Шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ

Мафҳум,  таркиб  ва функсияҳои шуури  ҳуқуқӣ

       Шуури ҳуқуқӣмаҷмӯи ҳиссиёт, эҳсосот, ақидаҳо, ғояҳо, арзишҳо, нишондод, фаҳмиш, мафҳумҳои ҳуқуқист, ки муносибати одамонро ба ҳуқуқ ва зуҳуроти мухталифи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ифода мекунанд.

Шуури ҳуқуқӣ таркибан аз ду қисм иборат аст: 1) мафкураи ҳуқуқӣ ва 2) психологияи1 ҳуқуқӣ. Мафкураи ҳуқуқӣ – маҷмӯи ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқист оиди воқеияти ҳуқуқӣ. Психологияи ҳуқуқӣ – маҷмӯи ҳиссиёту эҳсосҳои ҳуқуқист нисбати воқеияти ҳуқуқӣ.

Бо мақсади ҳалли вазифаҳои дар пеш истода шуури ҳуқуқии одамони ҷудогона ва умуман ҷомеа якчанд функсияҳоро иҷро мекунад.

  1. Функсияи дарккунӣ, яъне дарки ҳаводиси ҳуқуқӣ, ки аз якчанд амалиётҳо иборат аст: эҳсоси шунавоӣ ва биноӣ, идроки ҳуқуқӣ, ҷараёни тафаккур.
  2. Функсияи танзимӣ, ки дар натиҷаи он, шахс фаъолияти хешро бо талаботҳои қонун муқоиса карда, ба равиши рафтораш баҳо медиҳад ва онро бошуурона, мустақилона, бе дахолати беруна ба шакли ҳуқуқӣ медарорад.
  3. Функсияи нусхасозии фикрӣ, ки тавассути он, шахс дар асоси дарки ҳуқуқӣ ва дар доираи мафҳуму ақидаҳои ҳуқуқии ҳосилкардааш рафтори қобили қабулро ҳосил мекунад.

Шуури ҳуқуқӣ намудҳои гуногун дорад.

1) шуури ҳуқуқии фардӣ, ки мутааллиқи шахси алоҳида аст;

2) шуури ҳуқуқии гурӯҳӣ, ки мансуби гурӯҳу табақаҳои алоҳидаи иҷтимоӣ аст;

3) шуури ҳуқуқии оммавӣ, ки мансуби иштирокчиёни гирдиҳамоӣ, намоишҳо, роҳпаймоии осоишта мебошад;

4) шуури ҳуқуқии ҷамъиятӣ, ки мутааллиқи тамоми аҳолӣ аст.

27.2.  Тарбияи  ҳуқуқӣ

 

     Тарбияи ҳуқуқӣин ҷараёни муташаккил ва мақсадноки таъсиррасонӣ ба шуури одамон аст, ки мақсади ташаккули донишу арзишҳои ҳуқуқӣ, таъмини рафтори қонунии шахсро дорад.

Дар айни замон тарбияи ҳуқуқӣ як қатор хусусиятҳо дорад, ки бо онҳо аз тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ эстетикӣ ва ғ. фарқ мекунад.

  1. Дар ҷараёни тарбияи ҳуқуқӣ нишондодҳои ҳуқуқии давлат, талаботҳои қонун вориди шуури одамон мегарданд, ки ҳисси эҳтироми қонунҳоро мепарваранд.
  2. Тарбияи ҳуқуқӣ ҳам нисбати ашхоси бовиҷдон ва ҳам вайронкорони ҳуқуқ, аз ҷумла ҷинояткорон истифода мешавад.
  3. Дар тарбияи ҳуқуқӣ шаклу воситаҳои махсуси ҳуқуқӣ истифода мешаванд.
  4. Тарбияи ҳуқуқиро одатан ашхоси дорои донишҳои ҳуқуқӣ ва тайёрии махсуси ҳуқуқӣ – тарбиякунӣ мегузаронанд (кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои иҷрои ҷазо, олимони соҳаи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносони корхонаву ташкилотҳо, адвокатҳо ва ғ.).

. Низоми тарбияи ҳуқуқӣ аз унсурҳое иборат аст, ки таркиби (сохти) дохилии ҷараёни тарбияи ҳуқуқиро муайян мекунанд. Унсурҳои низоми тарбияи ҳуқуқӣ инҳоянд: 1) субекти тарбияи ҳуқуқӣ (мақомотҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, ашхоси мансабдор, ки шуғли тарбияи ҳуқуқӣ мебошанд), 2) обектҳои тарбияи ҳуқуқӣ (фардҳо ё гурӯҳҳои иҷтимоии тарбияшаванда), 3) амалиётҳои тарбиявӣ-ҳуқуқӣ (мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ).

      Механизми тарбияи ҳуқуқӣ – аз унсурҳое иборат аст, ки мазмуни фаъолияти тарбиявӣ – ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, аз қабили шаклҳо ва воситаҳои тарбияи ҳуқуқӣ.

Тарбияи ҳуқуқӣ шаклҳои муайян дорад:

1) таълими махсуси (касбии) ҳуқуқӣ;

2) тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ;

3) тарбияи ҳуқукии ҳуқуқвайронкорон аз ҷониби мақомотҳои ҳуқуқтатбиқсозӣ ва ҳифзи ҳуқуқ.

 

27.3.  Тарбияи ҳуқуқии шахс дар соҳаи молия

 

Тартияи ҳуқуқиро ҳам ба маънои маёдуд ва ҳам ба маънои васеъ метавон тавсиф кард. Ба маънои маёдуд он бо амалӣ гардонидани вазифаи тарбиявии ҳуқуқ алоқаманд аст, ва маънои васеяш бошад (ба маънои ҳуқуқи педагогӣ) раванди махсуси ташкил ба идораи ташаккули шахс бо воситаҳои ҳуқуқие фаҳмида мешавад, ки субъектҳои махсус дар шаклҳои махсуси таълиму тарбия ва муассисаҳо ба роҳ мондаанд. Ба ҳамин тариқ, тарбия дар соҳаи молия бо ду роҳ сурат гирифта метавонад. Якум, аз он ҷо, ки ҳуқуқи молиявӣ вуҷуд дорад, вай вазифаи тарбиявиро баҷо меоварад. Дуюм, дар натиҷаи фаъолияти якҷояи мақсадноки мақомоти молия, муассисаҳои педагогӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма оид ба тарбияи ҳуқуқи молия ва ҳуқуқи иттилоотонӣ.

Роҳҳои тарбияи шахсро дар соҳаи молия алоҳида – алоҳида баррасӣ менамоем. Ба ҳамин тариқ, ҳуқуқи молиявӣ ҳуқуқи умуман ба вазифаи тарбиявӣ хосро баҷо меоварад. Ҳуқуқи молиявӣ ба ҳайси арзиш ормонҳои арзишӣ ва маданияти ҳуқуқро пойдор мегардонад ва ба ҳуқуқдонии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ таъсири баръакс мерасонад. Хусусияти таъсири тарбиявии ҳуқуқи молиявӣ аз ташаккули сатҳи баланди ҳуқуқдонӣ, қолабҳои қобили қабули рафтор дар соҳаи молия ва эҳтиром доштани қонунгузории молия иборат аст. Ҳуқуқдонии инфиродӣ ва дастаҷамъонае, ки дар соҳаи фаъолияти молиявӣ рӯи кор меояд, маҳз донистани ҳуқуқи молиявӣ, муносибат ба он ва амал кардан мутобиқи амру фармоишоти ҳуқуқи молиявӣ барин унсурҳои он объектҳои таъсиррасонии тарбиявӣ мебошанд. Вазифаи тарбиявии ҳуқуқи молиявӣ бояд нагилизми ҳуқуқиро аз шуури ҷомеа ва шаҳрвандони ҷудогона ва коллективҳои онҳо хориҷ намояд.

Субъектҳоеро, ки ба онҳо вазифаҳои тарбиявии масъулияти молиявӣ таъсир мерасонад, ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: субъектҳое, ки  ба қонуншикании молиявӣ роҳ надодаанд ва субъектҳое, ки қонуншиканӣ кардаанд. Вазифаи тарбиявии ҳуқуқи молиявӣ ба ҳар гурӯҳ ҳар хел таъсир мерасонад. Дар мавриди аввал он ба баланд шудани савияи ҳуқуқдонии онҳо равона шудааст. Дар мавриди дуюм аз шуур баровардани сабабҳои рафтори аз ҷиҳати иҷтимоӣ зиёновар аст, ки содир кардани қонуншикании молиявӣ ба онҳо вобастагӣ дорад.

Бори асосии тарбияи ҳуқуқи молиявии шаҳрвандонро бояд оила, мактаб, донишкадаю донишгоҳҳо, коллективҳои меҳнатӣ кашанд. Аҳамияти  иҷтимоии андозро, ки давлат на танҳо барои эҳтиёҷоти худ, балки барои фароҳам овардани муҳити ҳаёти босазои шаҳрвандонаш харҷ мекунад, ҳанӯз аз курсии мактаб фаҳмонидан зарур аст.

Давлат барои пурзӯр намудани тартибу ташвиқи дониши соҳаи  андоз ва молия чораҳо меандешад. Аз ҷумла дар баъзе макотиби олии таълимы асосҳои дониши соҳаи андозу молиёт ба роҳ монда шудааст. Бо ташаббуси олимони соёаи андоз якчанд китоби дарсӣ таълиф шудааст, ки мақсади онҳо дар мактаб ба роҳ мондани таълими асосҳои дониши соҳаи андозу молиёт аст. Бо ҷузъиёти андозбандӣ аз хурдсолӣ шиносонидани талабагон, ба онҳо фаҳмонидани асли мақсаду матлаби иҷтимоии он сатҳи маданияти андоздонии алҳолиро хеле баланд мебардорад.

Дар ташкили таъсиргузории тарбиявии соҳаи молия мақомоти андоз мақоми бузург доранд, ки бояд иттилооти ҳуқуқиро дар бораи андоз ва боҷу хироҷ густариш диҳанд.

Мақомоти андоз вазифадоранд ба андозсупорандагон дар бораи андоз ва боҷу хироҷи ҷорӣ ройгон маълумот диҳанд, тартиби хонапурӣ кардани ҳисоботварақи маъмулиро фаҳмонанд. Дар сохтори мақомоти андоз ба ҷуз машваратдиҳии бевоситаи нозирони (инспекторони) андоз вазифаи махсуси ҳуқуқдон ҳаст, ки ӯ вазифадор аст ба шаҳрвандони корафтода ройгон маслиҳат диҳанд, ин ё он масъаларо фаҳмонанд.

Дастуруламал[ои оид ба тартиби [исоб ва пардохти андозу пардохт[ои муцаррарнамудаи Кодекси андозро мацоми ваколатдори давлаты дар мувофиrа бо Вазорати молияи Xум[урии Тоxикистон, ва [ангоми зарурат, бо дигар маrомоти давлатии Xум[урии Тоxикистон та[ия, тасдиr ва расман нашр менамояд(б.11 м. 2 КА /Т).

Барои баланд бардоштани маданияти молиядонӣ андозсупорандагон бояд ҳуқуқи ҳам аз мақомоти андоз ва ҳам аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани шарҳу тавзеҳоти хаттиро аз рӯи масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ оид ба андоз ва боҷу хироҷ фаъолона истифода намоянд.

Мутобиқи фармони Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нозироти андоз шӯъбаҳои иттилоот ва алоқаи ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. Ба зиммаи ин шӯъбаҳо ташкили кор оид ба тарғиботи ҳаматарафаи қонунгузории андоз дар маҳалҳо гузошта шудааст. Ғайр аз ин чунин шӯъбаҳо бояд самти ояндаи фаъолияти нозироти андозро оид ба баланд бардоштани маданияти андозсупории аҳолӣ муайян намоянд. Онҳо инчунин ӯҳдадоранд дар бораи муносибатҳои ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия, аҳли ҷомеа нисбати қонунҳо оид ба андоз ва боҷу хироҷ маълумот ҷамъ кунанд, фаъолияти онҳоро таҳлил намоянд ва ба роҳбарони шӯъбаҳо маълумот диҳанд.

Зарурати дар рӯҳияи маданияти андозсупорӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва соҳибкорон мақомоти назорати соҳаи андозро ӯҳдадор месозад, ки чораҳои махсуси тарбиявию пешгирӣ андешанд. Масалан, мақомоти андоз дар таҳияи барномаи давлатии ташаккули маданияти андозсупории аҳолӣ ташаббус нишон диёанд.

Имрӯз ба роҳ мондани ҳамкории мақомоти молияи давлат ва воситаҳои ахбори омма дар бобати ташаккули рафтори ба қонун итоат кардани андозсупорандагон, пешгирии қонуншикании соҳаи андоз, дар ҷомеа ташаккул додани муносибати манфӣ ба андозсупорандагони ноинсоф хеле муҳим мебошад.

 

27.4. Фарҳанги  ҳуқуқӣ

 

      Фарҳанги ҳуқуқӣ – як намуди фарҳанги ҷамъиятӣ аст, ки вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ҷомеаро ифода намуда, дар хусуси сатҳи шуури ҳуқуқӣ маълумот дода, тамоми арзишҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад.

Фарҳанги ҳуқуқӣ аз се омили асосӣ вобаста аст: 1) сатҳи шуури ҳуқуқии аҳолӣ; 2) сатҳи фаъолияти ҳуқуқӣ; 3) сатҳи санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ.

Фарҳанги ҳуқуқӣ ба фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва фарҳанги ҳуқуқии шахсӣ ҷудо мешавад.

            Фарҳанги ҳуқуқӣ се сатҳи дарки ҳодисаҳои ҳуқуқӣ дорад:

1) сатҳи оддии фарҳанги ҳуқуқӣ, ки дар ҳаёти ҳамарӯзаи одам, ҷараёни фаъолияти ҳуқуқии муқаррарӣ ташаккул меёбад;

2) сатҳи касбии фарҳанги ҳуқуқӣ, ки мутааллиқи ҳуқуқшиносон буда, дар ҷараёни омӯзиши донишҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти касбӣ ташаккул меёбад;

3) сатҳи илмӣ-назариявии фарҳанги ҳуқуқӣ, ки мансуби олимон буда, дар ҷараёни тадқиқотҳои илмӣ-ҳуқуқӣ ҳосил мешавад.

1 Психология – истилоњи юнонї буда, маънояш таълимот оиди рўњ аст; психология – илмест, ки ќонунњо ва њодисањои њаёти рўњии одамонро меомўзад; вазъи психикии инсон бо истилоњи «рўњї» ифода мешавад.

test

Добавить комментарий