Муносибатҳои қарзӣ ва кредитӣ

    1. Қарз ва кредит

Қарз таърихи қадима дошта, баробари вазифаи воситаи пардохти пул ба вуҷуд омада, шакл ва намудҳои мухталиф қабул намуда, ботадриҷ таҳаввул ёфта, то замони ҳозира омада расидааст. Кредит ибтидои худро аз вожаи лотинии «kreditium» (кредит, қарз, нася) гирифта, маънои боварӣ доштан ба чизҳои ба қарз додашуда, бозгашти он ва аз он баҳра бурданро ифода мекунад.

Қарз шакли табдилёфтаи фонди қарзӣ (ссудный фонд) ё худ шакли ҳаракати сармояи қарзӣ буда, мустақиман бо муомилоти пул ва муносибатҳои молиявӣ алоқаманд мебошад.

Муносибатҳои ҳуқуқи қарзӣ бениҳоят мураккаб буда, муносибатҳоро оид ба ташкили сармояи пулӣ, бозорҳои пул, молия, қарз, суғурта, фонди қарзию пулӣ, коғазҳои қиматнок, амалиёти қарзию пулии бонкҳо, муассисаю ташкилотҳо, субъектҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ, буҷету андоз, хазинадорӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ифода мекунад.

Вобаста ба сатҳу дараҷа, макону замони амалиёт, субъекту объект, гуногунии нақшу мақом ва ғайра сарчашмаҳои ташкили фонди қарзӣ ин тариқ аст: захираҳои худи субъектҳои иқтисодӣ, фондҳои махсӯси корхонаю ташкилотҳо (истеҳлок – амортизатсия), қисми даромад (фоида), захираҳои пулии субъектҳои иқтисодӣ, аз ҷумла аҳолӣ, корхона, давлат ва ғайра.

Қарз сарчашмаи асосии таъмингари раванди муозини такрористеҳсоли ҷамъиятӣ буда, имкон медиҳад, ки:

  • сармояи пулӣ (дар сатҳҳои гуногун) ба мақсади ба роҳ мондани ҷараёни тавлидот ба таври доимӣ сарҷамъ ва андӯхта шавад;
  • тақсиму азнавтақсимшавии сармояҳои пулӣ ба роҳ монда шавад;
  • ташкили кор, сарфаи вақт, ҳосилнокӣ ва самаранокии истеҳсолот таъмин карда шавад;
  • танзиму истиқрори иқтисодиёт ба роҳ монда шавад;
  • назорати молиявӣ нисбат ба гардиш ва гирдгардиши сармояи асосӣ таъмин карда шавад;
  • воситаҳои асосӣ ва гардони корхона ташкил карда шаванд;
  • ҳисоббаробаркунии байни молистеҳсолкунандаҳо ба роҳ монда шавад;
  • имконияти маблағгузорӣ пайдо шавад;
  • музди меҳнати коргарон сари вақт дода шавад;
  • ҳаҷми пули дар муомилот буда зиёд шавад;
  • даромади буҷет фаъолтар гардад;
  • сарфаи пули нақд, ҷудо кардани фоиз таъмин карда шавад;
  • тезондани раванди истеҳсолот, рушди макроиқтисодӣ ва илму техника ба роҳ монда шавад;
  • робитаи дохилӣ ва бурунмарзӣ густариш ёбад ва масоили ҷаҳонишавии иқтисоди ҷаҳон ҳал карда шавад [1].

Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ муносибатҳои кредитӣ дар муносибатҳои хоҷагидорӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд, чунки ба соҳибкороне, ки маблағи худро надоранд, барои тақвият бахшидан ба ҷиҳати молиявии онҳо шароит фароҳам меоварад.

Фарқияти қарз аз кредит дар он ифода меёбад, ки мувофиқи шартномаи қарз тарафайн, ки ба сифати субъекти чунин шартнома баромад менамоянд, бонк ё ташкилоти кредитӣ намебошанд. Лекин дар шартномаи кредит ин ҳолат баръало ҳис карда мешавад, ки яке аз тарафҳо ҳатман бонк ё ин ки ташкилоти кредитӣ мебошад.

Шартномаи қарз мутобиқи модаҳои 827-838 Кодекси гражданӣ ба танзим дароварда мешавад.

Тибқи шартномаи қарз як тараф (қарздиҳанда) ба тарафи дигар (қарзгиранда) ба моликият пул ё ашёи дорои аломати навъи муайянро месупорад ва қарзгиранда ӯҳдадор мешавад, ки ба қарздиҳанда ба таври якдафъаина ё давра ба давра ба ҳамин андоза маблағ ё баробар ба теъдоди ашёи ба қарз гирифташудаи дорои ҳамон навъ ва сифат (маблағи қарз)-ро баргардонад.

Шартномаи қарз аз лаҳзаи супурдани пул ё ашё басташуда ба ҳисоб меравад.

Асъори хориҷӣ ва арзишҳои асъорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо риояи қоидаҳои моддаҳои 155, 156 ва 340 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи шартнома қарор гирад.

Субъектҳои шартномаи қарз, ҳамчун соҳибкорон (шахсони ҳуқуқи, шаҳрвандон) метавонанд шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул нестанд, бошанд. Тартиби тақсимкунии қарз, ки ба шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайри тиҷоратӣ дода мешаванд, кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат шаванд.

Объекти шартномаи қарз пул ва дигар молҳо мебошанд, ки аз тарафи қарздиҳанда ба моликияти хусусии (пешбурди хоҷагӣ, идоракунии оперативӣ) ба қарзгиранда дода мешавад. Ин амвол ба қатори воситаҳои қарзгиранда дохил мешавад ва ба он реҷаи умумии истифодабарӣ, инчунин қоидаи чораҷӯиҳо ба ӯҳдадориҳои қарзгиранда дахл мекунад.

Шартномаи қарз, агар маблағи он на камтар аз даҳ маротиба аз андозаи маоши ҳадди ақалли муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ баландтар бошад, инчунин дар ҳолате ки як тарафи шартнома, сарфи назар аз маблағ, шахси ҳуқуқӣ мебошад, бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

Риоя накардани шакли хаттии шартномаи қарз боиси оқибатҳои пешбининамудаи моддаи 187 Кодекси гражданӣ мегардад.

Шартномаи қарз дар сурати мавҷуд будани забонхати қарзгиранда ё дигар ҳуҷҷате, ки ба ӯ аз ҷониби қарздиҳанда додани маблағи муайян ё теъдоди муайяни ашёро тасдиқ мекунад, дар шакли хаттӣ басташуда эътироф мегардад.

Шакли хаттии шартномаи қарз, агар ӯҳдадории қарз бо вексел, вомбарг ё дигар коғази қиматноки додаи қарзгиранда, тасдиқ гардида бошад, ки маблағи қарз ва ҳуқуқи қарздиҳандаро барои ситондани он муқаррар менамояд, риояшуда ба ҳисоб меравад.

Дар моддаи 829 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон фоизҳо оид ба шартномаи қарз чунин муқаррар карда шудаанд:

1. Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарздиҳанда барои аз қарзгиранда аз маблағи қарз тибқи андоза ва тартиби муайяннамудаи шартнома гирифтани фоиз ҳуқуқ дорад. Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шартҳо оид ба фоиз андозаи он тибқи ставкаи ба таври дахлдор муайяннамудаи фоизи бонк дар рӯзи аз ҷониби қарзгиранда баргардонидани қарзи худ ё як қисми дахлдори он муайян карда мешавад.

2. Шартномаи қарзе, ки байни шаҳрвандон ба маблағи на бештар аз андозаи панҷоҳкаратаи маоши ҳадди ақалли тибқи қонун пешбинигардида баста шудааст ва ба анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби ҳатто яке аз тарафҳо алоқаманд намебошад, агар дар он мустақиман тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бидуни фоиз тахмин шуданаш мумкин аст.

3. Агар тибқи шартномаи қарз ба қарзгиранда ашёи дорои аломатҳои навъи муайян супурда шавад, фоиз дар ҳолате бояд пардохта шавад, ки агар андоза ва шакли он (пули ӯ дар шакли асл) дар шартнома пешбинӣ шудааст.

4. Тартиб ва мӯҳлати пардохти фоизҳо тибқи шартномаи қарз муқаррар карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани чунин нишондод фоизҳо тибқи тартиб ва мӯҳлати пешбининамудаи шартнома оид ба баргардондани қарзи асосӣ пардохта мешаванд.

Барои ҳаёти хоҷагидорӣ қоидаи баргардонидани маблағи қарз яке аз ҷойҳои асосиро ишғол менамояд. Дар ҳамин асос мутобиқи модаи 830 Кодекси гражданӣ қарзгиранда вазифадор аст ба қарздиҳанда маблағи гирифтаашро тибқи мӯҳлат ва тартиби пешбининамудаи шартнома баргардонад.

Агар мӯҳлати баргардонидани қарз дар шартнома пешбинӣ нагардида бошад, он бояд аз ҷониби қарзгиранда дар мӯҳлати сӣ рӯз аз рӯзи пешниҳод намудани талабот аз ҷониби қарздиҳанда баргардонида шавад.

Маблағи пешниҳодкардаи қарз пеш аз мӯҳлат баргардонида шуданаш мумкин аст.

Фоизҳо оид ба қарз дар ҳар лаҳза пеш аз мӯҳлат пардохта шуданашон мумкин аст.

Агар дар шартномаи қарз тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, маблағи қарз аз лаҳзаи ба қарздиҳанда додани қарз ё гузаронидани маблағи дахлдор ба суратҳисоби бонкии ӯ баргардонидашуда ба ҳисоб меравад (қ.3 м.830 КГ ҶT).

Дар ҳолати вайрон кардани мӯҳлати шартномаи қарз, агар дар қонунҳо ё дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дар ҳолатҳое ки қарзгиранда маблағи қарзро дар мӯҳлати муайяншуда барнамегардонад, ба ҳамин маблағ бояд дар ҳаҷми муайяннамудаи қисми 1 моддаи 426 Кодекси гражданӣ аз ҳамон рӯзе, ки қарз бояд баргардонида шавад ва то рӯзи баргардонидани он ба қарздиҳанда фоиз пардозад.

Агар дар шартнома қисман баргардонидани қарз (давра ба давра) пешбинӣ гардида бошад, дар ин сурат ҳангоми аз ҷониби қарзгиранда вайрон кардани мӯҳлати барои баргардонидани қисми навбатии қарзи муқарраргардида қарздиҳанда ҳуқуқ дорад пеш аз мӯҳлат баргардонидани ҳамин маблағи қарзи боқимондаро якҷоя бо фоизҳои марбута талаб кунад. Агар қарзгиранда беш аз нисфи маблағи қарзро баргардонида бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад.

Агар дар шартнома пардохти фоизи қарз дар мӯҳлате, ки аз мӯҳлати баргардонидани худи қарз пештар аст, пешбинӣ гардида бошад, дар ин сурат ҳангоми вайрон кардани чунин уҳдадорӣ қарздиҳанда ҳуқуқ дорад аз қарзгиранда пеш аз мӯҳлат баргардонидани маблағи қарзро якҷоя бо фоизҳои ҳисобшуда талаб кунад.

Мутобиқи моддаи 832 Кодекси гражданӣ қарзгиранда ҳуқуқ дорад вобаста ба бепулӣ ва бо исботи он ки пул ё ашё воқеан аз қарздиҳанда гирифта нашудааст ё нисбат ба он чӣ дар шартнома зикр гардидааст, андозаи камтарро ташкил медиҳад, шартномаи қарзро таҳти баҳс қарор диҳад.

Шартномаи қарзе, ки бояд дар шакли хаттӣ баста шавад (м. 828 КГ ҶT) наметавонад вобаста ба бепулии он, ба истиснои ҳолате, ки агар шартнома таҳти таъсири фиреб, зӯроварӣ, таҳдид, созишномаи бадаҳдонаи намояндаи қарздиҳанда бо қарзгиранда ё ба миён омадани ҳолатҳои вазнин (м. 204) баста шудааст, тавассути баёноти шоҳидӣ мавриди баҳс қарор дода шавад.

Агар дар ҷараёни баҳси қарзгиранда оид ба бепулии шартномаи қарз муқаррар карда шавад, ки пул ё дигар ашё дар ҳақиқат аз қарздиҳанда гирифта нашудааст, шартномаи қарз бастанашуда ба ҳисоб меравад. Дар сурате ки агар пул ё ашё дар ҳақиқат аз ҷониби қарзгиранда нисбат ба оне, ки дар шартнома зикр гардидааст, камтар гирифта шуда бошад, шартнома ба андозаи ҳамин маблағ ё теъдоди ашё басташуда ба ҳисоб меравад.

Ҳангоми аз ҷониби қарзгиранда иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартномаи қарз ҷиҳати баргардонидани маблағи қарз, инчунин ҳангоми аз даст додани таъмин ё бад гардидани шартҳои он вобаста ба ҳолате, ки барои он қарздиҳанда ҷавобгар намебошад, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, қарздиҳанда ҳуқуқ дорад аз қарзгиранда пеш аз мӯҳлат пардохтани қарзро талаб намояд.

Шартномаи қарзи давлатӣ

Тибқи шартномаи қарзи давлатӣ ба сифати қарзгиранда давлат ва ба сифати қарздиҳанда шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ баромад мекунанд.

Қарзҳои давлатӣ ихтиёрӣ мебошанд.

Шартномаи қарзи давлатӣ бо усули аз ҷониби қарздиҳанда ба даст овардани вомбаргҳо ва дигар коғазҳои қиматноки баровардашудаи давлатӣ, ки ҳуқуқи қарздиҳандаро барои аз қарзгиранда гирифтани маблағи қарзи додашуда ё вобаста ба шарти қарз додани дигар амвол, фоизҳои муқарраршуда ё дигар ҳуқуқи амволиро дар мӯҳлатҳои пешбининамудаи шартҳои ба муомилот баровардани вомбаргҳо тасдиқ менамояд, баста мешавад.

Тағйир додани шартҳои вомбаргҳои ба муомилот баровардашуда (конверсияи вомбарг), аз ҷумла тибқи асосҳои пешбининамудаи моддаи 483 Кодекси гражданӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун, иҷозат дода намешавад.

Давлат оид ба шартномаи қарзи давлатӣ мутобиқи қоидаҳои моддаи 138 Кодекси гражданӣ масъулият дорад (м. 836 КГ ҶT).

Муносибатҳои шартномаи кредитӣ, ки иштирокчиёни он ба муносибатҳои дарозмуддат алоқамандӣ доранд, барои маблағ қарзӣ меъёр ва мӯҳлати таъмини онро пешаки ба нақша мегиранд ва маблағгузорӣ мекунанд, ки аз шартномаи қарз асос мегирад.

Хусусияти шартномаи кредитӣ дар моддаҳои 839-843 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидааст.

Тибқи шартномаи кредит як тараф – бонк ё ташкилоти дигари кредитӣ (кредитор) ӯҳдадор мешавад ба тарафи дигар (қарзгиранда) тибқи андоза ва шартҳои пешбининамудаи шартнома маблағ (кредит) диҳад ва қарзгиранда бошад, ӯҳдадор мешавад маблағи гирифтаашро баргардонад ва барои он фоиз супорад.

Дар ҳолатҳое ки мувофиқи қонунҳо аз ҷониби ташкилотҳои тиҷоратие, ки ташкилотҳои кредитӣ ба ҳисоб намераванд, анҷом додани кредитонӣ иҷозат дода шудааст, нисбат ба муносибатҳои кредитоние, ки аз ҷониби чунин ташкилоти тиҷоратӣ анҷом дода шудааст, қоидаҳои шартномаи кредит татбиқ мегардад.

Мутобиқи моддаи 840 Кодекси гражданӣ шартномаи кредит бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

Риоя накардани шарти хаттӣ боиси беэътибор донистани шартномаи кредит мегардад. Чунин шартнома қурб надорад.

Кредитор ҳуқуқ дорад ба қарзгиранда додани кредити дар шартнома пешбинигардидаро пурра ё қисман дар сурати ғайри қобили пардохт эътироф гардидани қарзгиранда, аз ҷониби ӯ иҷро накардани ӯҳдадориҳо оид ба таъмини кредит, вайрон кардани ӯҳдадории дар шартнома пешбинигардидаи истифодаи мақсадноки кредит, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома рад намояд(қ. 1 м. 841 КГ ҶТ).

Қарзгиранда ҳуқуқ дорад аз гирифтани кредит пурра ё қисман даст кашида, дар маврид кредиторро то мӯҳлати дар шартнома муқарраргардидаи фароҳам овардани кредит огоҳ созад.

Тарафҳо метавонанд шартномаеро ба имзо расонанд, ки ӯҳдадории як тарафро барои ба тарафи дигар тибқи шартҳои шартномаи кредит додани ашёи дорои аломатҳои навъи муайян пешбинӣ менамояд.

Агар дар чунин шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, шарти он дар мавриди теъдод, навъ (ассортимент), мукаммалӣ, сифат, зарф ва (ё) басту банди ашёи пешниҳодшуда бояд тибқи қоидаҳо оид ба шартномаи хариду фурӯши мол (м. 488 – 527 КГ ҶT) иҷро карда шавад.

Шартномаҳое, ки иҷрои онҳо барои ба моликияти дигар тараф додани маблағ ё амволи дорои аломатҳои навъи муайян тафриқашаванда алоқаманд мебошанд, агар дар қонун тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, метавонанд ба ин тараф ё аз ҷониби ин тараф додани кредитро, аз ҷумла дар шакли бунак (аванс), пешпардохт, тамдиди мӯҳлат ё давра ба давра пардохти мол, кор ё хизматрасонӣ (кредити моли) пешбинӣ намояд(м. 843 КГ ҶT).

Нисбат ба кредити молӣ мутаносибан қоидаҳои моддаҳои 839 – 841 Кодекси гражданӣ татбиқ мегарданд.

Доир ба пешниҳод накардани кредит бонк мувофиқи қарордоди шартнома ва қонунгузорӣ ҷавобгар мебошад.

Ба амалиётҳои кредитие, ки дар асоси шартномаи кредит ба миён омадаанд, мувофиқи қоидаҳои умумӣ дар бораи қарз, агар дигар қарордодҳо дар шартномаи кредитӣ пешбини нашуда бошанд, истифода бурда мешавад.

Ҷабҳаҳои асосии кредит инҳо мебошанд:

  • Мӯҳлатнок;
  • Мӯҳлати баргардонидан;
  • Барқароркунӣ.

Мӯҳлатнок будани кредити бонкӣ бо шарту шароити шартнома муайян карда мешавад, ки ба кредитҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддат ҷудо мешаванд.

Мӯҳлати баргардонидани кредит бевосита дар шартномаи кредит муқаррар карда мешавад. Агар мӯҳлати баргардонидани кредит маслиҳат нашуда бошад, дар ин маврид танҳо дар ҳолати гузаронидани маблағ ба суратҳисоби кредитор кредитро пӯшонида ҳисоб кардан мумкин аст.

Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда барнагардонидани кредит, агар дигар ҳолатҳо дар шартнома ва қонун пешбинӣ нашуда бошанд, қарздор ба ҷавобгариҳое, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, кашида мешавад.

Дар шартнома характери мақсаднок истифода бурдан ва гирифтани кредит пешбинӣ карда мешавад. Ҳуқуқи бо мақсаднок истифода бурдани маблағҳо назорат кардан мебошад, агар дигар ҳолатҳо дар шартнома ва қонун пешбинӣ нашуда бошад.

Барқароркунии шартномаи кредит аз он иборат аст, ки қарзгир дар давраи истифодаи кредит фоиз пардохт мекунад. Меъёрҳои фоизии қарзӣ дар шартномаи тарафайн, ки дар таҷрибаи бозор вобаста ба талаботи кредит аз ҷониби қарзгирандагон ба вуқӯъ омадааст, муқаррар карда мешаванд.

Ҳамчун қоида, ба якҷониба иваз намудани меъёри фоиз дар ҳолати баланд бардоштани меъёри фоиз аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба бонк розигӣ дода мешавад.

Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бастани шартномаҳо дар соҳаи муносибатҳои кредитӣ душвори дорад, зеро бонк бояд боварии комил дошта бошад, ки қарзгир барои баргардондани кредит дар мӯҳлати муқарраршуда шароити молиявӣ дорад ё на. Аз дигар тараф, бояд қайд кард, ки дар шароити имрӯзаи ҷумҳурӣ низоми ҷамъ овардани маълумот оид ба шароити пардохт доштану надоштани мизоҷон, инчунин маълумот оид ба ҳаҷми кредитҳои гирифтаву пардохтана-шуда вуҷуд надорад.

Барои ба сатҳи паст фаровардани хавф бонк бояд то бастани шартномаи кредит аз қарзгир ҳуҷҷатҳои зеринро талаб намояд:

– тавозун оид ба давраи ҳисоботи охирин ва ба таърихи якуми моҳи охир, ки аз тарафи мақомоти андоз тасдиқ шуда бошад;

– тасдиқномаи мақомоти андоз доир ба қарздор набудани он;

– тасдиқномаи мақомоти андоз оид ба пулҳои нақди сомонӣ ва асъори хориҷӣ дар дигар бонкҳо;

– ғайр аз ин маълумоти бонкҳо дар бораи кредитҳои гирифташуда, ки ин иттилоот барои муайянкардани ҳолати аслии молиявии қарзгиранда зарур аст, чунки ҳолатҳое мешавад, ки ӯ аз дигар бонкҳо кредит гирифту вале дар тавозун нишон надодааст. Агар ин ҳолат дар асл ҷой дошта бошад, пас ӯро тафтиш мебояд кард, ки маблағи гирифтааш ба кадом соҳа харҷ ва равона карда шудааст ва ин қонунвайронкуниҳо ба шартҳои дар шартномаи кредит роҳ дода нашудаанд.

Дар қатори ин қарзгир нусхаи ҳуҷҷатҳоро, ки аз ҷониби идораи нотариати давлатӣ тасдиқ карда шудааст, мувофиқи талаботи бонки кредитдиҳанда барои гирифтани кредит пешниҳод мекунад.

Гарави кредитҳои бонкӣ метавонад бо амволи манқул ва ғайриманқул, инчунин бо қоғазҳои қиматноки давлатӣ, ки мутобиқи қонунҳо ва шартномаҳо пешбинӣ гардидаанд, таъмин карда шаванд. Барасмиятдарории шартномаҳои кредитӣ дар ҳолати додани кредит аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба дигар бонкҳо, ки дар оянда барои таъмин намудани мизоҷони худ бо кредит зарур аст, ба роҳ монда мешавад. Шартномаи кредити байнибонкӣ мувофиқи қоидаҳои ҷиддие, ки бо дастурамалҳои Бонки миллӣ пешбини шудаанд, ба расмият дароварда мешавад. Шартномаҳои кредити байнибонкӣ ба Бонки миллӣ ҳуқуқ медиҳад, ки меъёри кредитҳои марказонидашударо яктарафа муқаррар намояд. Пешниҳоди кредитҳои марказонидашуда метавонад, дар асоси музоядаи кредитӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон мегузаронад, ба роҳ монда шавад.

Инчунин ба шартномаи кредити байнибонкӣ кредитикунонии муассисаҳо, ки якдигарро бо кредит таъмин мекунанд, дохил мешавад ва ин доду гирифт бо шартномаи кредит, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст, ба расмият дароварда мешавад.

Манбаъҳои кредити бонкӣ аз ҳисоби воситаҳои зерин ҷорӣ карда мешавад:

1. маблағи худи бонк (ғайр аз арзиши бадастовардаи фондҳои асосӣ ҳамчун саҳми иштирок дар фонди оинномавии бонк ва дигар маблағҳо);

2. маблағи дар суратҳисобҳои бонкӣ доштаи шахсони ҳуқуқӣ, алалхусус маблағҳое, ки ҳамчун депозит барои таъмини васиқаҳо ҷалб карда шудаанд;

3. пасандозҳои шахсони воқеӣ, ки ба як мӯҳлати муайян то давраи талабашон ҷалб карда шудаанд.

4. кредитҳое, ки аз бонкҳои дигар гирифта шудаанд;

5. ва дигар маблағҳои ҷалбшаванда.

Инчунин дар қатори манбаъҳои номбаршуда барои таъмини кредит даромади бонкро мумкин аст истифода намоянд, яъне фоидае, ки дар давоми соли амалиётӣ тақсим нашудааст.

6.2. Кафолати бонкӣ

Дар қатори дигар давлатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ кафолати бонкӣ истифода бурда мешавад. Кафолати бонкӣ ӯҳдадории хаттии бонки кафил мебошад, ки бо талаби шахси дигар (принсипал) ба кредитори принсипал (бенефитсиар) мутобиқи шарти ӯҳдадории бо кафолат таъминшуда, бо пешниҳоди талабномаи бенефитсиар оид ба пардохти маблағ ӯҳдадории хаттӣ медиҳад.

Ба ҳайси кафил бонк ё ташкилоти суғуртавӣ, ки дорои иҷозатнома мебошанд, метавонанд баромад кунанд. Танзими ҳуқуқии кафолати бонкӣ мутобиқи Кодекси гражданӣ ба роҳ монда мешавад. Кафолати бонкӣ мутобиқи моддаи 397 Кодекси гражданӣ хаттӣ тартиб дода мешавад. Кафолати бонкӣ аз рӯзи дода шуданаш этибори қонуни пайдо мекунад, агар дар он тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Кафолати бонкӣ «бозхонднашаванда» аст, яъне бе розигии пешакии кредитор бекор, манъ, дигаргун карда ва бозхонда намешавад, агар дар кафолат тавсифи дигаре нишон дода нашуда бошад.

Мутобиқи талаботи байналмилалӣ дар кафолати бонкӣ бояд маълумотҳои зерин дарҷ гардида бошанд:

– номгӯи принсипал, кафил ва бенифитсиар;

– шартнома доир ба таъмини ӯҳдадориҳое, ки дар асоси он кафолат дода мешавад;

– маблағи ниҳоие, ки бояд пардохт карда шавад;

– номгӯи асъори пардохтшаванда;

– мӯҳлати амали кафолат ё воқеае, ки барои аз эътибор соқит гардидани он сабаб мешавад;

– тартиби аризаи дархостии пардохт;

– эҳтимолияти кам намудани ӯҳдадориҳои маблағ.

Кафолат дар ҳолати ба имзо расонидани шартномаи тарафайн ё дар ҳолати фиристодани мактуби кафил ба кредитор ба расмият дароварда мешавад.

Кафил ҳамчун қоида дар назди бонки кредитор ба тариқи иловагии субсидиарӣ ҷавобгар мебошад. Ҷавобгарии ҳамаҷонибаи кафил ва қарздори асосӣ нисбат ба бонки кредитор мумкин аст мутобиқи шартнома ё қонунгузорӣ пешбинӣ гардад.

Ӯҳдадории кафил дар назди бенифитсиар дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

а) ба бенефитсиар пардохтани маблағе, ки ба он кафолат дода шудааст;

б) бо хотима ёфтани мӯҳлати дар кафолат муқарарраршуда, ки барои ҳамон мӯҳлат дода шудааст;

в) дар натиҷаи даст кашидани бенефитсиар аз ҳуқуқи худ оид ба кафолат ва ба кафил баргардонидани ин ҳуқуқ;

г) дар натиҷаи аз ҳуқуқи оид ба кафолат даст кашидани бенефитсиар бо усули изҳороти хаттӣ дар мавриди аз ӯҳдадорӣ озод кардани кафил.

Қатъи ӯҳдадории кафил бошад асосҳои дар зербандҳои а), б) ва г) ба он вобаста намебошад, ки оё кафолат ба ӯ баргардонида шудааст ё не.

Кафиле, ки барояш қатъи кафолат маълум шудааст, бояд фавран аз ин принсипалро огоҳ созад.

Ҳуқуқи кафил дар мавриди аз принсипал мутобиқи тартиби даъвои акс (регресивӣ) талаб кардани ҷуброни маблағе, ки ба бенефитсиар дар асоси кафолат дода шудааст, тибқи созишномаи кафил бо принсипал, ки ҷиҳати иҷрои он кафолат дода шуда буд, муайян мегардад.

Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, кафил ҳақ надорад аз принсипал ҷуброни маблағеро талаб намояд, ки ба бенефитсиар бидуни риояи шарти кафолат ё бо вайрон кардани ӯҳдадории кафил дар назди бенефитсиар пардохта шудааст.

Кафолат аз ҷониби принсипал иҷрои матлуби ӯҳдадориашро нисбат ба бенефитсиар (ӯҳдадории асосӣ) таъмин мекунад.

Ӯҳдадории пешбининамудаи кафолати кафил назди бенефитсиар дар муносибати байни онҳо ба ӯҳдадории асосие, ки ҷиҳати иҷрои он дода шудааст, ҳатто агар дар кафолат нисбати ин ӯҳдадорӣ ишора шуда бошад ҳам, вобаста намебошад(м.399 КГ ҶТ).

Агар дар кафолат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқӣ тибқи кафолат ба бенефитсиар марбути талабот ба кафил ба дигар шахс вогузошта намешавад.

Талабномаи бенефитсиар дар мавриди пардохти маблағи кафолат бояд ба кафил, бо замимаи асноди дар кафолат зикргардида пешниҳод карда шавад. Дар талабнома ё замимаи он бенефитсиар бояд зикр кунад, ки аз ҷониби принсипал риоя накардани ӯҳдадории асосӣ, ки ҷиҳати таъмини он кафолат дода шудааст, аз чӣ иборат аст (қ.1 м.403 КГ ҶT).

Талабномаи бенефитсиар ба кафил бояд то қатъи мӯҳлати дар кафолат муайяншуда, ки барои ҳамон мӯҳлат дода шудааст, пешниҳод гардад(қ.2 м.403 КГ ҶT).

Ҳангоми гирифтани талабномаи бенефитсиар кафил вазифадор аст фавран аз ин принсипалро огоҳ намояд ва ба ӯ нусхаи талабномаро бо ҳамаи асноди марбут ба он диҳад.

Кафил бояд талабномаи бенефитсиарро бо ҳама асноди замимагардида дар мӯҳлати мувофиқ баррасӣ намуда, барои муайян кардани он, ки ин талабнома ва асноди замимашуда ба шартҳои кафолат мутобиқанд, ғамхории оқилона зоҳир намояд.

Мутобиқи моддаи 405 Кодекси гражданӣ агар талабномаи бенефитсиар ё асноди ба он замимашуда ба шартҳои кафолат мутобиқ набошанд ё ба кафил пас аз хотимаи мӯҳлати дар кафолат муайяншуда пешниҳод гардида бошанд, кафил қонеъ намудани талабномаи бенефитсиарро рад мекунад.

Кафил бояд бенефитсиарро аз қонеъ накардани ин талабнома фавран огоҳ созад.

Агар то қонеъ намудани талабномаи бенефитсиар ба кафил маълум гардида бошад, ки ӯҳдадории асосии бо кафолат таъминшуда пурра ё як қисми дахлдори он иҷро шудааст, аз рӯи дигар асосҳо қатъ ёфтааст ё худ беэътибор мебошад, бояд аз ин бенефитсиар ва принсипалро фавран огоҳ созад.

Агар баъди чунин огоҳсозӣ кафил талабномаи такрории бенефитсиарро гирифта бошад, бояд онро қонеъ гардонад.

Ӯҳдадории пешбининамудаи кафил дар назди бенефитсиар бо пардохти маблағе, ки ба он кафолат дода шудааст, мутобиқи қисми 1 моддаи 406 Кодекси граждании Ҷумҳурии Tоҷикистон маҳдуд карда мешавад.

Мутобиқи қисми дуюми моддаи зикргадида бошад, масъулияти кафил дар назди бенефитсиар барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадории бо кафолат таъминшуда аз ҷониби кафил, агар дар кафолат тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бо маблағи кафолат додашуда маҳдуд карда намешавад.

6.3. Гарав

Мувофиқи моддаи 359 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳум ва асосҳои ба миён омадани гарав чунин шарҳ дода шудаанд:

1. Вобаста ба гарав кредитор мутобиқи ӯҳдадории бо гарав таъмингардида (дорандаи гарав) дар ҳолати иҷро нашудани ин ӯҳдадорӣ аз ҷониби қарздор барои аз арзиши молу мулки ба гарав гузошташудаи шахсе, ки ин молу мулк ба ӯ марбут аст, (гаравдеҳ) ҷиҳати қонеъ намудани талаботаш нисбат ба дигар кредиторон ҳуқуқӣ афзалиятнок дорад, ба ғайр аз ҳолатҳои дар қонун муқарраркардашуда.

Дорандаи гарав ҳуқуқ дорад дар ҳамон асос талаботашро аз товони суғурта барои гум ё вайрон кардани молу мулки ба гарав гузошташуда қонеъ намояд, сарфи назар аз он ки аз кадом шахс ва ба манфиати ки он суғурта шудааст, ба шарте, ки молу мулк бо сабабҳое гум ё вайрон шуда, ки дорандаи гарав барояш ҷавобгар нест.

2. Ба гарав гузоштани ҳуқуқӣ истифодабарии қитъаи замин, корхона, бино, иншоот, манзил (квартира) ва дигар амволи ғайриманқул (ипотека) бо қонуни ипотека танзим карда мешавад. Қоидаҳои умуми оид ба гарав, ки дар Кодекси гражданӣ зикр шудаанд, дар ҳолате татбиқ карда мешаванд, ки дар Кодекси зикргардида ё қонун дар бораи ипотека ва инчунин ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин қоидаҳои дигаре муқаррар нагардида бошанд.

3. Гарав дар асоси шартнома ба миён меояд. Гарав инчунин дар асоси қонун, ҳангоми фаро расидани ҳолатҳои муайяннамудаи он ба миён меояд, ба шарте ки кадом амвол ва барои таъмини иҷрои кадом ӯҳдадорӣ ба гарав монда шудани он пешбинӣ шуда бошад.

Қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси гражданӣ оид ба гарав, ки дар асоси шартнома ба миён меоянд, мувофиқан нисбат ба гараве татбиқ мегардад, ки дар асоси қонун ба миён омадааст, ба шарте ки дар қонун тартиби дигаре муайян нашуда бошад.

Мувофиқи моддаи 360 Кодекси гражданӣ предмети гарав ҳама гуна молу мулк, аз ҷумла мол ва ҳуқуқи молумулкӣ (талабот), ба истиснои амволе, ки аз муомилот барварда шудаанд (қ. 2 м. 141 КГ ҶТ) талаботе, ки бо шахсияти кредитор сахт алоқаманд аст, аз ҷумла талабот оид ба алимент, товони зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст ва дигар ҳуқуқҳое буда метавонад, ки гузашт кардани онҳо ба дигар ашхос тибқи асноди қонуни манъ шудааст.

– ҳуқуқи гаравро бо шартнома ба молу мулке, ки минбаъд ба моликияти гаравдеҳ ё хоҷагидории ӯ ворид мешавад, низ татбиқ кардан мумкин аст.

– Гарави навъҳои алоҳидаи молу мулк, аз ҷумла молу мулки шаҳрвандоне, ки аз ҳисоби он ситонидан иҷозат дода намешавад, тибқи асноди қонунӣ манъ ё маҳдуд карда шуданашон мумкин аст.

– Гарави коғазҳои қиматноки ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, аз ҷумла бонкҳо, дигар субъектҳои хоҷагӣ бо назардошти асноди қонунӣ оид ба коғазҳои қиматнок дода мешавад.

Агар дар шартнома ё асноди қонунӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, гарав талаботро танҳо дар ҳаҷме таъмин мекунад, ки он дар лаҳзаи воқеан қонеъ намудани он мавҷуд аст, аз ҷумла фоизҳо, ҷуброни зиёне, ки аз гузаронидани мӯҳлат расидааст, ноустуворона, каффорона (ҷарима, пеня), хароҷоти зарурӣ барои нигаҳдошти молу мулки ба гарав гузошташуда, инчунин товони зиёне, ки ситонида мешавад.

Гарав нисбати талаботе, ки метавонад дар оянда пеш ояд муқаррар шуданаш мумкин аст, ба шарте, ки тарафҳо оид ба андозаи бо гарав таъмин намудани чунин ӯҳдадорӣ ба мувофиқа расанд (м.361 КГ ҶТ).

Кодекси граждании Тоҷикистон навъҳои зерини гаравро муқаррар намудааст:

1. Ипотека – навъи гаравест, ки молу мулки ба гарав гузошташуда дар тасарруф ва истифодаи гаравдеҳ ё шахси сеюм боқи мемонад.

Предмети ипотека корхонаҳо, иморатҳо, бино, иншоот, манзил (квартира) – ҳои дар биноҳои бисёрҳуҷрагӣ, воситаҳои нақлиёт, объектҳои кайҳонӣ ва дигар молу мулкие, ки аз муомилоти гражданӣ гирифта нашудааст, буда метавонанд.

Самараи ҷудошаванда танҳо дар ҳолатҳое предмети ипотека буда метавонад, ки он аз лаҳзаи ҷудо намудан объекти ҳуқуқии шахси сеюм нагардад. Ипотекаи корхона, иморат, бино, иншоот, манзил (квартира)-ҳо дар бинои бисёрҳуҷра, воситаҳои нақлиёт ва объектҳои кайҳонӣ бояд дар мақомоти дахлдор, объектҳо ба қайд гирифта шаванд.

2. Гарави додашуда (заклад) – навъи гараве мебошад, ки молу мулки ба гарав гузошташуда аз ҷониби гаравдеҳ ба тасарруфи гаравгир дода мешавад.

Бо розигии гаравгир предмети гарав метавонад дар ихтиёри гаравдеҳ таҳти қулф ва мӯҳри гаравгир вогузошта шавад. Предмети гаравро дар ихтиёри гаравдеҳ бо сабти аломате, ки таҳти гарав будани онро тасдиқ мекунад (гарави устувор) вогузоштан мумкин аст.

3. Ҳангоми гарави ҳуқуқ предмети гарав ҳуқуқи молумулкие мебошад, ки метавонад аз тасарруф бароварда шавад, аз ҷумла ҳуқуқи иҷораи корхона, иморат, бино, иншоот, ҳуқуқи саҳм дар молумулки ширкати хоҷагидорӣ, талаби қарзӣ, ҳуқуқҳои молу мулкии муаллифӣ, ихтироъкорӣ ва дигар ҳуқуқҳои амволӣ.

Гарави ҳуқуқ ба қитъаи замин, инчунин ҳуқуқ ба дигар захираҳои табиӣ дар доира ва тибқи шартҳое, ки қонуни доир ба замин ва дигар захираҳои табиӣ муқаррар намудаанд, иҷозат дода мешавад.

Ҳуқуқи бамӯҳлат танҳо то лаҳзаи гузаштани мӯҳлати амали он предмети гарав буда метавонад.

Қарздори гарав бояд аз гарав огоҳ карда шавад. Агар ҳуқуқи ба гарав гузошташуда бо ҳуҷҷат тасдиқ карда шавад, шартномаи гарав мумкин аст бо додани ҳуҷҷати муқарраркунандаи ҳуқуқ ба расмият дароварда шавад.

4. Ҳангоми ба гарав гузоштани ҳуқуқи молу мулке, ки бо коғази қиматнок тасдиқ карда шудааст, он ба гаравгир супурда мешавад ё агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба депозити бонк ё идораи нотариалӣ гузаронида мешавад.

Мутобиқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1. Гаравдеҳ метавонад ҳам худи қарздор ва ҳам шахси сеюм бошад.

2. Гаравдеҳи ашё молики он ё шахсе буда метавонад, ки ҳуқуқи хоҷагидории ашёро дорад.

Шахсе, ки ашё тибқи ҳуқуқи хоҷагидорӣ ба ӯ тааллуқ дорад, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 312 Кодекси гражданӣ ҳақ дорад онро бидуни розигии молик ба гарав гузорад.

3. Ба гаравдеҳи ҳуқуқ шахсе буда метавонад, ки ҳуқуқи ба гарав гузоранда ба ӯ тааллуқ дорад.

Ба гарав гузоштани ҳуқуқи иҷора ё дигар ҳуқуқ ба молу мулки бегона бидуни иҷозати молики он ё шахсе, ки ҳуқуқи хоҷагидориро дорад, роҳ дода намешавад, агар дар қонун ё шартнома бегона кардани ин ҳуқуқ бе розигии ин ашхос манъ карда шуда бошад.

Мутобиқи Кодекси гражданӣ, ки муносибати гаравро танзим менамояд, ҳам шаҳрвандон ва ҳам ашхоси ҳуқуқ гаравгир буда метавонанд (моддаи 365 КГ ҶТ).

Дар шартномаи гарав бояд предмети гарав, моҳият, андоза ва мӯҳлати иҷpои ӯҳдадорӣ, ки бо гарав таъмин шудааст, баён гардад. Дар он инчунин бояд ифода гардад, ки молу мулки ба гарав гузошташуда дар назди кадоме аз тарафҳо қарор дорад.

Шартномаи гарав бояд дар шакли хаттӣ баста шавад.

Шартнома оид ба ипотека, инчунин шартнома дар бораи гарави молу мулки манқул ё ҳуқуқ ба молу мулк ҷиҳати таъмини ӯҳдадорӣ аз рӯи шартнома, ки дар идораи нотариалӣ тасдиқ шуданаш зарур аст, бояд аз ҷониби идораи нотариалӣ тасдиқ карда шавад.

Шартномаи ипотека бояд мутобиқи тартиби ба қайд гирифтани аҳдҳои барои молу мулки дахлдор муқарраргардида ба қайд гирифта шавад.

Риоя накардани қоидаҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 368 Кодекси гражданӣ зикршуда шартномаи гаравро беэътибор мегардонад.

Гаравдеҳ ё гаравгир вобаста ба он ки амволи гарав дар дасти кадоми аз онҳо қарор дорад (м. 367 КГ ҶТ), агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, вазифадор аст:

а) молумулки гаравро аз ҳисоби гаравдеҳ бо арзиши пуррааш аз хавфи гум шудан ё осеб дидан суғурта намояд ва агар арзиши пурраи амвол аз андозаи талаботи бо гарав таъмингардида зиёд шавад, ба маблағи на камтар аз андозаи талаб суғурта кунад;

б) барои эҳтиёт кардани молумулк ки ба гарав гузоштаашро, аз ҷумла барои ҳимояи он аз суиқасд ва талабҳои ҷониби ашхоси сеюм тадбирҳои зарурӣ андешад;

в) тарафи дигарро дар мавриди пеш омадани хавфи гумшавӣ ё осеб дидани молу мулки ба гарав гузошташуда фавран огоҳ созад.

Гаравгир ва гаравдеҳ ҳақ доранд тибқи ҳуҷҷат ва воқеан мавҷуд будани молу мулк, миқдор, вазъ ва шароити нигаҳдошти молу мулки ба гарав гузоштаашро, ки дар ихтиёри тарафи дигар аст, тафтиш кунанд.

Ҳангоми аз ҷониби гаравгир дағалона вайрон кардани ӯҳдадориҳое, ки дар қисми 1 моддаи 372 Кодекси гражданӣ зикр ёфтаанд ва ин хавфи гум шудан ё осеб дидани молу мулки ба гарав гузошташударо дорад, гаравдеҳ метавонад қатъи пеш аз мӯҳлати гаравро талаб намояд. (м. 372 КГ ҶT).

Дар моддаи 373 Кодекси гражданӣ оқибатҳои гум кардан ё осеб дидани молу мулки ба гарав гузошташуда ба таври зайл пешбинӣ шудааст:

1. Гаравдеҳ, агар дар шартномаи гарав тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, таваккали ногаҳон нобуд гардидан ё ногаҳон осеб дидани молу мулки ба гарав гузошташударо ба ӯҳда дорад.

2. Агар гаравгир мутобиқи моддаи 432 Кодекси номбурда аз ҷавобгарӣ озод шуданашро исбот карда натавонад, барои пурра ё қисман гум шудан ё осеб дидани молу мулки ҳамчун предмети гарав ба ӯ супоридашуда ҷавобгар мебошад.

Иваз намудани предмети гарав, агар дар шартнома ё қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, мутобиқи муқаррароти моддаи 374 Кодекси гражданӣ бо розигии гаравгир иҷозат дода мешавад.

Агар предмети гарав нобуд шуда ё осеб дида бошад ё ҳуқуқи моликият ба он ё ҳуқуқи пешбурди хоҷагидории он дар асоси пешбининамудаи қонун қатъ гардида бошад, гаравдеҳ ҳақ дорад дар мӯҳлати мусоид предмети гаравро барқарор кунад ё онро бо амволи баробарарзиш иваз намояд, ба шарте ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад(қ. 2 м. 374 КГ ҶТ). Моддаи 375 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои зерини истифода ва идораи предмети гаравро муайян намудааст:

  • Агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ё аз моҳияти гарав барнаояд, гаравдеҳ ҳақ дорад предмети гаравро тибқи таъиноташ истифода барад, аз ҷумла аз самара ва даромади он баҳравар гардад.
  • Агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва аз моҳияти гарав барнаояд, гаравдеҳ танҳо бо розигии гаравгиранда ҳақ дорад предмети гаравро бегона кунад, ба иҷора диҳад ё ба дигар шахс ба истифодаи бемузд супорад ё бо усули дигар ихтиёрдорӣ намояд.

Шартномае, ки ҳуқуқи гаравдиҳандаро барои васият намудани молумулки ба гарав гузошташудааш маҳдуд месозад, тамоман эътибор надорад.

  • Гаравгир ҳақ дорад танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома аз молу мулки ба гарав супурдашуда истифода барад ва мунтазам ба гаравдиҳанда оид ба истифодаи он ҳисобот диҳад. Мутобиқи шартнома гаравдеҳ мумкин аст вазифадор карда шавад, ки самара ва даромад аз молумулки ба гарав гузошташударо ба мақсади иҷрои ӯҳдадории асосӣ ё ба манфиати гаравдеҳ истифода намояд.

Гарав дар ҳолатҳои зайл қатъ мегардад:

а) бо қатъи ӯҳдадории бо гарав таъминшуда;

б) тибқи талаби гаравдеҳ, ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи қ. 3 м. 372 Кодекси гражданӣ;

в) дар сурати нобуд шудани ашёи ба гарав гузошташуда ё қатъи ҳуқуқи ба гарав гузошташуда, агар гаравдеҳ аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи қ. 2 м. 374 Кодекси гражданӣ истифода набурда бошад;

г) ҳангоми дар савдои оммавӣ фурӯхтани молумулки ба гарав гузошташуда, инчунин дар ҳолатҳое, ки фурӯши он имконнопазир гардидааст (қ. 4 м. 379 КГ ҶТ).

2. Қатъи гарав бояд дар феҳрасте сабт гардад, ки дар он шартномаи гарав ба қайд гирифта шуда буд.

3. Ҳангоми қатъи гарав дар натиҷаи иҷро намудани ӯҳдадории бо гарав таъминшуда ё мувофиқи талаби гаравдеҳ (қ. 3 м. 372 КГ ҶТ) гаравгир, ки ашёи ба гарав гузошташуда дар ихтиёраш буд, бояд фавран онро ба гаравдеҳ баргардонад.

Мувофиқи моддаи 376 Кодекси гражданӣ гаравгир, ки молу мулки ба гарав гузошташударо дар ихтиёр дорад ё мебоист дар ихтиёраш қарор дошта бошад, ба талаб карда гирифтани он аз тасарруфи ғайриқонунии шахси бегона, аз ҷумла аз тасарруфи гаравдеҳ (м. 322, 323, 326 КГ ҶТ) ҳуқуқ дорад. Дар ҳолате, ки тибқи шартҳои шартнома ба гаравгир ҳуқуқ дода шудааст аз молумулки ба гарав гузошташудаи дар ихтиёраш қарордошта истифода барад, ӯ метавонад аз ашхоси дигар, аз ҷумла аз гаравдеҳ рафъи ҳама гуна вайрон кардани ҳуқуқҳояшро талаб намояд, ҳарчанд ин қонуншиканиҳо бо маҳрум сохтан аз соҳибияти молу мулки алоқаманд набошанд ҳам (м. 325, 326 КГ ҶТ).

Асоси рӯёнидан аз амволи ба гарав гузошташуда.

  • Рӯёниш аз амволи ба гарав гузошта ҷиҳати қонеъ намудани талаботи гаравгир (кредитор) дар сурати иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ӯҳдадории бо гарав таъминшуда аз тарафи гаравдеҳ вобаста ба ҳолатҳое, ки барои онҳо ӯ ҷавобгар мебошад, рӯёнидан мумкин аст.
  • Агар хатои роҳдодаи қарздор оид ба ӯҳдадории бо гарав таъминшуда хеле ночиз бошад ва андозаи талаби гаравгир дар натиҷаи он ба арзиши молу мулки ба гарав гузошташуда тамоман номутаносиб гардад, талаби аз молу мулки ба гарав гузоштаи ӯ рӯёнидани маблағи ҷарима рад карда шуданаш мумкин аст.

Тартиби рӯёнидани маблағи ҷарима аз молу мулки ба гарав гузошта мувофиқи моддаи 378 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муайян карда шудааст:

1. Талаби гаравгир (кредитор) бо қарори суд аз арзиши молу мулки ғайриманқули ба гарав гузошташуда қонеъ гардонида мешавад.

Қонеъ гардонидани талаби гаравгир оид ба рӯёнидани маблағи ҷарима аз амволи ғайриманқули ба гарав гузошта бидуни муроҷиат ба суд танҳо дар асоси созишномаи аз ҷониби идораи нотариати давлатӣ тасдиқшудаи байни гаравдеҳ ва гаравгиранда, ки баъди ба миён омадани заминаи рӯёнидани маблағи ҷарима аз предмети гарав ба имзо расидааст, иҷозат дода мешавад. ҳамчунин созишнома мутобиқи даъвои шахсе, ки ҳуқуқашро ин созишнома поймол кардааст, аз ҷониби суд беэътибор дониста шуданаш мумкин аст.

2. Агар дар шартномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, талаби гаравгир оид ба рӯёнидани маблағи ҷарима аз молу мулки манқули ба гарав гузошташуда бо қарори суд қонеъ гардонида мешавад. Вале аз предмети гарав, ки ба гаравгир супурда шудааст, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, рӯёнидани маблағи ҷарима аз молу мулк мутобиқи тартиби муайяннамудаи шартнома рӯёнида сурат шуданаш мумкин аст.

3. Рӯёнидани маблағи ҷарима аз молумулки ба гарав гузошта танҳo бо қарори суд ва дар ҳoлатҳои зайл мумкин аст:

а) агар барои бастани шартномаи гарав розигӣ ё иҷозати шахс ё мақоми дигар зарур бошад;

б) агар молу мулки барои ҷамъият дорои аҳамияти пурарзиши таърихӣ, бадеӣ ё дигар арзиши фарҳангӣ предмети гарав бошад;

в) ҳангоми ҳузур надоштани гаравдеҳ ва имконнопазирии муайян намудани ҷои будубоши ӯ.

Фурӯши амволи ба гарав гузошта

1. Амволи ба гарав гузошта, ки мутобиқи моддаи 378 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он маблағи ҷарима ситонида мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои мурофиавӣ, агар дар қонун ё шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар савдои оммавӣ фурухта мешавад.

2. Бо хоҳиши гаравдеҳ суд ҳақ дорад дар қарор оид ба рӯёнидани маблағи ҷарима аз амволи ба гарав гузошта мӯҳлати фурӯши амволро дар савдои оммавӣ то як сол дароз кунад. Дароз кардани мӯҳлат ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо оид ба ӯҳдадории бо гарав таъминшудаи амвол таъсир намерасонад ва қарздорро аз пардохти зиёни дар давраи гузаронидани мӯҳлати расида ва ноустоворона озод намекунад.

3. Арзиши ибтидоии молу мулки ба гарав гузошташуда, ки бо он савдо шурӯъ мешавад, дар ҳолати тибқи тартиби суди муайян кардани рӯёнидани аз амвол бо қарори суд ё дар ҳолатҳои дигар мутобиқи созишномаи байни гаравдеҳ ва гаравгир муқаррар карда мешавад.

Молу мулки ба гарав гузошта ба шахсе фурӯхта мешавад, ки дар савдо нархи баландтарро пешниҳод кардааст.

4. Ҳангоми баргузорнашуда эълон кардани савдо гаравгир ҳақ дорад тибқи созишнома бо гаравдеҳ амволи гаравро ба даст орад ва онро ба ҳисоби маблағи арзиши талаботаш, ки бо гарав таъмин шудааст, дохил кунад. Оид ба чунин созишнома қоидаҳои хариду фурӯш татбиқ мегарданд.

Ҳангоми баргузор нашудани савдои такрорӣ гаравгир ҳақ дорад предмети гаравро дар ихтиёри худ гузошта, арзиши онро аз нархи савдои такрорӣ муайянгардида, то 10 фоиз кам кунад.

Агар гаравгир дар тӯли як моҳи баргузор нашудани савдои такрорӣ аз ҳуқуқи худ дар мавриди таҳти ихтиёраш қарор доштани предмети гарав истифода набарад, шартномаи гарав қатъ мегардад.

5. Агар маблағи аз фурӯши амволи гарав бадастомада барои пӯшонидани талаботи гаравгир нокифоя бошад, ҳангоми дар қонун ё шартнома мавҷуд набудани тартиби дигар, ӯ ҳуқуқ дорад маблағи нокифояро бидуни истифодаи афзалияти бо гарав асосёфта аз амволи дигари гаравдеҳ рӯёнад.

6. Агар маблағи аз фуруши амволи гарав бадастомада аз маблағи барои бо амвол таъмин гардидаи намудани талаботи гаравгир бештар бошад, фарқияти он ба гаравдеҳ баргардонида мешавад.

7. Қарздор ва гаравдеҳ, шахсест, ки ҳуқуқ дорад дар ҳар лаҳзаи то фуруши предмети гарав рӯёниш ва фуруши онро қатъ намуда, ӯхдадории бо гарав таъминшуда ё он қисмеро, ки мӯҳлати иҷрояш гузаштааст, иҷро кунад. Созишномае, ки ин ҳуқуқро маҳдуд месозад беэътибор аст (м.379 КГ ҶТ).

Гаравгир дар ҳолатҳои зайл барои пеш аз мӯҳлат иҷро намудани ӯҳдадории бо гарав таъминшударо талаб намояд, ба шарте, ки:

а) предмети гарав дигар дар ихтиёри гаравдеҳ набошад, ки вай дар дасти ӯ бар хилофи шартҳои шартномаи иҷора;

б) қоидаҳои иваз намудани предмети гаравро риоя накарда бошад (м. 374 КГ ҶT);

в) предмети гарав, бинобар ҳолатҳое, ки барояшон он гаравгир ҷавобгар нест, гум шуда бошад ва агар гаравдеҳ аз ҳуқуқи пешбининамудаи қисми 2 моддаи 374 Кодекси гражданӣ истифода набурда бошад.

Гаравгир ҳақ дорад иҷрои пеш аз мӯҳлати ӯҳдадорихои бо гарав таъминшударо талаб кунад ва агар талаби ӯ қонеъ карда нашавад, дар ҳолатҳои зайл аз предмети гарав истифода барад ва маблағи ҷаримаро рӯёнад:

а) дар ҳолати аз ҷониби гаравдеҳ вайрон кардани қоидаҳои гарави минбаъда (м. 371 КГ ҶT);

б) Ҳангоми аз ҷониби гаравдеҳ иҷро нашудани вазифаҳои пешбининамудаи зербандҳои а) ва б) қ. 1 ва қ. 2 м. 372 Кодекси гражданӣ;

в) дар сурати аз ҷониби гаравдеҳ вайрон кардани қоидаҳои ихтиёрдории молу мулки ба гарав гузошташуда (қисми 2 моддаи 375, моддаи 380 КГ ҶT).

  1. Љураев Б.М. Пул, ќарз ва бонк; Душанбе. «Ирфон». 2006. Сањ. 49.
8 Загрузки
test

Добавить комментарий