Хизматчии ҳарбӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқ

Нақшаи мавзӯъ:

1.Мафхуми хизматчии  харби ва вазъи  хукукии он.

2.Махдудиятхои хукукхои иктисоди,сиёсии хизматчиёни харби.

1.Мафхуми хизматчии  харби ва вазъи  хукукии он.

     Хизматчиёни харби ба гурухи ичтимоие мансубият доранд,ки субъекти фардии хукук буда функсияхои бо конун мукаррар шударо дар сохаи мудофиа ичро   менамоянд.Хизматчиёни харби хайати шахсие хастанд,ки функсияи давлатро дар самти мазкур ба амал мебароранд.

       Қонуни  Чумхурии Точикистон аз 1 марти соли 2005  «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳо, масъулияту вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онҳоро муайян менамояд.

         Мутобики мукаррароти моддаи 1 конуни мазкур вазъи ҳуқуқии (статуси) хизматчиёни ҳарбӣ маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳои кафолатдодаи давлат, ҳамчунин масъулияту вазифаҳои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд,мебошад.

         Хизматчиёни ҳарбӣ дорои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо маҳдудкунии муайяне мебошанд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

         Ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи омодагии ҷангӣ барои ҳимояи мусаллаҳона ва ҳимояи мусаллаҳонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, ки он бо зарурати иҷрои бечунучарои ин вазифа дар ҳар шароит, аз ҷумла бо таҳдиди хатар барои ҳаёт вобаста мебошад. Вобаста ба хусусиятҳои махсуси вазифаҳое, ки ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ гузошта шудаанд, ба онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳо дода мешаванд.

         Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар замони ҷанг, дар давраи сафарбарӣ, дар вақти иҷрои хизмати ҳарбӣ дар вазъияти фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона адо мекунанд, тибқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

         Ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, шаҳрвандӣ ва вазъи ҳуқуқии онҳо дода мешаванд.

         Тартиби ба хизматчиёни ҳарбӣ додани хуҷҷатҳои номбурда ва маблағгузории чорабиниҳои вобаста ба додани онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

         Хизматчиёни ҳарбӣ барои нигоҳдорӣ, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроқ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

         Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар доираи ваколатҳои худ ба хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд шаҳрвандон) ва аъзои оилаи онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловагӣ муқаррар намоянд.

Шаҳрвандоне, ки дорои вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбӣ мебошанд (моддаи 2 конуни мазкур).

         Хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хизмати ҳарбиро адо менамоянд.

         Ба ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ инҳо мансубанд:

афсарон, прапоршикҳо, курсантҳои муассисаҳои таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ, сержантҳо ва аскарон (минбаъд – хизматчиёни ҳарбӣ).

         Шаҳрвандон вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбиро аз ибтидои хизмати ҳарбӣ соҳиб шуда, баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ аз он маҳрум мегарданд.

         Барои шаҳрвандоне, ки ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ даъват шудаанд, вазъи ҳуқуқии хизматчии ҳарбӣ дар ҳолатҳо ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

         Барои шаҳрвандоне, ки хизмати ҳарбиро дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (минбаъд- ИҶШС), дигар сохторҳои ҳарбии ИҶШС ва давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то таҳти салоҳияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани сохторҳои ҳарбии номбурда адо намудаанд ва ба хизмати ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд, имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти мавҷуд будани шартномаҳои дахлдори байналмилалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, нигоҳ дошта мешаванд.

         Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар қаламрави давлатҳое, ки дар қисми чоруми моддаи мазкур зикр нашудаанд, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбие, ки ба қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои номбурда бо тартиби ҳамкории ҳарбӣ фиристода шудаанд, мутобиқи шартномаҳои  байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

         Имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳое, ки Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамоянд, ба инҳо муқаррар карда мешаванд: 

         – ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо;

– ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, сохторҳои ҳарбии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рухсат шудаанд ва ба аъзои оилаи онҳо.

-ба шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ ИҶШС, қӯшунҳои сарҳадӣ, дохилӣ ва роҳи оҳан, қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, мақомот ва қӯшунҳои мақомоти бехатарии давлат, дигар сохторҳои ҳарбии ИҶШС рухсат шудаанд ва аъзои оилаи онҳо.

Ба аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанду ба онҳо имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳо дода мешаванд, агар дар Қонуни мазкур, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, инҳо мансубанд:

– ҳамсар;

– фарзандони ба балоғат нарасида;

– фарзандони аз 18-сола боло, ки то расидан ба синни 18 солагӣ маъюб шудаанд;

– фарзандони то 23-сола, ки аз рӯи шакли таҳсили рӯзона дар муассисаҳои таълимии рӯзона таҳсил мекунанд;

– шахсоне, ки дар таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ қарор доранд.

Ба хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, ҳамчунин собиқадороне, ки ӯҳдадории хизмати ҳарбиро дар вазъияти фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона иҷро намудаанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст имтиёзу кафолат ва ҷубронпулиҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд.

Кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандони ноболиғе,ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии миёнае (пурра) таҳсил мекунанд, ки барномаҳои иловагии таълимиашон дорои мақсади омодагии ҳарбӣ мебошанд, бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Барои хизматчиёни ҳарбие, ки асир афтодаанд ё гаравгон гирифта шудаанд, ҳамчунин дар мамлакатҳои бетараф боздошт шудаанд, вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ нигоҳ дошта мешавад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва фармондеҳии ҳарбӣ ӯҳдадоранд барои озод намудани хизматчиёни ҳарбии номбурда мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тадбирҳо андешанд.

Ба хизматчиёни ҳарбии номбурда маош, таъминоти моддӣ ва дигар навъҳои таъминот, ки ба ҳамсар ё дигар аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии бо онҳо ҳамроҳ истиқоматкунанда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пурра муайян шудани ҳолати асир афтодан ё гаравгон гирифтан, боздошти хизматчиёни ҳарбӣ ё озодшавии онҳо дода мешаванд.

      Хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандони аз хизмати ҳарбӣ рухсатӣ шуда ва аъзои оилаи онҳо, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба имтиёз, кафолат ва ҷубронҳо ҳуқуқ доранд, аз имтиёз, кафолат ва ҷубронҳои мувофиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои шаҳрвандон муқаррарнамуда истифода мебаранд. Агар шахсони номбурда дар як вақт ҳуқуқи гирифтани ин ё он имтиёз, кафолат ва ҷубронҳоро мувофиқи якчанд асосҳо дошта бошанд, ба онҳо мувофиқи интихобашон дар як асос, бо истиснои ҳолатҳои махсуси пешбининамудаи қонунҳо,  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз, кафолат ва ҷубронҳо дода мешаванд.

                         2.Махдудиятхои хукукхои иктисоди,сиёсии хизматчиёни харби.

      Кисми 2 моддаи 35 Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд,ки  дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст.

Муқаррароти конститутсионӣ дар хусуси манъ будани ҳама гуна маҳдудсозӣ дар муносибатҳои меҳнатиро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас намудааст, ки тибқи он ҳама гуна фарқиятгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рӯи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ, ранги пӯст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезананд, манъ аст.

Фарқият дар бахши меҳнат вобаста ба талаботи хосаи навъи муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба ашхосе, ки мӯҳтоҷи ҳимояи хоси иҷтимоӣ мебошанд (занон, ноболиғон, маъюбон), маҳдудсозӣ (поймолкунӣ) дар муносибатҳои меҳнатӣ  маҳсуб намешавад.

Қисми дуюми моддаи 7 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро номбар кардааст, ки ҳамчун асоси фарқиятгузорӣ дар соҳаи меҳнат ва маҳдудсозии ҳуқуқ эътироф намегарданд. Яке аз ҳолатҳои номбурда «талаботи хосаи навъи муайяни кор» мебошад. Навъи корҳое (ихтисосҳое) мавҷуданд, ки шартҳои дахлдори зарурии ба кор қабул кардани шаҳрвандонро талаб менамоянд. Касбҳое ҷой доранд, ки аз шаҳрванд доштани маълумоти зарурии касбӣ ва собиқаи кориро талаб менамоянд ё ин, ки мансабҳое ҷой доранд, ки ишғоли онҳо ба вазъи шаҳрвандӣ вобаста аст. Масалан, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба хизмати давлатӣ танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, қабул карда мешаванд. Чунин фарқиятгузорӣ маҳдудсозии ҳуқуқ эътироф карда намешавад.

Ашхосе, ки дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд, метавонанд бо аризаи дахлдор ба суд муроҷиат намоянд.

Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Манъ будани меҳнати маҷбурӣ талаботи конститутсионӣ мебошад. Қисми якуми моддаи 8 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин меъёрро айнан такрор менамояд.

Қисми сеюми моддаи 35 Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон   пешбинӣ намудааст, ки қонунгузор ҳуқуқ дорад дар қонун навъи кору меҳнатеро пешбинӣ намояд, ки ҳамчун меҳнати маҷбурӣ эътироф карда намешаванд. Чунин навъи  кору меҳнат  дар қисми дуюми моддаи 8 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст:

1) корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонун оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад;

2) корҳое, ки иҷрои онҳо дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми таҳти хатар будани ҳаёт, амнияти шахсӣ ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;

3) корҳое, ки дар натиҷаи эътибор пайдо намудани ҳукми суд талаб карда, таҳти назорати мақомоти давлатӣ, ки масъули назорати қонунии иҷрои ҳукми суд мебошанд, иҷро карда мешаванд.

Навъи якуми корҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» пешбинӣ шудааст. Тибқи Қонуни мазкур мақомоти давлатии ҳокимияти иҷрояи маҳаллӣ барои гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба иҷрои ӯҳдадории умумии ҳарбӣ, духтурон – муттахассисон, ҳайати миёнаи тиббӣ, дигар мутахассисон ва кормандони техникиро ҷалб менамоянд, ки онҳо вазифаи худро берун аз шартномаи меҳнатӣ иҷро менамоянд.

Ичрои ухдадории умумии харби низ мехнати мачбури ба хисоб намеравад.

            Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқи меҳнатро вобаста ба адои хизмати ҳарбӣ амалӣ мегардонанд.

Мутобики талаботи моддаи 19 конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ухдадории умумии харби ва хизмати харби»,шаҳрванди ҷинси марди аз 18 то 27 – солаи дар қайд буда ё шаҳрванде, ки ӯҳдадор аст дар қайди ҳарбӣ бошад ва барои ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод шудан аз даъват ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ надорад, бояд ба хизмати ҳарбӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон ва сержантҳо даъват карда шавад.

Хизматчии ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо менамояд, ҳуқуқ дорад, баъди ба итмом расидани 12 моҳи хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват, ба муассисаи таълимии ҳарбии таҳсилоти касбӣ дохил шавад.

Шаҳрвандони ҷинси марди то 30 соларо, ки хизмати ҳарбӣ адо накардаанду муассисаи таълимии давлатии маълумоти олии касбиро хатм намудаанд ва ба эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун афсар дохил карда шудаанд, танҳо аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. ҳамзамон, мӯҳлати таҳсил дар муассисаи таълимии давлатии маълумоти олии касбӣ ба мӯҳлати хизмати ҳарбии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

Шаҳрванде, ки мутобиқи қисми сеюми моддаи мазкур ба хизмати ҳарбӣ давъат шудааст, хизмати ҳарбиро тибқи тартибе, ки ҳамин Қонун ва Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, адо менамояд.

Шаҳрвандоне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил накардаанд, пас аз хатми муассисаи таълимии давлатиитаҳсилоти олии касбӣ мутобиқи ҳамин Қонун ба хизмати ҳарбӣ дар вазифаҳои ҳайати аскарон ва сержантҳо даъват карда мешаванд.

Ба гайр аз махдудияти синну соли, боз холати саломати,хукуки (доги суди), тайёрии чисмони,маълумот низ махдудият барои ба хизмати харби даъват  (дохил) шудан баромад мекунад.

Мафхуми хизматчии харби нишонахои зеринро дар бар мегирад:

– хизматчии харби ин шахси вокеъи,шахрванди Чумхурии Точикистон,ки ба синни даъват расидааст.Шахси ба хихмати харби даъват (дохил) шуда тарафи муносибатхои харби-хизмати ба хисоб меравад;

– хизматчии харби бояд ба талаботхои конунгузории харби чавобгуй бошад;

–  ба хизматчии харби бо тартиби мукаррар карда шуда рутбаи харби дода мешавад;

– хизматчии харби дар хайати сохторхое,ки дар  онхо хизмати харби  пешбини шудааст функсияи мудофиаи давлатро амали месозад;

–  хизматчии харби савганди харби ёд мекунад.

Иштироки хизматчиёни ҳарбӣ дар корпартоиҳо, пикетҳо, нофармониҳои оммавии зиддидавлатӣ ва дигар амалиёти эътирозӣ ё ташкили онҳо, инчунин дигар намуди қатъкунии иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ ҳамчун воситаи ҳаллу фасли масъалаҳои ба хизмати ҳарбӣ алоқаманд, манъ аст.

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд аз рӯи эътиқоди динии худ аз иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ даст кашанд ва ваколатҳои хизматии худро барои таблиғоти ин ё он дин истифода намоянд.

Ташкили иттиҳодияҳои динӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар қисми ҳарбӣ манъ аст.

Дохил шудани хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ ё ташкилотҳои ҷамъятӣ, ки мақсади сиёсӣ доранд, манъ аст, инчунин узвият ба онҳо дар давраи адои хизмати ҳарбӣ боздошта мешавад.

               Мутобики банди 7 моддаи 9 конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи вазъи хукукии хизматчиёни харби», хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ надоранд:

– ба дигар фаъолияти музднок машғул шаванд, ба ғайр аз фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ, бе расонидани зарар ба иҷрои ӯҳдадории асосии хизматӣ бо иҷозати роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст;

– шахсан ё тавассути шахсони боваринок ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, аз ҷумла дар идоракунии ташкилотҳои тиҷоратӣ иштирок кунанд, ҳамчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ бо истифода аз вазъи хизматии худ мусоидат намоянд;

– воситаҳои молиявию амволи қисми ҳарбӣ, ҳамчунин дигар амволи давлатиро ба ғайр аз ҳолатҳои мутобиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ба мақсадҳои новобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ истифода баранд;

– аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ подош (тӯҳфаҳо, хизматона, қарз, хизматрасонӣ, ҳароҷоти вақтхушӣ, истироҳат, нақлиёт ва дигар подошҳо) гирад, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ вобастаанд, ба истиснои тӯҳфаҳои қимматнок (аз ҷумла хоса) ва маблағе, ки мутобиқи оинномаҳои умумиҳарбӣ ба тариқи ҳавасмандгардонӣ хизматчиёни ҳарбӣ қадр карда мешаванд;

– бе иҷозати Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари вазорату идораҳое, ки дар онҳо тибқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст), мукофотҳои давлатҳои ҳориҷӣ, ташкилотҳои хориҷию байналмилалиро қабул намоянд;

– аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ба ғайр аз сафари хизматӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти ҳокимияти дахлдори давлатии давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ ба хориҷа ба сафари хизматӣ раванд;

– вазъи хизматиашонро ба манфиати ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои динӣ, ҳамчунин барои таблиғоти ақидаҳои онҳо истифода намоянд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.