Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ

Ҳуқуқи экологӣ соҳаи мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи экология батанзим медарорад. Истилои экология аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, аввалин бор аз ҷониби олими олмонӣ Э. Геккел соли 1866 пешниҳод карда шуд. Экология илмест, ки аз як тараф муносибати дохилии ҳайвоноту набототу микроорганизмҳоро ва аз тарафи дигар, муносибати ҳамаи онҳоро бо муҳити зист таҳлил ва тадқиқ менамояд.

Банизомдарории ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи ҷамъияту табиат чор давраро аз сар гузаронидааст: давраи банизомдарории ҳуқуқи гражданӣ; банизомдарории ҳуқуқи замин; ҳуқуқи замину захираҳои табиӣ; ҳуқуқи экологӣ.

Ба ҳайси предмети ҳуқуқи экологӣ он муносибатҳои ҷамъиятии экологие баромад менамоянд, ки дар муносибати байни ҷамъият ва табиат бавуҷуд меоянд. Муносибатҳои мазкур асосан ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: яке муносибатҳои соҳавӣ ва дигаре муносибатҳои комплексӣ. Ба муносибатҳои экологии соҳавӣ муносибатҳои муҳофизаткунии замин, ҷангал, об, маъдан, фазои ҳаво ва олами ҳайвоноти ваҳшӣ дохил мешаванд. Ба муносибатҳои экологии комплексӣ он муносибатҳои ҷамъиятии муҳофизатие дохил мешаванд, ки онҳо оид ба муҳофизати марзҳои табиӣ, комплексу фондҳои табии-мамнуъгоҳӣ, минтақаҳои муҳофизатӣ, санитарӣ-гигиенӣ, табобатӣ-солимгардонӣ ва ғайра пайдо мешаванд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ гуфта шакли зоҳирии ифодаёбӣ ва мустаҳкамкунии меъёрҳои ҳуқуқи экологиро меноманд. Сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ он санадҳои меъёрии ҳуқуқие ҳисоб мешаванд, ки дар онҳо меъёрҳои банизомдарории муносибатҳои экологӣ ифода шудаанд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ давраҳои асосии инкишофёбии худро дошта, дар замони муосир низоми он аз қонунгузории муҳофизати муҳити табии атроф ва қонунгузории захираҳои табиӣ манбаъ гирифтааст.

Дар қонунгузории экологӣ намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи экологӣ гуногун оварда шудаанд. Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи экологиро чунин овардан мумкин аст:

  1. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои экологиро дар ҷамъият ба танзим медароранд – Кодекси замини ҶТ, Кодекси оби ҶТ, Кодекси ҷангали ҶТ, Кодекси фазои ҳавои ҶТ, Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ», Кодекси граждании ҶТ, Кодекси ҷиноятии ҶТ ва ғ.;
  3. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба танзими муносибатҳои экологӣ бахшида шудаанд – Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати табиат», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи тандурустии аҳолӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодабарӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот», Қонуни ҶТ «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодабарӣ ва муҳофизати маъданҳо», ва ғ.;
  4. Шартномаҳои байналхалқӣ-ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро дар соҳаи экология эътироф кардааст;
  5. Санадҳои зериқонунии ҶТ, ки муносибатҳои экологиро батанзим медароранд.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқи экологӣ ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ дорои предмет, метод, сарчашмаҳо, принсипҳо, меъёрҳо ва муносибатҳои худ буда, манфиати ҷамъиятию давлатиро соҳиб аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.