Ӯҳдадорӣ аз расонидани зарар дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ

Нақшаи лексия:

1. Шароитҳои умумии ба ӯҳдадории расонидани зарар.

2. Масъалаҳои коллизионии ӯҳдадории деликтӣ дар қонунгузории ҶТ ва дар шартномаҳои байналхалқӣ.

З. Намудҳои гуногуни масъалаҳои коллизионӣ  ӯҳдадории деликтӣ.

Ӯҳдадори аз расонидани зарар.

Шароитҳои умуми. ӯҳдадорие, ки берун аз муносибатҳои шартномавӣ ба вуҷуд меояд, ба ӯдадориҳои пайдо шудаи аз расонидан зарар тааллуқдорад. Ин ӯдадориҳо асосан ӯҳдадориҳои деалекти меноманд, азбаски онҳо на аз шартномаҳо, балки аз ҳаракатҳои ношоиста пайдо мешаванд.

Вайрон кардани риояи қоидаи бехатари дар истифодабарии воситаи нақлиёти муосир дар вақти кашонидани одамон аз як давлат ба давлати дигар ба  бисёр шудани садамаҳо гуногун- андоза оварда расонид, ки ин дар навбати худ ба вуҷуд омадани муносибати деалекти бо элементи хориҷи ба вуҷуд овард. Мутаассифона ин гунна мисолҳо хело зиёданд.

  Якчанд  мисолҳои садамаҳое, ки ба садамаҳои дар ҳово ба вуқӯъ омада алоқаманд аст, дида мебароем. Дар кӯли Боден (дар сарҳади ҳавоии Олмон) бо гуноҳи авиадиспечерҳои швейтсари бархӯрии тайёраҳо бо ҳамдигар рӯй дод.

Ҳавопаймо аз Исроил ба Новосибирск парвоз карда истода, он ба ташкилоти ҳавопаймои Россия тааллуқ дошт, тасодуфан дар назди баҳри Сиёҳ бо мушаки ҳавои зада шуд. Мушаки ҳавои аз тарафи ҳудуди давлати Украина равона карда шуда буд. Дар ҳар ду ҳолат, ки соли 2002 ба вуқӯъ омада буд, одамон ҳалок гардиданд ва ҷабрдида даъвои руйпуш намудани зарари расонида оварда шуда буд.

Соли 2002  щарқ шудани киштии моеъкаиюни «Престиҷ», ки дар он нефтро ба Баҳримиёназамин кашонида истода буд, сабаби талафоти бебозгашт ба муҳити экологии соҳили давлатҳои Испания, Франсия ва Португалия гардид. Кишти дар як давлат ба қайд гирифта шуда буд (Либерия) ва аз давлати дигар  (Юнон) ба Сингапур равона шуда буд.

Баъд аз садамаи АЭС – и Чернобил абри радиотсиони бо воситаи шамол ба ҳудудҳои давлатҳои аврупои равона карда шуд ва давлатҳо зарари зиёд дидан, ки ин сабаби даъво кадани ҷуброни зарар шуд.

Дар адабиётҳо қайд карда шудааст, ки дар қонунҳои коллизионии бисёри давлатҳо дар соҳаи ӯҳдадори оқибати расонидани зарар ҳалли худро аз яке қадимтарин меъёри ҳуқуқи байналхалқии хусуси  ба вуҷуд меояд, – қонуни ҷои иҷроиши ҳуқуқвайронкуни(lex loci delicti). Ҳуқуқи интихоби ҷои деаликти ба сифати меъёри коллизиони яккумдараҷа дар қонунгузори Австрия, Венгрия, Германия, Грестия, Италия, Полша ва щайра давлатҳо ба қайд гирифта аст.

Нишонаи муносибати муосир баровардани  намуди бо ҳам пайвасти дар амали қонуни ҷои иҷро шудани ҳуқуқвайронкуни ва дигар қоидаҳои коллизиони, ки ба  соҳаҳои шаҳрванди, ҷои истиқомат, ҷои ба қайдгири нақлиёт равона карда шуда аст.

Ии тамоюлҳо дар тараққиёти  қонунгузории мамлакатҳои хориҷи ва дар таҷрибаи шартномаҳои байналхалқи дида мешавад.

Дар ҳалли саволҳои ҳуқуқи коллизиони  ба ӯҳдадори деликти ду роҳи амалии он вуҷуд дарад: иҷроиш қонуни давлате, ки аз воқеа зиён расидааст ё давлати айбдоршаванда, яъне ба  тарафе ки зарар овардааст. Аъанави қонуни ҷои зарари оварда шуда истифода мешавад, вале  амали ин присип дар қонунгузори якчанд давлатҳо  иҷроиши ин қонун ба қонуни  давлати ҷабрдида дар ҳолати беҳтари ҳолати товони зарар иваз карда мешвад.

Ҳолатҳои вазнинтар дар он вақт ба вуҷуд меояд, ки ҳолати зараровари дар як давлат иҷро мешавад, оқибат бошад дар дигар давлат(ифлосшавии муҳити атроф, садамаҳо дар АЭС) ба вуҷуд меояд. Дар вақти набудани созишномаи байналхалқи байни давлатҳое, ки ҷабридидаҳо ба он  тааллуқ дорад, онҳо метавонанд бо даъвоҳои ҷуброни зарари худро ба судҳои ватании худ равона кунанад, вале қарори ин судҳо наметавонанд бо якчанд сабаб иҷро шаванд(бо сабаби имконнопазири будани карори суд ). 

Чи тавр муайян карда мешавад, ки  маҳз ҳамин ҷо, ҷойи  бо вуҷуд омадани  уҳдадории деалективи аст: бояд, ки мо дар ҷойи иҷроишавии ӯҳдадории деалективи, ҷои содиршавии ҳаракати зарароварда ё чойи оқибати он ҳаракат ба оҳир расидааст  дар назар дорем.

Дар ҳуқуқи байналхалқи ин савол  дар вақти дида баромадани баҳсҳо аз тарафи судҳо  якчанд карата ба  миён  омадааст. Ҳамин тавр, ин савол дар суди  нидерланди бо даъвои гулпарвари голланди дар назди суди Аврупо муносибат ба таснифи замамимаи созишномаи Аврупо дар бораи

Моҳияти баҳс, ки муомилоти он дархост талаб крада шуд, аз ин иборат буд: ба соҳибкори голланди, ки бо гулпарвари машщул аст, қитъаҳои оби таалуқ дошт. Дар оқибати ифлосшавии дарёи Рейн( ки об ба заминҳо аз ин дарё меомад) бо калий, ки дар кони Элзас он канда мешуд, растаниҳои парваришшуда осеб диданд. Гулпарвари Голланди ба кон оиди ҷуброни зарар даъво кард, даъвои худро дар шаҳри Роттердам  (Нидерландия).  Суд эътироф кард,ки баҳс тобеъи ӯ нест ва ба суди мувофиқи Франсия равона карда шуд. Қорори худро суди нидерланди  бо моддаи созишномаи дар бораи тобеъият ва иҷроиши карори суд дар соҳаҳои граҷдани ва тиҷорати асос кард. Суди марҳилаи дуюм ба суди Аврупои бо дархост дар бораи таснифоти ин модда, яъне калимаҳои дар созишномаи Аврупои  омада «ҷойе, ки оқибати  ҳолати зараровар ба вуҷуд омадааст. » муроҷиат кард.

Суди Аврупо эътироф кард, ки ҳолати  ҷойи ба вуҷуд омадани ҳаракате, боиси расонидани зарар шуд, бо ҷойи оқибати он мувофиқ намеояд, бо интихоби даъвогар ба ҷавобгар метавонад даъво ҳам дар суди ҷое, ҳаракат зарароварда шуда ба оқибат расидааст ва дар суди давлатие, ки дар он ҳаракати зараровар пайдо шудааст.

Саволҳои коллизиони ӯҳдадории деалектии дар қонунгузории ҶТ ва дар шартномаҳои байналхалқи.

Қисми 3 КГ ҶТ саҳаҳои амали ҳуқуқро муайян мекунад, воҷиби уҳдадори дар соҳаи уҳдадори, ки дар оқибати расидани зарар ба вуҷуд омадааст, муайян мекунад.

Моддаи 1225 КГ муқарар мекунад:»Дар асоси ҳуқуқи,воҷиби истифодабарии ба уҳдадорие, ки аз оқибати расонидани зарар ба вуҷуд омада бар меояд, муайян карда мешавад, чунон чи:

  1. қобилияти масъулниятноки ва уҳдадори  шахсон ба зарари расонида шуда,
  2. Во гузоштани уҳдадории расонидани зарар ба шахсоне, ки зарарро нарасонида аст,
  3. ӯҳдадории асоси,
  4. Тарзи ҷуброни зарар,
  5. Ҳаҷм ва андозаи  зарар .

Дар муносибати ӯҳдадори муайян намудани меъёр нисбат ба уҳдадорие, ки  сабаби ба вуҷуд омадани зарар, дар КГ  ду меъёри коллизиони овардааст.

  1. Мувофиқи яккум меъёр « ӯҳдадрии, аз расонидани зарар ба вуҷуд омада », қонунҳои давлате, ки дар он ҳаракат ё дигар ҳодисаи нохуш ба амал омадааст ва он асоси даъвои оид барқарор намудани расонидани зараро гардида аст, муқарар мешаванд.

Ҳамин тавр, қисми сеюми КГ ҶТ аз присипи татбиқи қонуни қойи деликт мебарояд. Бо ҳамин дар КГ ҳамон присипи асоси  мустаҳкам карда шуддааст,ки аз он дигар конуҳо мебароянд.

   Дар адабиётҳо мисол дар бораи  ба муносибати ҳодиса оварда шудаанд, шахси овардаи зарар ҷойи дидани зарарро пешбинни намудааст. Масъалан. агар фурӯшанда мол (муҳлати кафолати ин баъди як моҳ мегузашт), молро аз ҳудуди Лаҳистон бор карда фиристонд, вале ӯ бисёр хуб медонист, ки зарари мол ба  хариддор ва ё ба истеъмолкунандагон  дар ҳудуди ҶТ (ҷое, ки мол фиристода паҳн карда шуд) ба вуҷуд меояд. Дар ин ҳолат бемамоният конунҳои ҶТ истифода шудаанд.

    Дуюм меъёри коллизиони инро дар назар дорад:» Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо оид ба ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар дар хориҷа ба амал омадаанд, агар тарафҳо шаҳрванд ё шахсони ҳуқуқии ҳамон як давлат бошанд ё дар як давлат истиқоматгоҳ дошта бошанд, бо ҳуқуқи ин давлат муайян карда мешаванд.»

            Ин меъёри коллизиони ҳам хусусияти дутарафа дорад.

  Навигарии ба қонунгузории мо дар асоси ин меъёр ҷори намудани ҳуқуқи интихоб, ки ба деаликтон истифода буда мешаванд, ба ин зоҳир мешавад.

 Мутобиқи қисми 3 моддаи 1219 КГ» Ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳо оид ба шартнома, ки предмети он амволи ғайриманқул мебошад ва ҳамчунин бо шартнома оид ба идораи ба бовари асосёфтаи амвол ҳуқуқи кишваре татбиқ карда мешавад, ки амвол дар он воқеҳ гардидааст, аммо нисбати амволе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи давлати ворид карда шудааст – ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон.»

  Дар муҳоидаи Минск соли 1993 тасдиқ шудааст,пайванди умумии ба ҳукуки  давлате, ки дар ҳудуди он воқеа ё дигар ҳодиса ба вуҷуд омадааст ва он  сабаби барои даъвои оид ба руйпуш намудани зарар шудааст, ҳамчун қисми ҳуқуи граҷдании тарафҳо дар муносибати деалекти баромад мекунад.

  Мисол меорем ба ин қоида аз таҷрибаи судҳои арбетраҷии ҶТ. Ба суди иқтисодии ҶТ шаҳрванди Қирщизистон  бо даъвои оид ба руйпуш намудани зарар, ки ба мошини сабукрав аз тарафи мошини боркаш расонида шудааст, ки он ба ҷамъияти маъулияташ маҳдуди ФР тааллуқ дошт, дар  садамаи нақлиёти ба вуқӯъ омадаи дар ҳудуди Қирщизистон, айбдоршавандаи ин садама соҳиби нақлиёте, ки ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди ҶТ тааллуқ дошт, муайн карда шуд.

    Даъвогар  руйпуш намудани зараи дидаашро, ба маблащи андозаи таъмири нақлиёт сарв шудааст, талаб намуд.

Суди иқтисодии ҶТ дар ҳалли ин масъала мъёри коллизонии ҳуқуқи  интихоби ҷойро истифода намуд. Ин баҳс ба суди Қирщизистон дар асоси интихоби деаликт(садаса дар ин давлат ба вуҷуд омадааст)  равона шуд.

Намудҳои гуногуни саволҳои коллизиони уҳдадории деалетиви.

1.Садамаҳои нақлиёти.  Ба якчанд давлатҳои Аврупои (Белгия, Франсия, Австрия, Нидерландия, Испания, Швейсария, Чехия, Словакия ва щайра) конвесияи  Гаага аз соли 1971 дар бораи ҳуқуқи оиди ба садамҳои нақлиёти татбиқ карда мешавад.

  Чих хеле, ки дар адабиётҳо қайд карда шуда буд, Конвесияи соли 1971 ба якчанд дараҷа кӯҳна шуда, барои он ки дар вай иҷозати ҳқуқуқи субсидиарии давлати байқайд гирифтаи нақлиёт дода шааст, ин ҳолат дар замони муосир хусусияти тасодуфи дорад. Давлати Россия дар ин конвесия иштирок намекунанд.

            2.Садамаҳои ҳавои. Дар қонунгузари  ҶТ ба ин соҳа Конвесияи соли 1952 дар бораи зарари расонидаи бо ҳавопаймонҳои хориҷи   аз тарафи шахсони сеюм дар сатҳи замин қабул шадааст.

Мутобиқи Кодекси ҳавоии ҶТ аз соли1998 ӯҳдадори барои расонидани зарар, ҳангоми сафари ҳавои зарари расонидаи ба ҳаёт ва ё саломатии мусофир на танҳо бо востаи кодекси граҷдани, балки бо воситаи қонун ва шартномаҳои дигари эътибор кардаи давлат, муайян кардаи ҶТ мешаавад.

Мувофиқи конвенсияи Варшава аз соли 1929 ва протоколи Гаага соли1955, ӯҳдадори муаасисаи боркаш оид ба расонадани зарар ба мусофир, бор ва капчуки дасти бо ҷарима маҳдуд када шудааст. Ба гумшави, норосои ва вайрон кардани бащоҷ, бор ва  ба дигар моликияти мусофирон, ҳангоми сафари ҳавои ташкилоти ҳавопаймон уҳдадори ташкилот дар асоси шартномаҳои бастаи  ҶТ муайян мешавад.

Энергии атоми. Муносибатҳои бисёртарафа.

  • Конвенсияи Париҷ оид ба ӯҳдадори дар назди шахсони сеюм дар соҳаи атоми соли 1960
  • Созишномаи Брюсел оид ӯҳдадории операторҳот киштиҳои атоми 1962 сол
  • Созишномаи Вена оиди ӯҳдадории игрҷдани-ҳуқуқи аз зарари ядрои
  • Конвесияи соли 1972 оиди масъулити граҷдани дар соҳаи боркашонии баҳрии маводдҳои ядрои

   Ҳамаи ин созишномаҳо аз присипи масъулиятнокии киштиҳои давлате, ки дар он ҳодиса ба вуҷуд омад, бар меояд.

  Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунанда.Дар муносибати ъҳдадории  барои расонидани зарар бо сабаби норосои мол соли 1973 конвенсияи Гаага оиди амалкунии   ҳуқуқи ӯҳдадори барои зарари ба мол расонида шуда, қабул шуд. ҶТ дар конвенсия иштирок намекунад.

 Меъёрҳои коллизиони дар бораи истифодаи қуқуқ ба талаботи руйпуш намудани зарар дар асоси норосои мол, кор ё хизматрасонии зарар оаврдаанд, ба қонунгузории РФ соли 2001 ворид шуд.

     Масъаллаҳо дар ин соҳа ба вуҷуд, омада, дар таҷрибаи суд пеш ин солҳо ҳам ба пеш меомад ва онро бо воситаи қонуни ФР аз 9 декабри соли 2004 «Защите прав потрибителей» ва дигар қонунҳои ҷори ҳал мекардан, вале дар ин қоунҳо меъёрҳои коллизион вуҷуд надошт.

 Дар қонунгузории ҶТ ин маъаларо  моддаи 1225 КГ танзим менамояд:

1. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо оид ба ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар ба амал меоянд, бо ҳуқуқи кишваре, ки амал ё ҳолати дигар ҷой дошт ва барои талаботи баргардонидани зарар асос шуда буд, муайян карда мешавад.

2. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳо оид ба ӯҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расонидани зарар дар хориҷа ба амал омадаанд, агар тарафҳо шаҳрванд ё шахсони ҳуқуқии ҳамон як давлат бошанд ё дар як давлат истиқоматгоҳ дошта бошанд, бо ҳуқуқи ин давлат муайян карда мешаванд.

3. Баҳди содир гардидани амал ё пеш омадани ҳолати дигаре, ки дар натиҷа зарар расонида шудааст, тарафҳо метавонанд оид ба татбиқи ӯҳдадории дар натиҷаи расонидани зарар ба амаломада ҳуқуқи кишвари судро созиш намоянд.

4. Агар амал ё ҳолати дигар, ки барои талаби гардонидани зарар асос шуда бошад ва ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд, ҳуқуқи хориҷи татбиқ намешавад.

Адабиётхои тавсия шаванда

  1. Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон. – Душанбе. – 2003.
  1. Толстых В.Л. Нормы иностранного права в международном частном праве Российской Федераиии. – СПб. – Юрид.иентр. – 2006.
  2. Менглиев Ш.М. Международное частное праве. – Душанбе. – 2002.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.