Мақомоти судӣ

Ҳокимияти судӣ дар Ҷумpҳурии Тоҷикистон танҳо ба суд тааллуқ дорад. Ягон мақомоти дигар ва ё шаҳсон ҳуқуқӣ ба зиммаи худ ҳуқуқи гирифтани адолати судиро надоранд.

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ шуда, дар баробари ҳокимияти қонунгузорӣ ва иҷроия амал менамояд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба зиммаи судя вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накардаро гузоранд.

Мувофиқи моддаи 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 23.07.2001 сол қабул шудааст, системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, Суди иқтисодии вилоятӣ Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд.

Ҳокимияти судӣ бо роҳи мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад.

Суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, ташкилотҳо, қонуният ва адолатро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудаанд, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳифз менамояд.

Вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад.

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат мекунанд.

Ҳаргуна дахолат ба фаъолияти судя ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ манъ ас т ва тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад.

Судяҳои Суди конститутсионӣ аз ҷумлаи ҳуқуқшиносоне интихоб мешаванд, ки синнашон аз 30 сола кам ва аз 65 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошанд.

Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ҳуқуқшиносоне интихоб мешаванд, ки синнашон аз 30 сола кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошанд.

Ба вазифаи судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ ва Суди шаҳри Душанбе ҳуқуқшиносоне таъин мешаванд, ки синни онҳо аз 30 кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошанд.

Ба вазифаи судяҳои суди шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суди иқтисодии вилоятӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҳуқуқшиносоне таъин мешаванд, ки синнашон аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад, ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошанд.

Судя бояд Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳоро бечуну чаро риоя намояд, дониш ва таҷрибаи худро барои иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи судя гузошта шудаанд, истифода кунад, шоистаи номи худ бошад.

Судя бояд вазифаи дигарро ишғол накунад, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ набошад ё аз ҷиҳати моддӣ онҳоро дастгирӣ нанамояд, дар амалҳои сиёсӣ ширкат наварзад, бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул нашавад, ба ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Судяҳо ба мӯҳлати 10 сол интихоб ё таъин карда мешаванд.

Раис, муовинони раис ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб менамояд.

Судяҳои Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Шӯрои адлия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.

Судяҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳо ваколатдори ба амал баровардани адолати судӣ мебошанд ва ваколатҳояшонро бо маҳорати касбӣ анҷом медиҳанд. Раисон ва муовинони раисони тамоми судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон судя ба ҳисоб мераванд ва ваколатҳои худро тибқи тартиби муқарраркардаи қонунҳои мурофиавӣ амалӣ мегардонанд.

Талабот ва амрҳои судяҳо ҳангоми иҷрои ваколатҳояшон, ки асоси қонунӣ доранд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳатмӣ мебошанд. Маълумот, ҳуҷҷатҳо ва нусхаҳои онҳо, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ заруранд, бо талаби судя ройгон дода мешаванд.

Иҷро накардани талабот ва амрҳои судя оқибати ҷавобгарӣ дорад, ки он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.

Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти судӣ оид ба ҳифзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ташкил ва тартиби фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян менамояд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти судҳои ҳарбии гарнизонҳо, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия оид ба парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда ба амал мебарорад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро ба сифати суди мархилаи якум, дуюм, бо тартиби назоратӣ ва аз рӯи ҳолатҳои нав ошкоргардида, инчунин дар сурати бекор шудани ду ва ё зиёда ҳалномаи судӣ ин парвандаҳои гражданиро аз ихтиёри судҳои ҷумҳурӣ гирифта, онро ба мурофиаи худ ба сифати суди марҳилаи якум қабул намуда,баррасӣ менамояд;

дар бораи конститутсионӣ будани қонуни татбиқшуда оиди парвандаи мушаххас ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроҷиат намояд;

таҷрибаи судиро ҷамъбаст менамояд, омори судиро таҳлил менамояд, ба судҳо доир ба масъалаҳои татбиқи қонунҳои амалкунанда, ки ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ ба миён меоянд, тавзеҳоти дастурӣ медиҳад, барои аз тарафи судҳо иҷро намудани ин тавзеҳот назорат мекунад;

дар доираи салоҳияташ масъалаҳоеро, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳаллу фасл менамояд;

инчунин дигар салоҳиятҳоеро, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонад

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки аз тарафи судҳои иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, мақоми олии суди буда, дар шаклҳои мурофиавие, ки қонун пешбинӣ кардааст, ба фаъолияти онҳо назорати суди мебарад ва оид ба масъалаҳои таҷрибаи суди тавзеҳоти дастурӣ медиҳад.

Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ, муассисаю корхона ва ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қушунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи ҳарбӣ ва дигар қисмҳои алоҳидаи ҳарбӣ адолати судиро ба амал мебароранд.

Судҳои ҳарбӣ дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи принсипи ҳудудӣ дар маҳалли вокеъшавии гарнизонҳо таъсис дода шуда, аз судҳои ҳарбии гарнизонҳо ва Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Фаъолияти судҳои ҳарбӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз ҷамъомади ҳарбӣ мегузаранд ва дигар шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қисмҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҳарбӣ, мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Суди шаҳр, ноҳия парвандаҳои гражданӣ, ҷиноӣ, оилавӣ ва парвандаҳои оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро, ки тибқи қонун ба салоҳияти он тааллуқ дорад, баррасӣ мекунад.

Бо мақсади таҳия намудани таклифҳо оид ба гузаронидани ислоҳоти судӣ, хоста гирифтан, пешбарии номзадҳо ба мансаби судягӣ, озод намудани судяҳо аз вазифа, ташкил намудани имтиҳоноти тахассусӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми коллегиалӣ – Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор ва шумораи ҳайати Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

Вазифаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст:

аз пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили системаи судию ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба мустаҳкам шудани мустақилияти судҳо;

аз таъмини ташкилӣ, молиявӣ, моддию техникии судҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ ва коромӯз-судя, такмили ихтисоси судяҳо ва коромӯз-судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо.

Шӯрои адлия дар муносибат бо судҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳиятҳоро доро мебошад:

тибқи тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин ва озод намудани судяҳои судҳои ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори судӣ, шумораи судяҳо, машваратчиёни халқии судҳо ва шумораи кормандони дастгоҳи судҳо пешниҳод ирсол менамояд;

масъалаҳоро оид ба таъмини кадрҳо, таъминоти молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳо баррасӣ менамояд;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотонидани судяҳо ва додани дараҷаҳои тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд;

тибқи тартиби муқарраркарда комиссияи имтиҳонии Шӯрои адлияро таъсис дода, ҳайати онро тасдиқ мекунад;

ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи комиссияи имтиҳонии Шӯрои адлияро барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

дастурамал оиди коргузориро дар судҳо тасдиқ менамояд;

дастури фаъолияти Шӯрои адлияро тасдиқ менамояд;

дигар ваколатҳои муайяннамудаи қонунҳоро анҷом медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *