МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ИСО

Ташкилоти байналхалқии стандартонӣ (ИСО)  ба федератсияи умумиҷаҳонии  ташкилотҳои Миллӣ мансуб буда, фаъолияти стандартонии  аъзоёни кумитаи ИСО-ро  дар бар мегирад. Таҳияи стандартҳои байнахалқӣ одатан аз тарафи кумитаҳои техникии ИСО ба иҷро мерасанд. Ҳар як аъзои кумита ба самти  фаъолияти кумитаҳои техникӣ дахлпазир буда, бевосита дар иҷрой кории кумитаҳо иштирок меварзанд. Стандартҳои  байналхалқӣ дар асоси қоида ва дастури ИСО таҳия мегарданд. баъд аз таҳия барои овоздиҳӣ ба ҳар тараф равон карда мешавад, барои дастгирӣ. Барои ташкил намудани системаи менеҷменти сифат қарори стратегӣ аз ташкилотҳо талаб карда мешавад. Барои таҳия ва дохилкунии менеҷменти сифат дар корхона талаботҳои таъғирёбанда, мақсади асосӣ, маҳсулоти истеҳсолшаванда, равандҳои истифодашаванда, андоза ва сохти ташкилот  таъсир мерасонад. Исо ин ядрои системаи сифат ИСО 9000 буда аз чор стандартҳои байнахалқӣ иборат буда барои таҳия ва дохилкунии системаи роҳбарикунандаи боманфиати сифат равона карда шудааст. Ин стандарт новобаста аз шакли фаъолияти корхонаҳо дар ҳамаи соҳаҳо истифода бурда мешавад, чи дар соҳои истеҳсолот ва чи дар хизматрасонӣ. Системаи идоракуни дар дохили корхона истифода шуда баҳри таъмини талаботҳои истеъмолкунандагон равона карда шудааст. Стандартҳои асосие, ки истифода шудаанд инҳо мебошанд;

ИСО 9000:2000 муқарраркунандаи принсип ва мафҳуми асосии идоракунии сифат, навиштаҷоти мафҳуми серияҳои стандартҳо, додани номгӯи истилоҳҳо ва муайнкунии соҳаҳои фаъолият дар корҳонаҳо мебошад.

ИСО 9001:2000  муайянкунандаи талаботҳо дар системаи идоракунии сифат.

ИСО 9004:2000 навиштани дастурамалҳои роҳбарикунанда барои ташкил додани  системаи роҳбарикунандаи сифат.

ИСО 19011  таъмин намудани роҳбарӣ, нақшагирӣ ва гузаронидани аудити сифат.

Қарори дохилкуни ба ИСО 9000 аз якчанд омилҳо вобастаги дорад;

– таъмини талаботҳои истеъмолкунандагон оиди ИСО 9000

– баромадан ба бозори иттифоқи Европой

– рақобатпазирии маҳсулот чи дар бозори дохилӣ ва берунӣ

– такмилдиҳии системаи сифат.

– беҳтаркунии фаъолияти молтаъминкунандагон

– минимизасиякунонии ауди такрорӣ, иҷрокунии истеъмолкунандагони гуногун.

Бартарияти истифодабарии ИСО 9000 ҳамчун асос  аз инҳо иборат мебошад;

– комёбшавии беҳтарин  дар мафҳум ва мувофиқоий фаъолият дар муҳити сифат дар миқёси ҳамаи корхонаҳо

– кафолати доими аз сол ба сол дар истифодабарии системаи сифат

– такмилдиҳии ҳуҷҷатгузорӣ

– беҳтаркунии фаҳмиши сифат

– мустаҳкамкунии боварӣ байни корхонаҳо ва истеъмолкунандагон.

Дохилшавӣ ба станадрти ИСО 9001 ба корхона якчанд бартари медиҳад ба монанди; бартарияти ташкилӣ, иқтисодӣ, бонуфузӣ ва стратегӣ.

Инчунин  бартариятҳои асоси  дар  истифодбарии ИСО 9000 вуҷуд дорад.

Васеъкунии эътирофи стандартҳо, таъмини станадртҳо бо якчанд забонҳо барои мустаҳкамкунии алоқаи истеъмолкунандагони гуногун ва молтаъминкунандагон, кам намудани хароҷот ва баланд бардоштани маъсулнокии истеҳсолот, ташкили фундамент ва расмият барои беҳтаркунии фаъолият дар рамкаи системаи идоракунии сифат.

                                           Бартарияти ташкилӣ

Танзими менеҷмент, тақсимоти дурусти вазифаҳо ва вазифаҳои ёрирасон, мувофиқкунонии байни равандҳо ва вазифаҳо,  озодкунии роҳбарият барои машғулият барои корҳои стратегӣ,  баланд бардоштани бехатарии коркунон дар истеҳсолот, тахассус ва салоҳияти онҳо дар маданияти истеҳсолот, танзимдарории кори таҷҳизот ва равандҳои техникӣ.

                                                     БАРТАРИЯТИ ИҚТИСОДӢ

Муносиб истифодабарии захираҳо, баланд бардоштани маъсулятнокии меҳнат, ихтисор намудани»истеҳсоли пинҳони» барои бартараф намудани камбудиҳо, ихтисор намудани талафоти иқтисодӣ аз истифодабарии таҷҳизоти номувофиқ, воситаҳои ченак,  ихтисор намудани рекламадиҳӣ ва ҷарима пардохткуни аз ҳар гунна камбудиҳо, васеъкунии бозори фуруш.

                                                       БАРТАРИЯТИ БОНУФУЗӢ

Беҳтаркунии нуфуз дар чашми тарафҳои манфиатдор, бадастории боварии истеъмолкунандагон, баланд бардоштани одоби коркунони коркунон, беҳтаркунии иқлими психологй, беҳтаркунии муносибат нисбати молтаъминкунандагон, эътирофи корхона аз тарафи  ширкатҳои миллӣ ва хориҷӣ дар соҳаи сифат, боқувваткунии мавқеъи худ дар иштироки озмун.

                                                      БАРТАРИЯТИ СТРАТЕГӢ

Пай дар пай баланд бардоштани малака ва дониши коркунон, рушди активҳои ғайриматериалӣ ва капитализасияи корхона, шароити савдои тиражӣ.

Принсипҳои идоракунии сифат аз  8 қисм иборат мебошад:

  1. Пайдо кардани мавқеъ дар байни истеъмолкунандагон
  2. Сарварии роҳбарият
  3. Ҷалбкунии кормандон ба кор
  4. Системаи раванди гузариш
  5. Раванди гузариш
  6. Беҳтаркунии доимӣ
  7. Қабули қарор ҳангоми пайдо шудани омилҳои асосӣ
  8. Муомилаи фоиданок ба молтаъминкунандагон

Барои гузариш ба системаи менеҷменти сифат 5 сатҳ мавҷуд мебошад.

                                                        Сатҳи-1                                                                         Гузаронидани омӯзиш ба кормандон дар бораи талаботҳои стандарти ИСО9001.

                                                               Сатҳи-2                                                                   Гузаронидани таҳлили ҳуҷҷатгузорӣ дар раванди корхона мувофиқи талаботҳои стандарти ИСО 9001, мушаххаскунӣ ва навиштани равандҳо, таҳлили структураи ҳуҷҷатҳо, таҳлили ҳақиқи иҷроиши расмиятҳои системаи менҷменти сифат дар раванди фаъолият ва дар қисмати истеҳсолот бо тамоми талаботҳои элементҳои системаи менеҷменти сифат.

                                                                 Сатҳи -3

Таҳлили лоиҳаи ҳуҷҷатҳо аз рӯи расмиятҳои элеметҳои менеҷменти сифат( ба тартибдиҳии ҳуҷҷатҳо баъд аз иҷроиши сатҳи-2 сурат мегирад).

                                                                 Сатҳи-4

Таҳияи программаҳои аудити дохили пеш аз сертификасиякунонии системаи менеҷменти сифат мутобиқи талаботҳои ИСО 9001, иштирок дар раванди аудити дохили ва ба шаклдарории онҳо, бо дохилкунии ислоҳот ҳангоми фаъолият, расонидани ёри ҳангоми  ба шаклдарории дархост барои сертификасиякунони мутобиқи системаи менеҷменти сифат ( ҳангоми бартараф кардани камбудиҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани аудити дохили ошкор шуда буданд).

                                                               Сатҳи-5

Гузаронидани аудити беруна бо мақсади муайянкунии тайёрии корхона барои гирифтани сертификат, гирифтани сертификат, аудити назоратӣ, ресертификасия( азнавкунии сифат сертификат аз рӯи СМС).                                                                                                               

                                                          РАВАНДИ ГУЗАРИШ                           

Стандарти мазкур барои истифодабарии «Раванади гузариш» баҳри  таҳия, дохилкунӣ ва беҳтаркунии натиҷадиҳии менҷменти сифат бо роҳҳои баланд бардоштани таъмини  талаботи истеъмолкунандагон равон карда шудааст. Барои қулай башаклдарории ташкилот ба ин тариқа роҳбарии намудҳои гуногуни фаъолиятҳои ба ҳам алоқамандро муаяйн намуд

                                                РОМСАР ПЛАСТ

Натиҷаи баҳодиҳи  »РОМСАР ПЛАСТ» истеҳсолшудаи сехи хусусии Собирова З «Озмуни маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон»

  1. Нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ- технологӣ

1.1   Маҳсулоти таъиноти истеҳсолӣ-технологӣ мансуб аст.

1.2    7-хол

         Истеҳсоли хурди силсилавӣ

1.3    8-хол

          Маҳсулоти пешниҳодшуда  камтар аз 3 –сол, вале зиёда 1-сол

          истеҳсол карда мешавад.

1.4    10 хол

         Бо маҳсулоти беҳтарини шабоҳатдоштаи ватанӣ дар як сатҳ

         қарор дорад.

1.5    8 хол

          Ба маҳсулоти беҳтарини шабоҳатдоштаи  хориҷӣ наздикӣ дорад.

1.6     10 хол

          Маҳсулоти пешниҳодшуда дорои сертификати мутобиқат

           мебошад.

  1. 7 хол

         Дар марказхои ташхисии ваколатдошта маҳсулоти пешниҳод-

шуда аз ташхис мегузарад.

1.8      0 хол  

          Маҳсулоти пешниҳодшуда содирот карда намешавад. Дар кор-

           хона китоби бақайдгирии арзу шикоятҳо аз тарафи шаҳрвандон

           ва мақомотҳои назорати вуҷуд надорад.

                                                                                                          50 хол

  • Нишондодҳои манбаъҳои истифодашаванда

2.1  5 хол

        Истифодаи ашёи аввалия барои истеҳсоли маҳсулоти  пешниҳод-

        шуда ватанӣ-хориҷӣ мебошад.

2.2    – хол

         Дар истеҳсоли маҳсулоти пешниҳодшуда қисматҳои

         истифодашаванда вуҷуд надорад

СИСТЕМАИ МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТ. ТАЛАБОТ

9001- 2008

1) МАЗМУН ВА МОҲИЯТИ  СТАНДАРТ

2)ТАРКИБ ВА ТАЛАБОТҲОИ СТАНДАРТ

МАЗМУН ВА МОҲИЯТИ  СТАНДАРТ

Вазифаи ҳуҷҷатгӯзориро ба ду қисм тақсим мекунанд: умумӣ ва махсус. Вазифаи асосии ҳуҷҷатгузории умумӣ ба шумор меравад:

– ахборотӣ ( муқарраркунӣ, нигоҳдорӣ ва таҳвили маълумот)

–   робитавӣ ( таҳвил ва мубодилаи маълумот )

–  маъиши – маданӣ ( ҳуҷчатҳое, ки пешниҳодкунандаи мафҳуми маданӣ ва маъиши буда интишоркунандаи расму қоида ва системаи арзишҳо мебошанд)

Вазифаи  ҳуҷҷатгузории  махсус иборат аст:

– ҳуқуқӣ (як ҳуҷчат муайянкунандаи  сарчашмаи ҳуқуқӣ, дигаре

кафолатдиҳандаи муҳити юридикӣ)

– ташкилӣ ( мақсади муносибатҳои ҳуқуқӣ)

– идоракунӣ ( иҷроиши масъалаҳои идоракунӣ ва қабули қарор дар асоси маълумотҳои ҳуҷҷатнокшуда

– омӯзишӣ ( таҳвили илм аз аз насл ба насл)

– мемориалӣ (таҳвили маълумотҳои таърихӣ аз одамони алоҳида ё ҷамъият, ҳуҷҷатҳое, ки дарбаргирандаи таърихи аҷдодӣ мебошад).

Мазмуни стандарти мазкур  аз се  ибора ташкил ёфта  чунин маънидод карда мешавад:

Система- аз калимаи лотини гирифта шуда маънояш пурра, иборат аз қисматҳо ва мутаҳҳидкунӣ мебошад. Яъне мутаҳҳидкунии ҷамъулҷамии пайвастагии элементҳо барои ноил шудан ба  мақсади гузошта шуда.

Менеҷмент–  аз калимаи англиси гирифта шуда маънояш идоракунӣ мебошад.

Сифат- Ин дараҷаи меҳнати дар мол кор ва хизматрасони сарфшуда мебошад. Яъне босифатона хизматрасонии мақомотҳои давлатӣ, корхона, ташкилот ва шахсони воқеъи бавуҷудоварии боварии мардум ва муқобилият ба роҳҳои коррупсионӣ мебошад. Бо пешрафти илму техника ва технология талаботҳо ранги дигар мегиранд. Ин боис мегардад, ки ҳам корхонаҳои истеҳсолӣ ва ҳам истеъмолкунандагон ба дарккунӣ ва интихоби талаботҳо омода бошанд. Айни ҳол Тоҷикистони азизи моро зарур аст, ки ҳамқадам ба талаботҳои ҷаҳонӣ бошад. Дар соҳаи истеҳсолот ва идоракунӣ боз як системаи батанзимдарорандаи фаъолиятҳо бо номи Системаи Менҷменти Сифат  ба арсаи ҳастӣ омад, ки баъзе корхонаҳоро ба   қуллаҳои мурод расонид. Пеш аз он кӣ аз рӯи талаботҳои  ин система амал намуд бояд ба мафҳуми ин система шиносой пайдо кард.

СИСТЕМАИ МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТ – ин системае ҳаст, ки махсусан барои ба шакл дарории ҳаррӯзаи  сиёсат, мақсад, баландбардории сифати маҳсулот, кор ва хизматрасонии корхона, ташкилотҳо ва ширкатҳо буда баҳри ба даст овардани мақсади дар пеш гузошта шуда кумак мерасонад.Ба истилоҳи дигар:

Системаи менеҷменти сифат—ин системаест, ки муносибкунонии захираҳои молявӣ, материалӣ ва инсонӣ,  дорои равандҳои банақшагирӣ, далелноккунӣ, ташкилӣ ва назоратӣ буда баҳри ба даст овардани мақсадҳои дар назди корхона гузошташуда равона карда шудааст.

Талаботҳои ИСО 9001-2008  системаи менеҷменти сифат аз инҳо иборат мебошад:

-талаботи умумӣ

-талабот оиди ҳуҷҷатгузорӣ

-талабот оиди ӯҳдадории роҳбарият

-талабот оиди захираҳои менеҷментӣ

-талабот оиди равандҳои ҳаётии силсилавии маҳсулот

-талабот оиди ченкунӣ, таҳлил ва беҳтаркунӣ

МУҚАДДИМА

01. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Барои ташкили системаи менеҷменти сифат  барои корхонаҳо қарори стратегӣ лозим аст. Ба таҳия ва ҷорӣ намудани системаи менеҷменти сифат дар корхона омилҳои зерин таъсиррасонанда мебошанд:

1) муҳити корчаллонӣ, таъѓирот ё таваккал, таъсиррасонанда ба ин муҳит

2) талаботҳои таъѓирёбанда

3) мақсадҳои мушаххас

4) маҳсулоти истеҳсолшаванда

5) равандҳои истифодашаванда

6) андоза ва сохти ташкилот

02. РАВАНДИ ГУЗАРИШ

Стандарти мазкур равон карда шудааст барои истифодабарии «Раванди гузариш»  ҳангоми таҳия, ҷорикунӣ ва беҳтар намудани натиҷадиҳии системаи менеҷменти сифат ва қонеъ гардонидани талаботҳои истеъмолкунандагон.

Барои бомуваффақият башаклдарорӣ корхонаро лозим аст, ки менеҷменти фаъолиятҳои гуногуни бо ҳам алоқамандро созмон диҳад. Фаъолият ё маҷмӯи амалиётҳо ҳамчун захираҳои истифодашаванда ё идоракунанда бо мақсади  бавуҷудоии  як амалиёт аз амалиёти дигар ба таври анҷомёбии як амалиёт боиси саршавии амалиёти дигар амалиёт мегардад, равона карда шудааст. Бартарияти ин раванд аз такрор идоракунӣ ва боҳампайвасткунии равандҳои алоҳида дар доираи система мебошад.

Муҳиммияти ин раванд дар истифодабарии системаи менҷменти сифат зарурӣ мебошад;

1) дарккунӣ ва иҷро кардани талабот

2) зарурияти азназаргузаронии равандҳо аз нуқтаи назари арзиши истеъмолӣ

3) ноилшавӣ ба  натиҷаҳои  иҷроиши талаботҳо ва манфиатнокии онҳо

4) беҳтаркунии доимии равандҳо тибқи баҳии объективӣ

Ба таври дигар бартарияти системаи менеҷменти сифат аз ин иборат мебошад:

  • дарккунӣ ва иҷрои талаботҳо
  • муайянкунии хусусиятҳои хоси параметрҳои назоратшаванда
  • омодакунии нақшаҳо барои идоракунӣ
  • таҳлил ва андешидани чораҳо барои нуқсонҳои бавуҷудомода
  • вобастагӣ доштани як раванд ба раванди дигар
  • назорати бартарафкунии камбудиҳо
  • беҳтаркунии доимии равандҳо дар асоси ченкунии объективӣ

ЭЗОҲ: оиди истифодабарии ин раванд усули муаяйншудаи  доиравии

«Plan-Do-Chek-Act  мавҷуд аст, ки маънояш чунин мебошад:

Plan – ба нақшагирӣ (планирование)-яъне таҳияи раванд ва мақсадҳои зарурӣ барои ноилшавии натиҷаҳо тибқи талаботҳои истеъмолкунандагон ва сиёсати корхона.

Do– иҷрокунӣ (осуществление)-яъне ҷорӣ намудани равандҳо

Chek– назорат (проверка)-яъне- назорати доимӣ ва ченкунии равандҳо ва маҳсулот мутобиқи сиёсат, мақсади талаботҳо нисба ти маҳсулот ва маълумотдиҳии натиҷаҳо

Act– амал кардан (действие)-  гузаронидани амалиёт бо нишондод ҳои равандҳои доимбеҳтаркунӣ

ТАЛАБОТ БА ҲУҶҶАТГУЗОРӢ

4.2.1 Қоидаҳои умумӣ

Ҳуҷҷатгузории системаи менеҷменти сифат иборат бошад бояд аз;

  1. расман ҳуҷҷатгузори кардани ариза дар масъалаи сиёсат ва мақсад  оиди соҳаи сифат
  2. роҳнамо оиди сифат
  3. расман ҳуҷҷатгузорӣ кардани равандҳо ва бақайдгириҳо тибқи талаботи стандарти мазкур

ЭЗОҲ-1; Дар стандарти мазкур дар ҷое, ки истило ҳи «раванди ҳуҷҷатгузорӣ» вомехӯрад, маънои онро дорад, ки ҳуҷҷат таҳия гардидааст, тасдиқ шудааст ва ё дар ҳолати истифодабарӣ қарор дорад.

ЭЗОҲ-2 дараҷаи ҳуҷҷатнокии сиситемаи менеҷмен- ти сифати як корхона аз корхонаи дигар мумкинаст

фарқ кунад бо хусусиятҳои зерин;

  1. андозаи корхона ва намуди фаъолият
  2. мураккабии равандҳо ва мутобиқатии онҳо
  3. салоҳиятнокии кормандонРоҳнамо оиди сифат

Корхонаҳо бояд  «Роҳнамо оиди сифат»-ро таҳия намуда мавриди истифода дар  фаъолияти худ қар-

ор  диҳанд. Роҳнамо оиди сифат дар баргирандаи чунин маълумотҳо бошад;

  1. соҳаи истифодабарии системаи менеҷменти

сифат, бо назардошти муфассалӣ ва далелнок

кунӣ ҳамаи  махсусият

2) ҳуҷҷатноккунии равандҳое, ки барои системаи

менҷменти сифат таҳия гардидаанд,  истинод

ба онҳо

3) тасвири равандҳои боҳампайвастагии систем

аи менеҷменти сифат

4.2.3  Идоракунии ҳуҷҷатгузорӣ

Идоракунии системаи менеҷменти сифат зарурӣ                                  мебошад. Бақайдгирӣ-намуди махсуси ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқи талаботҳои мавҷуда идора карда шаванд. Барои муайян кардани воситаи идоракунӣ бояд  ташкили тартиби ҳуҷҷатгузорӣ лозим аст, ки иборатанд;

1) назорати ҳуҷҷатҳо оиди мувофиқат то давраи ин

-тишор

2) таҳлил ва такмилдиҳӣ, бо дараҷаи зарурият ва аз

-навтасдиқкунӣ

3) таъмини ҳаммонандкунии таъѓиротҳо ва ҳолати

назорати ҳуҷҷатҳо

4) таъмини мавҷудаи мутобиқати тафсири  ҳуҷҷат-

ҳо дар маҳалли истифодабарӣ

5) таъмини нигоҳдории дастрасии ҳуҷҷатҳо ва ос-

онҳаммонандкунӣ

6) таъмини ҳаммонандкунии ҳуҷҷатҳо пайдоиши

хориҷӣ дошта, самтҳои муаянкунии нақшаҳо ва

таъмини функсияҳои зарурии  системаи  менеҷ-

менти сифат дар муқаррарсозии корхонаҳо, идо

ракунӣ ва тақсимоти онҳо

7)  пешгирии истифодабарии беѓаразонаи ҳуҷҷат-

ҳои мӯҳлаташон гузашта барои ин ё он мақсад

4.2.4 Идоракунии бақайдгириҳо

Бақайдгириҳое, ки пешниҳод карда мешаванд ҳам чун маълумот, мутобиқи талабот ва натиҷадиҳии амалиёти системаи менеҷменти сифат бояд назорат карда шаванд.

Корхонаро зарур аст, ки воситаҳои идоракуниро оиди равандҳои ҳуҷҷатгузориҳо муқаррар намоянд ба монанди талабот ва ҳаммонандкунӣ, муҳоф изат, барқароркунӣ, нигоҳдорӣ ва азбайнбарии ба- қайдгириҳо.

Бақайдгириҳо бояд бо ҳолати аввалиндараҷа нигоҳ дошта шаванд ва имконияти барқароршавандагӣ дошта бошанд.

5. Ӯҳдадории роҳбарият

5.1 Вазифаҳои роҳбарият

Роҳбарият бояд ӯҳдадориҳоро оиди дохилкунии системаи менеҷменти сифат ва таъмини маълумотҳои зарурӣ ба роҳ монад. Инчунин барои беҳтаркунии доимӣ ва натиҷадиҳии система  аз омилҳои зерин истифода барад;

1) ба маълумоти ташкилот расонидани муҳимияти талаботи истеъмолкунандагон, қонунҳо ва талабот ҳои санадҳо

2) таҳияи сиёсат оиди  соҳаи сифат

3) гузаронидани таҳлилҳо аз ҷониби роҳбарият

4) таъмини мукаммалии мақсад дар соҳаи сифат

5) таъмини захираҳои зарурӣ

5.2 Пайдокунии мавқеъ дар байни истеъмолкунан дагон

Роҳбарияти корхона бояд таъмини муаянкунӣ ва ӣҷрои талаботҳои истеъмолкунандагонро барои баланд бардоштани қаноатмандӣ ба роҳ монад.

5.3 Сиёсат дар соҳаи сифат

Сиёсат дар соҳаи сифат аз ҷониби роҳбарият тавре ба роҳ монда шавад, ки иборат аз;

1) мутобиқат ба мақсади корхона

2) дарбаргирандаи ҳатмии мутобиқати талаботҳо оиди баланд бардоштани натиҷадиҳии системаи менеҷ менти сифат

3) ташкили манбаъи асосҳо барои таъсис ва таҳлили мақсадҳо дар соҳаи сифат

4)  Ба таври саҳеҳ расонидани ахборотҳо ба маълумоти кормандони ташкилот

5) таҳлил барои коршоямии доимӣ

5.4  Банақшагирӣ

5.4.1 Максад дар соҳаи сифат

Роҳбарияти корхона он заруриятҳое, ки дар  мақсад оиди сифат дарҷ шудааст,  тавре  бояд ба роҳ монанд, ки ба ичрои талаботҳо нисбат ба маҳсулот тибқи му  қаррарот тақсим карда шаванд. Мақсад оиди сифат бояд ба сиёсат оиди сифат қобили ченшавандагӣ ва мувофиқат карда шаванд.

5.4.2  Банақшагирии ташкил ва инкишофи системаи менеҷменти сифат

Ба роҳмонии чунин таъминотҳо аз ҷониби роҳбарият;

1)  Банақшагирии ташкил ва инкишофи системаи менеҷменти сифат барои иҷрои талаботҳо барои ноилшавӣ ба мақсад оиди сифат

2) нигоҳдории том ҳангоми банақшагирӣ, таъѓир-  диҳӣ ва ҷорикунии системаи менеҷменти сифат

5.5 Ӯҳдадорӣ, ҳуқуқ ва мубодилаи ахборотӣ

Ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқ

5.5.1Роҳбарият бояд таъминоти  ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои кормандонро  муқаррар карда  ба маълумоти онҳо расонанд.

5.5.2  Намояндагии роҳбарият

Мақомоти  роҳбарикунандаро зарур аст, ки аз қатори роҳбарият   намоянда  интихоб намуда барои пешбурди корҳои зайл новобаста аз дигар вазифаҳои ишѓолкарда саҳмгузор бошад;

1) таъмини таҳия, ҷорикунӣ ва дастгирӣ дар ҳолати корӣ оиди талаботҳои системаи менеҷменти сифат

2) пешниҳоди ҳисоботҳо оиди фаъолияти системаи менеҷменти сифат  ва ҳамагуна муҳиммиятҳо барои беҳтаркунӣ, ва

3)ҳамкорӣ барои тарѓиби дарки талаботҳои истеъмолкунандагон дар корхона

ЭЗОҲ: ба ӯҳдадории намояндаи роҳбарият воситаи ёрирасон барои ҳаллу фасли масъалаҳои бавуҷудомода  ба тарафҳои гуногун муталлиқ ба системаи менеҷменти сифат дохил намудан мумкин аст.

5.5.3. Мубодилаи дохилии ахборотҳо

Мақомоти роҳбарикунанда  таъмини муқарраркуниро мутобиқи равандҳои мубодилаи ахборотӣ ва коммуникатсия оиди масъалаи натиҷадиҳии системаи менеҷменти сифат бояд ба роҳ монад.

5.6. Таҳлил аз ҷониби роҳбарият

5.6.1 муқаррароти умумӣ

Ҳайати роҳбарикунанда дар фосилаи вақти муайяншуда  ҳолати системаи менеҷменти сифати корхонаро зери таҳлил бояд қарор диҳанд  ба мақсади таъминоти натиҷадиҳӣ, ҳаммонандкунӣ ва муфидияти доимӣ. Дар ҷараёни таҳлил дохил намудани баҳодиҳии имконияти беҳтаркунӣ ва талаботҳо  оиди таѓиротҳо дар системаи менеҷменти сифати корхонаҳо, аз он ҷумла дар сиёсат ва мақсад ва соҳаи сифат   дохил намудан имконпазир аст.

Бақайдгирӣ оиди таҳлилҳо аз ҷониби роҳбарият дар ҳолати корӣ бояд нигоҳ дошта шавад.

5.6.2. Маълумотҳои воридшаванда барои таҳлил

Маълумотҳои воридшванда барои таҳлил аз ҷониби роҳбарият бояд чунин ахборотҳоро дарбаргиранда бошад:

g) натиҷаи аудит

h) алоқаи мутақобила бо истеъмолкунандагон

i) амалигардонии равандҳо ва мутобиқатии маҳсулот

j) мақоми фаъолияти огоҳикунанда ва ислоҳоткунанда

k) амалиёти бартарафкунӣ, пас аз таҳлили роҳбарият ба вуҷудомада

l) таъѓиротҳое, ки эҳтимолияти бавуҷудоӣ дар системаи менеҷменти сифат доранд

m) маслиҳатдиҳи оиди беҳтаркунӣ

5.6.3 Маълумотҳои беруна барои таҳлил

Маълумотҳои берунаи таҳлил аз тарафи роҳбарият бояд дарбаргирандаи ҳамаи қарор ва фаъолияте, кии борат аз:

1)баланд бардоштани натиҷадиҳии системаи менеҷменти сифат ва равандҳои вай

2)беҳтаркунонии маҳсулот тибқи талаботҳои истеъмолкунанда

3) талаботҳо оиди захираҳо

6. Захираҳои менеҷментӣ

6.1 таъмини захираҳо

Корхона бояд муайянкунӣ ва пешниҳодоти захираҳоро талаб карда мешаванд барои

А) таҳия  ва дастгирии системаи менеҷменти сифат дар ҳолати корӣ, инчунин доимбеҳтаркунӣ ва натиҷадиҳии он

Б)баланд бардоштани сатҳи қаноатмандии истеъ-

молкунандагон бо роҳи иҷро кардани талаботҳо

6.2.Захираҳои инсонӣ

6.2.1 Муқаррароти умумӣ

Корманде, ки ба иҷроиши корҳо оиди мутобиқати маҳсулот ва талаботҳо машѓул аст бояд мувофиқи донишомӯзӣ, тайёрӣ, малака ва таҷрибадорӣ салоҳиятнок бошад.

ЭЗОҲ: дар мутобиқати маҳсулот талаботҳо бевосита ва бавосита мумкин аст ба корманде, ки корҳои гуногунро дар доираи системаи менеҷменти сифат иҷро мекунад таъсир расонанда мебошад.

6.2.2 Салоҳиятнокӣ, тайёрӣ ва хабаррасонӣ

Корхона бояд

а) муайянкунии салоҳиятнокии зарурии корманд, иҷрокунандаи корҳое, ки ба мутобиқати талаботҳои маҳсулот таъсиррасонанда мебошад

б) дар ҷои лозимӣ таъмин намудани тайёркунӣ ё қабул кардани  чораҳо барои дастрас кардани сатҳи салоҳиятнокӣ

в) баҳодиҳии натиҷаи қарорҳои қабулнамуда

г)таъмини хабаррасони ба корманд оиди таъсирасонии салоҳиятнокии вай барои ноил гардидан  ба мақсад ва соҳаи сифат

д) дар ҳолати кори нигоҳдории бақайдгириҳо оиди донишомӯзӣ, тайёрӣ, малака ва таҷрибадорӣ.

6.3. Инфраструктура

Корхона бояд дар ҳолати корӣ инфраструктураро муайян, таъмин ва нигоҳдорӣ намояд барои ноил гардидан ба мутобиқати талаботҳо нисбат ба маҳсулот. Инфраструктура дарбаргиранда:

а) иншоот, муҳити корӣ ва вобаста ба он  воситаҳои

меҳнат

б) таҷҳизотҳо барои равандҳо (монанди техникӣ ва

монанди воситаҳои барномавӣ)

в) таъминоти хизматрасонӣ (монанди  нақлиёт, алоқа

ва системаи ахборотӣ)

6.4. Муҳити истеҳсолӣ

Корхона  низоми идоракуниро нисбат ба муҳите, ки ба сифати маҳсулот таъсиррасонанда мебошад, бояд муайян кунад.

ЭЗОҲ; истилоҳи «Муҳити истеҳсолӣ»  алоқаманд аст, ба  муҳити корие, ки кор ба воситаи он, ба монандӣ: ҷисмонӣ , экологӣ ва дигар омилҳо (  намнокӣ, рушноӣ, дараҷаи овоз ва шароити иқлимӣ) ба иҷро мерасад тавсиф ёфтааст.

ИСО-ядрои системаи сифат

ИСО 9000 аз чор стандартҳои байналхалқӣ иборат буда, барои таҳия ва дохилкунии системаи роҳбарикунандаи боманфиати сифат равона карда шудааст

Маълумот дар бораи ИСО

  • ИСО 9000:2000 муқарраркунандаи принсип ва мафҳуми асосии идоракунии сифат, навиштаҷоти мафҳуми серияҳои стандартҳо, додани номгӯи истилоҳҳо ва муайянкунии соҳаҳои фаъолият дар корхонаҳо мебошад.

4 стандарти асосӣ

–  ИСО 9001:2000 муайянкунандаи талаботҳо дар системаи сифат.

–   ИСО 9001:2000 муайянкунандаи талаботҳо дар системаи идоракунии сифат.

–   ИСО 9004:2000 навиштани дастурамалҳои     роҳбарикунанда барои ташкил додани системаи роҳбарикунандаи сифат.

 –  ИСО 19011 таъмин намудани роҳбарӣ, нақшагирӣ ва гузаронидани аудити сифат.

Кӣ, дар куҷо стандарти ИСО-9000-ро истифода бурда метавонад?

Стандарти ИСО-9000, стандарти универсалӣ буда, новобаста аз ҳудуд, шакли ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият дар ҳамаи корхонаҳо истифода бурда мешавад

Дохилшавӣ ба стандарти ИСО 9001

  • Дохилшавӣ ба стандарти ИСО 9001 ба корхона якчанд афзалият мебахшад:
  • Афзалияти  ташкилӣ
  • Афзалияти иқтисодӣ
  • Афзалияти бонуфузӣ (мебахшад)
  • Афзалияти стратегӣ

Мафҳуми  менеҷменти сифат

  • Идоракунии истеҳсолот, дониши мукаммал, принсипҳо, восита ва шакли идоракунии истеҳсолот дар шароити иқтисоди бозоргонӣ

Системаи менеҷменти сифат  чӣ маънӣ дорад

Системаи менеҷменти сифат барои назорати корхона оиди рушди сифат равона карда шудааст

Принсипҳои асосии менеҷменти сифат

  • 8 принсипи менеҷменти сифат муайян шудааст:
  • Пайдо кардани мавқеъ дар байни истеъмолкунандагон
  • Пешсафии роҳбарӣ
  • Ҷалбкунии кормандон
  • Раванди муомила
  • Раванди системавӣ ба менеҷменти сифат
  • Беҳтаркунии доимӣ(мунтазам)
  • Қабули қарорҳо дар асоси далелҳо
  • Муносибати ба ҳар ду тараф муфид бо бортаъминкунандагон  

Аудит дар системаи менеҷменти сифат

  • Банақшагирӣ, хулосадиҳӣ, беғараз баҳодиҳӣ ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ ва муайянкунандаи мутобиқати талаботҳои муқарраргардида

Аудити сифат чӣ маъно дорад?

  • Санҷиши мустақилона ва мунтазам дар корхона оиди муайян намудани  мутобиқати фаъолият, натиҷадиҳии он дар соҳаи сифат

Гузариш ба системаи менеҷменти сифат 5 сатҳ дорад

  • 1) Гузаронидани омӯзиш ба кормандон дар бораи талаботҳои стандарти ИСО-9001
  • 2) Гузаронидани таҳлили ҳуҷҷатгузорӣ дар корхона мувофиқи талаботҳои стандарти ИСО 9001
  • 3) Таҳлили лоиҳаи ҳуҷҷатҳо аз рӯи расмиятҳои элементҳои менеҷменти сифат
  • 4) Таҳияи программаҳои аудити дохилӣ ва ба шаклдарории онҳо бо дохилкунии ислоҳот ҳангоми фаъолият, расонидани ёрӣ ҳангоми ба шаклдарории дархост барои сертификатсиякунонӣ мутобиқи системаи менеҷменти сифат
  • 5) Гузаронидани аудити беруни бо мақсади муайянкунии тайёрии корхона барои гирифтани сертификат, гирифтани сертификат, аудити назоратӣ, ресертификатсия(азнавкунии сифат аз рӯи СМС)

Ба диккататон ташаккур!

  • Барои пайдо намудани маълумот оид ба менечменти сифат ва ташкилоти байналмиллалии ИСО Шумо метавонед бо телефони 6008148  ё 93 849 6666 занг занед.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.