Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқи бонкӣ ва асъор

1.1. Мафњум ва моњияти њуќуќи бонкї ва асъор

1.2. Таърихи пайдоиши низоми бонкї дар Осиёи

Миёна ва Љумњурии Тољикистон

1.3. Мафњуми пул, вазифа ва хусўсияти он

    1. Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқи бонкӣ ва асъор

 

Ташкил ва фаъолияти бонкҳо ба воситаи маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие ба танзим дароварда мешаванд, ки онҳо бевосита ҳуқуқи бонкиро ташкил медиҳанд. Доир ба ташкил ва фаъолияти ташкилотҳои кредитӣ меъёрҳои ҳуқуқии ба танзимдароварандаи муносибатҳои молумулкӣ (меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ) ва меъёрҳои ҳуқуқие, ки мақсади онҳо бевосита ба танзим даровардани муносибатҳои ҳуқуқии тарафайн дар раванди муносибатҳои фаъолияти бонкӣ аст, истифода бурда мешаванд. Батанзимдарории фаъолияти бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Сарқонун (Конститутсия)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолати амонатҳои шахсони воқеӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Муносибати бонкҳо, ташкилотҳои кредитӣ ва молиявии ғайрибонкӣ инчунин дигар бонкҳои воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси усули (принсипи) роҳбарӣ ба роҳ монда мешавад, яъне Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии роҳбарикунандаи низоми бонкӣ ба шумор рафта, бонкҳои дигар дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Муносибати бонкҳо байни ҳамдигар ва муносибати онҳо бо мизоҷони худ мутобиқи методҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар асоси баробарҳуқуқии тарафайн сурат мегирад.

Аз ҳамин хотир таҳти мафҳуми ҳуқуқи бонкӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие, ки ба фаъолияти бонкӣ тааллуқ доранд, инчунин муносибат, ҳолати ҳуқуқии худи бонкҳо ва ташкилотҳои кредитиро бо мизоҷони худ ба танзим медарорад, фаҳмида мешавад. Бо ибораи дигар, ҳуқуқи бонкӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиро то як андоза ба ин ё он дараҷа муносиб будани фаъолияти бонкҳоро дар бар мегирад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шароити пайдо ва ҷорӣ шудани «Ҳуқуқи бонкӣ» асосҳои идоракунии иқтисодии зерин баромад менамояд:

  • Ташкил намудани ташкилотҳои кредитии нав ё ин ки бонкҳои амалкунандаи тиҷоратӣ, ки мақсади онҳо ба даст овардани фоида дар асоси маблағҳои худ ба воситаи таваккали асоснок мебошад;
  • Азнавкунии низоми бонкӣ, яъне гузаштан аз низоми якшакла ба душакла, ки барои фаъолият намудани бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои кредитӣ доир ба гузаронидани амалиёти пулии ҷамъият, ки ҳамчун миёнарав баромад мекунанд, ба ҳуқуқи бонкӣ заруранд;
  • Инкишоф додани хизматрасонӣ дар бозори молиявӣ.

Ҳамаи амалиёти бонкӣ ва дигар додугирифтҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои кредитӣ ба амал бароварда мешаванд, танҳо ба воситаи пули миллӣ, яъне сомонӣ ба роҳ монда мешавад. Бонкҳо дар ҳолати доштани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон метавонанд бо асъори хориҷӣ амалиёт гузаронанд.

Тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ба ташкилотҳои кредитӣ машғул шудан ба истеҳсолот, савдо ва фаъолияти суғуртавӣ манъ аст.

1.2. Таърихи пайдоиши низоми бонкӣ дар Осиёи миёна ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мафҳуми «бонк» аз калимаи итолиёвии «banka» баромада, маънои мизи пуливазкуниро дошт, ки дар асрҳои миёна итолиёиҳо тангаҳои худро барои иваз намудан ба ҳамин миз мегузоштанд.

Бори аввал бонкҳо («хонакоргузориҳо») дар давраи қадим дар Шарқи Наздик пайдо шуданд. Албатта ин бонкҳо ба бонкҳои ҳозиразамон монанд набуданд, лекин дар давраи шоҳигарии Вавилон (асрҳои 7-6 п.м.) «хонакоргузориҳо» бисёр амалиёти зерини бонкиро ба анҷом мерасониданд: қабул ва додани пасандозҳо, бақайдгирии васиқаҳо, ҳисоббаробаркунӣ ба воситаи чек, ҳисоббаробаркунии нақди ва ғайринақдӣ байни мизоҷон, инчунин як қатор амалиёти кредитӣ.

Умуман инкишофёбии коргузории бонкӣ дар асрҳои миёна дар Италия вусъат меёфт, зеро бисёр муносибатҳои тиҷоратии давлатҳои Шарқу Аврупо ба воситаи он ба роҳ монда шуда буд. Ҷолиби қайд аст, ки дар аввали асри ХV аввалин маротиба бонки ҳозиразамон, ба мисоли Бонки Георгий дар Генуя, баъдтар бонкҳо дар Венетсия ва дар Франсия (соли 1587) ташкил шуданд.

Ҳанӯз дар нимаи асри ХVII бонкҳо қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти давлатҳои тараққикарда ба шумор рафта, тамоми гардиши пулиро ба даст гирифта буданд.[1]

Доир ба пайдоиши бонкҳо дар Осиёи Миёна қайд кардан бамаврид аст, ки дар марҳилаи монополистии инкишофи капитализми Русия оид ба истифодаи захираҳои мустамликавии он сармояи бонкҳо мақоми махсус пайдо кард.

Дар ин давра чашми бонкҳои калонтарини Русия ба Туркистон дӯхта шуд, зеро дар як муддати кутоҳ дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Андиҷон, Қӯқанд, Бухорои Нав (Когон) ва дигар шаҳрҳо бонки давлатӣ он тараф истад, шӯъбаю шӯъбачаҳои мухталифи корхонаҳои молия пайдо шудан гирифтанд.

Сармояи бонкҳо асосан ба саноати пахта равона карда мешуд, лекин бонкҳо дар баробари ин аз дигар соҳаҳои иқтисодиёти Осиёи Миёна рӯ намегардониданд.

Масалан, бонки бо номи «Русский для внешней торговли банк» – ин бонк асосан ба савдои пусти қароқулӣ (гӯсфанди қароқулӣ, ки дар шарқ ва ҷануби ҷумҳурӣ парвариш карда мешуд) машғул буд;

– «Русско-Азовский банк» – ин бонк сохтмони роҳи оҳани Бухороро бо пул таъмин мекард ва дар аморати Бухоро калонтарин иҷорагири замин буд;

– Бонки «Азовско-Донской банк», ки ба он аркони саноати газвори пахтагини Петербург соҳибихтиёрӣ мекарданд, тамоми хариди пахта ва коркарди ибтидоии онро ба даст гирифт ва дар ин кор шарик ва рақиби он «Сибирский торговый банк» буд ва инчунин дар гӯшаи дури империяи Руссия бонки «Московский учетно-ссудный банк» (бонки ҳисобию бунакдиҳандаи Москва) ҳам такопӯйи зиёде дошт[2].

Муомилоти гардиши пулию молии 5 бонки номбаршуда дар соли 1915 ба ҳисоби миёна 20,3 млн. рублро ташкил медод.

Баъзе аз он ширкатҳои пулчаллон ин ширкати тиҷорату саноатии мануфактураи калони «Ярослав», ширкатҳои «Андреев», «Потеляховский», «Москва», ширкати тиҷоратии бародарон «Вадяевҳо», бародарон «Шлоссберг», ширкати саҳҳомии газворҳои пахтагини Познанский, ширкати тиҷорат бо Эрон ва Осиёи Миёна ва ғайра буданд.

Ҳамаи ин дорандагони капиталистӣ, ки ба ширкату ширкатчаҳои аз худ хурдтар такя доштанд, деҳқонон ва косибонро бераҳмона талаву тороҷ мекарданд. Аз ҳамин хотир яке аз офатҳои мудҳиши иқтисодиёти Туркистон судхӯрӣ буд, ки ба ривоҷи он бонкҳои замона хеле мусоидат мекарданд. Бонкҳо ба ширкатҳои калони пахта ва хоҷагиҳо пул қарз медоданд. Дар болои ин пул ҷангу ҷанҷол, моҷарову хархашаи зиёде мешуд. Ин пул аз дасти як олам гумоштаву вакил, миёнарав ва ҷаллобу даллол гузашта, ҳар кадоми онҳо ба он фоизи худро мегузошт ва кор ба дараҷае мерасид, ки агар бонк ба 6-6,5% -фоида қарз диҳад, фоизи он то расидан ба дасти истеҳсолкунандаи бевосита, яъне деҳқони пахтакор 10-маротиба афзӯда, ба 50-70% мерасид[3].

Дар баробари бонкҳо дар солҳои 70-80-уми асри ХIХ дар бештар минтақаҳои миллии ҳайати Русия кассаҳои амонатгузорӣ пайдо шуданд, аз ҷумла дар минтақаҳои Осиёи Миёнагии Генерал-губернатории Туркистон соли 1875 аввалин муассисаи қарздиҳандаи шакли капиталистӣ – шӯъбаи Тошкентии бонки давлатии Русия кушода шуд, ки он то соли 1890 дар манотиқи Туркистон хизмат мерасонид.

Моҳи марти соли 1885 кассаҳои амонатгузорӣ дар Хуҷанд ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар ҳамон вақт шумораи қарзгирандаҳо аз 208 нафар иборат буд. Аз ин 7 нафараш истиқоматкунандаи шаҳр ва 201 нафараш мардуми деҳот буданд, ки маблағи умумии онҳо 6500 рублро ташкил медод. Дар солҳои аввал ташкилот ба қарзгирандагон ба маблағи 25 рубл ва дар солҳои минбаъда то 50 рубл қарз медод.

То соли 1890–ум ташкилот-кассаҳои амонатгузорӣ дар бештар вилоятҳои уезди Хуҷанд, алалхусус дар Ӯро-Теппа, Унҷанд, Калина, Исфанай, Нов, Ғончӣ ва боз дар бисёр дигар бекигариҳо таьсис ёфтанд [4].

Доман паҳн кардани ташкилот – кассаҳои амонатгузорӣ имконият дод, ки дар аввали соли 1900 онҳоро кассаҳои давлатии амонатгузорӣ номгузори кунанд. Ин амали давлат ба он равона гашта буд, ки низомномаҳои кассаҳоро дастгири намуда, барои сари вақт боз гардонидани қарз ҳамаи чораҳои заруриро андешад ва инчунин аз болои ташкилот-кассаҳои амонатгузорӣ назорати қатъии ҷорӣ кунад. Соли 1906 низомномаи ташкилот – кассаҳои амонатгузорӣ оид ба мансабҳои кормандони раёсати маъмурӣ-полисӣ ва хоҷагии шаҳрӣ дар уезди Хуҷанд қабул карда шуд. Моҳи феврали соли 1917 дар Русия инқилоби буржуазии демократӣ ба вуҷуд омад ва 25-уми октябр (7-уми ноябр)–и соли 1917 Инқилоби Октябр ғалаба кард. 27-уми октябри соли 1917 Декрет дар бораи милликунонии бонкҳо қабул карда шуд. Мутобиқи ин ҳокимияти Шуравӣ қонунҳои подшоҳиро бекор кард ва дахл- нопазирии амонатҳои гузошташудаи кассаҳоро эълон намуд.

Моҳи октябри соли 1924 дар натиҷаи тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Cотсиалистии Узбекистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Cотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт. Охири моҳи октябри соли 1924 ба Бонки давлатии Осиёимиёнагӣ оид ба мавҷуд будани 9-вилоят дар асоси қарори маъмурияти марказии дар шаҳри Душанбе буда хабар расид.

Нахустин кассаи давлатии амонатгузории меҳнаткашон таҳти №1341 дар назди Комиссариати халқии молияи Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон тавонист фақат 1-уми декабри соли 1925 кушода шавад, инчунин 4 кассаи амонатгузории давлатӣ дар назди почтаи телеграфӣ ва шӯъбаҳои он соли 1926 ташкил ёфт.

Нахустин кассаи давлатии амонатгузории меҳнаткашон дар бинои хазинаҳои молиявии Комиссариати халқии молия, ки дар кӯчаи Пролетари шаҳри Душанбе воқеъ буд, ҷойгир карда шуд. Дар солҳои аввали фаъолият кассаи амонатгузории давлатии шаҳрии №1341 ва шӯъбаҳои он фаъолияти молиявии мураккабро мегузарониданд. Дар маҳалҳо барои инкишоф ва паҳншавии кассаҳои давлатии амонатгузории меҳнаткашон корҳои ташвиқоти-тарғиботӣ бурда мешуд. Ин амалҳо ба он оварда расонид, ки дар солҳои 1927-1928 кассаҳои амонатгузорӣ дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайдо гаштанд.

Кассаҳои амонатгузории Ғарм, Кӯлоб, Панҷакент ва Қурғон-Теппа мустақилона фаъолият доштанд ва оид ба фаъолияти хеш бевосита ба Москав ва Самарқанд ҳисобот медоданд. Солҳои 1927-1928 дар Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон 7213 нафар амонатгузор буд, ки ин тақрибан 10-11%-и шумораи умумии аҳолиро ташкил медод. Дар муқоиса бо соли 1926 шумораи амонатгузорон аз 3 маротиба бештар буд.

Соли 1929 барои халқи тоҷик давраи фаромӯшнашуданист, Тоҷикистон Ҷумҳурии Шӯравии Cотсиалистӣ эълон гардида, дар машварати якҷояи Шӯрои Комиссариати халқии Узбекистон бо намояндагони Вазорати молияи Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон барои соли 1928-29 рақамҳои пасандозҳо ба маблағи 20 миллион кор карда баромада шуд.

Дар аввали соли 1929 бо ташаббуси Раёсати Комиссариати халқии молия Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон комиссияи муштарак оид ба қарзи давлатӣ ва амонатӣ бо номи Комсод ташкил карда шуд, ки дастурамал оид ба ин гуна комиссияҳо, ки дар тамоми гӯшаю канори Иттифоқ ташкил шуда буд, аз ҷониби Кумитаи Марказии СССР тасдиқ карда шуда буд.

Ба кори комиссия тамоми кормандони партиявӣ, комсомолӣ, иттифоқи касаба ва ҳамаи корхонаю муассисаҳои республика ҷалб карда шуда буданд.

Таъсисёбии Бонки миллии Тоҷикистон яке аз нишонаҳои муҳими истиқлолияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, чунки то соли 1991 сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро дар Тоҷикистони Шӯравӣ идораи Тоҷикистонии Бонки давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ амали менамуд[5]. Баъд аз пош хӯрдани ИҶШС (СССР) Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти мустақил дар асоси қарори парламенти мамлакат аз 28-уми июни соли 1991 дар заминаи идораи давлатии бонки собиқ ИҶШС (СССР) ташкил карда шуд.

Аввалин раисии Бонки миллии Тоҷикистонро Қаюм Қавмуддинов ба ӯҳда дошт. Лекин пас аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», ки дар иҷлосияи V-уми Маҷлиси Олӣ тасдиқи худро ёфт, ҳамчун бонки марказӣ эътироф гардид ва роҳбарии он ба ӯҳдаи Муродалӣ Алимардонов гузошта шуд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» Бонки миллӣ дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот- диҳанда мебошад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо калонтарин ташкилотҳои байналмилалӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ (1993), Хазинаи байналмилалии асъор (1993), Бонки Рушди Аврупо (1991), Бонки Рушди Исломӣ (1996) ҳамкорӣ дорад[6].

Бонки миллии Тоҷикистон аз мақомотҳои олии низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми муносибатҳои иқтисодии давлати соҳибистиқлол барои ворид шудан ба низоми иқтисодии ҷаҳонӣ нақши муҳимро мебозад. Умдатарин қадамҳо дар ин раванд аз 10-уми майи соли 1995 ҷори намудани пули миллӣ буд, зеро то ин давра он ҳамчун филиали Бонки давлатии ИҶШС (СССР), баъдан филиали эътирофнашудаи Бонки марказии Русия ба ҳисоб мерафт, чунки он дастгоҳҳои батанзимдароварандаи муносибатҳои пулӣ, таъсир ба қурби асъор ва пеши роҳи таваррум (инфлятсия)-ро гирифта наметаво- нист. Ба муомилот ворид намудани пули миллӣ азнавбароҳмонии низоми бонкӣ дар ҷумҳурӣ гардид.

Қарори ба муомилот баровардани пули миллӣ на танҳо дар оянда барои тараққиёт ва пешрафти иқтисодиёт айни муддао буд, балки нақши муҳими сиёсиро барои давлати навтаъсиси соҳибистиқлол мебозид. Зеро дар он шабу рӯз иҷрои ин кор на он қадар осон буд, хусусан дар он ҳолат, ки мамлакат қарор дошт. Бинобар ин заҳматҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала, яъне ба муомилот баровардани пули миллӣ, хеле бузург буд, чунки то ин давра ҳисоббаробаркунӣ дар ҷумҳурӣ бо пули шӯравӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда буд, ин на танҳо барои ворид шудани Тоҷикистон ба муносибатҳои бозоргонӣ монеа мешуд, балки дар сиёсати пулию кредитии мамлакат бенизомии муносибатҳои пулиро эҷод мекард.

Аз квартали IV-уми соли 1995 ва дар давоми соли 1996 Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати пулию кредитиро қатъиян ба роҳ монд, ки мақсади асосӣ паст намудани таваррум (инфлятсия) ва устувор гардонидани қурби рубли тоҷикӣ буд, зеро дар ин давра қурби рубли тоҷикӣ нисбат ба соли 1996 ба асъори ИМА ба миқдори 280-310-рубл ба 1-доллари ИМА фарқ мекард.

Ба ҳамин тариқ дар соли 1995 таваррум (инфлятсия) хеле паст шуд. Агар дар давоми 7-моҳи соли 1995 баъди ба муомилот баровардани пули миллӣ таваррум (инфлятсия) +98,4%-ро ташкил дода бошад, пас соли 1996 +40,5% паст гардид[7].

Бонки миллии Тоҷикистон ба додани иҷозатнома барои фаъолият, назорат ва ба танзим даровардани низоми бонкҳо ва дигар ташкилотҳои кредитӣ ҳуқуқи қатъӣ дорад, зеро нисбат ба соли 1991 шумораи бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои кредитӣ ва филиали бонкҳои хориҷӣ, ҷамъятҳои қарздиҳанда, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ғайра хеле афзуд. Ҷонибдорӣ ва дастгирии сардори давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар фазои истиқлолият то ба имрӯз 12 бонк, ду филиали бонки хориҷӣ, 9 ҷамъияти қарздиҳӣ ва 1 ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ фаъолият мекунанд.

1.3. Мафҳуми пул, вазифа ва хусусияти он

Пул яке аз омили муҳими ихтирооти инсоният мебошад. Зеро бе пул тараққиёти ҷаҳони имрӯзаро тасаввур кардан номумкин аст. Гарчанде пул ҳамчун як ихтироот, таърихи гузаранда дошта бошад ҳам, лекин он дар давраи мавҷудияти худ мавқеъ ва ҳудуди муайянеро доро гаштааст. Маълум аст, ки дар бисёр давлатҳои тараққикарда дар додугирифти мол пул ҳама вақт ҳамчун эквивалент нақши худро бозидааст. Хотиррасон намудан ҷоиз аст, ки дар тӯли солҳо қариб дар ҳамаи давлатҳо тилло, ки ҳаматарафа хусусияти қимматнок, серарзиш ва бо заҳмати зиёд бадаст даромаданро дошт, ҳамчун омили додугирифти молӣ ба роҳ монда шуда буд. Дар баробари тилло инчунин дигар филизоти қимматбаҳо ба монанди мис, нуқра, платина нақши пулро мебозиданд. Ба хотири зиёд гаштани шумораи муомилот, ки дар ин ҳолат хӯрдашавии тангаҳои тиллоӣ дида мешуд, инчунин ба даст овардани худи тилло душвориҳои зиёде ба миён меовард, алалхусус коркард ва сикка задани он вақти бисёреро мегирифт, ивазкунандаи он, яъне пули коғазӣ дар асрҳои ХVII-ХIХ ба муомилот ҷорӣ карда шуд. Дар он давра хусусияти ҷорӣ намудани пул дар он буд, ки худи пул вобаста ба арзиши номиналиаш меъёри муайяни ҳиссаи вазни тиллоро дар бар мегирифт. Дар ҳамон вақт субъектоне, ки муомилоти пулиро ба роҳ монданд, пулҳои баровардаро ба тилло иваз менамуданд. Дар ҳама давру замон арзиши номиналии пул ба як меъёри муайян аз ҷониби ҳамон давлат новобаста ба сохти давлатдориаш муайян карда мешуд. Масалан, дар давраи подшоҳии Николайи II 1рубл = 1/15 империал ё ин ки 17,424 ҳиссаи тиллои холисро ифода мекард.

Таҷрибаи замони ҳозира нишон медиҳад, ки дар бисёр давлатҳои шумораашон бениҳоят кам дар нақши пул акси навиштаҷоти ҳиссаи тиллои холис нисбат ба ҳамин пул нишон дода шудааст.

Дар бисёр давлатҳои ҳозиразамон мувофиқи меъёру санадҳои ҳуқуқии амалкунанда муайян карда шудааст, ки маблағҳои пулӣ (коғазӣ ва танга) бо ҳама гуна дороии давлатӣ–бонкӣ таъмин карда мешавад. Бинобар ин ҳоҷати дар нақши ҳар як пул акси нишон додани шарти ивазкунӣ бо тилло ва ё дигар чиз зарурат надорад.

Мутаассифона, мисли солҳои пешин дар бисёр давлатҳо ва бонкҳо ҳуқуқи иваз намудани пул ба тилло дида намешавад. Бар зимни гуфтаҳои боло дар замони ҳозира Ҷумҳурии Тоҷикистон тилло ва нуқраро танҳо барои сохтани тангаҳои ҷашнӣ ва тӯҳфавӣ сарф мекунад. Гарчанде қиммати онҳо гарон бошад ҳам, аммо дар муомилот тамоман истифода намешаванд. Баръакс, хуб мешуд, ки онҳо дар муомилот ҳамчун воситаи ҳисоббаробаркунии бонкӣ ҷорӣ карда мешуданд, зеро иштироки онҳо дар муомилот қурби пули миллиро дар бозори дохила ва беруна устувор гардонида, аз хатари таваррум (инфлятсия) эмин медошт.

Хусусиятҳои ҳуқуқии пул аз ҷониби давлат муқаррар карда мешаванд, ки ҳимоя, назорат ва танзими он низ ҳуқуқи мутлақи давлат мебошад. Дар моддаи 60-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гуфта шудааст: «Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Моддаи 62-и Қонуни мазкур мефармояд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёрҳои худ арзиши номиналӣ, андоза, вазн, ороиш ва дигар тавсифҳои пули коғазӣ ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар мекунад. Моддаи 63-юми ҳамин Қонун чоп кардани нишонаҳои пулӣ ва чораҳои амнияти онро чунин муқаррар кардааст:

«Бонки миллии Тоҷикистон чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини нигоҳдории бехатарии пулҳои коғазие, ки ба муомилот дароварда нашудааст, мусодира ва нест кардани онҳо ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда тадбирҳо меандешад.

Бонки миллии Тоҷикистон тартиби барои истифода коршоямии пулҳои коғазӣ ва иваз намудани онҳо ва тангаҳои фарсударо муқаррар мекунад. Тартиби муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва иваз намудани онҳо чоп карда мешавад.

Иваз намудани пули миллӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муомилот мебошад, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазӣ ва тангаҳоеро, ки фарсуда ва корношоям шудаанд, аз муомилот гирифта, нест мекунад ва бо дигар пулҳои коғазӣ ва танга иваз менамояд.

Агар ороиши пулҳо ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошанд, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад».

Пул чун воҳиди асосии молиявӣ эквиваленти умумии арзиши мол ва хизматрасонӣ, воситаи муҳими ҳисоббаробаркунӣ мебошад.

Дар ҳақиқат ҳангоми фаъолият намудани субъектони хоҷагидорӣ ва ё доду гирифти байни ду муомилакунанда сухан дар бораи пардохтҳои пулӣ меравад. Инчунин фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ бо ченакҳои пулӣ арзёби мегардад.

Пул дар муносибатҳои доду гирифт дорои чунин хусусиятҳо мебошад:

• тамоми сатҳи буҷети миллӣ ва даромади давлатӣ бо пул ҳисоб карда мешавад;

пул яке аз унсурҳои муҳими истиқлолият, фаъолияти молиявии давлат мебошад;

• баровардани пул, ҳисобот ва тартиби муомилоти он ҳуқуқи мутлақи давлат аст;

ҳақиқӣ будани пул бо тамоми амволи фаъол ва ғайри фаъоли давлат кафолат дода мешавад.

Муомилоти пул дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ сурат мегирад:

– муомилоти нақдӣ – бевосита дар муомилот иштирок намудани пул аст.

– муомилоти ғайринақдӣ – гузаронидан аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигар бе иштироки пул анҷом дода мешавад.

Дар ҳақиқат пул на танҳо омили муҳими ихтирооти инсоният мебошад, ки барои пешравӣ ва тарақиёти давлати муайян хизмат мекунад, балки, аз дигар ҷониб, он ба инсоният зарар ҳам расонида метавонад, яъне ба хотири пул гурӯҳе аз одамон барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ ба одамфурӯшӣ, маблағгузорӣ намудани гуруҳҳои террористӣ, тахрибкорӣ ва ғайра, ки ин амали онҳо бевосита бар зарари ҷомеъа мебошад, даст мезананд.

Бинобар ин, ҳар як давлат пули миллии худро вобаста ба хусусиятҳои миллӣ, демографӣ ва ҳамчун як рамзи низоми давлатдории худ ба муомилот мебарорад ва маҳдудияти онро дар дохили давлат ва бозори ҷаҳонӣ бо низоми бонкӣ ба роҳ монда, мувофиқи қонунгузорӣ таҳти назорати қатъии худ қарор медиҳад.

Аз ҷониби дигар, пул ҷузъи таркибии иқтисодиёти давлати муайян мебошад. Бинобар ин, пул ҳамчун категорияи эквиваленти мол буда, дар муносибатҳои молиявӣ аҳамияти калон дорад.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.