Навъҳои (шаклҳои) таърихии мурофиаи ҷиноятӣ

Вобаста аз вақтҳои гуногуни мавҷудият ва инкишофи мурофиаи ҷиноятӣ чор шакли он: айбдоркунанда, ҷустуҷӯӣ (инквизитсионӣ), мубоҳисавӣ ва омехта ҷудо карда мешаванд.

Мурофиаи айбдоркунанда яке аз навъҳои таърихии мурофиаи ҷиноятӣ буда, дар давраи ғуломдорӣ ба вуҷуд меояд ва дар марҳилаи аввали ҷомеаи феодалӣ пурра инкишоф меёбад. Хусусияти хоси ин навъи мурофиаи ҷиноятӣ эътирофи вазъи махсуси айбдоркунанда мебошад, ки ба сифати он одатан шахси аз ҷиноят зарардида баромад менамуд. Дар ин навъи мурофиа оғоз кардан ва қатъ намудани парванда аз иродаи айбдоркунанда вобаста буд. Низоми далелҳо, ки зери таъсири ҷаҳонбиниҳои динии ҳамонвақта ба вуҷуд омада буд, аз қасамхурӣ, муҳориба ва дигар намудҳои санҷиш (бо оташ, об ва ғайра) иборат буданд.

Мурофиаи ҷустуҷӯӣ (инквизитсионӣ) дигар навъи таърихии мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки ба мисли мурофиаи айбдоркунанда дар давраи ғуломдорӣ ба вуҷуд омада, дар давраи мутлақият нисбатан васеъ паҳн мегардад. Тибқи қоидаҳои мурофиаи ҷутуҷӯӣ судя дар як вақт бояд функсияи муфаттиш, айбдоркунанда ва дар ҳаҷми муайян функсияи ҳимояро низ иҷро менамуд. Дар ин навъи мурофиа айбдоршаванда аз имконияти ҳимоя кардан маҳрум буд. Ӯ на ҳамчун субъекти мурофиа, балки объекти он ҳисобида мешуд. Ба мурофиаи ҷустуҷӯӣ низоми далелҳои формалӣ хос буд, ки пеш аз ҳама дар танзими сахти амалҳо оид ба баҳодиҳии далелҳо инъикос меёбад. Қоидаҳои зиёди исботкунӣ муқаррар шуда буданд. Масалан, ҳангоми ба гуноҳи худ иқрор шудани айбдоршаванда – «далелҳои шоҳона» ба зан нисбат ба мард ва ба камбағал нисбат ба бой камтар бовар карда мешуд. Табъиз (пытка) усули иҷозатнашудаи ба даст овардани далелҳо маҳсуб намеёфт. Дар мурофиаи ҷустуҷӯӣ се намудҳои ҳукм маълум буд: ҳукми айбдоркунанда, ҳукми сафедкунанда, ҳангоми кофи набудани далелҳо барои маҳкум намудан ҳукми ҳамчун гумонбар мондани шахс (қоидаи ба манфиати айбдоршаванда ҳал намудани шубҳа амал намекард)[1].

Мурофиаи мубоҳисавӣ, ки аз мурофиаи айбдоркунанда инкишоф ёфтааст дар давлатҳои низоми ҳуқуқи англосаксонӣ нисбатан васеъ паҳн гардида, ба қоидаи асосӣ, ки тибқи он мурофиа – ин баҳси байни давлат ва шаҳрванди ҷинояткор дар суд мебошад, ки дар ин баҳс ҳар ду тараф имкониятҳои баробари ҳуқуқӣ доранд.

Дар ин баҳс суд вазифаи «довари беғавраз»-ро иҷро намуда, аз он назорат мебарад, ки қоидаҳои баҳс чи тавр риоя мешаванд ва кӣ баҳсро бурд мекунад. Ба далелҳо вобаста аз ақидаи ботинии судя бо назардошти баъзе аломатҳои далелҳои форалӣ (ба иқрор шудани айбдоршаванда ба айби худ аҳамияти махсус додан ва ғайра) баҳо дода мешавад. Таърихан ин шакли мурофиа дар Англия ташаккул меёбад ва баъд онро калонияҳои собиқи Англия қабул мекунанд, ки дар замони муосир низ ин шакл дар он ҷойҳо бо хусусиятҳои умумияш вуҷуд дорад (Масалан, дар ИМА, Канада, Австралия).

Мурофиаи омехта номи худро аз омезиш ёфтани баъзе аломатҳои мурофиаи ҷустуҷӯӣ дар марҳилаҳои тосудӣ (қариб пурра мавҷуд набудани принипи ошкоро, маҳдуд кардани имконияти айбдоршаванда аз ҳуқуқи ҳимоя, хаттӣ будани пешбурд ва ғ.) ва аломатҳои мурофиаи мубоҳисавӣ дар суд (оммавӣ будани маҷлиси суд, таъмини ҳуқуқи ҳимоя ба судшаванда, баҳодиҳӣ ба далелҳо аз ҷониби судя аз рӯи ақидаи ботинӣ ва ғайра) гирифтааст. Асосҳои ин навъи мурофиаи ҷиноятӣ соли 1808 дар КМҶ Франсия муқаррар шуда, баъдтар дар қонунгузории дигар давлатҳо (бештар дар қонунгузории давлатҳои Аврупои континенталӣ), аз ҷумла Олмон, Италия, Австрия, Белгия инкишоф дода шудаанд.

Мурофиаи ҷиноятӣ дар қаламрави Тоҷикистони таърихӣ низ баъд аз ҳамроҳ гардидан ба Руссия зери таъсири низоми ҳуқуқи континенталӣ ташаккул ва инкишоф меёбад. Бо кодификатсияи соли 1961 дар самти беҳтаргардии танзимнамоии ҳуқуқии қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуд, ки дар демократикунонии мурофиа ва инкишофи кафолатҳои шахсӣ ифода меёфтанд.

Бо саршавии марҳилаи бозсозӣ дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ тағйиротҳои ҷиддӣ дохил карда шуданд. Бори нахуст баъд аз инқилоб имконияти таъсиси судҳои халқӣ (суда присяжных) пешбинӣ шуд. То андозае кафолати дахлнопазирии шахс, ҳуқуқ барои ҳимоя васеъ гардида, асосҳои мустақилияти судҳо мустаҳкам гардид ва бори нахуст барои беэҳтиромӣ нисбати суд ҷавобгарӣ муқаррар гардид. Ҳамчунин зарурати ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ эълом гардида буд.

7 Загрузки
test

Добавить комментарий