Таъини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он

 

Таъини муҳокимаи судӣ ва омодагӣ ба он – марҳилаи мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар он судя дар натиҷаи санҷидани маводҳои парвандаи ҷиноятӣ мавҷуд будан ё набудани асосҳои воқеӣ ва ҳуқуқиро барои ба муҳокимаи судӣ гузоштани парвандаи ҷиноятӣ бо мақсади моҳиятан баррасӣ намудани он муайян намуда, ҳангоми мавҷуд будани чунин асосҳо муҳокимаи судиро таъин мекунад ва амалҳои зарурии тайёриро барои барасии парванда дар маҷлиси судӣ иҷро мекунад.

Дар марҳилаи таъини маҷлиси судӣ масъалаҳои исбот шудани айб ва гунаҳкории айбдоршаванда ҳал карда намешаванд. Бо назардошти принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ва амалигардонии адолати судӣ танҳо аз ҷониби суд масъалаҳои мазкур дар марҳилаи муҳокимаи судӣ дар ҳукми суд ва дар асоси амалигардонии тамоми принсипҳои мурофиаи ҷиноятӣ ҳал мегардад.

Таъини маҷлиси судӣ марҳилаи мобайнии тафтишоти пешакӣ ва муҳокимаи судӣ буда, нисбати тафтишоти пешакӣ марҳилаи назоратӣ, санҷишӣ ва нисбати марҳилаи муҳокимаи судӣ бошад маҳилаи тайёрӣ (омодасозӣ) ҳисоб меёбад.

Дар марҳилаи таъини муҳокимаи судӣ хатогиву норасоиҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ муайян карда мешавад, ки ин барои беҳтар гардидани сифати кори мақомоти тафтишӣ ва умуман суд, мусоидат хоҳад кард.

Таъин намудани муҳокимаи судӣ аз ҷониби суд танҳо амалӣ карда мешавад. Доир ба тамоми парвандаи ҷиноятӣ судя мустақилона ҳамаи масъалаҳои ба таъини муҳокимаи судӣ алоқамандро ҳал мекунад. Судя маводҳои парвандаро бе гузаронидани амалҳои хусусияти тафтишӣ дошта, бе иштироки тарафҳо месанҷад.

Ҳангоми санҷидани маводҳо судя ариза ва дархостҳои воридшударо низ баррасӣ намуда, аз натиҷаи он шахс ё муассисаи пешниҳоднамударо хабардор мекунад. Судя ҳангоми баррасии ариза ва дархост ҳуқуқ дорад барои додани тавзеҳот шахс ё намояндаи ташкилотеро, ки дархостро пешниҳод кардааст, даъват кунад. Рад намудани дархост мавриди шикоят қарор дода намешавад, вале онро аз нав дар маҷлиси суд пешниҳод намудан мумкин аст.

Ҳангоми ба суд ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ судя бояд ҳолатҳои зеринро муайян кунад: парванда таҳти тобеияти ҳамин суд қарор дорад ё не; ҳолатҳое, ки боиси қатъ ё боздоштани пешбурди ҳамин парванда мегарданд, вуҷуд доранд ё не; ҳангоми пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба вайрон кардани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ, ки барои таъин намудани маҷлиси суд монеъ шуда метавонад, роҳ дода шудааст ё не; нусхаи фикри айбдоркунӣ ё қарори оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ оид ба пешбурди суръатнок супорида шудаанд ё не; чораи пешгирии интихобгардидаро тағйир додан ё бекор кардан зарур аст ё не; ҷиҳати таъмини рӯёнидани зарар, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят расонида шудааст ва эҳтимоли мусодираи молу мулк чора андешида шудааст ё не.

Баъд аз муайян намудани ҳолатҳои зикршуда судя оид ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда, дар мӯҳлати на дертар аз чордаҳ шабонарӯз аз лаҳзаи ба суд ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул мекунад:

  • дар бораи таъин намудани маҷлиси судӣ;
  • дар бораи баргардонидани парванда ба тафтиши иловагӣ;
  • дар бораи боздоштани пешбурди парванда;
  • дар бораи тибқи тобеияти судӣ фиристодани парванда;
  • дар бораи қатъ кардани парванда.

Барои парвандаи мураккаб ва ҳаҷман калон мӯҳати қабули қарори мазкур мумкин аст бо қарори раиси суд то як моҳ дароз карда шавад.

Дар қарори судя вақт ва маҳалли қабул кардани қарор; мансаб, насаб, ном ва номи падари судяе, ки қарор қабул кадааст; асос ва моҳияти қарорҳои қабулшуда нишон дода мешаванд.

Қарор дар бораи таъин намудани маҷлиси суд дар сурати мавҷуд набудани асосҳои барои баррасии парванда дар маҷлиси суд монеъшаванда қабул карда мешавад.

Дар қарори таъин намудани маҷлиси суд масъалаҳои ҷой ва вақти муҳокимаи судӣ; дар муҳокимаи судӣ иштирок доштани ҳимоятгар, ба шарте, ки иштироки вай ҳатмӣ бошад; шахсоне, ки ба маҷлиси суд даъват карда мешаванд; дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ кардани парванда дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 273 КМҶ ҶТ ҳал карда мешаванд. Инчунин, дар қарори таъини маҷлиси суд бояд чораи пешгирӣ нисбат ба шахсоне, ки аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ айбдор дониста мешаванд, маълумот дар бораи шахсияти онҳо, бандубасти ҷинояте, ки ба онҳо нисбат дода мешавад, бояд инъикос гардад.

Тарафҳо бояд дар мӯҳлати на камтар аз панҷ шабонарӯз дар бораи вақти оғози муҳокимаи суд огоҳ карда шаванд (моддаи 263 КМҶ ҶТ).

Баъди аз ҷониби судя баровардани қарор дар бораи таъин намудани маҷлиси суд бо супориши ӯ котиби суд: ба судшаванда ва ҷабрдида нусхаи қарори чораи пешгириро нисбат ба судшаванда мефиристад, ба шарте ки он аз ҷониби судя тағйир дода шуда бошад; ба маҷлиси суд шахсонеро даъват менамояд, ки дар бораи зарурати даъвати онҳо судя дар қарори таъин кардани маҷлиси суд нишон додааст; дигар чораҳоро оид ба тайёр кардани муҳокимаи судӣ меандешад.

Судя баъди таъини маҷлиси суд вазифадор аст ба тарафҳо дар асоси дархости онҳо барои шиносоӣ ба ҳамаи маводи парвандаи ҷиноятӣ ва аз он рӯйнавис кардани маълумоти зарурӣ имконият фароҳам оварад.

8 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.