Сохти ташкилии корхонаи инноватсионӣ

Сохти ташкилии корхонаи инноватсионии дохилиширкатӣ маҷмӯи шӯъбаҳо ва хадамотҳое, ки бо коркард ва татбиқи қарорҳои идора дар соҳаи инноватсия машғуланд, муаррифӣ менамояд. Тарҳрезии сохти ташкилии ташкилоти инноватсионӣ мутобиқи сатҳи «ташкилот – муҳити берунӣ», «зерқисм – зерқисм», «корманд – ташкилот» бояд аз назар гузаронида шавад.

Дар сатҳи «ташкилот – муҳити берунӣ» татбиқи муносибати табиӣ (аслӣ) тавсия карда мешавад. Он чунин муносибатҳоро дар назар дорад: – истифодаи қонунҳои зоҳирӣ ва тартиби камтаъсир ва мӯътадил;

  • камтаъсирии марказият ва афзудани сатҳи иштироки ҳайати кормандон дар қабули қарорҳо/ваколат;
  • салоҳият ва масъулиятро васеъ ба роҳ мондан;
  • теъдоди ками дараҷаҳои мансабу мартаба;
  • истифодаи ӯҳдабароёнаи усулҳои хеле зиёди идора.

Шарти татбиқи бомуваффақияти муносибати табиӣ дараҷаи баланди ҳавасмандкунии кормандон ва мақоми начандон калони назорати зоҳирӣ мебошад.

Дар дараҷаи «зерқисмат – зерқисмат» барои менеҷменти анъанавӣ сохти қолабӣ ва дивизионалӣ истифода бурда мешавад.

Сохти дивизионалӣ дар корхонаҳои калон мунтазам истифода бурда мешавад: а) дар шароити истеҳсолоти гуногуншакл (маҳсулот), б) дар натиҷаи татбиқи баробари якчанд лоиҳаҳои инноватсионӣ. Сохти усули ташкили қолабӣ ба менеҷменти барномавӣ (асос ёфтааст), гурӯҳҳои доимии комплексӣ ва гурӯҳҳои эҷодии мақсадноки муваққатӣ асос ёфтаанд. Маҳдудияти асосии сохти қолабӣ имконияти нобаробарии байни ду нақшаи зоҳирии сохти ташкилӣ; яъне функсионалӣ – хаттӣ ва мақсаднокӣ-барномавӣ мебошад.

Дар сатҳи «корманд – муассиса» асосии ташкили ҳамкории мутақобила қонуни озод, кушод ва ихтиёрии иттиҳоди одамон ба ҳисоб меравад. Муносибати байни кормандон дар мувофиқати рақобат ва ҳамкорӣ бунёд меёбад. Асоси ташкилии он ивазшавии дараҷаи мансаби мартаба шарти мувофиқати манфиати ҳама кормандон дар чаҳорчӯбаи сохти ташкилии эдхократӣ (аз калимаи англисӣ adhocracy – махсус, барои ҳамин тартиб дода шуда), ки дар он худи иштирокмандон воситаҳои татбиқи мақсадхоро интихоб мекунад ва қабули қарорҳо ба фикру мулоҳизаи коршинос (эксперт) асос ёфтааст.

Сохтори доимии дохилиширкатии бизнеси инноватсионӣ метавонад ҳамчун ташкилоти бисёрчена ташаккул ёбад. Инҳо чунин сохтори ташкилие мебошад, ки гурӯҳҳои кории мухтор ё коллективи эҷодии мақсаднокро ташкил дода, корҳоро бо мутамарказонӣ ба захираҳои истифодабарии мувофиқ ва ба даст даровардани натиҷаҳои кор дар бозор ва муштариро муттаҳид менамояд. Бо вуҷуди он ки сохтори ташкилии бисёрчена барои гирифтани даромад равона шуда, ба сифати мақсади асосии стратегии онҳо худташаккулёбӣ ва умуман рушди корхона баромад мекунад.

Ҷадвали 5.6.

Сохти ташкилии бисёрченаи ташкилотҳои инноватсионӣ

Вазифаҳои асосӣ Ҳамкорӣ бо менеҷменти корхона Афзалиятҳо
1.Таъмини фаъолияти истеҳсолот бо захираҳои зарурӣ.

2.Истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ барои бозори мушаххас ё муштарӣ.

3.Ба муштарии мушаххас хизмат намудан, ба бозори мушаххас дохил

1.Вазъияти маркази даромадро пайдо кардан. 2.Дар ҳолатҳои алоҳида ҳамчун ташкилотҳои мустақил баромад намудан. 3.Дар ҳар ду ҳолат бо андози дохилиширкатӣ андозбандӣ карда мешаванд.

4.Менеҷменти корхона

1.Ҳангоми гузариш ба лоиҳаи нав азнавташкилкунии сохтор зарур нест, танҳо захираҳо аз нав тақсим карда мешаванд.

2. Воҳидҳои сохториро ташкил кардан, тағйир ё барҳам додан, бе дигаргуниҳои ҷиддӣ барои

шудан дар

мушаххас гузаронидан.

ҳудуди амалиёт воситаҳоро дар сохтори ташкилии бисёрчена сармоягузорӣ мекунад.

5.Буҷети воҳидҳои сохториро худи воҳидҳои сохторӣ таҳия менамоянд. 6.Умуман муносибат бо менеҷменти ташкилот аз муносибат бо муштариёни беруна ҳеҷ тафовуте надорад.

воҳидҳои сохтории дигар мумкин аст.

  1. Ҳангоми нигоҳдории нақши рӯзмарраи менеҷмент шароити мувофиқ барои вориди салоҳиятҳо ба вуҷуд меояд.
  2. Ҳамчун ченаки бевоситаи самараноки зерқисмат даромад баромад мекунад, ки он сохтакориро дар кор аз байн мебардорад, аз ҷумла дар соҳаи менеҷмент.

Ба ҳайси асоси ташкилии фаъолияти инноватсионӣ метавонанд сохтори ташкилии партисипативӣ баромад кунанд, ки ба ҳуқуқи иштироки ҳама кормандон дар раванди идоракунӣ асос ёфтаанд.

Корхонаи инноватсионӣ инчунин метавонад ҳамчун сохтори барномавӣ-раҳнамо ташаккул ёбад. Сохтори мазкур ҳамчун марҳилаи аввали доираи зисти инноватсия шинохта шудааст (аз коркарди навоварӣ то ба бозор ворид кардани он).

Агар корхонаи бузург инноватсияро дар ҳама марҳилаҳои ДҲМ (даври ҳаёти мол) амалӣ намояд, дар он сурат имконияти истифодаи сохтори масъалавӣ – мақсаднок, яъне сохти аз ҳад зиёд мураккаби маҷмӯи молумулкӣ, истеҳсолӣ, молиявӣ, идоракунӣ, иҷтимоӣ, иттилоотӣ ва ҳуқуқии зерқисматро дар бар мегирад.

Расм. 5.4. Сохтори тахминӣ-барномавии ташкилоти инноватсионӣ

Теъдоди қисматҳо, сохтори он ва хусусияти ҳамкории онҳо аз намуди ташкилоти инноватсионӣ, мушкилот, ҳаҷми истеҳсолот ва номенкулатураи маҳсулот, ҳаҷми фурӯш, сатҳи тахассусӣ ва омехтагии истеҳсолот, инчунин аз дигар омилҳо вобаста мебошад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.