Баргардонидани парванда барои тафтиши иловагӣ, боздоштан ва қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ

 

Чи тавре қайд намудем, судя баъд аз муайян намудани ҳолатҳои зикршуда оид ба парвандаи ҷиноятии ба суд воридшуда метавонад яке аз қарорҳои зеринро қабул кунад:

  • дар бораи таъин намудани маҷлиси судӣ;
  • дар бораи баргардонидани парванда ба тафтиши иловагӣ;
  • дар бораи боздоштани пешбурди парванда;
  • дар бораи тибқи тобеияти судӣ фиристодани парванда;
  • дар бораи қатъ кардани парванда.

Бояд қайд намуд, ки мутобиқи моддаи 264 КМҶ ҶТ дар ҳолати ҷиддан риоя накардани талаботи қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар мурофиаи судӣ судя ҳуқуқ дорад парвандаро барои тафтиши иловагӣ ба прокурор баргардонад ва дар ин бора қарори дахлдор қабул мекунад. Судя дар қарори худ асоси баргардонидани парванда, инчунин ба таври мушаххас кадом амали тафтиширо ҳангоми тафтиши иловагӣ гузаронидан зарур аст, бояд қайд кунад. Ҳангоми ба тафтиши иловагӣ баргардонидани парванда судя бояд масъалаи татбиқи чораи пешгириро низ нисбат ба айбдоршаванда ҳал кунад (моддаи 264 КМҶ ҶТ).

Мавриди зикр аст, ки дар қонуни мурофиавии ҷиноятӣ дар боби 31 муайян карда нашудааст, ки кадом ҳолатҳо вайронкунии ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд ва барои баргардонидани парванда ба тафтиши иловагӣ асос шуда метавонанд.

Мутобиқи моддаи 265 КМҶ ҶТ суд, судя дар ҳолатҳои зерин бо қарори худ пешбурди парвандаи ҷиноятиро бозмедорад: ҳангоми пинҳон шудани айбдоршаванда ё маълум набудани маҳалли будубоши ӯ; ҳангоми бемори вазнин будани айбдоршаванда, ки аз ҷониби духтури муассисаи давлатӣ тасдиқ карда шудааст; ҳангоми пешниҳоди суд, судя ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи конститутсионӣ будани қонуни дар ҳамин парванда татбиқшаванда; инчунин, ҳангоми таъин намудани экспертиза.

Ҳангоми боздоштани пешбурди парванда бо сабаби пинҳон шудани айбдоршаванда ё маълум набудани маҳалли будубоши ӯ парвандаи ҷиноятӣ барои кофтукови айбдоршаванда ба прокурор равон карда мешавад. Дар сурати аз байн рафтани асосҳои боздоштани парвандаи ҷиноятӣ, пешбурди он аз сари нав оғоз карда мешавад.

Дар вақти ҳал намудани масъалаи таъини муҳокимаи судӣ агар муайян шавад, ки парвандаи ҷиноятӣ ба ҳамин суд тобеият надорад, судя бо қарори худ онро аз рӯи тобеият равон мекунад.

Қарор дар бораи қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби судя ҳангоми мавҷуд будани асосҳои зерин қабул карда мешавад: ҳангоми гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан; ҳангоми қабули санади авф; ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ; ҳангоми мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида, агар парвандаи ҷиноятӣ маҳз тибқи аризаи ӯ оғоз гардад, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, ки прокурор ҳуқуқ дорад бе аризаи ҷабрдида парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд; нисбат ба шахси фавтида, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки пешбурди парванд барои муқаррар намудани бегуноҳии ӯ ё аз нав оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои нав ошкоргардида дар ҳаққи дигар шахсон; нисбат ба шахсе, ки дар ҳаққи ӯ аз рӯи ҳамон айбдоркунӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда ё таъиноти суд ва ё қарори суд, судя оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ҳамон асос мавҷуд аст; нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оғози парандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дорад. Бо баровардани қарори мазкур судя, инчунин чораи пешгирӣ, даъвои гражданӣ, мусодираи молу мулкро тағйир медиҳад ва масъалаи далелҳои шайъиро ҳал мекунад. Нусхаи қарори мазкур ба прокурор, шахси ба ҷавобгарӣ кашидашуда ва ба ҷабрдида супурда мешавад.

Инчунин, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 28 КМҶ ҶТ нишондодашуда, судя метавонад бо дархости прокурор ва ризои ҷабрдида парвандаи ҷиноятиро қатъ намояд.

8 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.