Даъвои гражданӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ

 

7.1. мафҳум ва предмети

даъвои гражданӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ

Даъвои гражданӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ воситаи бартараф намудани зарари молумулкии аз ҷиноят расонидашуда мебошад, ки дар фасли панҷум, боби понздаҳуми КМҶ ҶТ танзим шудааст.

Мутобиқи қонун шахсе, ки аз ҷиноят зарари моддӣ дидааст, дар вақти мурофиаи парвандаи ҷиноятӣ, ҳуқуқ дорад ба айбдоршаванда ё шахсоне, ки барои рафтори вай аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгаранд, ҷиҳати барқарор намудани зарари расонидашуда, даъвои гражданӣ пешниҳод намоянд.

Асос барои пешниҳоди даъвои гражданӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ расонидани зарари моддӣ дар натиҷаи содири ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавноки шахси номукаллаф мебошад, ки бо сабаби номукаллафӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст.

Мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар парвандаи ҷиноятӣ даъвои граждании шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин прокурор ва мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия оид ба рӯёнидани зараре, ки дар натиҷаи содир кардани ҷиноят расонида шудааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ҳангоми пешниҳоди даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ даъвогар аз боҷи давлатӣ озод карда мешавад.

Ҳамин тавр, даъвои гражданӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ – ин арзи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамчунин шахсони мансабдор, мақомоти ваколатдоршудаи давлатӣ (прокурор ва мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия) дар хусуси барқарор намудани зарари моддии аз ҷиноят расонидашуда мебошад, ки ҳангоми мурофиа оид ба парвандаи ҷиноятӣ пешниҳод гардида, аз ҷониби суд якҷоя бо парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ ва ҳал мегардад.

Тобеияти судии даъвои гражданӣ, ки аз парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, тибқи тобеияти судии парвандаи ҷиноятӣ, ки дар он пешниҳод гардидааст, муайян карда мешавад.

Даъвои граждание, ки аз парвандаи ҷиноятӣ бармеояд, тибқи қоидаҳои муайяннамудаи КМҶ ҶТ исбот карда мешавад. Агар муносибатҳои мурофиавие, ки аз даъвои гражданӣ бармеоянд, дар асоси КМҶ ҶТ танзим нашуда бошанд, меъёрҳои қонунгузории мурофиавии гражданӣ истифода бурда мешаванд.

7.2. Тартиби пешниҳод кардан

ва даст кашидан аз даъвои гражданӣ

Даъвои гражданиро дар мурофиаи ҷиноятӣ аз лаҳзаи оғози парвандаи ҷиноятӣ то лаҳзаи оғози тафтиши судӣ пешниҳод кардан мумкин аст. Яъне шахсе, ки аз ҷиноят ё кирдори бо Кодекси ҷиноятӣ манъгардидаи шахси номукаллаф зарар дидааст ё намояндаи ӯ ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи оғози парвандаи ҷиноятӣ то оғози тафтиши судӣ даъвои гражданӣ арз кунанд.

Рад кардани қонеънагардонии даъвое, ки бо тартиби мурофиаи гражданӣ пешниҳод шудааст, даъвогарро аз ҳуқуқи дубора арз намудани ҳамон даъво оид ба парвандаи ҷиноятӣ маҳрум месозад.

Даъвои гражданиро ба таври шифоҳӣ ё хаттӣ арз кардан мумкин аст. Арзи шифоҳӣ дар протокол бо тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ сабт карда мешавад.

Ба пешниҳоди даъвои гражданӣ дар парвандаи ҷиноятӣ номаълум будани шахсе, ки бояд ба сифати айбдоршаванда ҷалб шавад, монеъ шуда наметавонад.

Шахсе, ки дар мурофиаи ҷиноятӣ даъвои гражданӣ арз накардааст, инчунин шахсе, ки даъвои ӯро суд бе муҳокима гузоштааст, ҳуқуқ дорад бо тартиби мурофиаи гражданӣ даъво кунад.

Барои ҳифзи манфиати давлат прокурор ҳуқуқ дорад дар мурофиаи ҷиноятӣ даъвои гражданӣ пешниҳод намояд.

Агар аз маводи парвандаи ҷиноятӣ муайян гардад, ки аз ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфноки шахси номукаллаф ба шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқӣ зарар расидааст, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд ба онҳо ё намояндагони онҳо ҳуқуқашонро дар бораи пешниҳоди даъвои гражданӣ мефаҳмонанд.

Шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки даъво арз кардааст, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 44 КМҶ ҶТ даъвогари гражданӣ эътироф мешавад. Ба шахси пешниҳодкардаи даъво ва намояндаи ӯ қарори (таъиноти) эътироф кардани даъвогари гражданӣ эълон карда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо фаҳмонда мешавад[1].

Агар шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ даъвои гражданиро ҳангоми мавҷуд набудани асосҳои дар қонун пешбинишуда арз карда бошад, ба эътирофи ӯ ба сифати даъвогари гражданӣ ҷавоби рад дода, дар ин бора қарор ё таъиноти асоснок бароварда, ба ӯ ҳуқуқи шикоят кардан фаҳмонда мешавад. Дар тафтиши пешакӣ рад кардани эътироф ба сифати даъвогари гражданӣ то оғози тафтиши судӣ ӯро аз ҳуқуқи пешниҳоди даъво дар суд маҳрум намесозад.

Дар сурати пешниҳод намудани даъвои гражданӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ ҳангоми муайян кардани шахсе, ки барои бо ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфноки шахси номукаллаф зарар расониданаш масъулият дорад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд ӯро бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба сифати ҷавобгари гражданӣ ҷалб менамояд[2]. Ба ҷавобгари гражданӣ ё намояндаи ӯ қарор (таъинот) дар бораи ба сифати ҷавобгари гражданӣ ҷалб шудан эълон карда, ҳуқуқҳои онҳо фаҳмонда мешавад[3].

Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз даъвои граждании арзкардааш ҳуқуқи даст кашиданро дорад. Аризаи даъвогар дар бораи даст кашидан аз даъво ба протоколи амали тафтишӣ ва маҷлиси суд дохил карда мешавад. Агар даст кашидан аз даъво аз ҷониби даъвогар хаттӣ пешниҳод шуда бошад, он ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

Даст кашидан аз даъво аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор дар ҳар лаҳзаи пешбурди таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ қабул гардида, дар ин бора қарор бароварда мешавад. Инчунин суд дар ҳар лаҳзаи муҳокимаи судӣ таъинот бароварда, то даромадани суд ба хонаи машваратӣ барои баровардани ҳукм аз даъво даст кашиданро қабул карда метавонад.

Қабули даст кашидан аз даъво боиси қатъ намудани пешбурди он гардида, даъвогари гражданиро дар мурофиаи ҷиноятӣ ё гражданӣ аз ҳуқуқи такроран пешниҳод кардани даъво ба ҳамон шахс ва бо ҳамон асос маҳрум месозад.

То даст кашидани даъвогар аз даъво таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд вазифадоранд ба даъвогар оқибатҳои дасткаширо фаҳмонанд.

Агар даст кашидани даъвогари гражданӣ аз даъво хилофи қонун бошад ё ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи дигар шахсонро вайрон кунад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд аз даъво даст кашидани даъвогарро қабул намекунанд ва дар ин бора қарор ё таъиноти асоснок мебароранд.

7.3. Ҳалли даъвои гражданӣ

Ҳангоми баррасии даъвои гражданӣ, ки дар парвандаи ҷиноятӣ пешниҳод шудааст, асос, шарт, ҳаҷм ва тарзи рӯёнидани зарар мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Точикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян карда мешавад.

Дар сурати баровардани ҳукми айбдоркунӣ ё таъинот дар бораи чораи маҷбурӣ, ки хусусияти тиббӣ дорад, суд даъвои гражданиро пурра ё қисман қонеъ мегардонад ё онро рад мекунад.

Ҳангоми қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ суд, судя ҳуқуқ дорад аз доираи талаботи даъво берун барояд, ба шарте, ки ҳаҷми он ба бандубасти ҷиноят ва чораи ҷазои гуноҳгорон таъсир нарасонад.

Ҳангоми баровардани ҳукми сафедкунанда, ҳамчунин баровардани таъинот ва қарори қатъ намудани парванда дар бораи татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ суд метавонад:

– қонеъ гардонидани даъвои гражданиро рад кунад, ба шарте, ки ҳодисаи ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфноки айбдоршаванда ё иштироки судшаванда ё шахсе, ки нисбати ӯ масъалаи татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ҳал карда мешаванд, содир намудани ҷиноят ё кирдори барои ҷамъият хавфнок муайян ва исбот карда нашуда бошад;

– даъворо бе баррасӣ монад, дар сурати аз сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят судшаванда сафед карда шуда бошад ё ин ки қатъ намудани парванда барои набудани асоси татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ, ки бо хусусияти кирдори аз ҷониби ӯ содиршуда ва вазъи худ барои ҷамъият хавфнок нест ва ба муолиҷаи маҷбурӣ мӯҳтоҷ намебошад;

– дар сурати имконнопазирии муайян кардани миқдори аниқи маблағи талаби даъво ба даъвогари гражданӣ фаҳмонида мешавад, ки ӯ ҳуқуқ дорад, ба тариқи умумӣ бо даъвои гражданӣ ба суд муроҷиат намояд.

Ҳангоми қатъ намудани парванда бо асосҳои зерин суд даъвои гражданиро бе баррасӣ мемонад:

– ҳангоми гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан;

– ҳангоми қабули санади авф;

– ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ;

– нисбат ба шахси фавтида;

– нисбат ба шахсе, ки дар ҳаққи ӯ аз рӯи ҳамон айбдоркунӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда ё таъиноти суд ва ё қарори суд, судя оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ҳамон асос мавҷуд аст;

– нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дорад.

Агар парвандаи ҷиноятӣ дар давраи пешбурди тосудӣ қатъ гардида бошад, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ё намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд бо тартиби мурофиаи гражданӣ даъво пешниҳод кунанд.

Дар сурати қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ суд ҳуқуқ дорад то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм дар бораи қабули чораи таъмини даъво, ба шарте, ки чунин қарор қаблан бароварда нашуда бошад, қарор қабул кунад.

Ҳангоми аз ҷониби суд қонеъ гардонидани даъвои гражданӣ ҳукм, инчунин таъинот дар бораи татбиқи чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар қисми даъвои гражданӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амалӣ карда мешавад.

4 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.