Тобеияти судии парвандаҳои ҷиноятӣ

 

Дар қонун мафҳуми тобеияти судӣ муайян карда нашудааст. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ бошад тобеияти судӣ гуфта чунин хусусиятҳои ҳуқуқии парвандаи ҷиноятиро мефаҳманд, ки вобаста аз онҳо дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ суде, ки ҳуқуқи баррасии парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум дорад, муайян карда мешавад[1].

Барои ба кадом суд тобеият доштани парвандаи ҷиноятӣ на танҳо хусусиятҳои ҳуқуқии парванда, балки салоҳияти судро низ бояд ба назар гирифт.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳарчанд мафҳумҳои тобеияти судӣ ва салоҳият бо ҳамдигар алоқаманданд, вале онҳо мафҳумҳои якхела нестанд.

Тобеияти судӣ падидаи мурофиавие мебошад, ки салоҳияти судро нисбати доираи парвандаҳое, ки он ҳуқуқи баррасӣ кардан дорад, муқаррар мекунад. Ҳарчанд салоҳият ба тобеияти судӣ алоқаманд аст, вале мафҳуме мебошад, ки бештар ба сохтори судӣ ва ташкилӣ алоқамандӣ дорад.

Тобеияти судӣ танҳо салоҳияти суди марҳилаи якумро ифода менамоянд. Салоҳият бошад хусусият ва ҳаҷми ваколатҳои тамоми судҳоро дар фарқият аз дигар мақомотҳои давлатӣ ва маъмурӣ муайян мекунад.

Масъалаи тобеияти судӣ аз ҷониби прокуроре, ки фикри айбдоркуниро тасдиқ кардааст, ҳал карда мешавад ва дуруст будани ҳалли он аз ҷониби суд санҷида мешавад.

Қоидаҳои тобеияти судии дар моддаҳои 251-260 КМҶ ҶТ муқарраршуда, барои таъмини зуд, пурра ва холисона баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ нигаронида шуда, бо принсипи баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд асос ёфтаанд. Аз ин рӯ муҳим он аст, ки ҳар як парванда бояд аз ҷониби суде баррасӣ гардад, ки тибқи қонун ба он суд тобеият дорад.

Таҳлили қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ нишон медиҳад, ки ҳангоми муайян кардани тобеияти судии парвандаҳои ҷиноятӣ аломатҳои предметӣ (гурӯҳӣ), ҳудудӣ, фардӣ ва алоқаи парвандаҳо ба назар гирифта шудаанд.

1) Аломати предметӣ тобеияти судии парвандаҳои ҷиноятиро аз рӯи гурӯҳи (намуди, бандубасти) ҷинояте, ки мавзӯи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ мебошад, дар назар дорад. Тавассути аломатҳои предметии тобеияти судӣ муайян карда мешавад, ки кадом суди зинаҳои низоми судии Тоҷикистон салоҳияти баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятии мазкурро дорад, инчунин салоҳият байни судҳои юрисдиксияи умумидошта ва судҳои ҳарбӣ маҳдуд карда мешавад. Аломати предметии тобеияти судӣ бо роҳи бевосита дар қонун ба салоҳияти ин ё он суд мансуб донистани категорияҳои муайяни парвандаҳои ҷиноятӣ муайян карда мешавад.

Чунончӣ, ба суди шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ, ба ғайр аз парвандаҳое, ки ба судҳои болоӣ ё судҳои ҳарбӣ тобеанд, тобеияти судӣ доранд (м. 251 КМҶ ҶТ).

Ба суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ, ки барои онҳо мутобиқи қонун ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум кардан ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст, ба ғайр аз парвандаҳои марбути судҳои ҳарбӣ, тобеияти судӣ доранд (м.252 КМҶ ҶТ).

Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ, ки барои онҳо мутобиқи қонун ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум кардан ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст ва онҳо дар ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ содир шудаанд, тобеияти судӣ доранд. Инчунин, ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятие, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд ва ё тибқи қонун баррасии онҳо ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, тобеияти судӣ доранд (м. 253 КМҶ ҶТ).

Мутобиқи сархати 4 қисми 1 моддаи 254 КМҶ ҶТ аз рӯи аломати предметӣ парвандаҳо дар бораи ҷосусӣ ба судҳои ҳарбӣ тобиеият доранд.

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи моддаи 256 КМҶ ҶТ суди болоӣ дар ҳолатҳои истисно ҳуқуқ дорад ҳама гуна парвандаҳои ҷиноятиро, ки бапешбурди худ қабул намуда, ба сифати суди марҳилаи якум баррасӣ намояд.

2) Аломати ҳудудӣ тобеияти парвандаҳои ҷиноятиро аз рӯи ҷои содир кардани ҷиноят муайян мекунад. Аз рӯи ин аломат тобеияти судӣ байни судҳои сатҳи баробар, яъне зинаҳои якхелаи низоми судӣ (байни судҳои ноҳиявӣ ва ғ.) маҳдуд карда мешавад.

Мутобиқи қонун парвандаҳои ҷиноятӣ бояд дар ҳамон суде мавриди баррасӣ қарор гирад, ки дар ҳудуди фаъолияти он ҷиноят содир шудааст. Агар маҳалли содир шудани ҷиноятро муайян кардан ғайриимкон бошад, парванда тобеияти ҳамон суде мебошад, ки дар доираи ҳудуди фаъолияти он пешбурди тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи парванда анҷом дода шудааст.

Ҳамин тавр, баррасӣ намудани парванда аз ҷониби суде, ки дар ҳудуди фаъолияти он ҷиноят содир шудааст бо назардошти ҳолатҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:

  • дар ин ҷой судшавандаҳо, ҷабрдидаҳо, шоҳидон зиндагӣ мекунанд
  • судяҳо аз шароити маҳалро медонанд ва метавонанд ҳангоми қабули қарор онро ба назар гиранд;
  • таъсири огоҳинамоӣ ва тарбиявии мурофиаи судӣ бештар мегардад.

3) Аломатҳои фардӣ тобеияти судиро вобаста ба субъекти ҷиноят муайян мекунад. Аз рӯи ин аломат тобиеияти судии парвандаҳои ҷиноятиро бо назрдошти ҳолати хизматӣ ё мансабии шахсе, ки ҷиноятро содир кардааст муайян мекунанд. Чунончӣ, дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аломати фардӣ дақиқ ифода ёфтааст. Мутобиқи қисми 10 моддаи 9 қонуни мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ҳамаи судяҳои судҳои ҷумҳурӣ танҳо ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ доранд.

Ё ин ки мутобиқи қисми 1 моддаи 254 КМҶ ҶТ ба судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятии зерин тобеияти судӣ доранд: парвандаҳо дар бораи тамоми ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин ӯҳдадорони ҳарбӣ дар давраи гузаштани ҷамъомади ҳарбӣ содир намудаанд; парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳое, ки хизматчиёни ҳарбии воҳидҳо ва қисмҳои милитсияи аз рӯи даъват ташкилкардашудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кардаанд; парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои зидди тартиби муқарраршудаи адои хизмат, ки шахсони ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои ислоҳӣ содир намудаанд.

Судҳои ҳарбӣ якҷоя бо парвандаҳои ҷиноятӣ даъвои граждании қисмҳои ҳарбӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, шахсони дигари ҳуқуқиро, сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ҳамчунин даъвои шаҳрвандиро дар бораи рӯёнидани зарари моддие,ки ба онҳо дар натиҷаи ҷинояти содирнамудаи хизматчии ҳарбрасонида шудааст, баррасӣ менамоянд.

Ҳангоми айбдор донистани шахс ё гурӯҳи шахсон дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят, ба шарте, ки ақаллан парванда дар бораи як ҷиноят ба Суди ҳарбӣ тобеият дорад, парвандаҳои ҳамаи ҷиноятҳоро Суди ҳарбӣ баррасӣ мекунад.

Ҳангоми айбдор донистани гурӯҳи шахсон дар содир намудани як ё якчанд ҷиноят, ба шарте, ки парванда ақалан нисбат ба як айбдоршаванда дар тобеияти суди ҳарбӣ карор дошта бошад, парвандаҳоро нисбат ба ҳамаи айбдоршавандагон суди ҳарбӣ баррасӣ мекунад.

Ба Суди ҳарбии гарнизон парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содирнамудаи шахсони дорои унвони то подполковник тобеияти судӣ доранд.

Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содирнамудаи шахсоне, ки дорои унвони полковник ва аз он баланд ё вазифаи фармондеҳи полкро ишғол мекунанд ва шахсони аз рӯи вазифаи хизматӣ ба онҳо баробар, парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои содирнамудаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки барои онҳо қонуни ҷиноятӣ ҷазои якумра маҳрум кардан аз озодӣ ё қатл пешбинӣ намудааст, ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ доранд.

Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳама гуна парвандаро, ки ба суди ҳарбии поёнӣ тобеияти судӣ доранд, ба сифати суди марҳилаи якум ба баррасии худ қабул намояд.

4) Мавриди зикр аст, ки дар моддаи 257 КМҶ ҶТ тобеияти судӣ ҳангоми якҷоя кардани парвандаҳои ҷиноятӣ низ муайян карда шудааст. Мутобиқи қонун ҳангоми айбдор кардани шахс ё гурӯҳи шахсон дар содир намудани якчанд ҷиноят, ки парвандаи онҳо ба судҳои марҳилаҳои гуногун тобеият дорад, парванда оид ба ҳамин ҷиноятҳо аз ҷониби суди марҳилаи болоии судҳои зикршуда баррасӣ карда мешавад. Парвандаи тобеи якчанд судҳои марҳилаи якхела бошад дар суде баррасӣ карда мешавад, ки дар ҳудуди фаъолияти он тафтиши пешакӣ ё таҳқиқи парванда ба охир расонида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум танҳо ва ё дастаҷамъона баррасӣ карда мешавад.

Судя парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, танҳо баррасӣ менамояд.

Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба ҳайати дастаҷамъонаи суд тобеият доранд. Баррасии дастаҷамъонаи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд дар ҳайати судя ва ду нафар машваратчии халқӣ анҷом дода мешавад. Машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд.

Татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо озод кардан аз адои ҷазо дар ҳолатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 391 КМҶ ҶТ пешбинӣ шудааст, аз тарафи суд ба таври дастаҷамъона анҷом дода мешавад. Масъалаи қатъ намудан ё дароз кардани мӯҳлати дар муассисаи махсуси тарбиявӣ ё табобатию тарбиявӣ қарор доштани шахс бо пешниҳоди комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак судяи суде, ки ҳукмро баровардааст ё суди маҳалли зисти маҳкумшудаи ноболиғ дар мӯҳлати даҳ шабонарӯз аз рӯзи ворид гардидани пешниҳод танҳо баррасӣ ва ҳал мекунад.

Мутобиқи моддаи 258 КМҶ ҶТ агар суд, судя муайян кунад, ки парвандаи воридшуда тобеияти ҳамин суд нест, онро аз рӯи тобеият судӣ равон мекунад.

Агар суд, судя муайян намоянд, ки парванади ҷиноятии дар пешбурдаш қарордошта ба суди дигари марҳилаи якхела тобеият дорад, танҳо дар ҳамон ҳолат ҳуқуқ дорад парвандаи ҷиноятиро дар пешбурдаш монад, ки агар баррасии парвандаи ҷиноятиро дар маҷлиси суд оғоз намуда бошад. Вале агар парванда тобеи суди болоӣ ё суди ҳарбӣ бошад дар ҳама ҳолат бояд парвандаро аз рӯи тобеияти судӣ равон кунанд.

Агар баррасии парванда дар маҷлиси судии суди болоӣ оғоз шуда бошад, онро ба суди поёнӣ аз рӯи тобеият ирсол кардан мумин нест.

Бояд қайд намуд, ки дар моддаи 259 КМҶ ҶТ тартиби ба суди дигар супоридани парвандаи ҷиноятӣ аз суде, ки парвандаи ҷиноятӣ ба он тобеият дорад пешбинӣ шудааст. Ин тартиб танҳо бо мақсади пурра ва холисона баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ роҳ дода мешавад ва ба супоридани парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ин асос танҳо пеш аз оғози баррасии он дар маҷлиси суд иҷозат дода мешавад.

Масъалаи супоридани парвандаи ҷиноятӣ аз суди ноҳия (шаҳр) ба суди дигар дар ҳудуди ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри душанбе мувофиқан аз ҷониби раиси суди ВМКБ, раисони судҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иҷозат дода мешавад.

Ба суди ВМКБ, судҳои вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз як суд ба суди дигари шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ супоридани парвандаи ҷиноятиро бо асосҳои зикршуда Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовини ӯ иҷозат медиҳанд.

Баҳсҳо дар бораи тобеияти судӣ байни судҳо нораво буда, ҳама гуна парвандае, ки бо тартиби зикргардидаи қонун аз як суд ба суди дигар ирсол мегардад, бояд аз ҷониби суде, ки ба он равон карда шудааст, бе чунучаро барои пешбурд қабул карда шавад.

Ҳамин тавр, тобеияти судӣ ин маҷмӯи аломатҳои парвандаи ҷиноятӣ мебошад, ки мувофиқи онҳо дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ суде, ки ҳуқуқи барраси намудани парвандаи мазкурро ба сифати суди марҳилаи якум дорад, муайян карда шудааст.

6 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.