Главная / Фанни Ҳуқуқ / Принсипхои асосии хукуки байналхалки

Принсипхои асосии хукуки байналхалки

  1. Мафҳум ва хусусиятҳои принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ.
  2. Таснифоти принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ

1. Мафҳум ва хусусиятҳои принципҳои асосии ҳуқуҳои байналхалқӣ.

Таърифи принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ бо тарзҳои гуногун ифодаи хешро дар адабитҳои ҳуқуқи ёфтааст. Ба андешаи ҳуқуқшиноси шинохта Г.И.Тункин давлат Хамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ  ҳуқуқу ӯҳдадориҳои асоси он ифодакунандаи мафҳуми принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ аст. Д.И.Кудрявцев принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқиро як медонад. Чунин ақида аз ҷониби дигар олимон дастгири ёфтааст.Дар ҳақиқат мафҳуми принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ баҳсталаб мебошад зеро дар ьисёр маврид бо меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ҳаммаъно мешаванд. Аммо дар асл фарқи байни онҳо дида мешавад. Аввало мафҳуми меъёри ҳуқуқи байналхалқӣ васеъ мебошад, зеро он дар худ принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқиро дарҷ менамояд.

Баъдан принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи ба самтҳои муайян фаъолияти давлат нигаронида шудаанд.

Масалан принципи дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлат дар он мебошад, ки давлат ӯҳдадор аст, ки аз ҳама гунна дахолатҳо ва корҳои дохилии дигар давлат худдори намояд. Аммо ҳама гунна фаъолияти давлат ҳамчун субъекти  ҳуқуқи байналхалқи аз ҷониби меъерҳои  ҳуқуқи байналхалқи танзим карда мешавад.

Аз ин нигоҳ принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи ин асосе мебошад, ки таҷассуми бевоситаи хешро дар меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ёфтааст ва аз тарафи субъектҳои ҳуқуқи байналхалқи ҳамчун асоси  роҳбаркунанда дар фаъолияти хеш эътироф карда шудааст. Алоқаманди ипринципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи бо меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқи дар он мебошад, ки дар натиҷаи вайроншавии меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ сабаби риоя нашудани принципҳои ҳуқуқи байналхалқи мегардад ё баръакс. Мисол иҷро накардани нуқтаҳои шартнома аз тарафи иштирокчиёни он сабаби ба роҳбари нагирифтани принципи бовиҷдона иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқи мегардад. Аз ҷониби дигар принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои асосии давлат ҳисоб намешавад. Масалан агар ба яке аз давлатҳои аъзои СММ ҳамчун мусалаҳона аз ҷониби дигар субъети ҳуқуқи байналхалқи ба ҷо оварда шавад, он гоҳ тибқи моддаи 51 оинаи СММ давлати таҷовуздида ҳуқуқ ба ҳукуқи худмудофиа дорад. Аммо мувофиқи принцип ибо таври осоишта ҳал намудани баҳсҳои байналхалқи, ки дар бандаи 3 моддаи 2 Оинномаи СММ дарҷ гардидааст ҳар як давлат сарфи назар аз ҳолатҳои ба вубаҳсҳои байналхалқиро ба таври  осоишта ҳал намоянд. Аммо аз мисоли дар боло зикршуда бар меояд, ки ин ҳама вақт принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи  ба ҳайси ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои асосии давлат баромад мекунад. Аз ин нигоҳ категорияҳои «принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи» меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои асосии давлат гуногун Буда ва онҳо дар низоми ҳуқуқи байналхалқӣ мақеи хкшро доро мебошад.

Принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи ду принципро иҷро менамояд:

  1. Мусоидат кардан ба мӯътадилии муносибатҳои байналхалқӣ
  2. Мустаҳкам ва инкишоф додани ҳуқуқи байналхалқи

Принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи дорои хусусиятҳои зерин ба худ хос мебошанд.

  1. Принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи аз тарафи ҳамаи субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф карда шудааст ва бо тариқи фаъолона дар таҷрибаи муносибатҳои байнидавлати амали гардонида мешавад.
  2. Принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи хусусияти универсалии дорад, яъне он доираи амалаш ба давлат ё минтақаҳои ҷудогона хос намебошад, балки ба ҳамаи субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ягона татбиқ мешавад.
  3. Принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи таҷассуми бевоситаи хешро дар сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ёфтаанд, аз он ҷумла дар Оинномаи СММ аз 24 октябри соли 1970, акти хотимавии машварати сарони давлатҳо  доир ба беҳтари ва ҳамкориҳо дар Аврупо аз 1 августи соли 1975 Эъломия «Дар бораи роҳ надодан ба интервенция ва дахолат кардан ба корҳои дохилии дигар давла» аз 9 декабри соли 1981: Эъломия дар бораи даст кашидан аз таҳдиди қувва ва истифодаи дар он муносибатҳои байналхалқи аз 18 ноябри соли 1987 ва ғайра.
  4. Принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи бо ҳамдигар зич алоқаманд ва вобаста мебошанд. Масалан дар вақти вайрон кардани принципи эҳтироми ҳуқуқ ва озодии асосии инсон, принципи бовиҷдона иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқи вайрон карда мешавад.

II. Таснифоти принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ.

Принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқи доир ба мазмун ва аломатҳои таърихию сиёсӣ ва тарзи созмондиҳиаш ба гуруҳҳои зерин тақсим менамоянд.

Гурӯҳи аввал принципҳои дастгирии сулҳ ва амнияти байналхалқӣ ном дорад, ки ба ҳайати он принципҳои зайл шомил мебошанд:

  1. Принципи ягонагии қаламрави давлат; 2. принципи истифода набурдани қувва ва таҳдиди қувва; 3. принципи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ; 4. принципи вайрон накардани сарҳади давлатӣ. Принципи ягонаи қаламрави давлат – пайдоишаш бо қабули Акти Хотимавии Машварати Сарони давлатҳо доир ба бехатари ва ҳамкориҳо дар рупо аз 1 августи соли 1975 рост меояд. Мазмуни асосии принципи мазкур ба таври зиёд дар Акти Хотимавии муқаррар карда шудааст; ҳурмати ягонагии қаламрави дар як давлат манъи ҳамагуна амалиётҳое, ки ба мақсад ва принципҳои Оинномаи СММ мухолиф, инчунин манъи ҳамагуна амалиётҳое, ки ягонагии қаламрав ва истиқлолиятро сиёсии давлатҳои иштирокчии Акти Хотимавиро халалдор месозад. Принципи ягонагии қаламрави давлат бо приципҳои итсифодаи набурдани қувва ва таҳдиди қувва,вайрон накрадни сарҳади давлати баробарҳуқуқи ва худмуайянкунии халқҳо алоқаманд мебошад. Принципи истифода набурдани қувва ва таҳдиди таҷассуми бевоситаи хешро дар сарҳадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар охири асри XIX ёфтааст. Аз ҷумла дар Аҳднома «Дар бораи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқи» аз соли 1899.

Инкишофи минбаъдаи хешро Принсипи мазкур дар Оинномаи СММ, Эъломия «Дар бораи принципҳои ҳуқуқи байналхалқӣ» аз соли 1975 ва Акти Хотимави ёфтааст. Тибқи санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ номбаршуда мазмуни присипи истифода набурдани қувваа ва таҳдиди қувва дар он ифода меёбад, ки истифода намудани ҳамагуна қувва ва таҳдиди қувва ҳамчун воситаи тарзи ҳалли баҳс манъ мебошад. Инчунин қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи Эъломияи соли 1970 ҷанги таҷавузкор чун ҷинояти зидди суди эътироф карда шудааст ва нисбати он ҷавобгарии байналхалқӣ татбиқ карда мешавад. Принсипи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ ҳамчун принсипи асосии ҳуқуқи байналхалқӣ соли 1928 эътироф карда шуд. Қайд намудан лозим аст, ки ин Принсипи таърихи қадима дорад, аммо дар таҷрибаи муносибатҳои байналхалқӣ бисёр баҳсҳо ба вуҷуд омада бо роҳи ҷанг ва ғайра ҳал карда мешуд. Аз ин нигоҳ соли 1928. Принсипи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ ба ҳайси принсипи асосии ҳуқуқи байналхалқӣ  пазируфта шуд ва ҳар як субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ ӯҳдадор мебошад, ки  ҳама гунна баҳсҳои бавуҷудомадаро  ба таври осоишта ҳал намоянд.

Принсипи мазкур таҷассуми бевоситаи хешро дар Оинномаи СММ ёфтааст, вале қайд намудан зарур аст, ки Оинномаи СММ ҳолатҳои дигари ҳал намудани баҳсҳои байналхалқиро бо роҳи зӯри муқаррар намудааст.

  1. Тибқи моддаи 51 Оинномаи СММ ҳар як давлат ҳуқуқи худмудофиави дар ҳолати ҳуҷуми давлати дигар дорад.
  2. Агар  амалиёти давлати таҷовузкор сулҳ ва амнияти байналхалқиро зери хатар гузорад, он гоҳ тибқи қарори Шӯрои Бехатари нисбати ин давлат чораи қатъи ҳарбӣ андешида мешавад. Мувофиқ ба моддаи 39 ва 42 Оинномаи СММ.

Азнигоҳи мазмун принсипи бо тарзи осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ бо Принсипи истифода набурдани қувва ва таҳдиди қувва наздик мебошад.

Принсипи вайрон накардани сарҳади давлати тибқи Эъломия «Дар бораи принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ»  аз 24 октябри соли 1970 ба вуҷуд омадааст, вале он мувофиқи Эъломия ҳамчун қисми мазмуни Принсипи истифода набурдани қувва ва таҳдиди қувва истифода мешуд. Ба ҳайси принсипи асосии ҳуқуқи байналхалқӣ  он дар муносибатҳои байналхалқӣ аз 1 августи соли 1975 шинохта шуд. Акти Хотимавии машварати сарони давлатҳо доир ба бехатари ва ҳамкориҳо дар Аврупо принсипи накардани сарҳади давлатиро чун принсипи мустақил дар муносибатҳои байналхалқӣ ба вуҷуд оварад.

Гурӯҳи дуюм принсипҳои ҳамкориҳои байналхалқӣ ном дорад, ки ба он принсипҳои зерин шомил мебошанд.

  1. Принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо;
  2. Принсипи ҳамкориҳои давлатҳо;
  3. Принсипи дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлат;
  4. Принсипи бовиҷдона иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқӣ.

Принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо ба он нигаронида шудааст, ки тартиботи ҳуқуқи байналхалқиро дастгирӣ намояд ва бо мақсади таъмини пурраи баробарии ҳуқуқӣ ва ҳурмати иштирокчиён мебошад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як давлат ӯҳдадор аст, ки эҳтироми мустақилияти дигар иштирокчиёнро дар масъалаи моликият, қонунгузорӣ, иҷрои ҳокимияти судӣ ва сиёсати берунаи он давлатҳо дахолат накунанд. Баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо яке аз  асосҳои муносибатҳои байналхалқии муосир мебошад, ки дар банди 1 моддаи 2 Оинномаи СММ нишон дода шудааст. Ташкилот дар асоси баробарии соҳибихтиёрии ҳама аъзоёнаш ёфтааст.

Аҳамияти иҷтимоии Принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо – ин таъмини баробарии иштирокчиён дар муносибатҳои байналхалқӣ вобаста аз сохти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии онҳо мебошад. Эъломия «Дар бораи принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ» аз 24 октябри соли 1970 мафҳум ва элементҳои принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳоро муқаррар намудааст. Мувофиқи Эъломия ба ҳайси элементҳои соҳи бихтиёрии давлатҳо инҳо эътироф шудаанд.

  1. баробарҳуқуқии давлатҳо;
  2. ҳар як давлат ҳуқуқи истифодаи пурраи мустақилиятро дорад;
  3. ҳар як давлат ӯҳдадор аст, киҳуқуқи субъективии дигар давлатҳоро эҳтиром намояд;
  4. ягонагии қаламрав ва мустақилияти сиёсии давлат дахлнопазир мебошад;
  5. ҳар як давлат ҳуқуқи озодона интихоб кардани низоми иқтисоди сиёси ва фарҳанги хешро дорад;
  6. ҳар як давлат ӯҳдадор аст, ки ихтиёрона ва пурра ӯҳдадориҳои байналхалқии хешро иҷро куна два ҳуқуқи сулҳона зиндаги кардан бо дигар давлатҳоро дорад.

Дар маҷмӯъ элементҳои номбаршуда мафҳуми принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳоро ташкил медиҳад.

Принсипи ҳамкориҳои давлат бори нахуст ба ҳайси принсипи асосии ҳуқуқи байналхалқӣ тибқи Оинномаи СММ шинохта шуд. Таҷасуми худро дар банди 3 моддаи 1 Оинномаи СММ ёфтааст. Ба амал баровардани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар ҳалли масъалаҳои байналхалқӣ иқтисоди, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ҳаракати гуманитарӣ дошта ба васеъ намудани инкишофи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, сарфи назар аз ҷинс, нажжод, забон, дин ва ғайра замина мегузорад.

Эъломия «Дар бораи принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ» аз 24 окябри соли 1970 ҳамкории давлатҳоро ӯҳдадории ҳар як давлат номид. Принсипи дахолат намудан ба кори дохилии дигар давлат таҷассуми хешро дар банди 7 моддаи 2 Оинномаи СММ ёфтааст. Тибқи Оинномаи СММ ҳуқуқ ба корҳое, ки ба салоҳияти дохилии ҳар як давлат шомил мебошанд  дахолат кардан надорад. Принсипи мазкур ҷуз ба Эъломияи соли 1970 ва Акти Хотимавии дар Эъломия «Дар бораи роҳнадодан ба интервенсия ва дахолат ба корҳои дохилии давлат» аз 9 декабри соли 1981 мустаҳкам карда шудааст.

Тибқи принсипи дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлат ҳамаи субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ӯҳдадор мебошанд, ки аз дахолати ошкоро ва пинҳони ба корҳое, ки  ба салоҳияти дохилии дигар давлат мансуб мебошад худдори намоянд. СММ ҳама гунна актҳои террорист ива зӯровариро, ки сохти давлати муайянро  тағир медиҳанд маҳкум мекунад. Дар ҳолати вайрон кардани присипи мазкур ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлати ҳуқуқҳояшон поймол гашта чораҳои қатъи меандешанд.

Принсипи бовиҷдона иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқи таърихи қадима дорад, зеро  он дар заминаи Принсипи назораи шартномаҳои байналхалқӣ ба вуҷуд омадааст. Дар сарсухани Оинномаи СММ ба таври зайл омадааст: «Ташкили шароитҳо, ки метавонад риояи адолатноки ва эҳтиромро нисбати ӯҳдадори , ки аз шартнома ва аз дигар сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ба вуҷуд омадаанд таъмин гардад» моҳияти принсипи мазкурро ташкил медиҳад. Аҳдномаи Венагӣ «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқи» аз 23 маи соли 1969, ки аз 27 январи соли 1980 ба қувваи ҳуқуқи даромадааст дар чунин шакл дар моддаи 26 мафҳуми Принсипи бовиҷдона иҷро кардани ӯҳдадориҳои байналхалқӣ дода шудааст: «Ҳар як шартномаи амалкунанда иштирокчиёри хешро ӯҳдадор намудааст, ки бовиҷдона ҳатмии онро иҷро намояд».

Гурӯҳи сеюми принсипҳои асосии ҳукуқи байналхалқи номи «Принсипи ҳимояи ҳуқуқи инсон, халқ ва миллатҳо» – ро  дорад, ки ба ҳайаьти он принсипҳои зеррин ворид мешаванд:

1.Принсипи баробарҳуқуқи ва халқу миллатҳо;

2.Принсипи эҳтироми ҳуқуқ ва озодии асосии инсон.

Принсипи баробарҳуқи ва худмуайянкунии халқу миллатҳо дар замони инқилоби буржуазия, демократия арзи вуҷуд намуд ҳамчун Принсипи Милли баъди ба итмом расидани ҷанги якуми ҷаҳон номи ҳозираи хешро гирифт. Принсипи баробарҳуқуқи ва худмуайянкунии халқу миллатҳо аз зулми мустамликадори озод гаштани халқу миллатҳо мавқеи муҳимро бозид ва тибқи он ҳар як давлат бе монеъа метавонад худаш мустақилона низоми сиёсӣ, иқтисоди ва фарҳангии хешро муқаррар созад.

Принсипи эҳтироми ҳуқуқ ва озодии инсон алоқаманд мебошад  бо қабули як қатор санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва талошҳои инсоният баҳои бо таври воқеи дастрас гаштанаш ба ин ҳуқуқу озодиҳо. Зеро  ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон қадру қиммат ва мавқеи онро дар ҷомеа муқаррар месозад.

Ба сифати заминаи ҳуқуқи эътироф гаштани ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ба ҳайси Принсипи асосии ҳуқуқи байналхалқӣ ин қабули санадҳои зерин ҳуқуқи байналхалқи хисоб мешаванд:

  1. Оинномаи СММ /Дар Оинномаи СММ банди 3 моддаи бехатарию  ҳуқуқу озодии асосии инсон ба ҳайси мақсади СММ пазируфта шудааст, на чун принсип/:
  2. Эъломияи ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948;
  3. Пакти байналхалқи «Дар бораи ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ» аз 10 декабри соли 1966;
  4. Пакти байналхалқӣ «Дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» аз 10 декабри соли 1966;

Конвенсияи Аврупои «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон» аз 4 ноябри соли 1950. Акти хотимавии машварати срони давлатҳо доир ба бехатари ва ҳамкориҳо аз 1 августи соли 1975 эҳтироми ҳуқук ва озодии асосии инсонро  ба сифати принсипи асосии ҳуқуқи байналхалқи эътироф намуд. Тибқи присипи эҳтироми ҳуқуқ ва озодии асосии инсон, ҳар як субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ ӯҳдадор мебошад, ки таъмини ҳуқ ва озодии аосии инсонро кафолат диҳад. Аз ин нигоҳ қайд кардан ба маврид аст, ки мазмуни принсипи асосии эҳтироми ҳуқуқ  ва озодии асосии инсон дар он мебошад, ки шартномаҳои байналхалқӣ ва қонунгузории дохилии давлатӣ ин принсипро мустаҳкам менамоянд.

А Д А Б И Ё Т Ҳ О:

  1. Международное право. Г.В.Игнатенко-М: выс.шк 1995 – 399с.
    1. Курс международного права. В 7 т. 2М 1989
    1. Международное право. От ред. Г.И.Тункин. М.Юрид.лит.,1982,
    1. Сарсембаев М.А. Международное право. Учебное пособье.- Алматы Жжет: Жарди 1996 – 448 с.
  2.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *