Чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ

6.1. Мафҳум ва намудҳои

чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ

Дар ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки талаботи қонунро иҷро намекунанд ё хоҳиши иҷро карданро надоранд имконияти татбиқи чораҳои маҷбуркунии давлатӣ пешбинӣ шудааст, ки инро чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ меноманд.

Чораи маҷбуркунии мурофиавии ҷиноятӣ аз дигар намуди чораҳои маҷбуркунии давлатӣ бо чунин хусусиятҳояш фарқ мекунад:

1) чораи маҷбуркунии мурофиавӣ-ҷиноятӣ дар давраи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ татбиқ гардида, хусусияти мурофиавӣ дорад;

2) чораи мазкур аз ҷониби мақомоти ваколатдоршудаи давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ татбиқ карда мешавад;

3) ин чора нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки рафтори онҳо ба рафти дурусти мурофиаи ҷиноятӣ монеъа эъҷод мекунад (халал мерасонад);

4) чораи маҷбуркунии мурофиавӣ бо мақсади амалигардонии вазифаҳои мурофиаи ҷиноятӣ татбиқ карда мешавад;

5) чораи маҷбуркунии мурофиавӣ бо тартиби дар қонун муайяншуда ва ҳангоми мавҷуд будани асосҳо ва шароитҳо татбиқ карда мешавад. Яъне татбиқи чораи маҷбуркунии мурофиавии ҷиноятӣ бояд қонунӣ ва асоснок бошад;

6) чораи мазкур нисбати шахс новобаста аз хоҳиш ва иродаи ӯ татбиқ шуда, бояд амалӣ карда шавад.

Ҳамин тавр, чораҳои маҷбуркунии мурофиавии ҷиноятӣ гуфта воситаҳои мурофиавии хусусияти маҷбуркунӣ доштаро мефаҳманд, ки дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби шахсони мансабдор ва мақомоти давлатии ваколатдоршуда, дар сурати мавҷуд будани асосҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун нисбати айбдоршавандаҳо, гумонбаршудаҳо ва дигар шахсон барои огоҳ намудан ва пешгири кардани амалҳои ғайриҳуқуқии онҳо бо мақсади тафтишот ва ҳалли дурурсти парвандаи ҷиноятӣ, инчунин иҷрои дигар вазифаҳои мурофиаи ҷиноятӣ татбиқ мегарданд.

Чораҳои маҷбуркунии мурофиавии ҷиноятӣ аз рӯи хусусияташон якхела набуда, бо мақсадҳои гуногун татбиқ мегарданд. Чунончӣ, баъзе намуди ин чораҳо барои пешгирӣ кардани давомдиҳии фаъолияти ҷинояткоронаи айбдоршаванда (гумонбаршаванда), пинҳон шудани ӯ аз тафтишот, суд ё монеъ шудани ӯ ба фаъолияти мурофиавӣ татбиқ мешаванд (чораҳои пешгирӣ, дастгиркунӣ, аз вазифа дур кардан, аз толори (зали) маҷлиси судӣ пеш кардан). Қисми дигари чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ барои таъмин намудани ҳозиршавии шахсон ба мақомотҳои тафтишот ва суд (маҷбуран овардан), қисми сеюм барои ёфтан ва қайд намудани далелҳо (кофтуков, гирифтан, шаҳодаткунонӣ, гирифтани намуна барои тадқиқоти муқоисавӣ) истифода мешаванд. Қисми чорум бошад барои таъмини иҷроиши ҳукм дар қисми ҷуброни молумулкӣ (ҳабси молу мулк) татбиқ мешаванд. Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки чораҳои маҷбуркунии мурофиавиро аз рӯи таъиноташон ба воситаҳои пешгирикунандаи амалҳои ғайриқонунӣ, воситаҳои таъминкунандаи рафтори шоиста, огоҳкунии ҳуқуқвайронкунӣ ва воситаҳои гирифтани далелҳо, ҷудо намудан мумкин аст.

Дар илми ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ чораҳои маҷбуркунии мурофиавиро одатан ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) чораҳои пешгирӣ; 2) чораҳои дигари маҷбуркунии мурофиавӣ.

Номгӯи чораҳои пешгирӣ, асосҳо, шароит, тартиби татбиқ, тағйир ва қатъ намудани онҳо дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ муайян шудааст. Чораҳои пешгирӣ хусусияти маҷбуркунӣ дошта, воситаҳои пешгирикунанда ба ҳисоб мераванд.

Ба низоми чораҳои дигари маҷбуркунии мурофиавӣ бошад дохил мешаванд: дастгир кардани шахсе, ки барои содири ҷиноят гумонбар шудааст, аз вазифа дур кардани айбдоршаванда, гирифтани чизҳо ва ҳуҷҷатҳо, ҳабси мукотибот, гуш кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар намуди гуфтугӯ, маҷбуран овардан, гирифтани намуна барои тадқиқоти муқоисавӣ, шаҳодаткунонӣ, аз толори маҷлиси судӣ дур кардан ва ғайра.

Дар байни дигар чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ танҳо дастгир кардани шахс, маҷбуран овардан, аз толори маҷлиси судӣ дур кардан ба воситаҳои пешгирикунанда дохил мешаванд, ки барои огоҳ намудан ё қатъи амалҳои ғайриҳуқуқӣ нигаронида шудаанд. Қисми зиёди чораҳои дигари мурофиавии ҷиноятӣ амалҳои тафтишотӣ оид ба ҷамъ кардани далелҳо буда, хусусияти таъминкунӣ доранд.

Азбаски чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро маҳдуд мекунанд, ҳангоми татбиқи онҳо кафолатҳои аниқи мурофиавӣ бояд муқаррар карда шаванд, ки қонунӣ ва асоснок будани ин чораҳоро таъмин намоянд. Мақсадҳои мурофиаи ҷиноятӣ бояд тавре амалӣ гарданд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон барои расидан ба ин мақсадҳо ҳарчи камтар маҳдуд карда шаванд.

Мутобиқи яке аз кафолатҳои пешбиншаванда чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ бояд танҳо нисбати парвандаи мушаххаси оғозкардашуда, татбиқ карда шавад.

Дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ доираи шахсони манабдоре, ки ҳуқуқи татбиқи чораҳои маҷбуркунии мурофиавиро доранд, инчунин доираи шахсоне, ки нисбати онҳо чораҳои маҷбуркунии мурофиавиро ҳангоми мавҷуд будани асосҳои муайян, татбиқ кардан мумкин аст, муайян карда шудааст.

Тартиби татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ дар қонун танзим ёфтааст. Ин чораҳо дар асоси қарори асосноки мақомоти тафтишот ё қарори суд татбиқ карда мешавад. Татбиқи чунин чораҳои маҷбуркунии мурофиавие, ки ба ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон сахт дахолат мекунад (ҳабс кардани шахс, кофтуков ва ғ.), танҳо дар асоси қарори суд мумкин аст.

Азбаски як қисми чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ амалҳои тафтишотӣ мебошанд (кофтуков, гирифтан, шаҳодаткунонӣ, гирифтани намуна барои тадқиқоти муқоисавӣ ва ғайра) ва барои ҷамъ кардани далелҳо нигаронида шудаанд, асосҳо, шароит ва тартиби газаронидани онҳо дар бобҳои дахлдори КМҶ ҶТ танзим шудаанд.

Дар фасли IV КМҶ ҶТ, ки чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ номида шудааст, дастгир кардани шахс (боби 11); чораҳои пешгирӣ (боби 12) -забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат, кафолати шахсӣ, таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ супоридани хизматчии ҳарбӣ, таҳти парасторӣ супоридани ноболиғи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда, гарав, ҳабси хонагӣ, ба ҳабс гирифтан; чораҳои дигари маҷбуркунии мурофиавӣ – муваққатан дур кардан аз вазифа, маҷбуран овардан, ҳабси молу мулк, ҷарима танзим шудаанд, ки дар мавзӯи мазкур таҳлилу баррасӣ хоҳем кард.

6.2. ДАСТГИР КАРДАНИ ШАХС

Дастгир кардани шахс чораи маҷбуркунии мурофиавие мебошад, ки дар рафти он шахс ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ оварда шуда, ба мӯҳлати кӯтоҳ дар ҷойҳои махсус бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ва КМҶ ҶТ нигоҳ дошта мешавад.

Дастгир кардани шахс танҳо дар ҳолатҳои зерин татбиқ карда мешавад:

1) нисбати гумонбаршуда дар содир намудани ҷинояте, ки барои он ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисмҳои ҳарбии интизомӣ пешбинӣ шудааст;

2) нисбат ба айбдоршаванда ва судшавандае, ки қоидаҳои чораи пешгирии нисбати ӯ татбиқшударо вайрон намудааст;

3) нисбати маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ӯ пешниҳоди мақомоти ваколатдор дар бораи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо (моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан (моддаи 76 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), мавқуф гузоштани иҷрои ҷазо (моддаи 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавҷуд аст.

Шахс танҳо дар ҳолатҳои зерин дастгир карда мешавад:

1) дар асоси гумони бевосита дар содир намудани ҷиноят;

2) дар асоси қарори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ;

3) дар асоси қарори (таъиноти) суд, судя дар бораи дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо, мавқуф гузоштани ҷазо ё шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан.

Шахсро дар содир намудани ҷиноят ба шарте гумонбаршуда ҳисобидан мумкин аст, ки аз тарафи мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ дар доираи салоҳияти худ ҳангоми мавҷуд будани яке аз асосҳои зерин дастгир карда шавад, агар:

– дар вақти содир кардани ҷиноят ё бевосита баъди содир кардани он боздошт шуда бошад;

– шоҳидони ҳодиса, аз он ҷумла, шахси аз ҷиноят ҷабрдида бевосита шахси содирнамудаи ҷиноятро нишон диҳанд ё бо тартиби пешбининамудаи моддаи 94 КМҶ ҶТ боздошт намоянд;

– дар бадан, либос, ашёи ҳамроҳи шахсбуда, дар чизҳои истифодакарда, манзил, ҷои кор ё воситаи нақлиёти ӯ осори бараълои ҷиноят ошкор карда шуда бошанд, ки аз шарик будани ӯ дар содир намудани ҷиноят дарак медиҳанд;

– агар асосҳои дигари кофии гумонбар шудани шахс дар содир намудани ҷиноят мавҷуд бошанд, ба шарте, ки вай кӯшиши аз ҷои ҳодиса ё аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ пинҳон шуданро карда бошад ё ҷои зисти доимӣ надошта бошад ё дар маҳалли дигар зиндагӣ кунад ё шахсияташ муайян карда нашуда бошад.

Шахс мумкин аст то оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дастгир карда шавад. Дар чунин ҳолат масъалаи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи мақомоти таъқиби ҷиноятӣ бояд дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгир кардан ҳал карда шавад. Ҳангоми рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё дар мӯҳлати муқарраршуда қабул накардани қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ дастгиршуда бояд озод карда шавад.

Шахсро бо асосҳои пешбининамудаи КМҶ ҶТ аз лаҳзаи боздошт зиёда аз 72 соат боздоштан мумкин нест. Баъди гузаштани ин мӯҳлат дастгиршуда бояд аз ҳабс озод карда шавад ё дар ҳаққи ӯ чораи дигари пешгирии дар КМҶ ҶТ пешбинишуда татбиқ карда шавад, ба истиснои муқаррароти қисми 5 моддаи 111 КМҶ ҶТ.

Мутобиқи қонун ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсеро, ки ҷиноят содир кардааст ё баъди содир кардани ҷиноят кӯшиши пинҳон шуданро дорад, дастгир карда, маҷбуран ба мақомоти ҳокимият супорад.

Баъди ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ овардани дастгиршуда шахси мансабдор дар давоми се соат протокол тартиб медиҳад, ки дар он асос, ҷой ва вақти дастгиркунии воқеӣ (бо зикри рӯз, соату дақиқа), натиҷаҳои кофтукови шахсӣ, инчунин вақти тартиб додани протокол дарҷ мегарданд.

Протокол ба дастгиршуда эълон ва ҳамзамон ҳуқуқҳои бо моддаи 46 КМҶ ҶТ пешбинишуда, аз ҷумла ҳуқуқи даъват кардани ҳимоятгар ва дар ҳузури ӯ додани нишондод фаҳмонида, ин маълумот дар протокол сабт карда мешавад. Протоколро шахси тартибдода ва дастгиршуда имзо мекунанд.

Таҳқиқбаранда ё муфаттиш вазифадоранд дар давоми 24 соат аз лаҳзаи дастгир кардани гумонбаршуда ба прокурор хаттӣ хабар диҳанд. Гумонбаршуда бояд бо тартиби пешбиникардаи моддаҳои 197-201 КМҶ ҶТ оид ба ҳолатҳои дастгиркунӣ пурсида шавад.

Агар айбдоршаванда дар дигар маҳал бошад ё ҷои будубоши ӯ маълум набошад, мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад дар бораи дастгир кардани ин шахс қарор барорад. Қарор бояд аз тарафи мақомоти таҳқиқ иҷро карда шавад. Аз иҷро шудани қарори дастгиркунӣ мақомоти таъқиби ҷинояте, ки қарор баровардааст, фавран хабардор карда мешавад.

Дастгиркунӣ аз 72 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ зиёд идома ёфта наметавонад.

Ба дастгиршуда мумкин аст дар мӯҳлати мазкур айб эълон карда шавад, ба шарте, ки то ба охир расидани 72 соат аз лаҳзаи дастгиркунӣ вай аз ҳабс бо татбиқи чораи пешгирӣ, ки бо дар ҳабс нигоҳ доштан вобаста нест ё бе татбиқи чораи пешгирӣ дар ҳаққи ӯ озод карда шавад.

Агар айбдоршаванда қоидаҳои чораи пешгирии дар ҳаққи ӯ татбиқшударо, ки ба нигоҳ доштан дар ҳабс вобаста нест ё ӯҳдадории хаттиашро дар бобати ҳозир шудан бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ё хабар додан дар бораи ивази ҷои истиқомат риоя накунад, мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ дорад дар бораи дастгир кардани ин шахс дар як вақт бо тартиби муқарраркардаи КМҶ ҶТ ҳал намудани масъалаи татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан қарор (таъинот) барорад.

Дастгир кардани айбдоршаванда бо тартиби пешбиникардаи қисми 1 моддаи 96 КМҶ ҶТ аз 72 соат аз лаҳзаи дастгир кардани воқеӣ зиёд буда наметавонад.

Суд, судя дар бораи дастгир кардани маҳкумшуда то ҳалли масъалаи бекор кардани шартан татбиқ накардани ҷазо ё шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ё мавқуф гузоштани иҷрои ҷазо қарор (таъинот) мебарорад, ба шарте, ки аз мақомоти ваколатдор пешниҳод бо маводе ворид шуда бошад, ки дар онҳо асосҳои аз ҷониби маҳкумшуда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои барои ӯ аз ҷониби суд муқарраршуда ё дигар шартҳои дар моддаҳои 71, 76 ва 78 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда шаҳодат диҳанд.

Суд, судя дар давоми ҳафт шабонарӯз аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ пешниҳоди мақомоти ваколатдорро баррасӣ мекунад.

Суд, судя қарор (таъинот)-ро дар бораи дастгиркунии маҳкумшуда барои иҷро ба мақомоти таҳқиқ равон мекунад. Доир ба иҷрои қарор (таъинот) дар бораи дастгиркунӣ мақомоти онро иҷрокарда фавран судро хабардор мекунад.

Тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дастгиршуда дар асоси қарори (таъиноти) мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дар ҳолатҳои зерин бояд озод карда шавад, агар:

– гумони аз тарафи шахс содир шудани ҷиноят тасдиқ нагардида бошад; – асосҳои минбаъд дар ҳабс нигоҳ доштан аз байн рафта бошанд; – муқаррар карда шуда бошад, ки дастгиркунӣ бо риоя накардани қоидаҳои муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ амалӣ шудааст; – мӯҳлати дастгиркунӣ гузашта бошад.

Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ, ки дар бораи озод кардани дастгиршуда қарор қабул кардааст, ба ӯ маълумотномае медиҳад, ки дар он аз тарафи кӣ дастгир шудан, асос, ҷой ва вақти дастгиркунӣ, асос, сабаб ва вақти озодшавӣ нишон дода мешавад.

Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятие, ки шахсро дастгир кардааст, вазифадор аст дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ дар бораи дастгиркунӣ ва ҷои нигоҳ доштани дастгиршуда ягон аъзои болиғи оила ё хешовандони наздикро хабардор кунад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро диҳад.

Дар сурати дастгир кардани шаҳрванди давлати хориҷӣ низ дар давоми 12 соат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ мақомоти мазкур дар бораи дастгиркунӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои огоҳ намудани сафоратхона ё консулгарии ин давлат хабар медиҳад.

6.3. Чораҳои пешгирӣ

Чораҳои пешгирӣ воситаҳои сирф маҷбуркунӣ буда, дар низоми меъёрҳои ҳуқуки мурофиавии ҷиноятӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд.

Тибқи муқаррароти қонуни мурофиавии ҷиноятӣ чораҳои пешгирӣ амалҳои маҷбурие мебошанд, ки дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда барои пешгирии аз тарафи онҳо содир шудани ҷиноят ё ҳаракатҳои халалдоркунандаи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ, инчунин барои таъмини иҷрои ҳукм татбиқ карда мешаванд[1].

Айни замон дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон чунин намудҳои чораҳои пешгирӣ муқаррар шудааст[2]:

1) забонхат дар бораи нарафтан аз маҳалли истиқомат;

2) кафолати шахсӣ;

3) супоридани хизматчии ҳарбӣ таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ;

4) таҳти парасторӣ супоридани ноболиғ;

5) гарав;

6) ҳабси хонагӣ;

7) ба ҳабс гирифтан.

Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ танҳо дар ҳолате чораи пешгириро татбиқ карда метавонанд, ки агар:

– далелҳои аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ ҷамъ овардашуда асоси кофӣ диҳанд, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда метавонанд аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон шаванд;

– гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ба тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ё баррасии он аз тарафи суд мамониат кунанд, аз ҷумла маводи барои парванда аҳамиятдоштаро пинҳон ё сохтакорӣ кунанд ё бо роҳи ғайриқонунӣ ба шахсони дар мурофиаи ҷиноятӣ иштироккунанда таъсир расонанд, бе сабабҳои узрнок бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ҳозир нашаванд, ҷинояти дигарро содир намоянд, ба иҷрои ҳукм монеъ шаванд.

Ҳангоми зарурати татбиқи чораи пешгирӣ дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда хусусияти гумонбаркунӣ ё айбдоркунӣ, шахсият, синну сол ва вазъи саломатии онҳо, намуди машғулият, вазъи оилавӣ ва молумулкӣ, мавҷудияти ҷои доимии истиқомат ва ҳолатҳои дигар ба инобат гирифта мешаванд.

Дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар қонун пешбинишуда мумкин аст дар ҳаққи гумонбаршуда чораи пешгирӣ татбиқ карда шавад.

Ҳангоми дастгир кардани гумонбаршуда ва сипас нисбати ӯ татбиқ шудани чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс, ба гумонбаршуда бояд дар мӯҳлати на дертар аз даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи татбиқи чораи пешгирӣ, дар ҳамон мӯҳлат аз лаҳзаи дастгиркунии воқеӣ айб эълон карда шавад.

Агар дар ҳамин мӯҳлат айб эълон карда нашавад, мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ бояд чораи пешгириро фавран бекор намояд[3].

Дар бораи татбиқ намудан, тағйир додан ва ё бекор кардани чораи пешгирӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя қарор ва суд таъинот мебароранд, ки дар онҳо зарурати татбиқи чораи пешгирӣ, тағйир додан ва ё бекор кардани он нишон дода мешавад.

Ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан ҳамчун чораи пешгирӣ бо қарори судя ё таъиноти суд татбиқ карда мешавад.

Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ба гумонбаршуда ва айбдоршаванда қарор ё таъиноти татбиқ намудан, тағйир додан ё ин ки бекор намудани чораи пешгириро эълон мекунад, тартиби шикоят намуданро фаҳмонида, нусхаи қарор ё таъинотро ба ӯ месупорад. Иҷрои амалҳои мазкур бо имзои гумонбаршуда ё айбдоршаванда ва шахси мансабдоре, ки қарор ё таъиноти татбиқи чораи пешгириро эълон намудааст, тасдиқ карда мешавад.

Агар ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ талаб намоянд, чораҳои пешгирӣ бекор карда ё тағйир дода мешаванд.

1) Забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат дар гирифтани ӯҳдадории хаттӣ аз гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомати доимӣ ё муваққатӣ бе иҷозати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё суд, судя, монеъ нашудан ба тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ва баррасии он дар суд, дар вақти таъиншуда ҳозир шудан бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ифода меёбад.

Дар сурати аз ҷониби гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда риоя накардани талаботи забонхат дар ҳаққи ӯ чораи сахттари пешгирӣ татбиқ карда мешавад, ки ин талабот ҳангоми гирифтани забонхат бояд ба ӯ эълон карда шавад.

2) Кафолати шахсӣ аз тарафи шахси ба боварӣ сазовор қабул кардани ӯҳдадории хаттӣ мебошад, ки гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда ҳангоми дар озодӣ будан аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон намешавад, ба тафтиши парванда ё баррасии судии он монеъ намегардад ва бо фаъолияти ҷиноятӣ машғул намешавад. Мутобиқи қонун шумораи кафилон бояд аз ду нафар кам набошад.

Кафолати шахсӣ бо дархости хаттии кафилон ва ризои шахсе, ки ба ӯ кафолат дода мешавад, татбиқ мегардад.

Кафилон забонхат дода, тасдиқ мекунанд, ки моҳияти гумонбар ё айбдор кардани шахсе, ки ба вай кафолат медиҳанд ва масъулияти кафил ба онҳо фаҳмонда шудааст.

Дар сурати аз ҷониби кафил иҷро накардани ӯҳдадориҳояш ӯ ба миқдори то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҷарима кашида мешавад[4].

3) Таҳти назорати фармондеҳии қисми ҳарбӣ супоридани хизматчии ҳарбӣ маънои ба зиммаи фармондеҳии қисми ҳарбӣ, қӯшун, сардори муассисаи ҳарбӣ, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар он адои хизмат мекунанд ё барои таълими ҳарбӣ ҷамъ омадаанд, гузоштани вазифаи таъмини рафтори матлуби онҳоро дорад.

Нусхаи қарор ё таъиноти татбиқи чораи пешгирии мазкур ба ҳайати фармондеҳӣ, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда таҳти назорати он супорида шудааст, дода мешавад. Фармондеҳии қисми ҳарбӣ дар бораи муқаррар намудани назорат мақомотеро, ки ин чораи пешгириро татбиқ намудааст, огоҳ месозад.

Ҳайати фармондеҳӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳояш оид ба назорат кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаи ба ӯ тобеъ ҳуқуқ дорад чораҳои дахлдори пешбининамудаи Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешад, ки метавонанд рафтори дахлдори ин шахсон ва ҳозир шудани онҳоро бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ таъмин кунанд.

Дар сурати аз ҷониби гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда содир намудани амале, ки ҷиҳати пешгирии он ҳамин чораи пешгирӣ андешида шуда буд, фармондеҳии қисми ҳарбӣ бояд фавран дар ин бора ба мақомоте, ки чунин чораро татбиқ кардааст, хабар диҳад.

4) Таҳти парастории падару модар, парасторон, васиён ё дигар шахсони сазовори эътимод, инчунин намояндагони муассисаҳои махсуси кӯдакон додани ноболиғон аз он иборат аст, ки яке аз шахсони номбаршуда ба зиммаи худ ӯҳдадории хаттӣ мегирад, ки ноболиғи дар озодӣ будаи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ва суд пинҳон намешавад, ба тафтиши парванда ва баррасии судии он монеъ намегардад ва бо фаъолияти ҷинояткорӣ машғул намешавад.

Супурдани ноболиғ таҳти парастории шахсони зикргардида бо дархости хаттии онҳо имконпазир аст. Дар айни замон онҳо доир ба хусусияти ҷиноят ва ҷавобгариашон дар сурати риоя накардани ӯҳдадориҳои парасторӣ огоҳ карда мешаванд.

Шахсоне, ки ноболиғи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда таҳти парасториашон супорида шудааст, дар сурати аз ҷониби онҳо риоя накардани ӯҳдадорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

5) Гарав аз супоридани маблағ ба депозити мақомоти тафтишот ё судӣ аз тарафи худи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини ҳозир шудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд иборат аст. Маблағи гаравро мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ва суде, ки ин чораи пешгириро татбиқ мекунад, вобаста ба вазнинии ҷиноят, шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, вазъи молумулкии гаравгузор, вале на камтар аз сесад ҳадди ақалли музди меҳнат муайян менамояд. Гарав ба шарте татбиқ карда мешавад, ки товони зарари моддии бо ҷиноят расонидашуда пурра баргардонида шуда бошад. Гарав нисбат ба шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин гумонбаршуда ё айбдоршуда татбиқ намегардад.

Таҳқиқбаранда ва муфаттиш гаравро бо ризои прокурор татбиқ мекунанд.

Ба гаравгузор, агар ӯ гумонбаршуда ё айбдоршаванда набошад, моҳияти гумонбарӣ ё айбдоркунии шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда фаҳмонида, бо имзои шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда, гаравгузор ва шахси мансабдори ин чораи пешгириро татбиқнамуда тасдиқ карда мешавад. Нусхаи қарор, таъинот барои супоридани гарав ба гаравгузор дода мешавад.

Дар сурати саркашӣ намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд чораи пешгирӣ иваз карда, маблағи гарав тибқи талаботи моддаи 118 КМҶ ҶТ дар асоси қарори суд ба фоидаи давлат гузаронида мешавад.

Дар дигар ҳолатҳо суд зимни ҳукм ё таъинот (қарор) баровардан дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ масъалаи ба гаравдеҳ баргардонидани маблағи гаравро ҳал менамояд.

Ҳангоми қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давраи тафтиши пешакӣ маблағи гарав ба гаравдеҳ бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё муовини ӯ баргардонида мешавад.

6) Ҳабси хонагӣ аз комилан ҷудо нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда аз ҷамъият бе таҳти ҳабс қарор додан, вале бо татбиқи маҳдудиятҳои ҳуқуқии муайянкардаи суд, судя иборат аст.

Ҳабси хонагиро метавон бо чораҳои зерин дар алоҳидагӣ ва дар якҷоягӣ татбиқ кард:

– тамоман ё дар вақти муайян набаромадан аз манзил;

– манъи гуфтугӯи телефонӣ, мукотибот ва истифодаи воситаҳои алоқа, ба истиснои ҳолатҳои дар сархати панҷуми ҳамин қисм пешбинишуда;

– манъи робита бо шахсони муайян ва дар хонаи худ қабул кардани ягон шахс;

– истифодаи воситаҳои электронии назоратӣ, вогузории ӯҳдадорӣ доир ба гирифта гаштани ин воситаҳо бо худ ва кори онҳоро таъмин намудан;

– ӯҳдадор кардан дар хусуси ҷавоб додан ба зангҳои назорати телефонӣ ё дигар ишораҳои (сигналҳои) назоратӣ, занг задан бо телефон ё шахсан ҳозир шудан дар вақти муайян ба мақомоти таҳқиқ ё дигар мақомоти назораткунандаи рафтори гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда;

– ба зери назорат гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ё ин ки манзил, инчунин муҳофизати манзил ё дигар ҷои ба ӯ чун манзил ҷудо кардашуда;

– чораҳои дигар, ки рафтори дахлдор ва аз ҷамъият ҷудо нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаро таъмин менамоянд.

Асосҳо ва тартиби ҳамчун чораи пешгирӣ татбиқ кардани ҳабси хонагӣ, муқаррар намудан ва дароз кардани мӯҳлати он, бекор кардани ҳабси хонагӣ бо меъёрҳои дахлдори марбут ба чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан танзим мегарданд.

Дар қарори судя ва таъиноти суд дар бораи ба ҳабси хонагӣ гирифтан маҳдудиятҳои мушаххасе, ки дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда татбиқ мегарданд, инчунин мақомот ё шахси мансабдоре нишон дода мешавад, ки чунин назоратро анҷом медиҳад.

7) Ба ҳабс гирифтан ба сифати чораи пешгирӣ бо қарори судя ё таъиноти суд танҳо дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандае татбиқ карда мешавад, ки барои ҷинояти содиркардаашон қонуни ҷиноятӣ ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати зиёда аз ду сол пешбинӣ намудааст. Нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дар содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин чораи пешгирии ба ҳабс гирифтан танҳо мутобиқи вазнинии ҷиноят татбиқ карда шуданаш мумкин аст. Дар мавридҳои истисно ин чораи пешгирӣ, мумкин аст, нисбат ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда оид ба ҷиноятҳое, ки барояшон қонун ҷазои маҳрум кардан аз озодиро ба мӯҳлати камтар аз ду сол пешбинӣ намудааст, татбиқ карда мешавад, ба шарте, ки онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои истиқомати доимӣ надошта бошанд ё шахсияташон муқаррар карда нашуда бошад ё ин ки онҳо аз мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё суд пинҳон шуда бошанд ё чораи пешгириро риоя накарда бошанд.

Ҳангоми зарурати интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо ризои прокурор дархости дахлдорро дар шакли қарор ба суд пешниҳод менамоянд. Дар қарор дар бораи пешниҳод кардани дархост оид ба интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан асос ва сабабҳое, ки аз рӯи он зарурати ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда ба миён омадааст ва интихоби дигар чораи пешгирӣ ғайриимкон аст, дарҷ карда мешавад. Ба қарор маводе, ки асоснок будани дархостро тасдиқ менамояд, ҳамроҳ карда мешавад. Агар дархост нисбат ба гумонбаршуда, ки бо тартиби муқарраркардаи КМҶ ҶТ дастгир шудааст, оғоз карда шавад, қарор ва маводи номбурда ба судя на дертар аз 8 соат то ба охир расидани мӯҳлати дастгиркунӣ бояд пешниҳод карда шавад.

Қарори оғоз кардани дархост дар бораи интихоб кардани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан аз ҷониби судяи суди шаҳр ва ноҳия ё ин ки суди ҳарбии гарнизон бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда, прокурор, ҳимоятгар, ба шарте, ки ҳимоятгар дар паравандаи ҷиноятӣ иштирок намояд, аз рӯи маҳалли пешбурди тафтиши пешакӣ ё ин ки аз рӯи маҳалли дастгиршавии гумонбаршуда дар муддати 8 соат аз лаҳзаи ба суд ворид шудани мавод баррасӣ карда мешавад. Гумонбаршудае, ки дастгир шудааст, ба маҷлиси суд оварда мешавад. Дар маҷлиси суд инчунин намояндаи қонунии гумонбаршуда ва айбдоршавандаи ноболиғ, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳуқуқи иштирок кардан доранд. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани тарафҳо, ки аз вақти гузаронидани маҷлиси суд сари вақт огоҳонида шудаанд, барои баррасии дархост монеъ шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои ҳозир нашудани гумонбаршуда ё айбдоршаванда.

Дар оғози маҷлис судя эълон мекунад, ки кадом дархост мавриди баррасӣ қарор мегирад, ба шахсони ба маҷлиси суд ҳозиршуда ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро мефаҳмонад. Пас аз он прокурор ё бо супориши ӯ шахси дархостро оғозкарда онро асоснок мекунад, сипас баёноти шахсони дигари дар маҷлиси суд ҳузурдошта шунида мешавад.

Судя дархостро баррасӣ карда, яке аз қарорҳои зеринро мебарорад:

– дар бораи ба гумонбаршуда ё айбдоршаванда интихоб кардани чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс;

– дар бораи рад кардани дархост;

– дар бораи ба таъхир гузоштани қабули қарори дархост ба мӯҳлати на зиёда аз 72 соат барои пешниҳоди далелҳои асосноки дастгиркунӣ. Дар ин маврид судя дар қарор муқаррар менамояд, ки мӯҳлати дастгиркуниро то чанд рӯзу соат дароз мекунад.

Қарори суд, судя ба шахси дархостро пешниҳодкарда, прокурор, гумонбаршуда ё айбдоршаванда равон карда мешавад ва бояд фавран иҷро гардад.

Дар хусуси ба ҳабс гирифтани ҳамон як шахс аз рӯи ҳамон як парвандаи ҷиноятӣ пас аз баровардани қарори суд дар бораи рад кардани интихоби ин чораи пешгирӣ танҳо ҳангоми пайдо шудани ҳолатҳои нав, ки зарурати татбиқи ба ҳабс гирифтани шахсро ба миён меоваранд, такроран ба суд бо дархост муроҷиат кардан мумкин аст.

Агар масъалаи ба ҳабс гирифтани судшаванда дар мурофиаи судӣ пайдо шавад, дар ин маврид судя ё суд бо дархости тарафҳо ё ин ки бо ташаббуси худ ин масъаларо ҳал намуда, дар ин бора қарор ё таъинот мебарорад.

Аз қарори судя дар бораи ба сифати чораи пешгирӣ интихоб кардани ба ҳабс гирифтан ё ин ки рад кардани он ба суди болоӣ бо тартиби кассатсионӣ дар муддати 3 шабонарӯз аз рӯзи баровардани қарор шикоят ва эътироз кардан мумкин аст. Суди марҳилаи кассатсионӣ аз рӯи шикоят ва ё эътироз дар муддати на дертар аз 3 шабонарӯз аз лаҳзаи воридшавии мавод қарор қабул мекунад.

Шахсе, ки дар пешбурди ӯ парвандаи ҷиноятӣ қарор дорад, вазифадор аст, ки барои татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ба ягон аъзои болиғи оила ё хешовандони наздики шахсе, ки нисбати ӯ чораи пешгирӣ татбиқ мегардад, хабар диҳад ё ба худи дастгиршуда имконияти чунин хабардор карданро диҳад. Дар хусуси хизматчиёни ҳарбӣ бошад, бояд ба фармондеҳи қисми ҳарбӣ хабар диҳад. Агар нисбати шаҳрванди давлати хориҷӣ ин чораи пешгирӣ татбиқ гардад, ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои огоҳ намудани сафоратхона ё консулгарии ин давлат хабар медиҳад.

Чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ҳангоми тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ набояд аз ду моҳ зиёд бошад.

Мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан аз вақти ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда то рӯзи аз тарафи прокурор ба суд фиристодани парванда ҳисоб карда мешавад. Ба ин мӯҳлат вақти нигоҳ доштани шахс дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ (тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатӣ ва дигар ҷойҳои нигоҳдории маҳбусон дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти пешбурди тосудӣ), инчунин мӯҳлати ба таври маҷбурӣ дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ будан ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда дар вақти тафтиши пешакӣ то шаш моҳ аз ҷониби судяи суди ноҳия ва шаҳр ё суди ҳарбии гарнизон бо тартиби муқарраркардаи моддаи 111 КМҶ ҶТ танҳо дар сурати ғайриимкон будани анҷом додани тафтиш дар мӯҳлати 2 моҳ ва дар сурати набудани асос барои нисбат ба айбдоршаванда татбиқ намудани чораи дигари пешгирӣ мумкин аст.

Минбаъд дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ба мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ танҳо дар ҳаққи шахсони дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин айбдоршаванда, инчунин дар ҳаққи шахсони дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содирнамудае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои зисти доимӣ надоранд, мумкин аст, ба шарте, ки барои гумон кардан асосҳои кофӣ бошанд, ки онҳо аз тафтиш ва суд берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳон мешаванд. Дар ин сурат дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштанро судяи ҳамон суд дар асоси дархости муфаттиш бо ризои прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилоят, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ризои муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодкарда ба мӯҳлати то 12 моҳ амалӣ менамояд.

Мӯҳлати зиёда аз 12 моҳ дар ҳабс нигоҳ доштан танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, нисбат ба шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин айбдор карда мешаванд, аз ҷониби судяҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе ва коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости муфаттиш, ки бо ризои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ пешниҳод гардидааст, ба муҳлати то 18 моҳ дароз намудан мумкин аст. Мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад.

Минбаъд ба дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан роҳ дода намешавад ва айбдоршаванда бояд фавран озод карда шавад. Вале агар баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ мӯҳлати мазкур оид ба пешниҳоди маводи парвандаи ҷиноятӣ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ риоя шуда бошаду лекин 30 шабонарӯз барои шиносшавӣ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ камӣ кунад, муфаттиш ҳуқуқ дорад на дертар аз 5 рӯзи то анҷом ёфтани мӯҳлати ниҳоии дар ҳабс нигоҳ доштан бо ризои прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, прокурори вилоят, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ризои муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ мувофиқан ба судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, вилоятӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан дархост пешниҳод намояд.

Судяи суди дахлдор дар давоми 5 шабонарӯзи баъди қабул кардани дархост бояд яке аз қарорҳои зеринро қабул намояд:

– дар бораи дароз кардани мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан то лаҳзаи анҷом додани шиносшавии айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ бо маводи парвандаи ҷиноятӣ ва аз ҷониби прокурор ба суд фиристонидани парвандаи ҷиноятӣ;

– дар бораи рад кардани дархост ва аз ҳабс озод кардани айбдоршаванда.

Маводи тафтиши анҷомёфтаи парвандаи ҷиноятӣ барои шиносшавӣ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ бояд дар мӯҳлати на дертар аз 30 шабонарӯз то анҷоми мӯҳлати муайяншудаи дар ҳабс нигоҳ доштан, пешниҳод гардад.

Агар баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ маводи парвандаи ҷиноятӣ ба айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ дар муддати камтар аз 30 шабонарӯз то анҷоми мӯҳлати ниҳоии дар ҳабс нигоҳ доштан пешниҳод шуда бошад, он гоҳ пас аз гузаштани ин мӯҳлат айбдоршаванда ҳатман озод карда мешавад. Дар ин маврид айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ барои шинос шудан бо маводи парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқдор хоҳанд буд.

Ба мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан ҳамчунин мӯҳлатҳои зерин ҳисоб карда мешаванд:

– муддати дастгир шудани шахс ба сифати гумонбаршуда;

– муддати дар ҳабси хонагӣ будан;

– муддати дар ҳабс будани шахс дар ҳудуди давлати хориҷа аз рӯи талаботи расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ё ин ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ӯ;

– муддати дар асоси қарори суд ба таври маҷбурӣ дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ будан.

Дар сурати такроран татбиқ намудани чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда дар рафти тафтиши пешакии ҳамон як парванда, инчунин парвандаи ҷиноятии ба он ҳамроҳ ё аз он ҷудо кардашуда мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан бо ба ҳисоб гирифтани мӯҳлати пештар таҳти ҳабс қарор доштанашон ҳисоб карда мешавад.

Ҳангоми ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парвандаи ҷиноятие, ки мӯҳлати ду моҳаи дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванда ба охир расидаасту аз рӯи ҳолатҳои кор бошад, чораи пешгириро дар намуди ба ҳабс гирифтан тағйир додан мумкин нест, мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштан бо тартиби дар боло гуфташуда дароз карда мешавад. Дар ин маврид мӯҳлати дар суд будани парвандаи ҷиноятӣ ба инобат гирифта намешавад.

6.4. Чораҳои дигари маҷбурии мурофиавӣ

Бо мақсади таъмини тартиби бо КМҶ ҶТ пешбинишудаи тафтиш ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, иҷрои дахлдори ҳукм таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд дар ҳаққи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда чораҳои дигари зерини маҷбурии мурофиавиро татбиқ намоянд:

– муваққатан дур кардан аз вазифа;

– маҷбуран овардан;

– ҷарима таъин кардан;

– ҳабси молу мулк, аз ҷумла маблағи амонатҳо, суратҳисобҳои бонкӣ.

Муваққатан дур кардан аз вазифа аз он иборат аст, ки ба айбдоршаванда иҷро намудани ваколат ё машғул шудан ба фаъолияте, ки ӯ пештар анҷом медод, манъ карда мешавад.

Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ бо ризои прокурор барои муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда ба суд дархост пешниҳод менамояд. Ин дархост аз ҷониби судя бо тартиби пешбининамудаи моддаи 111 КМҶ ҶТ баррасӣ карда мешавад.

Қарори муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда ба роҳбари ҷои кораш равон карда мешавад ва ӯ вазифадор аст дар мӯҳлати се шабонарӯз баъди гирифтани қарор онро иҷро карда, дар ин бора ба шахси мансабдори мақомоти пешбурди таъқиби ҷиноятӣ ва суд, ки қарори дур карданро аз вазифа қабул кардааст, огоҳ кунад.

Айбдоршавандаи аз вазифа дуркардашуда ҳуқуқ дорад бо кӯмакпулии ҳармоҳаи давлатӣ дар ҳаҷми на камтар аз як ҳадди ақалли музди меҳнат таъмин карда шавад, ба шарте, ки ӯ дар натиҷаи ҳолатҳои ба ӯ новобаста ба кори дигар гузашта натавонад.

Маҷбуран овардан. Дар сурати бе сабабҳои узрнок ба даъват ҳозир нашудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, инчунин шоҳид ва ҷабрдида бо қарори асосноки таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ва ё бо таъиноти суд онҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ маҷбуран оварда мешаванд.

Сабабҳои узрноки бо даъвати муфаттиш ҳозир нашудани айбдоршаванда инҳо эътироф карда мешаванд:

– беморӣ, ки ҳозир шудани айбдоршавандаро номумкин месозад;

– фавтидани хешовандони наздик;

– офатҳои табиӣ;

– нагирифтани даъватнома;

– ҳолатҳои дигаре, ки дар мӯҳлати муайян ҳозир шудани айбдоршавандаро номумкин месозад.

Дар бораи мавҷуд будани сабабҳои узрнок, ки ба ҳозир шудан дар мӯҳлати муайяншуда тибқи даъват монеа шуда метавонанд, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, инчунин шоҳид ва ҷабрдида бояд мақомоти даъватнамударо огоҳ кунад.

Қарор (таъинот)-и маҷбуран овардан ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, инчунин шоҳид ва ҷабрдида қабл аз иҷрои он эълон карда, ин ҳолат бо имзои онҳо дар қарор тасдиқ карда мешавад.

Маҷбуран овардан ҳангоми шаб ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир иҷозат дода намешавад. Мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ вақти шабона – фосилаи вақтест, ки аз соати 22.00 то 6.00 рӯзи дигарро дар бар мегирад (м. 6 КМҶ ҶТ).

Маҷбуран овардани ноболиғи то 14 – сола, зани ҳомила, инчунин беморе, ки бо вазъи саломатӣ наметавонанд ё набояд маҳалли будубоши худро тарк намоянд ва ин ҳолат аз ҷониби духтури муассисаи тиббӣ тасдиқ гардидааст, иҷозат дода намешавад.

Ҳабси молу мулк чораи маҷбурии мурофиавӣ буда, аз номнависи молу мулк ва ба молик ё соҳиби он манъ кардани ихтиёрдорӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ истифода бурдани ин молу мулк иборат аст.

Ҳабси молу мулк барои таъмини даъвои гражданӣ ё эҳтимоли мусодираи молу мулк татбиқ карда мешавад. Мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо ризои прокурор дар бораи ҳабси молу мулки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё шахсоне, ки мувофиқи қонун барои кирдорашон аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, ба суд дархост менамояд. Судя дар бораи ҳабси молу мулк қарор мебарорад.

Ҳабси молу мулк аз он иборат аст, ки ба молик ё соҳиби он манъи ихтиёрдорӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ манъи истифодаи ин молу мулк эълон карда ё ситонида, барои нигоҳдошт супорида мешавад.

Ҳабси молу мулк ва тартиб додани протокол тибқи қоидаҳои КМҶ ҶТ сурат мегирад[5].

Ҳабси молу мулке, ки мутобиқи замимаи Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи зарурати аввал ба ҳисоб меравад, мумкин нест.

Ҳабси молу мулк бо иштироки шахсони холис ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки мутахассисе, ки арзиши онро муайян менамояд, сурат мегирад.

Молу мулки ба ҳабс гирифтаро ситонидан ё бо салоҳияти шахсе, ки онро боздошт кардааст, барои нигоҳдошт ба намояндаи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилоти истифодаи манзил, молики ин молу мулк ё ба дигар шахсе, ки барои таъмини нигоҳдошти он мутассадӣ шудааст, супоридан мумкин аст, ки дар ин бора забонхат гирифта мешавад.

Ҳабси маблағи амонатҳо, суратҳисобҳои бонкӣ, коғазҳои қиматнок ҳама гуна амалиёти додугирифтро қатъ мекунад.

Ҳабси молу мулк бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, таъиноти суд, судяе, ки парванда таҳти пешбурди онҳо қарор дорад, бекор карда мешавад, ба шарте, ки зарурат ба ин чора аз байн равад.

Ҷарима. Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои мурофиавӣ, риоя накардани тартибот дар маҷлиси суд ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 118 КМҶ ҶТ ба миқдори то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.

Ҷарима аз ҷониби суд таъин карда мешавад.

Агар ӯҳдадориҳои мурофиавӣ иҷро нашуда, дар маҷлиси суд тартибот риоя нашуда бошад, қарори ҷарима таъин кардани суд, судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, дар ҳамон маҷлиси суд қабул карда, дар ин бора таъинот (қарор) бароварда мешавад.

Агар ҳуқуқвайронкуниҳои мазкур, яъне иҷро накардани ӯҳдадориҳои мурофиавӣ ва риоя накардани тартибот дар давраи тосудии пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ содир шуда бошанд, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор дар ин хусус протокол тартиб дода, онро ба суд ирсол мекунад. Протокол аз ҷониби судя дар давоми панҷ шабонарӯз бо даъвати шахси протоколро тартибдода ва шахсе, ки дар бораи ӯ протокол тартиб дода шудааст, баррасӣ карда мешавад. Ҳозир нашудани ҳуқуқвайронкунанда барои баррасии он монеъ шуда наметавонад.

Оид ба баррасии протокол судя дар бораи таъин кардан ё накардани ҷарима қарор мебарорад. Нусхаи қарор ба шахси протоколро тартибдода ва шахсе, ки нисбаташ ҷарима таъин карда шудааст, фиристода мешавад.

6 Загрузки
test

Добавить комментарий