Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд;

– аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимӣ – муайян кардани мақоми муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот;

– аспирант – шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд;

– аттестатсияи хатм – тартиби муқаррар намудани мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;

– аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ – муайян кардани мутобиқати заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуда;

– баҳогузории маҷмӯӣ ба фаъолият – иҷозатномадиҳии такрорӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии навбатии муассисаи таълимӣ дар шакли муттаҳидшудаи ин амалиёт дар як мӯҳлат;

– бакалавр – шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки  доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст;

– барномаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки дар он мазмуни фанни таълимӣ, мақсаду вазифаҳо, тарзи ташкили раванди таълим, талабот ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи таълимгиранда ифода ёфтаанд;

– интернатура –  ихтисосгирии баъдидипломӣ барои шахсони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва фармасевтӣ;

– донишҷӯ – шахсе, ки дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ (бакалавриат, магистратура ва мутахассис) таҳсил менамояд;

– зинаҳои таҳсилот – марҳилаҳои таълиму тарбия, ки давраҳои таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ), ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар бар мегиранд;

– китоби дарсӣ – воситаи таълимие, ки тибқи барномаи таълимӣ асосҳои соҳаи муайяни илмро  пайдарҳам ифода менамояд;

– маблағгузории сарикасӣ – маблағгузорие, ки дар асоси меъёрҳои ҳадди ақалли маблағгузорӣ тартиб дода шуда, вобаста ба намуд ва шакл, зинаи таҳсилот, маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ ба сари ҳар як таълимгиранда ва муассисаи таълимӣ муайян ва тақсим карда мешавад;

– магистратура – дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие, ки ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пас аз супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ дипломи намунаи давлатиро медиҳад;

– мазмуни таълим – сохтор, мундариҷа ва ҳаҷми барномаи таълимие, ки азхудкунии он имкони гирифтани дараҷаи таҳсилот ва ихтисоси муайянро медиҳад;

– мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати  давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ мекунад ва раванди таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат ва роҳбарӣ менамояд;

– мақомоти дахлдори давлатӣ – мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатие, ки ваколатҳои муайянеро дар соҳаи маориф бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;

– мактаби (синфи) камнуфус – муассисаи таълимие (синфе), ки дар маҳалҳои камаҳолӣ барои бо таҳсил фаро гирифтани шумораи ками хонандагон таъсис дода мешавад;

– маориф – раванди таълиму тарбия ба манфиати шахс, ҷамъият ва давлат, ки соҳиби дараҷаи муайяни таҳсилот гардидани таълимгирандагонро таъмин мекунад;

– машғулияти инфиродӣ – шакли таълим бо истифодаи тарзҳои гуногуни таълими инфиродӣ, ки ба хонанда ё донишҷӯ дониши иловагӣ медиҳад;

– муассисаи таълимӣ – ташкилоти таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки раванди муттасили таълиму тарбияро ба роҳ монда, як ё якчанд барномаҳои таълимиро амалӣ мегардонад;

– муассисаи таълимии махсус – ташкилоте, ки дорои шароити муайяни таълиму тарбия ва муҳити махсуси педагогӣ буда, офияти тиббию иҷтимоӣ, таҳсилу касбомӯзии кӯдаконеро, ки ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд, гирифтори иллати ҷисмонӣ ё равонӣ мебошанд ва ё рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст, таъмин менамояд;

– муассисаи томактабӣ – ташкилоте, ки барои кӯдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи  аввалия фаро мегирад;

– мутахассис – шахсе, ки соҳиби таҳсилоти олии касбӣ буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро  соҳиб шудааст ва барои иҷро намудани кори илмӣ имконият дорад;

– натиҷаи таълим – маҷмӯи дониш, маҳорат, малака, ақида, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавие, ки таълимгирандагон дар давоми таҳсил дар муассисаи таълимӣ соҳиб мегарданд;

– нақшаи таълимӣ – ҳуҷҷате, ки омӯзиши фанҳои таълимӣ ва тақсимоти солонаи онҳоро барои тамоми давраи таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ муайян менамояд;

– низоми маориф – мақомоти идоракунии маориф, муассисаҳои таълимӣ, субъектҳои раванди таълиму тарбия, муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф, иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ, воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳое, ки дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот маҷмӯи барномаҳои таълимӣ ва сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф амалӣ менамоянд;

– нострификатсия – муайян кардани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилотии шахсоне, ки муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ ва ё ташкилотҳои байналмилалиро хатм кардаанд;

– омӯзгор – шахси дорои таҳсилоти касбӣ, ки ба таълиму тарбия машғул мебошад;

– фаъолияти инфиродии омӯзгорӣ – фаъолияти омӯзгорие, ки дар муассисаи таълимӣ берун аз вақти корӣ ва ё берун аз муассисаи таълимӣ дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад;

– ординатура (резидентура) – таҳсилоти олии касбии баъдидипломии тиббие, ки аз рӯи ихтисосҳои муайяни тиббӣ зери роҳбарии табиби дараҷаи илмидошта ё табибони пуртаҷриба анҷом дода мешавад;

– сифати таълим – тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натиҷаи он шахс соҳиби таҳсилот мегардад;

– сифати таҳсилот – маҷмӯи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ;

– стандартҳои давлатии таҳсилот – маҷмӯи меъёрҳое, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту мӯҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд;

– тарбия – раванди мақсадноки ба воя расонидани кӯдак аз  ҷониби падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассисаи таълимӣ, ҷамъият ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ;

– таълим – фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ;

– тарбиягиранда – кӯдаке, ки дар муассисаҳои томактабӣ бо тарбия ва таълим фаро гирифта шудааст;

– таълимгиранда – тарбиягиранда, хонанда, донишҷӯ, аспирант, шунавандаи муассисаи таълимӣ;

– таҳсилот – раванди муттасили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс равона карда шудааст;

– таҳсилоти калонсолон – маҷмӯи равандҳои таҳсилот, ки бо кӯмаки он калонсолон қобилият ва дониши худро инкишоф дода, дараҷаи тахассуси касбӣ ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро интихоб менамоянд;

– таҳсилоти муттасил – дар тӯли ҳаёт гирифтани таҳсилот ва мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ;

– таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад;

– таҳсилоти фарогир – барои кӯдакон, новобаста ба  ҷинс, нажод, забон, миллат, эътиқоди динӣ, иллати ҷисмонӣ ё равонӣ, қобилият, вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати гирифтани таҳсилот;

– таҷҳизоти таълимӣ – таҷҳизоте, ки дар раванди таълим барои ташаккули дониш, маҳорат, малака, инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳнии таълимгирандагон истифода мешавад;

– раванди таълим – низоми фаъолияти таълимию тарбиявӣ барои расидан ба  мақсадҳои таълим;

– экстернат – омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаи асосии таълимӣ бо аттестатсияи минбаъдаи хатм дар муассисаҳои таълимӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф

1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

2. Давлат барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил намуда, фаъолияти онро ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил равона мекунад.

3. Давлат бо мақсади рушди соҳаи маориф  ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд.

4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

5. Дар муассисаҳои таълимӣ тарғиб, таъсис ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсии ҷамъиятӣ ва динӣ манъ аст.

Моддаи 4. Принсипҳои  асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар гирифтани таҳсилоти босифат;

– қонуният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– бартарии соҳаи маориф дар ҳама сатҳҳои идоракунии давлатӣ;

– ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ;

– дастрасии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар асоси озмун;

– бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ, моҳияти башардӯстонаи мазмуни таҳсилот, рушди озодонаи шахс;

– муҳаббат ба Ватан, оила ва муҳити зист;

– ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ;

– ягонагии фазои маърифатию фарҳангӣ, рушди фарҳанг ва ҳифзи анъанаҳои миллӣ;

– ҷанбаи инсондӯстӣ, демократӣ ва давлатию ҷамъиятии идоракунии соҳаи маориф ва шаффофият дар фаъолияти он;

– мустақилияти муассисаҳои таълимӣ;

– раванди муттасили таҳсил;

– мувофиқати соҳаи маориф ба талабот ва вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– рушди соҳаи маориф бо назардошти стандартҳои байналмилалии сифати таълим ва меъёрҳои байналмилалии таҳсилот;

– ҳавасмандгардонии маърифатнокшавии шахс ва инкишофи истеъдоди ӯ;

– пайдарҳамии раванди таҳсилот, ки алоқамандии зинаҳои таҳсилот ва ягонагии таълиму тарбияро таъмин месозад;

– ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.

Моддаи 5. Вазифаҳои Қонуни мазкур

Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошанд:

– таъмини кафолати давлатии ҳуқуқи шахс ба таҳсил;

– фароҳам овардани кафолати ҳуқуқӣ барои фаъолият ва инкишофи озодонаи муассисаҳои таълимӣ ва ҳамоҳангсозии муносибатҳои онҳо бо дигар сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;

– муқаррар намудани салоҳият, ваколатҳо, вазифаҳо, ҳуқуқҳо, ӯҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти идоракунии давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф ва танзими ҳуқуқии муносибатҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия;

– муҳайё  намудани шароит барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ;

– фароҳам овардани заминаи устувори ахлоқ ва тарзи ҳаёти солим;

– мукаммал гардонидани зеҳн бо роҳи фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахс;

– тарбияи муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, пос доштани расму ойин ва анъанаҳои миллӣ;

– тарбияи шахсияти дорои эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандӣ баҳри иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ;

– дарки муносибати огоҳонаи шахс ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ.

Моддаи 6. Кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил

1. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат медиҳад.

2. Давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими ҳатмии умумии асосии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ, инчунин дар доираи фармоишҳои давлатӣ дар асоси озмун ройгон гирифтани таҳсилотро дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот кафолат медиҳад.

3. Ҳуқуқи шаҳрванд ба таҳсил аз рӯи синну сол, вазъи саломатӣ, мавҷудияти доғи судӣ ва дигар нишонаҳо метавонад танҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.

4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсилот: рӯзона, шабона, ғоибона, оилавӣ, фарогир, фосилавӣ ва экстернат ҳуқуқ доранд.

5. Давлат дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад.

6. Давлат таълимгирандагони болаёқатро дастгирӣ намуда, ба таҳсилоти онҳо кӯмак мерасонад, аз рӯи натиҷаи таълим барояшон стипендияҳои махсуси давлатӣ муқаррар менамояд ва ҳангоми зарурат онҳоро барои таҳсил ба хориҷа мефиристад.

7. Давлат таъминот ва хароҷоти таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷетӣ кафолат дода, пас аз хатми муассисаҳои таълимӣ онҳоро бо ҷои кор таъмин менамояд.

8. Давлат барои шаҳрвандоне, ки муддати тӯлонӣ бо сабаби беморӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ рафта наметавонанд, дар хона ё дар муассисаҳои тандурустӣ таълими ройгонро ташкил мекунад.

9. Хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ҳуқуқи баробар доранд.

10. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 7. Забони таҳсил

1. Забони асосии таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ мебошад.

2. Давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат дода, ба забони давлатӣ ва дар маҳалҳои сукунати сернуфуси миллатҳои дигар, дар доираи имконоти мавҷудаи соҳаи маориф, ба забони модарии онҳо гирифтани таҳсилоти умумиро таъмин менамояд.

3. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ забони таҳсил бо роҳи ташкил намудани шумораи зарурии хонандагон, синфҳо, гурӯҳҳо ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти онҳо муайян карда мешавад.

4. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои давлатии таҳсилот ҳатмист.

5. Таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 8. Стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ

1. Барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот стандартҳои давлатии таҳсилот муқаррар карда мешаванд, ки аз нишондиҳандаҳои зерин иборатанд:

– ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ ва шарту шароити иҷрои онҳо;

– ҳаҷми ҳадди ақал ва ниҳоии соатҳои таълимӣ;

– талаботи асосӣ ба сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагон;

– мӯҳлати омӯзиши барномаҳои таълимӣ;

– ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи меъёрии марбут ба таҳсилот.

2. Барномаҳои таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия мегарданд. Барномаҳои таълимӣ аз инҳо иборатанд:

– томактабӣ;

– таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);

– таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– таҳсилоти миёнаи касбӣ;

– таҳсилоти олии касбӣ;

– таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

– таҳсилоти иловагӣ;

– таҳсилоти махсус;

– таҳсилоти калонсолон.

3. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои таълимӣ ҳатмӣ мебошад.

4. Тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ кардани стандартҳои давлатии таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

5. Барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус стандартҳои махсуси давлатии таҳсилот ва барномаҳои махсуси таълимӣ таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ карда мешаванд.

6. Мӯҳлат ва меъёри омӯзиши барномаҳои таълимиро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ Қонуни мазкур ва стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилот муайян менамоянд.

7. Дар муассисаҳои таълимӣ барои озмоиши технологияи нави таълим ва ҷорӣ кардани мазмуни нави таълим ба таври таҷрибавӣ барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия карда мешаванд.

8. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ барномаҳои таълимии иловагӣ амалӣ карда мешаванд.

9. Дар муассисаҳои таълимии таҷрибавӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба тариқи озмоиш барномаҳои таълимии давлатҳои пешрафта метавонанд истифода шаванд.

10. Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилотро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ менамояд.

БОБИ 2. НИЗОМИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 9. Сохтори низоми маориф

1. Низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сохторҳои зерин иборат мебошад:

– стандартҳои давлатии таҳсилот;

– барномаҳои таълимӣ;

– шакл ва меъёри гирифтани таҳсилот;

– мақомоти идоракунии маориф;

– муассисаҳои таълимӣ;

– субъектҳои раванди таълиму тарбия;

– муассисаю дигар ташкилотҳои соҳаи маориф;

– иттиҳодияҳои муассисаҳои таълимӣ;

– воҳидҳои сохторӣ ва дигар сохторҳо.

2. Дар низоми маориф инчунин сохторҳои дигарро таъсис додан мумкин аст, ки фаъолияти онҳо ба вазифаҳои зерин вобаста мебошанд:

– гирифтани таҳсилот ва таъмини он;

– гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

– тақсимоти ҷойҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

– амалӣ намудани барномаҳои миллии арзёбӣ;

– мусоидат барои иштирок дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ;

– мониторинг ва арзёбии дониш аз рӯи вазифаҳои зикршуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Дар низоми маориф метавонанд сохторҳои дигаре низ таъсис дода шаванд, ки фаъолияташон ба гирифтани таҳсилот ва таъмини он вобаста намебошад.

Моддаи 10. Муассисаи таълимӣ, сохтор ва намудҳои он

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ фаъолият менамоянд.

2. Мақоми муассисаи таълимӣ ва сохтори он аз тарафи муассис (муассисон) муайян гардида, дар оинномаи муассиса тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мегардад.

3. Низомномаҳои намунавии муассисаҳои таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

4. Тасдиқ кардан ё тағйир додани мақоми муассисаи таълимӣ дар асоси хулосаи аттестатсияи давлатӣ амалӣ мегардад.

5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд:

– томактабӣ;

– таҳсилоти умумӣ (ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ);

– таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

– таҳсилоти миёнаи касбӣ;

– таҳсилоти олии касбӣ;

– таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

– таҳсилоти иловагӣ;

– таҳсилоти махсус;

– муассисаҳои таълимии дигаре, ки раванди таълиму тарбияро амалӣ мегардонанд.

6. Намудҳои дигари муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 11. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ

1. Муассисаи таълимӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода  мешавад.

2. Муассисаи таълимии давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва мақомоти  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.

3. Муассисаи таълимии давлатие, ки мақоми ҷумҳуриявӣ дорад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.

4. Муассисаи таълимии давлатие, ки мақоми маҳаллӣ дорад, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.

5. Муассисаи таълимии ғайридавлатӣ бо қарори муассис (муассисон) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо тартиби муқарраргардида аз қайди давлатӣ мегузарад.

6. Муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ба сохтори мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва муассисаҳои таълимии маҳаллӣ ба сохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешаванд.

7. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

8. Муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар шаҳраку деҳот танҳо бо розигии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти дахлдор пас аз ба охир расидани соли хониш барҳам дода мешаванд.

9. Дар сурати барҳамдиҳии муассисаи таълимӣ мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронидани таълимгирандагонро мувофиқи хоҳиши онҳо ба дигар муассисаҳои таълимии мувофиқ таъмин менамоянд.

Моддаи 12. Тартиби бақайдгирӣ ва фаъолияти муассисаи таълимӣ

1. Тартиби бақайдгирии муассисаи таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2. Ҳуқуқи муассисаи таълимӣ барои  пешбурди фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, ки оинномаи он пешбинӣ намудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ин муассиса мавриди амал қарор дода мешавад.

3. Ба муассисаи таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида иҷозатнома дода мешавад.

4. Муассисаи таълимӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи фаъолият кардан ва истифода бурдани имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маорифро пайдо менамояд.

Моддаи 13. Муассиси (муассисони) муассисаи таълимӣ

1. Муассиси (муассисони)  муассисаи таълимӣ инҳо шуда метавонанд:

– мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф;

– иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;

– фондҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ, аз ҷумла хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;

– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

2. Муассис (муассисон) метавонад муассисаи таълимии муштарак таъсис диҳад.

3. Муассиси ҳама намуди муассисаҳои таълимии ҳарбӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таълими ҳарбии шаҳрвандон мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Моддаи 14. Оинномаи муассисаи таълимӣ

1. Оинномаи муассисаи таълимӣ ҳуҷҷатест, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим намуда, маълумотҳои зеринро дар бар мегирад:

– ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва мақоми муассиса;

– муассис (муассисон);

– шакли ташкилию ҳукуқӣ;

– маълумот оид ба намояндагиву филиалҳо;

– мақсади раванди таълиму тарбия, намуд ва шаклҳои барномаҳои татбиқшавандаи таълимӣ;

– тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз ҷумла забони таҳсил, тартиби қабул ва хориҷ намудани таълимгиранда, мӯҳлати таҳсил, тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳон, реҷаи кори муассисаи таълимӣ, тартиботи дохилии фаъолияти муассиса, инчунин хизматрасонии таълимии пулакӣ ва тартиби пешниҳоди он;

– тартиби ба расмият даровардани муносибатҳои муассисаи таълимӣ бо тарбиягирандагон, хонандагон, донишҷӯён ва падару модари онҳо (шахсони онҳоро ивазкунанда);

– сохтори фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории муассисаи таълимӣ, аз ҷумла тартиби истифодаи объектҳои моликият, манбаъҳои маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникӣ, тартиби ташаккули моликият, намуди фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти пулакӣ;

– тартиби идоракунии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла салоҳияти муассис (муассисон), тартиби ташкили тарзи идоракунӣ, тартиби қабул, ҷобаҷогузории кормандон, шартҳои пардохти музди меҳнати онҳо, тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ;

– ҳуқуқу вазифаҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия;

– феҳристи санадҳои дохилие, ки фаъолияти муассисаи таълимиро танзим менамоянд.

2. Оинномаи муассисаи таълимии давлатӣ бояд мақоми идоракунии дастҷамъӣ, тартиби ташкил ва вазифаҳои онро пешбинӣ намояд.

3. Оинномаи муассисаи таълимиро муассиса таҳия намуда, онро муассис (муассисон) тасдиқ мекунад.

Моддаи 15. Таълиму тарбияи томактабӣ

1. Таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда мешавад.

2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини муассисаҳои томактабӣ: ширхоргоҳ, ширхоргоҳ-кӯдакистон, кӯдакистон, мактаб-интернат, хонаи кӯдакон, маркази инкишофи кӯдакон, кӯдакистони оилавӣ ва дигар муассисаҳои томактабии кӯтоҳмуддат, рӯзона, шабонарӯзӣ ва муассисаҳои ба онҳо баробаркардашудаи давлатӣ ва ғайридавлатӣ амал менамоянд.

3. Барои дар оила ва муассисаҳои томактабӣ таълиму тарбия гирифтани фарзандон падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), баробар бо муассисаҳои томактабӣ масъул мебошанд ва барои таъмини инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва зеҳнии давраи аввали кӯдакӣ ва минбаъд барои ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ омода намудани онҳо ӯҳдадоранд.

4. Муносибатҳои байни муассисаҳои томактабӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартномаи тарафайн танзим карда мешавад.

5. Давлат муассисаҳои томактабиро аз ҷиҳати моддӣ ва молиявӣ дастгирӣ карда, дастрасии хизматрасонӣ, таълиму тарбияи томактабиро барои оилаҳои камбизоат таъмин менамояд.

6. Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, танзим мегардад.

Моддаи 16. Таҳсилоти умумӣ

1. Таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумоти умумӣ дар бораи табиат, ҷамъият ва арзишҳои таърихию фарҳангии милливу умумибашарӣ ташкил карда мешавад.

2. Таҳсилоти умумӣ тавассути муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, мактабҳои (синфҳои) камнуфус ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ  ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.

3. Синну сол ва мӯҳлати таҳсил дар ҳар зинаи таҳсилотро Қонуни мазкур ва Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ муайян мекунанд.

4. Ба синфи якуми зинаи аввали таҳсилот ҷалб кардани кӯдаконе, ки ба синни 7 расидаанд, ҳатмист.

5. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ, фарогир, оилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалигардонии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

6. Барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии асосӣ (9-сола) ҳатмист.

7. Қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи онҳо сурат мегирад.

8. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ метавонад дар баробари таҳсили ройгон бо хоҳиши падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) хонанда дар асоси шартномаи тарафайн пулакӣ бошад.

9. Таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ бо аттестатсияи  хатм ба анҷом мерасад. Тартиб ва шакли аттестатсияи хатмро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар мекунад.

10. Бо қарори мақоми идоракунии муассисаи таълимӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии идоракунии маориф барои мунтазам содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ ва риоя накардани оинномаи муассисаи таълимӣ хонандае, ки ба синни 16 расидааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад.

11. Муассисаи таълимӣ ӯҳдадор аст, ки дар бораи хориҷ гардидани хонанда фавран ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) ва мақомоти дахлдори давлатӣ хабар диҳад.

12. Қарори мазкур нисбат ба кӯдакони ятиму бепарастор дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ қабул карда мешавад.

13. Мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ масъалаи бо кор таъмин намудан ё ба муассисаи таълимии дигар гузаронидани чунин хонандагонро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал менамоянд.

14. Таҳсили кӯдакони ятиму бепарастор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии барои онҳо пешбинишуда ташкил карда мешавад.

15. Дар сурати мавҷуд будани заминаи зарурии моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ ба роҳ монда мешавад.

16. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки барои фаъолияти касбомӯзӣ иҷозатнома доранд, метавонанд дар асоси шартнома хизматрасонии таълимии иловагӣ, аз ҷумла пулакиро ба роҳ монанд.

17. Тайёрии ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

18. Тайёрии ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ бо хонандагони ҷинси мард дар давоми ду соли охири таҳсил ва як маротиба гузаронидани ҷамъомади таълимии ҳарбӣ аз рӯи барномаи таълимие, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мудофиа тасдиқ менамояд, амалӣ карда мешавад.

19. Шаҳрвандон барои таҳсилоти динӣ гирифтан дар муассисаҳои таълимии динӣ ҳуқуқ доранд. Фаъолияти ин муассисаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар асоси иҷозатномае, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф медиҳад, амалӣ карда мешавад.

20. Гирифтани таҳсилоти динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони то синни 18 танҳо бо ризоияти хаттии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)  иҷозат дода мешавад.

Моддаи 17. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ

1. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омӯхтани касбҳои коргарӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон дар заминаи таҳсилоти умумии  асосӣ ва миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияташон дар асоси озмун ё тариқи гузаронидани сӯҳбат ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳуқуқи дохил шудан доранд.

2. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар литсейҳои касбӣ – техникӣ ва соҳавӣ, марказҳои таълимии калонсолон ва дигар муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3. Таҳсилоти калонсолон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба роҳ монда шуда, он бо гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбӣ ба анҷом мерасад.

4. Таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои алоҳида дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил карда мешавад, агар муассисаи таълимӣ оид ба ин навъи фаъолияти таълимӣ иҷозатнома дошта бошад.

5. Таҳсилоти ибтидоии касбиро инчунин дар курсҳои таълимии назди ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, кооперативҳои тиҷоратӣ, корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирифтан мумкин аст.

6. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ надоранд, барои касбомӯзӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва инчунин ба курсҳои таълимие, ки дар қисми 5 моддаи мазкур зикр гардидаанд, қабул карда мешаванд.

7. Таҳсилоти шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.

8. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

9. Муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар сохтори худ метавонад намудҳои мухталифи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро ташкил намояд.

10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ вобаста ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва кадрӣ барномаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ карда мешаванд.

Моддаи 18. Таҳсилоти миёнаи касбӣ

1. Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ ҳуқуқи гирифтани таҳсилоти миёнаи касбиро доранд.

2. Таҳсилоти миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) амалӣ карда мешавад.

3. Баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ба шаҳрвандон дар асоси озмун ё тариқи гузаронидани сӯҳбат барои идомаи таҳсил танҳо ба муассисаҳои таълимии соҳаи омӯзгорӣ, тиббӣ ва фарҳангии таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд, дар ин муассисаҳо баробари таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд таҳсилоти миёнаи умумӣ гиранд.

4. Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ то 4 сол, барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 3 сол ва барои шахсоне, ки муассисаҳои таълимии соҳаи тиб ва фарҳангро мувофиқи хусусияти ихтисосашон хатм менамоянд, то  4 сол муқаррар карда мешавад.

5. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.

6. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

7. Шаҳрвандоне, ки таҳсилоти миёнаи касбӣ доранд, имконияти идомаи таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи ихтисос пайдо менамоянд. Мӯҳлати таҳсилро дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои ин шаҳрвандон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

8. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад филиал, шӯъба, парки технологӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошад, ки тартиби таъсиси онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 19. Таҳсилоти олии касбӣ

1. Таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда мешавад. Шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ баъди хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ қабул карда мешаванд.

2. Таҳсилоти олии касбӣ дар донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо ва дигар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ба онҳо баробаркардашуда амалӣ карда мешавад.

3. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва муштарак мешаванд.

4. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси озмун ва шартнома пулакӣ таълим мегиранд.

5. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар асоси шартнома пулакӣ таҳсилоти олии дуюм гиранд.

6. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳҳо метавонанд дар сохтори худ донишкада, филиал, академияи таълимӣ, коллеҷ, литсейи касбӣ – техникӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои илмию методӣ, хоҷагии таълимию таҷрибавӣ, парки технологӣ, марказҳои илмию инноватсионӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошанд.

7. Донишкада ва академияҳо метавонанд дар сохтори худ литсейи касбӣ – техникӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои илмию методӣ, парки технологӣ, марказҳои илмию инноватсионӣ ва дигар сохторҳо дошта бошанд.

8. Мӯҳлати таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии тиббӣ, барои дарёфти тахассуси дараҷаи “бакалавр” на камтар аз 4 сол, “мутахассис”  на камтар аз 5 сол ва “магистр” на камтар аз 2 сол муқаррар карда мешавад.

9. Таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар шакли рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ ва экстернат ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

10. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ вобаста ба имконоти моддию техникӣ барои тайёр намудани афсарони эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраҳои ҳарбӣ ташкил карда мешаванд. Кафедраҳои ҳарбӣ ба сохтори  муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ шомил мебошанд.

11. Ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ тибқи низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян мегарданд.

Моддаи 20. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

1. Таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дараҷаи таҳсилоти худро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ инкишоф диҳанд.

2. Муассисаи таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо мақсади тайёр кардани мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ташкил карда мешавад. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии алоҳидае, ки дорои заминаи илмӣ ва моддию техникӣ мебошанд ва аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, метавонанд зинаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ – магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура (доктори илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос) таъсис диҳанд ва вазифаи ходими илмиро ҷорӣ намоянд.

3. Фаъолияти илмӣ дар муассисаи таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.