Мақомоти роҳбарикунандаи бонк ва вазифаҳои онҳо

5.1. Идоракунӣ дар ҷамъияти саҳомӣ ва ҳуқуқи саҳомон.

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» муассисон ва саҳмдорони бонк шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ –резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонанд (бо назардошти маҳдудиятҳое, ки ин Қонун муқаррар кардааст).

Мувофиқи муқаррароти моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 таҳти №237 «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» бошад, мақомоти ҷамъияти саҳомӣ инҳоянд:

– мақоми олӣ – Маҷлиси умумии саҳмдорон;

– мақоми идора – Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ;

– мақоми иҷроия – директор, директори генералӣ, раёсат, маъмурият;

– мақоми назоратӣ – комиссияи тафтишотӣ (ревизор);

– мақомоти дигар мутобиқи оиннома ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҷлиси умумии саҳмдорон мақоми олии идораи ҷамъияти саҳомӣ мебошад. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст ҳар сол Маҷлиси умумии саҳмдоронро доир намояд.

Маҷлиси умумии саҳмдорон дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ, вале на барвақтар аз 2 моҳ ва на дертар аз 6 моҳи баъди соли молиявӣ гузаронида мешавад. Маҷлисҳои умумии саҳмдорон ба ғайр аз Маҷлиси солона ғайринавбатӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар ҷамъияти саҳомӣ, ки ҳамаи саҳмияҳои овоздор ба як саҳмдор тааллуқ доранд, қарорҳо оид ба масъалаҳои марбути салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон аз ҷониби ҳамин саҳмдор шахсан қабул гардида, хаттӣ ба расмият дароварда мешавад. Ҳамзамон муқаррароти боби мазкур, ки тартиб ва мӯҳлати омодасозӣ, даъват ва гузаронидани Маҷлиси умумии саҳмдоронро муайян менамояд, ба истиснои муқаррароти вобаста ба мӯҳлати гузаронидани Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон татбиқ намегарданд.

Тибқи моддаи 45 «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон инҳо мансубанд:

– ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ;

– азнавташкилдиҳии ихтиёрии ҷамъияти саҳомӣ;

– барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ, таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

– муайян намудани шумораи аъзои Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, интихоби аъзои он ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

– муайян намудани миқдор, арзиши номиналӣ, намуди (навъи) саҳмияҳои эълоншуда ва вомбаргҳо ва ҳамчунин ҳуқуқҳое, ки ба ин саҳмияҳо ва вомбаргҳо дода шудааст;

– зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи зиёд кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи паҳн кардани саҳмияҳои иловагӣ;

– кам кардани сармояи оинномавии ҷамъият бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо, бо роҳи як қисми ин саҳмияҳоро бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо харидани ҷамъияти саҳомӣ ва инчунин бо роҳи пардохтани арзиши саҳмияҳои ба дастоварда ё азнавхаридаи ҷамъияти саҳомӣ;

– таъсиси мақомоти идоракунии ҷамъияти саҳомӣ, тасдиқи низомномаҳои онҳо, пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

– тасдиқи аудитори ҷамъияти саҳомӣ ва подошпулии он. Интихоби Комиссияи тафтишотӣ;

– тасдиқи ҳисоботи солона, ҳисоботи муҳосибавӣ, аз ҷумла ҳисобот дар мавриди фоида ва зарари (ҳисоби даромад ва зарар) ҷамъияти саҳомӣ, инчунин тақсими фоида, аз ҷумла пардохти (эълони) суди саҳмияҳо ва товони зарари ҷамъияти саҳомӣ аз рӯи натиҷаҳои соли молиявӣ;

– тасдиқи дастури кори Маҷлиси умумии саҳмдорон;

– интихоби аъзои комиссияи баҳисобгирӣ ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

– қабули қарор дар бораи маъқул донистани аҳдҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 81 ва 85 ҳамин Қонун;

– аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ харидании саҳмияҳои паҳнкардашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун;

– қабули қарор дар бораи иштироки ҷамъияти саҳомӣ дар таъсис ё фаъолияти дигар шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи супурдани як ё якчанд қисми дороӣ ба маблағе, ки дар маҷмӯъ 25 фоиз ё бештари ҳамаи дороии ҷамъияти саҳомиро ташкил медиҳад;

– тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ, ки тасдиқи онҳо мутобиқи оинномаи ҷамъият таҳти салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон қарор дорад;

– пардохти суди (дивиденди) саҳмия;

– дигар масъалаҳое, ки тибқи ҳамин Қонун салоҳияти Маҷлиси умумӣ мебошанд.

Масъалаҳои марбут ба салоҳияти Маҷлиси умумии саҳмдорон наметавонанд ҷиҳати ҳал ба мақоми иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ ирсол гарданд.

Маҷлиси умумии саҳмдорон ҳуқуқ надорад масъалаҳои тибқи ҳамин Қонун таҳти салоҳияташ қарорнадоштаро баррасӣ намояд ва вобаста ба онҳо қарор қабул кунад.

Саҳмдорони соҳиби саҳмияҳои оддӣ ҳуқуқ доранд:

  • дар маҷлиси умумии саҳмдорон бо доштани ҳуқуқи овози худ ба ҳамаи масъалаҳое, ки таҳти ваколати ӯ қарор доранд, иштирок намоянд;
  • дивиденд (суд) гиранд;
  • дар ҳолати барҳам хӯрдани бонк як қисми амволи онро соҳиби кунанд;
  • аз хизматрасонии бонк истифода намоянд;
  • аз ҳамаи ҳуқуқҳое, ки қонунгузории амалкунанда муқаррар намудааст, истифода намоянд;

Саҳмдорони молики саҳмияҳои афзалиятнок, дорои ҳуқуқҳои дигари дар қонунгузории амалкунанда пешбинишудаанд, лекин ҳуқуқи дар маҷлиси умумии саҳмдорон иштирок кардан ва ҳуқуқи овоздиҳиро доир ба қабули қарори масъалаҳое, ки таҳти ваколати онҳоанд, надоранд.

Ҳуқуқи саҳмдорони молики саҳмияҳои афзалиятнок ба ҳаҷми ҳуқуқе вобаста аст, ки барои ҳар як шакли онҳо пешниҳод шудааст. Cаҳмияҳои афзалиятноки бонкӣ дар меъёри як шакл арзиши номиналии ягона доранд ва барои моликони худ меъёри ягона фароҳам меоранд.

Моликони саҳмияҳои афзалиятнок бо як ҳаҷми муайяни дивиденд дар маҷлиси умумии саҳмгузорон дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқи овоздиҳиро доранд:

  • дар ҳолати дида баромадани масъалаҳо оид ба барҳамдиҳи ва азнавташкилдиҳии бонк;
  • дар ҳолати дида баромаданва баррасии масъалаҳо оид ба ворид кардани таъғиру иловаҳо ба оиннома, маҳдудият ба ҳуқуқи моликони саҳмияи афзалиятнок ё зиёд кардани ҳаҷми дивиденд ё муайян намудани зиёдкунии арзиши барҳамдиҳи, ки бо саҳмияҳои афзалиятнок аз навбати пешин пардохта мешаванд, инчунин ба саҳмдорон – моликони шакли дигари саҳмияҳои афзалиятнок дар навбати пардохти дивиденд ё арзиши саҳмияи барҳамдиҳӣ;
  • ба ҳамаи масъалаҳое, ки аз ваколати Маҷлиси саҳмдорон ҳисоб меёбанд, cар карда аз маҷлиси соли гузашта, ки дар он қарор дар бораи пардохти дивидендҳо қабул нашуда буд ё қарор дар бораи нопурра пардохт кардани дивидендҳо бо саҳмияи афзалиятноки ҳамин шакл қабул шуда буд (дар ҳаҷми пуррааш ҳуқуқи мӯҳлати пардохти дивидендҳои мазкур барҳам дода мешавад);
  • дар баррасии масъалаҳо оид ба гирифтани дивиденд ва ба арзиши барҳамдиҳи, агар дар онномаи мазкур пешбинӣ шуда бошад, ки ба дорандагони он дар мадди аввал нисбат ба молики саҳмияи афзалиятнок ва шаклҳои дигар пардохт карда мешавад.

Шахси воқеӣ ё ҳуқуқии дорои камтар аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти амонатии кредитии хурд, ки саҳмияҳои иловагӣ ба даст меорад ва дар натиҷаи он вай дорои панҷ ё аз он бештар фоизи саҳмияҳо мегардад, бояд дар муддати даҳ рӯзи ба даст овардан Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ намояд. Шахси воқеӣ ё ҳуқуқии дорои камтар аз панҷ фоизи саҳмияҳои ташкилоти амонатии кредитии хурд, ки бо яке аз якчанд саҳмиядорони ташкилоти амонатии кредитии хурди мазкур созишнома бастааст ва дар натиҷаи он ин саҳмиядорон ба панҷ ё аз он бештар фоизи саҳмияҳои ташкилоти амонатии кредитии хурди мазкур назоратро анҷом медиҳанд, ҳамчунин бояд дар муддати даҳ рӯзи ба даст овардан Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ намоянд.

Ҳар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё гурӯҳи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки якҷоя амал намуда, ният доранд аҳдномае банданд, ки дар натиҷаи он ин шахси воқеӣ ё гурӯҳ назорати бештар аз 20 фоизи саҳмияҳои ташкилоти амонатии кредитии хурдро ба даст меорад, бояд барои гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати 30 рӯз то таърихи эҳтимолии ба даст овардани саҳмияҳо дархости хаттӣ пешниҳод намоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон на дертар аз 30 рӯзи гирифтани дархост барои ба даст овардани саҳмияҳо, ки мутобиқи қисми дуюми ин модда пешниҳод мегарданд, дар бораи қарори худ ба таври хаттӣ аризадиҳандаро огоҳ месозад. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар мӯҳлати муқарраршуда аризадиҳандаро огоҳ насозад, ин маънои онро дорад, ки розигии Бонки миллии Тоҷикистон барои ба даст овардани саҳмияҳо гирифта шудааст (моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд).

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба аризае, ки мувофиқи қисми дуюми моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» пешниҳод шудааст, танҳо дар ҳолатҳои зерин розигӣ надиҳад:

– агар вазъи молиявии тарафи бадастоварандаи саҳмия ғайриқаноатбахш бошад;

– агар ба даст овардани саҳмия боиси вайрон кардани қоидаҳои зиддиинҳисорӣ гардад;

– агар тарафҳои бадастоварандаи саҳмия маълумоти мукаммалеро, ки Бонки миллии Тоҷикистон талаб менамояд, пешниҳод накунанд ё маълумоти бардурӯғ ё гумроҳкунанда пешкаш кунанд.

Тартиби пешниҳод ва баррасии дархостҳо барои ба даст овардани саҳмияҳои ташкилоти амонатии кредитии хурд, ҳамчунин талабот ба вазъи молиявии тарафҳои ба дастоварандаи саҳмияҳо (аризадиҳандагон) аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5.2. Мақоми роҳбарикунандаи Бонки миллии Тоҷикистон. Раёсати БМТ

 

Мувофиқи муқаррароти моддаи 71 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонки миллии Тоҷикистон» Бонки миллии Тоҷикистон аз дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои минтақавӣ иборат аст.

Идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути Раёсат ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Раёсат мақоми олии коллегиалӣ буда, самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад, роҳбарӣ ва идоракунии Бонки миллии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

Раёсат аз Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва се нафар аъзои он, ки бо пешниҳоди Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, иборат мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони вай аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи минбаъдаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва аз кор озод карда мешаванд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ аз рӯи вазифа ба ҳайати Раёсат дохил мешаванд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони вай – аъзоёни Раёсат дар сурати истеъфо додан, инчунин дар сурати суистифода аз вазифа ё иҷро карда натавонистани вазифаҳои худ то ба охир расидани мӯҳлати ваколатҳояшон озод карда шуда метавонанд.

Дар сурати аз вазифа барканоршавии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё муовинони вай, онҳо иҷрои вазифаҳои худро то тасдиқ шудани қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳанд.

Мувофиқи моддаи 72 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» раиси Бонки миллии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зерин аст:

1) аз номи Бонки миллии Тоҷикистон амал мекунад ва бе ваколатнома намояндаи манфиатҳои он дар муносибат бо мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои кредитӣ, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ мебошад, шартномаҳо мебандад, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти он, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат тааллуқ доранд, қарорҳо қабул мекунад;

2) дар ҷаласаҳои Раёсат раисӣ мекунад;

3) ба санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон, қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси Раёсат, шартномаҳо ва қарордодҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон мебандад, имзо мекунад;

4) вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;

5) маоши вазифавии муовинони Раис ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар мекунад;

6) фармонҳоро имзо мекунад ва амрҳо медиҳад, ки иҷрояшон барои ҳамаи хизматчиёни бонк ва муассисаҳои он ҳатмӣ мебошад.

7) барои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон комилан масъул мебошад, амалӣ намудани вазифаҳои онро таъмин мекунад.

Дар вақти набудани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои онро муовини аввал, дар набудани муовини аввал, яке аз муовинон иҷро менамояд.

Раёсат ҳангоми амалӣ намудани вазифаҳои худ маърӯзаҳоро дар бораи вазъияти иқтисодӣ ва пулии давлат муҳокима мекунад. Бо ин мақсад муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – муовини Раиси Раёсат вақт – вақт аз тарафи департаментҳо, мудириятҳо ва шӯъбаҳо пешниҳод намудани гузоришҳоро дар бораи:

1) идоракунии амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон ва амалӣ намудани онҳо;

2) амалӣ ва танзим кардани сиёсати пулӣ;

3) вазъияти низоми бонкӣ;

4) вазъияти бозори молиявӣ ва асъор;

5) гузоришҳои дигарро бо қарори Раёсат таъмин мекунад.

Мувофиқи моддаи 74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» Раёсати бонки миллии Тоҷикистон ваколатҳои зеринро дорост:

1) сиёсати пулии давлат, аз ҷумла, маҳдудкунии амалиётро дар бозори озод, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад, меъёри фоизӣ аз рӯи депозитҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, шароити додани кредитҳо, намудҳо ва андозаи захираҳо, ки бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ бояд онҳоро дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд, таҳия менамояд;

2) сиёсати асъории давлат, аз ҷумла тартиби муқаррар намудани қурби асъори миллиро анҷом медиҳад;

3) санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистонро барои татбиқи умумӣ қабул ва тасдиқ менамояд;

4) гузориш ва тавсияҳоеро, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, баррасӣ мекунад ва маъқул медонад;

5) дар бораи иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналхалқӣ қарорҳо қабул менамояд;

6) арзиши номиналӣ, ороиши пулҳои коғазӣ ва тангаҳо, тартиби ба муомилот баровардан ва шартҳои аз муомилот гирифтани онҳоро муайян мекунад;

7) додани ҳар кредитро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартибе, ки моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқаррар кардааст, тасдиқ менамояд;

8) камаш бо аз се ду ҳиссаи овози аъзои Раёсат, ки дар маҷлис ҳозиранд, додани ҳар як кредит ё истифодаи дигар воситаҳои молиявиро ба манфиати бонк ё ташкилоти молиявии ғайрибонкӣ мувофиқи қисми сеюми моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тасдиқ мекунад;

9) бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;

10) гузоришҳо ва ҳисоботи ҳарсолаи Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

11) дар бораи баровардани ӯҳдадориҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, андоза ва шарту шароити баровардани он қарор қабул мекунад;

12) ӯҳдадориҳои қарзиро ки барори сармояи (инвестицияи) Бонки миллии Тоҷикистон короям аст, муайян мекунад;

13) сохтори Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад ва маоши вазифавии Раиси Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар менамояд;

14) мувофиқи қонунҳои ҷорӣ тартиб ва шарти ба кор қабул намудани кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;

15) шӯъбаҳо ва намояндагиҳои Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис ва барҳам медиҳад;

16) сметаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

17) ҳар гуна айбдоркуниро оид ба суистифодаи мансаби расмӣ ва вазифаҳои худро иҷро карда натавонистани аъзои Раёсат баррасӣ намуда, дар сурати асоснок донистани ин гуна айбдоркуниҳо, бо хулосаю тавсияҳои худ ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш мефиристонад.

18) дигар масъалаҳои ба салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқдоштаро баррасӣ мекунад.

Маҷлиси Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Раиси Раёсат ё муовини вай камаш моҳе як маротиба даъват карда мешавад. Маҷлисҳоро бо аризаи хаттии се нафар аъзои Раёсат низ даъват кардан мумкин аст.

Агар масъалаи мавриди баррасии Раёсат ба манфиати шахсӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ё дигар манфиати аъзои Раёсат, ба шумули Раис ё муовинони вай, дахл дошта бошад, пас аъзои мазкур ба Раёсат дар бораи вуҷуд доштани чунин манфиатҳо бояд изҳор намояд ва ӯ ҳақ надорад дар овоздиҳӣ аз рӯи ин масъала иштирок намояд.

Дар бораи даъвати маҷлис камаш се рӯзи корӣ пеш хабар дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқулодда, ки маҷлисҳои Раёсат фаврӣ даъват шуда метавонанд. Ба аъзои Раёсат рӯз, ҷои гузаронидани маҷлис ва рӯзномаи он хабар дода мешавад.

Маҷлис он гоҳ босалоҳият аст, ки дар он аз нисф зиёди аъзои Раёсат, ба шумули Раиси Раёсат, ҳузур дошта бошанд.

Маҷлисҳои Раёсат бо қарори раис метавонад пӯшида гузаронида шаванд.

Ҳар як аъзои Раёсат, ки дар маҷлис ҳузур дошта, дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошад, ба шумули Раиси Раёсат ва муовини вай, ҳуқуқи як овозро дорад, ба истиснои тақсими баробари овозҳо, ки дар он ҳолат раиси маҷлис дорои ҳуқуқи овози ҳалкунанда мебошад.

Дар ҳолатҳои махсус, агар барои қабул намудани қарор зарурат бошад, чунин қарор ба тариқи ҳозиршавӣ, бидуни даъват намудани маҷлис қабул карда шуда метавонад.

Қарори Раёсат дар ҳар ҳолат бо аксарияти оддии овозҳои аъзои Раёсат, ки ҳуқуқи аз рӯи масъала овоздиҳӣ доранд, қабул карда мешавад.

Қарори Раёсат бо имзои раисикунандаи маҷлис бароварда мешавад.

Қарори Раёсат ба сабаби пурра набудани ҳайати он беэътибор дониста шуда наметавонад.

Дар маҷлиси Раёсат протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи маҷлис ва котиби Раёсат имзо мекунанд.

5.3. Тақсимоти даромади бонк

 

Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»: «фоидаи тавозунии воқеан бадастдаровардаи Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои сол мутобиқи дастури сохтори ҳисобдорӣ барои Бонки миллии Тоҷикистон муайян гардида, бо тартиби зерин тақсим карда мешавад:

сармояи оинномавӣ – 10 фоиз

фонди захиравӣ – 20 фоиз

Аз қисми боқимондаи фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон баъди иҷрои талаботи дар қисми якуми моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» нишондода 69%-и он ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Гузаронидани маблағҳо аз фоида ба буҷети ҷумҳурӣ баъди тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи Раёсат ва гирифтани розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 1 ноябри соли нави молиявӣ амалӣ карда мешавад.

Баъди бо тартиби дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» муқарраршуда тақсим намудани фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон қисми боқимондаи он тибқи қарори Раёсат тақсим карда мешавад.

Ҳолати дар соли гузашта зиён дидан ва барои пӯшонидани ин зиён кофӣ набудани фонди захиравӣ ҳамаи фоидаи соли ҷорӣ барои пӯшонидани зиён равона карда мешавад. Баъди пӯшонидани зиён қисми боқимондаи фоида бо тартиби дар боло зикршуда тақсим карда мешавад.

Маблағҷудокунӣ ба фонди захиравӣ то вақте ба амал бароварда мешавад, ки андозаи фонди захиравӣ ба андозаи дукаратаи сармояи оинномавӣ расад. Ҳангоми аз ҳисоби фонди захиравӣ пӯшонидани зиёни Бонки миллии Тоҷикистон фонди захиравӣ аз нав ба тартиби дар боло муқарраргардида пурра карда мешавад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ, вақте ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравӣ бо зиёни ҷуброннагардида анҷом медиҳад, фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда барои ҷуброн кардани зиёни ҷойдошта равона карда мешавад. Баъд аз пурра ҷуброн намудани зиёни номбаршуда қисми боқимондаи фоида бо тартиби дар қисми якуми ҳамин модда нишондодашуда тақсим карда мешавад.

Аз ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки бо фаъолияти асосии он алоқаманд нестанд, расонидани ёрии молиявӣ ва моддӣ манъ аст.

5.4. Ҳисобдорӣ ва ҳисоботдиҳии ташкилоти кредитӣ ва БМТ

Тартиб ва қоидаҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ дар бонкҳо, феҳрист, шаклҳо ва мӯҳлатҳои пешниҳодкунии ҳисобҳои дигар, инчунин масъулият барои вайронкунии мӯҳлати пешниҳоди ҳисобҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» бонкҳо вазифадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи талабаш ҳамагуна маълумотро оиди воситаҳои худ, аз ҷумла он чӣ дар хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, амонатҳои қабулкардашудаю нигоҳдошташаванда ва қарзҳои додашуда, амалиёти бонкии иҷрошуда ё иҷрошаванда ва маълумотҳои дигар, ҳамчунин маълумоте, ки сирри бонкиро ташкил медиҳанд, пешниҳод намоянд.

Барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон фош намудани сирри бонкӣ ё ба шахсони сеюм додани маълумоте, ки дар рафти амалӣ намудани ҳуқуқҳои дар қисми дуюми моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» муқарраргардида ба даст овардаанд, манъ аст.

Тамоми принсипҳои ҳисоббаробаркунии муҳосибавӣ ва нақшаҳои ҳисобҳои бонкӣ барои бонкҳо, ҳамчунин тартиби пешниҳоди ҳисоботи молиявии онҳо аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи стандартҳои байналхалқии баҳисобгирии муҳосибавӣ муқаррар карда мешавад.

Фаъолияти бонк бояд ҳар сол аз тарафи ташкилоти аудиторӣ (аудитор), ки барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ иҷозатнома дорад, мувофиқи стандартҳои байналхалқии баҳисобгирии муҳосибавӣ мавриди тафтиши аудиторӣ қарор гирад.

Бонки миллии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақоме мебошад, ки ҳуқуқ дорад барои гузаронидани тафтиши аудитории фаъолияти бонк иҷозатнома диҳад. Тафтиши аудитории бонк мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ» ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Тафтиши аудитории фаъолияти бонк бо мақсади зерин гузаронида мешавад:

-муайян намудани дурустии сармояи хусусӣ ва вазъияти молиявии бонк;

-сари вақт, пурра ва аниқ инъикос намудани амалиёти бонкии гузаронидашуда дар ҳисобҳо ва ҳисобот;

-ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқ будани амалиёти бонкии гузаронидашуда;

– мувофиқ будани амалиёти бонкии гузаронидашуда ба шароити умумии гузаронидани онҳо, инчунин мувофиқ будани тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ ба қоидаҳои дохилии бонк.

Ташкилоти аудиторӣ (аудитор) натиҷаи тафтиш ва фикри худро дар хулосае, ки ба Шӯрои (Раёсати) бонк пешниҳод мекунад, баён менамояд. Дар он бояд дурустии ҳисоботи молиявии пешниҳоднамудаи бонк, аз тарафи он иҷро намудани меъёрҳои ҳатмие, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, вазъи назорати дохилӣ ва қоидаҳои дигар, ки қонунгузории ҷумҳурӣ ва оиннома муайян кардаанд, зикр карда шаванд.

Ташкилоти аудиторӣ (аудитор) бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи талаби он нусхаи хулоса ва маълумотро дар бораи тафтиши аудитории гузаронидашуда пешниҳод кунад.

Вазоратҳо, мақомоти дигари ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ревизия (аудит) ё тафтиши фаъолияти молиявию хоҷагии бонк ҳуқуқ надоранд.

Аудити дохилӣ аз тарафи хадамоти дохилии бонк ё комиссияи тафтишотии он сурат мегирад (моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ»).

Бонкҳо баъди хатми соли молиявӣ на дертар аз мӯҳлати муқарраршуда ба Бонки миллии Тоҷикистон инҳоро пешниҳод мекунанд:

  • ҳисоботи молиявии бо хулосаи аудитор тасдиқ карда шуда;
  • ахборот дар бораи фаъолияти худ ва амалиёти соли гузашта.

Бонкҳо ҳисоботи солона, аз ҷумла тавозуни солона ва ҳисоботи фоидаю зиёнро мувофиқи шакл ва мӯҳлати муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, баъди аз тарафи ташкилоти аудиторӣ (аудитор) тасдиқ намудани маълумоти дар онҳо пешниҳодшуда ва тасдиқ намудани тавозуни солона ва ҳисоботи фоидаю зиён аз тарафи маҷлиси солонаи саҳмдорони бонк, чоп мекунанд.

5 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.