Мафҳум ва намудҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ин муқаррароти конститутсионӣ бар дӯши давлат яке аз муҳимтарин вазифа – ҳимоя намудани ҳуқуку озодиҳои эълонгашатро вомегузорад. Умуман, дар илми ҳуқуқшиносӣ ду намуди ҳимоя намудани ҳуқуқ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниро ҷудо менамоянд. Аввалан, бо роҳи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, шуури ҳуқуқӣ ва дигар роҳҳои ба ин монанд, ки он, асосан, характери фарҳангӣ – маданӣ дошта, ба функсияи иҷтимоии давлат бештар алоқамандӣ дорад. Дуюм роҳи ҳимоя намудани ҳуқуқ ва мубориза бо ҳама гуна ҳуқуквайронкунӣ ин ба роҳ мондани фаъолияти мақомти махсуи ваколатдор дар ин самт, яъне мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин мақомоти махсуси давлатие мебошанд, ки аз ҷониби давлат бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд.

Бояд гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, гарчанде мақсади ягона, яъне ҳимояи ҳуқуқро дошта бошанд, мақомти ягона намебошад, балки онҳо низоми мақомотанд ва аз доираи функсияҳои худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ба монанди мақомоти судӣ, мақомоти прокуратура, милиса, амнияти миллӣ, мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва ғайра. Бо мақсади наздиктар шинос шудан бо фаъолияти ҳар яке аз ин мақомот ва вазифаҳои онҳо мавзӯи алоҳида ба ҳар яке аз ин мақомот бахшида мешавад.

test

Добавить комментарий