Маълумоти асосӣ дар бораи давлат ва ҳуқуқ

 Мафҳум ва моҳияти давлат ва ҳуқуқ

Сабабҳои бавуҷудоии давлат. Маълум аст, ки давлат ва ҳуқуқ падидаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиеанд, ки дар даврони муайяни инкишофи ҷомеаи инсонӣ ҳамчун шакли ҳамзистӣ ва воситаи нигоҳдошти тартибот ва низом ба миён омадаанд. Чун онҳо падидаи абадӣ ва ибтидоии олами инсонӣ нестанд пас яқин онҳо дар замоне бо фарорасии омилҳои муайян пайдо шудаанд. Ҳамин омилҳои пайдошавии давлат ва ҳуқуқро дар масири таърих ҳамчун омил ва ё сабабҳои пайдоиши давлат ва ҳуқук меноманд. Новобаста аз оне, ки давлат ва ҳуқуқ падидаҳои иҷтимоии ба ҳам сахт тавъаманд, ки аз бисёр ҷиҳат мавҷудияти онҳоро бидуни якдигар тасаввур кардан мумкин, омилҳо ва сабабҳои пайдоиши онҳо айнияти умумӣ ва яксон нестанд. Ин ҷудоӣ ва тафовут аз таъиноти махсусгардонидашуда ва вижагиҳои хосаи давлат ва ҳуқуқ манбаъ мегирад. Яъне омил ва сабабҳое, ки боиси ба вуҷуд омадани давлат ва ҳуқуқ гаштаанд, қабл аз ҳама вобастагӣ лдоранд ба таъиноти хосаи ин падидаҳо ва сипас онҳо тобеъи қонуниятҳои пурракунандаи якдигарӣ мебошанд.

Аз ин дидгоҳ аз назари одӣ чӣ чиз метавонад сабаби пайдоиши давлат гардад? Ва оё ин сабабҳо дар тамоми кураи замин нисбат ба ҳама давлатҳо якхелаанд ва ё вобаста ба навъҳои нахсутин давлатҳо, вобаста ба таъиноти иҷтимоии давлатҳо ва дигар таъсирҳо аз ҳам тафовутҳо доранд? Агар сухан дар бораи сабаби пайдоиши давлатҳо равад вобаста ба навъи таърихиашон онҳо одатан фарқ доранд. Албатта, мумкин аст дар натиҷаи таҳлил чанд сабаби умумии онро, ки хоси кулли давлатҳост ҷудо намуд, дар чунин сурат сабабшиносӣ ба қонунияти пайдоиши давлат майл менамояд. Аз ин дидгоҳ сабабҳои пайдоиши давлатҳо аз назари ҷузъӣ вижагиҳои худро дорад аз назари умумӣ умумиятҳоро. Мисол, давлатҳои зироатпарварии Осиёи Марказӣ як қатор сабабҳои умумиятдоштаро барои пайдоиши давлатҳои зироатпарӣ дороаст. Ин сабабҳо: зарурияти ташкили меҳнати якҷояи зироатпарварон, зарурияти тақсими меҳнат, зарурияти тақсими олоти меҳнат, зарурияти идораи амволи ҷамъиятӣ ва тақсими фоида, тақозои тақсими ваколатҳо ва ташкили идораи давлатӣ, зарурияти нигоҳдоштани ягонагии аъзоёни ҷомеа ва амсоли инҳо. Аммо дар давлатҳои аврупоӣ дар пайдоиши давлатҳои классикӣ, чи тавре, ки Ф. Энгелс муайян намудааст сабабҳои асосӣ чунин буданд: тақсими ҷамъиятии меҳнат, пайло шудани моликияти хусусӣ, пайдо шудани синфҳои доро ва нодор ва муборизхаи оштинопазири байни синфҳо. Натиҷаи ин раванд буд, ки давлат барои нигоҳдоштани ҳамин зиддият таъсис ёфт. Вижагиҳои пайдоиши ҳуқуқи синфӣ ва таҳмилӣ қабл аз ҳама хизмат намудан ба дастгоҳи давлатист. Омилҳои тавлидкунандаи он нигоҳ доштани тартибот, қонунӣ гардонидани низоми тақсимот, пешниҳод кардани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, пешниҳоди ваколати қудрат ва тавоноӣ барои иддае, ташкили ҳокимияти умумии дорои сифатҳои сиёсӣ, таъмин намудани адолат, инсоф ва дигар меъёрҳои баробаркунанда. Ба зами ин боз давлатҳое ҳастанд, ки омилҳои пайдоиши онҳо аз ин сабабҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Мисол, сабаби пайдоиши давлати олмонӣ, ки дар натиҷаи муборизаи беруна вусъат гирифта раванди парокандашавии сохтори авлодиро тезонидааст, боз махссияити худро дорад.

Дар масъалаи пайдоиши давлатҳои баъдӣ ва ё замони нав дигар сабабу омилҳо мавҷуданд, ки ба пайдоиши онҳо мусоидат намудаанд. Ин ҷо ҷангу ҷидол, фуруравии салтанатҳо, тадриҷан завол ёфтани давлатдориҳо ва ҳатта таъсири омилҳои ҷуғрофию табиӣ сабаб шуда метавонад.

 

§ 2. Қонуниятҳои бавуҷудоии давлат ва ҳуқуқ

Қонунияти ба вуҷудоии давлат ва ҳуқук дар таносуб аз омилҳои он умумияти эътирофшударо доро аст, ки мавҷудияти он дар ҳама халқу миллатҳо дар арафаи бунёди давлатдориашон мавҷуд аст. Ба сифати чунин қонуниятҳо мумкин аст ин сабабҳоро номар кард: 1. Тақсимоти бузурги ҷамъиятии меҳнат=зироаткорон, чорводорон, ҳунармандон, моҳидорон ва ғ.; 2. Пайдоиши моликият=хусусӣ, шахсӣ, ҷамоавӣ; 3. Ташаккули синфҳо=мехнаткашон, маъмуриятчиён, дороён, ҳокимон, коҳинон.; 4. Мураккабшавии муносибатҳои ташкилӣ идоракунӣ ва зарурияти идораи муносибатҳои ҷамъиятӣ; 5. Зарурияти танзими муносибатҳои хуқуқии байни аъзоёни ҷамъият. 6. Зарурияти муайян намудани мақоми ҳуқуқии амволи шахсӣ ва ҷамоа.

Нисбат ба ҳуқуқи табиӣ бошад вай қабл аз пайдоиши давлат вуҷуд дошта дар аҳди ҳокимияти ҷамоавӣ то ҳадде рушд ёфтааст. Омили пайдоиши он мураккаб шудани муносибати байни нахустинсонҳо ва мураккабшавии муносибатҳои оилавӣ ва авлодӣ буд. Ҳуқуки табиӣ дар он даврон дар паҳнои ҳокимияти ҷамоавӣ амал мекард.

Назарияҳои асосии бавуxудоии давлат ва ҳуқуқ. Дар омӯзиши сабабҳо ва қонуниятҳои пайдоиши давлат ва ҳуқуқ андешаҳои гуногун ва назарияхои мухталифи олимони назариётчӣ ва мутахассисони таърихи ҳуқуқ мавҷуд аст. Ин назарияҳо натиҷаи аз дидгоҳҳои мухталиф баҳо додан ба воқеияти пайдоиши давлат аст, ки ба унсурҳои ҷудогона ва сабабҳои мушаххас диққати бештар дода мешавад. Дар илми назарияи давлат ва ҳуқук чунин андешаю назарияҳои мухталифро доир ба пайдоиши давлат ва ҳуқуқ назарияхои пайдоиши давлат ва ҳуқуқ меноманд. Дар илми ҳуқуқшиносӣ чунин назарияҳо маълум ва машҳур аст:

Назарияи илоҳии пайдоиши давлат ва ҳуқуқ, ки пайдоиши давлат ва ҳуқуқро мансуби қудрати илоҳи медонад.

Назарияи табиии пайдоиши давлат ва ҳуқуқ, ки пайдоиши давлат ва ҳуқуқро натиҷаи инкишофи табиии муносибатҳои иҷтимоӣ меҳисобад. Ҳуқуқ ва давлат барои қонеи талаботи табиии инсон, ки барои зиндагии фардӣ ва иҷтимоӣ мувофиқат мекунад ба миён омадааст.

Назарияи органикии пайдоиши давлат ва ҳуқуқ, ки онҳо давлат ва ҳуқуқро чун организмҳои зинда эътироф намуда, пайдоиши давлат ва ҳуқуқро натиҷаи инкишофи организми зинда мешуморанд.

Назарияи марксистӣ-асоси пайдоиши давлат ва ҳуқуқро дар тақсимоти меҳнат, пайдоиши моликияти хусусӣ ва пайдоиши синфҳои доро ва нодор бо муборизаи оштинопазири онҳо.

Назарияи зӯроварии пайдоиши давлат ва ҳуқуқ, ки асоси пайдоиши давлат ва ҳуқуқро дар уроварӣ ва ҷангҳо мебинад.

Назарияи шартномавии пайдоиши давлат ва ҳуқуқ, ки асоси пайдоиши давлат ва ҳуқуқро дар шартнома ва қарордоди байни халқ ва ҳоким шарҳ медиҳад.

Мафҳум ва намудҳои навъҳои таърихии давлат ва ҳуқуқ.

Давлат ва ҳуқук дар масири инкишофи худ чанд давраҳои муайянро бо вижагиҳои хоси ташкили идора, нерӯхои истеҳсолкунанда ва синфу табақахои мавҷуда паси сар намудаанд, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ онҳо чун навъҳои таърихии давлат шинохта мешаванд. Навъҳои таърихии давлат вобаста ба аломатҳои гуногун ба намудҳои мухталиф тақсим мешаванд. Намудҳои нисбатан маъмули эътирофшудаи он ин форматсионӣ ва тамаддунӣ мебошад. Навъҳои форматсионӣ вобаста ба форматсияиҳои ҷамъиятӣ тақсим мешаванд:

-навъи давлат ва ҳуқуқи ғуломдорӣ,

– навъи давлат ва ҳуқуқифеодалӣ,

– навъи давлат ва ҳуқуқи капиталистӣ,

– навъи давлат ва ҳуқуқи сотсиалистӣ.

Вобаста ба тамаддунҳо бошад давлат ва ҳуқуқро мумкин аст ба навъҳои мухталиф вобаста ба тамаддунҳо ҷудо намуд. Дар ин навъи давлат ва ҳуқуқ омилҳои фарҳангӣ, динӣ ва рӯҳӣ ба инобат гирифта мешавад. Мисол, давлат ва ҳуқуки тамаддунӣ элинистӣ, давлат ва ҳуқуқи тамаддуни шарқи қадим, давлат ва ҳуқуқи анъанавии африқоӣ, давлат ва ҳуқуқи тамаддуни мусулмонӣ, давлат ва ҳуқуқи асрҳои миёнаи аврупоӣ ва ғ.

Таърифҳои давлат. Давлат падидаи сиёсӣ ва ҳуқуқист, ки бо вазифа ва таъиноти муайян дар ҷомеа амал менамояд. Гузашта аз он давлат дар масири таърих навъҳо ва шпаклҳои мухталифи худро паси сар кардааст. Аз ин рӯ, аз қадим баҳо нисбат ба воқеияти ин падида якзайл ва умумӣ буда наметавонад. Вобаста ба табиати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ давлатро ба тарзҳои гуногун таъриф додаанд. Мисол, В.И. Ленин давлатро вобаста ба моҳияти синфиаш чунин таъриф додааст: «Давлат машинаест, ки барои нигоҳдории ҳукмронии як синф аз болои синфи дигар хизмат мекунад». Аммо ин таъриф ба мазмуни давлатҳои демократӣ, ки аз ҷониби халқ таъсис ёфта барои идораи умум хизмат менамояд мувофиқат намекунад. Таърифи нисбатан умумиятдоштаи давлат айни ҳол чунин аст: «Давлат ин шакли ташкили ҳокимияти сиёсист, ки бо мақсади иҷрои вазифаҳои синфӣ ва ё дигар вазифаҳое, ки аз табиати ҷомеаи дахлдор ба миён меояд, фаҳмида мешавад».

§ 3. Нишонаҳои давлат

Давлат як шакли ташкилоти сиёсист. Вай ташкилоти одии сиёсӣ набуда, шакли махсуси ташкилоти сиёсист, ки аломатҳои хоси худро дорад. Ҳамин аломатҳои давлат дар маҷмӯъ нишонаҳои давлатро муаррифӣ мекунад. Тавассути ин нишонаҳо давлатро аз дигар ташкилотҳои сиёсӣ фарқ мекунанд. Чунинанд нишонаҳои муҳими давлат:

  1. Мавҷудияти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҷбуркунӣ
  2. Ҳудуди муайян
  3. Андоз
  4. Аҳолӣ ва соҳибихтиёрии халқ
  5. Соҳибихтиёрии давлатӣ

§ 4. Мафҳум ва аломатҳои ҳуқуқ

Ҳуқуқ ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ дар давру замонҳои мухталиф вобаста ба сатҳи шуури ҳуқуқӣ фаҳмишҳои мухталифро дорост. Олимон ва донишмандон аз ҷанбаҳои мухталиф ба мазмун ва моҳияти ҳуқуқ назар намуда, вайро таърифҳои мухталиф додаанд. Чунин мухталифӣ ва гуногунӣ аз табиати шаклҳои гуногуни ҳуқуқфаҳмӣ сар задаст. Мисол ҳуқуқфаҳмии фалсафӣ таърифи ҳуқуқро аз назари фалсафа ҳамчун меъёри ҳақиқат, адолат ва озодӣ муайян кардааст. Ҳуқуқфаҳмии таҳмилӣ бошад «ҳуқуқ маҷмӯи қоидаҳои рафтор аст, ки аз ҷониби давлат муқаррар, муҳофизат ва таъмин карда мешавад», яъне ҳуқуқ аз ҷониби давлат таҳия шудааст. Ҳуқуқфаҳмии динӣ «ҳуқуқро чун маҷмӯи қоидаҳои аз ҷониби Худо таҳия шуда таъриф медиҳад». Ҳуқуқфаҳмии иҷтимоӣ ҳуқуқро чун низоми муносибатҳои иҷтимоӣ шарҳ медиҳад. Ҳар як шакли ҳуқукфаҳмӣ мафҳумҳои ба худ хоси ҳуқуқро пешниҳод намуда намудҳои дигарро инкор менамояд. Дар айни ҳол фаҳмиши ҳуқуқи позитивӣ-таҳмилӣ, ки «ҳуқуқро маҷмӯи қоидаҳои рафтори аз ҷониби давлат муқаррар ва кафолатдодашуда меҳисобад», нисбатан эътирофшуда аст.

Нишонаҳои ҳуқуқ. Ҳуқуқ дорои аломатҳоест, ки дар маҷмӯъ ҳуқуқро ҳамчун шакли махсуси меъёри иҷтимоӣ аз дигар навъҳои меъёрҳои иҷтимоӣ ва ҳодисаҳои ҳуқукӣ фарқ мекунонад. Ҳамин аломатҳои фарқкунандаи ҳуқуқ дар илми ҳуқуқшиносӣ ҳамчун нишонаҳои ҳуқуқ фахмида мешавад. Ҳуқуқ чунин нишонаҳои умумӣ ва махсусро дорад:

  1. Ҳуқуқ ифодакунандаи ақидаҳои адолат ва озодӣ.
  2. Ҳуқуқ маҷмӯи нишондодҳои муайян аст.
  3. Ҳуқуқ аломати таъсисррасониро доро аст.
  4. Ҳуқуқ шакли муайяни ифодаёбиро дорад.
  5. Ҳуқуқ шакли шуури ҷамъиятист.
  6. Ҳуқуқ шакли муайяни ифодаёбиро дорад.
  7. Ҳуқуқ низоми муайянро дошта аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад.

§ 5. Моҳияти давлат ва ҳуқуқ, функсияҳои давлат ва ҳуқуқ

Давлат ва ҳуқуқ барои ҷомеаи инсонӣ аҳамияти бузургро доро аст. Моҳияти асосии давалт ва ҳуқуқ ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар он ифода меёбад, ки тавассути онҳо ҷамъият шакли муназзамро касб карда идоракунии давлатӣ таъмин мешавад. Аз ин лиҳоз мо моҳияти умумииҷтимоии давлат ва ҳуқуқро дарк мекунем. Дигар аз моҳияти давлат ва ҳуқуқ дар он аст, ки онҳо талаботи инсонро ба ҳаёт ва зинадгии якҷоя таъмин намуда манфиатҳои аъзоёни ҷомеаро ҳимоя мекунанд, ҳуқуқу озодиҳоро таъмин месозанд, адл ва баробариро байни одамон амалӣ менамоянд.

Функсияҳои давлат. Функсияҳои давлат гуфта самтҳои асосии фаъолияти давлатро меноманд, ки барои қонеъ намудани талаботи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсию ҳуқуқии давлат ҳамчун ташкилоти муттаҳидаи сиёсӣ равона шудаанд. Давлатҳо функсияҳои мухталифи дохилӣ ва хориҷиро дороанд. Функсияхои давлатро мумкин аст вобаста ба мазмун ба функсияхои иқтисодӣ-дар соҳаи баланд бардоштани истеҳсолдот, таъмини шароити муосиди инкишофи иқтисодиёт, корхонаҳо, ба функсияи иҷтимоӣ- таъмини шароити арзандаи зиндагии сокинон, беҳбудии ҳаёти оила ва таъмини пиронсолон, ба функсияи сиёсӣ ташкили ҳокимияти давлатӣ, таъмини фаъолияти мунтазами ҳокимияти давлатӣ, ҷалб намудани аҳолӣ дар кори идораи давлат ва ғайра тақсим намуд. Шаклҳои ҳуқуқии иҷрои фуксияҳои давлат. Чунин шаклҳои ҳуқуқии иҷрои функсияҳои давлат мавҷуд аст:

– қонунэҷодкунӣ;

– қонуниҷрокунӣ;

– қонунтаъминсозӣ.

Мафҳум ва намудҳои функсияҳои ҳуқуқ. Функсияҳои ҳуқук ин маҷмӯъ ва самтҳои асосии таъиноти иҷтимоии ҳуқуқ аст. Функсияҳои ҳуқуқ ин тарз ва усулҳои мухатлифи таъсиррасонии ҳуқуқӣ Буда дар маҷмӯъ мазмун ва моҳияти амалишавии ҳуқуқро ифода мекунад. Функсияҳои ҳуқуқиро вобаста ба мазмун ва тарзи таъсиррасониашон мумкин аст ба намудҳои мухталиф ҷудо кард. Мисол мумкин аст функсияҳои сиёсӣ, тарбиявӣ, экологӣ, иҷтимоӣ ва ғайраро ҷудо намуд. Аммо аз назари таъсиррасонӣ функсияхои ҳуқуқӣ ба чунин навъҳо тақсим мешавад:

Функсияҳои танзимсозандаи ҳуқуқӣ;

Функсияҳои ҳифзкунандаи ҳуқуқӣ.

§ 6. Шаклҳои давлат ва намудҳои он

Шаклҳои давлат аз рӯи се унсур муайян карда мешавад: шакли идораи давлатӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ. Вобаста ба шакли идораи давлатӣ давлатҳо мешаванд: шакли идораи ҷумҳуриявӣ ва монархиявӣ. Вобаста ба шакли сохтори давлатӣ давлатҳо мешаванд шакли сохтори мураккаб – федеративӣ ва сода – унитарӣ. Аз назари режими сиёсӣ бошад давлатхо мешаванд шакли режими сиёсии демократӣ ва ғайридемократӣ.

Мафҳум ва намудҳои шаклҳои идоракунии давлатӣ. Шакли идоракунии давлатӣ муайян карда мешавад аз мазмуни ташкили идораи давлат ва усулҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ. Аз ин назар дар давлатҳои ҷумҳуриявӣ халқ ҳамчун сарчашмиаи ҳокимияти давлатӣ баромад намуда дар низоми идоракунӣ роҳбари давлат тариқи интихобот сари чанд вақт муайян карда мешавад. Аммо дар шакли идораи монархиявӣ бошад, монарх тимсоли корол, шоҳ, султон ва амсоли инҳо тариқи меросбарӣ муайян карда мешаванд. Яъне инҷо тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ меросист. Шакли идораи ҷумҳурӣ вобаста ба мазмун ва махсусияти идора ба чунин намудҳо тақсим мешавад: ҷумҳурии президентӣ, парлумонӣ. Чунин ҷудонамоӣ воьбастагӣ дорад аз таъсир ва нуфӯзи ниҳодҳои давлатӣ дар ташкили ҳукумати иҷроия, аз масъулияти ҳукумат дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғ. Мисол, дар ҷумҳурии Президентӣ Ҳукумат аз ҷониби Президент ташкил карда мешавад ва назди ӯ ҳисоботдиҳанда аст.

Мафҳум ва намудҳои шаклҳои сохти давлатӣ. Шакли сохтори давлатӣ аз тарзи ташкили сохтори маъмурӣ ҳудудии ҳокимияти давлатӣ манша мегирад. Дар он диққати асосӣ ба мақоми ҳуқуқии қисмҳои таркибии воҳидҳои марзӣ ва муносибати тарафайни онҳо дода шудааст. Унитарb ин навъи давлатест, ки давлат аз сохторҳо ва воҳидҳои маъмурӣ марзии ягона ва марказонидашуда иборат аст. Давлат{ои унитарb ин давлатҳои аз назари сохтори маъмурӣ ва марзӣ ягона буда дорои як Конститутсия як мақомоти иҷроияи марказонидашуда ва як ҳокимияти намояндагии марказонида шуда мебошад. Шаҳрвандии ягонаро дорад. Мисол, Тоҷикистон, Қирғизистон ва ғ. Федеративb шакли мураккаби давлатдорист, ки дар дохили воҳидҳои сохторӣ ва маъмурии давлат мавҷудияти сохторҳои нисбатан мустақили воҳидҳои марзӣ маъмуриро дар паҳнои халқият ва миллатҳои мухталиф имконпазир медонад. Дар федератсия дар заминаи халқиятҳои мухталиф субектҳои нимамсутақили сиёсӣ чун автономияҳо ва штатҳо бо конститутсия ва сохторҳои мустақил доро мебошад. Шаҳрвандии ягонаро дорад.

Мисол, Федератсияи Россия, ИМА. Конфедеративӣ бошад ин шакли мураккаби ташкили ҳокимияти марзию маъмурист, ки дар он субъектони мустақили ҳокимияти давлатӣ бо нишонаҳои нимамустақили давлат мавҷуд аст. Ин шакли давлатдорӣ муваққатӣ буда, дар асоси шартнома ва созишномаҳо пайдо шуда пас аз мӯҳлате ё ба навъи федеративӣ ва табдил меёбад ва ё пароканда мешавад. Мисол ИДМ.

§ 7. Ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ

Ташаккул ва таҳаввули таърихии ҷомеаи шаҳрвандӣ. Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз навъҳои муҳими ташкили ҳаёти иҷтимоӣ бо ҳуқуқу ӯҳдадориҳои васеи субъектон буда, дар он навъҳои мухталифи моликият ва хоҷагидорӣ озодона дар паҳлӯи ҳам амал менамоянд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун ҷомеаи озод аз назари шакли моликиятдорӣ, хоҷагидорӣ ва ҳуқукамаликунии субъектон дастоварди замони нав аст. Вай танҳо дар ҳамбастагии устувори қонуни ҳуқуқӣ ва ҳокимияти давлатии дар асоси қонун амалкунанда вуҷуд дошта метавонад. Чунин заминаи устувори бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ давлати ҳуқуқӣ ва иҷтимолист. Давлати ҳуқуқӣ хамчун шакли ҳуқуқии ташкили ҳокимияти давлатӣ аз халқ манбаъ гирифта, волоияти қонунро таъмин намуда, ҷавобгарии тарафайни давлат ва шахсро амри зарурӣ шуморида заминаи мусоид барои ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд менамояд. Давлати иҷтимоӣ, ки вазифаи муқаддаси худ ташкили шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандонро маҳсуб донистааст, рукни муҳими рушди ҷомеаи шаҳрвандист. Зеро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ барои таъмини шароити арзандаи зиндагии худ рақобат менамояд. Давлат бо гирифтани чунин ӯҳдадорӣ муаззаф мешавад, ки дар кори таъмини зхиндагии беҳтари сокинонаш имкониятҳои баробар барои онҳо муҳаё созад.

Давлати ҳуқуқӣ чунин аломатҳо дорад: Тақсими ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти қонунбарор, иҷроия ва судӣ; таъмини волоияти қонун, ҷавобагрии тарафайни давлат ва шахс; қабули қонунҳои ҳуқуқӣ.

§ 8. Ҳуқуқэҷодкунӣ, низоми ҳуқуқ ва низоми ҳуқуқӣ,

сарчашмаҳои ҳуқуқ

Низоми ҳуқуқи кишвар падидаи васеъ ва фарох буда, дар худ манбаъҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқӣ, раванди ҳуқуқтатбиқкунӣ ва ҳатто сатҳи шуури ҳуқуқию маданияти ҳуқуқиро фаро мерирад. Низоми ҳуқуқ сохти дохилии фазои ҳуқуқист, ки аз меъёри ҳуқуқ, институти ҳуқуқ ва соҳаи ҳуқуқ иборат аст. Дар низоми ҳуқуқ мавқеи меъёри ҳуқуқ ва соҳаҳои ҳуқуқӣ назаррас аст. Бе унсурҳои номбаршуда низоми ҳуқуқро тасаввур кардан душвор аст. Мафҳуми низоми ҳуқуқ аз низоми ҳуқуқӣ фарқ дорад, охирӣ васеътар Буда, дар он ба ғайр аз унсурҳои таркибии ҳуқуқ низоми қонунгузорӣ, маданияти ҳуқуқӣ, амалияи ҳуқуқӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, инчунин муносибатҳои ҳуқуқӣ, маҷмӯи санадҳои ҳуқуқӣ, мақомоти ваколатдори ҳуқутатбиқкунанда ва ҳатто баъзан аз олимон мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро низ шомил медонанд.

Мафҳум ва таркиби муносибатҳои ҳуқуқӣ.

Муносибатҳои ҳуқуқӣ. Муносибати ҳуқуқӣ он гурӯҳи муносибатҳои ҷамъиятист, ки бо меъёрҳои ҳуқуқ ба танзим дароварда мешавад. Муносибати ҳуқуқӣ аз се қисмати таркибӣ иборат аст: субъект, объект ва мазмун. Мазмуни муносибати ҳуқуқиро ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо муайян мекунад. Ба сифати субъекти шахси мукаллафи ба синну соли муайян расида ва ё шахси ҳуқуқуқӣ ташкил медиҳад. Объекти муносибатҳои ҳуқуқиро неъматҳои моддӣ, маънавӣ ва шаклҳои дигари манфиати субъектҳо ташкил медиҳад.

Мафҳум ва принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ. Ҳуқуқэҷодкунӣ фаъолияти расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ ва халқ аст, ки тавассути он меъёрҳои ҳуқуқ дар шаклҳои муайян эҷод карда мешавад. Принсипҳо ва асосҳои роҳбарикунандаи ҳуқуқэҷодкунӣ мухталиф аст. Дар давлати демократӣ чунин рукнҳои он муҳим аст: ошкорбаёнӣ, демократӣ, мувофиқ будан ба ҳаёти воқеӣ, таҳлили илмӣ, муҳокимаи расмӣ, даврагӣ будани раванди қабули санад, ваколатдор будани мақомот ва ё субъект ва амсоли инҳо. Ҳуқукэҷодкунӣ вобаста ба субъектон мумкин аст ба ҳуқуқэҷодкунии мақомоти давлатӣ ва халқӣ ҷудо намуд. Дар аввалӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти расмӣ ҳуқуқ эҷод менамояд. Дар ҳолати дуюм бошад халқ тавассути райъпурсӣ аз навъҳои мухталифи меъёрҳои ҳуқуқ дастгирӣ менамояд. Ҳуқуқэҷодкунӣ дар низоми ҳуқуқии кишвар, мавқеи марказиро дар низоми ҳуқуқӣ ишғол менамояд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқ гуфта, шаклҳои зохирии ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқро меноманд, ки дар шакли қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ ва ё дигар навъҳои санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ баромад мекунад. Қонун ва санадҳои зерқонунӣ. Қонун санади олии ҳуқуқист, ки аз ҷониби мақомоти ваклатдори давлатӣ ва халқ қабул гардида муносибатҳои нисбатан муҳими иҷтимоиро ба танзим медарорад. Санадҳои зерқонунӣ дар асоси қонунҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва дигар мақомотии салоҳиятдор қабул мегардад. Санадҳои зерқонунӣ ба қонунҳо бояд мувофиқат кунанд. Навъҳои сарчашмаҳои ҳуқуқӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқукӣ», ки соли 2009 қабул шудааст ба пуррагӣ муқаррар шудааст. Аз назари қувваи ҳуқуқӣ Конутитутсияи ҶумҳурииТоҷикистон қувваи олии ҳуқуқиро дошта, мустақиман амал мекунад ва ин мазмун дар қисми 1 моддаи 10 Конститутсия инъикос ёфтааст.

Дар низоми ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ мавқеи асосиро ишгол меунанд. Маҳз дар заминаи меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба муносибатҳо соҳаҳои ҳуқуқӣ ҳамчун маҷмӯи соҳаҳои сифатан якхела тасниф мешаванд. Меъёри ҳуқуқ қоидаи рафтори дар санади меъёрии ҳуқуқӣ инъикосгардидааст, ки муносибатҳои ҳуқуқиро муайян мекунад, ба танзим медорорад ва ё манъ менамояд. Меъёри ҳуқуқӣ одатан аз се унсур: гипотеза, диспозитсия ва санксия иборат аст. На ҳама меъёрҳои ҳуқуқӣ ин се қисматро доранд. Меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба тарзи таъсиррасониашон ба намудҳои ҳуқуқдиҳанда, ваколатдордиҳанда, манъкунанда, ӯҳдадоркунанда; вобаста ба мазмун ва усули танзимашон диспозитивӣ ва императивӣ ва вобаста ба мазмун ва таркибашон моддӣ ва мурофиавӣ мешаванд.

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.