Ҳуҷҷатҳо, мӯҳлатҳо ва хароҷоти мурофиавӣ

 

 

Ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ

Чи тавре ба мо маълум аст, парвандаи ҷиноятӣ аз маҷмӯи ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи шахси таҳқиқбарандаи ибтидоӣ, муфаттиш, прокурор, суд ва судя тартиб дода мешаванд, инчунин ҳуҷҷатҳое, ки бо ташаббуси иштирокчиёни дигари мурофиа пешниҳод мешаванд, иборат аст. Вале ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ ҳисобида намешаванд.

Дар назарияи мурофиаи ҷиноятӣ танҳо ҳамон ҳуҷҷатҳоеро ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ меноманд, ки дар онҳо ҳаракат ва қарорҳои мақомоту шахсони масъули мурофиа оиди парвандаи ҷиноятӣ сабт шуда бошанд. Яъне ҳуҷҷатҳое, ки доир ба тамоми ҳаракатҳои тафтишотӣ ва судӣ, қарорҳои қабулшаванда дар мурофиаи ҷиноятӣ тартиб дода мешаванд, ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ меноманд.

Аз рӯи мазмунашон ҳуҷҷатҳои мурофиавиро ба чунин намудҳо ҷудо кардан мумкин аст:

-ҳуҷҷатҳҳое, ки дар онҳо қарорҳои мақомот, ки мурофиаи ҷиноятиро ба амал меоранд, мустаҳкам карда мешаванд (қарорҳо, супоришҳо, супоришҳои алоҳида, таъинот, ҳукмҳо ва ғайра);

-ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо рафту натиҷаҳои фаъолияти мурофиавӣ мустаҳкам карда мешавнд (байонотҳо);

-ҳуҷҷатҳои дигар (забонхатҳо, даъватномҳо ва ғайра).

Дар рафти тафтишоти пешакӣ мувофиқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ қариб 20 намуди ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ тартиб дода мешаванд, ки шартан онҳоро ба ҳуҷҷатҳои асосӣ (ҳатмӣ) ва ҳуҷҷатҳои ёрирасон (факултативӣ) ҷудо мекунанд.

Ба ҳуҷҷатҳои мурофиавии асосӣ чунин намудҳои ҳуҷҷатҳо дохил мешаванд, ки онҳоро мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ оиди ҳар як парвандаи ҷиноятӣ тартиб медиҳанд. Дар ин ҳуҷҷатҳо хулосаҳо оиди масъалаҳои асосии дар вақти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ бавуҷудомада, қарор дар бораи ҳаракати минбаъдаи парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани ҳаракати тафтишӣ инъикос гардида, инчунин далелҳо сабт вамустаҳкам карда мешаванд.

Дар марҳалаҳои тосудӣ шахси таҳқиқкунандаи ибтидоӣ, муфттиш, прокурор хулосаю мулоҳизаҳои худро дар қарорҳо, пешниҳодҳо, супоришҳо, супоришҳои алоҳида, фикри йбдоркунӣ иншо менамоянд.

Ҳуҷҷатҳои асосии мурофиавие, ки дар давраи тафтишоти пешакӣ тартиб дода мешаванд: қарорҳо, протоколҳо ва фикри айбдоркунӣ мебошанд. Дар давраи судӣ бошад – протоколи маҷлиси судӣ, қарори судя, таъинот ва ҳукми суд бароварда мешаванд.

Қарор – санаде мебошад, ки аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар рафти пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ қабул карда шудааст, инчунин санаде, ки судяи суди марҳилаи якум танҳо қабул кардааст ё санаде, ки судяи суди марҳилаи назоратӣ оид ба ҳалли шикоят ё эътирози назоратӣ қабул кардааст ё санаде, ки раёсати суд дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои поёнӣ қабул кардааст.

Қарорҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ санадҳои ҳокимиятӣ амрдиҳанда мебошанд, ки дорои хулосаҳои фосилавӣ ва ниҳоӣ оид ба парванда буда, иҷроишашон барои ҳамаи корхонаҳо, муссисаҳо, ташкилот, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.

Таҳлили қонуни мурофиавии ҷиноятӣ нишон медиҳад, ки оиди парвандаи ҷиноятӣ зиёда аз 60 қарорҳои гуногун дар бораи масъалаҳое, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ ва таҳқиқи ибтидоӣ пайдо мегарданд, бароварда мешаванд. Чунончӣ, қарорҳо дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ, қабул кардани парвандаи ҷиноятӣ ба истеҳсоли худ, фиристодани парванда аз рӯи тобеияти тафтишотӣ, ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашидани шахс, оиди интихоб кардани чораи пешгирӣ, дар бораи таъин кардани экспертизаҳо, дар бораи гузаронидани кофтуков, ёфта гирифтан ва ғайраҳо.

Қарор оид ба парвандаи ҷиноятӣ бояд қонунӣ бошад. Яъне бо риояи асос, шартҳо ва шакли мурофиавии дар қонун муқарраргардида қабул карда шавад.

Чун қоида қарор аз се қисм иборат мебошад: муқаддима, тасвир (баён), хулоса.

Дар қисми муқаддимавии қарор: номи ҳуҷҷат, ҷой (дар куҷо) ва вақти (кай) тартиб додани он, аз тарафи кӣ тартиб дода шудааст ва оиди кадом мавод ё парванда, нишон дода мешавад.

Қисми баёнӣ дар қарор ҷои марказиро ишғол менамояд. Маҳз дар ҳамин қисм ҳолатҳои муайяни муқарраркардашуда оварда мешаванд; кадом хулоса аз ин ҳолатҳо бармеояд, нишон дода мешавад; далелҳое оварда мешаванд, ки дар маҷмӯъ барои баҳо додан оиди асоснок кардани қарори баровардашуда имконият медиҳанд; дар он истинод ба қонуне, ки шахси масъул барои баровардани қарор ба роҳбарӣ гирифтааст, нишон дода мешавад.

Дар қисми хулосавӣ формулировкаи (тасвияти) қарори қабулшуда қайд карда мешавад, ки он бояд мантиқан аз қисми муқаддима ва қисми баёния барояд. Дар хулоса мумкин аст, дигар нишондодҳо ҷой дошта бошанд, масалан, оиди минбаъд фиристодани парванда аз рӯи тобеияти тафтишотӣ (дар вақти баровардани қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ), оиди фиристодани нусхаи қарор барои иҷроиш (дар қарори интихоб намудани чораи пешгирӣ – баҳабсгирӣ), оиди фиристодани нусхаи қарор ба прокурор ва ғайраҳо.

Ба қарор шахсе имзо мегузорад, ки онро баровардааст.

Протоколҳо ҳуҷҷатҳои мурофиавие мебошанд, ки дар онҳо рафту (тартибу) натиҷаҳои ҳаракатҳои тафтишотӣ ва судиро сабт мекунанд. Қонуни мурофиавии ҷиноятӣ нишон медиҳад, ки дар вақти гузаронидани ҳаракатҳои тафтишӣ зиёда аз 40 намуди протоколҳо тартиб дода мешаванд.

Мутобиқи моддаи 172 КМҶ ҶТ протоколи амали тафтишӣ дар ҷараёни пешбурди тафтиш ё бевосита баъди тамом кардани он тартиб дода мешавад.

Протоколро дастӣ навиштан, дар мошинка чоп кардан ё ба тарзи компютерӣ тартиб додан мумкин аст. Барои мукаммал таҳия намудани протокол мумкин аст сабтҳои стенографӣ, сабти овоз ва видео истифода шаванд. Сабти стенографӣ, маводи сабти овоз ва видео якҷоя бо парванда нигоҳ дошта мешаванд. Дар протокол бояд инҳо инъикос ёбанд: маҳал (ҷой) ва санаи пешбурди амали тафтишӣ; вақти оғоз ва анҷоми амали тафтишӣ; вазифа ва ному насаби шахси тартибдиҳандаи протокол; ном, номи падари ҳар шахсе, ки дар амали тафтишӣ иштирок намудааст, инчунин суроғаи ӯ; амали мурофиавӣ бо ҳамон тартибе, ки онҳо ҷой доштанд; ҳолатҳои ҳангоми гузаронидани мурофиа ошкоршудаи барои парванда муҳим; арзи шахсони дар пешбурди амали тафтишӣ иштирокдошта.

Агар ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ аксбардорӣ, сабти овоз ва видео татбиқ шуда бошад ё қолабгирӣ ва нақшгирӣ аз из анҷом дода шуда, нақшаю тарҳ кашида шуда бошад, пас дар протокол воситаҳои техникие, ки ҳангоми анҷом додани амали дахлдори тафтишӣ ба кор бурда шудаанд, шарт ва тартиби татбиқи онҳо, объектҳое, ки нисбати онҳо ин воситаҳо татбиқ шудаанд ва натиҷаҳои ба даст омада бояд инъикос гарданд. Дар протокол ба ғайр аз он бояд сабт гардад, ки оё қабл аз татбиқи воситаҳои техникӣ дар ин бора шахсони дар пешбурди амали тафтишӣ иштирокдошта огоҳ карда шуда буданд ё не.

Протокол барои шиносоӣ ба ҳамаи шахсоне, ки дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок доштанд, пешниҳод карда мешавад. Ба онҳо ҳуқуқи эродгирӣ, ки ба протокол бояд дохил карда шавад, фаҳмонда мешавад. Тамоми эроду иловаҳо ва ислоҳоти ба протокол дохил кардашуда, бояд пешакӣ мувофиқа ва бо имзои ин шахсон тасдиқ карда шаванд.

Ҳар як саҳифаи протокол аз ҷониби муфаттиш, шахси пурсидашуда, тарҷумон, мутахассис, шахсони холис ва дигар шахсони иштирокчии амали тафтишӣ имзо карда мешавад.

Ба протокол негативҳои акс, сурат, диапозитив, кассета, сабти овоз ва видео, нақшаю тарҳ ва схема, қолаб, изу пай, ки ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ анҷом дода шудааст, замима мегарданд.

Ҳангоми мавҷуд будани асос барои эҳтимоли он, ки таъмини амнияти ҷабрдида, намояндаи ӯ, шоҳид ва аъзои оилаи онҳо зарур аст, муфаттиш ҳуқуқ дорад дар протоколи амали тафтишӣ, ки дар он ҷабрдида, намояндаи ӯ ва шоҳид иштирок доранд, маълумотро дар бораи шахсияти онҳо зикр накунад. Дар ин сурат муфаттиш вазифадор аст қароре барорад, ки дар он сабаби дар хусуси махфӣ нигоҳ доштани маълумот оид ба шахсияти иштирокчии амали тафтишӣ қабул кардани қарорро зикр намуда, намунаи имзоро, ки вай дар протоколи амали тафтишӣ бо иштироки ӯ аз он истифода мебарад, сабт кунад. Қарор дар лифофаи мӯҳршуда нигоҳ дошта мешавад, ки бо мазмуни он ба ғайр аз муфаттиш, прокурори назораткунанда суд, судя шинос шуда метавонанд.

Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё шахси дигар имзои протоколи амали тафтиширо рад кунад, дар ин бора дар протокол сабт ва бо имзои шахсе, ки амали тафтиширо анҷом додааст, тасдиқ карда мешавад. Ба шахсе, ки имзогузории протоколро рад кардааст, бояд имконият фароҳам овард, ки ӯ сабаби онро шарҳ диҳад ва шарҳи ӯ ба протокол дохил карда мешавад. Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё шоҳид бо сабаби камбудии ҷисмонӣ ё вазъи саломатӣ протоколи пурсишро имзо карда натавонанд, муфаттиш шахси бегонаро даъват мекунад ва ӯ бо розигии шахси пурсидашуда дурустии сабти нишондоди ӯро бо имзои худ тасдиқ мекунад. Ин протоколро инчунин муфаттише, ки пурсиш кардааст, имзо мегузорад.

Фикри айбдоркунӣ ҳуҷҷати мурофиавиест, ки дар он тафтишоти пешакӣ ҷамбаст гардида, моҳияти парванда, маълумот оиди шахси айбдоршаванда тасвияти айбдорӣ баён карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 244 КМҶ ҶТ фикри айбдоркунӣ аз қисми муқаддима, баёнию асосноккунӣ ва хулоса иборат аст.

Дар қисми муқаддима муфаттиш ном, номи падар ва фамилияи айбдоршаванда (айбдоршавандагон)-ро, ки нисбат ба ӯ (онҳо) фикри айбдоркунӣ таҳия мегардад, модда, қисм ва банди қонуни ҷиноятӣ, ки мувофиқи он амали ӯ бандубаст мешавад, инъикос мекунад.

Дар қисми баёнию асосноккунӣ бошад инҳо инъикос мегарданд:

  • моҳияти айбдоркунӣ;
  • маҳал ва вақти содир намудани ҷиноят;
  • усул, сабаб, оқибат ва ҳолатҳои дигари муҳим;
  • маълумот дар бораи ҷабрдида, хусусият ва андозаи зарари ба ӯ расонидашуда, даъвогар ва ҷавобгари гаражданӣ;
  • далелҳои тасдиқкунандаи гуноҳи айбдоршаванда;
  • ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо;
  • ваҷҳҳое, ки айбдоршаванда барои ҳимояи худ пеш меорад ва натиҷаи санҷиши ин ваҷҳҳо.

Фикри айбдоркунӣ бояд истинод ба ҷилд ва саҳифаҳои парвандаро дар бар гирад.

Дар қисми хулоса маълумоти шахсияти айбдоршаванда, ифодаи айби эълоншуда бо нишон додани қонуни ҷиноятӣ (модда, қисм, банд), ки барои ҳамин ҷиноят ҷавобгариро пешбинӣ мекунад, зикр мегардад.

Муфаттиш бояд маҳал ва санаи таҳияи фикри айбдоркуниро нишон дода, онро имзо гузорад.

Ба фикри айбдоркунӣ рӯйхати айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳидон, коршинос, ки бояд ба маҷлиси суд даъват шаванд, замима мегардад. Ҳамчунин, ба фикри айбдоркунӣ маълумотнома дар бораи мӯҳлати тафтиш, чораҳои интихобшудаи пешгирӣ бо нишон додани мӯҳлати нигоҳ доштан дар ҳабс ва ҳабси хонагӣ, дар хусуси далелҳои шайъӣ ва ҷойи нигоҳдошти онҳо, даъвои гражданӣ, дар бораи чораҳое, ки барои таъмини даъвои гражданӣ ва имконпазирии мусодираи молу мулк андешида шудаанд, хароҷоти мурофиавӣ замима карда мешаванд.

Баъди аз ҷониби муфаттиш имзо шудани фикри айбдоркунӣ парвандаи ҷиноятӣ фавран ба прокурор равон карда мешавад.

Чи тавре зикр намудем, муҳимтарин ҳуҷҷатҳо дар давраи судӣ ҳукмҳо, таъинотҳо ва қарорҳо мебошанд.

Ҳукм – ин қароре мебошад, ки суди марҳилаи якум дар бораи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда баровардааст[1]. Тибқи моддаи 332 КМҶ ҶТ суд ҳукмро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебарорад.

Ҳукми суд бояд қонунӣ, асоснок ва одилона бошад[2].

Ҳукм ҳангоме қонунӣ эътироф карда мешавад, ки он бо риояи талаботи қонун ва дар асоси қонун бароварда шуда бошад.

Ҳукм ҳамон вақт асоснок эътироф карда мешавад, ки он дар асоси таҳқиқи ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи далелҳое, ки ба суд пешниҳод гардида, дар маҷлиси суд муҳокима шудаанд, бароварда шуда бошад.

Ҳукми суд ба шарте одилона дониста мешавад, ки дар он ҷазои ба гуноҳгор таъингардида мутобиқи моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани ҷиноят пешбинӣ мекунад, бо назардошти шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои вазнинкунада ва сабуккунандаи ҷазо таъин шуда бошад.

Ҳукм аз ҷониби суд, судя дар хонаи машваратӣ бароварда мешавад. Ҳангоми баровардани ҳукм дар хонаи машваратӣ танҳо ҳайати суде, ки ҳамин парвандаро баррасӣ кардааст, ҳузур дошта метавонад.

Судяҳо ҳуқуқ надоранд фикру мулоҳизаи ҳангоми муҳокима ва баровардани ҳукм ҷойдоштаро фош кунанд.

Ҳукм чун қоида аз се қисм: қисми муқаддимавӣ, қисми баёнӣ ва хулоса иборат аст.

Тибқи моддаи 342 КМҶ ҶТ дар қисми муқаддимавии ҳукм инҳо бояд инъикос гарданд: баровардани ҳукм аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон; вақт ва ҷои баровардани ҳукм; номи суде, ки ҳукмро баровардааст, ҳайати суд, котиби маҷлиси суд, айбдоркунанда, ҳимоятгар; фамилия, ном ва номи падари судшаванда, сол, моҳ, рӯз ва ҷои таваллуди ӯ, ҷои истиқомат, ҷои кор, шуғл, таҳсилот, вазъи оилавӣ ва дигар маълумот оид ба судшаванда, ки барои парванда аҳамият доранд; қонуни ҷиноятие, ки ҷавобгариро барои ҷинояте, ки дар содир намудани он судшаванда айбдор дониста мешавад, пешбинӣ мекунад.

Мутобиқи моддаи 343 КМҶ ҶТ дар қисми баёнию асосноккунӣ бояд баёни кирдори ҷиноятӣ, ки суд онро исботшуда эътироф кардааст, бо нишон додани маҳал, вақт, тарзи содир кардани он, намуди гуноҳ, сабаб, мақсад ва оқибатҳои ҷиноят инъикос гарданд. Дар ҳукм далелҳое, ки хулосаи суд бо онҳо асоснок карда шудаанд ва ваҷҳҳое, ки мутобиқи он суд дигар далелҳоро рад кардааст, оварда мешаванд. Дар он ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ва дар сурати эътирофи беасосии қисми айб ё муайян намудани нодурустии бандубасти ҷиноят асос ва сабабҳои тағйир додани айб зикр мешаванд. Суд инчунин вазифадор аст асосҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳоеро, ки бо таъини ҷазои ҷиноятӣ, озод кардан аз ҷазо ё аз адои он, татбиқи дигар чораҳои таъсиррасонӣ алоқаманданд, инъикос кунад.

Тибқи моддаи 344 КМҶ дар қисми хулосавии ҳукми айбдоркунанда инҳо бояд нишон дода шаванд: фамилия, ном ва номи падари судшаванда; қарори гунаҳгор донистани судшаванда дар содир намудани ҷиноят; қисм ва бандҳои моддаи қонуни ҷиноятӣ, ки тибқи он судшаванда гунаҳгор эътироф шудааст; намуд ва андозаи ҷазои нисбат ба судшаванда таъиншуда барои ҳар як ҷинояте, ки дар содир намудани он ӯ гунаҳгор эътироф шудааст, чораи ниҳоии ҷазо, ки дар асоси моддаҳои 67, 68 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд адо карда шавад, намуд ва низоми муассисаи ислоҳӣ, ки дар он бояд маҳкумшуда ҷазоро адо кунад; давомнокии мӯҳлати санҷиш ҳангоми шартан татбиқ накардани ҷазо ва ӯҳдадориҳое, ки ба зиммаи маҳкумшуда гузошта мешаванд; қарор дар бораи таъин кардани ҷазои иловагӣ; қарори баҳисобгирии мӯҳлати дар ҳабси пешакӣ қарор доштан, ба шарте, ки судшаванда то баровардани ҳукм дастгир ё нисбати ӯ чораҳои пешгирӣ дар намуди баҳабсгирӣ, ҳабси хонагӣ татбиқ шуда бошад ё ӯ дар муассисаҳои равонпизишкӣ ҷой дода шуда бошад; қарори чораҳои пешгирӣ нисбат ба судшаванда то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм.

Агар ба судшаванда оид ба якчанд моддаҳои конуни ҷиноятӣ айб эълон шуда бошад, дар қисми хулосавии ҳукм бояд дақиқ нишон дода шавад, ки бо кадоме аз онҳо судшаванда сафед ва бо кадоме аз онҳо маҳкум карда шудааст.

Дар сурати озод кардани судшаванда аз адои ҷазо ё баровардани ҳукм бе таъини ҷазо дар ин бора дар қисми хулосавии ҳукм нишон дода мешавад.

Тибқи моддаи 345 КМҶ ҶТ қисми баёнию асосноккунии ҳукми сафедкунанда чунин маълумотҳоро бояд дар бар гирад: моҳияти айби пешниҳодшуда, ҳолатҳои парванда, ки суд муайян кардааст; далелҳое, ки барои сафед кардани судшаванда асос шудаанд; асосҳое, ки мувофиқи онҳо далелҳои пешниҳоднамудаи тарафи айбдоркунӣ рад карда мешаванд; асосҳои қарор нисбат ба даъвои гражданӣ.

Дар қисми хулосавии ҳукми сафедкунанда бошад инҳо бояд зикр гарданд: фамилия, ном ва номи падари судшаванда; қарори бегуноҳ эътироф кардани судшаванда ва сафед кардани ӯ; асосҳои сафедкунӣ; қарори бекор кардани чораҳои пешгирӣ, ба шарте, ки он татбиқ шуда бошад; қарори бекор кардани таъмини мусодираи молу мулк, ба шарте, ки чунин чораҳо андешида шуда бошанд.

Тибқи моддаи 347 КМҶ ҶТ дар қисми хулосавии ҳам ҳукми айбдоркунанда ва ҳам ҳукми сафедкунанда ғайр аз масъалаҳое, ки мувофиқан дар моддаҳои 344 ва 346 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд, бояд инъикос гарданд: қарори даъвои граждании арзшуда; ҳалли масъалаҳои далелҳои шайъӣ; қарори тақсими хароҷоти мурофиавӣ; фаҳмондани тартиб ва мӯҳлати овардани шикоят ё эътирози кассатсионӣ ба ҳукм.

Таъинот –қарори судие, ки (ғайр аз ҳукм) суди марҳилаи якум дар вақти мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ баровардааст, инчунин ҳама гуна санаде, ки судҳои марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ, ғайр аз раёсати судҳо дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд қабул кардааст.

Ҳангоми аз тарафи президиум аз нав дида баромадани ҳукмҳои судӣ, таъинотҳо ва қарорҳои эътибори қонунӣ пайдокарда, судҳо дар ҳайати коллегиалӣ қарорҳо мебароранд.

Ҳуҷҷатҳои ёрирасон (факултативӣ) он намуди ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки тартиб додани онҳо аз ҳолатҳои воқеии ҷинояти содиршуда, шахсияти айбдоршаванда, маводҳои ҷамъовардашуда вобаста буда, тартиб додани онҳо аз рӯи ҳар як парвандаи ҷиноятӣ шарт нест. Ба ҳуҷҷатҳои хусусияти факултативидошта инҳоро дохил кардан мумкин аст: пешниҳод, забонхат, супориши хаттӣ, хабарномаҳои хаттӣ, эътирозномаҳои хаттӣ, аризаҳо, хабарҳо, баёнотҳо, даъватномаҳо, рӯйхатҳо ва ғайраҳо.

Пешниҳод ин ҳуҷҷати мурофиавие мебошад, ки муфаттиш ҳуқуқ дорад онро ҳангоми пешбурди парванда ба ташкилот, муассисаи дахлдор сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ё шахси мансабдори дахлдор дар бораи андешидани чораҳо барои рафъи ҳолатҳоеро, ки ба содир шудани ҷиноят мусоидат мекунанд ё дигар қонуншиканиҳо равон кунад.

Пешниҳод бояд дар муддати як моҳ баррасӣ карда, аз натиҷаи чораҳои андешидашуда ҳатман ба мақомоти пешниҳод ирсолнамуда хабар дода шавад.

Дар пешниҳод муфаттиш дар бораи сабабҳои камбудӣ дар фаъолияти корхонаю муассисаҳо ваташкилотҳои ҷамъиятӣ фикру мулоҳизаҳои худро асоснок баён намуда, бартараф кардани онҳоро талаб мекунад.

Забонхат ин ҳуҷҷати мурофиавие мебошад, ки дар чунин ҳолатҳо тартибдода мешавад: дар вақти интихобнамудани чораи пешгирӣ дар бораи «тарк накардани маҳалли истиқомат» (моддаи 105 КМҶ ҶТ) ё «кафолати шахсӣ» (моддаи 106 КМҶ ҶТ); ҳангоми барои нигоҳ доштан упоридани молу мулке, ки ба он арест гузошта шудааст; ҳангоми огоҳ намудан оиди пинҳон нигоҳ доштани маълумоти тафтиши пешакӣ; ҳангоми аз волидон гирифтани ӯҳдадории хаттӣ оиди таъмин намудани рафтори даркорӣ ва саривақт ҳозир шудани ноболиғ ба назди муфаттиш ва суд.

Дар забонхат бояд инҳо қайд карда шаванд: ӯҳдадории хаттиро кӣ мегирад, ба кӣ вай дода мешавад, моҳияти он дар чист, барои вайрон кардани забонхат кадом хел ҷавобгарӣ мавҷуд аст, сана ва ҷои тартиб дода шудани он. Ҳуҷҷатро шахси забонхатдиҳанда ва шахси онро қабулкунанда имзо мекунанд.

8.2. Мӯҳлатҳои мурофиавӣ

Мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонуни мурофивӣ-ҷиноятӣ кафолати муҳимтарини таъмини иҷроиши фаврӣ в саривақтии вазифаҳои ҷиноятӣ мебошанд.

Мӯҳлати мурофиавӣ – ин фосилаи вақтест, ки дар давоми он бояд ҳаракати мурофиавӣ – ҷиноятӣ иҷро карда шавад ё ин ки аз иҷроиши он худдорӣ карда шавад.

Иҷроиши мӯҳлатҳои мурофиавӣ барои ҳамаи иштирокчиёни мурофиа ҳатмист.

Ҳамаи меъёрҳои қонун, ки мӯҳлатҳои мурофиавӣ-ҷиноятиро муқаррар мекунанд, ба ду намуд тақсим кардан мумкин аст:

1) меъёрҳое, ки фавран иҷро кардани ҳаракати мурофиавӣ-ҷиноятиро таъкид мекунанд (масалан, пурсиши гумонбаршаванда пас аз дастгир кардани ӯ бояд фавран гузаронида шавад).

2) меъёрҳое, ки мӯҳлати ҳаракатҳои муайяни мурофиавиро мушаххас муқаррар менамоянд (маслан, тафтиши пешакӣ дар мӯҳлати на дертар аз ду моҳ бояд ба охир расонида шавад).

Тибқи моддаи 136 КМҶ ҶТ мӯҳлатҳои мурофиавӣ-ҷиноятӣ бо соат, шабонарӯз, моҳ ва сол ҳисоб карда мешавад. Масалан, мӯҳлати дастгиркунии гумонбаршуда дар содир кардани ҷиноят – 72 соат; таҳқиқи ибтидоӣ оид ба парвандаҳое, ки дар хусуси онҳо гузаронидани тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест -10 шабонрӯз; тафтиши пешакӣ –ду моҳ.

Дар баъзе моддаҳои КМҶ мӯҳлатҳо бо рӯзҳо муқаррар гардидаанд, ки он ба маънои шабонарӯз баробар аст.

Дар ҳисоби мӯҳлат соат ва рӯзе, ки ҷараёни мӯҳлат оғоз мегардад, ба ҳисоб гирифта намешавад. Ин қоида ба ҳисоби мӯҳлати дастгиркунӣ дахл надорад. Ба ҳисоби мӯҳлат, инчунин вақти ғайрикорӣ низ зам карда мешавад.

Масалан, агар шахс бо гумонбарӣ аз содир кардани ҷиноят дар соати 15.20 дақиқаи 4 августи соли 2010 дастгир шуда бошад, он гоҳ мӯҳлати дастгиркунӣ баробар ба 72 соат бояд аз соати 16.20 дақиқаи 4 августи соли 2010 ҳисоб карда шавад ва он соати 1.20 дақиқаи 7 августи ҳамин сол тамом мешавад.

Агар парвандаи ҷиноятие, ки дар хусуси он гузаронидани тафтиши пешакӣ ҳатмӣ бошад, аз тарафи мақоми таҳқиқи ибтидоӣ 1 сентябри соли 2010 оғоз гардида бошад, он гоҳ мӯҳлати таҳқиқи ибтидоии баробар аз 10 шабонарӯз аз 1 сентябри 2010 ҳисоб карда шуда, он дар соати 12 шаби 26 сентябри ҳамин сол ба охир мерасад.

Дар ҳисоби мӯҳлат бо моҳ ё сол мӯҳлат дар рӯзи дахлдори моҳи охирин хотима меёбад, агар ин моҳ санаи дахлдор надошта бошад, мӯҳлат дар рӯзи охирини ҳамин моҳ ба охир мерасад. Агар хатми мӯҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, рӯзи охирини мӯҳлат рӯзи кории баъди он рӯз фарорасанда ба ҳисоб меравад, ба ғайр аз ҳолатҳои ҳисоби мӯҳлат ҳангоми дастгиркунӣ, ба ҳабс гирифтан, ҳабси хонагӣ ва мӯҳлати дар муассисаи тиббӣ будан.

Масалан, агар парвандаи ҷиноятӣ 31 декабри соли 2010 оғоз карда шуда бошад, он гоҳ мӯҳлати тафтиши пешакии баробар аз ду моҳ бояд 28 феврали соли 2011 баохир мерасид, лекин агар ин рӯз ба якшанбе рост ояд, мӯҳлати тафтишот 1 марти соли 2011 тамом мешавад.

Ҳангоми дастгиркунӣ мӯҳлат аз лаҳзаи татбиқи воқеии ин чора ба ҳисоб гирифта мешавад.

Мӯҳлат гузаронидашуда ба ҳисоб намеравад, ба шарте, ки шикоят ё дигар санад то гузашти мӯҳлат дар почта ва барои шахсони ба ҳабс гирифташуда ва ё дар муассисаи тиббӣ ҷойдода бошад, агар шикоят ё дигар ҳуҷҷатҳо то гузашти мӯҳлат ба маъмурияти маҳалли баҳабсгирӣ ё муассисаи тиббӣ супурда шуда бошанд. Вақти супурдани шикоят ё дигар ҳуҷҷатҳо ба почта аз рӯи мӯҳри почта ва вақти супурдани он ба маъмурияти маҳалли нигоҳдории таҳти ҳабс ё муассисаи тиббӣ тибқи сабти дафтархона ё шахси мансабдори ин муассисаҳо муайян карда мешавад.

Аз ҷониби шахси мансабдор риоя кардани мӯҳлати муайяншуда бо сабти дахлдор дар ҳуҷҷати мурофиавӣ тасдиқ карда мешавад. Гирифтани ҳуҷҷат, ки бояд ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ супурда шавад, бо забонхати ба парванда ҳамроҳгардидаи онҳо тасдиқ мегардад.

Амалҳои мурофиавие, ки бо гузаштани мӯҳлат содир шудаанд, дар сурати барқарор карда нашудани мӯҳлат беэътибор дониста мешаванд.

Баъзе мӯҳлатҳое, ки додани шикояту аризаҳо ва дархостҳоро ба танзим медароранд, агар бо сабабҳои узрнок (беморӣ, офти табиӣ ва ғайра) гузашта бошанд, бояд аз нав барқарор карда шаванд.

Шахсе, ки ба барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда манфиатдор аст, ба мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ бо дархост ё хоҳиш муроҷиат мекунад. Мутобиқи дархост ё хоҳиши шахси зикргардида иҷрои қароре, ки вобаста ба гузашти мӯҳлат шикоят шудааст, мумкин аст, то ҳалли масъалаи барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда боздошта шавад.

Мӯҳлати бо сабабҳои узрнок гузаронидашуда бояд бо қарори мақомоте, ки мурофиаи судии ҷиноятиро пеш мебарад, бо дархост ё хоҳиши шахси манфиатдоре, ки мӯҳлатро гузаронидааст, барқарор карда шавад.

Дар хусуси рад кардани барқарор намудани мӯҳлати гузаронидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ шикоят овардан мумкин аст.

Мавриди зикр аст, ки дар мавридҳои истисноӣ баъзе мӯҳлатҳои мурофиавӣ, масалан, мӯҳлати таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ, дар ҳабс нигоҳ доштани айбдоршаванд дароз карда шуданашон мумкин аст.

Ҳамзамон, бисёр мӯҳлатҳои мурофиавӣ, чунончӣ мӯҳлатҳои санҷиши пешакии мавод дар марҳалаи оғоз кардани кори ҷиноятӣ; дастгиркунӣ ва дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда; омодасозии тосудии мавод дар шакли протоколӣ ва як қатор мӯҳлатҳои дигар ба дароз намудан роҳ дода намешванд.

8.3. Хароҷоти мурофиавӣ

Хароҷоти мурофиавӣ аз маблағҳое, ки ҳангоми гузаронидани мурофиа оид ба парвандаи ҷиноятӣ харҷ карда шудаанд ва онҳо бояд аз судшаванда ё шахсе, ки бо айби вай ин хароҷот ба амал омадааст, рӯёнда шаванд ё ин ки ба ҳисоби давлат гузаронида шаванд, иборат мебошад.

Мутобиқи моддаи 138 КМҶ ҶТ ба хароҷоти мурофиавӣ дохил мешаванд:

1) маблағи ба шоҳидон, ҷабрдидаҳо ва намояндагони онҳо, коршиносон, мутахассисон, тарҷумонҳо, шахсони холис барои пӯшонидани хароҷоташон ҳангоми ҳозир шудан ба маҳалли гузаронидани амали мурофиавӣ ва бозгашт, барои иҷораи манзил, инчунин масрафи шабонарӯзии пардохташуда;

2) маблағи ба коршиносон, тарҷумонҳо, мутахассисон пардохташуда барои иҷрои ӯҳдадориҳояшон ҳангоми таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё дар суд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ин ӯҳдадориҳо бо тартиби супориши хизматӣ анҷом дода шудаанд;

3) подоши кӯмаки ҳуқуқи ҳимоятгар дар сурати озод кардани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз пардохти он ё иштироки ҳимоятгар дар таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва дар суд тибқи таъинот, бе бастани созишнома бо мизоҷ;

4) маблағи ба сифати кӯмакпулӣ ба айбдоршаванда пардохташуда, ки нисбат ба он чораи пешгирӣ бо роҳи дур кардан аз вазифа татбиқ шуда буд;

5) маблағи барои нигаҳдорӣ ва интиқоли далелҳои шайъӣ масрафгардида;

6) маблағи барои кофтукови гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда масрафгардида, ки аз тафтиш ё суд пинҳон карда шудааст;

7) маблағи барои гузаронидани экспертиза дар муассисаҳои экспертӣ масрафгардида;

8) маблағи барои чораҳои дигари анҷом додани пешбурди парвандаи дахлдори ҷиноятӣ ё маводи дахлдор масрафгардида.

Маблағҳое, ки дар сархатҳои якум – чорум ва ҳаштуми моддаи зикргардида пешбинӣ шудаанд, бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё бо таъиноти (қарори) суд пардохта мешаванд.

Хароҷоти мурофиавӣ ба депозити суд қабул карда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ пардохта мешавад, ба шарте, ки КМҶ ҶТ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

Хароҷоти мурофиавӣ аз маҳкумшудагон ситонида ё аз ҳисоби давлат пардохт мешавад.

Суд, судя ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва 5 моддаи 139 КМҶ[3], ба истиснои маблағи ба тарҷумон, инчунин ба ҳимоятгар пардохташуда, хароҷоти мурофиавиро аз маҳкумшуда ситонанд. Хароҷоти мурофиавиро ҳам аз маҳкумшудае, ки аз ҷазо озод карда шудааст, ҳам аз маҳкумшудае, ки дар ҳаққи ӯ ҷазо таъин нагардидааст, ситонидан мумкин аст.

Хароҷоти мурофиавӣ вобаста ба иштироки тарҷумон дар парванда аз ҳисоби давлат мебошад. Агар тарҷумон вазифаи худро тибқи супориши вазифагӣ анҷом дода бошад, музди меҳнати ӯ аз ҷониби давлат ба корхонае, ки ӯ кор мекунад, ҷуброн карда мешавад.

Дар сурати бад будани вазъи молумулкии шахсе, ки аз ӯ хароҷоти мурофиавӣ бояд ситонида шавад, он аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Суд ҳуқуқ дорад маҳкумшударо пурра ё қисман аз пардохти хароҷоти мурофиавӣ озод кунад, ба шарте, ки он ба вазъи молумулкии шахсоне, ки таҳти парастории маҳкумшуда қарор доранд, таъсири ҷиддӣ расонад.

Суд оид ба парванда якчанд судшавандаро гунаҳгор эътироф намуда, муайян мекунад, ки хароҷоти мурофиавӣ ба кадом андоза аз ҳар яки онҳо ситонида мешавад. Дар айни замон суд хусусияти гуноҳ, дараҷаи масъулият ва вазъи молумулкии маҳкумшударо ба инобат мегирад.

Оид ба парвандаи ҷиноятии ноболиғон суд метавонад пардохти хароҷоти мурофиавиро ба зиммаи падару модари ноболиғон ё шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, гузорад.

Ҳангоми сафед кардани судшаванда оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ суд ҳуқуқ дорад хароҷоти мурофиавиро аз шахсе, ки мутобиқи шикояти ӯ пешбурди парванда оғоз гардида буд, пурра ё қисман ситонад. Ҳангоми қатъ намудани парванда ба сабаби оштӣ шудани тарафҳо хароҷоти мурофиавӣ аз як ё аз ҳар ду тараф ситонида мешавад.

Дар рафти тафтишот ҳамаи маблоғҳои харҷгардида, ки ба хароҷоти мурофиавӣ дохил мешаванд, бояд дар маводи парвандаи ҷиноятӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ тасдиқ кунонида шаванд. Бо тамом шудани тафтишот ба сифати замима ба фикри айбдорӣ маълумотнома дар бораи хароҷоти мурофиавӣ, бо нишон додани варақаи парванда, ки он ҷо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хароҷот мехобад, тартиб дода мешавад.

Агар доир ба парвандаи якчанд судшавандагон гунаҳгор дониста шуда бошанд, суд қарор мекунад, ки ба зимми ҳар кадоми онҳо бояд кадом миқдори хароҷот гузошта шавад, дар айни ҳол гуноҳ, дараҷаи ҷавобгарӣ ва аҳволи молумулкии он шахсонро ба эътибор мегирад.

Хароҷоти судӣ дар мавриди қатъ гардидани парванда ё сафед карда шудани судшаванда, ё аз ӯҳдаи додаи хароҷот набаромадани шахсе, ки ин хароҷот аз вай бояд рӯёнида шавад, инчунин он хароҷоти судӣ, ки бо додани пул ба тарҷумон дар вақти гунаҳгор дониста шудани судшаванда вобаста аст, ба ҳисоби давлат қабул карда мешавад.

Дар вақти сафед карда шудани судшаванда аз рӯи парвандаҳое, ки танҳо бо шикояти ҷабрдида оғоз карда шуданаш мумкин аст, суд ҳукуқ дорад, ки хароҷотро пурра ё қисман аз зиммаи шахсе, ки ҳамин парванда аз рӯи шикояти ӯ оғоз карда шуда буд, гузорад.

7 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.