Субъектони мурофиа ҷиноятӣ

Мо таърифи умумии субъектони ҳуқуқро ба инобат гирифта ҳамаи шахсони дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиаи ҷиноятӣ доштаро ҳамчун субъекти мурофиаи ҷиноятӣ этироф менамоем.

Субъекти мурофиаи ҷиноятӣ гуфта, мақомотҳои давлатӣ, шахсони мансабдор ва дигар шаҳрвандонеро эътироф менамоянд, ки дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавӣ буда, дар мурофиаи ҷиноятӣ ҳамчун яктараф баромад менамояд. Мо субъектони мурофиаи ҷиноятиро чунин тасниф менамоем: 1) Суд; 2) Тарафҳо: а) субъектони мурофиаи ҷиноятӣ аз тарафи айбдоркунӣ; б) субъектони мурофиаи ҷинояти аз тарафи ҳимоя; в) дигар субъектоне, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ ёри мерасонад.

Дар адабиётҳои ҳуқуқии давраи Шӯравӣ олимон субъектони мурофияи ҷиноятиро чунин тасниф менамояанд:

  1. Субъектони мурофияи ҷиноятӣ (мақомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори он).
  2. Иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ (боқимонда ҳамаи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ).

Дар мурофиаи ҷиноятии ҶТ суд тибқи таъиноти ҳуқуқи худ салоҳияти баррасӣ ва ҳаллу фасли парвандаи ҷиноятиро доро мебошанд.

Тибқи Конститутсияи ҶТ – слоҳияти ба амал баровардани адолати судӣ, танҳо ба мақомоти суд вогузор шуда, муқаррар гаштааст, ки шахс танҳо дар сурати ба қувваи қонунӣ даровардани ҳукми суд дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор эътироф карда мешавад.

Дар илми мурофиаи ҷиноятӣ доир ба мафҳуми субъектони мурофиаи ҷиноятӣ фикру ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Масалан: М.М. Михеева ақида дорад, ки субъектони мурофиаи ҷиноятӣ ва иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ аз ҳамдигар фарқ мекунад, вале Л.Д. Какарев бар ақидаест, ки ҳардуи онҳо ҳамманоянд. Ин фикрро профессор М.М. Страгович, профессор П.Л. Элкинд ҷамъбаст намуда таъкид менамояд, ки ба ҳайси субъектони мурофиаи ҷиноятӣ мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, ташкилоти ҷамъиятӣ баромад менамоянд, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муайянро истифода намуда, фаъолиятҳои муайяни мурофиаи ҷиноятиро ба амал мебарорад. Субъектони мурофаи ҷиноятиро бо дарназардошти самти фаъолият ва манфиаташон таснифи гуногун карда мешавад. Агар аз рӯи фаъолияти сегонаи асосии мурофиаи ҷиноятӣ тасниф намоем, субъектони мурофиаи ҷиноятиро ба чунин гурӯҳ тасниф кардан мумкин аст:

  1. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки мурофиаи ҷиноятиро ба амал мебарорад.
  2. Иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятие, ки манфиати шахси доранд ва манфиати шахсии дигарро муаррифӣ менамояд.
  3. Намояндагони коллективҳои меҳнатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, айбдоршавандаи ҷамъиятӣ ва ҳимоягари ҷамъиятӣ.
  4. Дигар субъектоне, ки ба шахсони мансабдори баамалбарорандаи мурофиаи ҷиноятӣ кӯмак менамоянд: шоҳидон, тарҷумон, экспертон, холисон ва дигарон.

Бо дарназардошти ба амал баровардани функсияҳои мурофиавӣ аз ҷониби иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ва принсипи ба амал баровардани адолати судӣ, функсияи аз ҷониби суд ва принсипи мубоҳисавӣ ва баробарҳуқуқии тарафҳо (И.Ш.) чунин таснифи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ қобили қабул мебошад:

  1. Суд.
  2. Иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ аз тарафи айбдоркунӣ: прокурор, муфаттиш, сардори мақомоти тафтишотӣ, мақомоти таҳқиқкунанда, шахси таҳқиқкунанда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, айбдоркунандаи хусусӣ, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ.
  3. Иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ аз тарафи ҳимоя: гумонбаршаванда, айбдоршаванда, намояндаи онҳо, ҳимоячӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндаи ҷавобгари гражданӣ.
  4. Дигар иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ: шоҳид, мутахассис, эксперт, тарҷумон, холис. Ҷудо намудни гурӯҳи мазкур бо он асоснок карда мешавад, ки инҳо барои ба амал баровардани адолати судӣ ёрирасон мебошанд.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.