Ташкилотхои байналхалки

  1. Мафҳуми ташкилотҳои байналхалқӣ ва      

       табиати ҳукуқии онҳо.

  • Функсия ва низоми мақомотҳои ташкилотҳои  

    байналхалқӣ.

1.Мафҳуми ташкилотҳои байналхалқӣ ва табиати ҳуқуқии онҳо.

Пайдоиши ташкилотҳои байналхалқи тасодуфи набуда балки дорои зарурияти ба худ хос мебошанд ё бо ибораи дигар гуем онҳо баҳри қонеи талаботҳои муайяни ҷомеаи инсон арзи вуҷуд намудаанд. Ба қарни XIX пайдоиши ташкилотҳои байналхалқӣ рост меояд, лекин қайд намудан лозим аст, ки ташкилотҳои байналхалқии он айём чандон нуфуз аз арсаи байналхалқӣ монанди Лигаи Миллатҳо ва СММ надоштанд. Дар таърихи ҳуқуқи байналхалқӣ яке аз аввалин ташкилотҳои байналхалқии бонуфуз ин Лигаи Миллатҳо ҳисоб мешуд, ки фаъолияти он солҳои 1919 ва 1946-ро бар мегирад. Албатта Лигаи Миллатҳо низ аз ӯҳдаи таъмини ҳуқуқи инсон, бартарфсозии ҷангҳои байни давлатҳо ва дигар таҷовузкориҳо баромада натавонист, гарчи дар таърих имконият хизмати арзандае ба сомон раонида бошад ҳам.

Ҷанги дуюми ҷаҳон ба коҳидшавии обрӯ ва ташкилоти байналхалқии бонуфузтар Созмони Миллали Муттаҳид гардид. Дар Айни ҳол зиёда аз 4 ҳазор ташкилотҳои байналхалқи дар ҷахон вуҷуд дорад, ки аз он 30-аш ташкилоти байналхалқии ғайриҳукумати мебошад.

таърифи мафҳуми ташкилотҳои байналхалқӣ гуногун дода мешавад ва асосан дар зери мафҳуми он иттиҳодияҳои давлатҳо фаҳмида мешавад, ки дар асоси шартномаи байналхалқии муассисави бо мақсади ягонаю доимӣ ва баҳри ҳамкориҳои амалиётҳои муштарак ба ҷо овардани эҳтироми соҳибихтиёрии давлатҳои аъзо ташкил шуда дорои мақомотӣ буда, мақсад ва фаъолияти онҳо ба меъёр /норма/-ҳо ва присипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Ташкилотҳои байналхалқи аз ҷониби давлатҳои мустақил бо мақсадайян ва мӯҳлати бемаҳдуд ташкил карда мешаванд. Дар замони муоссир мақсади марказии /асосӣ/ ташкилотҳои байналхалқӣ ин якҷоягӣ бо давлатҳо сарфи назар аз мақсаду маромашон гуногун ҳал намудани ҳама гунна проблемаҳои байналхалқӣ иборат мебошад. Бинобар  ин мақеи ташкилотҳои байналхалқӣ дар ҳал намудани баҳсҳои байналхалқӣ, таъмини ҳукуқи инсон, бартарафсозии ҳамагуна хаиарҳо дар арсаи байналхалқӣ калон мебошад.

Нисбати табиати ҳуқуқи ташкилотҳои байналхалқӣ фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад ва аломатҳои онро ба тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд.

Ба ақидаи мо доири ин масъала мавқеи дурустро С.Ю.Маречкин ишғол менамояд. Ӯ ҳафт аломати табиати ҳуқуқии ташкилотҳои байналхалқиро нишон додаст:

Якум; Ташкилотҳои байналхалқӣ аз иби давлатҳо дар асоси акти муассисавӣ Оиннома ташкил карад мешавад.

Дуюи: Ташкилотҳои байналхалқӣ дар доираи Оинномаи хеш дорои салоҳият буда, фаъолият менамояд.

Сеюм: Ташкилотҳои байналхалқӣ моҳияти доимии худро доранд.

Чорум: Ташкилшавии ташкилотҳои байналхалқӣ дар асоси принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо – аъзо ташкил карда мешавад.

Панҷум: Барои давлатҳои аъзо қарорҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ҳатмӣ мебошанд, дорои қувваи ҳақиқи мебошанд.

Шашум: Ташкилотҳои байналхалқӣ соҳиби маҷмӯи ҳуқуқҳо аз он ҷумла дорои ҳуқуқи шахси юридикӣ мебошанд:

Ҳафтум:Намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ дорои имтиёз ва иммунитетҳо мебошанд, ки барои таъмин намудани фаъолияти мӯътадили /фаъолият ва ба амалбарории функцияи худ дар давлатҳо мебошанд/ онҳо лозим аст.

2.Функция ва низоми мақомотҳои ташкилотҳои байналхалқӣ.

Функцияҳои ташкилотҳои байналхалқӣ иборат аз маҷмӯи фаъолиятҳое мебошад, ки барои иҷро намудани вазифаҳои ба зимаашон гузошташуда равона карда шудааст. Функсияҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ба намудҳои зерин тақсим мешаванд: танзимӣ, назоратӣ, фаврӣ, ахборӣ, ва кодификационӣ.

Дар замони муосир функсияи танзимнамои ташкилоти байналхалқи аҳамияти ниҳоят муҳим дорад. Ба таркиби он қабули қарор, мақсади муайян, принсипҳо, қоидаҳои рафтори давлатҳои аъзо дохил мешаванд.

Функсияи назорати бошад аз ба амалбарории назорати доир ба мувофиқати рафтори давлатҳои аъзо ба меъёрҳои ҳуқуқӣ байналхалқӣ иборат мебошад.

Амалияи байналхалқӣ функсияи фавриро функсияи маъмури ташкилотҳои байналхалқӣ эътироф мекунад. Масалан, амалиётҳои СММ оиди дастгири намудани сулҳ ва бехатарии байналхалқӣ расонидани ёрии техникӣ ба давлатҳои рӯ ба инкишоф ва ғайра ба он дохил мешавад.

Нашр намудани маводҳои ташкилотҳои байналхалқӣ функсияи ахборӣ мебошад. Механизми ҷорӣ сохтани  функсияҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ин мақомотҳои он ҳо мебошад.

Мақомотҳои ташкилотҳои байналхалқӣ номҳои гуногун доранд. Масалан: мақомоти олии СММ,Ассамблеяи Генералӣ, ИКАО, ИМО, Ассамблея, МФСР, МВФ, МАР, МЕРР,МIDK, Шӯрои идоракунии МАРАТЭ, ЮНИДО, ЮНЕСКО Конференсияи генералӣ; МСЭ – салоҳияти конференсия; ВПС, ВМО, ВОЗКонгресс, ФАО, ВОИС-конференсия, ОБСЕ,ИДМ – Шӯрои сарони давлату ҳукуматҳо ва ғайра номгузорӣ карда шудаанд.

Низоми мақомотҳои асосии ташкилотҳои байналхалқиро ба намудҳои зайл ҷудо менамоянд;

1.Олӣ;

2.Иҷроиявӣ;

3.Маъмурӣ;

4.Комитет ва комиссияҳои махсус.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.