Муҳити ҳуқуқии бизнеси инноватсионӣ

  1. Фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун предмети ба танзимдарории ҳуқуқ.
  2. Субъекти соҳибкори инноватсионӣ. 
  3. Ташаккулёбии инфрасохтори инноватсионӣ.

1. Фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун предмети ба танзимдарории ҳуқуқ.

Фаъолияти инноватсионӣ ҳамчун предмети ба танзимдарории ҳуқуқ

асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, шартҳои ташаккулёбӣ ва татбиқи сиёсати давлатии инноватсиониро муайян ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим  менамояд.

  • фаъолияти инноватсионӣ – фаъолияте, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (натиҷаи нав ё такмилдодашудаи  таҳқиқоти илмӣ,  корҳои таҷрибавию конструкторӣ ё дигар дастовардҳои илмию техникӣ) алоқаманд буда, барои расонидани он то бозор дар шакли нав ё такмилдодашудаи маҳсулот,         хизматрасонӣ,    усули истеҳсолот          ё        дигар         натиҷаи самараноки  ҷамъиятӣ равона карда шудааст; 
    • инноватсия – навоварӣ дар соҳаи техника, технология, кор,

хизматрасонӣ ё идоракунӣ буда, ба истифодаи комёбиҳои илм ва технологияи пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад;

  • маҳсулоти инноватсионӣ – натиҷаи фаъолияти инноватсионӣ, ки дар

шакли нави маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо, усули истеҳсолот ё натиҷаи дигари барои ҷамъият  самаранокиаш баланд ё натиҷаи интиқоли маҳсулоту хизматрасониҳои мавҷуда, усулҳои истеҳсолот ва натиҷаҳои дигари фоиданоки ҷамъиятӣ  ифода меёбад; 

  • лоиҳаи инноватсионӣ – натиҷаи нерӯи зеҳнии шахсони воқеӣ ва

ҳуқуқӣ, ки ба  истифодаи ғояҳои нав мусоидат намуда, бо мақсади рушди илм ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир  таҳия мегардад; 

  • иқтидори инноватсионӣ – маҷмӯи шаклҳои гуногуни захираҳои

зеҳнӣ, молиявӣ, истеҳсолию технологӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра, ки барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ заруранд; 

  • сиёсати давлатии инноватсионӣ фаъолияти мақомоти  давлатӣ, ки ба рушд, танзими давлатии фаъолияти инноватсионӣ, таҳияи механизм ва татбиқи он равона карда шудааст;
    • стратегияи рушди инноватсионӣ – маҷмӯи тадбирҳои идоракунии

давлат, ки асоси онро афзалиятҳои дарозмӯҳлат, мақсад ва вазифаҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд; 

  • барномаи мақсадноки инноватсионӣ – маҷмӯи чорабиниҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ,    иқтисодӣ,   ташкилӣ, хоҷагидорӣ, таҳқиқотӣ, илмӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва ғайра, ки барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар мувофиқа бо захираҳо, иҷрокунандаҳо ва мӯҳлатҳои амалигардонии онҳо, ки ҳадафашон иҷрои самараноки масъалаҳои азхудкунӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои инноватсионӣ мебошад, равона шудаанд; 
    • ташкилотҳои       инфрасохтори    инноватсионӣ     – технопаркҳо,

технополисҳо, инкубаторҳои технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, фондҳои венчурӣ, фондҳои инноватсионӣ ва дигар ташкилотҳо, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун инфрасохтори инноватсионӣ эътироф гардидаанд; 

  • фонди инноватсионӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди фаъолияти инноватсионӣ тавассути  маблағгузории лоиҳаҳои инноватсионӣ ва инфрасохторӣ, инчунин дигар хизматрасониҳо дар соҳаи инноватсия мебошад; 
    • фонди венчурӣ – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти он ба андӯхтани воситаҳои молиявӣ     барои         сармоягузории   лоиҳаҳои инноватсионии таваккали  баланддошта ва технологияи аълосифати аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок равона гардидааст.

                        Қонунгузории Ҷумҳурии       Тоҷикистон     дар     соҳаи      фаъолияти

инноватсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Ба субъектҳои фаъолияти инноватсионӣ  дохил мешаванд: 

  • шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти инноватсиониро амалӣ менамоянд;  – соҳибмулкони объектҳои моликияти зеҳние, ки дар татбиқи фаъолияти инноватсионӣ иштирок менамоянд; 
    • сармоягузороне, ки фаъолияти инноватсиониро сармоягузорӣ менамоянд; 
    • ташкилотҳои инфрасохтори инноватсионӣ; 
    • мақомоти давлатӣ, ки дар ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти инноватсионӣ иштирок мекунанд. 

Ба объектҳои  фаъолияти инноватсионӣ  дохил мешаванд: 

  • маҳсулоти инноватсионӣ; 
    • дастовардҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки дорои иттилооти нав ва самарабахши техникӣ мебошанд; 
    • объектҳои ҳуқуқи истисноие, ки бо офаридани маҳсулоти инноватсионӣ алоқаманд мебошанд; 
    • лоиҳаҳои инноватсионӣ ва сармоягузорӣ, барномаҳо, кору хизматрасонӣ, ки бо офаридан, истифода ва паҳн намудани  маҳсулоти инноватсионӣ алоқаманд мебошанд; 
    • дороиҳои молиявӣ ва коғазҳои қиматноки ташкилотҳои инноватсионӣ. 

Ба фаъолияти инноватсионӣ   дохил мешаванд: 

  • ҷорӣ намудани ғояҳо ва дастовардҳои нави илмӣ дар сохтори идоракунии давлатӣ; 
    • иҷро ва хизматрасонии корҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳавӣ, кашшофӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ, ки барои ба даст овардани маҳсулоти нав ё такмилдодашуда, усули нав ё такмилдодашудаи кору хизматрасониҳо, ҷараёни технологии нав ё такмилдодашудае, ки дар гардиши иқтисодӣ татбиқ мегарданд, равона шудаанд; 
    • ташкили бозори фурӯши маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и   инноватсионӣ;  
    • азнавҷиҳозонии технологӣ ва омодасозии истеҳсолот; 
    • гузаронидани озмоишҳо бо мақсади сертификатсиякунонӣ ва стандартонии ҷараёнҳои нави технологӣ, маҳсулот (кору хизматрасониҳо); 
    • истеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасониҳо)-и  нав ё такмилдодашуда ва ё мавриди истифода қарор додани технологияи нав ё такмилдодашуда дар марҳилаи ибтидоӣ то анҷоми мӯҳлати меъёрии талофияти лоиҳаи инноватсионӣ; 
    • ташкил ва рушди инфрасохтори  инноватсионӣ; 
    • тарғиби  натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ ва паҳн намудани инноватсия;  – ҳифз кардан, вогузоштан ва ба даст овардани ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ (аз ҷумла ба дастовардҳои илмӣ, илмии техникӣ ва технологие, ки пурра ошкор нагардидаанд) бо мақсади азхудкунӣ ва татбиқи онҳо; 
    • дигар намудҳои фаъолият, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Ҳудуди фаъолияти инноватсионӣ дармарҳилаи ҳозира бо тадриҷ дар

соҳаи соҳибкорӣ фаъолона ташаккул ёфта, паҳн мегардад, ҳамчунин ба тариқи сохтори соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолоташ васеъ истифода мегардад, ин ҳолатро дар соҳибкории хурд низ дида мешавад. Ба фаъолияти инноватсионӣ метавон як қатор корҳои илмӣ-техникӣ ва воситагиро дохил намуд, ки он дар хоҷагии халқ ҳамаррӯза амалӣ мегардад:

  • ташкилот ҷойгир кардан муайян кардани тираж ихтироъ кардан, «ноу-хау», тайёр кардани корҳои илмӣ-техникӣ, ҳамчунин сохтани намунаҳои таҷрибавӣ, гузаронидани санҷишҳо, тайёр кардан ва супурдани технологияҳо ва ҳуҷҷатҳои илмӣ-техникӣ, тайёр кардани истеҳсолот, гузаронидани тадқиқотҳои патентӣ, корҳои дизайнерӣ;
    • ҳалли масъалаҳои ташкилии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва роҳбарӣ, ки бо истеҳсолоти баланд вобаста аст, тарзи сарфакорона истифодаи захираҳои энергетики ва маҳсулот, беҳтар кунонидани таъминнокии аҳоли бо молу маҳсулот ва хизматрасони ва бо баланд бардоштани бехатарии экологӣ;
    • тайёр кардан ва баланд бардоштани сатҳи дараҷаи ихтисоси кадрҳо дар соҳаҳои фаъолияти зеҳнӣ, технологияҳои нав, сохторҳои бозорӣ;

-бурдани кор дар соҳаҳои инкишофи технологияҳои маълумотдиҳӣ ва маҳсулот;

-бурдани муносибатҳои байналмилалии илми-техники;

-тарѓибот оид ба муваффақияти илм ва техника;

                      Дар    маҷмӯъ    ҳамаи    ин    самтҳои    қайдгардида    бо     фаъолияти

инноватсиони вобастагии зич дорад. Лекин дар баробари ин дар мавриди амиқ бо ҳамаи онҳо шинос шудан бояд ба як ҳолат диқати махсус дод, ки аз ҳар яки он бояд самти фаъолияти инноватсионӣ ҷудо карда шавад, ки маҳз ҳамин дарки фаъолияти инноватсиони аз соҳаҳои илми – тадқиқоти ва корҳои таҷрибавиконструктори куллан фарқ карда мешавад, зеро танҳо илми ҳуқуқи бизнеси инноватсиони баёнгари равиши истифодабарии навовариҳо буда,  бо мақсади ба даст овардани фоида яке аз амалҳои муҳими ҳар як субъекти соҳибкори ба ҳисоб меравад. Ба сифати маҳсулоти инноватсионии мазкур метавонад ихтироотҳои нав баромад кунад ба монанди мол, технологияҳо, механизмҳои идоракунӣ, ки маҳсули фаъолияти инноватсионӣ мебошад. Аз ҳамаи ин ҳолатҳо бар меояд, ки фаъолияти инноватсионӣ ин фаъолияти эҷоди буда, бо роҳҳои гуногун дар бозор ба амал меояд.

МУҲИТИ ҲУҚУҚИИ БИЗНЕСИ ИННОВАТСИОНӢ

4. Субъекти соҳибкори инноватсионӣ

Ба субъектҳои соҳибкори инноватсионӣ соҳибкорони инфиродӣ ва ҳама гуна ташкилот сарфи назар аз шакли моликият дохил мешаванд, ки фаъолияти инноватсиониро амалӣ менамоянд. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ инкишофи соҳибкории инноватсионӣ аз талаботу эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон ба инноватсия, мавҷудияти имкониятҳои ташаккулёфтаи илмӣ-техникии иқтисодиёти миллӣ, амали фирмаҳои венчурӣ ва сармоягузороне, ки фаъолияти инноватсионии таваккалнокро маблаѓгузорӣ менамоянд, вобастагии зич дорад.

Аввалин корхона ва ташкилотҳои инноватсионӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар чунин шаклҳои ба монанди марказҳои эҷодиёти илмӣтехникии ҷавонон, иттиҳодияи ихтироъкорон, ҷамъиятҳои илмӣ-техникӣ ва кооперативҳои илми-техникӣ мавҷуд буданд. Ин корхонаю ташкилотҳо заминаи моддӣ-техникӣ, захираи илмӣ ва кадрии институтҳои давлатии илмӣ-тадқиқотиро истифода мебурданд. Дар натиҷаи бад шудани вазъияти иқтисодӣ ва паст шудани талаботи инноватсиони аксарияти корхонаю ташкилотҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машѓул буданд, фаъолияти худро қатъ намуданд ё самти фаъолияти худашонро таѓйир доданд.

Функсияи асосӣ ва муҳимтарини корхонаҳои инноватсионӣ ин амалӣ намудани фаъолияти миёнаравӣ дар байни соҳаҳои илмӣ-техникӣ ва истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Корхонаҳои инноватсионӣ ба ѓайр аз бурда расонидани  маҳсулот ва натиҷаи фаъолияти илми-техникӣ то ҳолате, ки имконият медиҳад, он барои соҳаи истеҳсолот истифода бурда шавад, инчунин ба ҷустуҷӯи ҳамкори тиҷоратие, ки қобилияти татбиқи маҳсулоти инноватсиониро барои истеҳсолоти оммавӣ дорад, машѓул мешуданд. Корхонаи инноватсионӣ ҳамчун субъектҳои хоҷагидории мустақил ҷудо карда мешаванд, агар кору фаъолияти онҳо имконият диҳад, хароҷотҳо ихтисор карда шаванд, ки институтҳои илмӣ-техникӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ ноилоҷ ба зимма дошта, бо офаридани маҳсулоти инноватсионӣ ва ё бурда расонидани навовариҳои илмӣ-техникӣ то имконияти истифодабарии тиҷоратии онҳо алоқаманд мебошад.

Соҳибкории инноватсионӣ намуди бисёрҷабҳаи фаъолияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ба сифати соҳибкор шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие баромад менамоянд, ки намудҳои зерини фаъолияти ташаббускоронаи бо давраи такрористеҳсолкунии маҳсулоти инноватсионӣ алоқамандбударо, амалӣ мегардонанд:

  • офаридани маҳсулоти инноватсионӣ (махсусан соҳибкории инноватсионӣ);
  • иҷрои функсияҳои миёнаравӣ (расонидани хизматрасоние, ки бо пешниҳоди маҳсулоти инноватсионӣ ва интиқоли он аз истеҳсолкунандаи бевосита ба истеъмолкунанда алоқманд мебошад);
  • амалӣ намудани функсияҳо дар соҳаи молиявӣ барои таъмини фаъолияти инноватсионӣ. 

Намудҳои мазкури фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи иноватсия нисбатан мустақил буда, дар баробари ин, якдигарро пурра менамоянд, гарчанде ки мумкин аст, аз рӯи шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ, аз рӯи мазмуни амалиётҳо ва тарзҳои амалигардонии онҳо аз якдигар фарқ намоянд. Интихоби шакли корхонаи иноватсионӣ аз соҳаи фаъолият, мавҷудияти маблаѓҳои пулӣ, ҳайати муассисон ва дигар шартҳои пешбурди соҳибкории иноватсионӣ вобастагӣ дорад.

 Ба ѓайр аз таснифҳои гуногун, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои хурд, миёна ва калони корхонаи иноватсионӣ фарқ карда мешаванд. Соҳибкории хурд дар соҳаи иноватсия аз рӯи шакл хеле паҳншудатарин ва инкишофёфта ба ҳисоб меравад. Асоси соҳибкории инноватсиониро, хусусан фирмаҳои хурди инноватсионӣ, ки лидери технологӣ дар соҳаҳои навтавлидёфтаи иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, сегментҳои нави бозорро кушода, истеҳсолоти навро ба вуҷуд меорад ва боиси рақобатпазир гардидани истеҳсолот гашта, ҳамзамон ба ташаккули тарзи нави технологӣ мусоидат менамояд.

Ба ҷиҳатҳои мусбати корхонаҳои хурди инноватсионӣ инҳо мансубанд:

  • қабули фаврии қарорҳои идоракунӣ, ки имконият медиҳад,  давомнокии даври инноватсионӣ ихтисор карда шавад;
  • дараҷаи пасти хароҷотҳои борхатҳо, ба шарофати  алоқаи бевосита ва ҳайати кормандон бо онҳо;
  • мавҷуд набудани расмиётҳои бюрократӣ дар ташкил дар намуди низоми идоракунии сатҳии корхона;

Ба муассисони  корхонаҳои хурди инноватсионӣ ҳавасмандкунонии баланди фаъолияти соҳибкорӣ, сарфи назар аз ҷавобгарии фардӣ барои муваффиқияти он  дар  шароити  таваккали  тиҷоратӣ,  хос  мебошад. 

Ба ҳавасмандгардонии соҳибкории  инноватсионӣ  метавон мансуб донист:

  • имконияти амалӣ намудани лоиҳаҳои эҷодии шахсӣ;
  • дараҷаи баланди мустақилият ва озодӣ дар қабули қарорҳо;
  • тасдиқкунии  эътибори баланди корӣ ва эътирофи эҷодии муваффиқият дар соҳаи инноватсия ва ѓайраҳо.

Фаъолияти инноватсионӣ ин имконияти ягона барои соҳибкоре, ки дорои фирмаи  на он қадар калон буда, мавқеи худро баланд бардорад ва ташкилоти бузургтарро таъсис диҳад. Аз сабаби маҳдуд будани тамоми намуди захираҳо соҳибкории хурд дар коркард ва истифодабарии суръатноки технологияҳои нав, истеҳсолоти маҳсулоти нав, бурда расонидани навоварӣ (инноватсия) то давраи намунаи саноатӣ манфиатдор мебошад, ки дар асоси шартҳои имтиёзноки тиҷоратӣ барои истифодабарӣ ба корхонаю ташкилотҳои бузурги тиҷоратӣ супорида мешаванд.

Аксарияти мутахассисон соҳибкории инноватсиониро бо қобилияти пешбурди инноватсия тавассути соҳибкории таваккалнок алоқаманд менамоянд. Ба субъектони асосии соҳибкории инноватсионӣ бошад, фирмаҳои тавакалноки хурд, ки қобилияти амалӣ гардонидани навовариҳои ҷалбноки тиҷоратиро доранд ва дар ин асос фоида ба даст меоранд, дохил мешаванд. Аммо дар баробари шаклҳои хурди соҳибкории инноватсионӣ (ба сифати намояндагони маъмули шакли мазкур корхонаҳои венчурӣ мансубанд, ки барои санҷиш (апробатсия), коркард ва бурда расонидан то амалишавии саноатии навоварии таваккалнок таъсис дода мешаванд), инчунин шаклҳои ташкилии миёна ва калони соҳибкории инноватсионӣ амал менамоянд. 

Шаклҳои хурд ва миёнаи корхонаҳои саноатӣ метавонанд дар шакли ташкилотҳои зерин мавҷуд бошанд:

  • марказҳои корӣ (бизнес-инкубатор), ба тараққиёти соҳибкории якҷоя ва таъмини идоракунӣ, инчунин хизматрасонии корхонаҳои хурд мусоидат менамояд;
  • фирмаҳои ҷорикунанда, ки ба ҷорикунӣ, патенткунонӣ, иҷозатномагирӣ, воридкунии навовариҳо ва объектҳои фаъолияти инноватсионӣ ба бозори илмӣ-техникӣ, бурда расонидани ихтироот барои истифодабарии тиҷоратӣ ва фурӯши он тибқи шартномаи литсензионӣ машѓуланд. 

Дар тафовут аз шаклҳои дар боло номбаршудаи соҳибкории инноватсионӣ, фирмаҳои венчурӣ (таваккалнок) сохторҳои муваққатӣ ба ҳисоб рафта, барои ба даст овардани  маҳсулоти инноватсионии мушаххаси ниҳоӣ ташкил карда мешаванд. Корхонаҳои хурди инноватсионӣ дар муқоиса бо субъектҳои калони монанд имкониятҳои баланд барои ба даст овардани фоидаи соҳибкориро доранд:

  • истифодабарии стратегияе, ки ба доираи хурди бозорҳо равона карда шудааст;
  • мавҷуд набудани рақобати қатъӣ ва монеаҳои мурракаб дар бозор; – камхарҷ будани истеҳсолот ва пешниҳоди он ба бозор; – имконияти робитаҳои бевосита бо истеъмолкунанда.

Асоси  ҳуқуқи фаъолияти  соҳибкории хурд ва миёнаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил  медиҳад.

test

Добавить комментарий