Муқаррар намудани ммундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Усулҳои муқаррар намудани ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Маҳдуднамудани татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳамаи адабиётҳои юридикии ба масъалаи меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ нигаронида шуда қайд мешавад, ки татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ аз муайян намудани мундариҷаи он шурӯъ мегардад. Ин давраи муҳими ҷараёни ҳуқуқтатбиқкунӣ ба шумор рафта бе риоя он баҳси ба миён омадаро дуруст дар чорҷӯбаи қонун ва бо дар назардошти манфиати қонунии субъекти ҳуқуқ ҳал карда намешавад. Мувофиқи ақидаи Ш.М. Менглиев асоси чунин ақида он ҳолат эътироф мешавад, ки суд ва ё ҳамагуна дигар мақомоти ҳуқуқ татбиқ кунанда тартиботи ҳуқуқии худро медонад ва онро татбиқ менамояд. Ва баракс, суд тартиботи ҳуқуқии мамлакати хориҷиро намедонад ва оиди нозукиҳои низоми ҳуқуқии мамлакатҳои хориҷӣ низ  ахборотн наморад.

            Бинобар нишондоди адабиёти махсуси ҳуқуқӣ қайд намудан мумкин аст, ки дар аксарияти онҳо олимон барои ҳалли масъалаи гузошта пеш аз ҳама ҷустуҷӯи масъалаҳои зеринро гуфта мегузаранд: кӣ бояд мундариҷаи ҳуқуқи хориҷиро муайян намояд; чӣ тавр, бо воситаи кадом усулҳо мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ муайян карда мешавад; ва чих ел оқибат ба миён меояд, агар мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ муқаррар карда нашавад. Маҳз бо чунин тартиб мо низ дар ҷараёни рисолаи зерин ба ҷустуҷӯи ҷавоб ба саволи гузошта муносибат менамоем.

Ҷараёни ҳуқуқтатбиқкунӣ ба принсипе асос ёфтааст, ки тибқи он судя ҳуқуқи кишвари худро хуб медонад ва онро татбиқ менамояд. Лекин бинобар як чанд сабабҳои объективӣ судя ҳуқуқи хориҷиро намедонад. Маҳз ба ҳамин хотир муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ ҳангоми татбиқи он аҳамияти хоса пайдо мекунад. Ҳалли масъалаи кӣ бояд ин амалро анҷом диҳад, бо муносибати уумумии татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ муқаррар карда мешавад. Аз баррасии муносибати консептуалӣ ба масъалаи татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ чунин бармеояд: 1. Суд бо назардошти мақоми худ ҳуқуқи хориҷиро татбиқ менамояд; 2. Суд ҳуқуқи хориҷиро  ҳамчун низоми ягонаи муқаррароти умумиҳатмӣ юридикӣ татбиқ менамояд; 3. Суд аз рӯи ваколати худ бояд мундариҷаи ҳуқуқи хориҷиро муайян намояд.

Чунин муносибат ба мамлакатҳои низоми ҳуқуқи континентӣ хос мебошад. Дар мамлакатҳои низоми ҳуқуқии англо-амрикоӣ дошта ҳуқуқи хориҷӣ дигар хел баҳо дода шуда, масъалаи кӣ бояд мундариҷаи ҳуқуқӣ хориҷиро муайян намояд низ фарқкунанда мебошад.

Мувофиқи ақидаи Д.А. Хотсанов масъалаи таснифи ҳуқуқи хориҷӣ ҳамчун ҳукуқи хориҷӣ ба назари аввал мумкин аст назариявӣ намояд. Дар қонунгузории миллии мамлакатҳои хориҷӣ  муқаррароти бевосита оиди  ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ будан ва ё ҳамчун ҳолати воқеӣ будани ҳуқуқи хориҷӣ ҷой надорад. Ин ҳолат гарчанде ба чашм нарасад ҳам дар сатҳи илмӣ, олимон аз бардоштани масъалаи номбурда бармеоянд ва ин бе сабаб нест.

1. Дар тафсирҳои кодекси гражданӣ муаллифон диқкати худро ба он равона месозанд, ки муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ дар натиҷаи татбиқи меъёрҳои коллизионии конунгузории гражданӣ ба амал бароварда мешавад. Тавре, ки дар боло зикр намудем, ҷараёни истифодаи меъёрҳои коллизионӣ ду давраро фаро мегирад. Дар давраи якум муайян мегардад, кик адом еъёри коллизионӣ ва маҳз ба таттиботи ҳуқуқии кадом мамлакат ҳавола менамояд. Дар давраи дуюм, тартиботи ҳуқуқие татбиқ мегардад, ки ба он меъёри коллизионӣ ишорат намуда бошад. Маҳз дар ҳамин давра муаммои муқаррар намудани мундариҷаи хуқуқи хориҷӣ ба миён меояд. Маълум аст, ки имконияти дуруст муайян намудани ҳуқуқи хориҷӣ шартиасосии татбиқи меъёри коллизионӣ ба шумро меравад. Истифодаи методи колизионии танзим омили дуруст ва пурра муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷ  ба  ҳисоб меравад.

            Дар таълимоти мамлакатҳои низоми ҳуқуқи англо-амрикоӣ, масъалан дар ШМА в ё Англия ақидае  ҳукмфармо мебошад, ки тибқи он ҳуқуқи хоирҷӣ ҳамчун ҳолати воқеӣ ба ҳисоб рафта, мисли дигар ҳолатҳои воқеӣ ҳуқуки хориҷӣ бояд исбот карда  шавад. Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки одатан дар мамлакатҳои ҳуқуқи одатӣ таснифи ҳуқуқи хориҷӣ ҳамчун ҳолати вокеӣ хос мебошад. Ин ҳолат махсусан дар Англия ба чашм мерасад.

            Дар адабиёти ҳуқукии Англия чор муносибати консептуалӣ нисбати ҳуқуқи хориҷӣ мушоҳида карда мешавад: 1. Ҳуқуқи хориҷӣ – ин амри воқеӣ, на қонун; 2. Ҳамчун амри воқеӣ ҳуқуқи хориҷӣ бояд исбот карда шавад, зеро мундариҷаи он ба суд маълум набуда он бояд аз тарафи мутахассис исбот карда шавад; 3. Ҳамчун амри воқеӣ ҳуқуқи хориҷӣ бояд тибқи тартиботи мавҷуда ба маълумоти суд расонида шавад; 4. Агар оид ба татбиқи хуқуки хориҷӣ ба суд маълуммот надиҳад ва ё мундариҷаи онро исбот карда натавонад, пас суд ҳуқуқи Англияро бо назардошти ақидае, ки ҳуқуқи хориҷӣ мисли ҳуқуқи Англия мебошад, татбиқ менамояд. 

            Ҳамин тариқ мувофиқи таълимоти ҳуқуқи англо-амрикоӣ ҳуқуқи хориҷӣ ҳамчун амри воқеӣ баҳо дода мешавад. Исботкунии он бо қарори мустақилонаи тарафҳо, аз тарафи бевоситаи онҳо ба амал бароварда мешавад. Суд ҳуқуқи хориҷиро ҳатто ҳангоми ба ҳама маълум будани он бе исбот кабул карда наметавонад. Илова бар ин қарори суди давлати хориҷӣ барои суд ҳатмӣ нест.

            Муносибати таълимоти ҳуқуқи англо-амрикоӣ нисбати фаҳмиши ҳуқуқи хориҷӣ дар чӣ зоҳир меёбад? Ба ақидаи Д.А. Хотсанов муносибат ба ҳуқуқи хориҷӣ ҳамчун ба амри воқеӣ – ин бартараф намудани монеагӣ ба татбиқӣ он мебошад. Таснифоти ҳуқуқи хориҷӣ ба сифати амри воқеӣ исботи онро сабук менамояд. Тасаввур кардан мушкил нест, ки аз ҷавоби масъалаи гузошта шуда албатта  натиҷаи  оқибати ҳар як парванда вобаста мебошад. Агар суд ба ҳуқуқи хориҷӣ ҳамчун амри вокеӣ муносибат намояд, пас дар чунин маврид нақши он дар исботкунӣ нисбатан ғайри фаъол мебошад. Баробари ин воситаҳои исботкунӣ ба таври бояду шояд дар қонунгузории мамлакати суд (lex fori) оварда шудааст, ки макомоти судӣ ба таври васеъ метавонанд аз он истифода баранд. Агар чунин ҳолат исбот карда шавад, пас меъёри моддӣ – ҳуқуқии мамлакати хориҷӣ татбиқ карда мешавад. 

Тартиботи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми ҳуқуқи континенталӣ шомил буда ҳуқуқи хориҷӣ дар кишвари мо ба сифати амри воқеӣ баррасӣ карда намешавад. Тибқи таълимоти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи хориҷӣ ба сифати категорияи юридикӣ баҳо дода мешавад. Чунин муносибати доктриниалӣ дар моддаи 1193 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст. Тибқи меъёри оварда шуда муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ тибқи таснифоти расмӣ, таҷрибаи ҳуқуқтатбиқнунии он, таълимоти мамлакати дахлдоштаи хориҷӣ ба амал бароварда мешавад. Пас, суд бояд ҳуқуқи хориҷиро ҳамчун категорияи юридикӣ ва тибқи он анъанаҳои дар мамлакати хориҷӣ мавҷудбуда татбиқ намояд. Маълум мегардад, ки суд бояд ҳуқуқи хориҷиро чунон маънидод намояд, ки он дар маънидодкунӣ дар мамлакати хориҷӣ қабул шудааст.

Нисбӣ будани таносуб гузоштани ду усули муайян намудани ҳуқуқи хориҷӣ бо он нишон дода мешавад, ки дар мамлакатҳои ҷонибдори маънидод намудани ҳуқуқи хориҷӣ ҳамчун амри воқеӣ дорои хусусияти хос будани он эътироф карда мешавад. Изофа аз ин, тадқиқотчиён чунин баҳо додани ҳуқуқи хориҷиро зери танқид қарор медиҳанд. Дар вақтҳои охир тамоюли аз байн рафтани фарқияти муносибати давлатҳо дар масъалаи муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ ба чашм мерасад. Олимони муосири Англис эътироф менамоянд, ки ҳуқуқи хориҷӣ – ин амри воқеии махсус ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, Р. Фентиман бовари дорад, ки ба сифати амри воқеӣ эътироф намудани ҳуқуқи хориҷӣ ҳамагонро ба гумроҳӣ мебарад. Он дар ҳуқуқи Англия ҳолати гибридиро доро мебошад. Бисёре ба ишорат менамояд, ки ба ҳуқуқи хориҷӣ ҳамчун амри воқеии содда муносибат кардан лозим нест. Ҳолатҳое, ки дар ҷараёни он ҳуқуқи хориҷӣ татбиқ мешавад, хатто новобаста ба иродаи тарафҳо аз тарафи ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ муқаррар карда мешавад.

Ҳуқуқи хориҷӣ аз тарафи судҳои Англия ҳамчун амри воқеӣ, лекин амри воқеии дар асоси худ масъалаи ҳуқуқиро дошта баҳо дода мешавад. Хусусияти махсус ҳангоми муносибат ба он ҳамчун амри воқеӣ дар ҳолатҳои зерин мушоҳида карда мешавад:

– Масъалаҳои бо ҳуқуқи хориҷӣ алоқаманд буда аз тарафи суд, на аз тарафи машваратчиёни судӣ ҳал карда мешаванд;

– Суди Англия мумкин аст, нисбати масъалаи хулосаи экспертӣ ақидаи худро дошта бошад. Мумкин аст бо вай розӣ гардад, мумкин розӣ нашавад.

Мақсаднок будан, имконпазир будани исботи ҳуқуқи хориҷӣ бе ҷалби эксперт боз як бори дигар нишон медиҳад, ки таснифоти ҳуқуқи хориҷӣ танҳо ҳамчун амри воқеӣ ба амал бароварда шавад.

Дар як қатор адабиётҳои юридикӣ низ масъалаи муносибат ба ҳуқуқи хориҷӣ хамчун амри вокеӣ низ зери танқид карор дода шудааст. Масъалан, И.С. Переторский, С.Б. Крылов эҳтимолияти мутобиқати ҳуқуқи хориҷиро ба ҳуқуқи Англия  фиксия (бардурӯғ) баҳо додаанд. Дар адабиёти муосир иброз мешавад, ки муносибат ба ҳуқуқи хориҷӣ ҳамчун ҳолати воқеӣ ба мураккабии татбиқшавӣ  меорад, зеро агар як қисми он муайян гарда два қисми дигари он муайян нагардад.

Тағйиротҳои дар қонунгузорӣ, таълимот ва таҷрибаи юридикии давлатҳои ҷонибдори муносибати тафриқанок ба ҳуқуқи хориҷӣ, мавҷуд будани тамоюли бартарафсозии фарқияти чунин гуногунфаҳми ба ҳисоб меравад. Илова бар ин бояд дар назар дошт, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ низ муқарраротҳои гуногун вуҷуд дорад. Тибқи муқаррароти Кодекси Граджании  Ҷумҳурии Тоҷикистон суд мундариҷаи ҳуқуқи хориҷиро тибқи тафсири расмӣ ва таълимоте, ки дар мамлакати хориҷӣ мавчуд аст, муайян менамояд. Пас, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълимоти мамлакат ҳуқуқи хориҷиро ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ баҳо медиҳад. Илова бар ин суд мундариҷаи ҳуқуқи хориҷиро аз рӯи ваколати расмии худ муқаррар менамояд. Дар ин кор суд дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақил буда тарафҳои баҳс дар суд, баракс тарафи ғайри фаъол ба ҳисоб мераванд.

Баробари ин тибқи нишондоди қ.3 м. 1193 Кодекси Граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафҳо метавонанд ҳуҷҷатҳои барои исботи мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ лозимбударо пешкаш намоянд. Хусусияти таълимоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир меёбад, ки маҳз дар муносибатҳои соҳибкорӣ, иштирокчиёни он барои муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ ҳуҷҷатҳои лозимаро ба суд ҳамчун далел пешкаш менамоянд. Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки якум, тарафҳо ӯҳдадор нестанд, ки ҳуҷҷатҳои исботкунандаи мундариҷаи ҳуқуқи хориҷиро ба суд пешкаш намоянд; дуюм, ӯҳдадории баҳодиҳӣ бевосита ба суд вогузор гардидааст.

Тибқи нишондоди моддаи 1193 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ суд ва ё ҳамагуна дигар мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда (масалан, натариус, мақомоти САҲШ ва ғ.) метавонад ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти дигари давлатӣ, мақомот ва муассисаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа муроҷиат наоянд ва ё илова бар ин мутахассисонро ҷалб наояд.  Дар ҳамин ҷо зарур аст, ки мақомот ва муассисаҳои қайдшударо дар алоҳидагӣ баррасӣ намоем.

Муроҷиат ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти асосии дар кори ҷустуҷӯи сарчашма дар бораи ҳуқуқи хориҷӣ кӯмак кунанда ба шумор меравад. Тибқи гуфтаҳои Ф.С. Сулаймонов ишораи дар  Кодекси Граджанӣ оид ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуда бе асос намебошад. Маҳз ҳамин мақомоти ҳокимияти давлати ваколатдор мебошад, ки чунин масъалаҳоро ҳал намояд. Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат ҳаст, ки баробари муайян намудан иинчунин мазмуни ҳуқуқи хориҷии нисбати муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ татбиқшавандаро шарҳ диҳад.

Кӯмак расонидан аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муроҷиати суд ва дигар мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда ба амал омада, дар навбати худ бо воситаи муроҷиат намудан ба мақомоти давлати хориҷӣ ин дархост ва ё  муроҷиат қонеъ кунонида мешавад.

Аз рӯи ақидаи як зумра олимони соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ аз тарафи суд муроҷиат намудан ба Вазорати адлия якнамуди супориши судӣ баҳо дода мешавад. Умуман, сухан оиди супоришҳои судӣ дар моддаи 65 Кодекси мурофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 72 ва 73 Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст. Лекин, бо чунин фикр мо розӣ шуда наметавонем, зеро алҳол аз таҳлили моддаи 1193 Кодеси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ки  суд ё дигар мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз барои муқаррар намудани мундариҷа ва мазмуни ҳуқуқи хориҷӣ муроҷиат менамояд, на супориши қатъи  ва дар навбати худ агар ин супориш баҳо дода мешуд, пас хусусияти хатмии иҷроишро пайдо менамуд, ки оид ба ин масъала ягон ишорат дар қонунгузорӣ ба чашм намерасад.

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъовардани маводҳоро оиди ҳуқуқи хориҷӣ дар асоси нишондоди шартномаҳои байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида ба амал мебарорад. Дар баъзе шартномаҳои байналхалқӣ, ба монанди Муоҳида дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ аз 7 октябри соли 2002 (Муоҳидаи Кишенев), муқаррар карда шудааст, ки мақомоти марказии адлияи мамлакатҳои иштирокчиии муоҳидаи мазкур, по дархости мақомоти давлати дигари иштирокчии муоҳида маълумот дар бораи қонунгузории дар қаламрави мамлакат амалкуннанда ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкуниро пешкаш менамоянд.

Баробари ин дар муоҳидаи мазкур барои муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ мумкин аст ба Вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат намуд, ки охтрон дар навбати худ низ ба таври дар муоҳида нишон дода шуда, ҳамаи чораҳоро барои ба иҷро расонидани вазифаҳои бар дӯши мақомот гузошта шуда фаъолият мебарад.

Илова бар гуфтаҳои боло, дар моддаи 12 Созишномаи давлатҳои иштирокчии ИДМ дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои бо ба амал барории фаъолияти хоҷагидори алоқаманд буда аз 20 марти соли 1992 маълумотҳои лозима оид ба муайян намудани мазмун ва мундариҷаи ҳуқуқи мамлакати хориҷии наздик (мамлакатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар  дошта мешавад),  мумкин аст ба воситаи мақомоти олии судӣ (масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин сифат Суди олии Иқтисодӣ ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд), пайдо карда шавад. Дида истодаем, ки дар фазои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ давлатҳои собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқи тавонистаанд бо воситаи бастани шартномаҳои байналхалқии байни ҳамдигарӣ масъалаи фароҳам овардани шароитро барои расонидани кӯмак ба мақомоти ҳуқуқтатбиқкунии мамлакатҳои худ андешида механизми лозимаи татбиқи хуқуқро бар қаламрави мамлакати худ эъҷод намудаанд, ки ин боиси қаноатмандӣ ва баҳои мусбӣ додан мебошад.

Лекин дигар тарафи масъала ин муаммоҳое, ки дар ҷараёни истифодаи механизми ҳуқуқтатбиқкунӣ ва муайян намудани мазмун ва мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ ба миён меояд  ба ҳисоб меравад. В.Л. Толстых ишора менамояд, ки дар фарқият аз супоришҳои судии дохили давлатӣ муроҷиат ба Вазорати адлия нисбатан бо тартиби дигар анҷом дода мешавад. Чун қоида иҷроиши мурочиатҳо вақти бисёрро мегирад (аз шаш то нӯҳ моҳ), мумкин аст дар иҷрои муроҷат ҳангоми набудани шартномаи байналхалқи бо мамлакате, ки ҳуқуқкаш татбиқ карда мешавад, раъд карда шавад.

Баробари шартномаҳои байналхалқӣ асосси муқаррар намудани ҳуқуқи хориҷӣ инчунин ба фикри мо принсипи мутоқобилият (взаимность) баромад карда метавонад. Яъне бо назардошти муносибатҳои дутарафа ва ё бисёртарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон агар шартномаи байналхалқӣ вуҷуд надошта бошад, пас бо назардошти инкишофи муносибатҳои байни давлатҳо бинобар вуҷуд доштани мутақобилият дар ин муносибатҳо, ба мақомоти давлати хориҷӣ муроҷиат намудан мумкин аст.

Таҷрибаи як зумра мамлакатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар сатҳи давлатӣ мумкин аст ба суд ва дигар мақомоти ҳуқуқтатбиқкунӣ дар муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ кӯмак расонида шавад. В.Шак, олими олмонӣ масъалаи мазкурро таҳлил намуда ишора менамояд, ки аз соли 1965 оғоз намуда дар Олмон бо мақсади муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ маҷмӯаҳои махсус нашр мешавад. Дар Япония низ таҷрибаи худи ҳалли масъалаи муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ вуҷуд дорад. Дар назди Суди Олии Япония бюро оид ба парвандаҳои гражданӣ қарор дорад ва мақомоти номбурда маҳз барои омӯзиши моҳияти қонунгузории мамлакатҳои хориҷӣ машғул буда дар охир барои ҷамъбасти фаъолияти худ тадқиқоти худро ба низом дароварда дар китобхонаи Суди Олии Япония ҷой медиҳанд, ки дар навбати худ барои судяҳо хеле муфид ва дастгас мебошад. Дар маҷмӯъ дар бюрои номбурда 30 нафар мутахассисон ҷалб карда шудааст.

Усули навбатии муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин муроҷиат ба мақомоти давлатии дар хориҷи кишвар фаъолият баранда ба ҳисоб меравад. Ҳангоми омӯзиши қ.2 моддаи 1193 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибораи «дигар мақомоти ваколатдор» дучор гардидан мумкин аст. Дар адабиёти юридикӣ зери мафҳуми «дигар мақомоти ваколатдор» муассисаҳои консулӣ, муассисаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар фаҳмида мешавад. Бо фикри мазкур розӣ шуда қайд карданием, ки тибқи моддаи 5 Муоҳидаи Венагӣ дар бораи муносибатҳои консулӣ аз соли 1963,  яке функсияҳои муассисаҳои консулии мамлакат аз он иборат мебошад, ки бо ҳар роҳи қонуӣ маълумоти лозимаро оид ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, инкишофи қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои доираи ҳавасмандии мамлакатҳо буда  гирд оварда онро ба давлати худ, шахсони ҳавасманди кишвари худ фиристонад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 1995 низ иштирокчии бевоситаи шартномаи номбурда ба ҳисоб меравад.

 Изофа аз ин дар Оинномаи Консулии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июни соли 1998 низ масъалаи мазкурва функсияи мазкури муассисаҳои Консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ оид ба нақши моқомоти дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар муқаррар намудан мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Мувофиқи ақидаи В.Л. Толстых муроҷиат намудан ба муассисаҳои консулӣ дар амалия истифода на мешавад. Илова бар ин муаллиф иброз менамояд, ки муассисаҳои консулӣ аз рӯи имконияту шароити мавҷуда пурра метавонанд масъалаҳои вобаста ба муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ фаъолият бурда метавонанд. Кормандони муассисаҳои консулӣ, ки дар байни онҳо инчунин ҳуқуқшиносон низ вуҷуд доранд, дар фазои амали ҳуқуқи хориҷӣ қарор дошта дар вақти лозима онҳо метавонанд барои муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ кӯмаки худро ба суд ва ё дигар мақомоти ҳуқуқтатбиқкунандаи давлати фиристода расонад.

 Ин ҳолат ба фикри мо мувофиқи мақсад аст, зеро дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳолати имрӯза тақрибан дар бист мамлакати дунё намояндагиҳои дипломатӣ ва  муассисаҳои консулии ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд, метавонанд ҳангоми ба миён омадани зарурат кӯмаки худро расонад.

Ю.А. Тимохов масъалаи мазкуррро баррасӣ намуда бо назардошти  таҷрибаи амалияти мақомоти ҳуқуқтатбиқкунӣ онро зери танқид қарор додааст. Хусусан, муаллиф ишора мекунад, ки пешкаш намудани маълумот доир ба ҳуқуқи хориҷӣ аз тарафи кормандони дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ чунон кӯтоҳ ва мухтасар мебошад, ки эҳтимол суд аз он истифода бурда намавонад.

Мақомоти навбатии дар муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ кӯмак мерасонида Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҳақиқат,  Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 фаъолияти худро пеш мебарад. Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи ғайри давлатӣ ба ҳисоб рафта он намояндагӣ ва филиалҳои худро дар хориҷа ташкил карда метавонад. Илова бар ин Палатаи Савдо ва Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо мақсади қонеъ кунонидани муроҷиати шаҳрвандони муроҷиат намуда метавонад маълумоти лозимиро дар қаламрави давлати хориҷӣ ҷамъ оварад.

Усули навбатии муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудани мутахассис ба ҳисоб меравад. Хусусияти ташхиси аз ҷониби суд таъин карда шудаи мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ дар он аст, ки аз мутахассис доштани донишҳои махсус дар соҳаи ҳуқуқ талаб карда мешавад. Аз нуқтаи назари низоми ҳуқуқи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати меъёрҳои иҷтимоӣ баромад менамояд. Лекин дар фазои худ амал намуда, меъёрҳои номбурда ба сифати меъёрҳои ҳуқуқӣ баромад менамояд. Пас, мутахассиси ин меъёрҳоро ташхис кунанда бояд донишҳои соҳаи ҳуқуқшиносиро дошта бошад. Ба сифати мутахассиси донандаи соҳаи ҳуқуқшиносӣ, устодони донишгоҳҳо, кормандони соҳаи илмӣ ва таълимии мамлакат ҷалб шуда метавонанд.

Мо фикр мекунем дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ ба сифати мутахассис кормандони Маркази Миллии Қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда метавонанд, зеро мутахассисони ин марказ алҳол дар ҷараёни фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо меъёри қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ҳангоми таҳлил ва тафсири санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мамлакат дучор мешаванд ва мумкин аст ин мутахассисон ба масъалаи татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ, бо мутоҷиати мақомоти судӣ кӯмаки худро расонанд.

Лекин олимони соҳаи ҳуқуқӣ мурофиавӣ имконияти ҷалби мутахассисонро барои муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқ инкор менамоянд. Масъалан, М.К. Треушников  чунин гуфтааст: «Донишҳо дар соҳаи ҳуқуқ ба донишҳои махсус дохил намешавад ва нисбати онҳо ҷалби мутахассис низ нодуруст мебошад. Барои ҳамин дар мурофиаи гражданӣ, иқтисодӣ таъин кардани мутахассис барои ҳалли масъалаи вобаста ба муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ ҷалб карда намешавад».

Ин гуна масъала гузорӣ низ мантиқи худро дорад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки воқеан танҳо судя ҳуқуқи татбиқи ҳуқуқро дорад ва ҳангоми муқаррар намудани ҳуқуқи хориҷӣ низ судя бояд мустақилона фаъолият барад, пас мутахассис ба он маънои мутахассис,  ки мо дар соҳаи ҳуқуқи мурофиавӣмедонем, истифода намешавад. Яъне мутахассиси масъалаҳои ҳукуқӣ худи судя мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нишондоди қ. 2 моддаи 1193 Кодекси гражданӣ барои муайян намудани ҳуқуқи хориҷӣ мутахассис ҷалб карда мешавад. Чунин муқаррарот дар қ. 2 моддаи 14 Кодекси мурофиаи  иктисодӣ низ пешбинӣ карда шудааст.

Ҳамаи хулосаҳои экспертиро оид ба ҳуқуқи хориҷӣ ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешавад.

  1. Хулосаҳои эксперие, ки дар он хулоса оид ба таҷрибаи татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ ва хусусияти маънидодокунии он оварда мешавад.
  2.  Хулосаҳои эксперие, ки дар он хулоса оид ба мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ оварда мешавад.

Гурӯҳи аввали хулосаҳои экспертӣ бештар ба хулосаҳои анъанавӣ наздик мебошад. Дар ин маврид суд ба мутахассис объекти омӯзишро пешкаш менамояд. Мутахассис бошад хулосаҳои худро оид ба хусусиятҳои маънидодкунӣ ва татбиқи хуқуқи хориҷиро мешкаш менамояд.

Ҳангоми таъин гардидани ташхис ҳатман бояд зарурати гузаронидани чунин амалиёт дида баромада шавад. Зеро ҷалби мутахассис мӯҳлати гузаронидани мурофиаро тӯл мекашонад. Аз ҳамин сабаб суд метавонад аз  ҷалби мутахассис даст кашад.

            Гурӯҳи дуюми хулосаҳои эспертӣ моҳиятан аз хулосаҳои анъанавӣ фақр мекунад. Фарқияти асоси дар он мебошад, ки ҳангоми гузаронидани ташхис мутахассис аз суд ягон объекти махсуси ташхисиро намегирад. Суд дар чунин маврид танҳо ишорат ба муносибатҳои ташкил диҳандаи матлаби ҳуқуқи хориҷиро мекунаду халос. Мутахассис дар чунин маврид ҳам ба сифати шахси ҷамъ кунандаи далелҳо ва ҳам ба сифати шахси тадқиқот баранда баромад мекунад. Аз чунин мутахассис талаб карда мешавад, ки бо истифода аз донишҳои махсус мундариҷаи ҳуқуқи хориҷиро муқаррар намояд. Донишҳои лозима мумкин аст аз ҷониби мутахассис  аз сарчашмаҳои гуногун ҷамъ оварда шаванд. Масъалан, адабиётҳои махсус, аз манбаҳои интернет ва ғайра. Масъалаи асосие, ки дар назди мутахассис гузошта мешавад чунин аст. «Меъёрҳои ҳуқуқи хориҷие, ки нисбати муносибатҳои алоҳида татбиқ мешаванд чи гуна мебошанд?».

            Дар солҳои охир манъбаҳои интернетӣ ба таври ввасеъ истифода мешаванд. Изофа аз ин имрӯзҳо манъбаҳои интернетӣ ба таври маҳздоир ба муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ истифода мешавад. Мисоли чунин ташаббус, яъне дар интернет ҷой додани таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва пешниҳод кардани манъбаҳои муқаррар намудани ҳуқуқи хориҷӣ Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад. Дар доираи иттиҳоди мазкур 28 майи соли 2001 ташкилоти ҳамкории юридикӣ созмон дода шудааст.

Дар давраи муосир назария ва таҷрибаи ватанӣ нисбати истифодаи манъбаҳои интернетӣ ба таври мусбӣ муносибат менамояд.

Ба андешаи мо вокеан интернет имрӯз ҳамчун фазои ягонаи ахборотию маърифатӣ метавонад барои ҳар чӣ тезтар пур кардани холигӣ дар муқаррар намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ хизмат намояд, зеро ташкилот ва ё муассисаҳои гуногун новобаста ба шакли моликият дар самти муқаррар карда шуда хизматҳои худро пешкаш намуда кори муқаррар намудани мазмуни қонунгузории мамлакати алоҳидаро осон месозанд.

2. Маҳдуднамудани татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории қариб ҳамаи мамлакатҳо баробари муқаррар намудани асоси татбиқгардии ҳуқуқи хориҷӣ дар қаламрави худ, инчунин меъёрҳоеро пешбинӣ намудааст, ки он боиси маҳдудсозии чунин татбиқгардӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ҳақиқат қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 1191 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон) татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар қаламрави мамлакатонро пешбинӣ менамояд. Баробари ин меъёр дигар меъёре ҷой дода шудааст, ки татбиқи ҳуқуқи хориҷиро маҳдуд месозад. Ин меъёр моддаи 1197 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар моддаи 1197 КГ  Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст:

«Ҳуқуқи хориҷӣ дар ҳолатҳое, ки агар истифодаи он хилофи асосҳои тартиби ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тартиби оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бошад, татбиқ карда намешавад. Дар ин ҳолат меъёрҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

Рад кардани татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ наметавонад танҳо ба фарқияти системаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ё иқтисодии кишвари хориҷии дахлдор аз системаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ё иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёбад».

Институти тартиботи оммавӣ яке аз институтҳои қадимтарин ва муҳими ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ дониста мешавад. Институти мазкур барои достгирӣ ва ҷоннок намудани сохти давлатӣ, асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахрвандон расона карда шудааст. Дар моддаи номбурда қайд мешавад, ки ҳангоми танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-хусусии бо элементи хориҷӣ мураккаб гардида татбиқи хуқуқи хориҷӣ пешбинӣ шуда боша два агар чунин татбиқгардӣ ба асосҳои тартиботи оммавии давлат мухолиф бошад, пас дар чунин маврид татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда мешавад.

          Бояд қайд кард, ки ҳангоми истифодаи институти тартиботи оммавӣ истифодаи танҳо он меъёрҳои ҳуқуқи хоричӣ, ки оқибати татбиқшавиаш ба тартиботи оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамояд. Яъне, дар чунин маврид сухан дар бораи маҳдудкунии ин ё он меъёри ҳуқуқи хориҷие намеравад, ки худ ба муқаррароти қонунгузорӣ, асоси чунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамояд. Тавре, ки қайд шуд, танҳо  меъёрҳои моддӣ-ҳуқуқии нисбати муносибатҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ шаванда бинобар ба тартиботи оммоавӣ мухолифат намудан, маҳдуд карда мешаванд.

          Боиси қайд аст, ки масъалаи таносуби тартиботи оммавӣ ва татбиқи ҳуқуқи хориҷиро Ш.М. Менглиев ба таври муфассал баррасӣ намудааст. Олим иброз намудааст, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои тартиботи оммавӣ ва тартиботи ҳуқукӣ ҳаммаъно арзёбӣ гардидааст. Масъалан, дар моддаи 177 Кодекси оилавии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти зеринро муқаррар намудааст: «ҳуқуқи оилавии хориҷӣдар ҳолати ба асоси ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намудан татбиқ намешавад».

          Дар назарияи давлат ва ҳуқуқи ватанӣ зери мафҳуми тартиботи ҳуқуқӣ вазъияти аз тарафи ҳуқуқ батанзимдароварда шудани муносибатҳои ҷамъиятӣ фаҳмида мешавад, ки дар он ҳуқуқ истифода шуда, ӯҳдадорӣ иҷро мешавад. Ҳамин тариқ асоси батанзим дарорӣ, дараҷаи бо тартиб будан ҳолати ботартиб будан нишондиҳандаи вазъияти инкишофи давлат мебошад.

          Тартиботи ҳуқуқӣ натиҷаи амали ҳуқуқ, меъёрҳои алоҳидаи он мебошад.  Пас, мундариҷаи тартиботи оммавӣ чунон васеъ мебошад, ки дар доираи он амали ҳамаи субъектонро дида баромадан ғайри имкон мебошад. Аз ҳамин нуқтаи назар, суд ё дигар мақомоти ҳуқуқтатбиқкунанда дар ҷараёни татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ мухолифат ва ё мутобиқат ба тартиботи оммавии дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

          Байни қонунгузории мамлакатҳои ба тартиботи оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф буда чунин давлатҳоро номбар кардан мумкин аст:

  1. Давлатҳои мусулмонӣ ва умуман давлатҳои дорои низоми динӣ дошта. Институтҳои ба тартиботи оммавии   Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф буда – никоҳи асоси динӣ дошта(ба ин номгӯй ин давлатҳоро дохил кардан мумкин аст, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Компучия, Эрон, Марокко, Аман ва ғайра).
  2. Давлатҳое, ки  низоми онҳо асоси соф сотсиалистӣ доранд. Ба ин қабил кишварҳо Куба, Кореяи шимолӣ дохил мешавад. Дар ин мамлакатҳо ҳуқуқи моликият, маҳдудкунии моликияти хусусӣ, фаъолияти соҳибкорӣ  ба чашм расида, қонунҳо оиди мили кунонӣ қабул гардидааст.
  3. Давлатҳо бо анъанаҳои хоси миллӣ ба монанди Франсия (меъёрҳое, ки шавҳарро барои пардохтани алимент ба зан ҳангоми бекор шавии никоҳ водор менамояд), ШМА (меъёрҳое, ки чораҳои пурзӯрро ҳангоми иҷро накардани шартнома пешбинӣ менамояд), Италия (меъёрҳое, ки сепаратсияи сесолаи ҷасадро  ҳангоми бекоркардани никоҳ) пешбинӣ менамояд.

    Тибқи ақидаи Л.А. Лунс барои амали намудани талаботи тартиботи оммавӣ бояд натиҷаи татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ мухолифат намояд. Яъне худи меъёри ҳуқуқи хориҷие, ки ба тартиботи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунанда дар чунин маврид аҳамият надорад. Танҳо ҳангоми татбиқшавӣ агар чунин мухолифат мушоҳид  гардад пас он ба тартиботи оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунанда дониста мешавад.

          Асоси дигари маҳдудкунандаи татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Номувофиқии ҳуқуқӣ – ин маҷмӯи хусусияти низоми ҳуқуқии давлат, ки барои татбиқшавии он дар қаламрави давлати дигар халалдор мегардад. Татбиқ нагардидани меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ дар чунин маврид на ба мухолифати натиҷаи татбиқшавӣасос меёбад, балки масъалан ба хусусияти хуқуқи хориҷии ба одатҳо асосёфта мушоҳида мешавад.

          Дар адабиёти ҳуқуқӣ оид ба муайян намудани номувофиқии ҳуқуқӣ ақидаҳои гуногун ҷой дода шудааст вабаъди таҳлили онҳо меъёрҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқро чунин муқаррар намудан мумкин аст:

  1. Хусусияти динӣ доштани сарчашмаҳои ҳуқуқӣ. Як қатор давлатҳои мусулмонӣ муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданиро бо воситаи сарчашмаҳои динӣ ба танзим медароранд. Мо фарз карда метавонем, ки новобаста ба мундариҷаи сарчашмаҳои истифода шаванда, амри воқеаи истифодаи онҳо ба нишондоди моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамояд. Ва бо ҳамин асос барои татбиқгардидани моддаи 1197 КГ  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меояд.
  2. Инкишоф наёфта будани низоми ҳуқуқӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди ба давлати Палау истиқлолият пешниҳод намудан, Шӯро оид ба васояти СММ фаъолияти худро қатъ намуд. Лекин, қайд намудан мумкин аст, ки то ҳол қаламравҳое вуҷуд доранд, ки дар он низоми судӣ, қонунгузорӣ, хусусияти хаттии сарчашмаҳои истифода шаванда инкишоф накардааст. Ва бинобар чунин холат дар мавриди татбиқгардидани ҳуқуқи ҳамин кишварҳо судҳои ватанӣ меъёрҳои моддӣ-ҳуқуқии онҳоро ба роҳбари намегирад.
  3. Зиёд будани сарчашмаҳои вобаста ба амсоли судӣ. Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар низоми ҳуқуқии Англия ва ШМА низоми нисбатан мураккаб ба ҳисоб меравад. Эҳтимол карда мешавад, ки  судяҳо ҳамаи нозукиҳои ҳуқуқи амсолиро аз бар намуда наметавонанд, зеро аз нигоҳи ҳуқуқи  Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои одатӣ ва амсолӣ душвор фаҳм ва мураккаб мебошад.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.