Пешбурд дар суди марҳилаи назоратӣ
МАФҲУМ ВА АҲАМИЯТИ ПЕШБУРД
ДАР МАРҲИЛАИ НАЗОРАТӢ
Шакли асосии санҷиши қонунӣ ва асоснок будани ҳукм ин пешбурди парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ мебошад. Вале ҳарчанд пешбурди парванда дар марҳилаи дуввум то андозае вазифаи пешгирӣ намудани иҷроиши қарорҳои ғайриқонунӣ ва беасоси судро таъмин мекунад, гуфтан мумкин нест, ки танҳо дар чунин шакли санҷиш хатогиҳои судӣ пурра баратараф карда мешаванд.
Сабаби якуми ин дар он аст, ки на ба ҳамаи қарорҳои суди зинаи якум шикоят ва эътирози кассатсионӣ оварда мешавад. Дар натиҷа як қисми қарорҳои суди марҳилаи якум бе баррасӣ дар зинаи кассатсионии суд ба қувваи қонунӣ медароянд. Дуввум, таҷриба нишон медиҳад, ки судҳои зинаи кассатсионӣ низ ба хатогиҳо роҳ медиҳанд ва аз ин сабаб қарорҳои қабулнамудаи онҳо низ ба санҷиш ниёз доранд.
Пешбурди парванда ба тариқи назоратӣ ба мисли пешбурд дар зинаи кассатсионӣ як шакли назорат аз болои фаъолияти судҳои поёнӣ буда, мақсади он ислоҳ намудани хатогиҳои судӣ мебошад. Ин хатогиҳо дар ҳукмҳое ҷой дошта метавонанд, ки предмети баррасии кассатсионӣ нашудаанд. Вале дар баъзе ҳолатҳо судҳои зинаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ низ ҳангоми санҷидани қонунӣ ва асоснок будани ҳукм хатогиҳои судиро ислоҳ карда наметавонанд ё худи онҳо қарори ғайриқонунӣ қабул мекунанд.
Ҳамин тавр, пешбурди назоратӣ ин марҳилаи истисноӣ ва мустақили мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар он суди болоӣ аз рӯи эътирози шахсони ваколатдоршуда дар асоси маводҳои дар парванда мавҷудбуда ва маводҳои нав пешниҳодшуда, қонунӣ ва асоснок будани ҳукм, таъинот ва қарорҳои ба қувваи қонун даромадаи тамоми судҳоро, новобаста аз он, ки онҳо дар зинаи кассатсионӣ баррасӣ шудаанд ё не, санҷида мебарояд.
Мавриди зикр аст, ки дар фарқият аз пешбурди кассатсионӣ предмети пешбурди назоратӣ қарорҳои (ҳукм, таъинот ё қарор) судие шуда метавонанд, ки ба қувваи қонун даромадаанд. Фарқияти дигари пешбурди назоратӣ дар он аст, ки бо тартиби кассатсионӣ қарори дахлдори суд танҳо як маротиба баррасӣ мешавад, вале бо тартиби назоратӣ бошад он метавонад якчанд маротиба баррасӣ гардад, зеро ки якчанд зинаҳои назоратӣ мавҷуданд ва як зина (зинаи болоӣ) ҳуқуқ дорад қарори зинаи дигарро (зинаи поёниро) аз нав баррасӣ кунад.
Инчунин, фарқияти дигар ин аст, ки шикоят ё эътирози касатсионӣ бояд ҳатман аз ҷониби суди зинаи дуввум баррасӣ гардад, вале пешбурди назоратӣ бошад танҳо ҳангоми маҷуд будани хоҳиши шахсони ваколатдоршуда ё суд ва ё мақомоти прокурорӣ имконпазир аст. Дар фарқият аз пешбурди кассатсионӣ суд наметавонад аз рӯи шикоят ба тариқи назоратӣ қарорҳои суди поёниро аз нав баррасӣ кунад. Ба ғайр аз ин судҳое, ки парвандаро ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ мекунанд гуногун мебошанд, инчунин тартиби баррасии парванда дар марҳилаҳои мазкур низ фарқ доранд.
15.2. ЭЪТИРОЗ Ё ШИКОЯТ ОВАРДАН БА ТАРИҚИ НАЗОРАТӢ
Сабаб барои оғоз намудани пешбурди назоратӣ эътироз ва шикоят дар бораи аз сари нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суде, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, мебошад.
Эътироз ё шикоят дар бораи аз сари нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суде, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, ба истиснои қарорҳои раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суди марҳилаи назоратӣ аз ҷониби прокурор, маҳкумшуда, сафедкардашуда, ҳимоятгарон ва намояндагони онҳо, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони қонунии онҳо тибқи муқаррароти боб 42 КМҶ ҶТ пешниҳод карда мешавад.
Мариди зикр аст, ки эътироз овардан ба санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, тибқи талаботи қисми 2 моддаи 404 КМҶ ҶТ аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, Сарпрокурори харбӣ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон сурат мегирад. Ба ғайр аз ин, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ дорад бо мақсади таъмини таҷрибаи ягонаи судӣ бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ барои аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ба тариқи назоратӣ эътироз оварад.
Шахси эътироз ё шикоятоварда ҳуқуқ дорад, онро то оғози маҷлиси суде, ки дар он эътироз ё шикоят бояд баррасӣ гардад, бозхонад.
Эътироз ё шикояти назоратӣ бевосита ба суди марҳилаи назоратӣ, ки ҳуқуқи аз нав дида баромадани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаро дорад, пешниҳод карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 404 КМҶ ҶТ эътироз ё шикояти назоратӣ ба санадҳои суд бояд бо тартиби зерин пешниҳод карда шавад:
– оид ба таъиноти суди марҳилаи кассатсионии суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, оид ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳр ва ноҳия – мутаносибан ба раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе;
– оид ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, оид ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, ки ба сифати суди марҳилаи якум қабул кардаанд, ба шарте, ки ин ҳукм, таъинот ё қарор дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии кассатсионӣ қарор нагирифта бошад, оид ба қарори раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе, оид ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки онҳо ба тариқи кассатсионӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифта бошанд, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– оид ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои ҳарбии гарнизонҳо–ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– оид ба таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таъиноти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон–ба раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба тариқи назоратӣ аз нав дида баромадани ҳукм, таъинот ва қарори суд дар давоми як сол аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани онҳо имконпазир аст[1].
Тибқи талаботи қонун эътироз ё шикояти назоратӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад: – номи суде, ки ба он шикоят ё эътирози назоратӣ ирсол мегардад; – ном, номи падар ва фамилияи шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратӣ пешниҳод кардааст, маҳалли истиқомат ё маҳалли будубош ва мавқеи мурофиавии ӯ дар парванда; – зикри судҳое, ки парвандаро ба сифати суди марҳилаи якум ё марҳилаи кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ намудаанд ва мӯҳтавои санадҳои судии қабулнамудаи онҳо; – зикри санадҳои судӣ, ки таҳти эътироз ё шикояти назоратӣ қарор гирифтаанд; – ишора ба вайрон кардани қонун ҳангоми пешбурди парванда; – хоҳиши шахсе, ки эътироз ё шикоят пешниҳод кардааст. Инчунин, агар эътироз ё шикояти назоратӣ қаблан ба марҳилаи назоратӣ пешниҳод шуда бошад, дар он бояд ба қарори қабулнамудаи суд ишора гардад. Ба ғайр аз ин шикояти назоратиро бояд шахси онро пешниҳоднамуда ё намояндаи ӯ имзо кунад. Ба шикояти назоратӣ, ки намоянда пешниҳод кардааст, ваколатнома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ваколати намоянда замима мегардад. Эътирози назоратӣ бояд аз ҷониби прокуроре, ки эътироз овардааст, имзо карда шавад. Ба эътироз ё шикояти назоратӣ нусхаи санадҳои нисбат ба парванда қабулнамудаи суд ва ҳуҷҷатҳои дигари мурофиавии тасдиқкунандаи ваҷҳҳои дар шикоят ё эътироз овардашуда, ки ба таври дахлдор тасдиқ карда шудаанд, замима мегардад. Маводи иловагии пешниҳодгардида набояд бо роҳи гузаронидани амалҳои тафтишӣ ба даст оварда шуда бошанд. Ҳангоми ба талаботҳои мазкур ҷавобгӯ набудани эътироз ё шикоят он бе баррасӣ баргардонида мешавад.
Ба ғайр аз ин дар ҳолатҳои зерин низ эътироз ё шикояти назоратӣ аз ҷониби судя дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи воридшавӣ ба суди марҳилаи назоратӣ бе баррасӣ баргардонида мешавад: 1) агар эътироз ё шикоятро шахсе пешниҳод карда бошад, ки барои муроҷиат ба суди марҳилаи назоратӣ ҳуқуқ надорад; 2) агар мӯҳлати пешниҳоди эътироз ё шикоят нисбат ба санадҳои судӣ бо тартиби назоратӣ гузаронида шуда бошад; 3) агар то қабули эътироз ё шикоят барои моҳиятан баррасӣ намудани он дар хусуси баргардонидан ё бозхонди онҳо дархост ворид шуда бошад; 4) эътироз ё шикоят бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 404 КМҶ ҶТ пешниҳод шуда бошад.
ТАРТИБ ВА НАТИҶАИ БАРРАСИИ
ЭЪТИРОЗ Ё ШИКОЯТ БА ТАРИҚИ НАЗОРАТӢ
Эътироз ё шикояти назоратӣ баъди ба суди дахлдор ворид шудан аз тарафи Раис ё муовини ӯ барои баррасӣ ба судяи ҳамин суд супорида мешавад. Эътироз ё шикояти назоратӣ бояд дар мӯҳлати 30 шабонарӯз баррасӣ карда шавад. Судя, ки шикоят ё эътирозро меомӯзад, парвандаҳои ҷиноятии дахлдорро аз судҳои поёнӣ талаб менамояд.
Судя эътироз ё шикояти назоратиро омӯхта, яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд: 1) дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ; 2) дар бораи оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ.
Қарори судя бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад: сана ва маҳалли қабул кардани қарор; номи суд, фамилия, ном ва номи падари судяе, ки қарорро қабул кардааст; фамилия, ном ва номи падари шахсе, ки шикоят ё эътирози назоратиро пешниҳод намудааст; ишора ба санадҳои судӣ, ки мавриди шикоят ва эътироз қарор гирифтаанд; асосҳои қабули қарор.
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва суди шаҳри Душанбе ҳуқуқ доранд бо қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратӣ розӣ нашаванд. Дар ин маврид шахсони номбурда қарори судяро бекор карда, дар бораи оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ қарор мебароранд. Эътирози Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар суди марҳилаи назоратӣ баррасӣ мегардад.
Нусхаи қарор ба шахси эътироз ва шикоятоварда равон карда мешавад.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ, прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ метавонанд парвандаи ҷиноятиро, ки санади судии аз рӯи он қабулшуда эътибори қонунӣ пайдо кардааст, бо мақсади баррасӣ намудани масъалаи пешниҳоди эътирози назоратӣ аз суди дахлдор талаб намоянд.
Прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда аз судҳои шаҳр ва ноҳия, судҳои ҳарбии гарнизонҳо ҳуқуқи талаб карда гирифтани парвандаҳои ҷиноятиро доранд ва дар мавридҳои зарурӣ ба прокурори болоӣ дар хусуси ба таври назоратӣ овардани эътироз пешниҳод менамоянд.
Парванда ба тариқи назоратӣ дар коллегияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати се нафар судя, дар раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои раёсат баррасӣ карда мешавад.
Дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ инҳо иштирок мекунанд:
– дар Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ;
– дар Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – прокуроре, ки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор намудааст;
– дар Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– дар раёсати судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ ва суди шаҳри Душанбе – мувофиқан прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон ё муовинони онҳо;
Суде, ки парвандаи ҷиноятиро ба тариқи назоратӣ дида мебарояд, ҳуқуқ дорад ё агар зарур шуморад, маҳкумшударо ба маҷлиси суд даъват намояд.
Парвандаи ҷиноятӣ аз лаҳзаи ба баррасии суди марҳилаи назоратӣ супурдан дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ бояд баррасӣ карда шавад.
Дар мавридҳои зарурӣ ба маҷлиси суд, ки дар он парвандаи ҷиноятӣ ба тариқи назоратӣ баррасӣ мегардад барои додани баёнот маҳкумшуда, сафедкардашуда, ҳимоятгарони онҳо, намояндагони қонунӣ, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, намояндагони онҳо даъват карда мешаванд. Ба шахсони ба маҷлиси суд даъватшуда имконияти бо эътироз шинос шудан дода мешавад.
Парвандаи ҷиноятиро раиси суд ё бо супориши ӯ яке аз аъзои раёсат ё судяе, ки пеш дар баррасии ин парванда иштирок накардааст, маърӯза мекунад. Маърӯзачӣ ҳолатҳои кор, мазмуни ҳукм, таъинот, қарор, эътироз ё шикоятро баён мекунад. Ба маърӯзачӣ аз ҷониби судяҳое, ки парвандаро баррасӣ менамоянд, инчунин прокурор саволҳо доданашон мумкин аст. Агар дар маҷлиси суд маҳкумшуда, сафедшуда, ҳимоятгарони онҳо, намояндагони қонунӣ, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндагони онҳо иштирок дошта бошанд, онҳо баъди маърӯзаи судя ҳуқуқи додани баёноти шифоҳиро доранд.
Тарафҳо баъд аз баромади маърӯзачӣ хулосаи прокурорро оид ба эътироз ё шикояти назоратӣ шунида, пас аз он толори маҷлиси судро тарк мекунанд.
Дар муҳокимаи эътироз ё шикоят мувофиқан танҳо аъзои раёсатҳои судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, Суди шаҳри Душанбе, Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Раёсатҳои суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мебароранд, ки онҳо бо аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои раёсат, ки дар маҷлис иштирок кардаанд, қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳои тарафдор ва муқобил эътироз ё шикоят дар Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, радкардашуда эътироф мешавад.
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хонаи машваратӣ таъинот мебарорад ва он бо аксарияти овозҳо қабул карда мешавад. Қисми хулосавии таъиноти баровардашуда дар маҷлиси суд аз ҷониби раисикунанда ё яке аз судяҳо эълон карда мешавад.
Дар натиҷаи ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ суд метавонад:
– эътироз ё шикоятро рад намояд;
– ҳукм ва ҳамаи таъиноту қарорҳои минбаъд баровардашударо бекор кунад ва пешбурди парвандаро қатъ намояд ё онро ба тафтиши нав ё ин ки барои баррасии нави судӣ равон кунад;
– таъиноти кассатсионӣ, инчунин таъинот ва қарорҳои минбаъдаи судро, ба шарте, ки онҳо бароварда шуда бошанд, бекор кунад ва парвандаро барои аз нав ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардан равон кунад;
– таъинот ва қарорҳоеро, ки ба тариқи назоратӣ бароварда шудаанд, бекор кунад ва ҳукми суд ва таъиноти кассатсиониро бетағйир мононад ё ки тағйир диҳад;
– ба ҳукм, таъинот ё қарори суд тағйирот дохил кунад.
Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ мекунад, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 35 КМҶ ҶТ пешбинишуда таъиноти (қарори) хусусӣ мебарорад.
Дар вақти баррасии парванда ба тариқи назоратӣ ҳолатҳои зерин барои бекор кардан ё тағйир додани ҳукм асос шуда метавонанд.
Барои бо тартиби кассатсионӣ бекор кардан ё тағйир додани ҳукм инҳо асос шуда метавонанд: 1) яктарафа ё нопурра будани таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судӣ; 2) мувофиқат накардани хулосаи суд, ки дар ҳукм баён шудаанд, ба ҳолатҳои воқеии парванда; 3) ба таври ҷиддӣ вайрон карда шудани қонуни мурофиавии ҷиноятӣ; 4) нодуруст татбиқ карда шудани қонуни ҷиноятӣ; 5) номувофиқии ҷазои таъиншуда ба вазнинии ҷиноят ва шахсияти маҳкумшуда.
Таъиноти суди марҳилаи якум, қарори судя, таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ, таъинот ва қарори марҳилаи назоратӣ дар мавридҳое бояд бекор карда шаванд, ки суди эътирозро баррасикунанда эътироф намояд, ки бо ин таъинот ё қарор суди марҳилаи якум қарори ғайриқонунӣ ё беасос баровардааст ё ки суди болоӣ таъинот, қарор ё ҳукмеро, ки пеш аз ин оид ба ҳамин парванда мавҷуд буд, беасос бетағйир монондааст, бекор кардааст ё тағйир додаст ё ки агар дар вақти дида баромадани парванда дар суди болоӣ чунин вайронкуниҳои қонун рӯй дода бошанд, ки онҳо ба дурустии таъинот ё қарори баровардаи суди мазкур таъсир кардаанд ё таъсир карда метавонистанд.
Суд дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда ба ваҷҳҳои эътироз ё шикоят вобаста нест ва вазифадор аст, ки ҳамаи маводи парвандаро дар ҳаҷми пуррааш санҷида барояд. Агар мувофиқи парванда якчанд кас маҳкум шуда бошаду аммо эътироз ё шикоят фақат дар ҳаққи як нафар ё ки баъзе маҳкумшудагон баён карда шуда бошад, суд ӯҳдадор аст, ки парвандаро дар ҳаққи ҳамаи маҳкумшудагон санҷида барояд.
Суд дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда метавонад ҷазоеро, ки дар ҳаққи маҳкумшуда таъин карда шудааст, сабуктар намояд ё худ қонун оид ба ҷинояти сабуктарро татбиқ намояд, низоми адои ҷазоро тағйир диҳад, ба ҳисоб гирифтани саршавии воқеии мӯҳлати адои ҷазо ва масъалаҳои дигари вобаста ба тағйир додани ҳукмро ҳал намояд, аммо ҳуқуқ надорад, ки ҷазоро пурзӯр кунад ё қонун оид ба ҷинояти вазнинтарро татбиқ намояд.
Агар суди марҳилаи назоратӣ эътироф намояд, ки дар суди марҳилаи якум судшаванда нодуруст сафед карда шудааст ё дар суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҷиноятӣ нодуруст қатъ карда шудааст, ҳамчунин ҷазое, ки дар ҳаққи маҳкумшуда таъин карда шудааст, ба сабаби сабукиаш ба кирдори содиршуда номувофиқ аст, дар он сурат ҳуқуқ дорад, бо риояи шартҳое, ки дар моддаи 378 Кодекси мазкур муқаррар кардашуда ҳукм ё таъинотро бекор кунад ва парвандаи ҷиноятиро барои баррасии нав мувофиқан ба суди марҳилаи якум ё ки ба марҳилаи кассатсионӣ равон кунад.
Агар беасос қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ ё ғайриқонунӣ сабук намудани ҷазои маҳкумшуда дар вақти ба тариқи назоратӣ баррасӣ кардани парванда рӯй дода бошад, марҳилаи болоии назоратӣ ҳуқуқ дорад, ки таъинот ё ки қарори марҳилаи поёнии назоратиро бекор кунад ва ҳукми суди марҳилаи якум ё таъиноти марҳилаи кассатсиониро бетағйир мононад.
Дар мавридҳое, ки аз рӯи парванда якчанд нафар судшаванда маҳкум ё сафед карда шуда бошанд, суд ҳуқуқ надорад ҳукм, таъинот ё қарорро дар ҳаққи он шахсони маҳкумшуда ё сафедкардашуда, ки нисбат ба онҳо эътироз баён карда нашудааст, бекор кунад, ба шарте, ки бекор кардани ҳукм, таъинот ё қарор вазъияти онҳоро бад мекарда бошад.
Дастурҳои суди марҳилаи назоратӣ дар вақти баррасии такрории ҳамин парванда барои судҳои поёнӣ ҳатмӣ мебошанд.
Суде, ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ менамояд, ҳуқуқ надорад ҳолатҳоеро, ки дар ҳукм муайян карда нашудаанд ё ки рад карда шуда буданд, муқаррар кунад ё ин ки исботшуда шуморад, ҳамчунин ҳуқуқ надорад, ки масъалаҳои исботшуда ё исботнашуда будани айбдорӣ, эътиборнокӣ ё беэътибории ин ё он далел ва бартарии баъзе далелҳоро назар ба дигарашон, татбиқ намудани ин ё он қонуни ҷиноятиро аз тарафи суди марҳилаи якум ва масъалаи чораи ҷазоро пешакӣ ҳал намояд. Инчунин суд вақте ки парвандаро ба тариқи назоратӣ баррасӣ карда, таъиноти кассатсиониро бекор мекунад, ҳуқуқ надорад хулосаҳоеро, ки марҳилаи кассатсионӣ мумкин аст дар вақти маротибаи дуюм баррасӣ кардани парванда барорад, пешгӯӣ намояд.
Қароре, ки ҳангоми баррасии парванда Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, суди шаҳри Душанбе, ё худ таъиноте, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё ин ки коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи назоратӣ баровардаанд, бояд ба талаботи моддаи 383 КМҶ ҶТ мувофиқ бошад. Таъинотро ҳамаи ҳайати суд, қарорро – раисикунандаи маҷлиси Раёсат имзо мекунанд. Таъинот ё қарори суд якҷоя бо эътироз ё шикоят ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.
Баъд аз бекор карда шудани ҳукми аввал ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи тартиби умумӣ баррасӣ мешавад. Дар чунин ҳолат вазнин кардани ҷазо ё худ татбиқ кардани қонун оид ба ҷинояти вазнинтар дар вақти парвандаро аз нав баррасӣ кардани суди марҳилаи якум фақат ба шарте мумкин аст, ки ҳукм ба тариқи назоратӣ барои сабук будани ҷазо ё худ бинобар зарур будани татбиқ кардани қонун оид ба ҷинояти вазнинтар бекор карда шуда бошад