Соҳибкор ва ҳуқуқи соҳибкорӣ

§1. Мафҳуми соҳибкор ва фаъолияти соҳибкорӣ.

Барои таҳқиқи амиқи мафҳуми соҳибкорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ зарурати муайян намудани асоси иқтисодиёт ба миён меояд. Ду омил асоси иқтисодиёти муосирро ташкил медиҳад. Омили аввал- талаботи моддии ҷомеа, яъне талаботи фардҳо ва институтҳои ҷомеа, ки чун қоида номаҳдуд ё ин ки қонеънашавандаанд ва омили дуюм-захираҳои иқтисодӣ, яъне воситаҳои зарури барои истеҳсоли мол ва хизмат, ки ҳамеша маҳдуд мебошанд.

Зери мафҳуми захираҳои иқтисодӣ-захираҳои табии инсонӣ ва захираҳои истеҳсолнамудаи инсон фаҳмида мешаванд, ки барои истеҳсол намудани мол ва хизмат зарур мебошанд. Азбаски дар боби дуюм тавсифи ин омилҳо дода шуда буд, бинобар ин диққати асосиро ба қисматҳои таркибии захираҳои инсонӣ, ки бо номи қобилияти соҳибкорӣ ифода мешаванд, медиҳем.

Қобилияти соҳибкорӣ аз захираҳои меҳнатӣ маншаъ мегирад, аз ин рӯ эътироф намудани қобилияти соҳибкории шахсони ҳуқуқӣ ва дигар субъектҳое, ки ба захираҳои меҳнатӣ алоқа надоранд, шартӣ мебошад. Барои муайян намудани мафҳум ва моҳияти истилоҳи соҳибкорӣ якчанд функсияи онро шарҳ додан зарур мебошад.

Яукум, соҳибкор пеш аз ҳама ташаббускор мебошад, ки бо ин роҳ захираҳои табиӣ, аз ҷумла: замин, сармоя ва меҳнатро ба мақсади истеҳсол намудани мол ва хизмат якҷоя менамояд. Дар ин ҷо соҳибкор нақши катализаторро иҷро намуда, дар як вақт қувваи ҳаракатдиҳандаи истеҳсолот ва миёнаравиро иҷро менамояд, ки дар натиҷаи он фоида ба даст оварда мешавад.

Дуюм, соҳибкор вазифаи мураккаберо иҷро менамояд, ки он бо қабул намудани қарорҳо алоқаманд буда, мақсади асосии онҳо муайян намудани самти фаъолияти корхона ва дар ин замина ба зиммаи худ гирифтани оқибатҳои онҳо мебошад.

Сеюм, соҳибкор навовар мебошад, яъне маҳсулоти нав, технологияи нави истеҳсолӣ ё шакли нави ташкили корро дар асосҳои тиҷоратӣ ҷорӣ менамояд.

Чорум, соҳибкор ин шахсест, ки дар асоси таваккал фаъолият мекунад. Соҳибкор на танҳо таҳти хатари таваккали вақт, меҳнат ва шарафи кории худ, балки таҳти таваккали маблағҳои гузошташудаи худӣ ва ҷалбшуда фаъолият менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шахс имконияти истифода бурдани қобилият ва молу мулкро барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти бо қонун манъ карда нашуда, додааст.

Фаъолияти соҳибкорӣ қисми таркибии фаъолияти иқтисодӣ мебошад.

Фаъолияти иқтисодӣ ба бозор ва муносибатҳои пулию молӣ алоқаманд аст. Давлат фазои ягонаи иқтисодӣ, озодии ҳаракати мол, хизмат ва воситаҳои молиявӣ, озодии фаъолияти иқтисодиро кафолат медиҳад (м. 12. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Фаъолияти иқтисодӣ ҷараёни такрористеҳсоли бойигариҳои моддӣ ва маънавиро дар бар мегирад ва аз истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмол иборат мебошад.

Мақсади фаъолияти иқтисодӣ, қонеъ намудани талаботи моддӣ ва маънавии инсон мебошад. Маҳз дар доираи фаъолияти иқтисодӣ самаранокии иқтисодиёт, шуғли аҳолӣ, нархи муайян, озодии иқтисодӣ ва таъминоти моддӣ ба амал бароварда мешавад.

Фаъолияти иқтисодии муосир дорои чунин хусусиятҳо мебошад:

– мавҷудияти истеҳсолоти молӣ ва ташкили иқтисодиёти бозорӣ;

– таъмин намудани такрористеҳсоли неъматҳои моддӣ;

– дар истеҳсоли мал, иҷрои кор, расонидани хизмат ва тақсиму истифодаи онҳо таҷассум меёбад.

Мазмуни фаъолияти иқтисодӣ моҳият ва таъиноти дигар намудҳои фаъолият, аз ҷумла, фаъолияти хоҷагӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратиро муайян менамояд.

Фаъолияти хоҷагӣ як намуди фаъолияти иқтисодӣ буда, тартиби ташкил, роҳбарӣ ва бевосита баамалбарории фаъолияти иқтисодиро мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунӣ ва худи субъектҳои хоҷагидорӣ муайян менамояд.

Фаъолияти соҳибкорӣ – як намуди фаъолияти иқтисодӣ ва хоҷагӣ буда, ба таваккали соҳибкор алоқаманд мебошад ва мақсади асосии онро ҷустуҷӯи усулҳои нави идоракунӣ, навоварӣ, истифодаи дастовардҳои илмӣ ва ғайра ҷиҳати мунтазам ба даст овардани фоида ташкил медиҳад.

Соҳибкорӣ як самти фаъолияти хоҷагӣ буда, хусусияти асосии онро гирифтани фоида ташкил медиҳад, вале даҳҳо субъектони хоҷагӣ таъсис ёфта, фаъолият менамоянд, ки мақсади асосии онҳо ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоӣ буда, гирифтани фоидаро ҳадафи натиҷаи ниҳоии фаъолияти худ намегузоранд. Мисол, корхонаҳои саноатӣ, сохтмонӣ, нақлиёт ва ҳоказо бо мақсади ба амал баровардани фаъолияти хоҷагӣ таъсис дода шуда, мақсади фаъолияти онҳо танҳо гирифтани фоида намебошад.

Соҳибкорӣ чунин низоми хоҷагидориест, ки субъекти асосии он соҳибкор мебошад ва ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳанда ва миёнарав баромад менамояд. Соҳибкор захираҳои моддӣ ва инсониро пайваста, раванди такрористеҳсокуниро ташкил ва идора менамояд ва дар ин замина ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ, яъне гирифтани фоида ноил мегардад.

Фаъолияти тиҷоратӣ низ як намуди фаъолияти соҳибкорӣ, хоҷагӣ ва иқтисодие мебошад, ки ба савдо ва муомилот алоқаманд аст.

Чунин тарзи масъалагузорӣ ба ақидаҳои олимони гузашта ва муосирӣ ҳуқуқшинос асос ёфта ба фикри мо яктарафа, яъне танҳо дар асоси дастовардҳои олимони ғарб ё олимони рус, оилаҳои ҳуқуқии англо-саксонӣ ё ҳуқуқи континенталӣ, баҳо дода шудааст. Муҳаққиқон яке аз оилаҳои ҳуқуқӣ ҷаҳони муосир, яъне ҳуқуқи мусулмониро сарфи назар намудаанд. Масалан, дар китоби дарсии «Ҳуқуқи соҳибкории Федератсияи Россия» чунин омадааст, ки аввалин маротиба И.Т.Посошкова оиди истилоҳи соҳибкорӣ таҳқиқот гузаронидааст[1].

Ҳанӯз ҳазору чорсад сол муқаддам дар сарчашмаи беназири ҳуқуқи мусулмонӣ Қуръон истилоҳи тиҷорат ба таваккал истифода бурда шудаанд, ки бевосита ба фаъолияти инсон алоқаманд мебошанд. Дар ин сарчашма истилоҳҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз қабили, аҳд, шартнома, гарав, қарз ва садҳо масъалҳои дигари ҳуқуқӣ на танҳо гузошта шудаанд, балки ниҳоят хуб ҳаллу фасл шудаанд[2].

Олими дигар А. Хоскинг мафҳуми соҳибкориро ба воситаи истилоҳи «корчаллонӣ» муайян намуда, онро “фаъолияти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ, корхона ва ё ташкилот ҷиҳати аз худ намудани боигариҳои табиӣ, истеҳсол ё ин ки харидорӣ намудан ва фурӯши молу хизмат, ҷиҳати иваз намудани онҳо бо дигар молҳо, хизмат ё ин ки пул ба манфиати тарафайни шахсон ё ташкилот” меномад. Ҳамин тариқ, истилоҳи корчаллонӣ ва соҳибкорӣ истилоҳоти ба ҳам монанд мебошанд. Фарқият дар он аст, ки соҳибкорӣ ин як намуди фаъолият буда, ба шахсияти инсони – соҳибкор алоқаманд аст, ки ҳамчун корчаллон кори навро огоз намуда, навовари ҷорӣ менамояд, воситаҳои худиро барои кори нав гузошта, ба худ таваккали онҳоро қабул мекунад.[3]

Олими Олмонӣ Фон Тюнен соҳибкорро ҳамчун навовар меҳисобад. И. Шумпетер соҳибкориро бидуни таваккал ва навоварӣ тасаввур карда наметавонад. Ба ақидаи ӯ соҳибкор созанда буда, амалҳои навро анҷом медиҳад, аз ҷумла:

– истеҳсол намудани маҳсулоти нав;

– ҷорӣ намудани технологияи нав;

– аз худ намудани бозори нави фурӯш;

– аз худ намудани сарчашмаҳои нави ашё;

– ба амал баровардани таҷдид мувофиқи сохтори соҳа.

Дар илмӣ иқтисодиёт ва ҳуқуқ чунин функсияҳои фаъолияти соҳибкориро ҷудо менамоянд:

– ҷорӣ намудани комбинатсияҳои нави омилҳои истеҳсодӣ, аз ҷумла, қобилият, истеъдод, навоварӣ;

– тақсими захираҳо дар самтҳои фоидаовар;

– идоракунӣ- ҳамчун механизми қабул намудани қарор барои оянда;

– ташкил ва иҷрои онҳо.

Эҳёи соҳибкорӣ дар СССР бо қабули як қатор қонунҳо, аз қабили, қонун “Дар бораи фаъолияти инфиродии меҳнатӣ” 1986[4]. «Дар бораи кооператсия дар СССР (1988)»[5], «Дар бораи соҳибкории шаҳрвандон дар СССР» (1991)[6] алоқаманд буд.

Барои эҳёи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ зарурияти созмон додани заминаҳои иқтисодӣ-ҳуқуқӣ ба вуҷуд омад. Дар ин ҷо пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи соли 1994, тағйир додани муносибатҳои моликият ва давра ба давра ба амал баровардани ислоҳоти низоми иқтисодиро номбар кардан зарур аст.

Озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, озодона ихтиёрдорӣ намудани қобилияти меҳнатӣ, интихоби касбу кор, ҷойи истиқомат ва машғул шудан ба намудҳои гуногуни фаъолияти бо қонун манънашуда ва ғайраҳо бо чунин асосҳои ҳуқуқӣ кафолат дода мешаванд:

– шаклҳои гуногуни моликият ва пеш аз ҳама моликияти хусусӣ;

– ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ;

– озодии фаъолияти меҳнатӣ.

Қонунгузории гражданӣ муносибатҳои байни шахсони ба фаъолияти соҳибкорӣ шуғлмандро танзим менамояд.

Соҳибкорӣ фаъолияти мустақили ба таваккали худ амалишавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифташудае мебошад, ки барои мунтазам ба даст даровардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст (қ.3, м.1 КГ ҶТ).

Аз ин ҷо чунин аломатҳои фаъолияти соҳибкориро ҷудо намудан мумкин аст:

– мунтазам ва доимӣ будани он;

– мӯстақилона ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ;

– таваккалӣ будани он;

– мунтазам ба даст овардани фоида.

Мунтазам ва доимӣ. Ин яке аз нишонаҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Нишонаи мазкур дар он зоҳир мегардад, ки ин фаъолият дар давоми вақти муайян ё вақти тӯлонӣ давом меёбад, ё умуман бо вақт маҳдуд карда намешавад.

Мунтазамӣ дар ҳуқуқи соҳибкорӣ на бо нишонаи миқдорӣ чун дар дигар соҳаҳои ҳуқуқ, балки бо нишонаи сифатӣ тавсиф дода мешавад.

Мустақилияти соҳибкор дар интихоби озодонаи самт ва усулҳои кор, ихтиёран қабул намудани қарор, роҳ надодан ба дахолати беасоси ин ё он шахс ба корҳои хусусӣ, амалигардонии бечуну чарои ҳуқуқ, таъмини иҷрои онҳо, ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои соҳибкор, бо иродаи худ ва бо манфиати худ фаъолият намудан, зоҳир мешавад. Соҳибкор дар интихоботи шартҳои шартнома, ки мухолифи қонунгузорӣ намебошанд, озод ва мухтор буда, дар асоси онҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро муқаррар менамояд. Мустақилият дар таваккали шахсӣ ва ҷавобгарии шахсии амволии ӯ низ зоҳир мегардад. Ҷавобгарии соҳибкор баланд мебошад. Ба зиммаи ӯ оқибатҳои ногувор, на танҳо барои ҳаракатҳои гунаҳкорона, инчунин ҳаракатҳои бидуни гуноҳ содиршуда низ гузошта мешавад. Танҳо қувваи рафънопазир ӯро аз ҷавобгарӣ озод карда метавонад.

Фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолатҳои бо қонун муқарраршуда, яъне ба мақсади ҳимояи сохти конститутсионӣ, ахлоқ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар, таъмини мудофиа ва бехатарии кишвар маҳдуд карда шуданаш мумкин аст. Ба ибораи дигар ҳатто маҳдудиятҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ бояд бо қонун пешбинӣ шуда бошанд.

Дар адабиёти тоҷик низ масъалаи таваккал мавриди истифодаи муҳаққикон қарор дода шудааст.

Гар таваккул мекунӣ дар кор кун,

Кор кун, пас такя бар Ҷаббор кун.

(Мавлавӣ)

Соҳибкорӣ бо таваккал алоқаманд мебошад. Ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ таҳти таваккали худ нишонаи бандубасткунадаи фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Истилоҳи таваккал аз истилоҳи португалӣ ва испонии Risco бар меояд ва дар тарҷумаи таҳтулафзи ба забони тоҷикӣ кӯҳ ё харсангро ифода менамояд. Баҳрнавардони испонӣ ва португалӣ ва моҳидорон бо ин калима хатареро ифода мекарданд, ки ба киштиҳои онҳо таҳдид мекард. Ба ҳамин маъно, яъне “хатар” ё “таҳдиди хатар”- калимаи “таваккал” дар забони муосири тоҷикӣ ҷой гирифтааст.

Таваккалро ҳамчун ҳолати ҳуқуқие тавсиф додан мумкин аст, ки хатари эҳтимолӣ ё воқеиро дар раванди ба даст овардани фоида ба бавуҷуд меорад[7].

Муваффақияти фаъолияти соҳибкорӣ бо таваккал алоқаманд мебошад. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки истилоҳи таваккали соҳибкориро бо бесалоҳиятии бевиҷдонона омезиш набояд дод. Дар мавриди дуюм оқибатҳои ногувор натиҷаи таваккал набуда, балки натиҷаи норасоии донишу малакаи шахси мутасаддӣ дар ин ё он соҳаи соҳибкорӣ мебошад.

Аз лиҳози миқдорӣ – таваккал – фарқияти байни самараи интизорӣ аз амалигардонии қароре, ки дар шароити номуайяни қабул шудааст ва самарае, ки аз қабули қарор дар шароити муайян ба даст оварда шудааст, фаҳмида мешавад.

Мунтазам ба даст овардани фоида мувофиқи таърифи қонунии фаъолияти соҳибкорӣ- мақсади асосии соҳибкор аст.

Фоида мафҳуми иқтисодӣ аст. Азбаски дар мафҳуми қонунии фаъолияти соҳибкорӣ гирифтани фоида ба ҳайси яке аз нишонаи асосӣ баромад менамояд, бояд тавсифи ҳуқуқии онро низ пешниҳод намоем.

Умуман фоида ин фарқияти байни даромадҳои ба даст овардашуда ва хароҷотҳо мебошад. Тибқи моддаи 143 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фоида фарқи мусбии байни даромади умумии андозсупоранда ва маблағҳои тарҳшаванда мебошад».

Барои корхонаҳои хориҷие, ки тавассути муассиаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, фоида аз чунин фаъолият ба ҳисоб меравад, яъне даромади умумии он аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муассисаи доимӣ, ки ба маблағи тарҳшаванда нисбати чунин даромад пешбининамудаи ҳамин Кодекс кам карда шудааст (қ.2, м.143 КА Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Намудҳои даромади умумии корхонаҳои хориҷӣ, ки ба муассисаи доимии он алоқаманд нестанд, агар манбаи даромад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, бояд бе тарҳи хароҷот дар манбаи пардохт андозбандӣ гарданд (қ.3, м. 143 КА Ҷумҳурии Тоҷикистон)[8].

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ҳамчун нишонаи фаъолияти соҳибкорӣ хусусияти ба расмият даровардани онро низ ҳисоб менамоянд. Сухан дар бораи зарурияти қайди давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкории инфиродӣ меравад, ки чунин фаъолиятро бо ташкили шахси ҳуқуқӣ ё бе ташкили шахси ҳуқуқӣ ба амал мебарорад ва инчунин соҳибкории сардори хоҷагии деҳқонӣ, ки дар мақомотҳои дахлдори давлатӣ гузаронида мешавад (М.24 КГ ҶТ).

Ба фикри мо, ин аломати фаъолияти соҳибкорӣ набуда, балки шарти машғул шудан ба ин фаъолият мебошад, чунки бе ба қайдгирӣ ва беиҷозати махсус фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ дигар нишонаҳои ин фаъолият низ қайд шудаанд, аз ҷумла, касбӣ будани фаъолияти соҳибкорӣ[9], масъулияти баланди соҳибкор, хусусияти иноватсионии ин фаъолият ва ғайра.

Баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ донишҳои зарурии касбиро талаб менамоянд, маслан фаъолияти бонкӣ, тиббӣ, ронандагӣ ва ғайра.

Барои машғул шудан ба баъзе намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ талаботи супоридани имтиҳонҳои квалификатсионӣ муқаррар шудааст, аз ҷумла, мудири судӣ, иштирокчии касбии бозори қоғазҳои қиматнок ва ғайра.

§ 2. Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва ҷойи он дар низоми ҳуқуқи

Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мавқеъ ва нақши ҳуқуқи соҳибкорӣ дар низоми ҳуқуқӣ, мазмун ва сохти он дар адабиётҳои ҳуқуқӣ якхела фаҳмида намешавад. Барои дида баромадани ин масъала ба баъзе мафҳумҳои назариявӣ, аз ҷумла назарияи умумии ҳуқуқ ва назарияи ҳуқуқи соҳибкорӣ руй овардан зарур аст.

Якум, низоми ҳуқуқшиносӣ ва низоми ҳуқуқӣ истилоҳҳои ба ҳам алоқаманд бошанд, вале якхела нестанд. Низоми ҳуқуқӣ истилоҳи васеъ ва умумие мебошад, ки дар худ ҳам низоми ҳуқуқ ва ҳам дигар ҷузъҳои он, аз ҷумла идеологияи ҳуқуқӣ, тафаккур, шуур, маданият ва амалияи ҳуқуқӣ (ҳуқуқтадбиқкунӣ) ва амалиётҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад. Дуюм, низоми ҳуқуқӣ – як ҷузъи асоси низоми ҳуқуқшиносӣ ё ин ки асоси меъёрии он мебошад. Сохтори асосии низоми ҳуқуқ соҳаи ҳуқуқ мебошад. Соҳаи ҳуқуқ аз зерсоҳа ва институтҳои ҳуқуқӣ иборат аст.

Ҷудо намудани соҳаҳо дар асоси маҳакҳои гуногун ба амал бароварда мешавад. Дар бештари мавридҳо аз ду маҳак истифода мешавад: яъне предмети танзими ҳуқуқӣ ва усули танзими ҳуқуқӣ.

Зери мафҳуми предмети танзими ҳуқуқӣ доираи муносибатҳои ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки бо меъёрҳои ин соҳаи ҳуқуқ танзим карда шудаанд.

Зери мафҳуми усули танзимнамоии ҳуқуқӣ маҷмӯи тарзу василаҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба муносибатҳои ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки предмети ин соҳаро ташкил медиҳанд.

Дар назарияи умумии ҳуқуқ илова ба ин ду маҳак, инчунин дигар маҳакҳо, аз ҷумла функсияи ҳуқуқ, принсипҳо, сарчашмаҳо ва ғайраҳоро дохил менамоянд.

Ҷудо намудани соҳаҳо ва асоснок намудани мустақилияти онҳо на танҳо масъалаи муҳими илми ҳуқуқ, балки масъалаест, ки аҳамияти муҳими амалӣ дорад.

Низоми ҳуқуқ вобаста ба предмет ва усули танзимнамоӣ ба се гурӯҳӣ асосӣ таҷдид мешаванд.

Якум, соҳаҳои асосӣ ё бунёдие, ки реҷаи асосии ҳуқуқро дар бар мегиранд (масалан, ҳуқуқи гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноӣ). Мувофиқ ба ин се соҳаи ҳуқуқи моддӣ се соҳаи ҳуқуқи мурофиавӣ, яъне ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ, мурофиаи маъмурӣ ва мурофиаи ҷиноӣ амал мекунанд.

Дуюм, соҳаҳои махсус, ки дар онҳо реҷаҳои ҳуқуқи ба соҳаҳои махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ мутобиқ гардонида шудаанд, аз ҷумла, ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи оилавӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазо.

Сеюм, соҳаҳои комплексӣ, ки дар онҳо институтҳои гуногуни соҳаҳои асосӣ ва махсус муттаҳид карда шудаанд. Аз ҷумла, ҳуқуқи тиҷорат, ҳуқуқи назорати прокурорӣ, ҳуқуқи кишоварзӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи экологӣ ва ғайра[10].

Муносибатҳои ҷамъиятие, ки ба предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ дохил карда шудаанд, аз нигоҳи мазмун ва сохт мураккаб буда ба якчанд гурӯҳ ҷудо карда мешаванд.

Гурӯҳи якуми ин муносибатҳо – муносибатҳое мебошанд, ки бо ташкили фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд. Онҳо аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон оид ба машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ манъ гирифта, минбаъд дар КГ инкишоф ёфтаанд, ки дар он мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандон муайян карда шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандон ҳуқуқ доранд тамоми навъҳои фаъолияти бо қонун манънашударо амалӣ кунанд, аз ҷумла танҳо ё якҷоя бо дигарон шахсони ҳуқуқӣ таъсис диҳанд, аҳдҳои гуногунро ба амал бароранд, аз қайди давлатӣ гузаранд, иҷозатнома гиранд ва ғайраҳо.

Гурӯҳи дуюми муносибатҳо ба худи фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд, ки дар натиҷаи он фоида ба даст оварда мешавад. Дар ин ҷо истифодаи амвол, фурӯши мол, иҷрои кор ва расонидани хизматро номбар намудан мумкин аст. Дар ин самт ҷойи асосиро танзимнамоии гражданӣ ишғол намояд ҳам, вале таъсири ҳуқуқи умумиро низ мушоҳида менамоем, аз ҷумла, танзими давлатии нарх ба маҳсулот ва хизматҳои монополияҳои табиӣ.

Гурӯҳи сеюми муносибатҳое, ки ба предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ дохил карда шудаанд, бо муносибатҳои гурӯҳи якум ва дуюм алоқаманд мебошанд. Вале агар дар гурӯҳҳои якуму дуюм шахси ташаббускор шаҳрванди соҳибкор ва дигар субъектҳои соҳибкорӣ нақши муассирро иҷро мекарда бошанд, пас дар гурӯҳи сеюми муносибатҳо чунин нақшро давлат иҷро менамояд. Дар ин самт давлат қоидаҳои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, оқибати вайрон намудани онҳоро муқаррар намуда, манфиатҳои умумӣ ва хусусиро ҳимоя мекунад.

Гурӯҳи чоруми муносибатҳои соҳибкорӣ – ин муносибатҳои дохилихоҷагӣ ва дохиликорпоративӣ мебошанд. Дар ин ҷо фаъолияти соҳибкории сохторҳои калон ва мураккабро номбар намудан зарур аст, ки дар дохилӣ онҳо муносибатҳои гуногун ба вуҷуд меоянд.

Пайдоиш ва инкишофи муносибатҳои бозаргонӣ дар кишвар зарурати таҳқиқи самтҳои ҳуқуқии категорияҳои иқтисодиро ба вуҷуд меорад. Дар ин ҷо пеш аз ҳама он категорияҳоеро, ки то ҳанӯз ҳамчун категорияҳои иқтисодӣ маҳсуб медонистанд, аз ҷумла, бозор, намудҳои бозор, таклифот, талабот, арзиш, арзиши истеъмолӣ, арзиши аслӣ, фоида, даромад, нарх, аудит ва ғайраҳоро қайд бояд кард.

Истилоҳоти номбаршудаи иқтисодӣ талаби таҳқиқи ҳуқуқиро тоқазо менамоянд, ки чи гуна дар ҳуқуқ таҷассум меёбанд ва дар қонунгузорӣ дарҷ мегарданд.

Ин истилоҳотро танҳо дар доираи ҳуқуқи соҳибкорӣ омӯхтан мумкин аст, чунки қонунгузории гражданӣ муносибатҳоеро, ки аз фаъолияти бозор ба вуҷуд меоянд танзим накарда, танҳо муносибатҳои молумулкиро танзим менамояд. Фаъолияти соҳибкорӣ бошад танҳо дар бозор ба амал бароварда мешавад. Бинобар ин ҳуқуқи соҳибкорӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқ– ҳуқуқи иқтисодиёти бозаргонӣ мебошад.

Муносибатҳое, ки аз фаъолияти ташкилотҳои корпоративӣ ба вуҷуд меоянд муносибатҳое мебошанд, ки ҳам хусусияти амволӣ ва ҳам шахсии ғайриамволиро доро мебошанд ва тавассути ин хусусиятҳо шомили предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ мебошанд.

Дар танзимнамоии ин муносибатҳо омезиши усулҳои танзими ҳуқуқи хусусӣ ва ҳуқуқи умумиро бараъло мушоҳида намудан мумкин аст.

Муносибатҳо ғайриамволии иштирокчиёни ширкат ва ҷамъиятҳои ҳоҷагиро оиди иштирок намудан дар идоракунӣ, гирифтани иттилоот дар бораи фаъолияти ширкат ва ғайраҳо ба муносибатҳои ташкилӣ- идоракунӣ дохил намудан мумкин аст.

Новобаста аз он, ки муносибатҳои соҳибкорӣ бо соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ танзим карда шудаанд аз рӯи моҳияти худ ягона мебошанд.

Предмети комплексии интегратсияшудаи ҳуқуқи соҳибкорӣ чунин маъно дорад, ки вобаста ба самтҳои муносибатҳои соҳибкорӣ усулҳои мувофиқи ин самтҳои муносибатҳо татбиқ карда мешаванд. Мувофиқи назарияи анъанавии адабиётҳои ҳуқуқи ба ҳар як соҳаи асосии ҳуқуқ усули мувофиқи танзимнамои хос мебошад. Бинобар хусусияти комплексӣ дар ҳуқуқи соҳибкорӣ на як усул, балки усулҳои гуногуни танзими ҳуқуқӣ татбиқ карда мешаванд, аз ҷумла, усули нишондодиҳии ҳатмӣ, мухторияти қарор, мухторияти иродаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ, усули тавсия.

Ба воситаи усули нишондоди ҳатмӣ тавассути меъёрҳои императивӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои муносибатҳои соҳибкорӣ муқаррар карда мешаванд. Ин усул вақте татбиқ карда мешавад, ки як тарафи муносибатҳои ҳуқуқӣ ба тарафи дигари ин муносибатҳо нишондодҳои ҳатмӣ дода метавонад. Ин усул ба танзимнамоии давлатии бевоситаи фаъолияти соҳибкорӣ тааллуқ дорад (ӯҳдадории қайди давлатии субъектҳои соҳибкорӣ; меъёрҳои зиддинҳисорӣ; андоз ва ҳоказо). Ҳамин тариқ, тавассути ин усул манфиатҳои умумии ҷомеа мавриди ҳимоя қарор дода мешаванд.

Усули қарорҳои мухтор – барои танзими муносибатҳое хос дониста мешавад, ки иштирокчиёни онҳо молистеҳсол-кунандагони мустақил ва аз нигоҳи ҳуқуқи баробарҳуқуқ мебошанд. Ин муосибатҳо бештар бо меъёрҳои қонунгузории гражданӣ танзим карда шудаанд. Баъзан ин усулро усули созиш низ меноманд, чунки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои муносибатҳои ҳуқуқи дар асоси созиши дутарафа муқаррар карда мешаванд. Ин усул бештар дар муносибатҳои шартномавии байни иштирокчиёни муносибатҳои соҳибкорӣ татбиқ карда мешавад.

Усули тавсиядиҳӣ дар он зоҳир мегарад, ки як тарафи муносибатҳои ҳуқуқӣ ба тарафи дигари ин муносибатҳо қоидаи муайяни рафторро пешниҳод менамояд ва дар асоси он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо ба вуҷуд меоянд.

§ 3. Мафҳум ва намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ истилоҳи «сарчашмаи ҳуқуқ» ба ду маъно моддӣ ва расмӣ фаҳмида мешавад. Ба ақидаи М.В.Баглай, “ҳангоме ки дар бораи сарчашмаҳои ҳуқуқ ҳамчун шакли санадҳои ҳуқуқӣ сухан ронда мешавад, одатан истилоҳи «сарчашмаи ҳуқуқ» дар назар дошта мешавад. Ҳамин тарик, ин мафҳум аз мафҳуми «сарчашмаи ҳуқуқ» ба маънои моддӣ фарқ дорад, чунки зери он мафҳуми сарчашмаҳои моддии ташаккулёбии ҳуқуқ, яъне шароити ҳаёти одамон ва ҷомеа фаҳмида мешавад. Ин истилоҳ ба илми ҳуқуқ аз ҷониби материализми таърихи – марксистӣ дохил карда шудааст ва бинобар ин аҳамияти амалӣ барои фаҳмиши ҳуқуқ надорад[11]. Сарчашмаи ҳуқуқи соҳибкорӣ ба маънои моддӣ ҳамаи таҷрибаи инсоният мебошад, ки тӯли фаъолият ба даст овардааст ва дар назарияҳо, илм ва равияҳо ҷамъ оварда шудааст.

Зери мафҳуми сарчашаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ ба маънои расмӣ тарзҳои гуногуни инъикосёбии қоидаҳои хуқуқие фаҳмида мешавад, ки дар доираи соҳибкорӣ ташаккул ёфтаанд. Дар навбати худ ин қоидаҳо натиҷаи ҳуқуқэҷодкунии мақомоти махсуси давлатӣ мебошанд.

Аз нигоҳи баамалбарорӣ ва татбиқ фаҳмиши сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ, ба маънои расмӣ аз аҳамият холӣ нест[12].

Сарчашмаи ҳуқуқ ба маънои расмӣ – конструксияи махсуси ҳуқуқӣ буда, тавассути онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ хусусияти объективиро кашф намуда, бо хусусиятҳои хоси худ ба сифати меъёри ҳуқуқӣ баромад менамоянд.

Дар кишварҳои гуногуне, ки ба ин ё он оилаи ҳуқуқи тааллуқ доранд, таркиб ва аҳамияти сарчашмаҳои алоҳидаи расмӣ фарқ карда мешаванд.

Новобаста аз хусусиятҳои дар боло нишон дода шуда, ба сифати сарчашмаи танзими ҳуқуқӣ инҳоро эътироф намудан мумкин аст:

а) қонун ва дигар санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ;

б) амалияи судӣ;

в) одатҳо.

Аҳамияти хосаро дар танзими фаъолияти соҳибкорӣ қонун ишғол менамояд. Дар байни қонунҳо ҷойи аввалро қонунҳои конститутсионӣ, албатта пас аз Конститутсия, сипас қонунҳои ҷорӣ, қоидаҳо ва қонунҳои кодификатсияшуда ё ин ки кодексҳо ташкил медиҳанд.

Ташаккули қонунгузории бахши соҳибкорӣ бо ду роҳ ба амал бароварда мешавад:

– қабули қонунҳое, ки шартҳои умумии фаъолияти соҳибкориро муайян мекунанд, аз ҷумла, Кодекси Гражданӣ, Қонун “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳоказо;

– қабули қонунҳое, ки баҳри танзими фаъолияти соҳибкорӣ дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодӣёт равона карда шудаанд. Масалан, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ, «Дар бораи муфлисшавӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ» ва ҳоказо.

Низоми қонунгузории соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта таснифи санадҳои қонунгузориро ба воситаи аломат ё асосҳои гуногун меноманд.

Маҳакҳои асосии тасниф инҳо мебошанд:

– қувваи юридикӣ ва ҷойи он дар иерархияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;

– доираи татбиқ.

Вобаста ба нишонаи якум санадҳои қонунгузории соҳибкорӣ ба ду намуди асоси ҷудо карда мешаванд: қонун ва санадҳои зерқонунӣ.

Дар байни қонунҳо ҷойи асосиро кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамояд. Кодекси гражданӣ муносибатҳои ҷамъиятиро байни шахсоне, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд танзим менамояд ( қ 3 м. 1 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Ҳамин тариқ, қоидаҳои умумии қонунгузории гражданӣ пурра ба муносибатҳое, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ бар меоянд паҳн карда мешаванд. Ҳамзамон дар кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати муносибатҳои амволие, ки иштирокчиёни онҳо соҳибкорон мебошанд, қоидаҳои махсус пешбинӣ шудааст. Хусусияти махсус дар он меъёрҳои кодекси гражданӣ ҷой дода шудаанд, ки масъулияти баланди соҳибкоронро дар бар мегиранд. Дар баробари ин дар меъёрҳои зерини кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, меъёрҳо оиди реҷаи фаъолияти соҳибкорӣ, одатҳои муомилоти корӣ, роҳ надодан ба истифодабарии ҳуқуқҳои гражданӣ ба мақсади маҳдуд намудани рақобат, суиистеъмоли ҳолати бартариятнок дар бозор, маҳсулотсупорӣ, нигоҳдории мол дар анборҳо, идоракунии боэътимоди амвол ва ғайраҳо бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ бахшида шудаанд.

Ҳамин тариқ, муносибатҳои ҷамъиятие, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ бармеоянд, бо кодекси гражданӣ ва қонунҳои алоҳида танзим карда шудаанд[13].

Дар баъзе аз давлатҳои собиқи шӯравӣ дар баробари кодекси гражданӣ, кодекси хоҷагӣ низ қабул шудааст, ки ин самти нави инкишофёбии қонунгузории соҳибкорӣ мебошад.

Ба ғайр аз кодекси гражданӣ муносибатҳои соҳибкорӣ бо қонунҳо танзим карда мешаванд. Дар ин ҷо ду намуди чунин қонунҳоро, аз қабили, қонунҳои умумӣ, яъне қонунҳое, ки ба ҳамаи намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ паҳн мешаванд ва бинобар ин қонунҳои умумӣ ном доранд ва дуюм, қонунҳои махсус, ки барои танзимнамоии намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ қабул шудаанд. Ба қонунҳои гурӯҳи якум, қонун дар бораи гарав, дар бораи муфлисшавӣ, дар бораи реклама, дар бораи хусусигардонӣ, дар бораи иҷора, дар бораи рақобат, дар бораи асъор ва ғайраҳоро дохил намудан мумкин аст.

Ба ҳайси қонунҳои махсус, қонунҳо дар бораи бонк, дар бораи сармоягузорӣ, дар бораи суғурта ва ғайраҳо баромад менамоянд.

Санадҳои зерқонунӣ низ ҷойи махсусро бинобар муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқии бозори ягона ишғол менамоянд.

Дар ин ҷо пеш аз ҳама фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумат ва дигар санадҳоеро номбар намудан мумкин ҳаст, ки дар асос ва баҳри иҷрои Конститутсия, қонунҳо ва фармонҳои меъёрии Президенти ҶТ қабул шудаанд.

Ҳамчун санадҳои зерқонунӣ санадҳои ҳуқуқии вазорату муассисаҳо, кумитаҳо ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баромад менамоянд.

Мақомотҳои ҳокимияти иҷроия санадҳои меъёриро дар шакли қарор, фармон, амр, қоида, дастурамал ва низомнома бароварда метавонанд. Қабули санадҳои меъёрӣ дар шакли мактуб ё телеграмма қатъиян манъ аст.

Аз рӯи нишонаи дуюм – санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии марказӣ ва санадҳои танзимнамоии локалиро ҷудо намудан мумкин аст, ки аз ҷониби мақомотҳои марказии идоракунӣ ё ин ки маҳаллӣ қабул карда шудаанд. Дар байни санадҳои меъёрии маҳаллӣ ҷойи асосиро меъёрҳои корпоративӣ ишғол менамоянд.

Тӯли солиёни дароз илми ҳуқуқи шӯрави амалияи судиро ба ҳайси сарчашмаи ҳуқуқ эътироф намекард,[14] гарчанде ки дар баробари ин ақидаҳои дигар низ вуҷуд доштанд.[15] Дар кишвари мо ва дигар давлатҳои дорои низоми ҳуқуқи романо – олмонӣ амалияи судӣ имрӯз низ ба ҳайси сарчашмаи ҳуқуқӣ қабул нашудааст.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ қайд карда мешавад, ки номгӯи сарчашмаҳои вуҷуддошта барои ҳалли баҳсҳое, ки дар замони ҳозира ба вуҷуд меоянд қодир нестанд ва бинобар ин зарурати татбиқи амалияи судӣ ба ҳайси сарчашма тақозо мешавад.[16]

Барои ҳуқуқи соҳибкорӣ новобаста аз баҳсҳо дар адабиётҳои ҳуқуқӣ, амалияи судӣ, сарчашмаи ниҳоят муҳими нав мебошад.

Амалияи судӣ оиди масъалаҳои соҳибкорӣ гуногун мебошад. Дар ин ҷо пеш аз ҳама қарорҳои суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кардан зарур аст, ки бевосита амал менамоянд ва барои тасдиқ эҳтиёҷ надоранд. Қарорҳои судӣ Конститутсионӣ амалияи муҳими тафсириро доранд.

Судҳои юрисдиксияи умумӣ ҳуқуқ доранд қарорҳои мақомотҳои ҳокимияти давлатиро дар бораи соҳибкорӣ бекор намоянд.

Қарорҳои Суди Олӣ ва Суди Олии Иқтисодӣ барои фаҳмиш ва татбиқи якхелаи қонунгузорӣ дар бораи соҳибкорӣ аз аҳамият холӣ нестанд.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ масъалаи эътирофи назария, яъне ақидаҳои илмии олимон, идеяҳо, равияҳо ба ҳайси сарчашмаи ҳуқуқ баҳснок мебошад. Эҷодиёти ҳуқуқии олимонро дар доираи соҳибкорӣ, ки дар шакли назария инъикос меёбанд, ба сифати сарчашмаи танзимнамоии ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намудан мумкин аст.

Азбаски соҳибкорӣ – ин натиҷаи истифодаи қобилият ва амволи шахсони хусусӣ ва умуман соҳаи манфиати хусусӣ мебошад пас, тартиботи ҳуқуқиро дар ин ҷо на танҳо мақомотҳои расмии давлати ҷорӣ менамоянд.

Дар ин ҷо овардани ақидаи Р. Давидро бамаврид мешуморем, ки ба фикри ӯ, ҳуқуқ гуфта, танҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ фаҳмида мешаванд, вале барои онҳое, ки воқеиятро эҳсос менамоянд ва ҳуқуқро нисбатан васеътар мефаҳманд, назарияро низ ба ҳайси сарчашмаи ҳуқуқ эътироф менамоянд, чунки назария мафҳумҳо ва истилоҳҳои ҳуқуқиеро кашф менамояд, ки минбаъд аз ҷониби қонунгузор истифода мешаванд[17].

Дар санадҳои расмии ҳуқуқи умумӣ ин масъала ба таври мусбӣ ҳалли худро ёфтааст. Масалан, дар моддаи 38 Статуси Суди байналхалқии СММ қайд шудааст, ки назарияи муттахасисони нисбатан босалоҳияти миллатҳои гуногун ба ҳайси воситаҳои ёрирасони муайянкунандаи меъёрҳои ҳуқуқӣ баромад менамоянд.[18]

Ҳангоми истифодаи қиёси қонун низ зарурати истифодаи назария ба сифати сарчашмаҳои ҳуқуқ ба миён меояд

Одат – ин қоидаи рафторест, ки бинобар истифодаи дуру дароз ба ҳайси танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ баромад менамояд. Ба истилоҳи одат истилоҳи анъана наздик мебошад.

Агар ягон рафтори одамон дар ин ё он бахши фаъолият аз ҷониби давлат маъқул шуморида шавад, пас он хусусияти одати ҳуқуқиро пайдо мекунад.

Одати ҳуқуқӣ ба сифати сарчашмаи ҳуқуқи соҳибкорӣ баромад менамояд. Одати ҳуқуқӣ бо роҳи пайваст намудани ду ҷузъ ба вуҷуд меояд: ҷузъи дохилӣ, яъне аз ҷониби иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ риоя намудани қоидаи муомилот ва ҷузъи берунӣ, яъне ба он додани қувваи ҳатмӣ тавассути меъёрҳои ҳуқуқӣ.

Одати муомилоти корӣ гуфта, қоидаю рафтореро меноманд, ки дар ин ё он бахши фаъолияти соҳибкорӣ васеъ истифода мешаванд ва бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд.

Баъзе меъёрҳои қонунгузории гражданӣ ба одатҳои муомилоти корӣ ҳавола мекунанд.

Одатҳои муомилоти корӣ дар муносибатҳои савдои байналмилалӣ мавриди истифодаи васеъ қарор дода шудаанд.

Одатро аз расму таомул фарқ кардан зарур аст.

Тақозои муносибати тафриқавӣ ба ин истилоҳҳо аз Конвенсияи СММ дар бораи Шартномаи байналмилалии хариду – фурӯш бармеояд (1980 с.). Дар м. 9 Конвенсия қайд карда шудааст, ки “Тарафҳо ба одати дилхоҳе, ки нисбати он созиш ба даст овардаанд алоқаманд мебошанд ва амали онро дар муносибати байниҳамдигарӣ муқаррар менамоянд”.

Одатҳои муомилоти корӣ – қоидаи умумие мебошанд, ки дар қонун таҷассум наёфта бошанд ҳам, вале барои татбиқи меъёри диспозитивӣ истифода мешаванд, агар бо қонун ё созиши тарафҳо чизи дигаре муқаррар нашуда бошад.

Ш.М. Менглиев якчанд аломатҳои одатро пешниҳод намудааст, ки ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд[19]. Дар баробари ин муаллиф дар бораи одатҳои ҳуқуқӣ, одатҳои муомилоти корӣ, расму таомул ва ғайраҳо фикрҳои ҷолиб иброз доштааст.

Расму таомул низ ба сифати қоидаи ташаккулёфта баромад менамоянд ва аз одати муомилоти корӣ бо он фарқ мекунанд, ки тарафҳо ҳангоми бастани шартнома бевосита ба зарурати истифодаи онҳо ишора менамоянд.

Одатҳои муомилоти кориро ҳамчун меъёри ҳуқуқие, ки бо истилоҳи танзимнамоии умумӣ фаро гирифта мешаванд, эътироф намуда, расму таомулро ба чунин сифат намешиносанд[20].

Расму таомул бо иродаи тарафҳо дар шартнома дохил карда мешаванд.

Асос барои татбиқи расму таомул маҷмӯаи расму таомули савдои байналхалқӣ баромад мекунанд. Онҳо барои тартиб додани шартҳои шартнома ҳамчун намуна баромад мекунанд.

6 Загрузки
test

Добавить комментарий