Сарчашмаҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ

Мавҷуд будани сарчашмаи алоҳидаи ҳуқуқ аз он далолат медиҳад, ки ин соҳаи мустақили ҳуқуқ аст. Ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ он санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие баромад менамоянд, ки онҳо меъёрҳои мурофиаи гражданиро дар бар мегиранд.

Сарчашмаи ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ гуфта, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиеро меноманд, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ дарҷ шудаанд.

Доираи сарчашмаҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ хеле васеъ буда, барои дуруст муайян намудани аҳамиятнокии ҳуқуқии ин ё он санад ба гурӯҳҳои муайян ҷудо намудани онҳо мувофиқи мақсад аст.

Ба ҳайси сарчашмаи асосии ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ сараввал Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекунад. Конститутсияи ҶТ – қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, заминаи инкишофи дигар соҳаҳои ҳуқуқро пешбинӣ менамояд. Дар Конститутсияи ҶТ меъёрҳое мавҷуданд, ки бевосита фаъолияти судҳои салоҳияти умумиро танзим менамояд. Дар он ҳамчунин низоми судии мамлакат, принсипҳои асосии мурофиаи гражданӣ ва талабот нисбати номзадҳо ба ишғоли вазифаи судя мустаҳкам ва муайян карда шудааст. Қонунгузории мурофиаи гражданӣ дар асос ва ба мақсади иҷрои Конститутсияи ҶТ бояд эҷод шавад.

Пас аз Конститутсияи ҶТ мувофиқи аҳамияти ҳуқуқии худ мавқеи дуввумро қонунҳои конститутсионӣ ишғол менамоянд. Қонунҳои конститутсионӣ доир ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки дар Конститутсияи ҶТ бевосита пешбинӣ шудаанд. Қонунҳои конститутсионие, ки ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ баромад менамоянд, инҳоянд: «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бори мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра.

Сарчашмаи дигари ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, ки меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии гражданиро пешбинӣ менамояд – Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санади меъёрии ҳуқуқии муҳимтарини характери кодификатсионӣ дошта маҳсуб мешавад, ки дар он аксарияти меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ дарҷ шудаанд. Кодекси мурофиаи граждании амалкунанда 14-уми ноябри соли 2007 қабул гардида, 1-уми апрели соли 2008 эътибори қонунӣ пайдо намудааст. Кодекси мазкур ба таври муфассал тартиби мурофиаи судии гражданиро танзим намуда, сохти он ба низоми ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ мутобиқ аст, яъне он дар асоси мазмун ва давраҳои мурофиаи гражданӣ тартиб дода шудааст. Кодекс аз 7 фасл, 46 боб ва 432 модда иборат мебошад. Фасли 1 – Муқаррароти умумӣ; Фасли 2 – Мурофиаи дар суди марҳилаи якум, ки дар навбати хуб ба 4 зерфасл тақсим мешавад: мурофиаи фармонӣ, мурофиаи даъвогӣ, мурофиаи парвандаҳое, ки аз муносибатҳои ҳуқуқи омма бармеоянд, мурофиаи махсус. Фасли 3 – Аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдо накарда аз ҷониби суди марҳилаи касатсионӣ; Фасли 4 – Баррасии санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдо намуда аз ҷониби суди марҳилаи назоратӣ; Фасли 5 – Истеҳсолот оид ба парвандаҳои гражданӣ бо иштироки шахсони хоричӣ; Фасли 6 – Тартиби баррасии парвандаҳо дар бораи додани варақаи иҷро барои маҷбуран иҷро намудани ҳалномаи суди ҳакамӣ; Фасли 7 – Баррасии парвандаҳои гражданӣ, ки бо маҷбуран иҷро намудани санадҳои судӣ алоқаманданд.

Қонунҳои дигари соҳаҳои мухталифи ҳуқуқи моддӣ: Кодекси граждании ҶТ, Кодекси оилаи ҶТ, Кодекси меҳнати ҶТ ва ғ. Дар кодексҳои зикргардида низ як қатор меъёрҳои мурофиавии гражданӣ дарҷ шудаанд.

Қонунҳои ҷорӣ: «Дар бораи адвокатура», «Дар бораи боҷӣ давлатӣ» ва ғ.

Санадҳои байналмилалии ҳуқуқие, ки Тоҷикистон онҳоро этироф кардааст.

test

Добавить комментарий