Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли  2002, №4, қ- 2, мод. 317; соли 2006, №3,

 мод.166; соли 2007, №7, мод. 667; соли 2011, №3, мод.170)

БОБИ I. ҚОИДАҳОИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонун

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар марҳалаҳои маҳсулоттайёркунӣ, истеҳсолот, боркашонӣ, нигоҳдорӣ, муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва қисмҳои онҳо, инчунин маводи борбандӣ ва ёрирасон дар байни истеҳсолкунанда, фурeшанда ва истеъмолкунанда бо мақсади таъмини ҳатмии амалигардонии ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, барои харидани маҳсулоти хурокворӣ, мавод ва маснуоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, босифат ва барои ҳаёт ва саломатӣ бехатар, инчунин маҳсулоти хeроки парҳезӣ, маҳсулоти хeроки кeдакон ва иловаҳои фаъоли биологӣ муайян менамояд.

Модцаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

Маҳсулоти хeрокворӣ – маҳсулоте, ки дар шакли тайёр ё коркардашуда (консервшуда) аз тарафи инсон дар хeрокворӣ истифода мешавад, аз ҷумла маҳсулоти хeроки кeдакон, маҳсулоти хeроки парҳезӣ, оби нeшокии дар зарфҳо ҷойкардашуда, машруботи спиртӣ, пиво, нeшокии ғайриспиртӣ, сақич, ҳамчунин ашёи хоми хeрокворӣ, иловаҳои хeрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ;

маҳсулоти хeроки кeдакон – маҳсулоти хeрокворие, ки барои кeдакони то синни 14-сола пешбинӣ шудааст ва ҷавобгeи талаботи физиологии организми кeдакон аст;

маҳсулоти хeроки парҳезӣ – маҳсулоти хeрокворие, ки барои хeроки муолиҷавӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз бемориҳо муқаррар шудааст;

маҳсулоти хeроквории хом – ашёи хоми аз растанӣ, ҳайвонот, инчунин бо усули микробиологӣ, минералию сунъӣ тайёршаванда ва об, ки барои тайёр кардани маҳсулоти хeрокворӣ истифода бурда мешаванд;

иловаҳои хeрокворӣ – моддаҳои табиӣ ё сунъӣ ва пайвастагиҳои онҳо, ки бо мақсади тағйир додани хусусиятҳои маҳсулоти хeрокворӣ ва нигоҳ доштани сифати онҳо махсус ворид карда мешаванд;

иловаҳои фаъоли биологӣ – моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъоли табиӣ, ки барои ҳамроҳи хeрок истеъмол кардан ё омехта намудан ба таркиби маҳсулоти хeрокворӣ пешбинӣ шудаанд;

мавод ва маснуоте, ки ба маҳсулоти хeрокворӣ вобастагӣ доранд баъдан мавод ва маснуот) -мавод ва маснуоте, ки барои тайёр кардан, борбандӣ, нигоҳдорӣ, боркашонӣ, хариду фурeш ва истифодаи маҳсулоти хeрокворӣ истифода мешаванд, аз ҷумла таҷҳизоти технологӣ, асбобу дастгоҳ, борҷома, зарф, асбобу анҷоми ошхона;

сифати маҳсулоти хeрокворӣ – маҷмeи хусусиятҳои маҳсулоти хeрокворӣ, ки қобилияти талаботи инсонро ба хeрока дар сурати мувофиқати ҳатмии онҳо ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ таъмин кардан доранд;

бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ – ҳолати доштани боварии асоснок ба маҳсулоти хeрокворӣ, ки истифодаи он дар шароити муқаррарӣ барои саломатӣ зарарнок нест ва ба cаломатии наслҳои ҳозираву оянда хатар надорад;

арзиши ғизоии маҳсулоти хeрокворӣ – маҷмeи сифатҳои маҳсулоти хeрокворие, ки ба воситаи онҳо талаботи физиологии инсон ба моддаҳои зарурӣ ва энергия қонеъ гардонида мешавад;

шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот – ҳуҷҷате, ки дар он истеҳсолкунанда мутобиқати сифат ва бехатарии ҳар як миқдори маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро бо санадҳои меъёрӣ ва техникӣ тасдиқ мекунад;

сертификатсия – фаъолиятест, ки мутобиқати маҳсулотро ба талаботи муқарраршуда тасдиқ менамояд;

сертификати мутобиқат – ҳуҷҷати дар асоси қоидаҳои системаи сертификатсия додашуда, ки мутобиқати маҳсулоти сертификатсияшударо ба талаботи санадҳои меъёрӣ тасдиқ менамояд;

сертификати миқдори нитрат ва пестисидҳо — ҳуҷҷате, ки дар он миқдори нитрат ва боқимондаи пестисидҳои дар таркиби меваю сабзавот, картошка, ангур ва зироатҳои полизӣ мавҷуда инъикос меёбад;

санадҳои техникӣ – ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи онҳо тайёркунӣ, нигоҳдорӣ, боркашонӣ ва фурeши маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, (талаботи техникӣ, дастурҳои технологӣ, дастурамалҳои тайёркунӣ ва ғайра) амалӣ мегарданд;

муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот – хариду фурeш (аз ҷумла содирот ва воридот) ва воситаҳои дигари мубодилаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот (баъдан -муомилот), нигоҳдорӣ ва кашонидани он;

маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти қалбакӣ – маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки дидаю дониста ба маҳсулоти истеҳсолкунандаи воқеӣ монанд сохтакорӣ карда шудааст;

мутобиқ кардани (идентификатсия) маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот – фаъолияти муқаррар кардани мутобиқати маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти муайян ба талаботи санадҳои меъёрӣ, техникӣ ва маълумот оиди маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот дар ҳуҷҷатҳои ба онҳо замимагашта ва тамғакоғазҳо;

истифодаи партовҳои маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот – истифодаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти пастсифат ва зарарнок барои аз нав коркардабароӣ ва ба даст овардани маҳсулоте, ки барои таом истифода бурда намешаванд;

мeҳлати короӣ – марҳилае, ки аз рeзи истеҳсоли маҳсулоти хeрокворӣ то рeзе, ки барои истеъмол коршоям аст, ҳисоб карда мешавад;

мониторинг – мушоҳидаи мунтазами сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ бо мақсади ошкор кардани мувофиқати он ба натиҷаи дилхоҳ;

пестиcидҳо – заҳрҳои кимиевии зидди ҳашароти зараррасон;

нишондиҳандаҳои органолептикӣ – нишондиҳандаҳои маҳсулоти хeрокворӣ, ки ба воситаи узвҳои ҳиcсиёт (маза, бeй, намуди зоҳирӣ, ранг) муайян карда, баҳо дода мешаванд.

Моддаи 3. Танзими муносибатҳои ҳуқуқии таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ

Муносибатҳои ҳуқуқии танзим дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, асос гирифта, мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зътироф кардааcт, ба амал бароварда мешаванд.

Моддаи 4. Қобилияти муомилотии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот

Маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки ба талаботи санадҳои меъёрӣ мувофиқанд ва мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур аз қайди давлатӣ гузаштаанд, дар муомилот буда метавонанд.

Маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте дар муомилот буда наметавонанд, агар:

ба талаботи санадҳои меъёрӣ мутобиқ набошанд;

дорои аломатҳои ошкорое бошанд, ки аз паст будани сифаташон шаҳодат диҳанд ва дар натиҷаи назорати намояндагони мақомоти давлатие, ки сифат ва бехатарии маҳсулоти хeроквориро назорат мекунанд, бесифат дониста шаванд;

дорои шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, ҳуҷҷатҳои истеҳсолкунанда ва молрасони маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, ки манбаи пайдоиши молро тасдиқ менамоянд, нестанд, оиди қайди давлатӣ маълумот надоранд ва мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёрӣ тасдиқ нагардидаанд;

ба маълумоти пешниҳодшуда мутобиқ набошанд ва нисбати онҳо оиди қалбакӣ буданашон шубҳаи асоснок мавҷуд бошад;

мeҳлати истифодаи он зикр нашуда бошад (барои маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки зикр кардани мeҳлати истифодаашон ҳатмӣ аст) ё мeҳлати истифодааш гузаштааст;

тамѓаеро, ки маълумотҳои мутобиқи Қонуни мазкур,  регламентҳои техникӣ,  стандартҳои давлатӣ ё дигар санадҳои меъёрии техникӣ пешбинишударо надошта бошанд ё ин гуна маълумот дар борхати онҳо  мавҷуд набошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Моддаи 5. Таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот

Сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ба воситаи чораҳои зерин таъмин карда мешаванд:

истифодаи чораҳои танзими давлатӣ ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот;

аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии бо фаъолияти тайёр кардан ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот машғул гузаронидани чорабиниҳои ташкилӣ, агрокимиёвӣ, байторӣ, технологӣ, инженерию техникӣ, санитарию зиддиэпидемӣ ва фитосанитарӣ, ки ба иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ба маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маcнуот, шароити тайёр кардан, нигоҳдорӣ, боркашонӣ ва фурeш равона гардидаанд;

гузарондани назорати истеҳсолӣ оиди сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, шароити тайёр намудан, нигоҳдорӣ, боркашонӣ ва фурeши онҳо, ҷорӣ намудани системаи идоракунии сифати маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот (баъдан – системаи сифат);

андешидани тадбирҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва масъулияти ҷиноӣ ба шахсоне, ки дар вайронкунии Қонуни мазкур ва дигар талаботи санадҳои меъёрӣ гунаҳкор дониста мешаванд.

Моддаи 6. Маълумот оиди сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи тайёр кардан ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ва дар соҳаи хeроки умумӣ фаъолият менамоянд, вазифадоранд ба харидорон ва истеъмолкунандагон, инчунин ба мақомоти ваколатдори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорат ва тафтиши сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, риояи талаботи санадҳои меъёрӣ ҳангоми тайёр кардан ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва хизматрасонӣ маълумоти эътимоднок пешниҳод намоянд.

 Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия, нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ ва назорати карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, иттилоотро дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот, дар бораи риояи талаботи санадҳои меъёрӣ ҳангоми истеҳсол ва гардиши маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот, хизматрасонӣ дар соҳаи хeроки умумӣ, дар бораи бақайдгирии давлатии маҳcулоти хeрокворӣ, маводу маснуот, дар бораи тасдиқи онҳо мувофиқи талаботи санадҳои меъёрӣ ва тадбирҳо оид ба пешгирии фурeши маҳсулоти хeроквории пастсифат ва хатарнок, маводу маснуот таъмин менамоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Боби  II. Салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ва мақомоти ваколатдори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ

Моддаи 7. Салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ

Ба салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ дохил мешаванд:

татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ;

қабули санадҳои меъёрӣ дар доираи салоҳияти худ;

кор карда баромадан ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок ва илмию техникӣ оиди таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот;

ба меъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот;                       

амалӣ сохтани ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон;

амалӣ намудани салоҳиятҳои дигаре, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти ваколатдори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ

Мақомоти ваколатдори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикиcтон бояд дорои ваколатҳо бошанд.

Салоҳияти мақомоте, ки назорати давлатиро дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ ба амал мебароранд, аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон мутобиқи қонунгузорӣ  муайян карда мешавад.

Боби Ш. Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ

Моддаи 9. Ба меъёрдарории давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот

Талабот оиди сифати маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, таъмини бехатарии онҳо, борбандӣ, тамғазанӣ, назорати истеҳсолӣ ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, тартиби баҳодиҳӣ ва тасдиқи мутобиқати онҳо ба санадҳои меъёрӣ, тариқи санҷиш ва мутобиқсозии онҳо, ҳамчунин нисбат ба ҳуҷҷатҳои техникӣ ва системаҳои сифат дар асоси регламентҳои техникӣ ва стандартҳои давлатӣ таъин мегардад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Талабот оиди арзиши ғизоии маҳсулоти хeрокворӣ, бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, бехатарии шароити коркард ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардан, тайёркунӣ ва муомилоти онҳо, бехатарии хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва соҳаи хeроки умумӣ мутобиқи қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ муайян карда мешавад.

Талаботи бехатарӣ аз нигоҳи байторӣ барои баъзе маҳсулоти хeрокворӣ, ҷамъоварӣ, истеҳсол ва муомилоти он мутобиқи қоидаву меъёрҳои дахлдори байторӣ муайян мегардад.

Регламентҳои техникӣ,  стандартҳои давлатӣ, қоида ва меъёрҳои санитарию байторӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология,  сертификатсия ва нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ ва байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколати онҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  карда мешаванд.  (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Талаботи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки тибқи регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ, қоидаҳо ва нормаҳои санитарию байторӣ муқаррар гардидаанд, барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки машғули иcтеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва соҳаи хeроки умумӣ мебошанд, ҳатмист. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Моддаи 10. Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот

Маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти наве, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикиcтон истеҳсол ва тайёр карда шудаанд, маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки аввалин маротиба ба Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ворид карда мешаванд, бояд аз қайди давлатӣ гузаронида шаванд.

Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот иборат аст аз:

экспертизаи ҳуҷҷатҳои аз тарафи истеҳсолкунанда, молрасонандаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот пешниҳод гардида ва тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёрӣ, шароити истеҳсол ё расондани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, инчунин натиҷаҳои санҷиши дар вақти зарурат гузаронидашуда;

дохил намудани маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва истеҳсолкунандагону молрасонҳои онҳо ба Феҳристи давлатии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки ба истеҳсол, ворид кардан ва фурeхтан дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикиcтон иҷозат дода шудааст;

ба дархосткунандагон додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, ки ҳуқуқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ё ворид кардан ва муомилоти маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуотро муқаррар менамояд.

Бақайдгирии давлатии маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва ҷорӣ намудани Феҳристи давлатии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки истеҳсол, ворид кардан ва муомилоти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, аз тарафи мақоми ваколатдори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди назорати давлатии байторӣ мутобиқи тартибе, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, сурат мегирад.

Бақайдгирии давлатии якчанд намуди маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот таҳти як номгeй, инчунин бақайдгирии бисёркаратаи ҳамон як навъи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот таҳти як ва ё номгeйҳои дигар иҷозат дода намешавад.

Моддаи 11. Хориҷ карда шуд (Қ Ҷ Т аз 3.03.06с, № 176).

Моддаи 12. Баҳодиҳӣ ва тасдиқи мутобиқати талаботи санадҳои меъёрии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хeрокворӣ ва хeроки умумӣ, инчунин системаҳои сифат

Навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти барои фурeш пешбинишуда, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хeрокворӣ ва хeроки умумӣ, инчунин системаҳои сифат бояд баҳогузорӣ шуда, мутобиқи талаботи cанадҳои меъёрӣ тасдиқ карда шаванд.

Мутобиқати маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ба талаботи санадҳои меъёрӣ аз тарафи истеҳсолкунандагони онҳо аз рeи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хeрокворӣ ва хeроки умумӣ, инчунин системаи сифат бояд баҳогузорӣ шуда, ба воситаи сертификатсияи ҳатмӣ мутобиқати онҳо ба санадҳои меъёрӣ тасдиқ карда шавад.

ҳангоми интихоби маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, ки тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёрӣ ба воситаи сертификатсияи ҳатмӣ сурат мегирад, бояд дараҷаи хатарнокии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ба саломатии инсон, шароити истеҳсол ва муомилоти онҳо ба ҳиcоб гирифта шаванд. Феҳристи маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва хизматрасонӣ (кор)-ро, ки бояд ҳатман сертификатсия  шаванд, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Ташкил намудан ва тартиби аз сертификатсияи ҳатмӣ гузаронидани навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, хизматрасонӣ дар соҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хeрокворӣ ва соҳаи хeроки умумӣ, инчунин системаҳои сифат аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Нисбати маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте, ки сертификатсияи ҳатмӣ ва тасдиқи мутобиқати онҳо ба талаботи санадҳои меъёрӣ ҳатмӣ неет, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсол ва муомилоти чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот машғуланд, ҳуқуқ доранд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сертификатсияи ихтиёрӣ гузаранд.

Дар ҳолатҳое, ки агар истеҳсолкунандаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти сертификатсияшуда, истеҳсолкунандае, ки сертификати мутобиқати системам сифат дорад, иҷрокунандаи хизмати сертификатсияшуда, ки дар cоҳаи савдои чаканаи маҳсулоти хeрокворӣ ё дар соҳаи хeроки умумӣ фаъолият мекунад, муқаррароти санадҳои меъёриро вайрон кунанд, мақоме, ки сертификати дахлдорро додааст, бояд истеҳсол ё фурeши маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва хизматрасониро дар давраи ислоҳи вайронкуниҳои муайянгардида манъ намояд, агар ислоҳи вайронкуниҳо имконнопазир бошанд, бояд фаъолияти сертификатро бекор кунад.

Дар ҳолате, ки агар чунин вайронкуниҳо аз тарафи истеҳсолкунанда ба амал ояд, вай бояд ҳатман истеҳсоли маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро боздорад ва ба мақоми назорати давлатӣ, ки дар маҳалли қароргирифтааш ҷойгир аст, хабар диҳад.

 Моддаи 13. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ

 Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ аз тарафи  хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, хадамоти назорати давлатии байторӣ, хадамоти давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва назорати тухмӣ ва инчунин мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

 Сохторҳои мақомоти давлатӣ оид ба мудофиа,  корҳои дохилӣ,  нақлиёт ва коммуникатсия,  амнияти миллӣ дар доираи ваколаташон ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ, мавод ва маснуот,  инчунин хизматрасонӣ дар соҳаи савдои маҳсулоти хўрокворӣ,  маводу маснуот ва хўроки умумӣ назоратро амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият бо роҳи гузаронидани санҷиши иҷрои қонунгузории соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Моддаи 14. Мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, саломатии аҳолӣ

Бо мақсади муайян кардани самтҳои асосии афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳамчунин бо мақсади андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии ворид шудани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маcнуоти пастсифат ва хатарнок ба бозори истеъмолӣ мақомоти назорати давлатӣ якҷоя бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикиcтон мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, саломатии аҳолиро ташкил ва иҷро менамоянд.

Мониторинги сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, саломатии аҳолӣ мутобиқи тартиби аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиcтон тасдиқгардида анҷом дода мешавад.

Боби IV. Талаботи умумӣ ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ

Моддаи 15. Талабот ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ

Маҳсулоти хeроквории барои фурeш пешбинишуда бояд зарурати физиологии инсонро ба маводи зарурӣ ва энергия қонеъ гардонад, ба талаботи маъмул нисбати маҳсулоти хeрокворӣ аз назари нишондиҳандаҳои органолептикӣ ва физикию кимиёвӣ ҷавобгe бошад ва ба талаботи санадҳои меъёрии муқарраршуда ҷиҳати мавҷудияти миқдори имконпазири маводи кимиёвӣ (аз ҷумла радиоактивӣ), биологӣ ва пайвастагиҳои онҳо, микроорганизму мавҷудоти биологии зинда, ки барои саломатӣ хатар доранд, мутобиқат намояд.

Маҳсулоти хeроквории парҳезӣ бояд дорои хусусиятҳое, бошад, ки имкони истифодаи он барои истеъмоли муолиҷавӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз касалиҳо мутобиқи талаботи муқарраркардаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар соҳаи тандурустӣ оиди ташкили хeроки парҳезӣ мувофиқат намояд ва барои саломатии инсон безарар бошад.

Моддаи 16. Талабот ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маcнуоти нав ҳангоми коркард ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани онҳо

ҳангоми коркарди маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маcнуоти нав, проссесҳои нави технологии истеҳсол, борбандӣ, нигоҳдорӣ, боркашонӣ, тамғазанӣ ва фурeши онҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд талаботро оиди сифат ва бехатарии чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот асоснок намоянд. Маълумотро оиди нигоҳдории сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ҳангоми истеҳсол ва муомилот таъмин намуда, барномаи назорати истеҳсолиро ба сифат ва бехатарӣ таҳия ва мeҳлати коршоямии ин гуна маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро муайян намоянд.                               

Мeҳлати истифодаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот нисбати он маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоте муқаррар мешавад, ки сифати онҳо бо гузаштани мeҳлати муайян баъди истеҳсолашон бад гардида, хусусиятҳое мегиранд, ки барои саломатии инсон хатарнок шуда, қобилияти истеъмолии муайяншудаашонро гум мекунанд.

Нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маcнуоти нав, мeҳлати истифодаи онҳо, талабот нисбати борбандӣ,  тамғагузорӣ, маълумот оиди чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, шароити истеҳсол ва муомилоти ин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, барномаҳои назорати истеҳсолӣ ба сифат ва бехатарии онҳо, усулҳои санҷиш, роҳҳои истифодаи партовҳо ё нест кардани маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуоти бесифат ва хатарнок бояд ба санадҳои техникӣ дохил карда шаванд.

Лоиҳаҳои санадҳои техникӣ ва намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маcнуоти нав бояд аз экспертизаи санитарию эпидемиологӣ гузаронида шаванд.

Лоиҳаҳои санадҳои техникӣ ва намунаҳои таҷрибавии маҳсулоти нави хeрокворӣ, ки аз ашёи хоми маҳсулоти ҳайвонот истеҳсол шудаанд, бояд инчунин аз экспертизаи байторию санитарӣ гузаронида шаванд.

Лоиҳаҳои мазкур аз тарафи истеҳсолкунанда танҳо ҳангоми гирифтани хулосаи мақоми давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати ин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро ба талаботи қоидаву меъёрҳои санитарӣ ё байторӣ, инчунин бехатарии онҳоро ба саломатии инсон шаҳодат медиҳанд, тасдиқ карда мешаванд.

То пешкаш намудани маҳсулоти нави хeрока барои фурeш ва иcтеъмол истеҳсолкунанда eҳдадор аст ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудан ба Феҳристи давлатӣ маҷмeи ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи меъёрию техникиро, ки бо тамоми вазорату идораҳои манфиатдор пешакӣ мувофиқа гардидаанд, пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Талаботи санадҳои техникии тасдиқшуда барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи истеҳсол ва муомилоти навъҳои муайяни маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот фаъолият менамоянд, ҳатмӣ мебошад.

Маҳсулоти нави хeрокворӣ, мавод ва маснуот танҳо баъди бақайдгирии давлатӣ мутобиқи моддаи 10 Қонуни мазкур барои истеҳсол иҷозат дода мешаванд.

Моддаи 17. Талабот нисбати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ҳангоми истеҳсоли онҳо

Маҳсулоти хeроковорӣ, мавод ва маснуот бояд мутобиқи санадҳои техникӣ ҳангоми риояи талаботи стандартӣ, қоида ва меъёрҳои санитарию байторӣ истеҳсол карда шаванд.

Барои истеҳсоли маҳсулоти хeрокворӣ бояд маҳсулоти хeроквории хоме истифода шавад, ки сифат ва бехатарии он ба талаботи санадҳои меъёрӣ мутобиқ бошад.

ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хeроквории хом истифодаи иловаҳои хeроки чорво, омехтаҳо барои афзоиши ҳайвонот, аз он ҷумла доруҳои гормондор, дорувор, пестисидҳо, маводи агрокимиёвӣ, ки аз экспертизаи санитарию эпидемиологӣ, экепертизаи байторию санитарӣ ва фитосанитарӣ (ё экспертизаи агрокимиёлабораторӣ) ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида шудаанд, имконпазир аст.

Барои истеҳсоли маҳсулоти хeрокворӣ истифодаи ашёи хоми маҳсулоти ҳайвонот танҳо баъди аз экспертизаи байторию санитарӣ гузаронидан ва аз тарафи истеҳсолкунанда гирифтани хулосаи мақоми давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқати ашёи хоми аз маҳсулоти ҳайвонот тайёршударо ба талаботи қоидаҳову меъёрҳои байторӣ тасдиқ менамояд, имконпазир аст.

ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хeроки кeдакон ва маҳсулоти хeроки парҳезӣ истифодаи маҳсулоти хeроквории бо иловаҳои хeроки ҳайвонот, доруҳои гормондор барои афзоиши ҳайвонот, намудҳои ҷудогонаи дорувор, пестисидҳо, маводи агрокимиёвӣ ва дигар маводу пайвастагиҳои барои саломатии инсон зараровар истеҳсолгардида иҷозат дода намешавад.

ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хeрокворӣ, инчунин барои дар хeрока истифода кардан иловаҳои хeрокворӣ ва иловаҳои фаъоли биологие истифода мешаванд, ки мутобиқи муқаррароти модцаи 10 Қонуни мазкур аз қайди давлатӣ гузаронида шудаанд.

Маҳсулот ва маснуоте, ки дар рафти истеҳсоли маҳсулоти хeрокворӣ истифода мешаванд, бояд ба талаботи санадҳои меъёрӣ оиди сифат ва бехатарии чунин маҳсулот ва маснуот мутобиқат дошта бошанд.

ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хeрокворӣ истифодаи маҳсулот ва маснуоти мувофиқи муқаррароти моддаи 10 Қонуни мазкур аз қайди давлатӣ гузаронидашуда имконпазир аст.

Истеҳсолкунанда вазифадор аст сифат ва бехатарии ҳар як миқдори маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуотро  дар озмоишгоҳи аккредитатсияшудаи соҳавӣ аз ташхис гузаронида, ба харидор якҷоя бо маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот шаҳодатномаи сифат ва бехатариро диҳад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №703).

Фурeшандаи маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот дар вақти аз истеҳсолкунанда қабул намудани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот ҳуқуқ дорад ба сифат ва бехатарии онҳо назорат намояд.

Шаҳодатномаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот барои маҳсулоти хeроки умумӣ тарғиб дода намешавад.

Мутобиқати маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, ки ба феҳристи маҳсулоти хeрокворӣ, маводу маснуот ва хизматрасонӣ (кор) ворид мешаванд, ба талаботи санадҳои меъёрӣ бо сертификати мутобиқат ва аломати мутобиқат тасдиқ карда мешавад.

Истеҳсолкунанда бояд бетаъхир истеҳсоли маҳсулоти хeроквории бесифат ва хатарнокро дар  мeҳлате, ки барои бартараф кардани сабабҳои бавуҷудоии ин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот зарур аст, қатъ намояд. Дар ҳолатҳое, ки бартараф кардани сабабҳо имконнопазир бошад, истеҳсолкунанда бояд тайёр кардани маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнокро қатъ намуда, онро аз муомилот ва аз харидорону истеъмолкунандагони чунин маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот баргардонида гирад ва мутобиқи тартиби муайянгардида онро аз экспертиза гузаронад, ҳамчун партов истифода барад ё нест намояд.

Вазорати тандурустӣ eҳдадор аст дар муддати на камтар аз ҳар 5 сол меъёр ва дастурамалҳоро оиди сифат ва бехатарии маҳсулоти хeрокворӣ, мавод ва маснуот, аз ҷумла маҳсулоти хeроки парҳезӣ, маҳсулоти хeроки кeдакон ва иловаҳои хeрокворию биологӣ барои таъмини мувофиқати онҳо бо меъёрҳои байналмилалӣ аз нав дида барояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.