Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ

4.1. МАФҲУМ ВА ТАСНИФИ ИШТИРОКЧИЁНИ

МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ

Дар моддаи 6 КМҶ ҶТ мафҳумҳои «иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ» ва «иштирокчиёни дигари мурофиаи ҷиноятӣ» оварда шудаанд. Инчунин мавриди зикр аст, ки фасли дуввуми КМҶ ҶТ «Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» номида шуда, 5 боб (бобҳои 4, 5, 6, 7, 8,) ва 39 модда (моддаҳои 33-71)- ро дар бар мегирад.

Дар назарияи мурофиаи ҷиноятӣ оиди ин масъала ақидаҳо гуногун мебошанд[1].

Баъзан иштирокчиёни марофиаи ҷиноятӣ гуфта танҳо шахсоне фаҳмида мешаванд, ки дар кори ҷиноятӣ шахсан манфиат доранд ё манфиати шахсони дигарро намояндагӣ мекунанд. Муаллифони чунин нуқтаи назар айбдоршаванда, ҷабрдида, ҳимоячӣ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ва намояндагони онҳо, айбдоркунанда ва ҳимоячии ҷамъиятиро иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ меҳисобанд, вале мақомоти давлатӣ, шоҳидон, экспертҳо, шахсони холис ва дигаронро, ки дар мурофиа манфиат надоранд, иштирокчии мурофиаи судии ҷиноятӣ намеҳисобанд.

Ҷонибдорони нуқтаи назари дигар иштирокчини мурофиаи ҷиноятӣ гуфта, суд, прокурор, ҳимоячӣ, муфаттиш, таҳқиқбаранда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ҷавобгари гражданӣ ва даъвогари гражданиро, ки функсияҳои мурофиавии ҷиноятиро иҷро мекунанд, мефаҳманд.

Гурӯҳи сеюм бошанд иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ гуфта, тамоми шахсони дар кор иштироккунандаро, новобаста аз манфиати шахсӣ ва иҷрои функсияҳои мурофиавӣ дар назар доранд, ки ин нуқтаи назарро мо низ ҷонибдорӣ менамоем. Зеро дар мурофиаи ҷиноятӣ на танҳо шахсони манфиатдор, намояндагони онҳо ва ё субъектоне, ки функсияҳои мурофиавии ҷиноятиро иҷро менамоянд, иштирок мекунанд. Ба ғайр аз онҳо, инчунин боз иштирокчиёни дигареро низ номбар кардан мумкин, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок намуда барандаи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавӣ мебошанд. Ба инҳо шоҳид, мутахассис, коршинос(эксперт), тарҷумон, шахси холис, кафилон, котиби маҷлиси судӣ мисол шуда метавонанд. Ин иштирокчиён функсияҳои мурофиавии ҷиноятиро иҷро карда наметавонанд, дар парвандаи ҷиноятӣ манфиати худро надоранд ва иштироки онҳо дар мурофиа хусусияти яклаҳзаина дорад.

Ҳамин тавр, иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ гуфта мақомотҳои давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие фаҳмида мешаванд, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда, мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ барандаи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муайяни мурофиавӣ мебошанд.

Дар асоси таҳлили фасли дуввуми КМҶ ҶТ иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятиро чунин тасниф кардан мумкин аст:

  • Суд ҳамчун баамалбарорандаи адолати судӣ (боби 4 КМҶ ҶТ);
  • Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки таъқиби ҷиноятиро анҷом медиҳанд (боби 5 КМҶ ҶТ);
  • Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои худ ё намояндагиашонро ҳимоя менамоянд (боби 6 КМҶ ҶТ);
  • Иштирокчиёни дигари мурофиаи судии ҷиноятӣ (боби 7 КМҶ ҶТ).

 

4.2. СУД ҲАМЧУН ИШТИРОКЧИИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилияти ҳокимияти судиро муқаррар менамояд, ки он аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад[2].

Суд ҳамчун иштирокчии мурофиаи судии ҷиноятӣ мақоми сарвариро ишғол менамояд. Танҳо суд метавонад адолати судиро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ амалӣ гардонад. Ба ғайр аз суд дигар ягон мақомот ё шахси мансабдоре наметавонад шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор донад ва нисбати ӯ ҷазои ҷиноӣ татбиқ намояд. Яъне танҳо суд бо ҳукми ба амал даромадаи худ метавонад шахсро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор донад ва ба ӯ ҷазои ҷиноятӣ татбиқ намояд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ зери мафҳуми «суд» тамоми судҳои салоҳияти умумидошта, ки мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятиро моҳиятан баррасӣ менамоянд, фаҳмида мешаванд.

Мутобиқи моддаи 33 КМҶ ҶТ адолати судиро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия амалӣ мекунанд.

Парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум дастаҷамъона ва ё танҳо баррасӣ карда мешаванд. Суди марҳилаи якум гуфта суде дар назар дошта мешавад, ки ваколати моҳиятан баррасӣ ва қабул кардани қарори нахустинро оид ба парвандаи ҷиноятӣ дорад.

Дар суди марҳилаи якум парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин дастаҷамъона баррасӣ карда мешаванд. Баррасии дастаҷамъонаи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд дар ҳайати судя ва ду нафар машваратчии халқӣ анҷом дода мешавад. Машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд.

Судя дар марҳилаи якум парвандаҳои ҷиноятиро оид ба ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна танҳо баррасӣ менамояд.

Парвандаи ҷиноятӣ ба ғайр аз суди марҳилаи якум, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун дар суди марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ низ баррасӣ карда мешаванд.

Суди марҳилаи кассатсионӣ гуфта судеро мефаҳманд, ки парвандаро аз рӯи шикоят ва эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдо накардаи суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад. Мутобиқи моддаҳои 34 ва 365 КМҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи кассатсионӣ аз тарафи суд дар ҳайати се нафар судя баррасӣ карда мешавад.

Суди марҳилаи назоратӣ бошад судест, ки парвандаи ҷиноятиро аз рӯи шикоят, эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди марҳилаи якум ва ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ менамояд. Парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ дар коллегияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Коллегия оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар ҳайати се нафар судя, дар раёсати суди ВМКБ, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат баррасӣ карда мешавад[3].

Дар моддаи 35 КМҶ ҶТ якчанд ваколатҳое муқаррар шудаанд, ки танҳо ба суд ҳамчун иштирокчии мурофиаи судии ҷиноятӣ хос дониста шудаанд. Мутобиқи моддаи зикршудаи КМҶ ҶТ танҳо суд ҳуқуқ дорад:

  • шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо таъин кунад;
  • нисбат ба ноболиғ чораҳои дорои хусуияти тарбиявиро мутобиқи боби 44 КМҶ ҶТ таъин кунад;
  • нисбат ба шахс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро мутобиқи боби 45 КМҶ ҶТ таъин кунад;
  • барои шахсро ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан иҷозат диҳад ва ё мӯҳлати онро дароз кунад;
  • санадҳои қабулкардаи судҳои марҳилаи поёниро бекор кунад ва ё тағйир диҳад;
  • оид ба гузаронидани экспертизаи судӣ-тиббӣ ё судӣ-равонпизишкӣ барои дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ ҷой кардани гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки дар ҳабс намебошад, иҷозат диҳад;
  • барои азназаргузаронии манзил, дар сурати рози набудани шахсони маскуни он, иҷозат диҳад;
  • барои кофтукови манзил иҷозат диҳад;
  • ба ҳабси молу мулк иҷозат диҳад;
  • барои кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисоби маблағи бонкӣ иҷозатдиҳад;
  • барои ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигаҳдории бонк ва ташкилотҳои кредитӣ қарор доранд, иҷозат диҳад;
  • ба ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо дар муассисаи алоқа иҷозат диҳад;
  • дар бораи муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда мувофиқи моддаи 114 КМҶ ҶТ қарор қабул кунад;
  • ба гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар гуфтугӯҳо иҷозат диҳад;
  • дар ҳолатҳои пешбининамудаи КМҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, онро барои гузаронидани тафтиши пешакӣ аз рӯи тобеият ба мақомоти дахлдор ирсол намояд;
  • дигар ваколатҳоеро, ки КМҶ ҶТ пешбинӣ кардааст, амалӣ намояд.

Агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, инчунин риоя накардани муқаррароти қонун, ки зимни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии судӣ ошкор карда мешаванд, суд, судя ҳуқуқ доранд нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд. Суд, судя ҳуқуқ доранд дар дигар ҳолатҳо низ таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.

4.3. ИШТИРОКЧИЁНЕ, КИ ТАЪҚИБИ ҶИНОЯТИРО АНҶОМ МЕДИҲАНД

Ба иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, ки таъқиби ҷиноятиро анҷом медиҳанд, иштирокчиёне дохил мешаванд, ки таъқиби ҷиноятиро бевосита анҷом медиҳанд ё худ дар амалӣ гардонидани функсияи таъқиби ҷиноятӣ ширкат меварзанд. Инҳо прокурор; роҳбари мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия; сардори воҳиди тафтишот; муфаттиш; мақомоти таҳқиқ; сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда; ҷабрдида; айбдоркунандаи хусусӣ; даъвогари гражданӣ; намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ мебошанд.

1) Прокурор шахси мансабдори давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти худ айбдоркуниро аз номи давлат ба амал бароварда, дар ҳамаи давраҳои мурофиаи ҷиноятӣ таъқиби онро мутобиқи КМҶ ҶТ таъмин менамояд.

Зери мафҳуми «прокурор» дар қонуни мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шӯъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шӯъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо ва ба онҳо баробаркардашуда, прокурорҳои ноҳияҳо, шаҳрҳо, ҳарбии гарнизонҳо, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ, муовинон, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор-криминалистҳои калон ва прокурор-криминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд, дар назар дошта шудаанд[4].

Прокурор назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ амалӣ менамояд.

Прокуроре, ки дар баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, айбдоркунандаи давлатӣ номида мешавад. Ҳангоми тақвияти айбдоркунии давлатӣ прокурор мавқие худро оид ба масъалаҳои татбиқи қонуни ҷиноятӣ ва таъин намудани ҷазо нисбат ба судшаванда, тибқи талаботи қонун ва эътимоди ботинии хеш, ки бо натиҷаҳои таҳқиқи ҳамаи ҳолатҳои парванда асоснок шудааст, изҳор менамояд.

Прокурор ҳуқуқ дорад дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ оид ба бекор кардани санади қабулкардаи суд ба суди болоӣ эътироз оварад.

Прокурор ҳуқуқ дорад бо асос ва тартиби пешбининамудаи КМҶ ҶТ то лаҳзаи ба хонаи машфаратӣ барои баровардани ҳукм даромадани суд аз таъқиби ҷиноятӣ ва айбдоркунӣ даст кашид.

Бояд қайд намуд, ки бо қабули Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурор аз як қатор ваколатҳояш, ба монанди додани иҷозат барои татбиқи чораи пешгирии ҳабси пешакӣ, кофтуков ва баъзе дигар ваколатҳо маҳрум гардид.

2) Роҳбари макомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ҳуқук дорад барои тафтиши ҷинояти алоҳида ё якчанд ҷиноят аз ҳисоби кормандони ҳамин мақомот гурӯҳи тафтишоти фаврӣ таъсис диҳад.

3) Сардори воҳиди тафтишот шахси мансабдоре мебошад, ки ба раёсат, шӯъба ва дигар воҳидҳои тафтишот дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои худ роҳбарӣ мекунад. Мутобиқи моддаи 38 КМҶ ҶТ сардори воҳиди тафтишот ҳамчун иштирокчии мурофиаи ҷиноятӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:

  • ба фаъолияти муфаттишон доир ба тафтиши ҷиноятҳо назорат мекунад;
  • барои пурра, ҳаматарафа ва холисона тафтиш кардани ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ чораҳо меандешад;
  • парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ба пешбурди худ қабул мекунад ё пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятиро ба муфаттиш месупорад;
  • пешбурди парвандаи ҷиноятиро аз як муфаттиш гирифта, ба муфаттиши дигар медиҳад;
  • ба прокурор дар бораи бекор кардани қарорҳои беасос қабулкардаи муфаттиш дархост пешниҳод мекунад;
  • аз тарафи муфаттишон риоя шудани мӯҳлати тафтиши пешакиро назорат мекунад;
  • аз тарафи муфаттишон иҷро шудани дастурҳои прокурорро таъмин менамояд;
  • пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро ба якчанд муфаттиш месупорад;
  • иҷрои супоришҳои дигар муфаттишонро, ки КМҶ ҶТ муқаррар намудааст, назорат кунад;
  • дар тафтиши парвандаи ҷиноятии дар пешбурди муфаттиш қарордошта иштирок намуда, ҳамзамон аз ваколатҳои муфаттиш истифода барад.

Дастурҳои сардори воҳиди тафтишот оид ба парвандаи ҷиноятӣ мустақилияти муфаттиш ва ҳуқуқҳои дар моддаи 39 КМҶ ҶТ муқарраршудаи ӯро маҳдуд карда наметавонанд. Дастурҳо ба муфаттиш дар шакли хаттӣ дода мешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад.

4) Муфаттиш шахси мансабдори давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ ваколатдор аст, ки тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро анҷом диҳад. Муфаттиш ҳамчун иштирокчии мурофиаи судии ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 39 КМҶ ҶТ ваколатҳои зеринро дорад:

  • дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 140 КМҶ ҶТ нишондодашуда парвандаи ҷноятӣ оғоз менамояд;
  • парвандаи ҷиноятиро ба пешбурди худ қабул намуда, амалҳои тафтишӣ мебарад;
  • оид ба парвандаи ҷиноятӣ мустақилона қарор қабул мекунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки КМҶ ҶТ гирифтани розигии прокурор ё иҷозати судро талаб мекунад;
  • пешбурди парвандаи ҷиноятиро саривақт анҷом медиҳад;
  • дар бораи ба сифти айбдоршаванда кашидани шахс, бандубасти ҷиноят, андозаи айбдорӣ қарор қабул мекунад;
  • пешбурди парвандаи ҷиноятиро бо тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ қатъ кунад ё ба суд равон кунад;
  • дар ҳолати розӣ набудан ба дастури прокурор ҳуқуқ дорад бо изҳори хаттии норизоии худ парвандаро ба прокурори болоӣ ирсол намояд;
  • бо маводи оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти таҳқиқ, ки бо парвандаи тафтишшаванда алоқаманд аст, мутобиқи қонунгузорӣ шинос шавад;
  • ба кормандони мақомоти таҳқиқ барои гузаронидани амалҳои фаврӣ ва тафтишӣ супоришу дастурҳои хаттие диҳад, ки иҷрояшон ҳатмӣ буда, мусоидати ин мақомотро дар пешбурди амалҳои тафтишӣ талаб намояд;
  • барои тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва воқеъбинонаи парвандаи ҷиноятӣ чора андешад;
  • нисбат ба шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят далелҳои кофии тасдиқкунанда ҷамъоварӣ шудааст, айб эълон кунад;
  • бо тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ чораи пешгирӣ интихоб кунад;
  • таъқиби ҷиноятиро анҷом диҳад ва парвандаро бо фикри айбдоркунӣ ба прокурор супорад.

Иҷрои қарорҳои қабулкардаи муфаттиш оид ба парвандаи ҷиноятие, ки таҳти пешбурди ӯ қарор дорад, барои ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.

5) Мақомоти таҳқиқ гуфта мутобиқи қисми 1 моддаи 40 КМҶ ҶТ чунин мақомот дар назар дошта мешаванд:

  • воҳидҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • воҳидҳои мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • сардорони муассисаҳои ислоҳӣ;
  • воҳидҳои мақомоти назорати давлатии зидди сухтор;
  • воҳидҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • воҳидҳои мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • воҳидҳои мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • воҳидҳои мақомоти махсусгардондашудаи мубориза бо коррупсия.

Мақомоти таҳқиқ вазифадоранд: аризаҳо ва маълумот дар бораи ҷинояти содиршуда ё ҷинояти нотамомро қабул кунанд, ба қайд гиранд ва баррасӣ намоянд; оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати онҳо тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, таҳқиқ гузаронанд; оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати онҳо тафтиши пешакӣ ҳатмист, амалҳои таъхирнопазирро иҷро намоянд; пешбурди тафтиши пешакиро дар ҳолатҳое, ки КМҶ ҶТ пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.

Оғози парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 146 КМҶ ҶТ ва иҷрои амалҳои тафтишии таъхирнопазир ба зиммаи инҳо вогузошта шудааст:

  • сардорони дастаҳо ва гурӯҳҳои ҷустуҷӯи геологии зимистонгузароние, ки аз маҳалли будубоши мақомотҳои таҳқиқи дар боло зикргардида (қ.1 моддаи 40 КМҶ ҶТ) дар масофаи дур ҷойгиранд – оид ба ҷиноятҳое, ки дар маҳалли будубоши дастаю гурӯҳҳои мазкури зимистонгузаронӣ содир карда шудаанд;
  • роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон – оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳое, ки дар ҳудуди намояндагиҳо ва муассисаҳои мазкур одир карда шудаанд.

6) Сардори воҳиди таҳқиқ шахси мансабдор буда, тибқи муқаррароти КМҶ ҶТ нисбат ба таҳқиқбарандагони тобеи худ ваколатҳои зеринро дорад:

  • гузаронидани санҷши арзу шикоятҳоро дар бораи ҷиноят ба таҳқиқбаранда месупорад;
  • оид ба ҳалли арзу шикоят тибқи муқаррароти моддаи 145 КМҶ ҶТ қарор қабул мекунад;
  • амалҳои фаврии тафтишӣ ё таҳқиқиро вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ мегузаронад;
  • парвандаи ҷиноятиро аз як таҳқиқбаранда гирифта, ба дигар таҳқиқбаранда месупорад;
  • ба прокурор ҷиҳати бекор кардани қарори ғайриқонунӣ ё беасоси таҳқиқбаранда оид ба рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ дархост пешниҳод менамояд;
  • парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пешбурди онро амалӣ намояд ва дар ҳаҷми пурра бо истифода аз ваколатҳои таҳқиқбаранда амалҳои таҳқиқӣ гузаронад;
  • маводи парвандаи ҷиноятиро мавриди омӯзиш қарор диҳад;
  • ба таҳқиқбаранда оид ба гузаронидани тафтиш, амалҳои алоҳидаи тафтишӣ, интихоби намуди чори пешгирӣ нисбат ба гумонбаршуда, бандубасти ҷиноят ва андозаи айбдорӣ супоришҳо диҳад.

Супоришҳои сардори воҳиди таҳқиқ оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар шакли хаттӣ дода шуда, иҷрои онҳо аз тарафи таҳқиқбаранда ҳатмӣ мебошад. Таҳқиқбаранда дар сурати ба супориш розӣ набудан ҳуқуқ дорад ба прокурор арз намояд. Аммо арз намудани шикоят иҷрои супоришҳоро боз намедорад.

7) Таҳқиқбаранда шахси мансабдор буда, тибқи муқаррароти қисми 3, моддаи 41 КМҶ ҶТ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

  • амалҳои тафтишӣ ва дигар амалҳои мурофиавиро мустақилона анҷом медиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо КМҶ ҶТ тасдиқи онҳо аз тарафи сардори воҳиди таҳқиқ, иҷозати прокурор ё суд пешбинӣ шудаанд;
  • ҳангоми пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятие, ки ба он тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, қоидаҳои бо КМҶ ҶТ барои тафтиши пешакӣ пешбинишударо, ба истиснои муқаррароти боби 20 КМҶ ҶТ, ба роҳбарӣ мегирад.

Бояд қайд намуд, ки дар боби 20 КМҶ ҶТ

Таҳқиқбаранда тибқи қисми 4, моддаи 41 КМҶ ҶТ вазифадор аст:

  • бо супориши сардори мақомоти таҳқиқ дар ҳолатҳои таъхирнопазир парвандаи ҷиноятиро, ки нисбат ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, оғоз намуда, амалҳои тафтишии таъхирнопазир ва чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ андешад ва дар ин бора дар мӯҳлати на дертар аз 24 соат ба прокурор ва мақомоти пешбурди тафтишоти пешакӣ хабар диҳад;
  • супоришҳои суд, судя, прокурор, мақомоти тафтишоти пешакӣ, сардори мақомоти таҳқиқро дар бори анҷом додани амалҳои алоҳидаи тафтишӣ, дар бораи татбиқи чораҳои таъмини амнияти шахсони дар мурофиаи ҷиноятӣ иштироккунанда иҷро намояд.

Дастурҳои суд, судя, прокурор, мақомоти тафтишоти пешакӣ, сардори мақомоти таҳқиқ барои таҳқиқбаранда ҳатмӣ мебошанд. Аммо таҳқиқбаранда ҳуқуқ дорад нисбати дастурҳои сардори мақомоти таҳқиқ ба прокурори назоратбаранда ва нисбати дастурҳои прокурор бошад ба прокурори болоӣ шикоят кунад. Шикоят кардан иҷрои супоришҳоро бознамедорад, ба истиснои дастурҳои бандубасти ҷиноят, андозаи айбдоркунӣ, ҳангоми ба прокурор супоридани парвандаи ҷиноятӣ ваминбаъд ба суд равон кардан ё қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ.

8) Ҷабрдида[5]. Шахсе, ки сарфи назар аз синну сол, ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ба ӯ аз ҷиноят зарари ҷисмонӣ, моддӣ, маънавӣ расонида шудааст, инчунин шахсе, ки ҳуқуқу манфатҳои ӯ зери таҳдиди бевоситаи сӯиқасд ба ҷиноят қарор гирифтааст, ҷабрдида эътироф карда мешавад.

Ба сифати ҷабрдида шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эътироф шуда метавонанд. Шахси ҳуқуқӣ ҳамон вақте ҷабрдида эътироф карда мешавад, ки агар дар натиҷаи содир гардидани ҷиноят ба ӯ зарари моддӣ ё маънавӣ расида бошад. Дар ин сурат ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҷабрдидаро намояндаи шахси ҳуқуқӣ татбиқ мекунад. Дар бораи ҷабрдида эътироф кардани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор баъди муқаррар кардани ҳодисаи ҷиноят ва воқеияти бар асари ҷиноят расидани зарар фавран қарор қабул карда, суд таъинот мебарорад.

Мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятии пештара ба сифати ҷабрдида танҳо шахси воқеӣ баромад карда метавонист. Чунин эътироф мегардид, ки ба корхона, муассиса ва ташкилот зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ намерасад. Дар мавриди аз ҷиноят ба шахси ҳуқуқӣ расидани зарари моддӣ, вай даъвогари гражданӣ эътироф карда мешуд[6].

Бояд қайд намуд, ки зарари маънавӣ дар дучори ҳисси тарс, таҳқир дидан, аз даст додани ҷои кор, фош гардидани сирри оилавӣ, паҳн гардидани маълумоте, ки аз воқеият дур аст, дигар дарду аламе, ки бо марги хеши наздик алоқаманд аст ва ғайра ифода ёфта метавонад. Зарари ҷисмонӣ дар расонидани захмҳо, лату куб, аз даст додани саломатӣ ва дигар азияти ҷисмонӣ ва зарари моддӣ бошад дар маҳрумиятҳо аз арзишҳои моддӣ, амвол ва ғайра ифода меёбад.

Мутобиқи моддаи 42 КМҶ ҶТ ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ӯ ҳуқуқ доранд: далелҳо пешниҳод кунанд; дархост ё раддия изҳор кунанд; бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонанд, нишондод диҳанд; аз кӯмаки тарҷумон ройгон истифода баранд; намоянда дошта бошанд; бо протоколи амалҳои тафтишӣ, ки бо иштироки онҳо гузхаронида шудаанд, шинос шаванд ва ба онҳо эродҳо баён кунанд; бо иҷозати муфаттиш ё таҳқиқбаранда дар амалҳои тафтишӣ, ки тибқи дархости ӯ ё дархости намояндааш амалӣ мешаванд, иштирок кунанд; пас аз анҷоми тафтиш бо ҳамаи маводи тафтишот шинос шаванд, аз онҳо ҳамагуна маълумотро ба андозаи гуногун барои худ рӯйнавис кунанд, дар суди марҳилаи якум дар муҳокима ва музокираҳои судӣ оид ба парванда иштирок кунанд; бо протоколи маҷлиси суд шинос шаванд ва нисбат ба он эродҳои худро изҳор кунанд; аз амал ё қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, покурор, суд, судя шикоят кунанд; аз ҳукм ё таъинот ё қарори суд шикоят намоянд; аз шикоят ва эътирозе, ки нисбат ба парванда баён шудааст, хабардор карда шаванд ва нисбат ба онҳо норозигӣ баён кунанд; дар баррасии судии эътирозу шикоятҳои пешниҳодгардида иштирок намоянд.

Ҳамчунин дар моддаи зикршуда якчанд ӯҳдадориҳои ҷабрдида низ муқаррар карда шудаанд. Чунончӣ ҷабрдида вазифадор аст: бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳозир шавад, дар бораи ҳамаи маълумоте, ки доир ба парванда ба ӯ маълум аст, хабар дода, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавоб диҳад; мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакиро, ки барояш маълуманд, фош накунад; ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиби муайяншударо риоя намояд.

Ҷабрдида ҳангоми ба даъват бе сабабҳои узрнок ҳозир нашуданаш маҷбуран оварда мешавад. Ӯ барои саркашӣ аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё ба суд ё саркашӣ аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ тибқи моддаҳои 351 ва 352 КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Давлат ба ҷабрдида дастрас будани адолати судӣ ва ҷуброни зарари расонидашударо кафолат медиҳад.

Дар парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки оқибати онҳо боиси марги ҷабрдида гардидааст, ҳуқуқҳои ҷабрдидаро, ки дар моддаи 42 КМҶ ҶТ муқаррар шудаанд хешовандони наздики ӯ амалӣ менамоянд.

9) Айбдоркунандаи хусусӣ[7]. Шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ ариза дода, дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, инчунин ҷабрдидае, ки ҳангоми аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, айбдоркунандаи хусусӣ номида мешавад.

Ҳангоми ноболиғ ё ғайриқобили амал будани ҷабрдида, намояндаи қонунии ӯ, ки дархост, илтимос ё шикоят изҳор намудааст айбдоркунандаи хусусӣ ба ҳисоб меравад.

Айбдоркунандаи хусусӣ аз тамоми ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷабрдида, инчунин аз ҳуқуқҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 42 КМҶ ҶТ пешбинишуда, ба истиснои ҳуқуқҳои вобаста ба марҳилаи пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятӣ истифода мебарад. Ӯ аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда шахсан ё ба воситаи намояндаи худ истифода бурда метавонад.

10) Даъвогари гражданӣ[8]. Шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқие, ки ба ӯ дар натиҷаи содир шудани ҷиноят зарари молумулкӣ расонида шудааст ва ӯ оид ба рӯёнидани ин зарар даъво пешниҳод кардааст, даъвогари гражданӣ эътироф карда мешавад. Даъвогари гражданӣ оид ба рӯёнидани товони зарари маънавӣ низ метавонад даъвои гражданӣ пешниҳод намояд .

Дар бораи эътироф кардани даъвогари гражданӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор қарор қабул мекунанд ва суд бошад таъинот мебарорад.

Барои ҳимояи манфиатҳои ноболиғон, инчунин шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида ғайриқобили амал эътироф шудаанд, намояндагони қонунии онҳо метавонанд даъвои гражданӣ пешниҳод намоянд.

Даъвогари гражданӣ мутобиқи моддаи 44 КМҶ ҶТ ҳуқуқ дорад: даъвои гражданиро дастгирӣ кунад ё аз даъво даст кашад; далелҳо пешниҳод намояд; дархост ё радия пешниҳод кунад; бо забони модарӣ ё забоне, ки медонад баёнот ва нишондод диҳад; аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад; намоянда дошта бошад; бо протоколҳои амалҳои тафтишӣ, ки бо иштироки ӯ сурат гирифтаанд, шинос шавад; бо иҷозати муфаттиш ё таҳқиқбаранда дар амалҳои тафтишии мутобиқи дархости ӯ ё намояндааш доиршаванда иштирок кунад; пас аз анҷоми тафтиш бо маводи оид ба даъвои гражданӣ шинос шавад ва аз он маълумотҳои заруриро навишта гирад; дар муҳокмаҳои судии марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок намояд; дар муҳокимаҳо ва музокираҳои судӣ баромад кунад; бо протоколи маҷлиси суд шинос шуда, ба он эродҳо баён кунад; аз амал ва қарорҳои таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят намояд; аз ҳукм ва таъиноти суд, судя, қарори судя дар қисмати марбут ба даъвои гражданӣ шикоят кунад; аз шикоят ва эътирозҳои вобаста ба парванда хабардор карда шавад ва нисбат ба онҳо норозигӣ баён кунад; дар баррасии судии шикоят ва эътирозҳои овардашуда иштирок намояд.

Ҳамчунин даъвогари гражданӣ ӯҳдадор аст: бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳозир шавад; бо талаби мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ашё ва ҳуҷҷатҳои доштаашро пешниҳод намояд; ба амри қонунии мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ итоат намояд; маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ ба ӯ маълум гаштааст, фош насозад, ба шарте, ки ӯ аз тарафи мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ё суд огоҳ карда шуда бошад.

Барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ бе иҷозщати мақомоти дахлдор даъвогари гражданӣ мутобиқи моддаи 361 КМҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Даъвогари гражданиро ба сифати шоҳид низ пурсидан мумкин аст. Аз даъво даст кашидани даъвогари гражданӣ боиси қатъ гардидани пешбурди даъво мегардад. Аз даъво даст кашидан дар тамоми марҳилаҳои мурофиаи то ба хонаи машваратӣ барои баровардан ҳукм рафтани судя ҷой дошта метавонад.

11) Намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ – хешовандони наздик ё дигар шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи қонун ҳуқуқ доранд ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ манфиатҳои қонунии ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусиро намояндагӣ кунанд. Намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, таъиноти суд, судя барои иштирок дар парванда роҳ дода мешаванд.

Иштироки шахсии ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ дар баррасии парванда онҳоро аз ҳуқуқи доштани намояндаи худ маҳрум намесозад.

4.4. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ, КИ ҲУҚУҚ

ВА МАНФИАТҲОИ ХУД Ё НАМОЯНДАГИАШОНРО ҲИМОЯ МЕНАМОЯНД

Мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин гурӯҳи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда, намояндаи қонунии гумонбаршаванда ва айбдоршавандаи ноболиғ, ҳимоятгар, ҷавобгари гражданӣ ва намояндаи он дохил мешаванд.

Гурӯҳи мазкури иштирокчиён бо роҳи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ функсияи ҳимояро амалӣ мегардонанд.

1) Гумонбаршуда. Шахсе, ки нисбат ба ӯ бо асос ва тартиби муқаррарнмудаи КМҶ ҶТ бинобар гумонбар шуданаш дар содир намудани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин бора ба ӯ муфаттиш ё таҳқиқбарнда хабар медиҳад ё ӯ дастгир карда шудааст ва ё дар ҳаққи ӯ то пешниҳод кардани айб чораи пешгирӣ татбиқ карда шудааст, гумонбаршуда номида мешавад.

Гумонбаршуда бояд аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шуданаш фавран, вале на дертар аз 24 соат пурсида шавад. Ӯ аз лаҳзаи дастгир шуданаш ҳуқуқи ҳимоя дорад.

Мутобиқи моддаи 46 КМҶ ҶТ гумонбаршуда ҳуқуқ дорад: нишондод диҳад ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш хабардор карда шавад; донад, ки барои чӣ гумонбар шудааст; нусхаи протоколи дастгиршавӣ ё қарорро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ гирад; бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад нишондод диҳад; аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад; далелҳо пешниҳод кунад; дархост изҳор намояд; бо протоколҳои амали тафтишӣ, ки бо иштироки ӯ гузаронида шудаанд, ҳамчунин бо маводе, ки ба суд барои татбиқи ҳабс нисбат ба ӯ чун чораи пешгирӣ равон карда шудааст, шинос шавад; радия изҳор намояд; аз амалу қарори суд, прокурор, муфаттиш ва шахси таҳқиқбарнда шикоят кунад.

2) Айбдоршаванда шахсе мебошад, ки нисбат ба ӯ қарор дар бораи ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардан бароварда шудааст. Айбдоршаванда пас аз таъин кардани парванда ба маҷлиси суд судшаванда номида мешавад. Судшавандае, ки нисбат ба ӯ ҳукми суд эътибори қонунӣ пайдо кардааст, маҳкумшуда номида мешавад ва агар ҳукми суд пурра сафедкунанда бошад, сафедшуда номида мешавад[9].

Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад, ки манфиатҳои қонунии худро бо тамоми восита ва усулҳое, ки хилофи қонун нестанд, ҳифз кунад ва барои омодагӣ ба ҳимоя ба таври кофӣ вақт ва имконият дошта бошад.

Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад: нишондод диҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш огоҳ карда шавад; донад, ки барои чӣ айбдор карда шудааст ва нусхаи қарорҳоро дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, оид ба татбиқ намудани чораи пешгирӣ, инчунин нусхаи фикри айбдоркуниро гирад; оид ба айби нисбат ба ӯ эълоншуда нишондод диҳад; далелҳо пешниҳод кунад; дархост ва раддия изҳор кунад; бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад; аз хизмати тарҷумон истифода кунад; аз лаҳзаи дастгир шудан ҳимоятгар дошта бошад, аз ҷумла дар ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи КМҶ ҶТ аз кӯмаки ҳимоятгар ройгон истифода барад; аз лаҳзаи дастгир шуданаш бидуни мамониат бо ҳимоятгар як ба як мулоқот кунад; дар амалҳои тафтишӣ, ки тибқи дархости ӯ ё дархости ҳимоятгар гузаронида мешавад, иштирок намояд; бо протоколи амалҳои тафтишӣ шинос шавад ва нисбат ба он эроди худро изҳор кунад; бо қарори таъин кардани экспертиза ва хулосаи коршинос шинос шавад; пас аз ба охир расидани тафтиш ба маводи парванда шинос шавад ва аз он ҳама гуна маълумоти заруриро рӯйнавис кунад; ба амал ва қарорҳои шахси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя шикоят кунад; оид ба қатъи пешбурди парванда норозигӣ изҳор намояд; дар муҳокимаи судӣ оид ба баррасии интихоби чораи пешгирӣ иштирок кунад.

Айбдоршаванда ӯҳдадор аст: бо даъвати мақомоти пешбурди тафтишот ҳозир шавад; ба амрҳои қонунии мақомоти пешбурди тафтишот итоат намояд; ҳангоми лозим донистани мақомоти пешбурди тафтиши пешакӣ, дар амали тафтишӣ иштирок намояд.

Судшаванда ҳуқуқ дорад: дар муҳокимаи судии суди марҳилаи якум ва кассатсионӣ иштирок намояд; сухани охирон гуяд; бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва бо он эрод пешниҳод намояд; аз ҳукм, таъинот ва қарори суд, судя шикоят намояд; нусхаҳои қарорҳои шикоятшударо гирад; нусхаҳои шикоят ва пешниҳодҳои ба парвандаи ҷиноятӣ овардашударо гирад ва ба онҳо норозигӣ изҳор намояд; дар баррасии масъалаҳое, ки ба иҷрои ҳукм вобастаанд, иштирок намояд.

Маҳкумшуда аз ҳуқуқҳои дар моддаҳои 403 ва 410 КМҶ ҶТ пешбинишуда метавонад истифода намояд. Чунончӣ, ҳуқуқ дорад дар бораи аз сари нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суде, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба истиснои қарорҳои раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди марҳилаи назоратӣ шикоят кунад ва ҳуқуқ дорад чунин шикоятро, то оғози маҷлиси судӣ бозхонд кунад; агар суди парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасикунанда зарур шуморад, маҳкумшуда дар баррасии парванда дар зинаи назоратӣ иштирок мекунад, баёнот медиҳад.

Дар парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон содир шудаанд, ҷиҳати иштирок дар парванда ҳатман намояндаи қонунии онҳо ҷалб карда мешаванд.

3) Ҳимоятгар. Шахсе, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо ҳифз намуда, ба онҳо ба ҳар восита ва усули манъ накардаи қонун ёрии ҳуқуқӣ мерасонад, ҳимоятгар номида мешавад.

Ба сифаи ҳимоятгар адвокатҳо ё шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун барои пешбурди фаъолияти адвокати иҷозатнома дорад, роҳ дода мешаванд. Ҳимоятгар барои иштирок дар парванда аз лаҳзаи дар ҳаққи шахс баровардани қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ, инчунин аз лаҳзаи воқеан дастгир гардидани гумонбаршуда роҳ дода мешавад.

Ҳимоятгар аз ҷониби дастгишуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, инчунин бо супориш ё ризои онҳо аз ҷониби дигар шахсон даъват карда мешавад. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳуқуқ надорад, ки ба ягон кас даъвати ҳимотгари муайянро тавсия намояд. Иштироки ҳимоятгар бо дархости дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва намояндаи онҳо аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя таъмин карда мешавад. Агар иштироки ҳимоятгари интихоб ё таъиншуда дар давоми на камтар аз панҷ шабонарӯз имконнопазир бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд ҳуқуқ доранд ба дастгиршуда, гумонбаршуда ё айбдоршаванда даъват кардани ҳимоятгари дигарро пешниҳод кунанд ва дар сурати даст кашидани ӯ аз таъини ҳимоятгар чораҳо андешанд. Як шахс наметавонад ҳимоятгари ду дастгршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бошад, агар манфиати яке аз онҳо хилофи манфиати дигаре бошад.

Агар дар давоми 24 соат аз лаҳзаи дастгиркунии гумонбаршуда ё ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда таъин намудани ҳимоятгари интихобнамудаи онҳо имконнопазир бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор барои таъмин намудани ҳимоятгари дигар бояд чораҳо андешанд.

Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя ҳуқуқ доранд, ки дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаро аз пардохти музди меҳнати ҳимоятгар пурра ё қисман озод кунанд. Дар чунин ҳолат музди меҳнати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Музди меҳнати ҳимоятгар, инчунин ҳангоме, ки тибқи таъинот бе бастани шартнома бо мизоҷ дар пешбурди тафтиши пешакӣ ё суд иштирок намудааст, аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Дар чунин ҳолат ҷуброни хароҷоти давлатро ба маҳкумшуда гузоштан мумкин аст.

Мутобиқи қонун иштироки ҳимоятгар ҳатмӣ мебошад, агар[10]: дар ин бора гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дархост пешниҳод кунанд; гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ноболиғ бошанд; гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда бинобар камбудиҳои ҷисмонию рӯҳӣ ҳуқуқи худашонро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда натавонанд; гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда забони пешбурди мурофиаро надонанд; шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ пешбиншуда бошад.

Гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ҳуқуқ доранд дар ҳар лаҳзаи пешбурди парванда бо ташаббуси худ аз хизмати ҳимоятгар дар ҳузури ӯ даст кашанд. Даст кашидан аз ҳимоятгар бинобар аз надоштани маблағ барои пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ, ё дигар ҳолатҳое, ки аз маҷбуран даст кашидан аз ҳимоятгар шаҳодат медиҳанд, иҷозат дода намешавад. Инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 51 КМҶ ҶТ, яъне дар ҳолатҳои ҳатмӣ будани иштироки ҳимоятгар ба даст кашидан аз ҳимоятгар иҷозат дода намешавад.

Баъд аз даст кашидан аз ҳимоятгар низ гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ҳуқуқ доранд, ки дар оянда доир ба роҳ додани ҳимоятгар такроран дархост намоянд. Аммо роҳ додани ҳимоятгар такроран доир намудани амалҳои мурофиавиро талаб намекунад.

Ҳимоятгар вазифадор аст бо мақсади ошкор ва пешниҳод намудани далелҳои сафедкунандаи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё далелҳои сабуккунандаи ҷавобгарии онҳо ҳамаи восита ва усулҳои дар қонун манънашударо истифода барад ва ба онҳо ёрии ҳуқуқии зарурӣ расонад.

Ҳимоятгар аз лаҳзаи ба парванда роҳ дода шуданаш ҳуқуқ дорад: донад, ки шахси дар зери ҳимояаш қарордошта барои чӣ гумонбар ё айбдор карда мешавад; бе мамониат бо шахси таҳти ҳимояташ буда як ба як, маҳрамона бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокӣ сӯҳбат кунад; далел ва маълумоти барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруриро ҷамъ оварад ва пешниҳод кунад; ҳангоми ба айбдоршаванда эълон кардани айб иштирок намояд; дар пурсиши гумонбаршуда ва айбдоршаванда, инчунин дигар амалҳои тафтишӣ, ки бо дархости худи ҳимоятгар анҷом дода мешавад, иштирок кунад; бо протоколи дастгиркунӣ, қарори татбиқи чораи пешгирӣ, протоколи амали тафтишӣ, ки бо иштироки гумонбаршуда ё худи ҳимоятгар гузаронида шудааст, бо ҳуҷҷатҳое, ки пешниҳод шудаанд ё бояд ба гумонбаршуда ё айбдоршаванда пешниҳод карда шаванд, шинос шавад; пас аз анҷом додани таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ бо тамоми маводи парванда шинос шуда, аз он ҳама гуна маълумотро дар ҳаҷме, ки хоҳад, рӯйнавис кунад; дархост изҳор кунад; дар муҳокимаи судии суди марҳилаи якум иштирок кунад; дар музокираи судӣ баромад кунад; дар маҷлиси суд, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ мекунад ё ҳангоми аз нав оғоз кардани парванда оид ба ҳолатҳои нав ошкоргардида иштирок намояд ва оид ба шикоятҳо тавзеҳот диҳад; радия арз кунад; аз амал ва қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад ва дар баррасии онҳо иштирок намояд; барои ҳимоя ҳама гуна воситаҳо ва усули хилофи қонун набударо истифода барад; оид ба эътироз ва шикоятҳои ба парванда пешниҳодшуда маълумот дошта бошад ва нисбат ба онҳо изҳори норозигӣ кунад.

Ҳимоятгаре, ки дар пешбурди амалҳои тафтишӣ иштирок кардааст, ҳуқуқ дорад бо иҷозати муфаттиш ба шахси пурсидашаванда саволҳо диҳад, дар протоколи амали тафтишӣ дар бораи саҳеҳӣ ва пуррагии сабти он эродҳои хаттии худро инъикос намояд. Ҳимоятгар метавонд ёрдамчӣ дошта бошад.

Ҳимоятгар ҳуқуқ надорад: маълумотеро, ки бинобар татбиқи ҳимоя ё расондани дигар кӯмаки ҳуқуқӣ барояш маълум гаштааст, фош кунад; аз ӯҳдадории худ дар бобати ҳимояи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда даст кашад; шахси таҳти ҳимояаш қарордоштаро бар хилофи мавқеи ӯ ба кирдори барои ҷамъият хавфнок алоқадор ё дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор эътироф намояд; бе супориши таҳти ҳимояташ қарордошта дар бораи оштӣ шудан бо ҷабрдида, эътироф кардани даъвои гражданӣ ва баргардонидани шикоятномаи додаи ӯ арз намояд; худсарона ваколатҳояшро қатъ намояд ва бе ризои ҳимоятшаванда ваколатҳояшро дар бобати ҳимоя ба зиммаи дигар кас вогузорад.

Ҳимоятгар ӯҳдадор аст: бо даъвати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ва ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳозир шавад; дар сурати ҳозир шуда натавонистан дар давоми 24 соат дар ин бора мақомоти пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ва судро огоҳ намояд; ба амрҳои қонунии мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ итоат намояд; маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки бо сабаби расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ маълум гаштааст, инчунин маълумоти тафтиши пешакӣ ва маҷлиси пӯшидаи судиро фош насозад.

Ҳимоятгар барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 361 КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ба шарте, ки ӯ аз тарафи мақомоти пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ё суд, судя мутобиқи моддаи 177 КМҶ ҶТ огоҳ карда шуда бошад.

4) Ҷавобгари гражданӣ шахси воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки тибқи қонун барои зарари аз ҷиноятрасида масъулияти молӣ доранд. Дар бораи ба ҷавобгарии гражданӣ кашидани шахс таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд қарор мебарорад, судя бошад таъинот.

Ҷавобгари гражданӣ ҳуқуқ дорад: моҳияти айбдоркунӣ ва даъвои гражданиро донад; зидди даъво норозигӣ баён кунад; оид ба моҳияти даъвои пешниҳодшуда нишондод диҳад; намоянда дошта бошад; далелҳо пешниҳод кунад; дархост ва раддия диҳад; пас аз анҷоми тафтиш ба маводи парванда, ки ба даъвои гражданӣ марбут аст, шинос шавад, маълумотҳои заруриро рӯйнавис кунад; дар мурофиаи судӣ иштирок намояд; дар музокираҳои судӣ баромад кунад; аз амал ва қарорҳои таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад; бо протоколи маҷлиси суд шинос шуда, ба он эрод пешниҳод кунад; аз ҳукм ва таъиноти суд дар бобати даъвои гражданӣ шикоят кунад, эътироз ва шикоятеро, ки нисбат ба парванда пешниҳод шудааст, донад ва ба онҳо изҳори норизоӣ кунад; дар баррасии судии эътироз ва шикоятҳо иштирок намояд.

Ҷавобгари гражданӣ ӯҳдадор аст: бо даъвати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя ҳозир шавад; ба қарори қонунии мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя итоат намояд; маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ ба ӯ маълум гаштааст, фош насозад, ба шарте ки ӯ дар ин бора огоҳ шуда бошад.

Ҷавобгари гражданӣ барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ мутобиқимоддаи 361 КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

4.5.ИШТИРОКЧИЁНИ ДИГАРИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ

Ба иштирокчиёни дигари мурофиаи судии ҷиноятӣ шоҳид, мутахассис, коршинос, тарҷумон, шахси холис дохил мешаванд. Онҳо дар парвандаи ҷиноятӣ манфиати хусусӣ надоранд, вале дар исботкунӣ иштирок намуда, вазифаҳои ёрирасонро иҷро менамоянд.

1) Шоҳид. Мувофиқи моддаи 56 КМҶ ҶТ ба сифати шоҳид барои додани нишондод шахсе даъват карда мешавад, ки ба ӯ ягон ҳолати барои парванда аҳамиятдошта маълум аст.

Шахсони зеринро ба сифати шоҳид пурсидан мумкин нест: шахсоне, ки бо сабаби норасоиҳои ҷисмонӣ ё рӯҳӣ қобилияти дуруст дарк кардан ва барқарор кардани ҳолатҳои дар парвандаи ҷиноятӣ муқарраршавандаро надоранд; адвокат ва ёрдамчии ӯ барои аниқ намудани маълумоте, ки мумкин аст бо онҳо ба сабаби муроҷиат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ё расонидани чунин ёрии ҳуқуқӣ аён гардидааст; хешовандони наздики гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ба шарте, ки онҳо барои пурсиш ба сифати шоҳиди парвандаи мазкур розӣ нашуда бошанд; судя, машваратчии халқӣ оид ба ҳолатҳои муҳокимаи масъалае, ки ҳангоми иштироки онҳо дар баррасии парванда маълум гаштааст.

Шоҳид ҳуқуқ дорад: бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад; аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад; ба тарҷумоне, ки дар пурсиши ӯ иштирок мекунад, раддия изҳор намояд; бо дасти худ дар протоколи пурсиш нишондодашро сабт кунад; аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.

Шоҳид вазифадор аст: бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд ҳозир шавад; ҳамаи маълумотҳои оид ба парванда ба ӯ маълумро саҳеҳ хабар диҳад ва ба саволҳои гузошташуда дуруст ҷавоб диҳад; бе иҷозати пурсишкунанда маълумоти оид ба ҳолатҳои парванда ба ӯ маълумро фош накунад; тартиби муайяншудаи пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси судиро риоя кунад.

Шоҳид ҳангоми қасдан аз рӯи даъват ҳозир нашудан маҷбуран оварда мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Барои саркашӣ аз ҳозир шудан ва барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ ё нахостани додани нишондод шоҳид мутобиқи моддаҳои 351 ва 352 КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

2) Мутахассис – шахсест, ки ба ҳалли парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор набуда, дорои донишу таҷрибаи махсус аст ва барои мусоидат намудан ба таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар ошкор ё дарёфт намудани далел, асоснок кардани он, инчунин дар татбиқи воситаҳои техникӣ мумкин аст ҷалб карда шавад.

Мутахассис ҳуқуқ дорад: сабаби даъват шуданашро донад; агар дорои донишу таҷрибаи дахлдор набошад, аз иштирок дар пешбурди парванда даст кашад; бо иҷозти таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ба иштирокчиёни амали тафтишӣ савол диҳад; бо протоколи тафтиш, ки дар он иштирок мекунад, шинос шавад; аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.

Мутахассис ӯҳдадор аст: бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад; дар пешбурди амали тафтишӣ ва муҳокимаи судӣ донишу таҷрибаи худ ва воситаҳои илмию техникиро истифода намуда, барои ошкор ё дарёфт намудани далел ва асоснок кардани он иштирок намояд; дар ҷараёни маҷлиси суд оид ба амалҳои анҷомдодааш тавзеҳот диҳад.

Барои саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ мутахассис мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

3) Коршинос (эксперт). Дар ҳолатҳое, ки ҳангоми пешбурди таҳқиқ, тафтиш ё ҳангоми муҳокимаи судии парванда ба донишҳои махсуси соҳаи илм, техника, фарҳанг ё касбу ҳунар зарурат ба миён меояд, коршинос ҳамчун шахси дорои дониши махсус даъват карда мешавад.

Даъват кардани коршинос, таъин ва пешбурди экспертиза бо тартиби пешбининамудаи боби 24 КМҶ Ҷ Т анҷом дода мешавад.

Мутобиқи моддаи 58 КМҶ ҶТ коршинос ҳуқуқ дорад: ба маводи парвандаи ҷиноятӣ, ки ба мавзӯи экспертиза алоқаманд аст, шинос шавад; дар бораи ба ӯ пешниҳод намудани маводи иловагӣ, ки барои додани хулоса заруранд ё дар бораи таъини экспертизаи комплексӣ дархост кунад; бо иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок карда, ба иштирокчиёни он вобаста ба масъалаҳои мавзӯи экспертиза саволҳо диҳад; ба забони модарӣ ё дигар забоне, ки медонад нишондод диҳад; аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад; ба амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя, ки ҳуқуқи ӯро ҳангоми пешбурди экспертиза маҳдуд мекунад, шикоят намояд; агар ҳаллу фасли масъалаи гузошташуда аз доираи дониши тахассусаш берун бошад ё маводи дар ихтиёраш буда барои додани хулоса нокифоя бошад, аз пешниҳоди хулоса даст кашад.

Коршинос ҳуқуқ надорад бе огоҳ намудани таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя бо дигар иштирокчиёни мурофиа дар бораи масъалаҳои марбут ба экспертиза гуфтушунид кунад, барои тадқиқот мустақилона мавод ҷамъоварӣ намояд, агар барои он иҷозати махсуси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя мавҷуд набошад, тафтише гузаронад, ки боиси пурра ё қисман несту нобуд гардидани объектҳо ё тағйир ёфтани намуди зоҳирӣ ё хосиятҳои асосии онҳо гардад.

Коршинос ӯҳдадор аст: бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад; вобаста ба масъалаҳои тадқиқот ва саволҳои пешниҳодшуда хулосаи асоснок ва воқеибинонаи хаттӣ пешниҳод намояд; маълумоти маводи парвандаро фош накунад; ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиботро риоя намояд.

Коршинос барои дидаю дониста додани хулосаи ғалат, инчунин барои саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ ё иҷрои вазифаҳои худ мутобиқи моддаҳои 351 ва 352 КМҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

4) Тарҷумон шахсест, ки забонҳои барои тарҷума заруриро медонад ва барои иштирок дар амалҳои тафтиши судӣ дар ҳолатҳое, ки иштирокчиёни мурофиа забони пешбурди парвандаро намедонанд, инчунин барои тарҷумаи маводи хаттӣ даъват карда мешавад. Тарҷумон бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ва таъиноти суд таъин карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи моддаи 59 КМҶ ҶТ ба ҳайси тарҷумон инчунин он шахсе баромад карда метавонад, ки имову ишораи гунгонро мефаҳмад ва қодир аст бо карҳо бо истифодаи аломатҳо сӯҳбат кунад.

Тарҷумон ҳуқуқ дорад: ба протоколи амали тафтишӣ, ки ҳангоми пешбурди он иштирок дошт, инчунин бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва ба онҳо эрод гирад ва он бояд дар протокол дарҷ шавад; агар ӯ дониши барои тарҷума зарӯрӣ надошта бошад, аз иштирок дар парванда даст кашад; аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.

Тарҷумон ӯҳдадор аст: бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад; тарҷумаи матни ба ӯ супоридашударо дақиқ ва пурра ба ҷо орад, саҳеҳ будани тарҷума дар протоколи тафтиш, ки бо иштироки ӯ сурат гирифтааст, инчунин тарҷумаи матни ҳуҷҷатҳои мурофиавиро, ки ба иштирокчиёни мурофиа бо забони модарии онҳо ё дигар забоне, ки онҳо медонанд, додашударо бо имзои худ тасдиқ кунад; маълумоти маводи парвандаро фош накунад; ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиботро риоя кунад.

Тарҷумон барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, инчунин ҳангоми саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ба даъват ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ мутобиқи моддаҳои 351 ва 352 КҶ ҶТ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.

5) Шахси холис шахсест, ки ба ҳалли парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор нест ва барои иштирок дар амали тафтишӣ ё дигар амали мурофиавӣ барои тасдиқи далели пешбурди он, мазмун, ҷараён ва натиҷаҳои он аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя даъват шудааст[11].

Мутобиқи қонун ба сифати шахсони холис инҳо баромад карда наметавонанд: ноболиғон; шахсони номукаллаф; иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва хешовандони онҳо; кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дорои ваколатҳои гузаронидани амалҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқу тафтиши пешакӣ мебошанд.

Шахси холис ҳуқуқ дорад: дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок кунад; оид ба пешбурди амали тафтишӣ мулоҳизаҳояшоро баён кунад, ба он эрод гирад ва ин мулоизаву эродҳо бояд дар протокол сабт шаванд; бо протоколи тафтиш, ки дар он иштирок кардааст, шинос шавад; аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор шикоят кунад.

Шахси холис ӯҳдадор аст: бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад; дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок кунад; далели пешбурди ин амал, ҷараён ва натиҷаҳои онро дар протоколи тафтиш бо имзо тасдиқ намояд; маълумоти маводи тафтишро фош накунад; ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ тартиботро риоя кунад.

Шахси холис дар сурати саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ё аз иҷрои вазифаҳои худ тибқи моддаи 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Шахси холис бояд тамоми амали дар ҳузури ӯ ба миёномадаро пурра ва саҳиҳ дарк карда тавонад.

4.6. ҲОЛАТҲОЕ, КИ ИМКОНИЯТИ ИШТИРОКРО ДАР

МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ ИСТИСНО МЕКУНАНД

Дар Кодекси нави мурофавии ҷиноятӣ дар боби махсус, боби 8 ҳолатҳое муқаррар карда шудаанд, ки имконияти иштироки суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси судӣ, тарҷумон, коршинос, мутахассис, ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданиро дар мурофиаи судии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд.

Чунончӣ, дар қисми 1 моддаи 61 КМҶ ҶТ ҳолатҳое пешбинӣ шудаанд, ки иштироки судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси судӣ, тарҷумон, коршинос ва мутахассисро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд. Мутобиқи моддаи мазкур судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси судӣ, тарҷумон, коршинос ва мутахассис наметавонанд дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ иштирок намояд, агар: тибқи қонун барои баррасии ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ваколатдор набошанд; оид ба ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё шоҳид бошанд; дар ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ба сифати коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахси холис, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, котиби маҷлиси суд, ҳимоятгар, намояндаи қонунии гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ иштирок карда бошанд; худ, хешовандони наздики онҳо бевосита ё бавосита ба ҳалли парванда манфиатдор бошанд; хешованди айбдоркунандаи давлатӣ, айбдоркунандаи хусусӣ, муфаттиш, таҳқиқбаранда, айбдоршаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндаи онҳо, ҳимоятгар бошанд; ҳолатҳое, ки беғаразии судяро таҳти шубҳа гузоранд.

Дар моддаи 62 КМҶ ҶТ бошад ҳолатҳое муқаррар гардидаанд, ки иштироки такрории судяро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд. Тибқи моддаи мазкур судяе, ки қарори ба ҳабс гирифтан ё таҳти ҳибси хонагӣ қарор додани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаро қабул намудааст, мӯҳлати дар ҳабс ё ҳабси хонагӣ нигоҳ доштани онҳоро дароз кардааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок карда наметавонад; судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум иштирок намудааст, ҳангоми баррасии ҳамон парванда ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ, ҳамчунин дар сурати бекор шудани ҳукм ё қарор (таъинот) дар бораи қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятие, ки бо иштироки ӯ қабул карда шудааст, ҳамзамон ҳангоми аз нав баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум иштирок карда наметавонад; судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи кассатсионӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар суди марҳилаҳои якум ё назоратӣ, ҳамчунин дар баррасии нави парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ баъди бекор шудани таъиноти бо иштироки ӯ баровардашуда иштирок карда наметавонад; судя, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи назоратӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва кассатсионӣ иштирок карда наметавонад.

Ҳамин тавр, ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 61 ва 62 КМҶ ҶТ судя ва машваратчии халқӣ бояд аз иштирок дар парванда даст кашанд. Бо ҳамон асосҳо ба судя ва машваратчии халқӣ аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи судӣ мумкин аст раддия арз карда шавад. Раддия бояд асоснок карда, то оғози тафтиши судӣ арз шавад. Арзи дертари раддия танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки асоси раддия ба суд ё ба шахси изҳоркунандаи раддия пас аз оғози тафтиши судӣ аён гардида бошад. Судя ё машваратчии халқие, ки ба ӯ раддия арз шудааст,ҳуқуқ дорад доир ба ин масъала баёнот диҳад.

Маъсалаи рад намудани судя, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар давраи мурофиаи судӣ арз шудааст, аз ҷониби суд тавассути баровардани таъинот дар хонаи машварат ҳал карда мешавад. Раддияе, ки нисбат ба судя арз шудааст, аз тарафи судяҳои дигар дар ғайби ӯ ҳал карда мешавад. Радшаванда ҳуқуқ дорад то ба хонаи машваратӣ даромадани суд баёноташро бораи раддияи ба ӯ арзшуда изҳор намояд. Ҳангоми баробар будани овозҳо судя радкардашуда ҳисоб меёбад. Раддияе, ки ба якчанд судя ё ҳайати пурраи суд арз шудааст, аз ҷониби ҳайати пурраи ҳамон суд бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешавад. Раддия нисбат ба судяе, ки парвандаро танҳо баррасӣ мекунад ё шикоятро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ ва дигар чораҳо маҷбуркунии мурофиавӣ дида мебарояд, аз тарафи судя танҳо тавассути қабули қарор ҳал карда мешавад. Дар ҳолати қонеъ намудани арзи раддия парвандаи ҷиноятӣ, шикоят ё дархост барои баррасӣ ба дагар судя супорида мешавад.

Дар баробари аз ҷониби яке аз тарафҳо нисбат ба судя, котиби маҷлиси суд, тарҷумон, коршинос, мутахассис арз шудани раддия дар навбати аввал масъалаи рад кардаи судя ҳал карда мешавад.

Қайд намудан бамаврид аст, ки мутобиқи моддаи моддаи 65 КМЧ ҶТ агар прокурор дар пешбурди тафтиши пешакӣ ё таҳқиқ, инчунин дастгирӣ кардани айбдоркунӣ дар суд иштирок карда бошад, барои иштироки минъбадаи ӯ дар парванда монеа шуда наметавонад.

Бо асосҳои дар боло зикргардида ба прокурор метавонанд гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида ва намояндагони ӯ, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо раддия арз кунанд.

Масъалаи рад кардани прокурор дар давраи пешбурди тосудии парванда аз ҷониби прокурори болоӣ, ҳангоми пешбурди судии парванда бошад, аз ҷониби суди баррасикунандаи парванда ҳал карда мешавад.

Дар асоси моддаи 66 КМҶ ҶТ бошад иштироки муфаттиш ва таҳқиқбаранда дар таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, ки қаблан оид ба ҳамин парванда сурат гирифта буд, барои рад кардани онҳо асос шуда наметавонад. Масъалаи рад кардани муфаттиш ё таҳқиқбаранда аз ҷониби прокурор ҳал карда мешавад.

Дар асоси моддаи 67 КМҶ ҶТ иштироки қаблии котиби маҷлиси суд дар парванда ба сифати котиби маҷлиси суд барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад. Масъалаи рад кардани котиби маҷлиси суд аз ҷониби суд ё судяе, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 68 КМҶ ҶТ тарҷумон инчунин дар ҳолате, ки бесалоҳиятии ӯ ошкор мегардад, дар пешбурди парванда иштирок карда наметавонад. Ҳангомимавҷуд будани асосҳои радкунӣ гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии ӯ, ҳимоятгар, айбдоркунанда, инчунин ҷабрдида ва намояндаи онҳо, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо нисбат ба тарҷумон радия арз карда метавонанд. Қаблан ба сифати тарҷумон иштирок кардани шахс дар парванда барои рад кардани ӯ асос шуда наметавонад. Масъалаи рад кардани тарҷумон ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ мутаносибан аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор дар мурофиаи судӣ бошад аз ҷониби суд, судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳал карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 69 КМҶ ҶТ коршинос инчунин дар ҳолатҳои зерин наметавонад дар пешбурди парванда иштирок намояд: агар ӯ таҳти вобастагии хизматӣ ё дигар вобастагии таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя, гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда, ҳимоятгар ё намояндагии қонуни онҳо, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндаи онҳо қарор дошт ё қарор дорад; агар ӯ оид ба ҳамин парванда анҷиш (ревизия) анҷомдода бошад; дар ҳолати бесалоҳиятии ӯ. Иштироки қаблии коршинос дар парванда ба сифати мутахассис ва ё ба сифати коршинос барои рад кардани ӯ асосшуда наметавонад.

Ҳамчунин мутобиқи моддаи 71 КМҶ ҶТ ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогаригражданӣ ва ё ҷавобгари гражданӣ ҳуқуқ надоранд дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ иштирок кунанд, агар: қаблан дар парванда ба сифати судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлисисуд, шоҳид,коршинос, мутахассис тарҷумон ё шахси холис иштирок карда бошанд; бо судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ё котиби маҷлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии ҳамин парвандаиштирок мекунанд ё бо шахсиманфиаташ ба манфиати иштирокчиёни мурофиаи бо ӯ дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ созишномабаста мухолифанд, муносибатҳои хешутаборӣ дошта бошанд; ба шахсе, ки манфиаташ ба манфиати айбдошаванда ё гумонбаршудаи аз ҷониби ӯ ҳимояшаванда ё ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ, ки онҳоро намояндагӣ мекунад, мухолиф аст, ёрии ҳуқуқӣ мерасонад ё қаблан ёрӣ расонидааст.

Ҳамин тавр, дар ҳолатҳои зикргардида судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси судӣ, тарҷумон, коршинос ва мутахассис бояд аз иштирок дар парвандаи ҷиноятӣ даст кашанд.

9 Загрузки
test

Добавить комментарий