Назорати қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақшаи мавзӯъ:

1.Асосхои конститутсионии назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар Чумхурии Тоҷикистон аз чониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он.

2.Хусусиятхои ташкил ва таъмини фаъолияти макомоти прокуратураи харби.

1.Асосхои конститутсионии назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар Чумхурии Тоҷикистон аз чониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он.

Моддаи  93 Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон. 

         Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

         Дар шароити созмон додани давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи адолатпарвар ва арзиши олӣ эълом намудани ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд нақши назорати прокурорӣ дучанд афзуда, чун яке аз кафолатҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат баромад менамояд.

         Дар моддаи тафсиршаванда як намуди мустақили фаъолияти давлат – назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо муайян карда шудааст, ки вай дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҷониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои ба ӯ тобеъ ба амал бароварда мешавад.

         Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун моҳияти назорати прокурориро ташкил намуда, тибқи ин моддаи тафсиршаванда чун таъиноти конститутсионии мақомоти прокуратура арзёбӣ карда мешавад. Бинобар ин, ҳангоми батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои мурофиавӣ, ки бо иштироки прокурор сурат мегирад, муайян намудани самтҳои дигари фаъолияти мақомоти прокуратура – назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо нақши муайянкунанда дорад. 

         Моддаи тафсиршаванда таҳти мафҳуми «назорат» ҳаракатҳои мушоҳидавии прокурорро аз болои фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, динӣ, шахсони мансабдор, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҷисмониро дар назар дошта, дар айни ҳол дахолат ба фаъолияти мақомот ва шахсони номбурдаро истисно мекунад. Аз ин рӯ, Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ваколати ҳидоят карданро барои иҷрои амали ба рафти кори истеҳсолот ё хоҷагидорӣ вобастабуда надошта, танҳо ба қонунвайронкунӣ роҳ надодан ё риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро талаб мекунанд.

         Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари он, ки бевосита ба мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ дохил намешаванд, фаъолияти худро дар ҳамбастагии зич бо ин мақомот ба роҳ мемонанд ва аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон ба амал мебароранд. Вазифаи асосии мақомоти прокуратура таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи ҷамъият ва давлат, мустаҳкам намудани қонуният мебошад.

         Бо ин мақсад прокуратура назорати риоя ва иҷрои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқиро дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, бонкҳо сарфи назар аз шакли моликияташон, созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳарбӣ ва назоратӣ, шахсони мансабдори ин мақомот ба амал мебарорад.

Назорати прокурорӣ инчунин ба мақомоте, ки фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ, мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, маъмурияти ҷойҳои ҳабси пешакӣ нигоҳдории муваққатиро ба амал мебароранд, паҳн мегардад.

Прокуратура тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ, ҳамчунин вазифаи таъқиботи ҷиноятӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ба зимма дорад.

Ба прокурорҳо тибқи қонунгузории мурофиавии судӣ ваколати иштирок дар мурофиаҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ, овардани эътироз ба қарорҳои судӣ вогузор карда шудааст.

Бо мақсади ба амал баровардани вазифаи назоратии худ прокурорҳо ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорату идораҳо, маҷлисҳои вакилони ҳалқи вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ иштирок намоянд.

Прокурорҳо ҳамчунин метавонанд ҳангоми баррасии пешниҳодҳои овардаашон дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи вазорату идораҳо, маҷлисҳои вакилони халқи вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, маҷлису ҷамъомадҳои ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ иштирок намоянд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, агентии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти андозу гумрук ва ғайраро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ҳамоҳанг месозанд. Бо мақсади таъмини ин ҳамоҳангӣ прокурор ҷаласаҳои ҳамоҳангсозиро даъват месозад, гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳад, маълумоти оморӣ ва ғайраро талаб карда мегирад, ваколатҳои дигареро, ки бо Низомнома дар бораи ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ менамояд.

Прокурор ҳангоми муқаррар кардани зарурияти такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи иҷро намудани вазифаҳояш маълум гардидаанд, ҳуқуқ дорад ба мақомоти қонунгузорӣ ё мақомоти дигаре, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад, дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо, бекор кардан ё қабул намудани санади нави меъёрии ҳуқуқӣ таклифу пешниҳод ирсол намояд.

Мақомоти прокуратура тибқи ваколатҳояш аризаю шикоятҳо ва муроҷиатҳои дигари шаҳрвандонро дар бораи қонунвайронкуниҳо ҳаллу фасл менамоянд. Қарори қабулнамудаи прокурор барои ҳимояи судии ҳуқуқ монеа шуда наметавонад. Ҷавоби хаттии прокурор ба аризаю шикоят ва муроҷиатҳо бояд бо қонун пешбинӣ гардида бошад, бояд ба муаллифи муроҷиат фаҳмонида шавад. Прокурор бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки қонунвайронкунӣ содир намудаанд, тадбирҳо меандешад. Ҳамзамон аз ҷониби мақомоти болоӣ ба мақомоти поёнӣ ё шахси мансабдоре, ки аз болои қарор ё кирдораш шикоят оварда шудааст, фиристодани аризаю шикоят ва муроҷиат манъ аст.

Иҷрои талаби қонунии прокурор ҳатмӣ буда, барои бе сабабҳои узрнок иҷро накардани он ҷавобгарии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи ваколати худ татбиқ намудани назорат маънои онро дорад, ки маҷмӯи ваколатҳои прокурор бо қонун муқаррар гардида, ҳудуди назорати прокурорӣ муайян карда шудааст. Прокурор ҳуқуқи ба амал баровардани назоратро аз болои қонунӣ будани қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ба манфиати сохторҳои тиҷоратӣ пешниҳод намудани даъвои гражданӣ, ё шахсан татбиқ намудани ҷазои маъмуриро надорад. Ҳамчун қоидаи умумӣ санҷиши риояи қонунҳо аз рӯи аризаҳо ва дигар маълумотҳо дар бораи вайрон кардани қонуният диққату эътибори бевоситаи прокурро талаб менамояд ва дар сурати зарурат бо ташаббуси прокурор гузаронида мешавад. Дахолати прокурор ба фаъолияти хоҷагӣ ва иваз намудани вазифаи мақомоти тобеи идораи болоӣ ва назорати идоравӣ мумкин нест.

Ба зиммаи прокуратура вогузор намудани иҷрои вазифаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда нашудаанд, манъ аст.

 Моддаи  94 Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон. 

Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.

Мақомоти прокуратура дар тавофут аз мақомоти дигари давлатӣ аз рӯи принсипи тобеияти амудӣ фаъолият намуда, ба мақомоти дигари маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тобеият надоранд.

Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ягонаи муттамарказ мебошад, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигарро назорат мекунад.

Низоми ягонаи марказонидашудаи мақомоти прокуратураро тобеияти бевоситаи прокурорҳои поёнӣ ба прокурорҳои болоӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи Прокурори генералӣ таъин ва озод шудани ҳамаи прокурорҳои поёнӣ, ягонагии мақсаду вазифаҳои ҳамаи зинаҳои низоми прокуратура, умумияти санадҳои таъсиррасонӣ ва ваколатҳои прокуророн ифода менамояд.

Прокурорҳои поёнӣ (шаҳру ноҳияҳо, нақлиётии вилоятҳо, прокурорҳои назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, ҳарбии гарнизонҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда) ба прокурорҳои болоӣ (Сарпрокурори ҳарбӣ, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон) тобеъ буда, ин тобеият метавонад бе иштироки прокурори вилоятҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда (Сарпрокурори ҳарбӣ, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон) низ ба роҳ монда шавад. Прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бевосита ба Прокурори генералӣ тобеъ мебошанд.

Низоми мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, прокуратураи шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар прокуратураҳои ба онҳо баробаркардашуда, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо, прокуратураҳои назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ташкил медиҳанд.

Сохтори Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Ба прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон прокурорҳои дахлдор роҳбарӣ мекунанд, ки онҳо дорои муовини якум ва муовинон буда, онҳоро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурори роҳбарикунандаи прокуратура (раис), муовини якум ва муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони прокурорӣ дохил мешаванд.

Шумора ва ҳайати мушовара аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди прокурорҳои дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

Дар Прокуратураи генералӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон раёсатҳо ва шӯъбаҳо ташкил карда мешаванд. Сардорон ва муовинони сардорони раёсатҳо ва шӯъбаҳо, ки дар як вақт ёрдамчии калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои дахлдор мебошанд, бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби прокурорҳои роҳбарикунандаи ин прокуратураҳо ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Дар сохтори раёсатҳо ва шӯъбаҳо прокурорҳои калон, прокурорҳо, муфаттишони калон ва муфаттишҳо оид ба корҳои махсусан муҳим мавҷуданд, ки онҳо аз тарафи прокурорҳои дахлдор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва прокурори нақлиёти Тоҷикистон ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйир додани ҳайати шахсии кормандони дастгоҳи худ ва прокуратураи ҳарбии горнизонҳо, шаҳру ноҳияҳо, нақлиёти вилоятҳо, ки тобеи онҳо мебошанд, таклифҳо пешниҳод менамоянд.

Таъсиси мақомоти прокуратура, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии мақомоти прокуратура аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, вазъи ҳуқуқӣ ва салоҳияти онҳоро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани прокуратураҳое, ки ба низоми ягонаи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил нестанд, манъ аст.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ дар назди Маҷлиси Милли Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул буда, дар бораи вазъи қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар қаламрави Тоҷикистон соле як маротиба ё аз рӯи зарурат ҳисобот медиҳад.

         Прокурор ҳангоми назорат ҳуқуқ дорад:

         – ба муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, бонкҳо, воҳидҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, дигар сохторҳои ғайридавлатӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ бе монеа, ба объектҳои режимӣ ҳангоми будани иҷозати махсус ворид гардад ва бо ҳар гуна ҳуҷҷатҳои онҳо шинос шавад;

         – иҷрои қонунҳоро дар асоси аризаҳо, шикоятҳо, муроҷиатҳо ва дигар маълумотҳо оид ба ҳуқуқвайронкунӣ санҷад;

         – барои гузаронидани санҷиш кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷалб намояд;

         – барои санҷиши қарорҳо, амру фармонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, мавод, маълумоти оморӣ ва дигар маълумотҳоро (асл ё нусхаи онҳоро) талаб намояд, дар бораи вазъи қонуният ва чораҳои таъмини он маълумот гирад;

         – шахсони мансабдор, шаҳрвандонро даъват намояд ва аз онҳо доир ба вайрон кардани қонун баёнот талаб кунад;

         – ҳар вақт бидуни тафтиш ба ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, хонаҳои қабулу тақсимкунии ноболиғон, ҷойҳои ҳабси пешакӣ, муассисаҳо ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ва дигар ҷойҳое, ки чораҳои маҷбурии таъинкардаи судро иҷро мекунанд, ворид шавад ва ҳолати иҷрои қонунҳоро санҷад.

         Прокурор ҳуқуқ дорад аз роҳбарон ва шахсони мансабдор инҳоро талаб намояд:

         – гузаронидани санҷиш ва тафтиши (ревизияи) фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои таҳти назорат ва тобеияти онҳо буда, инчунин дар ҳолати зарурӣ таъин кардани экспертиза;

         – барои муайян кардани масъалаҳои бамиёномада ҷудо намудани мутахассисон;

         – гузаронидани санҷиши мавод, ахбор, муроҷиатҳое, ки ба прокуратура ворид шудаанд ва хабар дар бораи натиҷаи онҳо.

         Ҳангоми ошкор сохтани қонунвайронкунӣ прокурор ё муовини ӯ дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:

         – доир ба санадҳои мақомот ва ташкилотҳо, инчунин шахсони мансабдор, ки хилофи қонун мебошанд, эътироз биёрад;

         – бо қарори худ мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонун шахси дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, ҳабси пешакӣ ё муассисаҳои иҷрокунандаи чораҳои маҷбурӣ ғайриқонунӣ нигоҳдошта, боздоштшуда, ба ҳабси маъмурӣ гирифторшуда ё дар муассисаи судӣ-равонпизишкӣ ҷойгиршударо фавран озод кунад;

         – ҷазоҳои интизомиро нисбат ба шахсони маҳбус ва маҳкумшуда, ки барои вайрон кардани қонун дода шудаанд, бекор кунад. Бо қарори худ онҳоро аз изолятори ҷаримавӣ, бинои навъи камеравӣ, карсер, камераи яккаса, изолятори интизомӣ фавран озод кунад;

         – дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу широити мусоидаткунандаи онҳо таклифҳо пешниҳод намояд;

         – дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати шаҳрвандон, инчунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, ки қонун муҳофизат мекунад, ба суд муроҷиат кунад;

         – мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунад, оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё интизомӣ истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии моддӣ кашидан оғоз кунад, маводҳоро барои баррасии иттиҳодияҳои (ташкилотҳои) ҷамъиятӣ фиристонад;

         – дар бораи бартараф кардани вайронкунии ошкорои қонун амрҳо диҳад;

         – ҳар вақт бидуни тафтиш ва иҷрои нақшаи корӣ ба ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, хонаҳои қабулу тақсимкунии ноболиғон, ҷойҳои ҳабси пешакӣ, муассисаҳо ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо ва дигар ҷойҳое, ки чораҳои маҷбурии таъинкардаи судро иҷро мекунанд, ворид шавад ва ҳолати иҷрои қонунҳоро санҷад.

Моддаи  95 Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон. 

Прокурори генералии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Мӯҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

Қисми аввали моддаи тафсиршаванда тартиби ба вазифа таъин намудани Прокурори генералиро муқаррар кардааст.

1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои муовини якум ва муовинон мебошад, ки онҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Яке аз муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои вилоятҳо, прокурори шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои нақлиёти вилоятҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо, прокурорҳои назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Ин прокурорҳо ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Мӯҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

3. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» самтҳои фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро муқаррар кардааст.

Тибқи қонуни конститутсионии мазкур самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура аз инҳо иборатанд:

– назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо, аз тарафи шахсони мансабдори онҳо, инчунин ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқие, ки онҳо мебароранд;

– назорат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд, аз тарафи ҳамаи сохторҳо ва шахсони мансабдор;

– назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо аз тарафи макомоте, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар мубориза мебаранд, инчунин мақомоте, ки бо фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ машғул мебошанд;

– ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, шаклҳои гуногуни моликияти давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар мурофиаи судӣ;

– назорат ба риоя ва иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон, ҳабси пешакӣ, ҳангоми иҷрои ҷазо ва дигар чораҳои дорои хусусияти маҷбуркунӣ, ки суд муқаррар мекунад;

– назорат ба риояи қонунҳо ҳангоми иҷрои ҳалномаҳои судӣ аз ҷониби иҷрочиёни суд ва дигар мақомоти салоҳиятнок;

– тафтишоти ҷиноятҳо;

– таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо, мубориза бар зидди коррупсия, терроризм, экстремизм (ифротгароӣ) ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо якҷоя бо дигар мақомоти давлатӣ, иштирок дар кори такмилу тавзеҳи қонунҳо;

– ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии он, коррупсия ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

– иштирок дар баррасии парвандаҳо аз ҷониби судҳо;

– эътироз овардан нисбат ба ҳалнома, ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд.

Прокуратура мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ метавонад дар дигар самтҳое, ки дахолати назорати прокурориро талаб мекунад, фаъолият намояд.

Мақомоти прокуратура аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ, ки қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ба салоҳияти онҳо вогузоштааст, тафтишот мегузаронад.

Прокурор ҳуқуқ дорад, тафтиши ҳар гуна парвандаи ҷиноятиро ба истеҳсоли худ гирад ё онро ба прокурор ё муфаттиши тобеаш супорад. Прокурор инчунин метавонад парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ба дигар мақомоти тафтишотӣ супорад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо, прокурорҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин прокурорҳои ҳарбӣ, нақлиётӣ ва дигар прокурорҳое, ки бо ваколатҳои прокурорҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ баробаранд, ҳуқуқи додани иҷозатро (санксияро) барои татбиқ намудани ҳабси пешакӣ доранд.

Прокурор инчунин барои боздошту нигоҳдорӣ дар хонаҳои қабулу тақсимкунӣ, муқаррар намудани назорат ба рафтори шахси аз ҷазо озод кардашуда ва ҳабси амвол, ки ба маҳдуд кардани ҳуқуқу кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон вобастаанд, баъди омӯзиши маводи пешниҳодшуда ва мавҷуд будани асосҳои кофӣ иҷозат медиҳад.

Прокурор дар мавридҳои пешбиникардаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонун барои боздошти шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ иҷозат медиҳад. Дар чунин мавридҳо ҳуқуқи додани иҷозат ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва прокурори шаҳру ноҳияҳо тааллуқ дорад.

Рондани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Прокурорҳо мувофиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мурофиаи судӣ иштирок менамоянд, нисбат ба ҳалномаҳо, ҳукмҳо, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд, эътироз меоваранд.

Прокурор иштирокчии мурофиаи судӣ буда, бо иштироккунандагони тарафи дигар ҳуқуқи баробар дорад.

Ваколати прокурори дар маҷлиси суд иштироккунандаро қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Прокурор дар баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии онҳо, дар вақти баррасии парвандаҳои гражданӣ ва хоҷагӣ бо назардошти аҳамияти онҳо ё дар вақте ки инро худи прокурор, суд зарур медонад ё қонун пешбинӣ намудааст, иштирок мекунад.

Ҳуқуқи овардани эътирози кассатсионӣ ва хусусӣ ба ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо ба прокурор ва муовини ӯ дар доираи салоҳияти онҳо, сарфи назар аз иштирокашон дар баррасии парванда дар суди зинаи якум тааллуқ дорад. Ёрдамчии прокурор, прокурори раёсат ва шӯъба метавонад фақат оид ба парвандае, ки дар баррасии он иштирок кардааст, эътироз оварад.

Прокурор, муовини ӯ ҳуқуқ доранд, ки дар доираи салоҳияташон ҳар парванда ё гурӯҳи парвандаҳоро, ки аз рӯи онҳо ҳукм, таъинот, қарорҳое бароварда шудаанд, ки эътибори қонунӣ пайдо намудаанд, аз суд талаб карда гиранд.

Баъди муқаррар намудани он, ки ҳукм таъинот ё қарори суд  ғайриқонунӣ ё беасос аст, прокурор ба тариқи назоратӣ эътироз меоварад. Агар ин берун аз салоҳияти ӯ бошад, вай бо пешниҳод ба прокурори болоӣ муроҷиат менамояд, ки ӯ эътироз оварад.

Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои раёсати коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷаласаҳои раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилоят, шаҳри Душанбе, инчунин прокурори нақлиёти Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳое, ки ба салоҳияти прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон мансубанд, дар ҷаласаҳои раёсати суди вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе ҳатмӣ мебошад.

Прокурор дар баррасии парвандаҳо дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муайянкардаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд.

Иштироки прокурор дар мурофиаи судӣ ҳангоми баррасии даъвои прокурор ҳатмист.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи мутобиқи Конститутсия будани тавзеҳоти дастурии Пленумҳои Суди Олӣ ва суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оид ба масъалаи санҷиши мутобиқи Конститутсия будани санадҳои дорои хусусияти меъёрие, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ қабул мекунанд, муроҷиат намояд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ба Пленуми Суди Олӣ ва Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо пешниҳод муроҷиат намояд.

Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва прокурорҳои шаҳрҳо, ноҳияҳо, прокурорҳои ҳарбии гарнизон, прокурорҳои назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва нақлиётии вилоятҳо метавонанд аз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост кунанд, ки дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои судӣ ба Пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофнамуда ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофнамуда, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқиро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятноки давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ мегардонад.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то 35-сола аст, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ доранд ва дорои сифатҳои зарурии корию ахлоқӣ буда, аз рӯи вазъи саломатиашон ба иҷрои вазифаҳои ба ӯҳдаашон гузошта шуда қодир мебошанд, ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ба прокурорҳо ва муфаттишони ба вазифа таъиншуда, ҳамчунин ба эҳтиёҷмандони беҳтар кардани шароити манзилӣ ба шакли ҳуҷраи алоҳида аз хонаи фонди давлатӣ ё фонди дигари манзилӣ дар навбати аввал, вале на дертар аз 6 моҳ, новобаста аз муддати дар ҳамин маҳалли аҳолинишин зиндагӣ карданашон, манзили истиқоматии хизматӣ диҳанд. Прокурорҳо ва муфаттишон ба масоҳати иловагии манзил ҳуқуқ доранд.

Прокурорҳо ва муфаттишҳо намояндагони ҳокимияти давлатӣ буда, таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Хешовандони наздики онҳо, дар мавридҳои истисноӣ бошад шахсони дигар, ки ба ҳаёт ва саломатиашон ба мақсади монеъ шудан ба фаъолияти қонунии прокурорҳо ва муфаттишон қасд карда мешавад, ҳамчунин моликияти онҳо таҳти чунин ҳимоя қарор доранд.

Прокурорҳо ва муфаттишон, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳалок шудаанд, ҳамчунин прокурорҳо ва муфаттишони аз хизмат ҷавобшудае, ки вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон дар натиҷаи ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтан ё ба саломатиашон расонидани зиёни дигар вафот кардаанд, аз ҳисоби маблағе дафн карда мешаванд, ки барои бо пул таъмин кардани мақомоти прокуратура ҷудо карда шудааст.

Прокурорҳо ва муфаттишон барои ба таври доимӣ гирифта гаштан ва нигоҳ доштани яроқи оташфишони хизматӣ, воситаҳои махсус ва истифодаи онҳо аз рӯи тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ҳуқуқ доранд.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба прокурор ё муфаттиш аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешавад. Тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, санҷиши ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нисбат ба прокурор ё муфаттиш, ба ғайр аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷиши ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд, салоҳияти истисноии мақомоти прокуратура мебошад.

Боздоштан, маҷбуран овардан, шахсан тафтиш намудани прокурор ё муфаттиш, азназаргузаронии амвол, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, ки онҳо истифода мебаранд, манъ аст, ба истиснои дастгир кардани онҳо дар ҷои содир кардани ҷиноят.

Нисбат ба хизматчиёни ҳарбии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, тиббӣ ва дигар намудҳои  таъминоти хизматчиёни ҳарбиро муқаррар менамояд, татбиқ мегардад.

 Моддаи  96 Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон. 

Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.

Моддаи тафсиршаванда принсипи таърихии ташкил ва фаъолияти мақомоти прокуратураро сабт намудааст. Тибқи ин принсип мақомоти прокуратура дар ҳолати дутобеиятӣ фаъолияти пурсамар бурда наметавонад, зеро ки қарор ва амали мақомоти маҳаллӣ, шахсони мансабдори он зери назорати прокурорӣ қарор мегирад. Маҳз бо ҳамин муқаррарот  прокуратура аз дигар мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти ҳифзи ҳуқуқро ба амал мебароранд (ба ҷузъ аз суд), фарқ мекунад.

Мустаққилияти прокурорҳо тавассути манъ будани дахолати дигар мақомотҳо ба кори прокуратура, салоҳият, тартиби таъин ва аз вазифа сабукдӯш намудани онҳо таъмин карда мешавад. 

Дахолат кардани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои динӣ, воситаҳои ахбори омма ва намояндагони онҳо, инчунин шахсони мансабдор ба фаъолияти прокуратура дар амалӣ намудани назорат аз болои иҷрои қонунҳо, тафтиши ҷиноятҳо ва дигар қонунвайронкуниҳо манъ аст.

Ба ҳар восита таъсир расонидан ба коркунони прокуратура бо мақсади монеъ шудан дар амалӣ намудани фаъолияти вазифавиашон ё фишор овардан бо мақсади қабул кунонидани қарори ғайриқонунӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонун мегардад.

Прокурорҳо ва муфаттишон вазифадор нестанд, ки оид ба моҳияти парвандаҳо ва маводи дар истеҳсолоташон буда ягон хел тавзеҳот диҳанд, онҳоро барои шинос шудан пешниҳод кунанд, ба ғайр аз ҳолатҳо ва тартибе, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои гузаронидани санҷишҳо бо супориши Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки бе розигии прокурор ё муфаттиш маълумоти санҷиш ва тафтишоти пешакиро то тамом шудани он ошкор кунад. Дар ин маврид худи прокурорҳо низ вазифадор карда шудаанд, ки сири санҷишҳои прокурорӣ ва тафтишоти пешакиро ҳифз намоянд.

Дар асоси қонун фаъолият намудани прокуратура барои дуруст иҷро намудани вазифаҳояш аҳамияти махсус дорад. Зеро ки вазифаи мақомоти прокуратура таъмин намудани волоияти қонун аст. Волоияти қонун дар мавриде таъмин карда мешавад, ки агар худи кормандони прокуратура Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро бечунучаро риоя ва иҷро кунанд. Дар ҳамин замина Прокурори генералӣ баҳри ба ҳаёт татбиқ намудани қонунҳо амру фармон ва нишондодҳое ба тасвиб мерасонад, ки ба талаботи қонун ҷавобгӯ бошанд.

Тибқи принсипи қонуният ҳеҷ як корманди мақомоти прокуратура наметавонад ҳангоми фаъолият аз доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонун берун шавад ва ё нисбат ба ягон ҳолати вайрон намудани қонун бетарафӣ зоҳир намояд.  

Иҷро накардани талаби қонунии прокурор ва муфаттиш, ки аз ваколатҳояш бармеояд, инчунин саркашӣ намудан аз ҳозиршавӣ ба даъвати онҳо боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ мегардад.

Дар сурати монеъ шудан ба фаъолияти тафтишотии муфаттишони мақомоти прокуратура шахс аз рӯи аломатҳои ҷиноятӣ қисми 2 моддаи 345 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Ва агар талаботи қонунии прокурор қасдона иҷро карда нашавад, ҷавобгарии маъмурӣ тибқи моддаи 532 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайян карда шуданаш мумкин аст.  

Моддаи  97 Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон. 

Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

Қоидаи мазкур баъд аз байн рафтани мафкураи коммунистӣ чун мафкураи ягонаи давлатӣ ва дар инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ворид шудани ғояи гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ҳамчун принсипи фаъолияти мақомоти прокуратура дар қонун барқарор карда шуд. Тибқи ин меъёри тапфсиршаванда довталабе, ки мехоҳад дар мақомоти прокуратура хидмат намояд, набояд  ба фаъолияти сиёсӣ ва соҳибкорӣ машғул шавад. Зеро аз як тараф, фаъолияти партияҳои сиёсӣ ва субъектони соҳибкорӣ аз нигоҳи риояи бечунучарои қонун зери назорати прокурор қарор гирифта, аз ҷониби дигар, ширкат дар кори партияҳои сиёсӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ мустақилияти прокурорро коҳиш медиҳад. 

Таҳти мафҳуми «прокурор» дар ин маврид ҳамаи кормандони фаврии мақомоти прокуратура, яъне прокурорҳо, ёрдамчиёни прокурорҳо, прокурорҳои шӯъбаю раёсатҳо, муфаттишон, кормандони муассисаҳои илмию таълимӣ, ба истиснои кормандони ёрирасони техникӣ, дар назар дошта шудааст.

Дар мақомоти прокуратура таъсис додани ҳар гуна созмони ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ дорад, манъ аст. Фаъолияти прокурорҳо наметавонад ба қарорҳои созмонҳои ҷамъиятӣ вобастагие дошта бошад. Баъзан зимни фаъолияти прокурор ва муфаттишон ҳолатҳое ба вуқӯъ мепайвандад, ки нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ, вакилон, аъзоёни партияҳои сиёсӣ чораҳои ҳуқуқӣ андешанд. Бинобар ин вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб будани прокурорҳо мустақилияти онҳоро коҳиш дода, ба кори таъмин намудани қонунияти ягона зарар мерасонад.

Прокурор наметавонад дигар фаъоляити меҳнатиро сарфи назар аз музднок ё бемузд будан ба амал барорад. Шахси ба вазифаи прокурор таъингардида ӯҳдадор аст, ки аз вазифаҳои ишғолкардааш, аз вакилии халқ будан истеъфо диҳад, аз узвият дар ҳизб ё созмони сиёсӣ даст кашад. Дар сурати соҳибкор будан ҳиссаи (саҳмияҳои) дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ қарордоштаи моликияти худро дар тамоми давраи фаъолияташ дар мақомоти прокуратура таҳти кафолат ба идоракунии эътимоднок диҳад.

Ҳамзамон прокурорҳо ҳуқуқ доранд ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шаванд, яъне дар соҳаи илми барояшон мувофиқ ба тадқиқот машғул шаванд, асарҳои илмиву бадеӣ эҷод намоянд, дар муассисаҳои таълимӣ ба омӯзгорӣ машғул шуда, барои ин музди меҳнат гиранд.

2.Хусусиятхои ташкил ва таъмини фаъолияти макомоти прокуратураи харби

Боби 9,моддахои 59-63 конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи макомоти прокуратураи Чумхурии Точикистон»  хусусиятхои  ташкил ва таъмини фаъолияти макомоти прокуратураи харбиро  ба тарики зайл нишон додаст:  

ХУСУСИЯТҲОИ ТАШКИЛ ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ

ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ

Моддаи 59. Мақомоти прокуратураи ҳарбӣ

Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо (минбаъд мақомоти прокуратураи ҳарбӣ) ба сохтори ягонаи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, ба Прокурори генералӣ тобеъ мебошанд.

Ба мақомоти прокуратураи ҳарбӣ муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарпрокурори ҳарбӣ роҳбарӣ мекунад. Сохтор ва шумораи кормандони прокуратураи ҳарбӣ аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ваколатҳои худро мақомоти прокуратураи ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, ба амал мебароранд.

Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки дар он Сарпрокурори ҳарбӣ (раис), муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони прокуратураи ҳарбӣ дохил мешаванд.

Шумора ва ҳайати шахсии мушовара бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералӣ муайян ва тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 60. Ваколатҳои прокурорҳои ҳарбӣ

Сарпрокурори ҳарбӣ ва прокурорҳои ба вай тобеъ дар доираи салоҳияташон дорои ваколатҳое мебошанд, ки Қонуни  конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд ва новобаста аз роҳбарияти мақомоти идораи ҳарбӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро амалӣ менамоянд.

Прокурорҳои ҳарбӣ ҳуқуқ доранд:

-дар маҷлисҳои ҳайати мушовара, шӯроҳои ҳарбӣ, ҷаласаҳои машваратии мақомоти идораи ҳарбӣ иштирок кунанд;

-ревизияву тафтишоти  ғайриидоравӣ таъин кунанд, ки хароҷоти гузаронидани онҳоро мутобиқи қарори прокурор мақомоти идораи ҳарбие мепардозанд, ки қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои мавриди тафтиш қарор гирифта дар таъминоти ин идора мебошанд;

-таъмини муҳофизат, нигоҳ доштан, посбонӣ карда бурдани шахсони дар гаупвахтаи гарнизон ва қисмҳои ҳарбӣ буда ва дар ҷойҳои нигоҳдории боздоштшудагон ва маҳбусонро аз қисмҳои дахлдори ҳарбӣ, посбонони қӯшуни дохилӣ, мақомот ва муассисаҳои корҳои дохилӣ талаб кунанд;

-аз гауптвахта, ҷойҳои дигари нигоҳдории боздоштшудагон ва маҳбусон шахсонеро фавран озод кунанд, ки ғайриқонунӣ дар он ҷо нигоҳ дошта мешаванд;

-дигар ваколатҳои дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ гардонанд.

Моддаи 61. Кадрҳои прокуратураи ҳарбӣ

Ба вазифаи прокурорҳо ва муфаттишони прокуратураи ҳарбӣ афсароне таъин карда мешаванд, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд ва ба талаботи моддаи 53-и ҳамин Қонуни конститутсионӣ ҷавоб медиҳанд.

Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарпрокурори ҳарбӣ  аз рӯи тартиби муқарраркардаи қисми 2-юми моддаи 14-и ҳамин Қонуни конститутсионӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Муовини аввал ва муовинони Сарпрокурори ҳарбиро Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

Прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳо, ки ба мӯҳлати 5 сол аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, ба Сарпрокурори ҳарбӣ ва Прокурори генералӣ тобеъ буда, ба онҳо ҳисобот медиҳанд.

Сардорони шӯъбаҳои Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони прокурори ҳарбии гарнизонҳо бо пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Прокурорҳои калони ҳарбӣ, прокурор-криминалисти калони ҳарбӣ, прокурорҳои ҳарбӣ, ки дар як вақт ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Сарпрокурори ҳарбӣ мебошанд, муфаттишони калон ва муфаттишони оид ба корҳои махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокурор-криминалистони прокуратураи ҳарбӣ, ёрдамчиёни калон, ёрдамчиён, муфаттишони калон ва муфаттишони прокуратураҳои ҳарбии гарнизонҳо аз тарафи Сарпрокурори ҳарбӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Афсарони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбиро доранд ва дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хизмат карда, дорои тамоми ҳуқуқу имтиёзҳое мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар кардааст.

Даъват ва дохил шудани шаҳрвандон ба хизмати харбии  мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ба эҳтиёт ҷавоб шудан ва ба истеъфо рафтанашон мувофиқи пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбӣ мутобиқи тартиби муқарарраркардаи қонун сурат мегирад.

Вазифаҳои прокурорҳои ҳарбӣ ва муфаттишон  ва рутбаҳои ба онҳо мувофиқ ба рӯйхати вазифаҳои ҳарбӣ дохиланд.

Рутбаҳои ҳарбӣ ба прокурорҳо ва муфаттишони ҳарбӣ мувофиқи пешниҳоди Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартибе ба амал бароварда мешавад, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ муқаррар шудааст ва аз тарафи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Рутбаҳои ҳайати олии афсариро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

Рутбаҳои ҳарбии афсарони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ба рутбаҳои дараҷавии кормандони прокуратура мувофиқ аст.

Прокурорҳои ҳарбӣ ва муфаттишон мутобиқи Низомнома дар бораи мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд. Ҳуқуқи ҳавасманд кардан ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашиданро Сарпрокурори ҳарбӣ ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.

Шумораи штатии хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ҳайати гражданӣ ба мақомоти прокуратураи ҳарбӣ мувофиқан аз ҳисоби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ ҷудо карда мешавад. Шумораи ҳайати шахсии прокуратураи ҳарбӣ ба шумораи штатии Қувваҳои Мусаллаҳ дохил мегардад.

Ташкил ва тартиби фаъолияти мақомоти прокуратураи ҳарбӣ бо Низомнома «Дар бораи мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 62. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоии          хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ

Нисбати хизматчиёни ҳарбии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, тиббӣ ва дигар намудҳои таъминоти хизматчиёни ҳарбиро муқаррар менамояд, татбиқ мегардад.

Ба шахсони ҳайати гражданӣ, ки прокурор ва муфаттиши ҳарбӣ намебошанд, иловапулӣ барои дараҷаҳои тахассусӣ мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Моддаи 63.  Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ

Таъминоти молиявии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ сурат мегирад.

Таъминоти моддию техникии мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, барои онҳо ҷудо кардани биноҳои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар навъҳои таъминот аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардад.

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд прокуратураҳои дар ҳудудашон воқеъгардидаро бо бинои хизматии муносиб ва кормандони онҳоро дар навбати аввал, вале на дертар аз 6 моҳ новобаста аз муддати дар ҳамин маҳалли аҳолинишин зиндагӣ карданашон бо бинои хизматии истиқоматӣ таъмин намоянд.

Биноҳои хизматии мақомоти прокуратураи ҳарбиро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қисмҳои ҳарбии наздиктарини ҷойгиршуда (новобаста аз тобеияташон) тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат мекунанд.

МАВЗӮИ КМРУ: Шиносоӣ бо Низомномаи прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

            Низомнома дар бораи прокуратураи харбии Чумхурии Точикистон бо Фармони Президенти Чумхурии Точикистон тахти раками 543 аз 16 сентябри соли 2008 тасдикшудааст.

            Замима:

                                                                                                     Бо Фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 сентябри соли 2008 № 543

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМА

ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҳАРБИИ ҶУМҳУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. ҚОИДАҳОИ УМУМИ

1. Сарпрокуратураиҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураиҳарбии гарнизонҳо (минбаъд мақомоти прокуратураиҳарби) ба сохтори ягонаи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад. Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарпрокурориҳарби (минбаъд Сарпрокурориҳарби) дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, назорат мекунад.

2. Асосҳоиҳуқуқии фаъолияти мақомоти прокуратураиҳарбии Ҷумҳурии

Тоҷикистонро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрииҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳоиҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, фармону супоришҳои Прокурори генерали ва Низомномаи мазкур муайян менамоянд.

II. ВАКОЛАТҳО

3. Мақомоти прокуратураиҳарби дорои ваколатҳои зерин мебошад:

– назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, оинномаҳоиҳарби ва дигар санадҳои меъёрииҳуқуқи дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаиҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати зиддикашшофииҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла дар мақомоти идоракунии идораҳои мазкур), Агентии таъмини амволи махсуси назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳоиҳарбии мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» таъсисшаванда (минбаъд Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарби), комиссариатҳоиҳарби ва шӯъбаҳои оперативии идораҳоиҳарби, мақомоти идораиҳарби, қисмҳо ва муассисаҳоиҳарби, корхонаҳо, муассисаҳои таълимиҳарби, қӯшунҳо, раёсату шӯъбаҳо, хадамоти ба онҳо тобеъ, командирон (сардорон) ва дигар шахсони мансабдориҳарби, инчунин ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои меъёрииҳуқуқие, ки онҳо қабул менамоянд;

– назорат ба риояиҳуқуқу озодиҳои хизматчиёниҳарби, хизматчиён, коргарон, ӯҳдадорониҳарбие, ки ба ҷамъомадҳоиҳарби даъват шудаанд, дигар шахсоне, ки мутобиқи конунгузори мақоми хизматчии харби доранд;

– назорати қонуни будани қарорҳои қабулкардаи мақомоте, ки парвандаҳо оид баҳуқуқвайронкунии маъмуриро барраси менамоянд, парвандаҳо ва маводҳо оид ба баҳсҳои хоҷаги, ки яке аз тарафҳо хизматчииҳарби мебошад;

– санҷиши риояи қонунҳо аз рӯи аризаҳо ва дигар маълумот дар бораи вайрон кардани қонуният, ки диққату эътибори бевоситаи прокурориҳарбиро талаб менамояд;

– иштирок дар баррасии парвандаҳои ҷинояти, граждаии ва хоҷаги аз ҷониби судҳоиҳарби;

– эътироз овардан баҳалнома,ҳукм, таъинот ва қарорҳои судҳо, ки хилофи қонун мебошанд, аз суд талаб карда гирифтани парванда ё гурӯҳи парвандаҳо, ки аз рӯи онҳоҳалнома,ҳукм, таъинот, қарорҳо эътибори қонуни пайдо намудаанд, бо тартиби пешбинишудаи қонунгузори амали гардонида мешавад;

– назорат ба риояи қонунҳоҳангоми иҷроиҳалномаҳои суди аз ҷониби иҷрочиёни судҳоиҳарби ва дигар мақомоти салоҳиятнок;

– назорат ба риояи қонунҳо ва оинномаҳоиҳарби дар гауптвахтаҳо ва дигар ҷойҳоиҳабси пешакии хизматчиёниҳарбии боздошт ваҳабсшуда, қисмиҳарбии интизоми, инчунинҳангоми иҷрои ҷазо дар қисмҳоиҳарби, ки судҳо муқаррар менамоянд;

– оид ба ҷиноятҳое, ки хизматчиёниҳарби ё уҳдадорониҳарби, ки ба ҷамъомадҳоиҳарби даъват шудаанд, инчунин шахсоне, ки мутобиқи қонунҳои ҷори мақоми хизматчииҳарби доранд;

– оид ба ҷиноятҳое, ки коргарон ва хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарбиҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон, ё ин ки аз ҷониби дигар шаҳрвандон дарҳудуди қисмҳоиҳарби, корхонаҳо, муассисаҳои таълимииҳарби, муассисаҳо ё ташкилотҳоиҳарби содир кардаанд;

-тафтиши парвандаҳои ҷинояти нисбати як ё гурӯҳи айбдоршавандаҳо, ки тобеи тафтиши мақомоти прокуратураиҳарби мебошанд, новобаста аз тобеияти тафтишотии дигар айбдоршавандаҳо ва тафтиши дигар парвандаҳои ҷинояти, бо супориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотиҳифзиҳуқуқ ва воҳидҳоиҳарби оид ба мубориза бар зидди ҷинояткори ва пешгирии он;

– таҳияи чораҳои пешгирии ҷиноятҳо ва дигарҳуқуқвайронкуниҳо дар вазорату идораҳоиҳарби, иштирок дар кори такмили қонунгузори ва тарҷиби қонунҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарби;

– дигар самтҳое, ки дахолати назорати прокурори зарур аст.

4. Мақомоти прокуратураиҳарби бо мақсади ба амал баровардани ваколатҳояшҳуқуқ дорад:

– иҷрои қонунҳоро дар асоси аризаҳо, шикоятҳо, муроҷиатҳо ва дигар маълумот оид баҳуқуқвайронкунии хизматчиёниҳарби ва шаҳрванд санҷад;

– барои гузаронидани санҷиш кормандони дигар мақомотиҳифзиҳуқук ва дигар вазорату идораҳоиҳарби, ташкилотҳои давлати ва ҷайридавлатиро ҷалб намояд;

– тафтиш (ревизияи) ва гузаронидани санҷиши фаъолияти вазорат, кумитаҳо, идораҳоиҳарби ва воҳидҳои онҳо, инчунин сохторҳои ҷайриҳарбие, ки дарҳудуди қисмҳоиҳарби ҷойгиранд, таъин кунад, инчунин дарҳолати зарури экспертиза таъин намояд;

– барои санҷиши қарорҳо, амру фармонҳо ва дигарҳуҷҷатҳо, маводҳо, маълумоти омори ва дигар маълумотро (асл ё нусхаи онҳоро) талаб намояд, дар бораи вазъи қонуният ва чораҳои таъмини он маълумот гирад;

– дар гауптвахтаҳо ва дигар ҷойҳои ҷобаҷокунии хизматчиёниҳарби риояи қонунҳо, оинномаҳоиҳарби ва дуруст нигоҳ доштани маҳбусонро санҷад;

– асоснокии ҷазоҳои интизоми, модди ва маъмурии хизматчиёниҳарбиро санҷида, дарҳолати ҷой доштани қонунвайронкуни ба онҳо эътироз оварад;

5. ҳангоми ошкор сохтаниҳуқуқвайронкуни прокурориҳарби ё муовинони ӯ дар доираи салоҳияти худҳуқуқ дорад:

– доир ба санадҳои вазорат, кумитаҳо, идораҳоиҳарби ва воҳидҳои онҳо, инчунин шахсони мансабдориҳарби, ки хилофи қонун мебошанд, эътироз биёрад;

– бо қарори худ шахсонеро, ки ҷайриқонуни дучори боздошти маъмури ва интизоми шудаанд, озод кунад;

– дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, муайян кардани сабаби қонунвайронкуни ва шароити мусоидаткунандаи онҳо таклифҳо пешниҳод намояд;

– дарҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунҳо бароиҳимояиҳуқуқу манфиатҳои вазорату кумитаҳо, идораҳоиҳарби ва воҳидҳои онҳо, хизматчиёниҳарби ва шаҳрвандон, ки қонун муҳофизат мекунад, ба суд муроҷиат кунад;

– мувофики тартиби муқарраркардаи қонун парвандаи ҷинояти, истеҳсолот оид баҳуқуқвайронкунии маъмури ё интизоми, истеҳсолот дар бораи ба ҷавобгарии модди кашидан оҷоз кунад;

– дар бораи бартараф кардани вайронкунии ошкорои қонун амр диҳад;

– қонуни будани гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи, истифодаи воситаҳои илмию техникиро санҷида, аз воҳидҳои оперативи-ҷустуҷӯи парвандаҳои фаври, маводҳо,ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумотро оид ба рафти фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯи барои тафтишот талаб намояд;

– қарорҳои ҷайриқонуни ва беасоси мансабдорони мақомотиҳарбиеро, ки фаъолияти оперативи-ҷустуҷӯиро ба амал мебароранд, бекор кунад;

– барои баҳабс гирифтан иҷозат (санксия) диҳад;

– иҷрои талаботҳои қонунро дар бораи қабул, бақайдгири, баррасии аризаҳо, хабарҳо ва дигар маълумот доир ба ҷинояти содиршуда, ё тайёршаванда дар мақомоти таҳқиқи Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарби санҷад;

-ҳар вақт, бидуни тафтиш ба қисмҳоиҳарби, гауптвахтаҳо ва қисмиҳарбии интизоми дарояд;

– аз фармондеҳии қисмҳоиҳарби, гауптвахта ва қисмиҳарбии интизоми муҳайё кардани шароити таъминиҳуқуқии боздоштшудагон, маҳбусон ва маҳкумшудагонро талаб намояд;

– боҳуҷҷатҳо ва бо маводҳои фаврие, ки дар асоси онҳо шахсон барои содир намудани ҷиноят боздошт,ҳабс, ё маҳкум шудаанд шинос шуда, онҳоро бозпурси намоянд;

– шахсони дар гауптвахта, қисмиҳарбии интизоми ва дигар ҷойи нигоҳдори ҷайриқонуни боздошт ва баҳабси пешаки кашидашударо бо қарори худ фавран озод намояд;

– ба қарорҳои ҷайриқонунии фармондеҳии қисмҳоиҳарби ва қисмиҳарбии интизоми дар бораи пешниҳод ё радди пешниҳоди шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшуда аз адои ҷазо, иваз кардани қисми адонакардаи ҷазо ба ҷазои сабуктар, эътироз оварад. То дида баромадани эътироз амали санади фармондеҳии қисмиҳарби ва қисмиҳарбии интизомие, ки ба он эътироз оварда шудааст, боздошта мешавад;

– Сарпрокурориҳарби ва прокурорҳоиҳарбии гарнизонҳоҳангоми ба амал баровардани вазифаҳои хизмати дигарҳуқуқҳои дар қонунҳо пешбинишударо доранд.

III. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

6. Мақомоти прокуратураиҳарбиро Прокурори генерали ва муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарпрокурориҳарби роҳбари мекунанд. Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии ТоҷикистонСарпрокурориҳарби аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сарпрокурориҳарби:

– низоми ягонаи мақомоти прокуратураиҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбари ва фаъолияти онро назорат менамояд;

– дар маҷлисҳои шӯроҳоиҳарби, ҷаласаҳоиҳайати мушовараи Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарби дар мавриди муҳокимаи масъалаҳои иҷрои қонунҳо, оинномаҳоиҳарби, мустаҳкам намудани қонуният, интизомиҳарби, пешгирииҳуқуқвайронкуни, тарбияиҳуқуқии хизматчиёниҳарби иштирок карда метавонад;

– фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарби, инчунин мақомоти манфиатдорро вобаста ба муҳокимаи масъалаҳои мубориза бар зидди ҷииояткори дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарбиҳамоҳанг месозад;

– маҷлиси машваратии Шӯроиҳамоҳангсозии мақомотиҳифзиҳуқуқ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳоиҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд;

– фармонҳо, дастурҳо, низомномаҳо ва дастурамалҳо мебарорад;

– барои додани рутбаҳоиҳарби ба прокурорҳоиҳарби, муфаттишон ва дигар кормандони мақомоти прокуратураиҳарби ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;

– такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураиҳарбиро ба роҳ мемонад;

– фаъолияти прокурорҳоиҳарбии гарнизонҳоро оид ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботиҳуқуқи ва мубориза бар зидди ҷинояткори дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарби санҷида, ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот медиҳад;

-ҳамчунин, дигар ваколатҳоеро, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳо пешбини кардаанд, дорад.

7. Дар Сарпрокуратураиҳарбиҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки дар он Сарпрокурориҳарби (раис) муовинони ӯ (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони прокуратураиҳарби дохил мешаванд. Шумора ваҳайати шахсии мушовара бо пешниҳоди Сарпрокурориҳарби аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

ҳайати мушовараи Сарпрокуратураиҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машварати буда, дар ҷаласаҳои он масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти прокуратураиҳарби,ҳолати назорат ба риояи қонунҳо, иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генерали, Сарпрокурориҳарби, масъалаҳои такмили ихтисоси кадрҳо,ҳисоботи сардорони шӯъбаҳо, прокурорҳоиҳарби ва дигар кормандони фаври шунида мешавад. Дар ҷаласаҳоиҳайати мушовара мумкин аст баёноти командирони қисмҳоиҳарби, роҳбарони мақомоти идораҳоиҳарби, ташкилотҳои давлати ва ҷайридавлати вобаста ба вайрон кардани қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрииҳуқуқи шунида шавад. Қарорҳоиҳайати мушовара ба диққатиҳамаи кормандони мақомоги прокуратураиҳарби расонида шуда, иҷрои бевоситаи он бо фармону супоришҳои Сарпрокурориҳарби амали карда мешавад.

8. Кормандони мақомоти прокуратураиҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомнома «Дар бораиҳавасмандгардони ва масъулияти интизомии прокурорҳо, муфаттишҳо ва дигар коркунони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои рутбаҳои дараҷави мебошанд» ва Оинномаҳоиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонҳавасманд ва ба ҷавобгарии интизоми кашида мешаванд.

9. Бо мақсади сари вақт огоҳ шудан ва чораандеши кардан вобаста баҳуқуқвайронкуниҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарби дар Сарпрокуратураиҳарби ва прокуратураҳоиҳарбии гарнизонҳо навбатдории оперативи ташкил карда мешавад.

Тартиби фаъолияти навбатдории оперативиро Низомномае, ки аз тарафи Сарпрокурориҳарби тасдиқ карда шудааст, ба танзим медарорад.

10. Сарпрокуратураиҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистои якҷоя бо вазорату идораҳоиҳарби дар бораи ҷинояткори, ошкор ва бақайдгирии ҷиноятҳо, аз тарафи хизматчиёниҳарби, кори тафтишоти ва назорати прокурори ба иҷрои қонунҳо, тартиби ягонаиҳисоботи омориро муқаррар мекунад, ки он аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Мақомоти таҳқиқи Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳоиҳарби вазифадоранд, аз рӯи тартиби муқарраркардаи Сарпрокурориҳарби оид ба ҷиноятҳои содиршуда ва дигарҳуқуқвайронкуниҳо ба мақомоти прокуратураиҳарбиҳисоботи омори пешниҳод намоянд.

12. Шӯъбаҳои Сарпрокуратураиҳарби ва прокурорҳоиҳарбии гарнизонҳо тибқи тартиби муқарраргардидаҳисобот пешниҳод менамоянд.

13. Таъминоти молиявии мақомоти прокуратураиҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон азҳисоби маблаҷҳои буҷети ҷумҳурияви амали мегардад.

14. Суроuаи Сарпрокуратураиҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳути, 16 мебошад.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.