Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ. Низоми ҳуқуқи молиявӣ

Муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ҷамъ, тақсим ва истифодабарии мабалағҳои пули давлатӣ ба миён меоянд, тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд, инчунин бо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ба танзим дароварда мешаванд, муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ ном доранд. Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ аз субъект, объект ва мазмун таркиб ёфтаанд. Диққати махсусро барои таҳлил субъектони ҳуқуқи молиявӣ ба худ ҷалб менамоянд. Ба сифати субъектони муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат баромад менамоянд, дар сурате, ки лаёқати соҳибҳуқуқӣ (қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ) дошта бошад. Зери мафҳуми шахсони воқеӣ шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабааро (бешаҳрвандиро) дар назар доранд ва ҳар яке аз онҳо имконияти иштирок дар раванди фаъолияти молиявии давлатро доранд. Масалан, шаҳрванди ҶТ метавонад, ки ҳаёт, саломатӣ ва ё моликияти худро дар ширкатҳои суғуртавӣ суғурта намояд. Бо баробари содир намудани ин амал, вай ба иштирокчии фаъоли муносибатҳои ҳуқуқӣ-молиявӣ табдил меёбад.

Шахсони ҳуқуқӣ бошанд, ҷисми зинда нестанд. (Аз пурсиши умумии донишҷӯёни ихтисосҳои ғайриҳуқуқӣ маълум гардид, ки онҳо бо баробари шунидани ин ибора ё корманди мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ё донишманди соҳаи ҳуқуқро тасаввур менамоняд, ки ин ғалат аст.) Тибқи моддаи 48 Кодекси Граждании ҶТ ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Шахсони ҳуқуқиро аслан дар ҳуқуқи молиявӣ ба се гурӯҳ ҷудо менамоянд:

а) шахсони ҳуқуқии буҷетӣ, ки на камтар аз 70 % аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд;

б) шахсони ҳуқукии тиҷоратӣ, ки мақсади асосии фаъолияташон бадастдарории фоида аст (масалан ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ) ;

в) шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, ки мақсади асосии фаъолияти онҳо бадастдарории фоида нест, вале дар доираи мақсадҳои оинномавиашон метавонанд ба фаъолияти гуногун машғул гардида, фоида ба даст дароранд. (масалан, муассисаҳо, ташкилотҳои ғайриҳуқуматӣ).

Ба сифати объекти муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ ҳама гуна неъмат ва хизматрасониҳое баромад менамоянд, ки иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ дар доираи онҳо ба ҳам омада муносибатҳои ҳуқуқи молиявиро ба вуҷуд меоранд, тағйр медиҳанд ва ё қатъ мегардонанд. Дар доираи ин объектҳо шояд муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ бидуни ихтиёр ва иродаи иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ ба миён оянд, тағйир гарданд ва ё қатъ шаванд. Масалан муносибатҳои суғуртавӣ, ки қисмати таркибии муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ ба ҳисоб мераванд, ҳамчун қоида бо баробари фарорасии ҳодисаи суғуртавӣ (масалан, заминларза, обхезӣ, марг ва ғ.) ба миён меоянд. Чунин ҳолатро дар илми ҳуқуқшиносӣ бо унвонии «фактҳои ҳуқуқӣ» ном мебаранд, ки вай ҳамзамон рукни сеюми ҳама гуна муносибатҳои ҳуқуқӣ, минҷумла муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ ба ҳисоб рафта асосҳои пайдоиш, тағйриёбӣ ва қатъгардии муносибатҳои ҳуқуқиро ифода менамояд.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ бошанд, мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи молиявиро ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ ҳамаи ин рукнҳои номбаргардида қисматҳои таркибии муносибатҳои ҳуқуқии молиявиро созмон медиҳанд.

 

  • 5. Низоми ҳуқуқи молиявӣ

Ҳуқуқи молиявии ҶТ дорои низоми дохилии худ аст. Азбаски ҳуқуқи молиявӣ доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми ҷамъ, тақсим ва истифодабарии маблағҳои пулии давлатӣ ба танзим медарорад, сохти дохилии он низ хеле васеъ мебошад. Институтҳои таркибии он имрӯзҳо талаби мустақилӣ намуда дар баъзе мавридҳо ҳамчун соҳаи мустақил пазируфта шудаанд.

Ҳамин тавр, ҳуқуқи молиявии ҶТ танзими ҳуқуқии муносибатҳои зерини ҷамъиятиро ба ӯҳда гирифтааст, ки дар як маврид ҳамаи онҳо низоми ин соҳаро ташкил медиҳанд:

  1. Муносибатҳои пулӣ;
  2. Муносибатҳои буҷетӣ;
  3. Мурофиаи буҷетӣ;
  4. Бунёдҳои махсусгарднидашудаи пули давлатӣ;
  5. Муносибатҳои андозбандӣ;
  6. Муносибатҳои гумрукӣ;
  7. Фаъолияти бонкӣ дар ҳуқуқи молиявӣ;
  8. Танзимсозии молиявӣ-ҳуқуқии суғурта;
  9. Муносибатҳои молиявӣ-ҳуқуқии байналмиллалӣ;
  10. Назорати молияи давлатӣ;
  11. Баҳсҳои молиявӣ.

Акнун омӯзиши баъзе аз ин институтҳоро зарур шуморида, ба таҳлили онҳо мегузарем:

Муносибатҳои буҷетӣ ва мурофиаи буҷетӣ.

Пеш аз қайди аҳамияти муносибатҳои буҷетӣ зарур аст, ки бо ибраҳое мисли «буҷет» ва «мурофиаи буҷетӣ» ошноӣ пайдо намоем. Ба моҳияти ин ифодаҳо қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатӣ», ки санади асосии танзимсозандаи муносибатҳои буҷетӣ ва мурофиаи буҷетӣ аст, равшанӣ андохта метавонад. Қонуни ҶТ «Дар бораи молияи давлатӣ» 2-юми декабри соли 2002 қабул гардида аз 15 боб ва 65 модда иборат мебошад ва он асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкилии идоракунии молияи давлатӣ, тартиб додани системаи буҷету гурӯҳбандии он, ташаккул, тақсим ва истифодаи фондҳои марказонидашудаи маблағҳои пулиро муайян намуда, муносибатҳои молиявию байнибуҷетиро танзим мекунад. Қонун ҳамчунин нақши мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар иштирокчиёни просеси буҷетро дар бобати таҳия, баррасии лоиҳаҳои буҷетҳо, тасдиқ, назорати иҷрои онҳо ва ҷавобгариро барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи молияи давлатӣ муқаррар менамояд.

Қонуни мазкур маънои як қатор истилоҳҳоти молиявиро ба таври расмӣ пешниҳод намудааст. Дар он аз ҷумла таърифи расмии буҷет дар шакли зайл дода шудааст, яъне буҷети давлатӣ – захираи асосии маблағҳои пулӣ мебошад, ки дар шакли нақшаи молиявии давлат оид ба ҷамъоварӣ, аз нав тақсим кардан ва истифодаи маблағҳои пулӣ тартиб гардида, дар шакли қонун қабул ва амалӣ карда мешавад ва аз ин ҳисоб мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузошташударо иҷро менамоянд.

Мурофиаи буҷетӣ бошад – фаъолияти мақомоти иҷроияи давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар иштирокчиёни просеси буҷет оиди таҳия ва баррасии лоиҳаи буҷетҳо, фондҳои мақсадноки давлатӣ, тасдиқ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин назорати иҷрои буҷетҳо мебошад, ки ба воситаи санадҳои ҳуқуқӣ ба тартиб дароварда мешавад. Мурофиаи буҷетӣ раванди қабули қонун дар буҷети давлатиро фаро мегирад.    Зимнан бояд қайд намоем, ки дар ҶТ ягона қонуне, ки ҳар сол қабул мешавад ва барои як соли молиявӣ (аз 1-уми январ то 31-уми декабр) дахл дорад, ин маҳз қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ» мебошад. Дар раванди қабули қонуни мазкур як қатор мақомотҳои давлатӣ саҳмгузорнад. Азбакси маблағгузории солонаи ҳаёти ҷамъиятиро маҳз қонуни мазкур муайян менамояд, мақомотҳои асосии давлатӣ ба монанди Вазорати молияи ҶТ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳукуматҳои маҳаллӣ бо роҳбарии Ҳукумати ҶТ (зеро лоиҳаи интиҳоии қонунро маҳз Ҳукумати кишвар ба мақомоти қонунбарор ирсол менамояд) дар таҳия ва қабули он мусоидат менамоянд. Аммо қабули қонуни буҷет ваколати истисноии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошад, яъне ба истиснои ин мақом мақомоти дигари давлатӣ ҳуқуқи қабули қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатӣ»-ро надоранд.

Дар ин қонун ҳамзамон бо истилоҳи «маҷмуи маҳсулоти дохилӣ» чандин карат во хӯрдан мумкин аст. Маҷмуи маҳсулоти дохила гуфта, ҳосили ҷамъи арзиши тамоми мол ва хизматрасониҳоеро меноманд, ки дар қаламрави ҶТ истеҳсол гардидаанд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ маъмултарин усули ҳисоби ММД чунин аст. Яъне ҳангоми ҳисоби ММД 4 унсури асосӣ: а) ҳаҷми истеъмолот (С); б) ҳаҷми сармоягузорӣ (I); в) хароҷотҳои ҳукуматӣ (G); г) содироти (экспорт) тоза, яъне содирот бо тарҳи воридоти (инпорт) тоза (Х-М) ба инобат гирифта мешавад.

Ҳамин тавр формулаи ҳисоби ММД чунин аст:

ММД=И+С+Ҳ+(С-В)

GDP = C + I + G + (X – M) (бо ҳуруфи англисӣ).

Дар дохили ҳаҷми истеъмолот 3 – то зергурӯҳро ҷудо менамоянд: 1) истеъмоли маҳсулоти дарозмуддат (зиёда аз 3 сол, масалан, автомобил, мебелҳо); 2) истеъмоли маҳсулоти кӯтоҳмуддат (камтар аз 3 сол, масалан, сару либос, доруворӣ); 3) хизматрасонӣ. Ҳангоми бо фоиз ҳисоб кардани қисматҳои ҳаҷми истеъмолот, маълум мешавад, ки дар аксарияти давлатҳо истеъмоли маҳсулоти дарозмуддат тахминан 15%, маҳсулоти кӯтоҳмуддат – 31% ва хизматрасониҳо 54%-и қисми истеъмолоти ММД-ро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ тахминан 50-56%-и ММД аксарияти давлатҳоро маҳз ҷабҳаи истеъмолии он ташкил менамояд.

Назорати молиявӣ – институти дигари ҳуқуқи молиявии ҶТ ба ҳисоб меравад. Ба маънои васеъ зери мафҳуми назорати молиявӣ фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатиеро дар назар доранд, ки бо мақсади муайян намудани ҳолтати молиявии субъектони фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла мақсаднок истифода гардидани мабалғҳои пулӣ равона гардидааст. Дар ҳуқуқи молиявӣ вобаста ба мақомотҳои баамалбарорандаи назорати молиявӣ намудҳои гуногуни онро ҷудо менамоянд, ба монанди назорати давлатии молиявӣ, назорати асъор, назорати гумрукӣ, назорати андоз ва ғ. Дар ин миён аҳамияти нисбатан муҳимро назорати давлатии молиявӣ ишғол менамояд. Зеро барои андозсупорандагон мақсаднок истифода гардидани маблағҳои пулии давлатӣ, ки қисмати зиёдашон аз ҳисоби маблағҳои пардохтнамудаи онҳо бар меоянд, дар мадди аввал меистад. Вазифаи асосии назорати давлатии молиявӣ низ маҳз дар ҳамин ифода меёбад, ки мақсаднок истифода гардидани маблағҳои пулии давлатиро таъмин намояд.

Дар ҶТ масъалаҳои вобаста ба назорати давлатии молиявиро қонуни алоҳида мавриди танзим қарор додаст. Ин ҳам бошад, қонуни ҶТ «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ» мебошад, ки 2-юми декабри соли 2002 таҳти № 66 қабул гардида аз 5 боб ва 25 модда иборат мебшад ва он принсипҳои умумӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатии молиявиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Он барои таъмини ташкили санҷишу тафтиши воридот ва истифодаи самарабахши маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ, қарзҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти кафолати он ҷалб карда мешаванд, грантҳо, кумаки башардӯстона ва амволи давлатӣ дар шароити инкишофи муносибатҳои бозорӣ ва ташаккули бахши хусусӣ нигаронида шудааст.

Мувофиқи моддаи 2 қонуни мазкур вазифаҳои назорати давлатии молиявӣ аз инҳо иборатанд:

  • ташкил ва амалигардонии санҷиш ва тафтиши иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ аз рӯи ҳаҷм, сохтор ва таъиноти мақсаднок, инчунин самарабахшии маблағгузории давлатӣ ва истифодаи амволи давлатӣ;
  • таҳлил намудани асоснокии қисмҳои даромад ва хароҷоти лоиҳаи буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ;
  • назорати маблағгузории саривақтӣ ва пурраи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҷудошаванда, ҳамчунин назорати тақсими кӯмаки башардустона ва техникие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад;
  • назорати қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми таркибии захираҳои тиллою асъории давлат мебошанд;
  • санҷиш ва тафтиши ҳаракати қонунӣ ва саривақтии маблағҳои буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ дар бонкҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои молиявию қарзӣ;
  • назорати истифодаи мақсадноки захираҳои қарзӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд;
  • таҳлили камбудиҳои ошкоргардида дар нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ва таҳияи пешниҳодҳое, ки ба рафъи онҳо нигаронида шудаанд;
  • тафтиш ва таҳлили фаъолияти мақомотҳое, ки вазифаҳои назорати молиявии дохилиидоравиро анҷом медиҳанд;
  • назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ, инчунин таъмини ҳифзи маблағҳои давлатӣ ва амволи давлатӣ аз ҷониби онҳо;
  • ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилоот ва хулосаҳо оид ба натиҷаҳои корҳои таҳлилию назоратӣ ва дар бораи иҷрои буҷети давлатии соли сипаришуда, инчунин ҳисоботи ҷамъбастии солона оид ба натиҷаҳои тафтиш ва санҷишҳои анҷом додашуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо мақсади амалӣ намудани назорати давлатии молиявӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти назорати давлатии молиявӣ, таъсис дода мешавад, ки он мақоми асосии назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад. Низомнома, сохтор, теъдод ва фонди пардохти музди меҳнати Мақоми назоратро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Ҳангоми баррасии мавод оид ба натиҷаи санҷишу тафтишот, дар ҷаласаҳои Мақоми назорат ахборот, ҳисобот ва тавзеҳоти роҳбарон, шахсони мансабдори вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ шунида мешаванд. Баъди қабули қонуни зикршуда дар ҶТ ба сифати мақомоти баамалюарорандаи назорати давлатии молиявӣ Кумитаи назорати давлатии молиявӣ созмон дода шуд. Аз соли 2006 боз ин ҷониб бошад, иҷроиши ин масъала ба зиммаи мақомоти навтаъсис – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба муқобили коррупсия гузошта шудааст.

Доир ба намудҳои фаъолияти назорати давлатии молиявӣ дар моддаи 5-и Қонун аз ҷумла омадааст: «Дар ҷараёни татбиқи вазифаҳои дар ин Қонун зикргардида ва мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти санҷишию тафтишотӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар намудҳои фаъолият анҷом дода шуда, системаи ягонаи назорати давлатии молиявӣ ба фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, ташаккул ва иҷрои буҷети давлатӣ истифодаи амволи давлатӣ дар ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад, ки он чунин намудҳои назоратро пешбинӣ менамояд:

– гузаронидани тафтишҳои комплексӣ ва санҷишҳои мавзӯӣ оид ба иҷрои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, фондҳои давлатӣ, аз ҷумла барои нигоҳ доштани мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматрасонии қарзи дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи кӯмаки хориҷие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо кафолати он гирифта мешавад, маблағгузории ташкилот ва муассисаҳои давлатии дар хориҷа амалкунанда, инчунин истифода ва ҳифзи амволи давлатӣ;

– ташкили тафтишҳои комплексӣ ва санҷишҳои мавзӯии фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидории давлатӣ;

– гузаронидани санҷишҳои мавзӯӣ оид ба масъалаҳои қабул, истифода ва нигоҳдории фонди давлатии металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳо, ки қисми захираҳои тиллою асъори давлат мебошад;

– доир намудани санҷишҳо оиди хизматрасонии маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ;

– гузаронидани санҷишҳо оид ба хизматрасонии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон;

– ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти семоҳа оид ба натиҷаҳои фаъолияти назоратӣ ва тадбирҳои нисбати онҳо андешидашуда.»

Институтҳои дигари ҳуқуқи молиявӣ ба монанди ҳуқуқи гумрукӣ, назорати гумрукӣ, ҳуқуқи андоз ва назорати андоз бинобар васеъ будани доираи танзимашон дар мавзӯъҳои алоҳида баррасӣ хоҳанд гардид.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.