Шаклҳои  (сарчашмаҳои) ҳуқуқ

 Мафҳуми  шакл  ва  сарчашмаҳои  ҳуқуқ

Сарчашмаи ҳуқуқ ба маънои иҷтимоӣ кулли заминаҳои иҷтимоӣ, талаботҳои айнии ҳаёти ҷамъиятӣ аст, ки дар асоси онҳо ҳуқуқ, меъёрҳо ва принсипҳои он пайдо ва ташаккул меёбанд.

      Ба маънои ҳуқуқӣ (мазмуни аслии калима) сарчашмаи ҳуқуқ ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1) сарчашмаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ё заминавӣ-ҳуқуқӣ ва 2) сарчашмаҳои бевоситаи ҳуқуқӣ. Сарчашмаҳои навъи якум он шароитиҳои воқеии ҳаёти ҷомеа, талаботҳои айнии ҳастии инсонро дар назар доранд, ки манбаи ҳуқуқии пайдоишу ташаккули ҳуқуқи нав мешаванд. Сарчашмаи бевосита ҳуқуқ гуфта шаклҳои дар қонунҳо пешбинишудаи ифодаи расмии мазмуни дохилии ҳуқуқро (меъёрҳо, принсипҳо, талаботҳои ҳуқуқро) меноманд, ки ҳастии воқеии ҳуқуқро таъмин мекунанд.

Вақте сухан дар бораи сарчашмаҳои ҳуқуқ меравад, одатан шаклҳои расмии ифодаи ҳуқуқ, аниқтараш инъикоси меъёрҳои ҳуқуқ фаҳмида мешавад (конститутсия, қонунҳо ва ғ.). Аммо дар марҳилаҳои алоҳидаи инкишофи ҷомеа, дар кишварҳои дорои шароити гуногуни иҷтимоӣ сарчашмаҳое низ маълуманд, ки новобаста ва бе иштироки давлат пайдо шуданд. Чунончи, одатҳо, ки дар асоси онҳо аввалин қонунҳо навишта шуданд, то давлат ҷой доштанд. Дар Англия меъёрҳои ҳуқуқро аз асри XI сар карда судҳо бидуни иштироки давлат таълиф намудаанд, ки дар натиҷа амсоли судӣ сарчашмаи асосии ҳуқуқи ин кишвар гардид. Сарчашмаҳои ҳуқуқи мусулмонӣ низ мазмуни динӣ дошта, новобаста аз давлат пайдо шудаанд ва ҳозир ҳам барои вуҷудияти онҳо дар кишварҳои ислом иҷозат ё эътибори давлатӣ зарур нест. Дар асрҳои миёна дар Европа сарчашмаи муҳими ҳуқуқ – ин назарияи илмӣ-ҳуқуқӣ буд, ки бо омӯзишу мутобиқкунии ҳуқуқи римӣ машғул буд. Илми ҳуқуқӣ принсипҳои муҳими худро бидуни фаъолияти давлат муайян кард. Ҳоло ҳам асарҳои олимони ҳуқуқ дар Европа дорои нуфузи баланданд. Як қисми меъёрҳои ҳуқуқ тавассути шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар мешаванд ва барои амали онҳо эътибори расмии давлати ҷудогона, розигии вай лозим нест.

Ҳамин тариқ, сарчашмаҳои ҳуқуқ гуногунанд ва на ҳамаи онҳоро давлат муқаррар кардааст. Санади меъёрӣ (қонунҳо, кодексҳо ва ғ.) сарчашмаи асосӣ ва ягонаи ҳуқуқ нест. Ғайр аз онҳо амсоли судӣ, сарчашмаҳои динӣ (Қуръон, Сунна ва м.и.), илми ҳуқуқӣ дар низоми ҳуқуқии кишварҳои ҷудогона нақши муҳимро (ҳатто ҳалкунандаро) соҳибанд. Аз ин нигоҳ сарчашмаи ҳуқуқ фақат шакли расмии (давлатии) ҳуқуқ нест. Як қатор сарчашмаҳо (Қуръон, принсипҳои ҳуқуқ, амсоли судӣ – ва м.и.) бидуни давлат пайдо шудаанд.

 

21.2.  Намудҳои  сарчашмаҳои  ҳуқуқ

 

Дар ҷаҳони муосир сарчашмаҳои гуногун дар манотиқи ҷудогона истифода мешаванд.

      Одатҳои ҳуқуқӣ яке аз сарчашмахои қадимтарини ҳуқуқи башар мебошанд. Дар кишварҳои романӣ-олмонӣ нақши одатҳои ҳуқуқӣ ҳоло маҳдуд шудааст. Дар Австрия ва Италия онҳо дар он сурат истифода мешаванд, ки агар дар қонун ба онҳо ишораи бевосита бошад. Дар Англия то ҳол Қонуни соли 1265 амал мекунад, ки мувофиқи он танҳо одатҳои қадимаи то с. 1189 амалкунанда эътибор доранд. Давлатҳои Африка то асри XIX (замони мустамликадорӣ) дар асоси танҳо одатҳо зиндагӣ карда омадаанд. Дар Тоҷикистони муосир одатҳои ҳуқуқӣ сарчашмаи ҳуқуқ ҳисоб мешаванд. Масалан, м. 6 КГ ҶТ истифодаи анъанаҳои муомилоти кориро иҷозат медиҳад.

      Амсоли судӣ гуфта қарори намунавии мақомоти судиро меноманд, ки барои ҳалли парвандаҳои ба ҳам монанд ҳамчун меъёри ҳуқуқӣ истифода мешавад. Амсоли судӣ сарчашмаи асосии ҳуқуқи Англия аст. Вале қарори на ҳама гуна мақомоти судӣ, балки маҳз судҳои болоӣ қоидаи амсол мебошанд. Меъёрҳои ҳуқуқи Англияро низ маҳз судҳои болоӣ (судҳои Вестминистерӣ ва судҳои канслерӣ) эҷод кардаанд. Ҳоло ҳуқуқи муқаррар кардани амсоли судӣ ба судҳои Олӣ (суди Болоӣ, суди «Корона», суди Аппелятсионӣ), Палатаи лордҳо ва Комитети махфии судӣ дода шудааст. Қисми асосии қарори суд, ки ratio decidendi ном дорад, қоидаест, ки ҳамчун меъёр истифода мешавад. Фикри (нуқтаҳои) зимнан қайдшуда (obiter dictum) аҳамияти меъёрӣ надорад. Судя ҳангоми истифодаи қарори пештараи судӣ бояд ин ду қисмро ҷудо ва муқаррар намояд. Барои истифодаи амсоли судӣ дар Англия қарорҳои судӣ дар маҷмӯаҳо нашр мешаванд, ки «Law Reports» ном доранд. Ҳангоми нашр 75% қарорҳои Палатаи лордҳо, 25% қарорҳои суди Аппелятсионӣ ва 10% қарорҳои суди Болоӣ ҷудо карда мешаванд1.

Амсоли судӣ дар ШМА, Канада, Австралия ва давлатҳои дигари шомили ҳуқуқи умумӣ истифода мешавад. Вале сатҳи он дар ин кишварҳо ҳар хел аст, масалан, агар судҳои болоии Англия бо қаророи худ пайваст бошанд, пас Суди Олии ШМА бо қарорҳои баровардааш вобаста набуда, амалияи судиро метавонад тағйир диҳад. Дар ШМА ғайр аз амсоли судӣ Конститутсия, қонуну кодексҳо низ нақши сарчашмаро доранд.

      Назарияи илмии ҳуқуқӣ  сарчашмаи муҳими пайдоиши ҳуқуқ аст. Ҳуқуқи римӣ, ки асоси пайдоиши ҳуқуқи муосири Европа ва бештари манотиқи олам шудааст, маҳз маҳсули эҷоди ҳуқуқшиносони Рим буд. Ҳуқуқи имрӯзаи романӣ-олмонӣ (Франсия, Олмон, Италия ва ғ.) маҳсули инкишофи илми ҳуқуқии донишгоҳҳо аст. Дар Англия асарҳои Глэнвилл, Литлтон, Брактон нуфузи баланд доранд. Дар ҳуқуқи мусулмонӣ назарияи мусулмонӣ сарчашмаи ҳуқуқ аст. Масалан, қонунгузории оилавии Миср, Сирия, Судан, Лубнон пешбинӣ мекунад, ки дар сурати набудани меъёри қонун судя метавонад хулосаҳои бонуфузи мазҳаби Абу Ҳанифаро татбиқ намояд[1].

      Принсипҳои умумии ҳуқуқ дар як қатор давлатҳо сарчашмаи ҳуқуқ мебошанд. Дар кишварҳои романӣ-олмонӣ ва умумӣ имконияти истифодаи принсипҳои умумии ҳуқуқ (аз қабили адолат, бовиҷдонӣ ва ғ.) ҳангоми набудани меъёри ҳуқуқ вуҷуд дорад. Чунончи, мувофиқи Кодекси граждании Юнон амалигардонии ҳуқуқ манъ аст, агар дар натиҷаи он ҳадди бо виҷдон, ахлоқ, мақсадҳои иҷтимоиву иқтисодӣ муқарраршуда вайрон шавад. Принсипҳои ҳуқуқ дар мамолики ислом низ истифода мешаванд. Масалан, дар Афғонистон дар ҳолати нуқсон дар қонун суд парвандаро дар асоси принсипҳои шариат метавонад ҳал кунад1.

Принсипҳои ҳуқуқ сарчашмаи ҳуқуқи байналмилалӣ низ мебошанд. Моддаи 38. Статути суди Байналмилалӣ муқаррар мекунад, ки суд ҳангоми ҳалли баҳсҳо принсипҳои умумии ҳуқуқро, ки аз тарафи миллатҳои ботамаддин эътироф шудаанд, истифода мебарад2.

      Шартномаҳои меъёрӣ аз қабили сарчашмаҳои васеъ паҳншуда буда, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ биёр истифода мешаванд. Ин шартномаҳо шаклҳои зиёд доранд. Яке аз онҳо шартномаҳои байналмилалӣ аст, ки байни давлатҳо ва субектони дигари ҳуқуқи байналмилалӣ баста мешаванд. Шакли дигари шартномаҳои меъёрӣ ин шартномаи коллективӣ аст, ки тартиби бастану мазмуни он дар ҷумҳурии мо бо Қонуни ҶТ «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои колективӣ» аз 25 ноябри с. 1992 муайян шудааст.

      Санади меъёрӣ сарчашмаи муҳим ва васеъ паҳнгаштаи ҳуқуқ аст. Он дар мамолики ҳуқуқи романӣ-олмонӣ, собиқ кишварҳои сотсиалистӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бештар истифода мешавад. Санадҳои меъёрӣ як қатор афзалиятҳо (тарафҳои мусбӣ) доранд. Онҳо барои танзими як намуди алоҳидаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳалли шумораи беохири баҳсҳои ҳуқуқӣ пешбинӣ мешаванд. Ин санадҳо дар давраи калони таърихӣ амал карда, устувории низоми муносибатҳои ҳуқуқиро таъмин мекунанд. Онҳо аз ҷониби давлат (дар симои мақомоти ваколатдор ё ашхоси мансабдор) ё халқ (дар райъпурсӣ) дар шаклҳои махсус (Конститутсия, қонун, қарор, фармон ва ғ.) қабул шуда, бо чораҳои ҳуқуқӣ (маҷбурсозӣ) таъмин мешаванд. Санадҳои меъёрӣ дорои низоми устувор мебошанд, ки дар он ҳар як санад вобаста ба қувваи ҳуқуқиаш ҷои худро соҳиб аст (аввал Конститутсия, баъд қонунҳо ва сипас санадҳои зериқонунӣ). Вале дар ИҶШС санади меъёрӣ мутлақ гардонида шуда, истифодаи сарчашмаҳои дигари ҳуқуқ маҳдуд шуда буд.     

21.3. Хусусияти сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ

 

Сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ санадҳои мақомоти цонунгузор, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчунин мақомоти маҳаллии худидораанд, ки онҳо меъёрҳои ҳуқуқи молиявиро фаро гирифтаанд. Ба ҷумлаи сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ санадҳои зеринро шомил кардан мумкин аст: санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; шартномаҳои меъёрӣ.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқиро танҳо дар ҳолате сарчашмаи ҳуқуқи молиявӣ донистан мумкин аст, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ зоҳиран ифода шуда бошанд. Фарқашон дар он аст, ки сатҳи гуногун доранд. Чунончӣ, меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ буда метавонанд. Зимнан меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ метавонанд дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи мақомоти ҳам интихобшаванда ва ҳам иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бошад.

Дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ном бурдан мумкин аст, ки он сарчашмаи асосии ҳуқуқи молиявӣ мебошад. Тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти молиявии давлат, мақомоти он ва шахсони мансабдорро танзим мегардонанд, дар асоси Сарқонун қабул карда шудаанд. Худи сарқонун меъёрҳоеро дар бар гирифтааст, ки бевосита сарчашмаи ҳуқуқи молиявианд. Масалан, дар Сарқонун омадааст: додани андоз ва пардохтёо: ки цонун муайян кардааст: вазифаи ёар як шахс мебошад (м? 45); Ёукумат барномаёои ицтисодиву и\тимоы: сиьсати додугирифти царзи давлаты ва ьрии ицтисоды ба дигар давлатёо: лоиёаи бу\ети давлаты ва манбаи \уброни онро ба Ма\лиси намояндагон пешниёод менамояд (мод. 75).

Дар соҳаи ҳуқуқи молиявӣ имрӯз санад – кодекси ягонаи буҷет вуҷуд надорад. Лекин, дар системаи қонунгузории молиявӣ феълан ду санад – Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ин цонуни буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. КА ҶТ муносибатҳоро оид ба муқаррар намудан, пардохтан ва ситонидани андоз ва боҷу хироҷ, муносибатҳои назорати андоз ва ҷавобгарӣ, цонуни буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, муносибатҳои ҷараёни ташаккули даромад ва харҷи буҷетҳои ҳамаи сатҳҳоро танзим мегардонад.

Гурӯҳи дигари сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявиро қонунҳои кодекснашуда ташкил медиҳанд, ки онҳоро ба ду зергурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: қонунҳое, ки пурра ба қонунгузории молиявӣ нисбат доранд ва аз меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ иборатанд; қонунҳое, ки  баъзе меъёрҳои (гурӯҳи меъёрҳои) ҳуқуқи молиявиро дар бар мегиранд. Аз байни гурӯҳи якум қонунҳо «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», қонунҳои ҳар сол қабулшавандаро дар бораи буҷет ва ғайраро номбар кардан мумкин аст. Ба гурӯҳи дуюм Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраро дохил кардан мумкин аст.

Ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии сатҳи давлатӣ амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои идоравӣ ва мактубҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру дастурҳо ва низомномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳоказо мансубанд. Вале набояд аз хотир баровард, ки санадҳои меъёрии идоравӣ на бар ивази худи қонунҳо, балки дар асоси қонун ва барои иҷрои қонун бояд қабул карда шаванд.

Амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими ҳуқуқи молиявӣ асосан хусусияти ташкилӣ доранд, яъне дар онҳо ба мақомоти ҳокимият доир ба таҳияи ин ё он санади меъёрӣ дастуру супориш дода шудаанд, онҳо самти фаъолияти мақомоти молияро муайян менамоянд ва баъзан, дар сурати набудани санади зарурии меъёрӣ (ё худ нопурра будани санади ҷории меъёрии ҳуқуқӣ), қоидаҳои мушаххаси рафтор низ доранд, ки барои ҳамаи иштироккунандагони муносибатҳои молиявӣ таъин шудаанд.

Шумораи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои молияи давлат бисёр аст. Аз ҷумла, инҳо қарорҳое мебошанд, ки вазъи ҳуқуқии мақомоти молияи махсус таъсисдодашударо муайян менамоянд, шартҳои асосии нашр кардан ва ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатиро танзим мегардонанд.

Санадҳои меъёрие, ки Бонки миллии Тоҷикистон қабул менамояд, гурӯҳи махсуси сарчашмаи ҳуқуқи молиявӣ ба шумор мераванд. Онҳо ба амр, низомнома ва дастурҳо тақсим мешаванд. Санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон қоидаҳоеро дар бар мегиранд, ки барои дигар ташкилотҳои кредитдеҳ таъин гардида, ба меъёрҳои гуногуни бонкӣ, қоидаҳои муомила кардан бо нақдина, кушодану бастани суратҳисобҳо, ба пешниҳоди маълумот, пешбурди ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳоказо дахл доранд.

Шартномаи меъёрӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи молиявӣ нисбатан ба қарибӣ эътироф гардида, вусъат ёфт. Сарчашмаи ҳуқуқи молиявӣ шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байни субъектҳои ҷудогонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Воқеан, шартномаҳои меъёрии байналмилалӣ метавонанд муносибатҳои молиявиро бевосита танзим гардонанд ва метавонанд оид ба қабул кардани ин ё он санади меъёрии соҳаи танзими молиявӣ ӯҳдадорӣ дошта бошанд. Масалан, ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо пулҳои «ҳаром» ва «ҳалол», яъне қонунӣ кардани онҳо боиси қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие шуданд, ки мақсад аз онҳо пурзӯр кардани назорати молиявӣ аст.

Шартномаҳои байналмилалӣ масъалаҳои роҳ надоданро ба андозбандии дукарата дар бар гирифта метавонанд. Масалан, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукуматёои Федератсияи Россия, Беларусия, Цазоцистон: Олмон ва щ? Конвенсия «Дар бораи канорагирӣ кардан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ намудан аз андозбандӣ нисбат ба андоз аз даромад» баста шудааст.

Амсоли судӣ муддати дароз сарчашмаи ҳуқуқ эътироф намешуд. Дар замони Шӯравӣ имконияти дар мамлакати мо вуҷуд доштани амсоли судиро инкор менамуданд, вале имрӯз илми ҳуқуқ ақидаи худро дигар кардааст. Мутобиқи моддаҳои 84 ва 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои амалияи судиро дар асоси ҷамъбасти он шарҳу тавзеҳ медиҳанд, ки он дар шакли қарор, масалан, қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Қарорҳое, ки дар асоси ҷамъбасти амалияи судӣ бароварда шудаанд, аксаран на танҳо таъбиру тафсири меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ доранд, балки аслан меъёрҳои навро ҷорӣ мекунанд. Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид нашудааст, ки қарорҳои Пленумҳои мақомоти олии судӣ хусусияти барои умум ҳатмӣ доранд, аммо дар воқеъ судҳои зинаи поёнӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда онҳоро пайравӣ менамоянд ва барои умум ҳатмӣ меҳисобанд. Масъалаи эътибори ҳуқуқӣ доштани қарорҳои Пленумҳо ва табиати ҳуқуқии онҳо дар илми ҳуқуқ ҳанӯз пурра ҳаллу фасл нашудааст.

Дар системаҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи молиявӣ қарорҳо ва дигар ҳалномаҳои Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсус доранд. Мутобиқи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санадҳо ва баъзе низомномаҳое, ки Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриконститутсионӣ эътироф намудааст, беэътибор мегарданд. Ба ҳамин тариқ, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қоидаи барои ҳама ҳатмии татбиқ накардани ин санадҳоро шарҳу тасвият менамояд. Ғайр аз  ин, қарорҳои Суди конститутсионӣ, аз ҷумла фикру ақидаҳои ҳуқуқии дар онҳо баёнёфта дар саросари ҷумҳурӣ ҳатмианд (мод. 16).

Табиати ҳуқуқии қарорҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳснок аст. Аз рӯи баъзе нишонаҳои худ қарорҳои он ба амсоли судӣ наздиканд, вале чунин айният зоҳирӣ асту бас, зеро қарорҳои Суди конститутсионӣ хусусияти барои ҳама ҳатмӣ доранд. Дар онҳо қоида – рафторе тасвият меёбад, ки дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад ва ин онҳоро бо нишонаҳои барои санади ҳуқуқӣ хос наздик месозад.

test

Добавить комментарий