Амалҳои тафтишӣ дар марҳилаи тафтишоти пешакӣ

11.1. Мафҳум, хусусиятҳо ва намудҳои Амалҳои тафтишӣ

Баъди парвандаро ба пешбурди худ қабул кардан, муфаттиш тамоми ваколатҳояшро оиди тафтишоти ҷиноят истифода бурда, бо мақсади саривақт ва пурра иҷро намудани вазифаҳои дар наздаш истода, амалҳои гуногуни мурофиавиро иҷро мекунад.

Ҳамаи ин амалҳо дар асосӣ қоидаҳои умумии тафтиши пешакӣ анҷом дода мешаванд. Дар байни тамоми ин амалҳо амалҳо доир ба ҷамъ кардан ва тафтиши далелҳо аҳамияти муҳид дорад, ки тибқи қонун онҳоро амалҳои тафтишӣ мегӯянд.

Амалҳои тафтишӣ гуфта чорабиниҳоеро номидан мумкин, ки дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, бо мақсади ҷамъ кардан ва санҷидани далелҳо татбиқ мешаванд, ва аз маҷмӯи амалиёт ва усулҳои ҷустуҷӯӣ, санҷишӣ ва тасдиқкунанда иборат мебошанд.

Ба амалҳои тафтишӣ чунин хусусиятҳо хосанд:

1. Интихоби амали тафтишие, ки бояд ҳангоми тафтишоти парванда гузаронида шавад, аз ҷониби муфаттиш муайян карда мешавад. Вобаста аз ҳолатҳои мушаххаси парванда худи муфаттиш муайян меунад, ки кадом амал, кай ва бо кадом тартиб гузаронида шавад.

2. Муфаттиш ҳангоми тафтишоти парванда ӯҳдадор нест, ки тамоми амалҳои тафтишии дар қонун муқарраршударо гузаронад. Муфаттиш вазифадор аст, ки дар ҳама ҳолат амалҳои тафтишиеро иҷро намояд, ки ба ёфтани далелҳо, муқаррар намудани шахси содиркунандаи ҷиноят алоқаманданд, инчунин дигар амалҳои тафтишие, ки ба парванда аҳамият доранд.

3. Ҳар як амали тафтишӣ ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунӣ дахолат мекунад, ки аз ин сабаб он бояд ҳангоми мавҷуд будани мақсади муайян ва асоси кофӣ барои анҷоми он, гузаронида шавад. Барои аксари амалҳои тафтишӣ мақсади гузаронидан дар қонун нишон дода шудааст. Чунончӣ, рӯбарӯкунӣ бо мақсадӣ бартараф кардани нофаҳмиву мухолифатҳое, ки дар нишондодҳои шахсони пештар пурсидашуда мавҷуд аст, гузаронида мешавад. Ёфта гирифтан барои гирифтани предмет ва ҳуҷҷатҳо, агар маълум бошад, ки дар куҷо ва дар дасти кӣ онҳо мавҷуданд. Мақсади азназаргузаронӣ бошад дарёфт намудани изҳои ҷиноят, дигар далелҳои шайъӣ мебошад.

4. Ҳангоми гузаронидани амалҳои тафтишӣ бояд ҳуқуқҳои иштирокчиёни он ва дигар иштирокчиёни тафтишот риоя карда шавад.

5. Гузаронидани амалӣ тафтишӣ бо татбиқи маҷбуркунии давлатӣ алоқамад аст, ки бояд ба оғози ахлоқӣ асос ёфта бошад. Фош намудани сирре, ки ҷиҳатҳои маҳрамонаи шахс буда, обрӯ ва эътибори ӯро паст мезанад ва дигар сирри тафтишот мумкин нест.

Дар қонуни мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон амалҳои тафтишие пешбинӣ шудаанд, ки дар маҷмӯъ низоми амалҳои тафтиширо ташкил медиҳанд. Барои гирифтани далелҳо муфаттиш ҳуқуқ дорад амалҳои зерини тафтишотиро гузаронад: азназаргузаронӣ (предметҳо, ҳуҷҷатҳо, бино, ҳуҷҷатҳо, мурда); шаҳодаткунонӣ; озмоиши (экперименти) тафтишӣ; пурсиш (гумонбаршаванда, айбдоршаванда, шоҳид, ҷабрдида, экперт); нишон додан барои шинохтан; рӯбарӯкунӣ; санҷидани нишондод дар ҷояш; кофтуков; ёфта гирифтан; экпертиза; гирифтани намуна барои тадқиқоти муқоисавӣ.

Пайдарҳамии гузаронидани амалҳои тафтишӣ дар қонун муайян карда нашудааст ва инро худи муфаттиш вобаста аз ҳолати мушаххас муайян мекунад.

11.2. Азназаргузаронӣ, шаҳодаткунонӣ

ва озмоиши (экперименти) тафтишӣ

11.2.1. Азназаргузаронӣ

Азназаргузаронӣ амали тафтишие мебошад, ки бо мақсади ошкор кардани осори ҷиноят ва дигар объектҳои моддӣ, муайян кардани дигар ҳолатҳои барои парванда аҳамиятнок анҷом дода шуда, дар ҷараёни он шахси таҳқиқкунандаи ибтидоӣ, муфаттиш, прокурор бевосита бо чашми худ хосият ва ҳолати объектҳое, ки барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамият доранд аз назар мегузаронанд.

Азназаргузаронӣ бо иштироки шахсони холис сурат мегирад. Дар ҳолатҳои истисно (дар маҳалҳои душворгузар, ҳангоми мавҷуд набудани воситаҳои дахлдори иттилоот, инчунин дар ҳолатҳое, ки азназаргузаронӣ барои ҳаёт ва саломатии одамон хавфнок бошад) азназаргузаронӣ бидуни шахсони холис анҷом дода мешавад.

Муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳуқуқ доранд барои иштирок дар азназаргузаронӣ айбдоршаванда, гумонбаршуда, ҷабрдида, шоҳид, инчунин мутахассисро ҷалб намоянд.

Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми азназаргузарони андозагирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз, ба навори видео гирифтан, нақшакашӣ ва тарҳрезӣ анҷом дода мешавад. Қолаб ва нусхаи изҳо бардошта мешаванд ва дар сурати имконпазирӣ худи из якҷоя бо асбобу анҷом ё як қисми он бо истифода аз воситаю усулҳои техникии иҷозатдодаи қонун гирифта мешавад.

Азназаргузаронии изҳо ва дигар объектҳои моддии ошкоршуда дар маҳалли пешбурди амали тафтишӣ анҷом дода мешавад. Агар барои азназаргузаронӣ мӯҳлати зиёд лозим бошад ё азназаргузаронӣ дар ҷойи муайяншуда ниҳоят душвор бошад, объектҳо бояд гирифта, печонда ва мӯҳр зада, бидуни расонидани осеб ба ҷойи дигари барои азназаргузаронӣ мусоид оварда мешаванд.

Ҳамаи чизҳои ҳангоми азназаргузаронӣ ошкоргардида ва гирифташуда бояд ба шахсони холис, дигар иштирокчиёни азназаргузаронӣ нишон дода шаванд.

Танҳо объектҳое гирифта мешаванд, ки ба парванда дахл доранд. Объектҳои гирифташуда бастубанд ва мӯҳр карда, бо имзои муфаттиш ва шахсони холис тасдиқ карда мешаванд.

Иштирокчиёни азназаргузаронӣ ҳуқуқ доранд таваҷҷӯҳи муфаттишро ба ҳамаи он чизе, ки ба ақидаи онҳо, метавонад ба дақиқ сохтани ҳолатҳои парванда мусоидат намояд, ҷалб кунанд.

Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқомат бояд ҳозир будани шахси болиғи маскуни он таъмин карда шавад. Дар сурати имконнопазирии ҳозир шудани ӯ намояндагони ташкилоти манзилию коммуналӣ ё маъмурияти маҳаллӣ даъват карда мешаванд ва азназаргузаронии манзил бо риояи талаботи моддаи 13 КМҶ ҶТ амалӣ мегардад.

Азназаргузаронӣ дар бинои корхона, ташкилот ва муассисаҳо бо иштироки намояндагони онҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ анҷом дода мешавад.

Азназаргузаронӣ дар биноҳое, ки намояндагиҳои дипломатӣ ҷойгир шудаанд, ҳамчунин дар биноҳое, ки аъзои намояндагии дипломатӣ ва оилаи онҳо истиқомат мекунанд, танҳо бо хоҳиш ё ризои намояндаи дипломатӣ ва дар ҳузури онҳо анҷом дода мешавад. Ризои намояндаи дипломатӣ ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад. Ҳангоми азназаргузаронӣ иштироки прокурор ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

Аз рӯи омилҳои ҳархела намудҳои гуногуни азназаргузарониро ҷудо мекунанд. Чунончӣ, аз рӯи тартиб пайдарпайи азназаргузаронии ибтидоӣ ва такрорӣ, аз рӯи ҳаҷм азназаргузаронии асосӣ ва иловагиро ҷудо мекунанд.

Вале дар илми ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ба намудҳо ҷудо кардани азназаргузаронӣ аз рӯи объекти он бештар маъмул аст. Аз рӯи объекти азназаргузаронӣ намудҳои зерини онро ҷудо мекунанд:

1) азназаргузаронии ҷои ҳодиса; 2) азназаргузаронии зоҳирии ҷасад, эксгуматсия; 3) азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо, ашё, ҳайвонот; 4) азназаргузаронии бино ва маҳалл, ки ҷои ҳодиса намебошанд; 5) шаҳодаткунонӣ.

1. Азназаргузаронии ҷои ҳодиса – ягона ҳаракати таъҷилии тафтишотие мебошад, ки гузаронидани он то оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ мумкин аст. Ин ҳаракати тафтишотӣ бо мақсади гирифтани маълумоти воқеии барои кор аҳамиятдошта, омӯхтан ва қайд намудани вазъияти ҷои ҳодиса (ҷои содир шудани ҷиноят) ва пайҳои ҷиноят гузаронида мешавад.

Азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз марҳалаҳои тайёрӣ, корӣ (таҳқиқотӣ) ва хотимавӣ иборат аст.

Дар марҳалаи тайёрӣ муфаттиш бояд: ҳифзи ҷои ҳодисаро таъмин намояд; оиди бартараф ва кам намудани оқибатҳои ҷиноят чораҳо андешад; ҳозир шудани шахсонеро, ки ҷиноятро дарёфт намудаанд, таъмин кунад; мутахассисон ва шахсони холисро даъват кунад; омода будани воситаҳои техникие ки ҳангоми азназаргузаронӣ кор фармуда мешаванд бисанҷад; барои расондани ёрӣ ба ҷабрдидаҳо чораҳо андешад; шахсони бегонаро аз ҷои ҳодиса дур созад; бо мақсади сарфаҳм рафтан ба вазъият ва маълум кардани тағйироти бавуҷудомада шоҳидонро (бидуни протокол) пуриш намояд; вазифаҳоро дар байни иштирокчиёни азназаргузаронӣ тақсим намуда, ба онҳо дастур (инструксия) диҳад; дигар чораҳои таъҷилиро, ки ба дастгир кардани ҷинояткор нигаронида шудаанд, амалӣ намуда, барои беҳтар кардани шароити азназаргузаронӣ чораҳо андешад.

Дар марҳилаи корӣ чунин масъалаҳо ҳал карда мешаванд: бо вазъияти умумии ҷои ҳодиса шинос мешаванд; барномаи таҳқиқи ҷои ҳодиса – ҳудуди азназаргузаронӣ: пайдарпайӣ ва тарзи гузарондани азназаргузаронӣ муайян карда шуда, иштирокчиёни азназаргузаронӣ вазифадор карда мешаванд; дар мавриди зарур будан аксбардории фотографӣ татбиқ шуда, предметҳое, ки дорои аҳамияти далели шайъӣ мебошанд гирифта мешаванд. Зимнан ба мавҷуд будани ҳолатҳои манфӣ яъне ҳолатҳое, ки ба эзоҳи фактҳо, фарзияҳои ҷабрдида, гумонбаршаванда мухолиф мебошанд диққати махсус дода мешавад.

Дар марҳалаи хотимавӣ рафту натиҷаҳои азназаргузаронӣ дар протоколи ҳаракати тафтишотӣ қайд карда мешаванд. Протоколи азназаргузаронӣ, схемаҳо, нақшаҳои зарурӣ тартиб дода, аксҳои фотографӣ бо наворҳои шарҳӣ, ҷузъӣ ва деталӣ ба протокол илова карда мешаванд.

2. Азназаргузаронии зоҳирии ҷасад, эксгуматсия.

Азназаргузаронии зоҳирии ҷасад одатан дар ҷои ёфт шудани ҷасад якҷоя бо азназаргузаронии ҷои ҳодиса гузаронда мешавад. Дар ҷои ҳодиса ҷасад объекти марказӣ ба ҳисоб меравад ва рафту натиҷаҳои аз назар гузаронидани он дар протоколи азназаргузаронии ҷои ҳодиса инъикос карда мешавад. Яъне дар чунин ҳолат азназаргузаронии ҷасад як қисми таркибии азназаргузаронии ҷои ҳодиса мебошад.

Аммо агар ҷасад на дар ҷои ҳодиса, балки дар мурдахона (морг) аз назар гузаронда шавад, он намуди мустақили ҳаракати тафтишотӣ мебошад ва бояд протоколи алоҳидаи азназаргузаронии ҷасад тартиб дода шавад.

Азназаргузаронии ҷасад бо иштироки духтури мутахассиси соҳаи тибби судӣ ва дар сурати мавҷуд набудани чунин имконият бо иштироки духтури дигар (мутахассиси дорои таҳсилоти олии тиббӣ) дар ҳузури шахсони холис гузаронида мешавад. Ҳангоми зарурат барои аз назар гузаронидани ҷасад мутахассисони дигар низ ҷалб карда мешаванд.

Ҷасадҳои шинохтанашуда бояд ҳатман аксбардорӣ ва дактилоскопия карда шаванд.

Азназаргузаронӣ чун қоида бояд бо самти аз тарафи сар ба пойҳо сурат гирад. Зимнан, дақиқона бояд таҳқиқ карда шавад: аниқ будани мавқеи ҷасад нисбати объектҳои дигари ҷои ҳодиса ва ҳолати ӯ; либосе, ки дар тани ҷасад пӯшида шудааст; предметҳое, ки он ҷо қарор дорад ҷисми ҷасад, пайи захмҳо дар он; тарзи хоби ҷасад; олот ва предметҳои дар ҷои ҳодиса ёфтшуда, ки бо онҳо расонида шудани захмҳо дар назар аст.

Баъди азназаргузаронӣ пайи дастони ҷасад гирифта мешавад ва худи ӯ бошад мувофиқи қоидаҳои навори тафриқавӣ (сигналетикӣ) ба акс гирифта шуда, бо ҳамон либосаш ба мурдахона (морг) фиристода мешавад.

Эксгуматсия. Ҳангоми зарурати аз ҷои дафн (гӯр) ҷиҳати азназаргузаронӣ берун овардани ҷасад муфаттиш қарор мебарорад. Иҷрои қарор дар бораи аз ҷои дафн (гӯр) берун овардани ҷасад (эксгуматсия) барои маъмурияти қабристон ва хешовандони наздики фавтида ҳатмӣ мебошад.

Берун овардани ҷасад аз ҷои дафн ва азназаргузаронии он бо иштироки шахсони холис ва коршиноси судии тиббӣ ва агар иштироки ӯ имконнопазир бошад бо иштироки духтури дигар сурат мегирад.

3. Азназаргузаронии ашё ва ҳуҷҷатҳо аз омӯзиши намуди умумии онҳо ибтидо мегирад. Дар рафти азназаргузаронӣ маълум ва зикр карда мешавад: номгӯи ашё; таъиноти он; намуди берунӣ; ҳаҷми он бо ҳама ченакҳо; маводе, ки аз он ашё тайёр карда шудааст; хусусиятҳои ашё; нуқсонҳои он; бандубаст (упаковка). Махсус қайд карда мешаванд аломатҳое, ки ба алоқа доштани ашё бо ҳодисаи ҷиноят ишора мекунанд. Ашё аксбардорӣ мешавад ва дар мавриди зарурӣ тартиб додани схема бо ишора кардани пайҳое, ки дар ашё воқеанд, мумкин аст.

Дар мавриди аз назар гузарондани ҳуҷҷат ба музмун, намуди берунӣ шакл, реквизитҳои он, мавҷуд будани имзо, нақши мӯҳр, штамп диққат додан зарур аст.

Ҳангоми аз назар гузарондани ҳайвонот ва ҷасади онҳо бояд муайян карда шавад: намуди ҳайвон; зот, ҷинс, синну сол; аломати ба соҳиби муайян тааллуқ доштани ҳайвон – тамға, тарзи наълзанӣ, мавҷуд будани предмети муайян; аломатҳои фардӣ – ранг, пайҳои захмҳои аз сар гузашта.

Ба азназаргузаронӣ ҷалб намудани мутахассис – ветеринар ё зоотехник мувофиқи мақсад мебошад.

4. Азназаргузаронии воситаҳои нақлиёт бо мақсади зерин гузаронида мешавад: муайян кардани хусусияти фардии воситаи нақлиёт; ёфт кардани пайҳои таъсири байниҳамдигарии воситаи нақлиёт бо дигар воситаҳои нақлиёт, одамон; ёфт кардани пайҳо ва предметҳо, ки аз ҷабрдида ва шахсоне, ки нақлиётро идора мекарданд, боқӣ мондааст; ёфт кардани ҳиссачаҳои хоки ҷои ҳодиса; муайян кардани ҳолати техникии воситаи нақлиёт.

Ба азназаргузаронии воситаи нақлиёт бояд мутахассис –криминалист, мутахассиси соҳаи автомобилӣ ва дар мавриди зарурӣ ронандае, ки ин воситаи нақлиётро идора мекард, ҷалб карда шаванд.

11.2.2.Шаҳодаткунонӣ

Шаҳодаткунонӣ намуди махсуси азназаргузаронӣ мебошад, ки бо мақсади дар бадани инсон (гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё шоҳид) ошкор кардани нишонаҳои махсус, осори ҷиноят, захмҳои ҷисмонӣ, муайян кардани ҳолати мастӣ ё дигар хусусият ва аломатҳое, ки барои парванда муҳиманд, гузаронида мешавад, агар дар чунин ҳолат гузаронидани экспертиза талаб карда нашавад.

Яъне шаҳодаткунонии гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ё шоҳидро муфаттиш барои дар бадани инсон ошкор кардани нишонаҳои махсус, осори ҷиноят, захмҳои ҷисмонӣ, муайян кардани ҳолати мастӣ ё дигар хусусият ва аломатҳое, ки барои парванда муҳиманд, ба шарте, ки он муоина кардан (экспертиза)-ро талаб накунад, мегузаронад. Дар бораи гузаронидани шаҳодаткунонӣ муфаттиш қарор мебаррорад.

Шаҳодаткунонӣ аз ҷониби муфаттиш бо иштироки шахсони холис, дар мавридҳои зарурӣ бошад, бо иштироки духтур ба ҷо оварда мешавад. Дар ҳолатҳое, ки ин амали тафтишӣ бо бараҳна кардани шахси муоинашаванда алоқаманд бошад, муоина бо иштироки шахсони холиси ҳамҷинс анҷом дода мешавад.

Муфаттиш ҳангоми шаҳодаткунонии шахси ҷинси дигар иштирок намекунад, агар он бо бараҳна кардани шахс алоқаманд бошад. Дар ин сурат муоина аз ҷониби духтур бо иштироки шахсони ҳамҷинси холис анҷом дода мешавад.

Дар натиҷаи шаҳодаткунонӣ дар бадани одам мавҷуд будани нишонаҳои махсус, характер ва ҷойгиршавии онҳо; ҷароҳатҳо, характер ва ҷойи паҳншавии (локализатсияи) онҳо; ҳиссачаҳои моддаҳое, ки шахси шаҳодаткунонидашаванда дар ҷои ҳодиса боқӣ гузоштааст, ё бо худ бурдааст; нишонаҳое, ки дар бораи мансубияти касбии одам, ё аз ҷониби ӯ иҷро гардидани соҳаи муайяни фаъолият гувоҳӣ медиҳанд ва монанди инҳо, муайян карда мешаванд.

Мутобиқи моддаи 187 КМҶ ҶТ муфаттиш дар бораи азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ бо риояи талаботи моддаҳои 172 ва 173 кодекси мазкур протокол тартиб медиҳад. Дар протокол ҳамаи амалҳои муфаттиш, дар баробари он тамоми объектҳои ҳангоми азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ ошкоргардида бо ҳамон пайдарҳамие, ки азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ сурат гирифта буд ва дар ҳамон шакле, ки объекти ошкоргардида дар лаҳзаи азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ мушоҳида шудааст, дарҷ мегардад. Дар протокол ҳамаи объектҳои ҳангоми азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ гирифташуда номбар ва дарҷ карда мешаванд.

Ба ғайр аз ин дар протокол бояд чунин нуқтаҳо зикр карда шаванд:

– дар кадом вақт, дар чӣ хел ҳаво, дар чӣ хел рушноӣ азназаргузаронӣ ва шаҳодаткунонӣ сурат гирифт;

– кадом воситаҳои техникӣ татбиқ шуд ва натиҷаҳои он чӣ гуна аст;

– киҳо ба азназаргузаронӣ ва ё шаҳодаткунонӣ ҷалб шуданд ва моҳияти иштироки онҳо аз чӣ иборат аст;

– кадом объектҳо мӯҳр зада шудаанд ва бо кадом мӯҳр;

– ҷасад ё ашёҳое, ки барои парванда аҳамиятноканд, пас аз шаҳодаткунонӣ ба куҷо равона карда шудаанд.

11.2.3. Озмоиши (эксперименти) тафтишӣ

Озмоиши (эксперименти) тафтишӣ яке аз шаклҳои дар мурофиаи ҷиноятӣ татбиқ намудани методи таҳқиқи озмоишӣ мебошад, ки аз ҷониби муфаттиш бо мақсади озмоиш ва аниқ кардани маълумоти барои парванда аҳамиятдошта, бо роҳи аз нав такроркунии амалиёт, вазъият, ё ҳолатҳои дигари ҳодисаи муайян ва анҷом додани амали зарурии таҷрибавӣ, гузаронида мешавад.

Ҳангоми гузаронидани ин амали тафтишӣ имконияти дарки ягон далел, анҷом додани ҳаракати муайян, фарорасии ягон воқеа санҷида шуда, инчунин пайдарҳамии ҳодисаи рухдода ва тариқи ба вуҷуд омадани изҳо санҷида мешавад.

Дар амалия озмоиши тафтишӣ бо намудҳои зерин вомехӯрад:

муайян кардани имконияти идроки ягон факт. Ин намуди озмоиш барои санҷиши дидашаванда ва шунидашаванда будан гузаронида мешавад. Зимнан, омилҳои объективие, ки ба дарки ҳолатҳои мавриди таваҷҷӯҳи муфаттиш қарордашта таъсир мерасонанд, бояд ба назар гирифта шаванд. Дар ҳамон ҷое, ки ҳодисаи санҷидашаванда ба амал омадааст, дар ҳамон вақт, бо ҳамон равшанӣ, бо риояи ҳамон масофаи байни объектҳо гузарондани ин намуди озмоиш, мувофиқи мақсад аст.

муайян кардани имконияти содиркунии ягон амалҳо — гузаштан аз сӯрохии муайян, баровардани ягон предметҳо, бе ёрии калид кушодани қуфл ва ғайра;

муайян кардани имконияти мавҷудияти ягон факт, ҳодиса, зуҳурот (мисол, оё ронанда дар вазъияти додашудаи роҳ, аз таъсири чароғи мошини муқобил муваққатан нобино шуда метавонист, оё дар шароити муайян худ ба худ ба амал омадани сӯзиши ягон модда мумкин аст ва ғайра) ва монанди инҳо.

Гузаронидани озмоиши тафтишӣ ба шарте мумкин аст, ки он ба саломатии иштирокчиёнаш хавфнок набошад.

Ҳангоми гузаронидани озмоиши тафтишӣ бояд шахсони холис иштирок дошта бошанд. Дар сурати зарурат барои иштирок дар озмоиши тафтишӣ мумкин аст гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, шоҳид, инчунин мутахассис, коршинос, шахсоне, ки амалиёти таҷрибавиро анҷом медиҳанд, ҷалб карда шаванд. Ба иштирокчиёни озмоиши тафтишӣ мақсад ва тартиби доир гузаронидани он фаҳмонда мешавад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ, ҳангоми озмоиши тафтишӣ андозагирӣ, аксбардорӣ, сабти овоз ва видео анҷом дода, нақшаҳо ва тарҳҳо таҳия карда мешаванд.

Дар хусуси гузаронидани озмоиши тафтишӣ муфаттиш бо риояи талаботи моддаҳои 172-173 КМҶҶТ протокол тартиб медиҳад, ки дар он шароит, ҷараён ва натиҷаҳои озмоиши тафтишӣ муфассал инъикос гардида, инҳо зикр мешаванд:

– бо кадом мақсад кай ва дар куҷо ва дар кадом шароит озмоиш гузаронида шуд;

– айнан такрор кардани вазъият ва ҳолати ҳодиса дар чӣ мушаххас аён гардид;

– кадом ҳаракатҳои таҷрибавӣ, бо кадом пайдарҳамӣ, аз ҷониби кӣ ва чанд маротиба анҷом дода шуд;

– натиҷаҳои ба даст омада чӣ гунаанд.

11.3. Кофтуков, ёфта гирифтан, ҳабси муросилоти почтаю телеграф, гӯш ва сабт кардани гуфтугӯ

11.3.1. Кофтуков ва ёфта гирифтан

Кофтуков амали тафтишие мебошад, ки аз маҷбуран муоина намудани бино, маҳал, шахси муайян ва объектҳои дигар, бо мақсади ёфта гирифтани пайҳо, олоти ҷиноят, чизҳои қиматноки бо роҳи ҷинояткорона бадастовардашуда ва дигар предмету ҳуҷҷатҳое, ки барои тафтиши ҷиноят аҳамият доранд, иборат аст.

Барои кофтуков мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи тахмини он ки дар ягон бино ё ягон ҷой ё дар ягон шахс мумкин аст олоти ҷиноят, ашёҳо, ҳуҷҷатҳо ё чизҳои арзишманди барои парванда аҳамиятнок мавҷуд бошад, асос мегардад. Инчунин, мумкин аст кофтуков бо мақсади ошкор намудани шахси ҷустуҷӯшаванда ва ҷасад гузаронида шавад.

Ёфта гирифтан ин амали тафтишие мебошад, ки дар ёфта гирифтани предмет ва ҳуҷҷатҳои барои парванда аҳамиятдошта, агар дар куҷо ва дар дасти кӣ будани онҳо аниқ маълум бошад, ифода меёбад.

Ёфта гирифтан аз кофтуков чунин фарқ мекунад, ки дар ҷараёни гузаронидани он предметҳои муайяне, ки ҷои нигоҳдории онҳо пешакӣ маълум аст, гирифта мешаванд. Яъне ҳангоми ёфта гирифтан, дар фарқият аз кофтуков, элементҳои амалҳои ҷустуҷӯӣ ҷой надоранд Дар вақти ёфта гирифтан муфаттиш аз шахс ё роҳбари муассиса талаб мекунад, ки предмети (ҳуҷҷати) муайянро бароварда диҳад ва дар мавриди рад шудан онро маҷбуран мегирад. Ҳангоми рад шудани талаби муфаттиш оиди бароварда додан ё худ қисман бароварда додани чизҳо, агар маълум бошад, ки онҳо пинҳон карда шудаанд, муфаттиш бояд барои бозёфт намудани предметҳои пинҳонкардашуда таъҷилан қарор дар бораи кофтуков барорад.

Кофтуков ва дарёфт кардан бо қарори асоснок аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор бо иҷозати суд, судя гузаронида мешавад.

Кофтуков ва дарёфти ҳуҷҷатҳои дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри қонунан ҳифзшуда бояд аз ҷониби суд, судя иҷозат дода шавад.

Дар ҳолатҳои истисно, ҳангоми мавҷуд будани хавфи воқеӣ, ки объекти ҷустуҷӯшаванда ва ё дарёфташаванда аз сабаби сари вақт ошкор накардан гум ё вайрон карда мешавад ё ба мақсадҳои ҷиноятӣ истифода мегардад ё шахси ҷустуҷӯшаванда пинҳон мешавад, мумкин аст бе иҷозати суд, судя кофтуков гузаронида дар ин бора дар давоми 24 соат ба суд маълумоти хаттӣ пешниҳод карда мешавад.

Пеш аз оғози кофтуков таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор шахсони манфиатдорро бо қарори гузаронидани кофтуков шинос мекунанд.

Кофтуков ва ёфта гирифтан бо иштироки шахсони холис ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки мутахассис ва тарҷумон сурат мегирад.

То оғози кофтуков, ёфта гирифтан таҳқиқбаранда, муфаттиш бояд қарорро ба прокурор дар хусуси аз тарафи прокурор ба суд пешниҳод намудани дархост ирсол намоянд.

Таҳқиқбаранда, муфаттиш ба кофтуков шурӯъ намуда, пешниҳод мекунанд, ки ашё ва ҳуҷҷатҳои барои парванда аҳамиятнок ихтиёран супурда шаванд. Агар онҳо ихтиёран супурда шаванд ва хавфи ниҳон кардани ашё ва ҳуҷҷатҳои гирифташаванда аз байн равад, кофтукови минбаъда қатъ карда мешавад.

Ҳангоми кофтуков мумкин аст қулфи бино ва анбори маҳкам, ба шарте, ки соҳиби он аз ихтиёран кушодан саркашӣ кунад, маҷбуран кушода мешавад. Бе зарурат ба вайрон кардани қулфи дар ва дигар ашё иҷозат дода намешавад.

Ҳангоми дарёфт кардани ашё ва ҳуҷҷатҳои ҷустуҷӯшаванда таҳқиқбаранда, муфаттиш онҳоро маҷбурӣ меситонанд.

Кофтуков ва дарёфт кардан дар манзили истиқоматӣ бо иштироки шахси болиғи маскуни он анҷом дода мешавад. Дар сурати имконнопазирии ҳозир шудани ӯ намояндагони ташкилоти манзилию коммуналӣ ё маъмурияти маҳаллӣ даъват карда мешаванд.

Кофтуков ва дарёфт кардан дар бинои корхонаю ташкилот ва муассиса бо иштироки намояндагони онҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ анҷом дода мешавад.

Кофтуков ва дарёфт кардан дар биное, ки намояндагони дипломатӣ ишғол кардаанд, инчунин дар манзиле, ки онҳо бо оилаашон зиндагӣ доранд, танҳо бо хоҳиш ё ризои намояндаи дипломатӣ ва дар ҳузури онҳо анҷом дода мешавад. Ризои намояндаи дипломатӣ ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад. Ҳангоми кофтуков иштироки прокурор ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист.

Таҳқиқбаранда ва муфаттиш вазифадоранд барои фош накардани маълумоти дахлдори ҳаёти шахсии онҳое, ки дар ин бино зиндагӣ мекунанд ва ё шахсони дигари ҳангоми кофтуков ва дарёфт кардан ошкоршуда чораҳо андешад.

Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳуқуқ доранд ба шахсоне, ки дар бино ё маҳалли кофтуков ё дарёфт карда гирифтан ҳузур доранд, инчунин ба шахсоне, ки ба ин бино ё маҳал меоянд, то охири кофтуков ё дарёфт кардан тарк намудани онро, инчунин байни ҳам ё бо дигар шахсон мусоҳиб шудани онҳоро манъ кунанд.

Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳангоми кофтуков ё дарёфт кардан бояд қатъиян бо гирифтани ашё ва ҳуҷҷатҳое, ки ба парванда муносибат дорад, маҳдуд шаванд. Ашё ва ҳуҷҷатҳое, ки барои муомилот манъ шудааст, сарфи назар аз алоқамандӣ бо парванда бояд гирифта шаванд.

Ҳамаи ашё ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда бояд ба шахсони холис ва дигар иштирокчиён нишон дода, ҳангоми зарурат дар ҷои кофтуков ё ёфта гирифтан бастубанд ва мӯҳр карда, бо имзои муфаттиш ва шахсони холис тасдиқ карда шаванд.

Намудҳои кофтуков аз рӯи омилҳои гуногун фарқ карда мешавад.

Чунончи, аз рӯи объекти кофтуков кофтукови шахсӣ, кофтукови бино, кофтукови қитъаи маҳал, кофтукови нақлиёт фарқ карда мешаванд. Инчунин, вобаста ба пайдарҳамии гузаронидани кофтуков кофтукови ибтидоӣ ва кофтукови такрориро ҷудо мекунанд.

Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 190 КМҶ ҶТ ва бо риояи талаботи қисмҳои 5 ва 7 моддаи 192 КМҶ ЧТ прокурор, таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳуқуқ доранд бо мақсади ошкор ва гирифтани ашё ва ҳуҷҷатҳо, ки шояд дар бадан, либос ё асбобу анҷоми шахс мавҷуд аст, кофтукови шахсиро анҷом диҳанд.

Ҳангоми дастгир намудани шахс ё ба ҳабс гирифтан, инчунин ҳангоми будани асосҳои кофӣ, бо тахмини он ки шахси дар бино ё дигар ҷой ҳузурдошта, ки дар он ҷо кофтуков сурат мегирад, ҳуҷҷатҳо ё ашёи барои парванда аҳамиятнокро пинҳон намудааст, кофтукови шахсиро бе қарори махсус анҷом додан мумкин аст.

Кофтукови шахсӣ танҳо аз ҷониби шахси бо кофтуковшаванда ҳамҷинс ва бо иштироки шахсони холис ва мутахассисони ҳамҷинс анҷом дода мешавад.

Шахсе, ки кофтуков ё дарёфт карданро анҷом медиҳад, бо риояи талаботи моддаҳои 172, 173 ва 192 КМҶ ҶТ протокол тартиб медиҳад, ки дар он бояд зикр гардад, ки дар куҷо, дар кадом ҳолат ашё ва ҳуҷҷатҳо ошкор гардиданд, онҳо ихтиёрӣ дода ё маҷбурӣ гирифта шудаанд. Шумора, андоза, вазн, аломатҳои инфиродӣ ва ҳаддалимкон бо арзиши ҳамаи ашёҳои гирифташуда бояд дар протокол дақиқ нишон дода шавад.

Агар ҳангоми кофтуков ё дарёфт кардан барои несту нобуд ё пинҳон кардани ашё ё ҳуҷҷатҳои гирифташаванда кӯшише шуда бошад, ин ҳолат ва чораҳои пешгирии он бояд дар протокол инъикос ёбанд.

Нусхаи протоколи кофтуков ва дарёфт кардан бо гирифтани забонхат ба шахсе, ки кофтуков шудааст ё аъзои болиғи оилаи ӯ ва дар сурати ҳозир набудани онҳо ба намояндаи ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ супурда мешавад. Агар кофтуков ё дарёфт кардан дар корхона, муассиса ё ташкилот сурат гирифта бошад, нусхаи протокол бо гирифтани забонхат ба намояндагони онҳо супурда мешавад.

11.3.2. Ҳабси муросилоти почтаю телеграф,

азназаргузаронӣ ва дарёфт карда гирифтани онҳо

Ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои тахмини он, ки мактуб, телеграмма, радиограмма, баста, фириста ва дигар муросилоти почтаю телеграф дорои маълумот, ҳуҷҷат ё ашёи барои парванда аҳамиятнок мебошанд, онҳоро таҳти ҳабс қарор додан мумкин аст.

Ҳабси муросилоти почтаю телеграф ва дарёфт карда гирифтани мавод дар муассисаҳои почтаю телеграф танҳо бо иҷозати суд, судя анҷом дода мешавад.

Таҳқиқбаранда, муфаттиш ҳангоми зарурати ҳабси муросилоти почтаю телеграф, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онҳо дар муассисаҳои почтаю телеграф қарори асоснок бароварда, инҳоро зикр менамояд:

– фамилия, ном ва номи падари шахсе, ки муросилоти почтаю телеграфии он бояд ҳабс карда шавад;

– суроғаи аниқи ин шахс;

– асосҳо барои ба ҳасбгирӣ ва ёфта гирифтани муросилот;

– навъҳои муросилоти почтаю телеграф, ки бояд ба ҳабс гирифта шаванд;

– мӯҳлате, ки дар ҷараёни он баҳабсгирӣ бояд амал кунад;

– номи муассисаи алоқа, ки ба зиммаи он ӯҳдадории боздошти муросилоти почтаю телеграф гузошта шудааст.

Баррасии дархости муфаттиш дар хусуси боздошт кардани муросилоти почтаю телеграф, азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани онро суд, судя тибқи қоидаҳои моддаи 192 КМҶ ҶТ анҷом медиҳад. Дар сурати ба боздошти муросилоти почтаю телеграф иҷозат додани суд, судя муфаттиш қарорро ба муассисаи дахлдори алоқа фиристода, ба он пешниҳод мекунад, ки муросилоти почтаю телеграфро боздорад ва фавран дар ин бора муфаттишро огоҳ намояд.

Муфаттиш азназаргузаронӣ, ёфта гирифтан ва нусхабардории муросилоти боздошташудаи почтаю телеграфро дар муассисаи алоқа бо иштироки холисон аз ҳисоби кормандони ин муассиса мегузаронад. Муфаттиш дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар азназаргузаронӣ ва ёфта гирифтани муросилоти почтаю телеграф ҳуқуқ дорад мутахассиси дахлдор, инчунин тарҷумонро даъват намояд. Барои ҳар як азназаргузаронии муросилоти почтаю телеграф протокол тартиб диҳад ва зикр намояд, ки муросилоти почтаю телеграф аз ҷониби кӣ ва чӣ гуна аз назар гузаронида, нусхабардорӣ шудааст ва ба унвони кӣ равона карда ё боздошта шудааст.

Ҳабси муросилоти почтаю телеграф ҳангоми аз байн рафтани зарурат, вале дар ҳар ҳолат на дертар аз қатъи парванда ё ба суд фиристодани он бекор карда мешавад.

11.3.3. Гӯш ва сабт кардани гуфтугӯ

Мавриди зикр аст, ки гӯш ва сабт кардани гуфтугӯи телефонӣ дар боби 22 КМҶ ҶТ танзим шудааст. Вале бояд қайд намоем, ки дар қисмати танзими гуш ва сабт кардани гуфтугӯ номи боби мазкур «…гуш кардан ва сабти гуфтугӯи телефонӣ» ба мазмуни моддаи 196 КМҶ ҶТ «Гуш ва сабт кардани гуфтугӯ», мувофиқат намекунад. Зеро дар номи боб сухан дар бораи танҳо гуш ва сабти гуфтугӯи телефонӣ меравад, вале аз ном ва мазмуни моддаи 196 КМҶ ҶТ чунин бармеояд, ки он на танҳо гуш ва сабти гуфтугӯи телефонӣ, балки инчунин гуфтугӯ бо дигар воситаҳои алоқаро низ дар назар дорад. Гуфтугӯи телефонӣ бошад яке аз намудҳои гуфтугӯ бо истифодаи воситаҳои алоқа мебошад. Дар шароити муосир гуфтугӯ бо истифодаи шабакаи байналхалқии интернет васеъ паҳн шудааст, ки он низ яке аз намудҳои гуфтугӯ бо истифода аз воситаҳои алоқа мебошад. Яъне номи боби 22 КМҶ ҶТ дар қисмати танзими гуш васабти гуфтугӯ аз ном ва мазмуни моддаи 196 КМҶ ҶТ маҳдудтар аст, ки ин бояд дар оянда бартараф гардад.

Оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба шарти мавҷуд будани асосҳои кофӣ барои тахмини он ки гуфтугӯи телефонии гумонбаршуда, айбдоршаванда ва дигар шахсон ё гуфтугӯ бо дигар воситаҳои алоқа, ки дорои маълумот дар бораи ҷиноят шуда метавонанд ё дорои маълумоти барои парванда аҳамиятнок мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 192 КМҶ ҶТ ва иҷозати суд, судя гӯш ва сабт кардани ин гуфтугӯро анҷом додан мумкин аст.

Ҳангоми мавҷуд будани таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, тамаъкорӣ ва дигар амали ҷиноятӣ нисбат ба ҷабрдида, шоҳид ё аъзои оилаи онҳо, тибқи аризаи хаттии онҳо ё ҳангоми мавҷуд набудани чунин ариза тибқи дархости муфаттиш бо иҷозати суд, судя мумкин аст гуфтугӯе, ки тавассути телефони онҳо ё ба воситаҳои дигари алоқа сурат мегирад ва сабти он анҷом дода шавад.

Дар бораи зарурати гӯш ва сабт кардани гуфтугӯ муфаттиш қарори асоснок мебарорад, ки дар он инҳо зикр мегарданд:

– парвандаи ҷиноятӣ ва асосҳое, ки тибқи онҳо ин амали тафтишӣ сурат мегирад;

– ному насаби шахсе, ки гуфтугӯи онҳо гӯш карда мешавад;

– дар тӯли кадом мӯҳлат гӯш ва сабт кардани гуфтугӯ гузаронида мешавад;

– муассисае, ки ба зиммааш воситаҳои техникии гӯшкунӣ ва сабти гуфтугӯ вогузошта шудааст.

Муфаттиш қарорро ба суд, судя ирсол намуда, дар сурати иҷозат додани суд, судя онро барои иҷро ба муассисаи дахлдор равон мекунад.

Гӯш ва сабт кардани гуфтугӯ ба мӯҳлати на бештар аз шаш моҳ муайян мешавад. Ҳангоми дар оянда зарур набудани ин чора, вале дар ҳама ҳолат на дертар аз қатъи парванда ва ё ба суд равон кардани он ин амал бекор карда мешавад.

Муфаттиш дар тӯли тамоми мӯҳлати муқарраршуда ҳуқуқ дорад, дар ҳар вақту замон фонограммаро барои азназаргузаронӣ ва шунидани он талаб карда гирад. Фонограмма ба муфаттиш дар шакли мӯҳршуда бо мактуб равон карда мешавад, ки дар он бояд вақти оғоз ва хатми сабти гуфтугӯ ва таснифи зарурии техникии воситаҳои татбиқшуда инъикос гардад.

Азназаргузаронӣ ва шунидани фонограмма аз ҷониби муфаттиш бо иштироки шахсони холис ва ҳангоми зарурат мутахассис, сурат гирифта, дар ин бора протокол тартиб дода, дар он ҳамон қисми фонограмма, ки ба парванда дахл дорад, айнан оварда мешавад. Фонограмма ба парванда замима мегардад ва дар айни замон қисмате, ки ба парванда алоқаманд нест, пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ё қатъи парванда нобуд карда мешавад.

11.4. ПУРСИШ, РӮБАРӮКУНӢ, ШИНОХТАН

ВА САНҶИШИ НИШОНДОД ДАР ҶОИ ҲОДИСА

11.4.1. Пурсиш

Пурсиш амали тафтишие мебошад, ки мувофиқи тартиби дар қонуни мурофиавӣ муқарраргардида аз гирифтан ва зикр намудани нишондоди шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршаванда ва айбдоршаванда иборат аст.

Пурсиш дар ҷои тафтиши пешакӣ анҷом дода мешавад. Муфаттиш, агар зарур шуморад, метавонад шахсро дар ҷои будубош пурсиш намояд.

Шоҳид, ҷабрдида, ҳамчунин гумонбаршуда, айбдоршавандае, ки дар озодӣ мебошанд, барои пурсиш тавассути даъватнома даъват карда шуда, дар он ба ҳайси кӣ, ба назди кӣ, ба кадом суроға, вақти ҳозир шудан, оқибатҳои бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан қайд карда мешавад.

Даъватнома ба шахси даъватшаванда супорида шуда, имзои ӯ гирифта мешавад. Дар сурати набудани даъватшаванда даъватнома барои ба ӯ расонидан ба яке аз аъзои болиғи оила супорида шуда, имзои ӯ гирифта мешавад. Ҳангоми набудани онҳо даъватнома ба ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ё маъмурияти ҷои кор супорида мешавад, ки онҳо вазифадоранд, онро ба шахси даъватшуда супоранд. Даъватшавандаро бо воситаҳои дигари алоқа низ даъват кардан мумкин аст.

Шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршуда, айбдоршаванда вазифадоранд, ки мувофиқи даъват ба пурсиш ҳозир шаванд. Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан дар ҳаққи онҳо метавонанд чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ, ки дар моддаи 113 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда шаванд.

Шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд ба пурсиш тавассути маъмурияти ҳабсхона даъват карда мешаванд.

Шахсе, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, ҳамроҳи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ӯ ба ҳайси шоҳид ё ҷабрдида даъват карда мешавад. Тартиби дигари даъват кардани ноболиғ танҳо дар сурате, ки ҳолатҳои парванда тақозо мекунанд, имконпазир аст.

Қоидаҳои умумии пурсиш. Пеш аз пурсиш муфаттиш бояд маълумотро оид ба шахсияти пурсишшаванда муайян намояд. Пурсишшаванда бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод медиҳад.

Ба шахсе, ки ба пурсиш даъват шудааст, хабар дода мешавад, ки ӯ ба ҳайси кӣ, аз рӯи кадом парвандаи ҷиноятӣ пурсиш мешавад, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯ, ки дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ шудаанд, фаҳмонида, дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад. Шахсоне, ки ба пурсиш ба ҳайси шоҳид ё ҷабрдида даъват шудаанд, дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани нишондод, ҳамчунин барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда мешаванд.

Пурсиш аз он оғоз мегардад, ки пурсишшаванда ҳолатҳои ба ӯ маълумбудаи парвандаро баён кунад. Агар пурсишшаванда дар бораи ҳолатҳое сухан гӯяд, ки бо парванда ҳеҷ робитае надорад, ӯ бояд огоҳ карда шавад.

Баъди ба охир расидани нақли озод ба пурсишшаванда саволҳое додан мумкин аст, ки мақсад аз онҳо саҳеҳ ва пурра гардонидани нишондод бошад. Додани саволҳои раҳнамункунанда манъ аст.

Агар нишондод бо маълумоти рақамӣ ё маълумоти дигар вобаста бошад, ки дар хотир нигоҳ доштани онҳо мушкил аст, пурсишшаванда ҳуқуқ дорад аз ҳуҷҷатҳо ва сабтҳое, ки бо ташаббуси муфаттиш ва бо ризои ё бо хоҳиши пурсишшаванда метавонанд ба парванда дохил карда шаванд, истифода барад.

Дар ҷараёни пурсиш муфаттиш метавонад ба пурсишшаванда далелҳои шайъӣ ва ҳуҷҷатҳоро нишон диҳад ва баъди ба охир расидани нақли озод нишондодеро, ки дар маводи парвандаи ҷиноятӣ мавҷуданд, бихонад, сабти овоз ва видео ё маводи наворбардоришударо намоиш диҳад ва шарҳи онҳоро пурсад.

Пурсиши бефосила аз 4 соат ва давомнокии он дар як рӯз аз 8 соат зиёд шуда наметавонад.

Протоколи пурсиш. Ҷараён ва натиҷаи пурсиш дар протоколи бо риояи талаботи моддаҳои 172 ва 173 КМҶ ҶТ тартиб дода, инъикос карда мешаванд. Нишондод аз забони шахси аввал ва аз рӯи имкон айнан сабт карда мешавад. Саволҳо ва ҷавобҳои онҳо бо ҳамон тартибе, ки дар ҷараёни пурсиш сурат гирифтааст, сабт мегарданд. Дар протокол ҳамчунин бояд саволҳои шахсоне, ки дар пурсиш иштирок кардаанд, саволҳое, ки аз тарафи муфаттиш дур карда шудаанд ё саволҳое, ки пурсишшаванда ба онҳо ҷавоб доданро рад намудааст, бо зикри далелҳои дур ё рад кардан инъикос меёбанд.

Нишон додани далели шайъӣ ва ҳуҷҷат, хондани протокол ва намоиши сабти овоз, видео ва наворбардории амалҳои тафтишӣ, ҳамчунин нишондоде, ки вобаста ба он аз тарафи пурсишшаванда дода шудаанд, бояд ҳатман дар протокол инъикос ёбанд.

Пурсишшаванда дар ҷараёни тафтиш метавонад тарҳ, нақша, расм, диаграмма тайёр кунад, ки онҳо ба протокол ҳамроҳ карда, дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.

Баъди ба охир расидани нақли озод пурсишшаванда ҳуқуқ дорад нишондодашро бо дасти худ нависад. Баъди бо дасти худ навиштани нишондод ва имзо гузоштани пурсишшаванда муфаттиш метавонад саволҳои пурракунанда ва дақиқкунанда диҳад.

Баъди ба охир расидани пурсиш протокол барои хондан ба пурсишшаванда пешниҳод мешавад ё бо хоҳиши ӯ хонда мешавад. Талаби пурсишшаванда дар бораи ба протокол дохил намудани иловаҳо ва тасҳеҳот бояд ҳатман иҷро карда шавад.

Пурсишшаванда далели шинос шудан бо нишондод ва дурустии сабти онҳоро бо имзои худ дар охири протокол тасдиқ менамояд. Ҳар саҳифаи протокол аз тарафи пурсишшаванда имзо карда мешавад.

Агар дар пурсиш тарҷумон иштирок карда бошад, ӯ низ ҳар як саҳифа ва протоколро дар маҷмӯъ имзо мекунад. Тарҷумон ба тарҷумаи нишондоди бо дасти худ навиштаи пурсишшаванда имзо мегузорад.

Ҳамаи шахсоне, ки дар пурсиш иштирок карданд, дар протокол имзо мегузоранд.

Бо қарори муфаттиш ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё ҷабрдида сабти овоз ва видео истифода шуда метавонад. Сабти овоз ва видео метавонад ҳамчунин бо хоҳиши гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё ҷабрдида истифода гардад.

Муфаттиш дар бораи сабти овоз ва видео қарор қабул мекунад ва дар ин бобат ба пурсишшаванда то оғози пурсиш хабар медиҳад.

Сабти овоз ва видео бояд тамоми ҷараёни пурсишро инъикос намояд. Сабти овоз ва видеои як қисми пурсиш, ҳамчунин такрори маълумоте, ки дар ҷараёни ҳамон пурсиш дода шудаанд, махсус барои сабти нишондод мумкин нест.

Баъди ба охир расидани пурсиш сабти овоз ва видео ба пурсишшаванда пурра шунавонида ва нишон дода мешавад. Баъди ба охир расидани намоиш ё шунидани сабт аз пурсишшаванда пурсида мешавад, ки оё ӯ гуфтаҳои худро пурра ё аниқ карда метавонад ва оё ӯ дурустии сабтро тасдиқ мекунад. Иловаҳои пурсишшаванда ба нишондодҳои сабти овоз ва видео, ҳамчунин ба фонограмма ва видеограммаҳо дохил карда мешаванд. Сабти овоз ва видео бо изҳороти пурсишшаванда, ки дурустии онро тасдиқ мекунад, ба охир мерасад.

Нишондоди дар ҷараёни пурсиш бо истифодаи сабти овоз ва видео гирифташуда мутобиқи қоидаҳои КМҶ ҶТ ба протокол дохил карда мешаванд. Дар протоколи пурсиш ҳамчунин инҳо зикр мегардад:

– қайди татбиқи сабти овоз ва видео ва огоҳ кардани пурсишшаванда дар ин бобат;

– маълумот оид ба воситаҳои техникӣ ва шароити сабти овоз ва видео;

– изҳори пурсишшаванда доир ба татбиқи сабти овоз ва видео нисбати ӯ;

– тасдиқи дурустии протокол, сабти овоз ва видео аз тарафи пурсишшаванда ва муфаттиш.

Фонограмма ва видеограмма ҳамроҳи парванда нигоҳ дошта, баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ мӯҳр карда мешаванд.

Вобаста аз омилҳои гуногун намудҳои зерини пурсишро ҷудо мекунанд:

Вобаста ба синну соли шахси пурсидашаванда пурсиши шахси калонсол, пурсиши ноболиғ ва пурсиши хурдсолро ҷудо кадан мумкин.

Аз рӯи ҳайати иштирокчиён пурсиш бо иштироки шахсони сеюм, бо иштироки ҳимоячӣ, эксперт, мутахассис, волидон ва намояндаҳои қонунии шахси ноболиғ, педагог ва бо иштироки тарҷумонро ҷудо кардан мумкин.

Вобаста ба қаблан пурсида шудан пурсиши ибтидоӣ, такрорӣ ва иловагиро ҷудо мекунанд.

Яке аз асосҳои маъмул барои ба намудҳо ҷудо кардани пурсиш аҳволи мурофиавии пурсидашаванда ба ҳисоб меравад. Аз рӯи аҳволи мурофиавии пурсидашаванда пурсиши шоҳид, пурсиши ҷабрдида, пурсиши гумонбаршаванда, пурсиши айбдоршаванда ҷудо карда мешаванд.

Пурсиши шоҳид ва ҷабрдида. Шоҳид ва ҷабрдидае, ки аз рӯи як парванда даъват шудаанд, алоҳида-алоҳида ва дар набудани дигар шоҳид ва ҷабрдида пурсиш карда мешаванд. Муфаттиш чора меандешад, ки шоҳидон ва ҷабрдидагони як парванда бо ҳамдигар гуфтугӯ карда натавонанд.

Пеш аз пурсиш муфаттиш ба шахсияти шоҳид ё ҷабрдида боварӣ ҳосил карда, муносибати онҳоро бо айбдоршаванда ё гумонбаршуда муайян менамояд, ба онҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавиро мефаҳмонад, доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ онҳоро огоҳ мекунад. Зимнан муфаттиш вазифадор аст фаҳмонад, ки шоҳид ё ҷабрдида ҳуқуқ дорад аз додани нишондоде, ки худи онҳо ё хешованди наздики онҳоро барои содир намудани ҷиноят айбдор мекунад, рад намояд. Шоҳид ё ҷабрдидае, ки аз ин ҳуқуқ истифода набурдааст, доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда мешавад. Дар бобати ба шоҳид ё ҷабрдида фаҳмонидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо огоҳӣ доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани нишондод, ҳамчунин дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ дар протокол қайд намуда, бо имзои шахси пурсишшаванда тасдиқ карда мешавад.

Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи то шонздаҳсола ва бо салоҳдиди муфаттиш ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи аз шонздаҳсола калонтар омӯзгор даъват карда мешавад. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ намояндагони қонунии онҳо ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Ба шахсони мазкур, ки ҳангоми пурсиш иштирок кардаанд, ҳуқуқи пешниҳоди мулоҳизот доир ба вайрон карда шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пурсишшавандагон, ки бояд ба протокол дохил карда шаванд, ҳамчунин бо иҷозати муфаттиш додани саволҳо фаҳмонида мешавад. Муфаттиш ҳуқуқ дорад саволро рад намояд, лекин онро бояд ба протокол дохил намояд ва сабаби рад кардани саволро зикр кунад.

Шоҳид ва ҷабрдидаи то шонздаҳсола доир ба ҷавобгарӣ барои надодани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда намешаванд. Ҳангоми ба чунин шоҳидон ва ҷабрдидагон фаҳмонидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавии онҳо таъкид карда мешавад, ки танҳо ҳақиқатро гуфтан зарур аст. Ба шоҳидон ва ҷабрдидагони ноболиғ ҳуқуқи надодани нишондоде, ки худи онҳо ва хешовандони наздики онҳоро ба содир кардани ҷиноят айбдор мекунанд, фаҳмонида мешавад. Дар бораи фаҳмонидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо дар протокол қайд гузошта, он бо имзои шоҳид ё ҷабрдида тасдиқ карда мешавад.

11.4.2. Рӯбарӯкунӣ

Рӯбарӯкунӣ ин амали тафтишие мебошад, ки дар як вақт, якбора пурсидани ду шахси пеш пурсидашударо дар назар дорад, ки дар нишондоди онҳо оиди ҳолатҳои муҳими кор ихтилофҳои ҷиддӣ мавҷуд аст.

Рӯбарукунӣ яке аз намудҳои пурсиш мебошад. Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки ду шахси қаблан пурсишшударо, агар дар нишондоди онҳо мухолифати ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад, рубарӯ кунад.

Пеш аз оғози рӯбарӯкунӣ муфаттиш ба иштироккунандагони ин амал ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон, ҳамчунин тартиби ба ҷо овардани ин амали тафтиширо мефаҳмонад. Агар рӯбарӯкунӣ бо иштироки шоҳид ва ҷабрдида гузаронида шавад, онҳо дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда мешаванд ва дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.

Муфаттиш аз шахсоне, ки дар байни онҳо рӯбарӯкунӣ сурат мегирад, мепурсад, ки оё онҳо ҳамдигарро медонанд ё не ва ба ҳамдигар чӣ гуна муносибат доранд. Ба иштироккунандагон бо навбат пешниҳод карда мешавад, ки оид ба муайян кардани ҳолатҳои рӯбарӯкунӣ нишондод диҳанд. Баъди додани нишондод муфаттиш метавонад ба ҳар кадоме аз пурсишшавандагон савол диҳад. Шахсоне, ки бо ҳамдигар рӯбарӯ карда мешаванд, метавонанд бо иҷозати муфаттиш ба якдигар саволҳо диҳанд. Дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.

Ҳангоми рӯбарӯкунӣ муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки далелҳои шайъӣ ва ҳуҷҷатҳои ба парванда дохил кардашударо нишон диҳад.

Хонда додани нишондоди иштироккунандагони рӯбарӯкунӣ, ки дар протоколҳои пурсишҳои пешина мавҷуданд, ҳамчунин шунавонидан ва намоиш додани сабти овозӣ ва видеоии нишондоди мазкур танҳо баъди аз тарафи онҳо дода шудани нишондод дар вақти рӯбарӯкунӣ ва сабти онҳо дар протокол мумкин аст.

Дар протоколи рӯбарӯкунӣ нишондоди шахсони пурсишшаванда бо ҳамон навбат сабт карда мешаванд, ки онҳо нишондод додаанд. Ҳар як иштироккунандаи рӯбарӯкунӣ нишондоди худ ва ҳар як саҳифаи протоколро дар алоҳидагӣ имзо мегузорад.

Агар муқаррар карда шуда бошад, ки рӯбарӯкунии айбдоршаванда бо ҷабрдида ва шоҳид метавонад ба шоҳид ва ҷабрдида зарар расонад ё онҳоро тарсонад, рӯбарӯкунӣ бояд истисно карда шавад.

11.4.3. Нишон додан барои шинохтан

Муфаттиш метавонад шахс ё ашёро барои шинохтан ба шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршуда ё айбдоршаванда нишон диҳад. Барои шинохтан ҷасадро низ нишон додан мумкин аст.

Шиносшавандагон қаблан дар бораи ҳолатҳое, ки онҳо шахс ё ашёи дахлдорро дидаанд, оид ба нишонаҳо ва мушаххасоте, ки аз рӯи онҳо метавонанд шахс ё ашёро шиносанд, пурсида мешаванд.

Шахс барои шинохтан якҷоя бо шахсони дигаре, ки аз рӯи имкон зоҳиран ба ӯ монанд бошанд, нишон дода мешавад. Теъдоди умумии шахсоне, ки барои шинохтан нишон дода мешаванд, набояд аз се нафар кам бошад. Ин қоида дар мавриди шинохтани ҷасад татбиқ намегардад.

Пеш аз нишон додан барои шинохтан ба шахси шинохташаванда пешниҳод карда мешавад, ки дар байни нишондодашавандагон ҳар ҷоеро, ки хоста бошад, ишғол намояд ва дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.

Ҳангоми ғайриимкон будани нишондиҳии шахс барои шинохтан, ин амал метавонад аз рӯи акси ӯ, ки якҷоя бо аксҳои шахсони аз рӯи имкон зоҳиран ба ӯ монанд, бо теъдоди на кам аз се акс анҷом дода мешавад.

Ашё якҷоя бо ашёи якхела бо теъдоди на камтар аз се ашё барои шинохтан пешниҳод карда мешавад.

Агар шиносанда шоҳид ё ҷабрдида бошад, ӯ пеш аз шинохтан дар бораи ҷавобгарӣ барои рад кардан ё саркашӣ кардан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда мешавад, ки дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.

Ба шиносанда пешниҳод карда мешавад, ки шахс ё ашёи дар нишондоди худ зикркардаашро нишон диҳад. Додани саволҳои раҳнамункунанда мумкин нест.

Агар шиносанда яке аз шахсон ё ашёи ба ӯ нишондодашударо шиносад, аз ӯ пурсида мешавад, ки аз рӯи кадом нишонаҳо ё мушаххасот он шахс ё ашёро шинохтааст.

Нишон додан барои шинохтан дар ҳузури шахсони холис гузаронида мешавад.

Бо мақсади таъмини амнияти шиносанда нишон додани шахс барои шинохтан метавонад дар шароите доир гардад, ки шинохташаванда шиносандаро дида натавонад. Дар чунин ҳолатҳо шахсони холис бояд дар ҷойи қарордоштаи шиносанда қарор дошта бошанд. Ба шахсони холис ва шиносанда бояд имкон фароҳам оварда шавад, ки шахсони шинохташавандаро дида тавонанд.

Дар бораи нишон додан барои шинохтан бо риояи талаботи моддаҳои 172, 187 КМҶ ҶТ протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол шароит, ҷараён, натиҷаҳои шинохтан зикр ва аз рӯи имкон шарҳҳои шиносанда айнан баён карда мешаванд. Агар пешниҳоди шахсе, ки барои шинохтан нишон дода шудааст, дар шароите анҷом дода шуда бошад, ки шинохташаванда имкони дидани шиносандаро надошт, ин ҷиҳат ҳам дар протокол зикр карда мешавад.

11.4.4. Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса

Нишондоди гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида ва шоҳид мумкин аст дар ҷое, ки ба ҳодисаи тафтишшаванда вобаста аст, барои муқаррар намудани маълумоти нави воқеӣ, нишон додани хатти сайр ва ҷойҳое, ки амали тафтишшаванда содир карда шудааст, ҳамчунин барои муайян намудани эътимоднокии онҳо бо роҳи муқоиса бо вазъи ҳодиса тафтиш ё аниқ карда шаванд.

Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:

– шахси нишондоддода дар ҷои ҳодиса, вазъ ва ҳолатҳои ҳодисаи тафтишшавандаро барқарор мекунад;

– ашё, ҳуҷҷатҳо ва нишонаҳоеро, ки барои парванда аҳамият доранд, кофта меёбад ва нишон медиҳад;

– амалҳои муайянро намоиш медиҳад;

– нишон медиҳад, ки дар воқеаи таҳқиқшаванда ин ё он ашё кадом нақшро иҷро кардааст;

– ба тағйири вазъи ҷои ҳодиса таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд;

– нишондоди пешинаи худро мушаххас ва аниқ месозад.

Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса дар ҳузури шахсони холис ва дар мавриди зарурӣ бо иштироки мутахассис гузаронида мешавад.

Дар ҷои ҳодиса дар як вақт санҷидани нишондоди якчанд шахс мумкин нест.

Баъди аниқ кардани нишондод ва нишон додани амалҳо ба шахсе, ки нишондодаш санҷида мешавад, саволҳои марбут ба амалҳои тафтишӣ додан мумкин аст.

Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса андозагирию, аксбардорӣ, сабти овоз, сабти видео анҷом дода, нақшаҳо ва тарҳҳо тартиб дода мешаванд.

Доир ба гузаронидани санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса бо риояи талаботи моддаҳои 172, 187 КМҶ ҶТ протокол тартиб дода мешавад,ки дар он шароит, ҷараён ва натиҷаҳои санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса муфассал инъикос карда мешаванд.

11.5. ЭКСПЕРТИЗА

Экспертиза дар мавридҳое таъйин карда мешавад, ки дар вақти гузаронидани таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ донистани маълумоти махсуси соҳаи илм, техника, санъат ё касбу ҳунар зарур аст. Экспертиза аз ҷониби шахсони донишманде, ки дар муассисаҳои экспертии мақомоти корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ кор мекунанд, ё дигар шахсоне, ки дар ҳалли масъалаҳои барои тафтишот ва суд манфиатдошта салоҳият доранд, гузаронида мешавад.

Муфаттиш таъини экспертизаро зарур шуморида, дар ин бора қарор қабул мекунад ва дар он маълумотҳои зеринро зикр менамояд:

– асосҳои таъини экспертиза;

– ному насаби коршинос ё муассисае, ки экспертиза бояд дар он ҷой гузаронида шавад;

– саволҳое, ки дар назди коршинос гузошта шудаанд;

– маводе, ки ба коршинос пешниҳод мешавад.

Иҷрои қарори муфаттиш доир ба таъини экспертиза барои шахсон ё муассисаҳое, ки қарор ба онҳо равон карда шудааст ва ба салоҳияти онҳо дохил мешавад, ҳатмист.

Экспертиза аз тарафи мутахассисони муассисаҳои экспертӣ, муассисаҳои дигари давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилоту корхонаҳо ё шахсони воқиф, ки муфаттиш таъин кардааст, гузаронида мешавад.

Иваз кардани экспертиза бо таҳқиқоте, ки берун аз тарзи мурофиавии муқаррарнамудаи қонун сурат мегирад, мумкин нест. Хулосаҳои нозироти идоравӣ, актҳои ревизия, машваратҳои мутахассисон зарурати гузаронидани экспертизаро истисно намекунанд.

То фиристодани қарор ба муассисаи экспертизаи судӣ муфаттиш вазифадор аст, ки бо он гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ҳамчунин шоҳидеро, ки таҳти экспертиза қарор мегирад, шинос намояд ва ба онҳо ҳуқуқи дар моддаи 210 КМҶ ҶТ муқарраршударо фаҳмонад. Дар ин бобат протокол тартиб дода, аз тарафи муфаттиш ва шахсе, ки бо қарор шинос карда шудааст, имзо карда мешавад.

Қарор дар бораи таъини экспертизаи равонпизишкии судӣ ва хулосаи коршиносон ба шахсоне, ки вазъи рӯҳиашон дарки онро ғайриимкон мегардонад, эълон карда намешавад.

Мутобиқи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ агар аз рӯи парванда муқаррар кардани ҳолатҳои зерин зарур бошад, таъин ва гузаронидани экспертиза ҳатмист:

– сабаби марг;

– хусусият ва дараҷаи вазнинии зарари ҷисмонӣ;

– синну соли гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ба шарте, ки ин барои парванда аҳамият дошта бошад ва ҳуҷҷатҳо доир ба синну сол вуҷуд надошта ё шубҳаовар бошанд;

– ҳолати рӯҳӣ ё ҷисмонии гумонбаршуда, айбдоршаванда, вақте ки дар масъалаи мукаллафӣ ё қобилияти онҳо дар бобати ҳимояи мустақилонаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ дар мурофиаи ҷиноятӣ шубҳа ба миён меояд;

– ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонии ҷабрдида, шоҳид дар ҳолатҳое, ки қобилияти онҳо дар бораи дуруст дарк кардани ҳолатҳои барои парванда аҳамиятдошта ва додани нишондод доир ба онҳо таҳти шубҳа қарор мегирад.

Ҳангоми таъин кардан ва гузаронидани экспертиза гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва ҷабрдида ҳуқуқ доранд:

– бо қарори таъин намудани экспертиза шинос шаванд;

– ба коршинос раддия изҳор намоянд;

– дар бораи дур кардани муассисаи экспертӣ аз гузаронидани экспертиза дар сурати муқаррар гардидани ҳолатҳое, ки ба оқибати парванда манфиатдор набудани роҳбари муассисаи экспертӣ – ҷои кори шахси салоҳиятдорро таҳти шубҳа қарор медиҳанд, дархост пешниҳод намоянд;

– хоҳиш намоянд, ки шахсони аз тарафи онҳо зикршуда ё мутахассисони муассисаҳои мушаххаси судии экспертӣ ба ҳайси коршиносон ҷалб карда шаванд;

– саволҳои иловагӣ пешниҳод намоянд;

– дар вақти гузаронидани экспертиза ҳузур дошта бошанд ва ба коршинос саволҳо диҳанд, шарҳу тафсир кунанд;

– бо хулосаи коршинос ё хабари имконнопазирии додани хулоса шинос шаванд.

Экспертизаи ҷабрдидагон ва шоҳидон танҳо бо ризои ихтиёрии онҳо, ки ба шакли хаттӣ дода мешавад, сурат мегирад. Агар ин шахсон ба синни шонздаҳ нарасида бошанд ё суд онҳоро номукаллаф эътироф карда бошад, ризои хаттиро барои гузаронидани экспертиза намояндагони қонунии онҳо медиҳанд.

Ҳангоми гузаронидани экспертиза дар муассисаи экспертӣ муфаттиш қарори худ ва маводи заруриро ба ин муассиса ирсол менамояд. Дар чунин ҳолат роҳбари муассисаи экспертӣ вазифадор аст:

– гузаронидани экспертизаро ба як ё якчанд коршинос супорида, дар ин бора ба муфаттиш хабар диҳад;

– ба коршиносон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро, ки дар моддаи 58 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудаанд, фаҳмонад, оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста хулосаи бардурӯғ додан огоҳ кунад ва дар ин бобат аз онҳо забонхат гирад, ки он якҷоя бо хулосаи эксперт ба муфаттиш равон карда мешаванд.

Агар экспертиза берун аз муассисаи экспертӣ гузаронида шавад, муфаттиш пеш аз баровардани қарор оид ба таъини экспертиза бояд ба шахсияти фарде, ки экспертизаро ба ӯ супориданист, ба салоҳиятнокии ӯ итминон ҳосил намуда, муносибати ӯро бо айбдоршаванда, гумонбаршуда, ҷабрдида ва бо шахсе, ки таҳти экспертиза қарор гирифтааст, муайян намояд ва санҷад, ки оё асосҳо барои дур кардани коршинос мавҷуданд ё не.

Муфаттиш баъди аниқ кардани маълумоти зарурӣ дар бораи таъини экспертиза қарор мебарорад, онро ба коршинос месупорад, ба ӯ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои дар моддаи 58 Кодекси мазкур пешбинишударо мефаҳмонад ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани хулосаи бардурӯғ огоҳ мекунад. Доир ба иҷрои амалҳои мазкур муфаттиш дар қарори таъин кардани экспертиза қайд мегузорад ва он бо имзои коршинос тасдиқ карда мешавад.

Экспертизаи комиссионӣ дар ҳолатҳои зарурати анҷом додани таҳқиқоти мураккаби экспертӣ ва аз тарафи якчанд нафар коршиноси дорои як ихтисос (касб) гузаронида мешавад.

Ҳангоми гузаронидани экспертизаи комиссионӣ коршиносон натиҷаҳои ҳосилшударо якҷоя таҳлил мекунанд ва баъди ба як ақида омадан хулосаи ягона (ё акт дар бораи имконнопазирии пешниҳоди хулоса) тартиб медиҳанд ва имзо мекунанд.

Дар сурати мавҷуд будани ихтилофи назар дар байни коршиносон ҳар кадоми онҳо ё як қисми онҳо хулосаи алоҳида пешниҳод мекунанд ва ё коршиносе, ки нуқтаи назари ӯ аз хулосаҳои аксарият фарқ дорад, ақидаи худро дар хулоса алоҳида инъикос мекунад.

Экспертизаи комплексӣ дар ҳолатҳое таъин карда мешавад, ки барои таҳқиқот маълумоти соҳаҳои гуногуни дониш зарур бошад. Он аз тарафи коршиносони дорои ихтисосҳои гуногун дар доираи салоҳиятнокии онҳо гузаронида мешавад.

Дар хулосаи экспертизаи комплексӣ бояд зикр гардад, ки ҳар як коршинос кадом таҳқиқотро ба кадом ҳаҷм анҷом дод ва ба чӣ хулоса омадааст.

Ҳар як коршинос ҳамон қисми хулосаро имзо мекунад, ки дар он таҳқиқоти ӯ инъикос ёфтааст.

Хулоса (хулосаҳо)-и умумиро коршиносоне мебароранд ки дар баҳодиҳии натиҷаи ҳосилшуда салоҳият доранд. Агар далелҳои аз ҷониби яке аз коршиносон (коршиносони алоҳида) муқаррар кардашуда асоси хулосаи ниҳоии комиссия ё як қисми он бошад, он бояд дар хулоса зикр шавад. Дар сурати ихтилофи назар байни коршиносон натиҷаи таҳқиқот мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 213 КМҶ ҶТ ба расмият дароварда мешавад.

Агар экспертиза ба муассисаи экспертӣ супорида шуда бошад, ташкили таҳқиқи комплексӣ ба зиммаи роҳбари он муассиса гузошта мешавад.

Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки барои таҳқиқоти муқоисавӣ аз гумонбаршуда ё айбдоршаванда, инчунин ҷабрдида ва шоҳид намунаҳои дастнавис ё дигар намунаҳо гирад.

Ҳангоми гирифтани намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавӣ набояд усулҳое татбиқ гарданд, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок бошанд ё шараф ва номуси ӯро паст зананд.

Муфаттиш доир ба гирифтани намунаҳо барои таҳқиқоти муқоисавии шахсони зинда қарор мебарорад. Гирифтани намунаҳо бо иштироки шахсони холис ва дар мавридҳои зарурӣ бо иштироки мутахассисон гузаронида мешавад. Дар ин бора бо риояи талаботи моддаҳои 172, 183 КМҶ ҶТ протокол тартиб дода мешавад.

Агар гирифтани намунаҳо қисми таҳқиқоти экспертӣ бошад, ин амалро коршинос ба ҷо меоварад. Дар ин ҳолат коршинос маълумотро доир ба ин амал дар хулосаи худ инъикос мекунад.

Агар ҳангоми таъин кардан ё гузаронидани экспертизаи тиббии судӣ ё равонпизишкии судӣ зарурати муоинаи стасионарӣ ба миён ояд, гумонбаршуда ё айбдоршавандаро дар муассисаи давлатии тиббӣ ҷойгир кардан мумкин аст, ки ин ҳолат дар қарори таъини экспертиза зикр карда мешавад.

Агар зарурати экспертиза ва дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардани судшаванда ҳангоми маҷлиси суд ба миён ояд, суд, судя дар ин бобат бо дархости тарафҳо ё бо ташаббуси худ оид ба ин масъала таъинот ё қарор мебарорад.

Ҳангоми дар муассисаи тиббӣ барои гузаронидани экспертизаи стасионарии равонпизишкии судӣ ҷойгир кардани гумонбаршуда мӯҳлате, ки дар давоми он ба ӯ бояд айб эълон карда шавад, то гирифтани хулосаи комиссияи духтурони равоншинос оид ба ҳолати рӯҳии гумонбаршуда боздошта мешавад.

Баъди гузаронидани таҳқиқ аз рӯи натиҷаҳои он коршинос ё коршиносон аз номи худ хулосае тартиб медиҳанд, ки дар он бояд маълумоти зерин зикр гардад:

– экспертиза кай, дар куҷо гузаронида шудааст;

– аз тарафи кӣ (фамилия, ном, номи падар, маълумот, ихтисос, собиқаи кор, дараҷаю унвони илмӣ, вазифаи ишғолкарда);

– дар кадом асос экспертиза гузаронида шудааст;

– қайди бо имзои коршинос тасдиқшуда доир ба он ки ӯ дар бобати ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани хулоса ё дидаю дониста хулосаи бардурӯғ додан огоҳ карда шудааст;

– ҳангоми гузаронидани экспертиза кӣ иштирок дошт;

– коршинос чӣ гуна маводро истифода намудааст ва кадом таҳқиқотро гузаронидааст;

– саволҳои дар назди коршинос гузошташуда ва ҷавобҳои асосноки ӯ.

Хулоса дар шакли хаттӣ пешниҳод ва аз тарафи коршинос (коршиносон) имзо карда мешавад. Ба хулосаи коршинос бояд далелҳои шайъии баъди таҳқиқ боқимонда, намунаҳое, ки бо роҳи таҷриба гирифта, барои муқоиса истифода бурда мешаванд, ҳамчунин аксҳо, тарҳрезаҳо, нақшаҳо, ҷадвалҳо ва маводи дигари иловагие, ки хулосаҳои коршиносро тасдиқ мекунанд, замима карда шаванд. Замимаи хулоса низ аз тарафи коршинос имзо карда мешавад.

Агар коршинос итминон ҳосил намояд, ки масъалаҳои гузошташуда аз доираи донишҳои махсуси ӯ берун мебароянд ё маводи ба ӯ пешниҳодшуда барои пешниҳод кардани хулоса корношоям ё нокифоя аст ва пурра кардани он номумкин мебошад ё ин ки сатҳи илм ва амалияи экспертӣ барои ҷавоб додан ба масъалаҳои гузошташуда имконият намедиҳанд, вай хабари асоснок кардашударо дар бораи ғайриимкон будани пешниҳоди хулоса тартиб медиҳад ва онро ба мақомот ё шахси экспертизаро таъиннамуда ирсол менамояд.

Хулосаи коршинос ё хабари ӯ дар бораи имконнопазирии пешниҳоди хулоса, ҳамчунин протоколи пурсиши коршинос то анҷоми тафтиши пешакӣ ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, ҷабрдида, ҳамчунин ба шоҳиде, ки таҳти экспертиза қарор гирифта буд, пешниҳод карда мешавад ва онҳо ҳақ доранд, ки шарҳу мулоҳизаи худро пешниҳод кунанд ва ақидаи худро оид ба хулосаи коршинос изҳор намоянд. Дар сурати қонеъ гардонида шудан ё рад шудани чунин дархост муфаттиш қарори дахлдор бароварда, ба шахсе, ки дархост додаст, бо гирифтани забонхат эълон мекунад.

Дар бораи шинос кардан бо хулосаи коршинос ва протоколи пурсиш протоколе тартиб дода мешавад, ки дар он хабар ё эътирози баёншуда инъикос карда мешавад.

Қоидаҳои ҳамин модда дар ҳолатҳое низ татбиқ мегарданд, ки экспертиза то ҷалб намудани шахс ҳамчун айбдоршаванда, гумонбаршуда ё ҷабрдида эътироф шудани ӯ гузаронида шуда бошад.

Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки коршиносро барои шарҳ додани хулосаи пешниҳодкардааш пурсиш намояд. Коршинос метавонад ҷавобҳояшро бо дасти худ нависад. Протоколи пурсиши коршинос бо риояи қоидаҳои дар моддаҳои 172 КМҶ ҶТ пешбинигардида тартиб дода мешавад.

Пурсиши коршинос то аз тарафи ӯ пешниҳод шудани хулоса мумкин нест.

Ҳангоми нофаҳмо ё нопурра будани хулоса, инчунин ба миён омадани масъалаҳои нав нисбати ҳолатҳои қаблан таҳқиқшуда, мумкин аст экспертизаи иловагӣ таъин карда, иҷрои он ба ҳамон коршинос ё коршиноси дигар супурда шавад.

Дар ҳолати беасос будани хулосаи коршинос ё ба миён омадани шубҳа оид ба дурустии он экспертизаи такрорӣ таъин намудан мумкин аст, ки гузаронидани он ба коршинос ё коршиносони дигар супурда мешавад.

Экспертизаи иловагӣ ё такрорӣ бо риояи талаботи боби мазкур таъин ва гузаронида мешавад.

8 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.