омиронаи он, хусусияти моддии ҳуқуқӣ, хусусияти мушаххас ва равияи бевоситаи амалӣ намудани вазифаи ҷазодиҳии масъулияти молиявӣ мебошанд.

муносибатњои

20.6. Фактҳои ҳуқуқӣ

 

      Фактҳои ҳуқуқӣҳолатҳои мушаххаси ҳаётӣ мебошанд, ки бо онҳо меъёрҳои ҳуқуқ пайдоиш, тағйир ва қатъи муносибатҳои ҳуқуқиро вобаста мекунанд.

Фактҳои ҳуқуқӣ ба намудҳои гуногун ҷудо мешаванд.

  1. Вобаста ба оқибатҳои ҳуқуқӣ ба се намуд тақсим мешаванд:

1) ҳуқуқпайдокунанда, яъне фактҳои ҳуқуқӣ, ки дар асоси онҳо муносибатҳои ҳуқуқӣ пайдо мешаванд (масалан, бастани шартномаи меҳнатӣ, никоҳ, содиршавии ҷиноят, ҳукми суд дар хусуси аз озодӣ маҳрум кардан);

2) ҳуқуқтағйирдиҳанда, яъне фактҳои ҳуқуқие, ки дар асоси онҳо муносибатҳои ҳуқуқӣ тағйир меёбанд (масалан, иваз кардани манзили истиқоматӣ, ба кори дигар гузаштан);

3) ҳуқуққатъкунанда – фактҳои ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои ҳуқуқиро қатъ мегардонанд (вафот кардани шахс, нобуд шудани ашё, фурӯши амвол).

  1. Вобаста ба аломати иродавӣ фактҳои ҳуқуқӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд:

1) ҳодиса – факти ҳуқуқӣ, ки оқибатҳои он аз иродаи одамон вобаста нестанд, ба монанди, таваллуди одам, офати табиӣ ва ғ.;

2) амал – факти ҳуқуқӣ, ки оқибатҳои он аз иродаи одамон вобастаанд, масалан, шартномаҳои гражданӣ, ҷиноят, кирдори интизомӣ ва ғ.

Амал,  дар  навбати  худ,  ба ду намуд ҷудо мешавад: 1) амали қонунӣ ва 2) амали зиддиҳуқуқӣ. Амали қонунӣ ба ду намуд тақсим мешавад: 1) амали шакли ҳуҷҷатӣ, ки барои ба вуҷуд овардани оқибатҳои ҳуқуқӣ равона шудаанд (масалан, шартнома, санадҳои татбиқи ҳуқуқ, аризаи шаҳрванд) ва 2) рафтори ҳуқуқӣ – амали ҳуқуқие, ки ба оқибатҳои ҳуқуқӣ равона нашудааст, вале ин оқибатҳо дар асоси нишондоди меъёрҳои ҳуқуқ ба вуҷуд меоянд (масалан, ёфтани хазина, иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ).

Амали зиддиҳуқуқӣ ба ҷиноят ва кирдор ҷудо мешавад. Кирдор, дар навбати худ, ба кирдорҳои маъмурӣ, интизомӣ ва ҳуқуқвайронкунии гражданӣ тақсим мешавад.

Барои ҳосил шудани оқибатҳои ҳуқуқии дар меъёрҳои ҳуқуқ ишорашуда баъзан на як, балки якчанд ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ лозиманд. Маҷмӯи якчанд ҳолатҳои воқеии ҳуқуқиро таркиби воқеӣ (ҳуқуқӣ) меноманд. Масалан, барои пайдоиши муносибатҳои ҳуқуқии оиди нафақа якчанд факти ҳуқуқӣ заруранд, аз қабили: синни нафақа, стажи меҳнатӣ, санади таъини нафақа. Барои дохилшавӣ ба донишгоҳ низ якчанд факти ҳуқуқӣ лозиманд: маълумоти умумии миёна, бомуваффақият супоридани имтиҳоноти қабул, фармони раиси донишгоҳ дар хусуси қабул ба донишгоҳ.

Таркибҳои воқеӣ (ҳуқуқӣ) ба соҳавӣ ва байнисоҳавӣ тақсим мешаванд. Таркибҳои воқеии соҳавӣ аз фактҳои ҳуқуқӣ иборатанд, ки ба як соҳаи ҳуқуқ мутааллиқанд. Масалан, барои бастани никоҳ якчанд шартҳо (ҳолатҳо) лозиманд (розигии тарафҳо, синни никоҳӣ, надоштани никоҳи дигар ва ғ.), ки мансуби як соҳа – ҳуқуқи оилавӣ мебошанд. Ё, масалан, асосҳои қатъи шартномаи меҳнатӣ (ҳолатҳои алоҳидаи воқеӣ) дар м. 44 Кодекси меҳнати ҶТ (як соҳаи ҳуқуқ) пешбинӣ шудаанд (созиши тарафҳо, ташаббуси коркун, ташаббуси корфармо, сипарӣ шудани мӯҳлати шартнома, ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо новобаста). Таркибҳои воқеии байнисоҳавӣ аз маҷмӯи фактҳои ҳуқуқии марбут ба ду ва зиёда соҳаҳои ҳуқуқ иборатанд. Масалан, дар муносибатҳои ҳуқуқӣ оиди нафақа – синни нафақа ва собиқаи меҳнатиро соҳаи ҳуқуқи меҳнатӣ, санади таъини нафақаро соҳаҳои ҳуқуқи ҳифзи иҷтимоӣ ва маъмурӣ пешбинӣ мекунанд.

 

test

2 комментария

  1. Ҳами мазуҳора адабиётҳояшро мепартофтен зур мешид

Добавить комментарий