Ба таври осоишта ба танзим даровардани бахсхои байналхалки

Ба таври осоишта ба танзим даровардани баҳсҳои байналхалқӣ

1.Мафҳуми баҳси байналхалқӣ.

2.Мафҳуми ҳуқуқии принципи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ.

1.Мафҳуми баҳси байналхалқӣ.

Мафҳуми баҳси байналхалқӣ одатан барои нишон додани мухолифати байни давлатҳо, инчунин баҳсҳое, ки осоиштагӣ ва бехатарии байналхалқиро дар хатар мегузоранд, истифода мешавад.

Дар асоси баҳсҳои байналхалқӣ як қатор омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ-сиёсӣ, ғоявӣ, ҳарбӣ, ки хусусияти ҳуқуқи байналхалқӣ доранд, меистанд. Дар намуди умуми, баҳси байналхалқиро ба сифати муносибати махсуси ҳуқуқи сиёсие, ки байни дув а зиёда субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ пайдо мешаванд ва зиддияте, ки дар чорчӯбаи ин муносибатҳо вуҷуд доранд, фаҳмидан мумкин аст.

Аз вақти пайдо шудани баҳс ва дар давоми тамоми давраҳои инкишофи он, бояд принципи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ, ҳамчун принципи ҳама эътирофшудаи, ҳатмии ҳуқуқи байналхалқӣ амал кунад.

Барои баҳо додан ба муносибатҳои мухолифи байни давлатҳо дар Оинномаи СММ мафҳуми баҳс ба вазъият истифода мешавад, аммо дар Оинномаи СММ мафҳуми вазъи байналхалқӣ ва баҳси байналхалқӣ мавҷуд нест.

Мувофиқи назарияи илмии ҳуқуқи байналхалқӣ ва таҷрибаи Шурои Бехатарӣ, инчунин Суди Байналхалқии СММ баҳс дар он ҳолат ҷой дорад, ки давлатҳои тарафайн оиди як матлаби баҳс ба якдигар даъво пешниҳод мекунанд. Вазъият бошад дар он ҳолат ҷой дорад, ки зиддияти манфиатҳои давлатҳоро пешниҳод кардани даъво ҳамроҳи намекунад. Мафҳуми вазъият аз мафҳуми баҳс дида васеътар мебошад.

Хусусияти умумии ҳар дуи онҳо зиддияти манфиатҳои давлатҳо мебошад.

Ду намуди  баҳс ва вазъиятро  фарқ мекунанд: давом ёфтани як намуди онҳо ба осоиштагӣ ва бехатарии байналхалқӣ таҳдид мекунад ва давом ёфтани дигари онҳо  бо чунин таҳдид алоқаманд нест.

Дар  ҳар  ҳолат бешубҳа принципи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқи новобаста аз он, ки онҳо ба осоиштагӣ ва бехатарии байналхалқӣ таҳдид мекунанд ё не  ба ҳамаи баҳсҳо ва вазъиятҳои байналхалқии паҳн мегардад.

Баҳсҳои байналхалқӣ аз рӯи асосҳои гуногун тасниф мешаванд; аз рӯи объект ва матлаби баҳс, аз рӯи дараҷаи хатарнокиаш ба осоиштагии байналхалқӣ, аз рӯи доираи паҳншавии /маҳаллӣ, минтақавӣ, глобалӣ/, аз рӯи шумораи субъектон /дутарафа, бисёртарафа/.

Дар Оинномаи СММ қоидаҳои муайяни ба танзимдарории якчанд намудҳои гуногуни баҳсҳои байналхалқӣ пешбини шудааст. Дар байни онҳо «баҳсе, ки давом ёфтани он ба осоиштагӣ ва бехатарии байналхалқи таҳдид мекунад» /моддаи 33/; «баҳсҳои байналхалқӣ» /банди 3 моддаи 2/; «ҳар гуна баҳсҳое, ки ба дастгирии сулҳи байналхалқӣ таҳдид мекунанд» /моддаи 38/; «баҳсҳои маҳаллӣ»  /пп. 2 ва 3 моддаи 52/; «баҳсҳои характери ҳуқуқӣ дошта» /б.3 моддаи 36/.

Дар Оинномаи СММ дар байни баҳсҳои ҳуқуқи ва сиёсӣ ягон фарқият мавҷуд нест. Ҳамчунин дар банди 2 моддаи 36 Статуси Суди байналхалқии СММ дар зери баҳсҳои характери ҳуқуқи дошта, баҳсҳое фаҳмида мешаванд, ки масъалаҳои маънидодкунии шартнома, ҳуқуқи байналхалқӣ, вайрон кардани ӯҳдадориҳо дар  байналхалқӣ ва масъалаи додани товони зарар барои вайрон кардани ӯҳдадориҳо дар бар гиранд.

Ҷои махсусро дар байни намудҳои гуногуни баҳсҳои байналхалқӣ баҳсҳои ҳудуди ишғол мекунанд, яъне баҳсҳои оиди таалуқдории қитъаи муайяни қаламрав. Онҳо бисёр вақт ба бӯҳрони сиёсӣ ва низоми ҳарбии байни давлатҳо оварда мерасонанд.

2.Мафҳуми ҳуқуқии принципи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ.

Дар ҳуқуқи байналхалқии муосир принципи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳо ҳамчун меъёри умумиэътирофшуда ташкил шудааст, ки мувофиқи он баҳсҳои байналхалқи беистисно бояд воситаҳои осоишта ҳалли худро ёбад.

Дар Конференцияҳои Гаага бахшида ба сулҳ, 1899 сол ва 1907с. шуда гузаштааст. Конвенция дар бораи ба таври осоишта ҳал кардани зиддияти байналхалқӣ коркард ва қабул карда шуд, ки он то як дараҷаи муайян қоидаҳои истифодаи хизмат, миёнаравӣ, ташкил ва амали судҳои байналхалқии ҳаками ва комиссияҳои таҳқиқро ҷамъбаст ва ягона гардонд. Аммо дар шароити раво дидани қонуни шуморидани зӯроварии ҳарбӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ муроҷиат кардан ба воситаҳои осоиштаи ҳалли баҳсҳои байналхалқи ба иштирокчиёни он хусусияти ҳатмии ҳуқуқи надошт. мисол мувофиқи моддаи 2 Конвенцияи номбаршуда дар ҳолати мухолифат ё низо давлатҳои аҳд баста ризо буданд, ки пеш аз ба яроқ даст задан, ба қадре, ки имконият ҳаст ба хизмати хуб ё миёнаравӣ як ё якчанд давлатҳои дӯст муроҷиат намоянд. Эзоҳоти ӯ «ба қадре, ки имконият ҳаст», чунин муроҷиатро пурра ба ихтиёри тарафҳои баҳскунанда вобаста менамояд. Аз ин ҷо онро ҳамчун сатҳи ҳатмии ҳал кардани баҳс шуморидан мумкин нест.

Низомномаи Лигаи Миллатҳо, ки соли 1919 қабул шудааст дар ҳолатҳои муайян истифодаи воситаҳои алоҳидаи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқиро пешбини мекард, аммо аниқ, принципи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳо ифода наёфта буд ва ҷангро ҳамчун воситаи қонуни ҳалли баҳс иҷозат медод.

Мувофиқи моддаи 12 Низомномаи аъзоёни Лигаи Миллатҳо бояд баҳсҳое, ки ба қатъ гаштани муносибатҳо оварда мерасонанд ба мурофиаи ҳакамӣ ё судӣ ё ин ки ба Шӯрои Лигаи Миллатҳо пешкаш мекард. Дар ин маврид тарафҳои баҳскунанда набояд муддати се моҳ баъди қарори суди ё ҳакамӣ ё маърӯзаҳои Шӯро ба ҷанг даст зананд. Мувофиқи моддаи 13 тарафҳои баҳскунанда баҳсҳои хусусияти ҳуқуқи доштаро, ки бо роҳи дипломатӣ ҳалли худро наёфтаанд ба мурофиаи судӣ ё ҳакамӣ пешкаш мекарданд. Дар ин маврид дигар аъзоёни Лига ӯҳдадор буданд, нисбати он тарафи баҳсдор, ки бо қарори суд рози буд бо ҷанг таҳдид накунанд.  Баръакс нисбати дигар тарафи баҳсдор ҷанг иҷозат дода шуда буд.

Мувофиқи моддаи 15 баҳсе, ки дар байни аъзоёни Лигаи Миллатҳо пайдо шуда ба канда шудани муносибатҳо оварда мерасонад ва он ба мурофиаи ҳакамӣ ё суди насупорида шуда буд, бояд ба тарафҳои баҳскунанда ба Шӯрои Лига супорида шавад. Дар ҳолати бо як овоз қабул шудани маърӯза, дигар аъзоёни Лигаи Миллатҳо ӯҳдадор буданд нисбати он тарафи баҳсдоре, ки бо хулосаҳои маърӯза ҳамфикр аст бо ҷанг таҳдид накунанд. Баръакс нисбати тарафи мухолиф ҷанг иҷозат дода шуда буд. Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳамфикри аъзоёни Лигаи Миллатҳо бо мақсади дастгирии ҳуқуқ ва адолат ҳуқуқи озодона интихоб кардани ҳам воситаҳои ҳарбӣ ва ҳам воситаҳои осоишта доранд. Мувофиқи моддаи 17 дар ҳолати аз тарафи аъзоёни Лига қабул накардани ӯҳдадориҳои бо Низомнома пешбини шуда оиди ба танзим даровардани баҳс Шӯро ҳуқуқ дорад, тамоми чораҳо ва пешниҳодҳои худ, ки амалиёти душманонро пешгирӣ мекунанд ва ба ҳал шудани низоъ оварда мерасонанд қабул кунанд.

Дигар қадам дар роҳи эътирофи принципи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ ва қабул кардани Шартномаи Париж дар бораи даст кашидан аз ҷанг аз соли 1928 буд. Дар моддаи 1 ин шартнома қайд гардидааст: «Тамоми тарафҳои олии аҳдбаста эътироф карданд, ки ҳамаи баҳсҳо ва низоъҳои дар байни онҳо пайдо  шуда бо роҳи осоишта ҳал мешаванд.» Дар Оинномаи СММ принципи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқӣ ҳамчун принципҳои  асосгузори ҳатмии ҳуқуқи байналхалқии муосир  ба зинаи баланд бардошта шуда буд. Мувофиқи б.3 моддаи 2 Оиннома, ҳамаи аъзоёни СММ баҳсҳои байналхалқии худро бо роҳи осоишта тарзе, ки сулҳи байналхалқӣ, бехатари ва адолатро дар зери таҳдид намегузоранд, ҳал мекунанд. Оқибати маълуми ин прицип дар Эъломия оиди принципҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва дар акти Хотимавии машварат оид ба бехатари ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз соли 1975 тарақи дода шуда буд.

Барои амалан дар муносибатҳои байналхалқӣ тасдиқ шудани принципи ба таври осоишта ҳал шудани баҳсҳои байналхалқӣ, аҳамияти муҳимро Эъломияи Манила дар бора ибо роҳи осоишта ҳал намудани баҳсҳои байналхалқӣ, ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда шуд ва Эъломия 1988 сол оиди пешгири ва барҳам додани баҳсҳо ва вазъиятҳое, ки ба осоиштагии байналхалқи ва бехатари таҳдид мекунанд, доранд ва саҳми СММ дар ин ҷодда калон мебошад. Хусусияти муҳими Эъломияи соли 1988 дар он аст, ки он натанҳо роҳҳои ба танзим даровардани баҳс, балки пешгирии баҳсҳое, ки давом ёфтани онҳо ба дастгирии осоиштагии байналхалқӣ ва бехатари таҳдид мекунанд, нишон медиҳад.

Мазмуни ҳуқуқии принципи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳо, маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои давлатҳои иштирокчии баҳсҳоро ташкил медиҳад.

Давлатҳо ӯҳдадор мебошанд, киҳамаи баҳсҳои байналхалқии худро ба воситаи осоишта ҳал кунанд. Дар Эъломия дар бораи принципҳои ҳуқуқи байналхалқӣ аз соли 1970 гуфта шудааст. Ҳар як давлат ӯҳдадор мебошад, ки аз таҳдид бо қувва ё истифода аз онҳо ба сифати ҳалли баҳсҳои байналхалқӣ, инчунин баҳсҳои ҳудуди ва масъалаҳое, ки марзи давлатиро дахлдор мекунанд, даст кашид.

Давлатҳо ҳуқуқ надоранд, ки баҳсҳои худро ҳал накунанд. Ин маънои онро дорад, ки тарафҳо барои ба танзим даровардани баҳс  натиҷаи дилхоҳ надода бошад, тарафхолиф бояд ёфтани роҳҳои ба танзим дарории баҳсҳоро давом диҳад. Дар маънои тезтар ҳал кардани баҳси байналхалқӣ қатъиян риоя кардани мӯҳлатҳои мусофиргардонидашудаи батанзимдарори фаҳмида мешавад.

Давлатҳо бояд аз амалиёте, ки ба тезу тунд шудани баҳсҳо дар байни онҳо ба вуҷудомада меорад, даст кашанд. Дар ин ҷо пеш аз ҳама сухан дар  бораи амалҳое меравад, ки баровардани танзимкунии баҳс душворӣ меоранд ба осоиштагӣ ва бехатарии байналхалқӣ таҳдид мекунанд инчунин амалҳое, ки вазъиятро ба фоидаи як тараф дигаргун карда, бо ҳамин зарар ба манфиатҳои тарафи дигар расонида мешавад, фаҳмида мешавад.

Давлатҳо ӯҳдадоранд, ки баҳсҳои худро дар асоси ҳуқуқи байналхалқӣ  ва боадолатона ба танзим дароранд. Чунин талабот дар ҷараёни ба танзим даровардани баҳсҳо, истифода кардани принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи шартномави ва одатиро пешбини мекунад. Мувофиқи моддаи 38 Статуси Суди Байналхалқии СММ ба танзим даровардани баҳсҳо дар асоси ҳуқуқи байналхалқӣ маънои истифодабарии:

1/ конвенцияҳои байналхалқии умуми ва махсус, ки қоидаҳои ба танзим даровардани баҳсҳоро муқаррар кардаанд ва аз тарафи давлатҳои баҳскунанда эътироф шудаанд;

2/Одати байналхалқи ҳамчун далели таҷрибаи умум ва ба сифати меъёри ҳуқуқи эътирофшуда;

3/ принципҳои умумии аз тарафи мамлакатҳои тамаддун эътирофшуда;

4/ қарорҳои суди ва назарияҳои илмии мутаҳасисони пуртаҷрибаи ҳуқуқи байналхалқии миллатҳои гуногун; ҳамчун воситаи ёрирасон барои муайян кардани меъёрҳои ҳуқуқ.

Давлатҳои дорои ҳуқуқи озодона интихоб кардани воситаҳои муайяни ба танзим даровардани баҳсҳо  ва низоъҳои пайдошударо доранд. Чунин ҳуқуқ аз принципи баробарии соҳибистиқлолии давлатҳо ва дахл накардан ба корҳои дохилӣ ва беруна бар меояд. Мазмуни ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналхалқи дар тараққиёти оянда, ба коркард ва қабул кардани меъёрҳои ҳуқуқие, ки маҷмӯи ҳуқуқ ва ӯҳдадроиҳои муайяни давлатҳоро аниқтар месозад, эҳтиёҷманд мебошад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.