Амалисозии ҳуқуқ

 Мафҳуми  амалисозии  ҳуқуқ

      Амалисозии ҳуқуқин дар ҳаёт ҷорӣ гаштани нишондоди ҳуқуқ, воқеиӣ гаштани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ дар фаъолияти амалии субектони ҳуқуқ аст.

Амалисозии  ҳуқуқ  ба  ду  маъно  фаҳмида мешавад: 1) чун ҷараёни амалӣ кардани ҳуқуқ ва 2) ҳамчун натиҷаи дар ҳаёт ҷорӣ гардидани нишондодҳои ҳуқуқ.

Амалигардонии ҳуқуқ ду самти асосӣ дорад: 1)амалӣ кардани меъёрҳо аз ҷониби одамон ва 2) ҷорӣ кардани талаботҳои ҳуқуқ аз тарафи мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор.

Амалисозии ҳуқуқ намудҳои гуногун дорад:

  1. Вобаста ба мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ амалигардонии онҳо (ин меъёрҳо) се намуди алоҳида дорад: 1) истифодаи ҳуқуқ – амаликунии ҳуқуқ бо роҳи истифодаи ҳуқуқҳо (иҷрои меъёрҳои ҳуқуқдиҳанда), ба монанди, истифодаи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ ва м.и.; 2) риояи ҳуқуқ – амаликунии ҳуқуқ дар шакли худдорӣ намудан аз талаботҳои манъкунандаи ҳуқуқ (риояи меъёрҳои манъкунанда), масалан, риояи меъёрҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятии ҶТ, ё ин ки риояи м. 90 Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки мувофиқи он судя наметавонад вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизбу созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад; 3) иҷрои ҳуқуқ – амаликунии ҳуқуқ тавассути иҷрои вазифаҳои ба зиммаи шахс гузошташуда (иҷрои меъёрхои вазифадоркунанда), мисол, амалӣ кардани м. 45 Конститутсияи қишвар, ки мувофиқи он супоридани андоз ва пардохтҳои муайянкардаи қонун вазифаи ҳар кас аст.
  2. Вобаста ба тарқиби миқдории субектони амалигардонӣ ду намуди амаликунии ҳуқуқ ҳаст: 1) фардӣ ва 2) коллективӣ. Бештари ҳуқуқҳои шахсиро шаҳрвандон мустақилона (алоҳида) амалӣ мекунанд. Вале ҳуқуқҳое ҷой доранд, ки онҳоро шахс дар алоҳидагӣ, бе иштироки одамони дигар (ҳамкорон) истифода карда наметавонад. Масалан, ташкили ҳизби сиёсӣ шумораи муайяни одамонро металабад. Ғайр аз он, м. 31 Конститутсияи Тоҷикистон имконияти муроҷиати коллективонаи шаҳрвандонро ба мақомоти давлатӣ пешбинӣ мекунад.
  3. Аз рӯи сатҳи ҷорӣ шудани ҳуқуқ амалигардонӣ намудҳои зайл дорад: 1) амаликунии нуқтаҳои умумии ҳуқуқ, ки дар муқаддимаи қонунҳо инъикос шудаанд; 2) амаликунии моддаҳое, ки вазифаҳо ва принсипҳои ҳуқуқро муайян мекунанд; 3) амаликунии меъёрҳое, ки ҳолати ҳукуқии мақомоти давлатиро пешбинӣ кардаанд; 4) амаликунии меъёрҳои мушаххас.
  4. Вобаста ба алоқа бо муносибатҳои ҳукуқӣ амалигардонӣ ба ду намуди мустақил ҷудо мешавад: 1) амаликунии меъёрҳои ҳукуқ бидуни муносибатҳои ҳуқуқӣ ва 2) вобаста ба (дар ҷараёни) муносибатхои ҳукуқӣ. Як шакли амаликунии ҳуқуқ бидуни муносибатҳои ҳуқуқӣ – ин худдорӣ намудан аз амалиётҳои манъкардаи қонун аст. Инсон дар ҳаёти ҳамарӯзааш меъёрҳои манъкунандаро риоя мекунад, аз рафтори зиддиҳуқуқӣ (ҷиноят ва ғ.) худдорӣ мекунад. Барои ин шакли амаликунӣ муносибатҳои ҳукуқӣ хос нестанд. Шакли дигари ин амалигардонӣ – амалиётҳои фаъолона роҷеъ ба амалӣ кардани ҳуқуқҳо ва иҷрои вазифаҳо аст. Ин амалиётҳо аз санадҳо бармеоянд. Масалан, риояи қоидаҳои нақлиёт, иштироки шаҳрвандон дар намоиши сиёсӣ, баромад кардан дар гирдиҳамоӣ. Амалигардонии ҳуқуқ дар мавридҳои дигар муносибатҳои ҳуқуқиро талаб мекунанд. Масалан, шартномаҳои гражданӣ, созишномаҳо муносибатҳои ҳуқуқиро ба миён меоранд. Муносибатҳои ҳуқуқие низ ҷой доранд, ки бо ташаббуси шаҳрвандон (мисол, пешниҳоди даъво ба суд) ё мақомоти давлатӣ (истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ) пайдо мешаванд. Қисми дигари муносибатҳои ҳуқуқӣ дар асоси санади мақомоти босалоҳияти давлат пайдо мешаванд (масалан, дар асоси ҳукми суд, фармони роҳбари донишгоҳ дар хусуси хориҷ кардани донишҷӯ). Ин қабил муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҷараёни татбиқи ҳуқуқ пайдо мешаванд (тағйиру қатъ мегарданд).

 

 

 

 

24.2.  Татбиқи  ҳуқуқ

 

      Татбиқи ҳуқуқин фаъолияти мақомоту ашхоси босалоҳияти давлат аст, ки барои амаликунии воқеии ҳуқуқ равона шудааст.

Татбиқи ҳуқуқ дар ҳолатҳои зерин дучор мешавад:

1) дар мавридҳое, ки зарурияти дахолат ё назорати давлатӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ ҷой дорад: масалан, барои ҷудо кардани замин, таъини нафақа, додани шиноснома фаъолияти дахлдори давлат лозим аст;

2) бо мақсади қабули санади ҳокимиятӣ барои танзими муносибатҳои ҳокимияту тобеият, ки байни мақомоти давлатӣ, дар дохили онҳо, байни ашхоси мансабдор ҷой доранд, чунончи, фармони Прокурори генералӣ дар хусуси таъини прокурорҳои тобеъ, фармони Президенти Тоҷикистон дар хусуси таъини раисони вилоят, шаҳр, ноҳия;

3) дар сурати пайдо шудани баҳси ҳуқуқӣ оиди ҳуқуқ; агар тарафҳо нисбати ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ба созиши дахлдор наоянд, онҳо барои ҳалли баҳс ба мақомоти дахлдор муроҷиат мекунанд, чунончи, баҳсҳои хоҷагии байни корхонаҳоро суди иқтисодӣ ҳал мекунад;

4) ҳангоми содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ, барои татбиқи ҷазои ҷиноӣ, чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ, истифодаи чораҳои огоҳсозӣ, пешгирсозӣ, ҳуқуқбарқароркунӣ.

Татбиқи ҳуқуқ аз шаклҳои амалигардонии ҳуқуқ (истифода, риоя, иҷрои ҳуқуқ) бо хислатҳои зайл фарқ мекунад:

а) ин фаъолияти мақомоту ашхоси мансабдори босалоҳияти давлат аст; ин қабил мақомоту шахсони мансабдор бисёранд: мақоми олии қонунгузор, Президент, Ҳукумат, вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва идоракунӣ, суд, прокуратура, милиса, маъмурияти корхонаҳову муассисаҳо;

б) бо тартиби пешбиникардаи қонун мегузарад, масалан, тартиби ба кор қабул кардан, тартиби ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ ва ғ.; барои баъзе намудхои ҳуқуқтатбиқсозӣ шакли махсуси мурофиавӣ муқаррар шудааст, ба монанди, мурофиаи ҷиноӣ, гражданӣ, маъмурӣ;

в) мазмуни ҳокимиятӣ-давлатӣ дорад; талаботҳову санадҳои мақомоти татбиқи ҳуқуқ барои мақомоти дигари дахлдор, шахсони мансабдор, шаҳрвандони манфиатдор ҳатмӣ мебошанд; баъзе аз ин санадхо (ҳукми суд) аз номи давлат бароварда мешаванд;

г) мазмуну равиши фардӣ дорад, барои ҳалли ҳолатҳои (корҳои, баҳсҳои) мушаххаси ҳаёт равона мешавад, дар натиҷаи он меъёрхои умумӣ вобаста ба ҳолатҳои воқеӣ мушаххас мегарданд;

д) ҷараёни муттасилу муназзам буда, аз зинахои алоҳидаи амалиётхои ҳуқуқтатбиқсозӣ иборат аст;

е) бо қабули санади татбиқи ҳуқуқ ба итмом мерасад, ки тавассути он ҳолати мушаххаси ҳаётӣ ҳалли худро меёбад.

Азбаски татбики ҳукуқ хоси мақомоти гуногуни давлатӣ аст, он намудҳои гуногун дошта метавонад, аз қабили – фаъолияти ҳуқуқтатбиқсозии судҳо, прокурорҳо, мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти намояндагӣ, идоракунӣ ва ғ. Вале фаъолияти мақомоти ҷудогонаи давлатӣ танхо бо ҳуқуқтатбиқсозӣ маҳдуд намешавад. Масалан, Президент ғайри татбиқи мушаххаси ҳуқуқ масоили дигари давлатиро ҳал мекунад, ки салоҳияти ӯро ташкил медиҳанд, аз ҷумла, санадҳои (фармонҳои) меъёрӣ қабул мекунад, амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад ва м.и. Суд низ ғайр аз татбиқи ҳуқуқ ба ҳайси ташкилдиҳандаи ҳокимияти мустақили судӣ фаъолияти дигарро (аз қабили назорати конститутсионӣ, бекор кардани қарорҳои мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва идоракунӣ) ба ӯҳда дорад. Ҳамин тариқ, татбиқи ҳуқуқ як намуди (ё соҳаи) фаъолияти мақомоти давлатӣ аст.

 

24.3.  Зинаҳои  татбиқи  ҳуқуқ

 

Татбиқи ҳуқуқ фаъолияти мураккаб буда, аз зинаҳои зайл иборат аст: таҳлили ҳолатҳои воқеии кор, муқаррар кардани асоси ҳукуқии кор ва қабули санади татбиқи ҳуқуқ.

Дар зинаи таҳлили ҳолатҳои воқеии кор маҷмӯи зарурии ҳолатҳои воқеӣ (масалан, вақт, ҷой, тарзи содиршавии ҷиноят, шахси ҷинояткор, шакли гуноҳ ва ғ., ё ин ки ҳолатҳои бастани шартнома, мазмуни он, даъвоҳои тарафайн ва ғ.) муқаррар карда мешаванд, ҳар яке аз онҳо санҷида, дар мавридҳои зарурӣ бо далелҳо (гузаронидани экспертиза, нишондоди шоҳид ва ғ.) исбот мегарданд. Ҳолатҳои воқеӣ бо воситаҳои иҷозатдодаи қонун ҷамъ шуда, аз нигоҳи мурофиавӣ мустаҳкам карда мешаванд. Далелҳои ҷамъшуда бояд ба талаботҳои муайян ҷавоб диҳанд, аз ҷумла, бояд ба кори дидаистода мутааллиқ бошанд (истифодаи онҳоро қонун иҷозат диҳад), дар ҳаҷми пурра ҷамъ шаванд.

Дар натиҷаи таҳлили ҳолатҳои воқеии кор ҳақиқати айнӣ бояд муқаррар гардад. Барои ин зарур аст, ки ҳолатҳои воқеии ҷамъшуда саҳеҳ бошанд, санҷида шуда бо далелҳо исбот гарданд. Ғайр аз он, ҳолатҳои воқеии санҷидашуда бояд аҳамияти ҳуқуқӣ дошта бошанд, ба талаботҳои меъёрҳои дахлдори ҳуқуқ ҷавоб диҳанд, асоси ҳукуқии ҳалли кор шаванд.

      Муқаррар кардани асоси ҳуқуқии кор иҷрои амалиётҳои зеринро талаб мекунад: интихоби меъёри ҳуқуқ, омӯзишу санҷиши матни қонун ё санадҳое, ки дар он меъёри интихобгашта ҷойгир аст; муқаррар кардани амали меъёри ҳуқуқ дар вақт, фазо ва нисбати шахсони алоҳида, равшан сохтани (тафсири) мазмуни меъёри ҳукуқ.

Барои интихоби меъёри ҳуқуқ мавофиқати байни ҳолатҳои вокеии кор ва гипотезаи меъёрро бояд санчид. Нуктаҳо ва принсипҳои умумии ин ё он соҳаи (институти) ҳуқуқ, масалан, меъёрҳои қисми умумии Кодекси ҷиноӣ ё гражданӣ низ ба инобат гирифта мешаванд. Ҳамон меъёре интихоб мешавад, ки барои ҳалли кор зарур аст. Баъзан ду ва зиёда меъёрҳо интихоб мешаванд, ва танҳо дар якҷоягӣ онҳо асоси ҳукуқии ҳалли кор мешаванд.

Байни меъёрҳои интихобгашта зиддият (коллизия) мумкин аст мушоҳида гардад. Дар чунин мавридҳо салоҳияти мақомоти қабулкардаи ин меъёрҳо ва вақти қабули онҳо ба инобат гирифта мешавад, яъне меъёре истифода мешавад, ки аз тарафи мақомоти мавқеи баландтар ва баъдтар қабул шудааст.

Ҳангоми интихоби меъёр матни қонун ё санади дахлдорро бояд санҷид. Барои ин якчанд ҳолатҳоро бояд равшан кард: қонун ё санад эътибори ҳукуқӣ пайдо кардааст ё не, аз кай мавриди амал қарор мегирад, ба он кадом тағйироту иловаҳо ворид гаштаанд, қувваи бозгашт дорад ё не. Чун қоида матни расмии қонун ё санадро бояд истифода кард. Ҳангоми истифодаи нусхаҳои алоҳида чопшуда (дар ротапринт ва ғ.) ба хатоҳои чопӣ бояд таваҷҷӯҳ намуд. Ҳамчунон тафсирҳои ҷойдоштаро нисбати меъёр истифода бурдан лозим.

Барои муайян кардани амали меъёри (ё меъёрҳои) интихобгашта дар вақт, фазо ва нисбати ашхоси алоҳида ҳолатҳои зеринро бояд аниқ кард: эътибори ҳукуқӣ доштани меъёр дар шароити ҳалли кор; амали ҳудудии меъёр нисбати кори ҳалшаванда; ба иштирокчиёни кор (муносибати ҳуқуқӣ) паҳн шудани меъёр. Дар асоси онҳо дар амалия боз чандин масъалаҳои мушаххасро равшан сохтан лозим меояд, масалан, бояд муқаррар кард, ки меъёр дар кадом санад (санади умумидавлатӣ, аз қабили қонун, ё санади маҳаллӣ, масалан, қарори Маҷлиси вакилони вилоят) ҷойгир аст; шахсе, ки иштирокчии муносибати ҳукуқист, вакили халқ аст ё шахси қаторӣ ва ғ.

Барои муайян кардани асоси ҳукуқии кор меъёри интихобгаштаро бояд шарҳ дод. Тафсири меъёр, мукаррар кардани мазмуни дохилии он бо шаклу усулҳои муайян мегузарад.

Дар зинаи охирин дар асоси ҳолатҳои воқеии ҷамъшуда (таҳлилгашта) ва меъёри ҳуқуқ (омӯхташуда) кор ҳал мешавад. Ҳалли кор дар шакли санади татбиқи ҳуқуқ сурат мегирад. Қабули санади татбики ҳуқуқ – зинаи хотимавӣ, вале бомасъулият аст. Бо ин санад ҳолати (кори) мушаххаси ҳаётӣ ҳал мегардад, тақдири кор ва баъзан инсон (ҳангоми баровардани ҳукми суд) ҳал мешавад. Қабули ҳар як санади ҳуқуқтатбиқсозӣ (фармони сардори корхона дар хусуси аз кор рондан, татбиқи чораи ҷавобгарии интизомӣ, қарори суд дар хусуси тақдири фарзандон ҳангоми қатъи никоҳ ва ғ.) аз шахси босалохият масъулияти калонро металабад. Бинобар он, қабули ин қобил санадҳо фаъолияти эҷодиро металабад, дар асоси таҳлили беғаразона ва айнии тамоми ҳолатҳои воқеии кор, омӯзиши ҳаматарафаи меъёрҳои ҳуқуқ сурат мегирад.

 

 

 

24.4.  Санадҳои  татбиқи  ҳуқуқ

 

      Санадҳои татбиқи ҳуқуқ гуфта санадҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори босалоҳиятро меноманд, ки вобаста ба ҳолатҳои мушаххаси ҳаёт, нисбати шахсони муайян бо мақсади аниқ кардани ҳукуқу ӯҳдадориҳо ё истифодаи чораҳои ҷавобгарии ҳукуқӣ қабул шудаанд.

Санадҳои ҳуқуқтатбиқсозӣ нишонаҳои зерин доранд:

1) аз ҷониби мақомот ё ашхоси мансабдори босалоҳият қабул мешаванд (Президент, вазирон, раисони вилоят, шаҳру ноҳия, суд, прокурорҳо ва ғ.); санадҳои ҳукуқтатбиқсозиро ҳамчунон мақомоти худидоракунии шаҳру деҳа (ҷамоат) қабул карданашон мумкин аст; ғайр аз он, баъзе баҳсҳои ҳуқуқиро, масалан, баҳсҳои коллективӣ-меҳнатии ғайридаъворо комиссияҳои мусолиҳа ва ҳакамоти меҳнатӣ баррасӣ менамояд;

2) шаклҳои махсуси ифодаи расмӣ доранд, ба монанди: ҳукм, қарор, фармон ва ғ.; матни онҳо бо риояи қоидаҳои махсус навишта мешавад;

3) аҳамияти фардӣ доранд, барои шахсони муайян қабул мешаванд; меъёрҳои умумиро мушаххас мегардонанд; ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро аниқ мекунанд ё чораи аниқи ҷавобгарии ҳуқуқиро татбиқ мекунанд;

4) ичрои онҳо ҳатмӣ буда, мавридҳои зарурӣ бо чораҳои давлатӣ таъмин мешаванд (масалан, иҷрои қарорҳои судро оиди парвандаҳои гражданӣ судиҷрочӣ таъмин мекунад, барои иҷрои ҳукми суд дар шакли ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ муассисаҳои иҷрои ҷазо амал мекунанд).

Санадҳои татбиқи ҳуқуқ намудҳои гуногун доранд:

  1. Вобаста ба субъектони қабул ба санадҳои макомоти олии қонунгузор, Президент, Ҳукумат, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллӣ, маъмурияти корхонаву муассиса, суд, прокуратура, натариат ҷудо мешаванд.
  2. Аз рӯи тарзи қабул ба санадҳои дастҷамъӣ ва танҳо тақсим мешаванд. Масалан, ҳукми суд ба тарзи дастҷамъӣ, фармони сардори корхона танҳо қабул мешаванд.
  3. Аз нигоҳи мушаххасгардонии унсурҳои меъёрҳо: а) танзимсозанда (бо мақсади татбиқи диспозитсияҳо ва аниқ кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо) ва б) ҳифзкунанда (бо мақсади татбиқи санксияҳо ва истифодаи чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ) мешаванд.

Санадҳои татбиқи ҳуқуқ ба як қатор талаботҳои муҳим бояд ҷавоб диҳанд:

  1. Асоснокии санадҳо. Санади татбиқи ҳуқуқ бояд ба ҳолатҳои воқеии саҳеҳ асос ёбад. Онҳо бояд бо далелҳои қофӣ исбот шуда бошанд. Истифодаи ҳолатҳои сохташуда (ҷойнадошта), далелҳои дар қонунхо пешбинӣ нашуда мумкин нест.
  2. Қонунӣ будани санад. Санади татбиқи ҳукуқ бояд дар доираи салоҳияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, бо риояи шакли расмии ифодаи он қабул гардад. Далелҳо тавассути риояи меъёрҳои мурофиавӣ ҷамъ шаванд. Меъёри ҳуқуқ бояд дуруст интихоб гардида, асоси ҳукуқии ҳалли кор бошад. Санади ҳуқуқтатбиқсозӣ бояд бо риояи меъёрҳои дахлдор қабул шавад (мисол, ҳукми суд дастҷамъӣ, қарори суд ба таври танҳо қабул мешаванд).
  3. Мувофиқи мақсад будани санад. Дар баробари қонунӣ будан, санади ҳукуқтатбиқсозӣ дар асоси риояи принсипи адолат, бо назардошти вазъи молумулкии тарафайн, вазнинии кирдори содиршуда, сатҳи гуноҳ, ҳолатҳои вазнинкунанда ва сабуккунандаи ҷавобгарӣ қабул мешавад.

 

24.5.  Нуқсонҳо  дар  қонунгузорӣ. Қиёси  қонун  ва  қиёси  ҳуқуқ

 

      Нуқсонҳо дар қонунгузорӣ гуфта пурра ё қисман набудани меъёри ҳуқуқро меноманд, ки барои ҳалли кори мушаххас дар айни замон зарур аст.

Қонун ду тарзи рафъи нуқсонҳоро дар фаъолияти ҳуқуқтатбиқсозӣ пешбинӣ мекунад: 1) қиёси қонун ва 2) қиёси ҳуқуқ. Қиёси қонун – ин ҳалли кори мушаххаси воқеӣ дар асоси меъёри шабеҳи қонун. Қиёси ҳуқуқ – ин ҳалли кори мушаххаси воқеӣ дар асоси нуқтаҳои асосӣ ва маънии ҳуқуқ. Онҳо муттасил истифода мешаванд ва танҳо дар сурати набудани меъёри шабеҳ кор дар асоси нуқтаҳои умумӣ ва маънии ҳуқуқ (на қонун!) ҳал мешавад.

Кодекси граждании ҶТ истифодаи қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқро пешбинӣ мекунад. Мувофиқи қ. 1 м. 6 Кодекси граждании ҶТ, агар баҳсро қонунгузорӣ ё созиши тарафҳо танзим накунад ва нисбати ин баҳс анъанаҳои муомилоти корӣ ҷой надошта бошанд, пас баҳс дар асоси қиёси қонун ҳал мешавад, яъне меъёри қонунҳои гражданӣ истифода мешавад, ки муносибатҳои (баҳси) монандро танзим мекунад. Мувофиқи қ. 2 м. 6 Кодекси граждании ҶТ, агар имкони истифодаи қиёси қонун ҷой надошта бошад, пас ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо бо назардошти асосҳои умумӣ ва маънии қонунгузории гражданӣ (яъне қиёси ҳуқуқ) ва талаботи бовиҷдонӣ, хирад ва адолат муайян мегарданд.

Истифодаи қиёси қонун ва қиёси ҳуқуқ дар асоси як қатор талабот сурат мегирад, ки риояи онҳо принсипи қонуниятро дар аснои рафъи нуқсонҳо таъмин мекунанд:

1) истифодаи қиёс танҳо дар сурати набудани меъёри зарурии ҳукуқ мумкин аст;

2) аввал меъёри шабеҳи ҳамин соҳа, сипас меъёри соҳаҳои дигари ҳукуқ ва ниҳоят умуман қонунгузорӣ ба асос гирифта мешаванд;

3) истифодаи қиёс қатъиян манъ аст, агар онро қонун манъ карда бошад ва ё агар қонун пайдоиши оқибатҳои ҳуқуқиро бо меъёрҳои муайян вобаста кунад; дар соҳаи қонунгузории ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истифодаи қиёс мумкин нест, зеро ҷиноят ё кирдори маъмурӣ – амали зиддиҳукуқиест, ки барои он дар қонун пешакӣ ҷазо пешбинӣ шудааст; ин ҷо принсипи қадими ҳуқуқи римӣ амал мекунад, ки мувофиқи он – «агар қонун набошад – ҷазо нест, агар ҷазо набошад – ҷиноят нест»;

4) аз рӯи қиёс истифода намудани меъёрҳое, ки ҳуқуқи гражданиро маҳдуд сохта, масъулиятро муқаррар менамоянд, манъ аст.

test

Добавить комментарий