Меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳуқуқи байналхалқи хусусӣ

Нақша:

1. Мафҳуми коллизия дар ҲБХ.

2. Меъёрҳои коллизионӣ дар ҲБХ.

Калимаи коллизия  «colisio» аз забони лотинӣ  айнан «бархӯрд» тарҷума шуда, маънои боҳам бархӯрдани низоми ҳуқуқии мамлакатҳоро мефаҳмонад.  

Ҳамаи системаи ҳуқуқии мамлакатҳо ба худ хос меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятиро дорад. «Элементи хориҷӣ» муносибатҳои ҳуқуқиро мураккаб гардонида мухолифати ба танзимоварии ин муносибатҳоро бо системаҳои гуногуни ҳуқуқӣ кушода , бо ин тарз мавҷудияти коллизияи ҳуқуқро ошкор менамояд.

Коллизияи ҳуқуқ он вақт зоҳир мешавад, ки муносибатҳои гражданӣ- ҳуқуқиро «элементи хориҷӣ» мураккаб мегардонад.

Коллизияи ҳуқуқ на танҳо бо мавҷудияти аз ҷиҳати мазмун муносибатҳои ҳуқуқии гуногун, ки муносибатҳои якхеларо танзим менамояд, балки бо мавҷудияти гурӯҳбандии  истилоҳоти мувофиқаткунандаи мафҳумҳо вобастагӣ дорад. Масалан , ба ҳамаи системаҳои ҳуқуқии мамлактҳо категорияҳои зерин ба монанди «амвол», мӯҳлати даъво», «шакли бастани ақди никоҳ», лаҳзаи бастани шартнома» ва ғайра маълум аст. Бо вучуди ин, мазмуни ҳуқуқии ба ин мафҳумҳо дароварда шуда  дар ҳар мамалакат гуногун аст. Мисол, мутобиқи ҳуқуқи  Англия ва Фаронса барои ба ақди никоҳ даромадани ҷавонони то 21 сола розигии волидон ҳатмист. Вале дар ҳуқуқи Англия розигии волидон ба шакли басташавии ақди никоҳ марбут аст, дар ҳуқуқи Фаронса бошад, ин розигӣ шарти моддӣ ҳисоб мешавад.

Фарқияти ба ин монанд дар категорияҳои гуногуни дигар низ мавҷуд аст. Дар алоҳидагӣ , дар системаи ҳуқуқи англо-америкоӣ лаҳзаи басташавии шартномаи байнахалқии хариду фурӯш-санаи фиристонидани таклиф оиди пешниҳоди бастани шартнома мебошад. Мувофиқи ҳуқуқи аксарияти кишварҳои Аврупо, шартнома  аз лаҳзаи қабули таклиф басташуда ҳисоб мешавад. Коллизияи ҳуқуқ на танҳо дар раванди муайянкунии мазмуни меъёрҳои ҳуқуқии системаҳои ҳуқуқии гуногун ошкор мешавад . Вай асоси муайян намоии   истилоҳотҳои ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи байналхалқӣ мавҷуд мебошад. Гаронии интихоби системаҳои ҳуқуқӣ бар дӯши судҳои миллии юрисдиксияашон  умумӣ ҳамчунин ба судҳои давлатӣ ва судҳои иқтисодии арбитражии байналхақӣ мебошад . Маҳз судҳо ҳуқуқ татбиқкунандагони асосӣ ҳисобида мешаванд. Интихоби ҳуқуқи татбиқшаванда   ба маҷмӯи ақидаҳои ҳуқуқии судя вобаста набуда, балки бо воситаи меъёрҳои махсуси дар қонунгузории миллии ҳар як мамлакат таҳким бахшидашудае ба ном «меъёрҳои коллизионӣ» ҳал мешавад. Ин аст методи коллизионии ҳуқуқи байналхалқии хусуси.

МЕЪЁРҲОИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҲУҚУҚИ БАЙНАЛХАЛҚИ ХУСУСӢ

1. Намудҳои меъёрҳои коллизионӣ . Коллизияи ҳуқуқ бо роҳи истифодаи  бо номи меъёрҳои коллизионӣ бартараф карда мешавад. Худи меъёрҳои ҳуқуқӣ масъаларо аз рӯи асосии ҳал накарда, балки ба меъёрҳои моддие, ки мазмуни ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектони ҳуқуқи байналхалқии хусусиро муайян мекунанд, ҳавола мекунад.

Меъёри коллизионӣ  аз 2 элемент иборат аст: Ҳаҷм (гепотиза) ва бандак (диспозитсия).

Ҳаҷми меъёри коллизионӣ – ин ишора ба номи муносибатҳои хусусияти гражданӣ-ҳуқуқӣ дошта, ки ба ин муносибатҳои мазкур ин меъёр татбиқ мешавад.

            Бандаки коллизионӣ- ин асоси  муайянкунандаи ҳуқуқи татбиқшаванда мебошад. Намудҳои гуногуни гурӯҳбандии меъёрҳои коллизионӣ вобаста ба асосва мақсади он мавҷуд аст.

1.Вобаста ба сарҳади татбиқи ҳуқуқи миллӣ ва байналхалқӣ меъёрҳои коллизионӣ  яктарафа ва дутарафа мешаванд.

2. Вобаста бо методи меъёрӣ-ҳуқуқии танзимнамоии меъёрҳои коллизионӣ императивӣ  ва диспозитивӣ мешаванд.

3. Вобаста ба таркиб меъёрҳои коллизионӣ оддӣ ва мураккаб мешаванд. Меъёри  коллзионии оддӣ аз  «ҳаҷм – бандак» иборат буда, меъёри коллизионии мураккаб бошад бо ҳаҷми гуногун ва бо шумораи бандакҳои коллизионӣ фарқ мекунанд.

Натиҷаи таҷрибаи бисёрсолаи мамлакатҳо ин дар ҷамъбаст намудани бандакҳои коллизионии дутарафа, муайян намудани намудҳои асосии онҳо, ба шакли муайян даровардани чунин бандакҳо зоҳир мешавад.

1.Қонуни шахсии шахси воқеӣ (lex persanalis)

а. Қонуни шаҳрванди (lex nationalis)

б. Қонуни ҷои истиқомат (lex domisilii)

2. Қонуни шахсии шахси ҳуқуқӣ (lex societatis)

3. Қонунимаҳалливоқеъшавииамвол (lex rei sitae)

4. Қонуне, ки аз ҷониби шахси шартномаро баста интихоб шудааст ( lex voluntatis)

5.Қонуни басташавиисозиш (lex lociactus)

а. қонунимаҳаллиибасташавиишартнома  (lex loci contractus)

б. Қонуни маҳалли амалишавии ӯҳдадорӣ ( lex loci solutionis)

6. Қонуни кишвари фурӯшанда ( lex venditoris)

7.Қонуни маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ( lex loci delicti commissi)

  Ба меъёри коллизионии ба ҳамаи муносибатҳои соҳаи ҳуқуқи  байналхалқии хусуси маълум буда инчунин қоидаҳои махсуси коллизионӣ барои муносибатҳои алоҳида низ дахл дорад.

Ба онҳо дахл дорад, масалан   қонуни маҳалли басташавии ақди никоҳ (lex loci

celebration) қонуне, ки дар соҳаи муносибатҳои байналхалқии меҳнатӣ истифода мешавад (lex loci laboris), қонуни парчам, (lex flag), ки бавоситаи он масъалаҳои коллизионӣ дар ҳуқуқи баҳрӣ ва ҳавоӣ ҳал мешаванд. Дар системаи коллизионӣ қоидаҳо, ҷои махсусро қоидае, ки ба қонуни суд (lex fori) ҳавола менамояд, ишғол мекунанд.

Адабиётхои тавсия шаванда

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе. – 2004.
  2. Международное частное право (под. редакиией Г.К Дмитриева). – М. – Проспект. – 2000. –  650 с.
  3. Богуславский М.М. Международное частное право.– М. – М.О. -1998. -.645 с.
  4. Гражданское право. Том 3 (Под. ред. Сергеева А.П., Толстого Ю. К.). – М. –Проспект. – 2000.-560 с.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.