Главная / Фанни Ҳуқуқ ва давлат / Мақомоти прокуратура

Мақомоти прокуратура

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи марказонидашуда мебошад, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад.

Прокуратураи инчунин дигар вазифаҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон» аз 25.06.2005 ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, иҷро менамояд.

Вазифаҳои мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи:

-мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

-асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат мебошад.

Ба зиммаи прокуратура иҷрои вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда нашудаанд, гузошта намешавад.

Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура аз инҳо иборатанд:

-назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд;

-назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдоре, ки дар сархати якуми ин модда зикр шудаанд;

-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо аз тарафи мақомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд, инчунин мақомоте, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд;

-ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ;

-назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад;

-назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни суд ва дигар мақомоти салоҳиятнок;

-тафтишоти ҷиноятҳо;

-таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

-иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо;

-эътироз, шикоят ва ариза овардан нисбати фармон, ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд.

Прокуратура мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ метавонад дар дигар самтҳое, ки дахолати назорати прокурорӣ зарур аст, фаъолият намояд.

Дахолат кардани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, воситаҳои ахбори омма ва намояндагони онҳо, инчунин шахсони мансабдор ба фаъолияти прокуратура дар амалӣ намудани назорат ба иҷрои қонунҳо, тафтиши ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо манъ аст.

Ба ҳар восита таъсир расонидан ба коркунони прокуратура бо мақсади монеъ шудан дар амалӣ намудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо мақсади қабул кунонидани қарори ғайриқонунӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.

Талаботи прокурор, ки аз ваколатҳои қонуниаш бармеоянд, бояд ҳатман дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро карда шаванд.

Ахбори оморӣ ва ахбори дигар, маълумот, ҳуҷҷатҳо ё нусхаҳои онҳо, ки барои амалӣ намудани назорати прокурорӣ ё тафтишоти ҷиноят заруранд, бо талаби прокурор ё муфаттиш ройгон дода мешаванд.

Шахсони мансабдор ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки бо даъвати прокурор ё муфаттиш ҳозир шаванд ва аз рӯи моҳияти масъалаҳое, ки дар рафти санҷиш муайян карда мешаванд, баёнот диҳанд. Дар сурати саркашӣ аз ҳозиршавӣ шахси мансабдор ё шаҳрванд бо қарори прокурор ё муфаттиш ба воситаи мақомоти милитсия маҷбуран оварда мешавад. Иҷрои ин қарор аз лаҳзаи расидани қарор дар бораи маҷбуран овардан ҳатмӣ мебошад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ба он тобеъ фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти амният, мақомоти андоз, мақомоти гумрук ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамоҳанг месозанд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои муовини якум ва муовинон мебошад, ки онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Яке аз муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурорҳои нақлиёт, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо ва прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо, прокурори назорат аз рӯи иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Ин прокурорҳо ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Мӯҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

Прокурор дар дои раи салоҳияти худ санадҳои таъсиррасонии зеринро қабул мекунад: эътирози прокурор, пешниҳоди прокурор, қарори прокурор ва амри прокурор.

Эътироз доир ба санад, супориш ва дигар ҳуҷҷатҳои мақомот ва шахсони мансабдоре, ки хилофи қонун мебошанд, аз ҷониби прокурор ё муовинонаш ба мақомоти интишордодаи ин санад ё мақомоти болоӣ оварда мешавад.

Прокурор дар эътирози худ масъалаҳои бекор кардани санад, ба қонун мутобиқ гардонидани он, инчунин қатъ кардани амали ғайриқонунии шахсони мансабдор, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшударо ба миён мегузорад.

Эътирози прокурор амали санади аз болояш эътирозовардашударо бозмедорад ва онро бояд мақомоти дахлдор ё шахси мансабдор на дертар аз даҳ рӯзи баъди ворид шуданаш ҳатман баррасӣ намояд.

Дар ҳолати овардани эътироз нисбати қарори мақомоти маҳаллии намояндагии ҳокимияти давлатӣ он бояд дар иҷлосияи наздиктарин баррасӣ шавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунро талаб мекунад, прокурор ҳуқуқ дорад барои баррасии эътироз мӯҳлати кӯтоҳтар муқаррар намояд. Аз натиҷаи баррасӣ ба прокурор фавран хаттӣ хабар дода мешавад.

Дар сурати баррасӣ кардани эътироз дар мақомоти машваратӣ дар бораи рӯзи маҷлис ба прокуроре, ки эътироз овардааст, хабар дода мешавад.

Эътироз мумкин аст то баррасӣ шудани он аз ҷониби прокурори эътирозоварда ё прокурори болоӣ бозхонда шавад.

Дар сурати бесабаб рад кардани эътироз ё дар мӯҳлати муқарраршуда дида набаромадани он прокурор метавонад дар бораи ғайриқонунӣ донистани санад ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд. Пешниҳоди чунин ариза амали санади ҳуқуқиро бозмедорад.

Пешниҳод дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда аз ҷониби прокурор, муовини ӯ ба мақом, ташкилот ё шахси мансабдоре, ки барои бартараф кардани қонунвайронкунӣ ваколат дорад, пешкаш мешавад ва он бояд фавран баррасӣ шавад. Дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ бояд оид ба бартараф намудани қонунвайронкунӣ, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда тадбирҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи он ба прокурор хаттӣ хабар дода шавад.

Мақоми машваратие, ки ба он пешниҳод фиристонида шудааст, дар бораи рӯзи маҷлис ба прокурор хабар медиҳад ва прокурор ҳуқуқ дорад, ки дар муҳокимаи он иштирок намояд.

Прокурор, муовини ӯ бо назардошти хусусияти қонунвайронкунӣ аз тарафи шахси мансабдор ё шаҳрванд оид ба оғоз намудани истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашидан ё дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ қарори асоснок мебарорад.

Қарор дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ё ҷавобгарии маъмурӣ кашидан дар муддати даҳ рӯзи баъди расидани он бояд аз тарафи шахси мансабдор ё мақоми салоҳиятдор баррасӣ шавад. Шикоят аз рӯи қарори қабулшуда иҷрои онро бознамедорад. Аз натиҷаи баррасӣ ба таври хаттӣ ба прокурор хабар дода мешавад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ барои тафтиши ҷиноятҳо прокурор ҳақ дорад бо ҷалби кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси қарори худ гурӯҳҳои тафтишоти фаврӣ таъсис диҳад.

Амри хаттӣ дар бораи бартараф намудани қонунвайронкунӣ аз тарафи прокурор, муовини ӯ, ё шахси ваколатдоркардаи онҳо ба мақом, шахси мансабдор ё шахсони воқеӣ, ки ба вайрон кардани қонун роҳ додаанд, пешниҳод карда мешавад.

Амри хаттӣ дар мавридҳое пешниҳод карда мешавад, ки қонунвайронкунӣ хусусияти ошкоро дошта, ба манфиати давлат, корхона, муассиса, ташкилот, инчунин шаҳрвандон агар он фавран бартараф карда нашавад, зарари ҷиддӣ расонида метавонад. Амр бояд бетаъхир иҷро гардад, ки дар ин бора ба прокурор хабар дода мешавад.

Мақомот, шахси мансабдор ё шахси воқеӣ метавонад аз хусуси амр ба прокурори болоӣ шикоят кунад, ки ӯ вазифадор аст шикоятро дар мӯҳлати даҳ рӯз дида барояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *