Татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мафҳум ва хусусияти татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

2. Асосҳои ҳуқуқии татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баъд аз қабули қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он ҷой додашудани фасли VII  «Ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ» дар мамлакат танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятии бо элементи хориҷӣ мураккаб гардида аҳамияти хоса пайдо намуд. Дар қонунгузории нави граждании мамлакат институт ва мафҳумҳои муосир ҷой дода шуданд, ки дар нашрияи пешинаи қонунгузории гражданӣ мушоҳида намешуд. Дар ҳамин радиф институти татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ аз падидаҳои нави қонунгузории граждании мамлакат дониста мешавад.

Дар ҳамин ҷо зарур аст, ки бевосита муносибатҳои молу мулки ва шахсии ғайри молу мулкии бо элементи хориҷӣ мураккаб гардонида шударо шарҳ диҳем.  Элементи хориҷӣ мувофиқи ақидаи Сулаймонов Ф.С. дар се ҳолат муқаррар карда мешавад.

Якум, элементи хориҷӣ аз рӯи субъект муқаррар карда мешавад. Муносибатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ-хусусӣ мегардад, агар дар тарбики он яке аз иштирокчиён  шахси ҳуқуқӣ ва ё воқеии хориҷӣ бошад (масалан, муносибатҳо оид ба харду фурӯши бор ва ё маҳсулот, ки тарафи фурӯшанда ва ё харидор субъекти хоҷагидори хориҷӣ бошад). Дар ин маврид  танзими муносибат мураккаб мегардад.

Дуюм, элементи хориҷӣ аз рӯи объект муқаррар карда мешавад. Муносибатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ-хусусӣ мегардад, агар он атрофии объекте ба миён ояд, ки дар хориҷи кишвар воқеъ бошад. (Масъалан, муносибат оид ба пайдо кардани ҳуқуқи мерос нисбати объекти дар хориҷа вокеъ буда ва ба шарте, ки ақалан ё меросгузор ва ё меросгирон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда объекти меросӣ, фарз мекунем амволи ғайри манқул дар хориҷа воқеъ бошад).

Сеюм, муносибатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқӣ-хусусӣ мегардад, агар онҳо бо фактҳои юридикие алоқаманд бошанд, ки бавуҷудоӣ, тағйирёбӣ ва қатъ гардидани ин фактҳо дар хориҷа муқаррар карда шавад. (Масъалан, таваллуди кӯдак, фавти шахс ва ё расонида шудани зарар ба шахс дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҳамин тавр, агар дар ҳамагуна муносибатҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкӣ элементҳои хориҷии дар боло қайд шударо дошта бошад, пас ин гуна муносибат дар танзми худ мураккабӣ пайдо мекунад. Барои батанзим  даровардани чунин муносибатҳо қонунгузорӣ меъёрҳои махсуси хуқуқиро кор карда баромадааст, ки маҳс дар фасли VII Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёрҳо гирд оварда шудааст.

Татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти мақомоти ҳуқуқтатбиқкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта дар мавриди нисбати муносибатҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкии бо элементи хориҷӣ мураккаб гардида бо ишораи меъёри коллизионӣ қонунгузории граждании кишвар татбиқшудани меъёри моддӣ – ҳуқуқии  мамлакати хориҷӣ фаҳмида мешавад.

Масъалаи татбиқгардии ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди кабули маҳс қисми сеюми Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2005 аҳамияти хоса пайдо намуд. Агар қонунгузории давраи шӯравӣ, аниқтараш кодекси граждании РСС Тоҷикистон аз 1 январи  соли 1965 дар худ ҳамагӣ панҷ моддаи дорои меъёрҳои коллизионии хусусияти ҳаволакунандагиро доро бошад, пас дар давраи муосир баъди қабули қисми сеюми кодеси гражданӣ шумораи чунин моддаҳо ба сиву се то расидааст. Ҳамин тариқ аз як тараф шумораи моддаҳои дорои меъёрҳои коллизионӣ агар зиёд гардида бошад, аз тарафи дигар мазмун ва мундариҷаи чунин меъёрҳо васеъ гардидааст.

Дар баробари баррасии масъалаи татбиқшавии меъёри ҳуқуқи хориҷӣ дар қаламрави давлати дигар саволе ба миён меояд, ки ақидаҳои ба меёъри қонунгузории як мамлакат дар қаламрави давлати дигар бахшидани хусусияти меъёри ҳуқуқӣ дар кадом самтҳо инкишоф ёфтааст ва оё дар илми муосири ҳуқуқи байналхалқи хусусӣ ин масъала таҳлили илмии хешро ёфтааст? Албатта дар назарияи илми ҳуқуқи байналхалқи хусусӣ масъалаи номбурда таҳлили хешро ёфтааст. Алҳол дар асри XIX олими рус М.И. Брун дар лексияҳои хеш, ки дар донишгоҳи Санк-Петербург хонда мешуд, ба масъалаҳои асосҳои назариявии татбиқгардии ҳуқуқи як мамлакат дар мамлакати дигар эътибори ҷиддӣ бахшидааст. Дар давраи мо низ ин масъала дар доираҳои илмии чӣ ватанӣ ва чӣ хоричӣ бардошта мешавад.

Самти аввали ақидаҳо оид ба ҷустуҷӯи ҷавоб ба масъалаи  қувваи юридикӣ пайдо кардани меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ дар қаламрави мамлакати дигар, дар он зоҳир меёбад, ки меъёрҳои ҳуқуқӣ ба   ашёи олами моддӣ алоқаманд буда дониста мешавад. Тибқи ақидаи С.К. Галимулина чунин алоқаманд будан ҳамчун сифати ба ҳуқуқ аз рӯи моҳият фаҳмида мешавад ва аз ҳамин сабаб чунин ҳолат ба ҳамаи низомҳои ҳуқуқӣ хос буда дониста мешавад. Ба масъалаи бардошта шуда чунин ҷавоб дода мешавад. Ҳуқуқи мамлакати алоҳида бояд ба меъёрҳои ҳуқуқии хориҷӣ дар қаламрави мамлакати хеш хусусияти меъёри умуми ҳатмиро диҳад, ба шарте, ки он ба ягон ашёи олами моддӣ пайваст бошад. Асосан сухан дар бораи инсон ва ашё  меравад.

Бинобар он, ки инсон хусусияти аз як қаламрав ба қаламрави дигар мамлакат ҳаракат карданро дорад, бо вай меъёрҳои ҳуқуқии ба ӯ мустаҳкам карда шуда низ ҳаракат мекунанд. Охирон пас бояд хусусияти меъёри умуми хатмиро дар қаламрави кишвари дигарро низ пайдо кунанд. Дар навбати худ меъёрҳои ҳуқуқи ба ашё мустаҳкам карда шуда чунин сифатро доро намебошанд, зеро аз рӯи табиати худ ашё аз як қаламрав ба қаламрави дигар ҳаракат намекунад.

Назарияи мустаҳкам кардашудани ҳуқуқ ба инсон аз давраи пайдошавии худ, дар тӯли такрибан чорсад сол ҳамчун назарияи ягонаи асоси татбиқгардии меъёри ҳуқуқии як мамлакат дар мамлакати дигар баромад мекард. Лекин дар асри XIX назарияи номбурда тамоман аз байн рафтааст. Дар асри XX тамоюлоти эҳё гардидани назарияи Назарияи мустаҳкам кардашудани ҳуқуқ ба инсон мушоҳида мешавад. Дар ҳар ҳолат назарияи мазкур шоистаи он аст, ки оид ба он дар доираи тадқикоти дода шуда сухан ронем, зеро он ба инкишофи ақидаҳои минбаъда оид ба татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар мамлакати дигар таъсири бевоситаи хешро расонидааст.

Назарияи мустаҳкам карда шудани ҳуқуқ ба инсон аз он бар меояд, ки  хуқуқ ба ашёи олами моддӣ алоқаманд шудан хос мебошад. Дар тӯли асрҳои XIII ва XVIII илми юридикӣ аз он бар меомад, ки ҳуқуқ ба ашёи олами моддӣ алоқаманд буда ҳангоми ҳаракати ашё, дар мисоли инсон ҳамчун ҷузъи олами моддӣ, ҳуқуқ низ бо онҳо, бо инсонҳо ҳаракат мекунад. Бояд тазаккур дод, ки асосгузорони ин назария глассаторон буданд. Аз фанни ҳуқуқи рим мо медонем, ки глоссаторон ин олимони ҳуқукшинос будан, ки ба ин ё он санади ҳуқуқӣ ақидаҳои хешро баён намуда онро дар шакли глоссҳо аз чоп мебароварданд. Бояд дар ёд дошт, ки глоссаторон олимони асри миёнаи юнонӣ буданд ва таълимоти онҳо дар руҳияи ҳамон замон буд.

А.А. Рубанов доир ба ақидаи глоссаторон ва умуман назарияи барраси шаванда фикри худро баён сохта иброз медорад, ки меъёри ҳуқуқ ба соҳои юридикӣ тааллуқ доранд ва ба онҳо алоқаманд будан ба ашёи олами моддӣ хос нест. Чунин алоқаманд будан таъсиррасонии юридикиро ба миён намеорад.  Ба ҳама маълум аст, ки таъиноти ҳуқуқ дар таъсир расонӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ, яъне таъсиррасони ба иштирокчиёни чунин муносибатҳо зоҳир ёфтааст. Бо назардошти он, ки дар ҳақиқат меъёри ҳуқуқӣ ба иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсир мерасонад, вале ин таъсиррасониро бо таъсиррасонии меъёри ҳуқуқӣ ба ашёи табиат шабоҳат додан мумкин нест.

Назарияи баррасишаванда дар асарҳои як қатор олимони соҳа инкишофи минбаъдари худро ёфтааст. Дар асрҳои XV ва XVI дар асарҳои олимони франсавӣ назарияи номбурда хусусияти универсалиро пайдо намуд. Олимони франсавӣ таснифоти се таркибаи назарияи мустаҳкамшавиро кор карда баромадаанд, ки  мустаҳкамшавии меъёрҳо ҷудо мешаванд  ба «моддӣ», «шахсӣ» ва «омехта».

«Статутҳои моддӣ» – ин мустаҳкамшавии меъёрҳои ҳуқуқ ба ашё фаҳмида мешавад. Аз он сабаб, ки аз рӯи табиати худ ашёҳо қобилияти аз қаламрави давлат берун баромаданро надоранд, эътироф мешуд, ки «статутҳои моддӣ»  мустаҳкамшавии юридикиро дар дигар мамлакат пайдо карда наметавонад.

2. Назарияи дуюми алоқамандии низоми ҳуқуқии мамлакатҳо ин ба ҳуқуқи хориҷӣ бинобар ба зиммаи давлатҳо вогузоргардии ӯҳдадории метаюридикӣ, яъне ӯҳдадории хусусияти ҳуқуқӣ надошта, дониста мешавад. Асоси назарияи мазкур дар он зоҳир меёбад, ки ба ғайр аз меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ муносибатҳои байни давлатҳо бо дарназардошти меъёрҳои хусусияти ҳуқуқи надошта низ ба танзим медарорад.

Намояндагони ин назария ба монанди Ю.Э. Монастырский меҳисобад, ки чунин ӯҳдадориро бар зиммаи давлатҳо қоидаҳои «одоби байналхалқӣ» вогузор менамояд. Аз таҳлили мазмуни назарияи номбурда маълум мешавад, ки татбиқшавии меъёри ҳуқуқи хориҷӣ дар каламрави давлати дигар мумкин аст дар асоси қоидаҳои «одоби байналхалқӣ» амалӣ мегардад.

Ба фикри мо назарияи мазкур бе чуну чаро, яъне бевосита қабул шаванда намебошад, зеро роҳи ҳалли масъалаи муносибати мутақобилаи низоми ҳуқуқии мамлакатҳоро дар меъёрҳои ғайри ҳуқуқии мкносибати байни давлатҳо ҷустуҷӯ менамояд. Ҳатто агар мо фарз намоем, ки муносибатҳои байналхалқӣ бо воситаи меъёрҳои одоби байналхалқӣ танзим карда шавад, пас онро болотар  аз меъёрҳои ҳуқуқи миллии давлатҳо гузоштан мумкин нест, зеро он меъёрҳои мустақили иҷтимоии дар доираи давлатҳои мустақил коркарда шударо фаро мегирад.

3. Самти дигари инкишофи ақидаҳои юридикӣ дар ҷустуҷӯи ҷавоб ба  масъалаи муносибати мутақобилаи низоми ҳуқуқии мамлакатҳо дар масъалаи татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ ба назарияе асос меёбад, ки тибқи он чунин татбиқгарди бинобар принсипҳои умуми эътироф гардидаи ҳуқуқи байналхалқӣ ба амал бароварда мешавад.

Тибқи ақидаи С.К. Галимулина назарияи ӯҳдадории мувофиқи принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар асри XIX пайдо шуда, бо вуръат тарафдорони худро пайдо намудааст. Бинобар суханони олими номбаршуда мазмуни асосии назарияи ӯҳдадории мувофиқи принсипҳои ҳуқуқи байналхалқӣдар тезисе мебошад, ки тибқи он дар ҳуқуқи байналхалқӣ меъёрҳои умумиэътирофгардидае вуҷуд дорад ва онҳо ба давлатҳо ӯҳдадории эътирофи ҳуқуқӣ хориҷиро вогузор менамояд.

Ба фикри мо ақидаи А.А. Рубанов доир ба масъалаи мазкур шоистаи қайд мебошад. Олими номбурда қайд намудааст, ки асоси назарияи дар боло зикр гардида нигоҳи ғалат ба моҳияти ҳуқуқи байналхалқӣ гузошта шудааст, зеро давлат ва низоми дохилии он новобаста аз ҳуқуқи байналхалқӣ ва бо дар назардошти қонуниятҳои инкишофи ҷомеаи инсонӣ, вуҷуд дорад. Худи ҳуқуқи байналхалқӣ натиҷаи созиши байни давлатҳо мебошад. Чунин тартиб чорчӯбаи тартибот дохили давлатиро муқаррар накарда, нишон медиҳад, ки ҳуқуқи байналхалкӣ ҳудуд ва соҳибистиқлолии давлатҳоро ҳамчун хусусияти объективӣ эътироф ва ҳимоя менамояд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло иброз доштан мумкин аст, ки доираи масъалаҳои ба ҳуқуқи байналхалқӣ вогузор гардида наметавонад муайян намудани меъёрҳои умумиэътироф гардида оид ба ҳуқуқи байналхалқӣ бахшидани аҳамияти юридикӣ дошта дар қаламрави давлати дигар дохил намешавад. Пас, маълум мегардад, ки ба меъёрҳои ҳукуқи хориҷӣ бахшидани эътибори юридикӣ ба доираи салоҳияти ҳар мамлакати алоҳидаи соҳибистиқлол дохил мешавад.

4. Самти чоруми ҷустуҷӯи ҷавоб ба масъалаи асосҳои назариявии муносибати байни ҳамдигарии низоми ҳуқуқии мамлакатҳо дар асоси тезисе муқаррар карда мешавад, ки тибқи он ҳар як давлат дар муносибати байни ҳамдигари бо кишварҳои дигар доир ба масъалаи  татбиқи ҳуқуқӣ хориҷӣ мустақил ва озод мебошад. Ҷонибдорони муносибати озодона ба масъалаи номбаршуда дар он ақида мебошанд, ки чунин мустақилият дар ду самт нишон дода мешавад. Якум, чунин интихоб дар фаъолияти суд ва ё ҳамагуна дигар мақомоти ҳуқуқ татбиқкунанда таҷассум меёбад; дуюм дар ҷараёни меъёрэҷодкунӣ. Аз рӯи табиати юридикии хеш ақида оид ба муносибати озодона ба татбитки ҳуқуқи хориҷӣ ягон асоси назариявӣ надорад.

Тамоми назарияҳои номбаршударо таҳлил намуда қайд кардан лозим аст, ки ҳар як назария дорои камбудӣ ва нуқсонҳои худ буда ягон аз назария оид ба муайян намудани асоси татбиқкардани ҳуқуқи хориҷӣ дар қаламрави мамлакати алоҳида афзалиятдор нест.

Қонунгузорӣ ва умуман назарияи илми ҳуқуқшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуда иброз кардан мумкин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи муносибат ба асоси татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ муносибати озодонаи низомҳои қонунгузориҳои мамлакатҳо амал мекунад ва мутобитки он дар мамлакати мо мақомоти қонунгузор дар муқаррар намудани меъёрхо ва низоми татбиқи хуқуқи хориҷӣ мусвтақл ва озод мебошад. Ягон принсипҳои байналхалқӣ ва ё талаботи одоби байналхалқӣ ба ин масъала асос гардида наметавонад.

2. Асосҳои ҳуқуқии татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ институти алоҳидаи илми ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ба шумор меравад. Дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ масъалаи татбиқгардии хуқуқи хориҷӣ аҳамияти хоса дорад. Алҳол соли 1865 олими рус Н. Иванов дар тадқиқоти хеш аҳамияти масъалаи омӯзиши татбиқи ҳуқуқӣ хориҷӣ ишора намуда буд.

Дар давраи муосири инкишофи илми ҳуқуқшиносӣ масъалаи татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ низ масъалаи муҳокимашаванда мебошад. Хусусан, Г.К. Дмитриева доир ба масъалаи асосҳои татбиқии ҳуқуқи хориҷӣ чунин масъалаҳои принсипиалиро ёдрас мешавад:

1.  Дар ҳудуди мамлакати алоҳида ҳуқуқи хориҷӣ мумкин аст танҳо ҳангоми ҷой доштани муқарратори бевоситаи хуқуқи мамлакати мазкур ба амал бароварда мешавад. Чунин муқаррарот аз тарафи меъёрҳои коллизионии хусусияти дутарафа дошта ба амал бароварда мешавад. Маҳс ба туфайли меъёрҳои коллизионии дутарафа масъалаи коллизионӣ мумкин аст чӣ ба фоидаи ҳуқуқи мамлакати худ ва чӣ ба фоидаи мамлакати дигари хориҷӣ ҳал гардад. Меъёри коллизионӣ ин асоси татбиқгардии ҳуқуқи хориҷӣ ба шумор меравад.

2. Ҳуқуқи миллии ҳар мамлакат принсипҳои умумии татбиқшавии хуқуқи хориҷӣ, усули чунин татбиқгардӣ, тартиби татбиқгардӣ ва инчунин ҳадди татбиқшавии хуқуқи хориҷиро муқаррар менамояд.

3. Татбиқгардидани ҳуқуқи хориҷи инчунин дар асоси принсипҳои умумии хуқуқи байналхалқӣ ба монанди, принсипи баробарии соҳибистиқлолии мамлакатҳо; дахолат накардан ба корҳои дохилии мамлакатҳо ба амал бароварда мешавад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло зарур аст, ки асосҳои дар қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаи татбиқи хуқуқи хориҷиро матлаби баррасии хеш қарор диҳем. Бо ибораи дигар мебояд он асосҳои муқаррар гардида ва дар санадҳои қонуни мустаҳкам шудаеро дида бароем, ки тибқи он ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими муносибатҳои молу мулкӣ ба роҳбари гирифта мешавад.

Мувофиқи ақидаи Ш. М. Менглиев ба сифати асоси татбиқшавии ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон инҳо баромад мекунад: а) меъёрҳои коллизионии қонунгузории миллӣ; б) шартномаҳои байнахалқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон эътироф намуда; в) созишномаи тарафҳо ва г) одатҳои байналхалқӣ.

Айнан чунин ақидаро Ф.С. Сулаймонов низ ҷонибдорӣ намуда дар тафсири қисми 3 Кодекси Граждании Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба фикри боло чунин пурракуниро пешкаш намудааст. Масъалан, муаллиф ба сифати асосҳои татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон инҳо баромад мекунад: а) ГК Ҷумҳурии  Тоҷикистон; б) дигар санадҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон; в) шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон; г) шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва созиши тарафҳо.

Дар ҳақиқат дар моддаи 1191 КГ Ҷумҳурии  Тоҷикистон асосҳои татбиқгардии ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон номбар карда шудааст.  Илова бар ин зарур аст, ки ҳар як асоси дар моддаи 1191 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидаро ба таври муфассал таҳлил намоем.

Дар моддаи 1191 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

«1. Ҳуқуқи бо иштироки шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё унсурҳои хориҷии дигар мураккабгардида, ки бояд ба муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ татбиқ карда шаванд, дар асоси ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва анъанаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф мекунад ва ҳамчунин дар асоси созишномаи тарафҳо муайян карда мешавад.

2. Агар мутобиқи қисми 1 ҳамин модда муайян кардани ҳуқуқе, ки бояд татбиқ карда шавад, ғайриимкон бошад, ҳуқуқи нисбатан бо муносибатҳои шаҳрвандию ҳуқуқӣ вобастаи бо ҷузъиёти хориҷӣ мураккабгардида татбиқ карда мешавад.

3. Меъёрҳои фасли мазкур дар хусуси муайян намудани ҳуқуқе, ки бояд аз тарафи суд татбиқ карда шавад, мутобиқан аз тарафи мақомоти дигари дорои ваколати ҳаллу фасли масъалаи татбиқи ҳуқуқ татбиқ карда мешавад.

4. Татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ наметавонад танҳо дар асоси он ки меъёри мазкур хусусияти оммавию ҳуқуқӣ дорад, маҳдуд карда шавад».

1.Назарияи ҳуқуқи байналхалқи хусусии муосир ба сифати асоси аввалини муқаррар кунандаи ҳуқуқи нисбати муносибатҳои ҳуқуқӣ-граждании бо элементи хориҷӣ мураккаб гардида, меъёрҳои коллизиониро номбар менамояд. Меъёрҳои коллизионӣ дар Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии мамлакат гирд оварда шудааст.

            Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии танзимкунандаи муносибатҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкии бо элементи хориҷӣ мураккаб гардидашуда дониста мешавад. Аксарияти меъёрҳои коллизионии дар фасли VII кисми 3 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бобҳои 63 «Муқаррароти умумӣ»; боби 64 «Меъёрҳои коллизионӣ» ҷамъ оварда шуда аст. Боиси қайд аст, ки дар боби 64 нӯҳ параграфҳои бо ҳам алоқаманд ҷой дода шудааст.

            Дар асоси моддаҳои боби 64 масъалаҳои зерин таҳлили хешро меёбанд: Конуни шахсӣ (моддаи 1200 КГ); ҳуқуқе, ки ҳангоми муқаррар намудани қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии шахси ҷисмонӣ (моддаи 1201 КГ), қонуни шахсии шахси юридикӣ (моддаи 1206 КГ).

            Ба ғайр аз ин дар боби 64 меъёрҳои  коллизионие мустаҳкам карда шудааст, ки тибқи он ҳуқуқи бо иродаи тарафҳо нистати шартнома интиҳоб кардан  (моддаи 1218 КГ) ва инчунин ҳуқуқе, ки ҳангоми аз ҷониби тарафҳо интихоб нагардидан (моддаи 1219 КГ) муқаррар карда шудааст. Дар адабиётҳои муосири юридикӣ ҳангоми баррасии масъалаи меъёрҳои коллизионӣ, мавҷуд будани як қатор камбудиҳо қайд мешавад. Ҷараёни танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-хусусии бо элементи хориҷӣ мураккаб гардонида шуда аз давраҳои бо ҳам алоқаманд иборат мебошад. Якум, ҳалли коллизияи ҳуқуқ ва бо ёрии меъёри коллизионӣ интихоби тартиботи нисбати муносибати мазкур татбиқшаванда; Дуюм, татбиқи меъёрҳои моддӣ-ҳуқуқии тартиботи дахлдор. Дар ҳар яки ин давраҳои баррасишаванда муаммоҳои дахлдори худ вуҷуд дорад. Дар давраи якум муаммои бевосита бо ҷараёни интихоби ҳуқуқ алоқаманд буда ба вуҷуд меояд.

Дар давраи дуюм муаммоҳо он вақт ба вуҷуд меояд, ки ба сифати ҳуқуқи татбиқшаванда ҳуқуқи хориҷӣ интихоб карда мешавад.  Агар коллизия ба фоидаи ҳуқуқи кишвари худ ҳал карда шуда бошад, пас ягон масъалаи хусусиятнок ба миён намеояд. Кор ранги дигарро пайдо мекунад, агар коллизия ба фоидаи ҳуқуқи хориҷӣ ҳал карда шуда бошад. Дар ҷараёни татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳуқуқтатбиқкунӣ бо як қатор масъалаҳои хоса бархурдор мешаванд. Ба муаммои номбурда муносибати умумӣ ба ҳуқуқи хориҷӣ, муайян намудани мундариҷаи ҳуқуқи хориҷӣ, маҳдудкардани татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дохил карда мешавад. Ба масъалаи муаммоҳои ҳангоми татбиқи меъёрҳои коллизионӣ ба вуҷуд оянда, масъалаи квалификатсияи аваля маҳсуб меёбад.

Таснифоти авалия муқаррар намудани табиати ҳуқуқии муносибати бо элементи хориҷӣ мураккаб карда шударо мефаҳмонад. Муаммои мазкур алҳол дар асри XIX ҳуқуқшиноси немис Ф.Кан ва ҳуқуқшиноси  франсавӣ Э.Бартен бардошта шуда буд. В.Л. Толстых оид ба ин масъала чунин мисоли мушаххасро овардааст. Оилаи англо-малтагӣ никоҳи хешро дар Малта ба расмият дароварда, дар он ҷо то 1870 сол истиқомат намудааст. Сипас, онҳ ба Алҷазоир кӯчида шавҳар дар он ҷо қитъаи заминро харида дар он вай 1889 сол вафот намуд. Баъди марги шавҳар, ҳамсари дар қайди ҳаёт буда ҳуқуқ ба қисми амвол, инчунин дар суди франсия ба чоряки амсоли ба шахси вафот карда дахл дошта пайдо намуд. Аз нуқтаи назари қонунгузории моддии  давлати Малта  иддао асоснок буда, аз нуқтаи назари қонунгузории Франсия – беасос мебошад. Дар ҳамин маврид масъалае ба миён омад, ки муносибатҳои ба миён омадаро ба кадом институт алоқаманд намудан лозим: ба институти мерос ва ё ба институти муносибатҳои молу мулкии байни ҳамсарон? Агар муносибати ба миён омадаро ба муносибатҳои меросӣ мутааллиқ (аз рӯи қонунгузории Франсия) ҳисобем, пас дар ин маврид меъёри коллизионии қонунгузории Франсия амал менамояд ва он муносибатҳои ба миён омадаро ба қонунгузории маҳаллӣ истиқомати охирини шахси вафот карда ҳавола менамояд. Пас иддаои ҳамсари марди вафот карда беасос мебошад. Агар муносибати ба миён омадаро ба институти моликияти ҳамсарон мутаалиқ ҳисобем, меъёри коллизионии қонунгузории Франсия муносибати ба миён омадаро ба қонунгузории маҳалли истиқомати аввалини ҳамсарон ҳавола менамояд, яъне ба қонунгузории давлати Малта муносибат танзими хешро меёбад ва дар ин маврид иддаои ҳамсари шахси вафот карда асоснок мебошад.

Вазифаи асосии таснифот муносибати ба миён омадаро ба муносибатҳои муайяни як таркиба мансуб донистан мебошад. Дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ муаммои таснифот бисёр мушоҳида мешавад ва сабаби ин ҳолат бо тафриқаи низоми ҳуқуқии давлатҳо маънидодо карда мешавад. Мувофиқи ақидаи Л.А. Лунс сабабҳои таърихии пайдо шудани муаммои таснифот бо он алоқаманд мебошад, ки «бо пайдо шудани қонунгузории миллии граждании давлатҳо ҳуқуқи рим аҳамияти худро барои қитъаи Аврупо ва алалхусус Англия паст намудааст». Дар ҳақиқат дар асри 19 дар қитъаи Аврупо пайдо шудани кодексҳои миллии гражданӣ ҳуқуқшиносонро водор намуд, ки бо истиллоҳҳои мухталифи юридикӣ бо ҳам гап зананд.

 Муаммои таснифот як чанд роҳҳои ҳалли худро дорад. Лекин ягон аз роҳҳо ба сифати роҳи беҳтарин дониста нашудааст. Аз ҳама маъмули он, ин таснифот аз рӯи қонуни давлати суд (lex fori) ва таснифот аз рӯи қонуни давлати бо муносибат зич алоқаманд дошта (lex causae) ба шумор меравад. Барои ҷонидории таснифот аз рӯи қонуни давлати суд чунин асосҳо оварда мешавад:

– моҳияти таснифот мазкур дар он зоҳир меёбад, ки муносибати ба вуҷуд омада ба меъёри коллизионӣ алоқаманд менамояд;

– танҳо таснифот аз рӯи ҳуқуқи суд метавонад ягонагии фаҳмиши меъёри коллизионӣ ва натиҷаи ҳуқуқтатбиқкуниро таъмин намояд;

–  таснифи муносибатҳо аз рӯи дигар ҳуқуқ ғайри имкон мегардад, зеро пеш аз ҳама бояд меъёри коллизионӣ истифода гардад.

Лекин новобаста аз мушаххасот ва мантиқӣ будани ақида бобати таснифи муносибат дар асоси ҳуқуқи суд, набояд фикрҳои дигарро оиди баҳодии чунин таснифотро инкор намоем. Ҳамчун норасоии таснифот аз рӯи қонуни суд дар он зоҳир меёбад, ки вай ба муносибатҳои ноустувор меоварад; тартиб ва пайдарҳамии қарорҳои суди байналхалқӣ халалдор мегардад.

Таснифот аз рӯи ҳуқуқи ба муносибатҳои ба вуҷид омада зич алоқаманд буда. Табиати таснифоти дида баромада  шаванда дар он зоҳир меёбад, ки ҳамагуна мафҳум ва муносибатидар меъёри коллизионӣ мушоҳида шавандаро бояд аз рӯи ҳуқуқи мамлакате фаҳмонида мешавад, ки бо ин муносибат ҳамон қадар зич алоқаманд  бошад. Барои муносибатҳои шартномавӣ тибқи нишондоди моддаи 1219 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати чунин ҳуқуқ тартиботи ҳуқуқие, ки барои амали намудани шартномаи басташуда аҳамияти аввалин дараҷаро дошт.

Тибқи суханони Ш.М. Менглиев таснифоти мазур дар мавриде истифода бурда мешавад, ки дар созиши тарафҳо доир ба тартиботи ҳуқуқии нисбати муносибати бавуҷуд омада ягон муқаррарот вуҷуд надошта бошад.

Ба фоидаи таснифоти номбурда чунин асосҳо оварда мешаванд. Агар муносибатҳои дар суд барраси шаванда бештар бо ҳуқуқи давлати хориҷӣ алоқаманд бошад, пас хуб мешавад агар нисбати танзими он ҳамон тартиби дахлдошта татбиқ гардад.

Ҳар ду таснифот аз нигоҳи асоси ҳуқуқии хеш гуногун мебошанд. Инчунин ҳам ҷиҳати мусбӣ ва ҳам ҷиҳати манфӣ доранд. Бояд қайд намоем, ки танҳо бо инкишофи таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мо метавонем ба саволҳои пайдо шуда ҷавоби лозимаро пайдо намоем.

2. Сарчашмаи навбатии татбиқгардии ҳуқуқи хориҷӣ шартномаҳои байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, баромад мекунад. Лекин пеш аз ба баррасии масъалаи мазкур таваҷҷӯҳ намудан, бояд ба табиати ҳуқуқии ин асоси татбиқгардии ҳуқуқи хориҷиро бояд дида бароем. Тибқи нишондоди қисми 3 моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 7 Кодекси Граджании Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналхалқӣ, ки барои танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ аз тарафи  Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудааст, дар доираи қонунгузории мамлакат мавқеи худро дошта эътироф мешавад.  Ҳамчунин бояд кардан лозим аст, ки ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқи гражданӣ инчунин кодекси гражданӣ, конунҳои дигар, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд.

Санадҳои дар боло қайд гардидаи ҳуқуқи гражданӣ аз тарафи мақомоти дахлдори мамлакат қабул гардидааст, шакли ҳуҷҷати хаттии дорои сохтори муайяне дошта дорои қувваи юридики дошта аз тарафи давлат муҳофизат ва таъмин карда мешавад.

Таҳлили шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон мндиҳад, ки низ дорои нишонаҳои зикр гардида мебошад. Мувофиқи нишондоди Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сифати шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи байналхалқие фаҳмида мешавад, ки он аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ё ташкилотҳои байналхалқи  баста шуда он барои танзими муносибатҳои байни онҳо равона карда шудаасвт фаҳмида мешавад.

Ба монанди санадҳои ҳуқуқи гражданӣ шартномаҳо байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ санадҳои меъёри хуқуқӣ баромад менамояд. Лекин дар фарқият аз санадҳои дохили давлатӣ шартномаҳои байналхалқӣ созишномаи байни давлатҳо буда он доир ба шартҳои бо созиши ҳамдигар муқаррар намудаи ин давлатҳо баста мешавад.  Барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо намудани қувваи юридикӣ ва танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ шартномаи байналхалқӣ бо тартиби дар он муқаррар карда шуда ба қувваи қонунӣ бояд дарояд. Талаботи қисми 4 моддаи 10 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба чопӣ расмии санадҳои қабул гардида нисбати шартномаҳои байналхалқӣ паҳн мешавад.

Аксарияти шартномаҳои бапйналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои танзими муносибатҳои хуқуқи гражданӣ нигаронида шудааст, муқаррарот оид ба соҳаи амал ва дар қадом давра он бояд амал намояд ҷой дода шудааст. Ба сифати чунин санад Муоҳидаи Вена «Дар бораи хариду фурӯши байналхалқии мол» аз соли 1980  ба шумор меравад. Мувофиқи қисми 1 моддаи 1, Муоҳидаи соли 1980 нисбати шартномаҳои хариду фурӯши тарафҳое  татбиқ мегардад, ки корхонаҳои тиҷоратии он  дар мамлакатҳои гуногун воқеъ гардидааст: а) ба шарте, ки ин давлатҳо иштирокчии муоҳидаи Венагӣ бошанд ва б) вақте, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ҳуқуқи давлатати созишкунанда татбиқ гардад.

Розенберг М.Г. моҳияти Муоҳидаи Венаро таҳлил намуда  масъалаҳои гуногуни амалиро бардоштааст. Агар бо назардошти мавқеи Розенберг М.Г. масъалагузори намоем, пас тибқи нишондоди моддаи 1 Муоҳидаи Венагӣ аз соли 1980, агар тарафҳои шартнома хариду фурӯш ба сифати ҳуқуқи татбиқ шаванда ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намоянд ва ё суд бо назардошти ягон асос муқаррар намояд, ки  ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад. Дар чунин маврид бо дар назардошти талаботи моддаи 1 Муоҳидаи Венагӣ бояд  ҳатман нишондоди ҳамин муоҳида татбиқ гардад.

Масъалаи бардоштаро ба хотима расонида бояд қайд намоем, ки дар шартномаи байналхалкии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи амал муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ ба ҳисоб равад, пас дар чунин маврид он нисбат ба нишондоди қонунгузории амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалият дошта бояд ба роҳбарӣ гирифта шавад. Моҳияти ҳуқуқӣ-байналхалқии хешро гум накарда шартномаҳои байналхалқӣ ба тартиботи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон намегузаранд ва танзими худро ҳамчун меъёри ҳуқуқи байналхалқии махсус ба амал мебароранд.

Ҳамин тариқ ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳангоми муайян намудани нақши шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ татбиқгардии шартномаҳои байналхалқӣ  на дар асоси нишондоди санадҳои ҳуқуқи миллӣ (моддаи 7 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон) балки дар асоси муқаррароти худи шартномаи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба доираи амали он ва принсипи умуми эътироф гардида «шартномаҳо бояд риоя шаванд – pucta sunt servanda», ки таҷассуми хешро дар моддаи 26 Муоҳидаи Венагӣ «Дар бораи шартномаҳои байналхалқӣ» аз соли 1969 танзим карда мешавад.

3. Ба сифати асоси навбатии татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон одатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, баромад менамояд. Дар адабиёти юридикӣ ҳангоми баррасии масъалаи одатҳо истилоҳҳои гуногун истифода мешавад. Масалан, истилоҳҳои одатҳои муомилоти корӣ одатҳои байналхалқӣ ва одатҳои давлатэътироф намуда. Ҳангоми мавҷуд будани намуди гуногуни одатҳо саволе ба миён меояд, ки бо кадом хусусият одатҳо аз ҳамдигар фарқ менамоянд ва кадом аз одатҳои номбурда ба сифати асоси татбиқ гардидани ҳуқуқи хориҷӣ  баромад менамояд.

Дар назарияи ҳуқуқ зери мафҳуми одатҳо қоидаи рафтори хусусияти умуми доштае фаҳмида мешавад, ки  таърихан ташаккул ёфта бинобар бисёр такрор гардидан хусусияти танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятиро пайдо намудааст. Байни ҳамаи одатҳо одатҳои ҳуқуқиро ҷудо мекунанд. Ба одатҳои ҳуқуқӣ одатҳое дохил карда мешаванд, ки он аз тарафи давлат бо воситаи дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба он ишорат намудан эътироф карда шудааст. Ҳангоми таснифи одатҳо  бояд чунин хусиятҳо ба инобат гирифта шавад.

  1. Аҳамияти омили вақт;
  2. Зарурати татбиқ ва риоя гардидани мунтазами одатҳо ;

Байни ҳамаи одатҳо, одатҳои байналхалқиро фарқ менамоянд. Ҳамаи одатҳои байналхалқиро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд. Якум, он одатҳое, ки дар таҷрибаи муносибатҳои байналхалқӣ ташаккул ёфтааст ва ба сифати сарчашмаи ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ баромад менамоянд. Дуюм, он одатҳое, ки дар таҷрибаи савдои байналхалқӣ байни шахсони хусусӣ ташаккул ёфтааст.  Чунин одатҳоро одатҳои савдоии байналхалқӣ меноманд.

            В.П. Звеков қайд намудааст, ки одатҳо ба одатҳои байналхалқии дар шароити муносибатҳои байналхалқӣ ва одатҳои байналхалқии тиҷоратии дар ҷараёни фаъолияти соҳибкорӣ ба миён омадаасст, фарқ карда мешавад.

Бо назардошти ақидаи олимони соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ ҳамаи одатҳорои танзимкаунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданиро ба се намуд ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Одатҳои байналхалқӣ;
  2. Одатҳои байналхалқии тиҷоратӣ;
  3. Одатҳои давлат эътироф  намуда, яъне он одатҳое, ки дар доираи юрисдиксияи ягон давлат ташаккул ёфтааст.

Дар моддаи 1191 КГ  Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, ки ҳуқуқи нисбати муносибатҳои бо элементи хориҷӣ мураккаб гардонида шуда инчунин бо одатҳои байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда муайян карда мешавад. Дар ин маврид сухан оид ба одатҳои байналхалқии дорои меъёрҳои коллизионӣ меравад. Маҳз дар чунин шакл онҳо ба сифати сарчашмаи ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ба шумор мераванд. Одатҳое, ки дар моддаи 1191 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудаанд бояд аз одатҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқӣ-граджанӣ фарқ карда шаванд. Барои ишораи охирон КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон истилоҳи «одатҳои муомилоти корӣ»-ро истифода бурдааст (моддаи 5  КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

4. Воситаи дигари муқаррар намудани тартиботи ҳуқуқии нисбати муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ татбиқшаванда созиши тарафҳо баромад менамояд.

            Ҳангоми бастани шартномаҳои хуқуқӣ-гражданӣ субъектон (тарафҳои муносибатҳои шартномавӣ) дорои мухторияти ирода мебошанд ва зери ин мафҳум имконияти субъектонро дар мустақилона муайян намудани тартиботи ҳуқуқии дар ҷараёни фаъолияти ин субъектон татбиқ шаванда фаҳмида мешавад. Мувофиқи гуфтаҳои С.В. Третяков  иродаи тарафҳо ҳамчун омили муқаррар кунандаи тартиботи ҳуқуқии татбиқ шаванда дониста мешавад. Умуман  муносибати таълимоти ҳуқуқӣ нисбати масъалаи мухторияти ирода якхела намебошад. Дар ташаккули таълимоти мухторияти ирода хизмати Шарл Дюмулен басо бузург мебошад. Дюмулен табиати мухторияти иродаро санҷида баромада мисоли навбатиро овардааст:  Аз тарафи ҳамсарон реҷаи муштараки амволӣ муқаррар карда шуда буд. Шартномаи мазкур дар маҳалле ба имзо расонид шудааст, ки дар он ҷо институти амволи муштарак шинос буд. Баробари ин қисми амволи ғайри манқул, ки баъди бастани шартнома бо ишораи реҷаи муштараки амвол, пайдо карда шуд, дар маҳалле воқеъ буд, ки ба он институти амволи муштарак шинос набуд. Баъди марги яке аз ҳамсарон меросгирон амри воқеаи ба сифати меросгири амволи ғайри манқули дар маҳалли институти амволи муштарак шинос набудаи ҳамсари зинда мондаро зери баҳс қарор доданд. Барои ҳалли ин масъала Дюмулен аз он бар меояд, ки муносибатҳои  молу мулкии ҳамсарон аз рӯи ҳуқуқи маҳалли воқеъ гардидани амволи ғайри манқули ба ҳамсарон таъаллуқ дошта муқаррар карда мешавад. Лекин худи соҳибии воқеии ҳамаи амвол дар маҳалли зисти якҷоя ҳамчун розигии бевоситаи ҳар ду ҳамсар барои тобеъ намудани ҳамаи амволи ба онҳо мансуб буда ба реҷаи амволи муштарак баҳо дода мешавад.

Бо мақсади овардани мисоли мазкур Дюмулен кӯшиш кардааст, ки ваколати қонунҳои маҳаллиро дар танзими реҷаи ҳуқуқии амволи ҳамсаронро вобаста ба ҷои воқеъ гардидани амволи ғайри манқул муқаррар намояд. Пас, дар ин маврид иродаи тарафҳо ҳамчун воситаи бартараф кунандаи алоқамандии ҳудудӣ дар масъалаи муносибати амволии ҳамсаронро ба фоидаи васеъ намудани ваколати вазъи ҳуқуқии ҳамсарон ҳал намудааст.

            Ақидаи Дюмуленро баҳо дода С.В. Третьяков ба ҳолатҳое ишора намудааст, ки дар мавриди муқаррар намудани аҳамияти мухторияти ирода бояд ба инобат гирифта шавад. Якум, мақсади асосии ҳуқуқшиноси юрансавӣ на дар тобеъ намудани масъалаи ҳуқуқӣ-хусусӣ ба иродаи субъектони иштирокчии муносибат буда, балки ҳарчи қадар суст намудани соҳаи амали қонунҳои маҳаллӣ ҳамчун нишонаи афкори кӯҳнаи асри миёнагӣ мебошад. Дюмулен барои асоснок намудани ақидаи худ шакли шартномаро интихоб кардааст.

Дар охир бояд қайд намоем, киинститути мухторияти ирода ба чорчӯбаи мантиқи меъёри коллизионӣ ҷой намешавад. Институти мухторияти ирода ҳамчун инкори мантиқи «мухолифаткунанда» ба вуҷуд омадааст. Изҳори ақидаи субъекти ирода нисбати интихоби ҳуқуқ умуман «локализатзия» намегардад. Ба сифати шакли мухторияти ирода принсипи ододии шартнома интихоб карда шудааст.

Ҳамин тариқ бояд қайд намоем, ки ба сифати асоси татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо баромад менамояд: 1) Кодекси Граджании Ҷумҳурии Тоҷикистон; 2) дигар санадҳои меъёри хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 3) шартномаҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4) одатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намуда; 5) созиши тарафҳо.

Ҳангоми муқаррар намудани нақши шартномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ аз он бояд бар оем, ки татбиқи банҳои шартномаи байналхалқӣ на дар асоси муқаррароти қонунгузории дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 7 Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё модаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) балки дар асоси мундариҷаи худи шартномаи байналхалқӣ оиди соҳаи амали он ва принсипи умуми эътироф ёфтаи «шартномаҳо бояд риоя шаванд», ки дар моддаи 26 Муоҳидаи Венагӣ «Дар бораи ҳуқуқи шартномаҳои байналхалқӣ» аз соли 1969 мустаҳкам карда шудааст, ба амал бароварда мешавад.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.