Мақомоти амнияти миллӣ

Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибии системаи таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамоянд.

Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти таъиноти махсуси ҷумҳуриявӣ буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатиро дар соҳаи амнияти миллӣ ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, танзим ва идоракуниро дар соҳаи таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат ба амал бароварда, дар ин соҳа фаъолияти дигар мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатиро ҳамоҳанг месозад, инчунин самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бевосита амалӣ менамояд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти амнияти миллӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20.03.2008, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Вазифаҳои асосии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд аз:

-ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-стратегӣ, илмӣ-техникӣ, иттилоотӣ ва экологӣ;

-додани маълумот ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супориши ӯ ба мақомоти давлатии дахлдор ва дигар ташкилот вобаста ба масоили ҳолати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо барои мусоидат ба мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот дар татбиқи чораҳои рушди сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-дар доираи ваколатҳои худ ташкил ва амалӣ намудани разведкаи хориҷӣ;

-огоҳонӣ, ошкоркунӣ ва пешгирии фаъолияти разведкавӣ, зараровар ва дигар фаъолияти душманонаи хадамоти махсус ва ташкилоти давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони алоҳида, ки барои расонидани зарар ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд;

-дар доираи ваколатҳои худ мубориза бурдан бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккил, қочоқ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, яроқ, маводи атомӣ ва қисматҳои онҳо, инчунин дигар объектҳои назорати содиротӣ;

мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаи ба ҷиноятҳои тафтишоташон тобеи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд;

– огоҳонӣ, ошкоркунӣ, пешгирӣ ва кушодани ҷиноятҳое, ки таҳқиқ ва тафтиши пешакии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд;

-татбиқи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ;

-таъмини мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот бо алоқаи ҳукуматӣ ва оперативӣ, инчунин ташкил ва таъмини бехатарии криптографӣ ва муҳандисӣ-техникии алоқаи рамзӣ ва махфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ воқеанд, бурдани назорати давлатӣ аз болои ин фаъолият;

-таъмини ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хушкӣ, фазо, дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо, инчунин дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таъмини амният ва ҳимояи объектҳои ҳифзи давлатӣ;

-дигар вазифаҳое,ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошанд:

– фаъолияти разведкавӣ;

– фаъолияти зиддиразведкавӣ;

– мубориза бар зидди фаъолияти террористӣ ва ҷинояткорӣ;

– фаъолияти сарҳадӣ;

– ҳимояи шахсони алоҳидаи мансабдори давлатӣ, инчунин шахсони алоҳидаи мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ, ки муваққатан дар ҷумҳурӣ қарор доранд (минбаъд – ҳимояи давлатӣ);

-таъмини амнияти объектҳои махсусан муҳими давлатӣ, инчунин намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналмилалӣ;

– ташкил намудани алоқаи ҳукуматӣ ва оперативӣ.

Самтҳои дигари фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шаванд.

Фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, услубу воситаҳои истифодабарандаи онҳо набояд ба шахс, молумулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ба муҳити зист зарар расонад.

Маълумот дар бораи ташкил, тактика, услуб, воситаҳои анҷомдиҳии фаъолияти разведкаи хориҷӣ, зиддиразведкавӣ ва дигар фаъолиятҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сирри давлатӣ мансубанд.

Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд:

– бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронанд;

– бо шахсоне, ки розигии худро додаанд, ба тариқи махфӣ муносибатҳои ҳамкорӣ ба роҳ монанд;

– ба хадамоти махсус ва ташкилоти давлатҳои хориҷӣ, ки ба зарари амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти разведкавӣ, зараровар ва дигар фаъолияти душманона анҷом медиҳанд, инчунин ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ташкилотҳои ҷиноӣ ворид гарданд;

– оид ба ташкили амалиёти зиддитерористӣ қарорҳое қабул кунанд, ки иҷрояшон барои ҳамаи суъбектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда ҳатмист;

– бо парвандаҳои ҷиноятие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтишоти онҳо ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ баранд, изоляторҳои тафтишотӣ дошта, аз онҳо истифода баранд;

– ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд;

– аз мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилот маълумот ва маводеро, ки барои иҷро намудани вазифаҳои дар назди мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда лозиманд, ба тариқи ройгон гиранд, ба системаҳои иттилоотӣ ва хазинаи маълумоти онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додани онҳоро манъ кардааст, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дошта бошанд;

– дар ҳолати таъхирнопазир воситаҳои нақлиёти мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилот ва шахсони воқеиро (ба истиснои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо, дигар намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байнамилалӣ) барои пешгирии ҷиноятҳо, таъқиб, дастгир ва интиқоли шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд ё ин ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар ҳастанд, интиқоли шахсоне, ки ба гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ мӯҳтоҷанд, ба муассисаҳои тандурустӣ ва барои ба ҷои ҳодиса рафтан истифода баранд, инчунин дар ҳолати зарурӣ бо мақсадҳои хизматӣ воситаҳои алоқаи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилот ва шахсони воқеиро истифода баранд. Товони зиёни моддии расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра баргардонида мешавад;

– дар ҳолати мавҷуд будани асос барои гумон бурдани шахсони мансабдор ва воқеӣ дар содир намудани ҷиноятҳое, ки таҳқиқ ва тафтишоти пешакии онҳо ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, ҳуҷҷатҳои шахсии онҳоро тафтиш кунанд ва чунин шахсонро дастгир намоянд;

– шахсони мансабдор ва дигар шахсони воқеиро даъват карда, доир ба парвандаҳо ва маводи дар истеҳсолоти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда аз онҳо баёнот гиранд;

– мустақилона ва дар асоси шартнома бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилот ва шахсони воқеӣ тадқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳавӣ, ташхисӣ, сохтмонӣ ва истеҳсолӣ баранд, барои ҳамин мақсад мутахассисонро ҷалб намоянд;

– мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарии фавқулодда хатҳои радиомавҷҳоро гиранд ва онҳоро бо воситаҳои радиоэлектронӣ ва таҷҳизоти баландбасомад барои эҳтиёҷоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алоқаи ҳукуматӣ истифода баранд;

– аз болои истифодаи ҳама намудҳои воситаҳои афканишоти радиоэлектронӣ ва таҷҳизоти баландбасомад назорат баранд, истифодаи воситаҳои афканишоти радиоэлектрониро, ки бар хилофи қоидаҳои муайяншудаи муомилот бо маълумоти дорои сирри давлатӣ кор мекунанд, манъ кунанд;

– мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии бидуни иҷозат паҳн намудани маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ, барномавӣ, иттилоотӣ ва дигар чораҳоро андешанд;

– мувофиқи тартиби муайяншуда мустақилона ва якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ доир ба масъалаҳои ташкил, таъмини фаъолият ва амнияти алоқаи ҳукуматӣ, оперативӣ ва пӯшидаи мақомоти давлатӣ, инчунин дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ санадҳои ҳуқуқӣ ба табъ расонанд;

баҳри пӯшида нигоҳ доштани кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти онҳо, истифодаи шаҳодатномаҳои мансуб ба мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот чораҳо андешанд, ташкилот ё ин ки воҳидҳои онҳоро, ки барои таъмини фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд, таъсис диҳанд, бо мақсади пӯшида доштани шахсияти кормандон, фаъолият ва мансубияти сохторҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бино, нақлиёт, ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотро истифода баранд, инчунин бо ин мақсад дигар чораҳои рамзбандӣ андешанд;

– бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади истифодаи манзилҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии онҳо, ки барои таъмин ва ба амал баровардани фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо банданд;

– дар мувофиқа бо мақомоти корҳои дохилӣ, мақомот ва сохторҳои ҳолатҳои фавқулодда кормандони ин мақомот ва сохторҳоро барои рамзбандии чорабиниҳои гузаронидашавандаи махсус ва барои таъмини иҷрои вазифаҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб кунанд;

– ҷиҳати таъмини амнияти шахсӣ, аз ҷумла ҳифзи қувва ва воситаҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирии амалҳои ғайриқонунии хадамоти махсус ва ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ташкилотҳои ҷиноӣ ва шахсони алоҳида, манъ намудани иҷозати онҳо ба маълумоте, ки аз ҷониби мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд, чораҳо андешанд;

– мувофиқи тартиби муайяншуда воҳидҳои таъиноти махсуси мубориза бар зидди терроризм ва ҷинояткории муташаккил таъсис диҳанд;

– бо мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилот барои ворид намудани техникаи махсус, воситаҳои алоқа, аслиҳа, воситаҳои нақлиёт, техникаи ҳарбӣ, қисмҳои онҳо, амволи ҳарбӣ-техникӣ ва дигар маводи моддӣ дар доираи маблағҳои барои ин мақсад аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудошуда шартнома банданд ва аз онҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ маълумот гиранд;

– барои эҳтиёҷоти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзил, бино, иншоот ва дигар амволи ғайриманқул гиранд, инчунин тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизмати алоқаи электронӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд;

– нигоҳдории давлатии маводи оперативӣ, тафтишотӣ ва дигар маводро, ки ба фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, амалӣ намоянд, тартиби бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳоро муайян кунанд;

– таҷҳизоти типографӣ ва воситаҳои чопкунӣ дошта бошанд, адабиёти махсус, дастурҳои таълимӣ ва аёниро вобаста ба фаъолияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр ва чоп кунанд;

– бо хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кунанд, бо онҳо дар асоси муносибати дутарафа маълумоти оперативӣ, воситаҳои махсус ва дигар воситаҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодила кунанд;

– дар масъалаҳои ҳамкорӣ бо хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалӣ банданд;

– бо мақсади баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои хусусияти байналмилалӣ намояндагони расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мувофиқа бо хадамоти махсус ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин давлатҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ фиристанд;

– ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви онҳо мебошад, инчунин корхонаҳои саноати мудофиа дар доираи меъёри муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро ба сафари хизматӣ равон намоянд.

Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд фаъолиятеро, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти онҳо вогузор кардаанд, иҷро намоянд.

Мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ӯҳдадоранд:

– ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо супориши ӯ ба дигар мақомоти давлатӣ дар бораи таҳдид ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот диҳанд;

– фаъолияти разведкавӣ, зараровар ва дигар фаъолияти душманонаи хадамоти махсус ва ташкилоти давлатҳои хориҷӣ, шахсони алоҳидаро, ки барои расонидани зарар ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст, инчунин ҷиноятҳоеро, ки таҳқиқ ва тафтиши пешакии онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, огоҳ, ошкор ва пешгирӣ намоянд, инчунин шахсонеро, ки чунин ҷиноятҳоро содир намудаанд ё ин ки дар содир намудани онҳо гумонбар ҳастанд, ҷустуҷӯ намоянд;

– бар зидди терроризм ва экстремизм, қочоқ, инчунин ҷинояткории муташаккил дар мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилот, новобаста аз шакли моликият, ки ба манфиати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат мекунанд, мубориза баранд;

– бо мақсади таъмини зиддиразведкавии сохторҳо ва қӯшунҳои вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо таҳия ва амалӣ намоянд;

– дар доираи ваколатҳои худ амнияти объектҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, комплекси мудофиавӣ, нақлиёт, алоқа ва дигар объектҳои стратегӣ, инчунин тадқиқоти муҳими илмиро таъмин намоянд;

– вобаста ба огоҳонӣ, ошкоркунӣ ва пешгирии фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ чорабиниҳои профилактикӣ, низомӣ, ташкилӣ ва дигар чорабиниҳоро таҳия ва амалӣ намоянд, системаи идоравии зидди амалҳои террористиро таҳия ва мукаммал намуда, онҳоро дар ҳолати омодабош нигоҳ доранд;

-вобаста ба парвандаҳои ҷиноятие, ки қонун ба зиммаи онҳо вогузор кардааст, таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ гузаронанд;

– бо мақсади огоҳкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки таҳқиқ ва тафтиши пешакии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, чорабиниҳо гузаронанд;

– бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ҷиноятҳоеро, ки таҳқиқ ва тафтиши пешакии онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст, шахсонеро, ки онҳоро содир намудаанд, инчунин шахсонеро, ки бо гумонбарӣ дар содир намудани чунин ҷиноятҳо санҷида мешаванд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;

– дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул намудани қарор оид ба барасмиятдарории (аз нав барасмиятдарории) додани иҷозат ба сирри давлатӣ, додани иҷозат ба корҳои вобаста ба истифодабарии объектҳои барои ҳаёт ва саломатии одамон, инчунин муҳити зист хавфнок, оид ба таъмини амнияти кормандони мақомоте, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ мекунанд ва шахсоне, ки ба онҳо ёрӣ мерасонанд, оид ба таъмини муҳофизати иштирокчиёни мурофиаи ҷиноӣ чорабиниҳои санҷишӣ гузаронанд;

– дар бораи таҳдид ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дастрас намуда, онро таҳлил кунанд ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд, ба вазорату идораҳои дахлдор хабар диҳанд;

– фаъолияти таъмини амнияти чорабиниҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ, динӣ ва дигар чорабиниҳои оммавиро, ки дар онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар шахсони мансабдори олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, ҳамоҳанг ва роҳбарӣ кунанд;

– мавҷҳои воситаҳои радиоэлектрониро, ки корашон ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид меорад, инчунин мавҷҳоеро, ки бо мақсадҳои ғайриқонунӣ истифода мешаванд, ошкор кунанд, дар доираи ваколатҳои худ баҳисобгирии хусусиятҳои воситаҳои мавҷпаҳнкунии радиоэлектрониро анҷом диҳанд;

дар доираи ваколатҳои худ дар ҳалли масъалаҳои ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз қаламрави он хориҷ шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин низоми будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд;

– вобаста ба таъмини тайёрии ҷангӣ ва омодабошии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳо татбиқ намоянд, қувва ва воситаҳоро барои амал дар ҳолати сар задани ҳодисаҳои фавқулодда дар ҷумҳурӣ ё ин ки дар давлатҳои ба он ҳамсарҳад дар замони осоишта омода намоянд;

– дар доираи ваколатҳои худ дар таъмини низоми ҳолати фавқулодда ва низоми ҳолати ҷангӣ иштирок намоянд;

– кадрҳоро тайёр намоянд, аз ҷумла тарбия, бозомӯзонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳоро ташкил кунанд;

– муҳофизати намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷа аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳатмии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.

test

Добавить комментарий