Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТУРИЗМ

Моддаи 1. Ҳадафҳои Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ташкилӣ ва ҳамчунин қоидаҳои ягонаи фаоълияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

Туризм – шуғлест, ки усулҳои ташкили истироҳатро таввасути солимгардонӣ, шиносоӣ, саломатӣ, динӣ,(ба истиснои ҳаҷ), тиҷоратӣ, варзишӣ,касбию хизматӣ ва дигар ҳадафҳои воситаҳои саёҳат ва иқомати маваққатии берун аз ҳудуди ҷой истиқомати доимиро дар бар мегирад.

Туризми дохилӣ – ташкили саёҳат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дорад.

Туризми саёҳ – ташкили саёҳат ба дигар кишварҳо барои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд.

Туризми ташрифӣ – ташкили саёҳат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ надоранд.

Туризми иҷтимоӣ – саёҳате, ки аз маблағҳои аз тарафи давлат барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ҷудогардида пардохта мешавад.

Туризми худфаъолиятӣ-саёҳат бо истифодаи воситаҳои серистеъмоли ҳамлу нақл, ки сайёҳон мустақилона ташкил мекунанд.

туризми варзиши кӯҳгардӣ – намуди истироҳати фаъоле, ки ба ташкили пайроҳаҳое, ки пиёдагард дар шароити кӯҳсор алоқаманд аст.

Кӯҳнавардӣ (алпинизм) – намуди ғайри оддии туризм, ки бо баромадан ба қуллаҳои кӯҳӣ алоқаманд аст.

Турист-шаҳрванд, истифодабарандаихизматрасонии туристӣ ки аз ҷои истиқомати доимӣ ба кишвари (макони) дигари муваққатӣ ба мақсади солимгардонӣ, шиносоӣ, зиёрат (ба истиснои ҳаҷ), тиҷорат, варзиш ва дигар мақсадҳои вобаста ба сайёҳат сафар мекунад».

Саёҳат (тур) – сафари туристӣ бо пайраҳаҳои муаян дар мӯҳлатҳои муаян бо таъмини маҷмӯи хизматрасониҳо оид ба ҷобаҷокунии ҳамлу нақл, озуқа, хизматрасониҳои экскурсионӣ, инчунин хизмати роҳбаладону тарҷумонҳо ва дигар хизматрасониҳо, ки вобаста ба мақсади саёҳат дар мавриди таъмини кафолати амнияти онҳо, ҳимоя ва ҳифзи тандурустии туристон пешниҳод карда мешавад.

Маҳсулоти туристӣ – ҳуқуқ ба саёҳат, ки барои фурӯш, ба турист мутобиқи дастурҳои муқарраркардаи давлат пешбинӣ гардидааст. Маҳсулоти туристӣ бо дар назардошти вазъи бозори туристӣ ё тибқи фармоиши мушаххаси турист ташаккул меёбад. Фурӯши маҳсулоти туристӣ дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад.

Фаъолияти танзимии туризм – фаъолият оид ба ташаккул, пешбурд ва фурӯши маҳсулоти туристӣ, ки дар асоси литсензия аз ҷониби шахсони воқеъӣ ё ҳуқуқӣ (минбаъд- «танзимгари туризм») амалӣ мегардад.

Фаъолият оид ба пешбурд ва фурӯши маҳсулоти туристӣ, ки дар асоси литсензия аз ҷониби ашхоси воқеъӣ ё ҳуқуқӣ минбаъд – («агентии туристӣ») амалӣ мегардад.

Кадастри давлатии захираҳои туристӣ – номгӯи объектҳои табиӣ ва таърихию фарҳангӣ, ки дастоварди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Саноати туристӣ – маҷмӯи меҳмонхонаҳо ба дигар воситаҳои ҷойгиршавӣ, нақлиёт, муассисаҳои хӯрокӣ умумӣ, тамошо, шиносоӣ, хизматӣ, солимгардонӣ, варзишӣ ва воситаҳои таъиноти дигар, ки ташкили фаъолияти танзими туризм ва агентии туристиро амалӣ месозад.

Пешбурди маҳсулоти туристӣ – маҷмӯи тадбирҳое, ки ба фурӯши маҳсулоти туристӣ (реклама, иштирок дар намоишгоҳҳои махсусгардонида шуда, ярмаркаҳо, ташкили марказҳои иттилоотии туристӣ оид ба фурӯши маҳсулоти туристӣ, нашри феҳристон, буклетҳо ва ғайра) нигаронида шудааст.

Захираҳои туристӣ – маҷмӯи захираҳои экологӣ, табиию иқлимӣ, фарҳангию таърихӣ ва солимгардонӣ ва захирахои дигари истироҳатию фароғатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонеъ сохтани маҷмӯи талаботи гуногуни туристон мувофиқ мебошад.

Квотаи туристӣ – маҳдудияти микдории ташриф бо объектҳои туристию сайёҳати ё хатти сайр, ки ба таркиби захираҳои туристии Ҷумхурии Тоҷикистон ворид ҳастанд ва ба зарурати ҳифз аз вайроншавӣ ва дигар шартҳои истифодаи он иртибот доранд.

Субъекти фаолияти туристӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз он ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ё шахсони бе шаҳрвандӣ, ки хизматрасонии туристиро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.

Истироҳат – барқарорсозӣ ва обутоби қувваи ҷисмонию маънавии инсон дар муҳити атроф тавассути истироҳат, аз он ҷумла бо туризм;

роҳхати туристӣ – асноди алоҳида, ки дар байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи хизмати туристӣ як навъи шартнома мебошад ва пардохти онҳоро тасдик мекунад.

Шикори байналмилалӣ – шикор ба тартиб ва шароити муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ, ки онро субъекти фаъолияти туристии дорои литсензияи дахлдор ташкил менамояд. Ташкили шикори байналмилалӣ яке аз намудҳои фаъолияти туристӣ мебошад.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи туризм ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад».

Моддаи 4. Истифодаи захираҳои туристӣ.

Захираҳои туристӣ, ки аҳамияти миллӣ ва байналмилалиро доранд, дастовардҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Барои қайди истифодаи онҳо Кадастри давлатии захираҳои туристӣ тартиб дода шуда, барои тамошои онҳо квота муқаррар мешавад.

«Истифодаи ройгон ва беподоши захираҳои туристӣ, ки ба Кадастри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, манъ аст.»

Моддаи 5. Мақсад, усул ва роҳҳои танзими давлатии фаолияти туристӣ.

Мақсадҳои асосии танзими давлатии фаъолияти туристӣ инҳо мебошанд:

– таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат, ҳаракати озод ва дигар ҳуқуқҳо дар мавриди сайёҳат;

– ҳифзи муҳити зист;

– муайян намудани номгӯи ҳарсолаи обеъктҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ, аз он ҷумла ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда, ки тамошои онҳо дар асоси квота муқаррар карда мешавад;

– ривоҷ додани саноати туристӣ, ҳамчун таъминкунандаи талаботи шаҳрвандон ҳангоми сайёҳат;

– ривоҷ додани робитаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи туризм;

– истифодаи оқилонаи дастовардҳои табиӣ ва фарҳангӣ.

Самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи туризм дастгирӣ ва инкишофи туризми дохилӣ, воридотӣ, иҷтимоӣ ва худфаъолиятӣ мебошанд.

Танзимкунии давлатии фаъолияти туристӣ бо роҳҳои зайл амалӣ гардонида мешавад:

– эъҷод намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки ба ташаккули муносибатҳо – — дар соҳаи саноати туристӣ равона карда шудаанд;

– ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати давлат дар соҳаи туризм;

– ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои туристон, таъмин намудани бехатарии онҳо;

– муқаррар намудани тартиби стандартизатсия, сертификатсия ва литсензиякунонӣ дар соҳаи туризм;

– ҳавасмандкунии маблағгузории миллӣ ва хориҷӣ барои инкишофи фаъолияти туристӣ;

– фароҳам овардани имкониятҳои якхела дар бозори хизматрасонии туристӣ барои субъектҳои соҳибкор новобаста аз шакли моликият, дастгирии инкишофи рақобат, таъмин намудани риояи қонунгузории зиддимонополиявӣ дар ин соҳа;

– вусъат додани ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар барномаҳои байналмилалии туризм, коркард ва бастани шартномаҳои байналмилалии ду ва чандтарафа дар соҳаи туризм ва муайан кардани тартиби амалӣ намудани онҳо.

Моддаи 6. Намудҳои асосии фаъолияти туристӣ.

Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи туризм инҳо мебошанд:

– ташкили қабул ва хизматрасонӣ дар чаҳоррчӯбаи маърифатӣ, экологӣ, туризми варзишию кӯҳӣ, куҳнавардӣ, шикори байналмилалӣ, фиристодани туристон ба хориҷа ба мақcади истироҳат, таҳсил, муолиҷа, зиёрати динӣ ва тиҷорат;

– ташкили чорабиниҳои оммавии туристӣ – тандурустӣ, завқовар, махсус гардонидашуда ва дигар чорабиниҳое, ки бо туризм алоқаманданд.

Моддаи7.Салоҳияти Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи туризм

«-сиёсати давлатиро дар соҳаи туризм амалӣ менамояд;»

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи туризм дохил мешаванд:

– қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки фаъолияти туристиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷиукистон танзим менамоянд;

– муқаррар намудани тартиби воридоту содироти хизматрасонии туристӣ;

баста шудани созишномаҳои байниҳукуматӣ дар соҳаи туризм ва муайян намудани тартиби тадбиқи онҳо;

– тасдиқи барномаҳои давлатии инкишофи туризм, ки ба такмили саноати туристӣ равона шудаанд, иштирок дар иҷрои барномаҳои байналмилалӣ;

– муқаррар ва ҷорӣ намудани тартиби истифодаи захираҳои туристӣ бо мақсади туризм ва ҷуброни зарарҳои расонидашуда;

– муқаррар намудани тартиби литсензиядиҳӣ барои фаъолияти туристӣ ва муаян намудани миқдори арзиши онҳо;

– муайян намудани тартиби сертификатсияи маҳсулоти туристӣ, молҳо ва хизматрасонии субъектҳои фаъолияти туристӣ;

– фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоя ба соҳаи туризм;

– ташкили усулҳои давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи туризм ва таъминоти илмии соҳаи туристӣ;

– муайян намудани таърифҳои ягона барои баромадан ба қуллаҳои кӯҳӣ, пардохти наҷоти кӯҳӣ, боҷи экологӣ;

– ҳалли дигар масъалаҳое,ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он вобастаанд.

Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи туризм.

Сиёсати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти туристиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии соҳаи туризм ба амал мебарорад.

Ба салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

– амали намудани барномаи давлатии туризм дар Тоҷикистон ва таъмини иҷрои шартномаҳо, созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи туризм;

– намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии туристӣ;

– таҳияи меъёрҳо ва муайян кардани стандартҳои давлатии хизматрасонии туристон дар ҷумҳурӣ;

– ҳамоҳангсозии фаъолият ва роҳбарии меъёрию методӣ ба субъектҳои фаъолияти туристӣ;

– роҳбарӣ ба намояндагиҳои дар хориҷа будаи худ;

– бо тартиби муқарраршуда амалӣ намудани литсензиякунонӣ ба фаъолияти туристӣ;

– муқаррар намудани квотаи туристии мутаносиби баробар дар байни субъекҳои фаъолияти туристӣ барои тамошои объектҳои туристию экскурсионӣ, ки ба Кадастри давлатии захираҳои туристӣ бо сабаби зарурияти муҳофизати онҳо аз вайроншавӣ дохил ҳастанд;

– назорат аз рӯи сифати хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда ва иҷрои шартҳои литсензиякунонӣ ва сертификатсия дар соҳаи туризм;

– амалӣ гардонидан, тайёр ва ҷобаҷогузории кадрҳо (ба ғайр аз субъектҳои фаъолияти туристии ғайридавлатӣ), гузаронидани корҳои илмию татқиқотӣ дар соҳаи туризм ва ташкили Кадастри давлатии захираҳои туристӣ;

Ьалли дигар масъалаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти = вобаста намудааст.

«робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобила бо созмонҳои ҷамъиятии соҳаи туризм».

Моддаи 9. Фаъолияти туристӣ ва сертификатсияи

маҳсулоти туристӣ ва хизматрасонӣ.

Литсензиякунонии фаъолияти туристӣ ва сертификатсияи маҳсулоти туристӣ ва хизматрасонӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои давлат дар соҳаи туризм, инчунин туристон, амалӣ мегардад.

Шахсони воқеию ҳуқуқӣ, аз он ҷумла шахсони воқеию ҳуқуқии хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва фаъолият доранд, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, вазифадоранд литсензияи мақоми идораи давлатиро барои ҳуқуқ ба машғул шудан ба фаъолияти туристӣ дошта бошанд ва маҳсулоти туристию хизматрасониашон бояд сертификатсия кунонида шавад.

Тартиби литсензиякунонии фаъолияти туристӣ, инчунин сертификатсияи маҳсулоти туристӣ ва хизматрасониро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Рад намудани натиҷаи сертификатсияи маҳсулоти туристӣ ва хизматрасонӣ инчунин сертификати мутобиқат, ба қатъ намудан ва боздоштани амали литсаензияи фаъолияти туристӣ оварда мерасонад.

Моддаи 10. Суғуртакунӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти туристӣ.

Дар ҳолате, агар қонунгузории кишвари (макони) иқомати муваққатӣ талаботи кафолати пардохтро барои мадади тиббӣ ба шахсоне, ки дар ҳудуди он муваққатан иқомат доранд ҷорӣ намуда бошанд, танзимгари (агенти) туристӣ вазифадор аст, чунин кафолатҳоро пешниҳод намояд. Суғуртакунии туристӣ дар мавриди бемории тасодуфӣ пешниҳод намояд. Суғуртакунии туристӣ дар мавриди бемории тасодуфӣ ва ҳодисаҳои нохуш, шакли асосии додани чунин кафолатҳо мебошад.

Бо талаби турист, танзимгари (агенти) туристӣ ба суғуртакунии ҳодисаҳои хавфи таввакалии ба сайёҳат вобаста кӯмак мерасонад.

Суғуртаи хавфҳои таваккалӣ дар туризм, ки хатари зиёдро ба ҳаёту саломатии туристон таҳдид карда, хароҷоти зиёдро барои наҷотдиҳӣ талаб мекунад, аз тарафи субъекти фаъолияти туристӣ бо ризоияти турист амалӣ мегардад.

Суғуртаи хавфҳои таваккалӣ ихтиёрӣ буда, аз ҷониби туристон ба таври мусатақилона ё тавассути субъектҳои фаъолияти туристӣ иҷро мешавад.

Моддаи 11. Ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳои фаъолияти туристӣ.

Ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти туристӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ», «Дар бораи сиёсати зиддимонополиявӣ», «Дар бораи инвеститцияҳои хориҷӣ», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Субъектҳои фаъолияти туристӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеанд вазифадоранд:

– барои ҳуқуқи шуғл ба фаъолияти туристӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон литсензия, инчунин сертификати мутобиқат ба маҳсулот ва хизматрасонии туристии пешниҳодшаванда дошта бошанд;

– оид ба хизматрасонӣ ба туристон ба тартиби муқараргашта ҳисоботи аснодӣ баранд;

– ба мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи туризм тибқи намудҳои муқарраршуда маълумот ва ҳисобот пешниҳод намоянд;

– ба турист оид ба ташкил ва гузаронидани сайёҳат маълумоти пурра ва дақиқ дода, ба турист барои хизматрасониҳо мутобиқи маълумоти пеешниҳодшуда роҳхати туристии намунаи ягона фурӯшанд;

– бехатарии туристон ва нигоҳдории амволи онҳо, муҳайё намудани шароити амният барои фаъолияти туристӣ, омӯзонидани қоидаҳои амният, расонидани ёрии таъҷилиро ба туристон таъмин намуда, барои зарари ба туристон расидашуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд;

– оид ба масъалаҳои эҳёи индустрияи туристӣ (сохтмони меҳмонхонаҳо, базаҳои туристӣ, кемпингҳо, марказҳои истироҳатӣ ва ғ.) бо мақомоти ибораи давлатӣ мувофиқат кунанд;

– субъекти фаъолияти туристӣ ҳангоми ташкил ва амалӣ сохтани саёҳат, дар назди муштарӣ, чӣ барои амали худ ва чӣ барои амали шарикони хеш оид ба ташкили сайёҳат (пешниҳоди хизматрасонии ҷойгиркунӣ, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасоние, ки дар барномаи сафар ворид гардида, дар роҳхат зикр шудаанд) ва фурӯши он ҷавобгар мебошанд.

Моддаи 12. Роҳбари гурӯҳи туристӣ.

Роҳбарӣ гурӯҳи туристӣ дар рафти саёҳат ва мӯҳлати сафар дар сафари туристии гурӯҳи туристӣ намояндаи расмии субъекти фаъолияти туристӣ мебошад. Роҳбари гурӯҳи туристӣ аз ҷониби субъекти фаъолияти туристӣ дар асоси шаҳодатномаи тахассусӣ, ки ба тартиби муайянкардаи мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи туризм дода мешавад, таъин мегардад.

Вазифаҳои роҳбари гурӯҳи туристиро субъекти фаъолиятӣ туристӣ муайян мекунад.

Моддаи 13. Шартнома (қарордод), роҳхат ба сайёҳат (тур) ва хизматрасониҳои туристӣ.

Субъектҳои фаъолияти туристӣ ҳангоми ташкили сафари туристӣ ба турист роҳхати намунаи ягонаро бо имзои шахси масъул, ки бо мӯҳри корхонаи мазкур (субъект) тасдиқ карда шудааст, ба расмият дароварда, медиҳанд. Шартнома (қарордод) дар ҳолате басташуда ҳисобида мешавад, ки агар корхонаи туристӣ роҳхат дода бошад ва муштарӣ пардохти дахлдорро мувофиқи шартҳои шартнома (қарордод) супурда бошад.

Субъекти фаъолияти туристӣ метавонад зарарҳоро ҷуброн накарда шартномаро бекор кунад дар ҳолате, ки агар далели бекоркунӣ ба маълумоти турист ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои рафънопазир сарфи назар аз иродаи ӯ, ки ба амалӣ шудани сайёҳат ё пешниҳоди хизматрасонӣ монеъ мегардад, шахсан на дертар аз 15 рӯз то санае, ки сафар аз он оғоз меёбад, расонида шуда бошад. Дар ин ҳолат ҳамаи маблағе, ки қаблан аз тарафи турист супурда шудааст, ба = баргардонида мешавад.

Моддаи 14. Роҳхат.

Туристон барои сайёҳат кардан роҳхати намунавиро, ки бастани шартномаро ба сайёҳат тасдиқ мекунад, бо имзои шахси дахлдор ва мӯҳри тасдиқкардаи фурӯшанда мегиранд. Пойгири (корешоки) роҳхат дар фурӯшандаи сайёҳат боқӣ мемонад.

Роҳхат бояд хусусиятҳои зеринро дар бар гирад:

– ном, суроға, тамғаи тиҷоратии ташкилотҳои туристӣ, дар фурӯшанда мавҷуд будани литсензия, рақам ва санаи дода шудани он;

– насаб, ном ва номи падари турист, ки роҳхат гирифтааст, рақами шиносномаи хориҷӣ, агар роҳхат номӣ бошад;

– тасниф ва стандартҳои тамлми хизматрасониҳо бо дарназардошти ҷойгиркунӣ, озуқа, нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо, ки ба арзиш ворид карда шудаанд, инчунин мавҷудияти шартҳои суғурта;

– арзиши умумии сайёҳат ва шартҳои пардохти он аз ҷониби муштарӣ (пешпардохт пурра, қисман, аванс, тибқи далели хизматрасонии дастрасшуда);

– тавсифи шароит ва вазъият, ки дар мавриди онҳо турист метавонад радди сафар намояд (ҷуброн накардани зарар, қисман ҷуброн кардани зарар ба ташкилкунандаи сайёҳат);

– тавсиф шакл ва ҳаҷми ҷуброн ба турист барои вайрон кардани шартҳои сафари ӯ, ки дар роҳхат мувофиқа шудаанд ва бо айби субъектҳои фаъолияти туристӣ, ки сайёҳат ва хизматрасониро ташкил кардааст, роҳ дода шудаанд.

Дигар шартҳо тибқи мувофиқаи байни муштарӣ ва ташкилкунандаи сайёҳат.

Моддаи 15. Роҳхати гуруҳӣ.

Ҳангоми сафар дар ҳайати гурӯҳи туристӣ, ба роҳбари гурӯҳи туристӣ роҳхати умумӣ дода мешавад. Роҳхати умумӣ бояд хусусиятҳои дар моддаҳои 13 ва 14 ҳамин Қонун зикргардидаро дошта бошад.

Дар роҳхати умумӣ маълумот дар бораи роҳбар ва ҳайати миқдории гурӯҳ навишта мешавад.

Маълумоти аъзои гурӯҳ дар замима (руйхат), ки қисми ҷудонопазири роҳхати умумӣ мебошад, дода мешавад.

Ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти роҳбари гурӯҳи туристӣ бо шартномаи байни онҳо ва субъекти фаъолияти туристӣ муайян карда мешаванд.

Моддаи 16 Ҳуқуқ, вазифаҳои туристон.

Ҳуқуқи туристон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст муайян карда мешаванд.

Туристон вазифадоранд:

– қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд, ба низоми сиёсию иҷтимоии давлатӣ, суннат, урфу одат, эътиқоди динию мазҳабӣ ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллӣ эҳтиром гузоранд;

– нисбат ба муҳити зист, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷойҳои муқаддас ва осори дигаре, ки таҳти ҳимояи махсуси давлат қарор дранд, бо эҳтиёт муносибат намоянд;

– қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ шудан аз ҳудуди онро ҳимоя намоянд;

– шартҳои қарордодҳо оид ба хизматрасонии туристиро риоя намоянд;

– зарар ва хароҷоти аз тарафи турист дар давраи саёҳат ба ташкилоти туристии қабулкарда ё фиристода расонидаро пурра ҷуброн намоянд;

– зарари ба шахсони сеюм дар давраи саёҳат расонидашударо ҷуброн намоянд;

– қоидаҳои шахсии бехатариро ҳангоми саёҳат риоя намоянд.»

Моддаи17. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тоҷикистон сафар менамоянд.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун турист берун аз қаламрави Тоҷикистон сафар менамоянд, бо қонунгузории кишвари будубош танзим карда мешаванд.

Турист ӯҳдадор аст мӯҳлатҳои муқарраргардидаи будубошро дар кишваре, ки дар роҳхат зикр гардидаанд, риоя намояд.

Моддаи 18. Намояндагии мақоми давлатии идораи туризм дар хориҷа.

Намояндагии мақомоти давлатии идораи туризм дар хориҷа манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кишварҳои дахлдор намояндагӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои оид ба рушди ҳамкорӣ, инчунин мубодилаи ахбор байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳоро дар соҳаи туризм ба роҳ мемонад.

Моддаи 19. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.».

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раьмон.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.