Шаклҳои корпоративии фаъолияти соҳибкорӣ

 

а) ширкати комил ва ба боварӣ асосёфта (коммандитӣ).

Мувофиқи қонунгузорӣ ширкатҳои хоҷагӣ дар ду шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд: ширкати комил ва ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкатҳои коммандитӣ).

Ду гурӯҳи шарикон дар таркиби субъективии ширкатҳо ҷудо карда мешаванд, яъне иштирокчии ширкати комил танҳо шарикони комил ва иштирокчиёни ширкати ба боварӣ асосёфта бошад аз ду гурӯҳи шарикон: шарикони комил ва маблағгузорон (коммандитистҳо) иборат мебошанд.

Шарикони комил дар ширкати ба боварӣ асосёфта шарикиро ташкил медиҳанд ва маблағгузорон бошанд дар фаъолияти соҳибкории ширкат бевосита иштирок наменамоянд. Ҳолати ҳуқуқии маблағгузорон бо меъёрҳои қонунгузори дар бораи иштирокчиёни ширкати комил асос ёфтааст. Дар Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки ба шарикони ширкати ба боварӣ асосёфта қоидаҳое, ки Кодекс нисбати ширкати комил пешбинӣ намудааст, татбиқ мешаванд, ба шарте ки бо қонунгузории махсус дар бораи ширкатҳои ба бовари асосёфта, тартиби дигар муқаррар нагардида бошад ( м.88 КГ ҶТ).

Ягона ҳуҷҷати таъсисии ширкатҳо – шартномаи таъсис мебошад, ки аз шартҳои зерин иборат аст:

– шарт дар бораи ҳаҷм ва таркиби маблағҳои ширкат;

– ҳаҷм ва тартиби ворид намудани ҳиссаҳои ҳар як иштирокчӣ;

– ҳаҷм ва тартиби мӯҳлати гузаронидани ҳисса;

– ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ӯҳдадориҳо.

Идоракунӣ дар ширкат бо розигии умумии якдилонаи шарикон ё бо овоздиҳии бартариятнок ба амал бароварда мешавад.

Мувофиқи қонунгузорӣ се варианти асосии идоракунии ширкат вуҷуд дорад:

1) якҷоя, яъне аз ҷониби ҳамаи шарикон идора намудани ширкат;

2) тақсим намудани ваколатҳои идоракунӣ байни шарикон;

3) аз ҷониби як нафари онҳо ба амал баровардани функсияи идоракунӣ.

Тазаккур додан зарур аст, ки ҳангоми бастани шартномаи таъсис ин масъаларо шарикон ҳал менамоянд ва яке аз вариантҳо ё ин ки ҳамомезиши онҳоро қабул менамоянд.

Ба ҳайси иштирокчиёни ширкати комил, яъне шарикони комил танҳо соҳибкорони инфиродӣ ё ташкилотҳои тиҷоратӣ баромад карда метавонанд. Ҳамзамон корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва маҳаллӣ бо розигии ҳатмии пешакии соҳибмулки ин корхонаҳо метавонанд дар фаъолияти ширкатҳои комил иштирок намоянд.

Ҳар як шахс метавонад иштирокчии танҳо як ширкати комил бошад. Ин маҳдудият барои он муқаррар карда шудааст, ки иштирокчиёни ширкати комил аз рӯи ӯҳдадориҳои ширкат масъулияти муштарак доранд. Ин чунин маъно дорад, ки ҳангоми норасоии амволи ширкат барои иҷро намудани ӯҳдадориҳои ширкат кредиторҳо ҳақ доранд, ки талаботи худро аз амволи шахсии ҳар кадоме аз аъзоёни ширкат қонеъ гардонанд. Қонунгузории муосир ҳаракатеро, ки барои маҳдуд ё бекор намудани масъулияти шахсии аъзои ширкат равона шудааст, мутлақо беэътибор меҳисобад.

Иштирокчиёни ширкатҳои комил дар баробари шарикони комил инчунин маблағгузорон низ мебошанд, ки дар идоракунии фаъолияти ширкат иштирок намекунанд ва хатари таваккали онҳо аз рӯи фаъолияти ширкат бо ҳаҷми маблағҳои гузоштаашон маҳдуд мегардад. Ба сифати маблағгузор ҳамаи иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, аз ҷумла шаҳрвандон, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ғайраҳо баромад карда метавонанд.

Шахс ба сифати шарики комил танҳо дар як ширкати ба бовари асосёфта баромад карда метавонад. Иштирокчии ширкати комил наметавонад, ки иштирокчии шарикии ба бовари асосёфта бошад ва иштирокчии ширкати ба бовари асосёфта наметавонад иштирокчи шарикии комил бошад. Ин маҳдудият мувофиқи талаботи қонун аст, чунки дар як вақт бо амволи шахсии худ ба сифати кафили ду ширкат баромад кардан имконнопазир аст.

Ҳуҷҷате, ки фаъолияти ширкат (комил ва бо боварӣ асосёфта) дар асоси он амалӣ мегардад, шартномаи таъсис ном дорад. Ба ғайр аз талаботҳои умумие, ки Кодекси Граждании ҶТ нисбати ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ пешниҳод менамояд (қ.2 м.53 КГ ҶТ), шартномаи таъсиси шарикии комил бояд чунин шартҳои иловагиро дар бар гирад, аз ҷумла:

– дар бораи ҳаҷм ва таркиби маблағи ғунашаванда;

– дар бораи ҳаҷм ва тартиби тағйирёбии ҳиссаи ҳар кадоме аз аъзоёни ширкат оиди ҳаҷм, таркиб, мӯҳлат ва тартиби ворид намудани ҳиссаҳо;

– масъулияти иштирокчиён барои вайрон намудани ӯҳдадориҳо оиди пардохти ҳисса.

Г.Ф.Шершеневич қайд менамояд, ки дар танзимнамоии муносибатҳои дохилии ширкат байни шарикон шартнома нақши бартариятнок дорад. Аз ҷумла, мегӯяд ӯ «қонун бинобар пурра намудани сукутии ин шартнома, амал менамояд».[1] Шартномаи таъсис дар шакли хаттии оддӣ баста мешавад, вале дар асоси созиши тарафҳо бо тасдиқи нотариалӣ ба расмият дароварда мешавад. Шартнома бо хоҳиши тарафҳо ё ба мӯҳлати муайян ё бидуни нишон додани мӯҳлат баста мешавад. Ба ғайр аз маълумотҳое, ки хоси шартномаи таъсисӣ ширкати комил мебошанд, шартномаи таъсиси ширкати ба боварӣ асосёфта бояд дар бораи ҳаҷми маблағҳои маблағгузорон маълумот дошта бошад. Ҳамзамон дар шартнома ҳаҷми маблағи ҳар як маблағгузор алоҳида нишон дода намешавад. Ҳамин тариқ, тағйирёбии ҳаҷми маблағҳо ё ин ки ҳайати маблағгузорон ба тағйирёбии ҳуҷҷатҳои таъсисӣ таъсир намерасонад.

Маблағгузорони ширкати ба боварӣ асосёфта ба шартномаи таъсис имзо намегузоранд, чунки онҳо бо шарикон дар муносибатҳои ӯҳдадорӣ набуда, балки иштирокчии чунин муносибатҳо бо ширкат мебошанд. Маблағгузорон ҳатман бо шартҳои шартномаи таъсис бояд ошно бошанд, чунки ҳолати ҳуқуқии онҳо маҳз бо шартнома пешбинӣ мешавад. Маблағгузорон ҳақ доранд, ҳангоми баромадан аз ширкат қисми даромади худро гиранд ва инчунин бо шартнома ҳаҷм ва мӯҳлати ворид намудани ҳиссаҳои худро бо ширкат муайян кунанд[2].

Қонунгузорӣ нисбати ҳаҷми маблағи ғуншудаи ширкат талаботеро пешниҳод намекунад, чунки амволи шахсии шарикони комил низ ба сифати кафолати ҳуқуқии кредиторҳо баромад мекунад. Зарурати маблағи ғуншуда барои фаъолияти ширкат ҳамчун заминаи амволии фозилияти ташкилоти тиҷоратӣ вуҷуд дорад. Маҳз маблағи ғуншуда сарчашмаи қонеъ намудани талаботҳои кредиторон мебошад ва амволи шахси дар ҳолате чунин нақшро иҷро менамояд, ки маблағҳои ғуншуда кофӣ набошанд.

Хусусияти маблағи ширкати ба боварӣ асосёфта дар иштироки маблағҳои маблағгузорон таҷассум меёбад, вале дар қонунгузори нисбати таносуби маблағҳои ширкати комил ва маблағгузорон талаботе вуҷуд надорад, чунки ин масъала ба хоҳиши худи иштирокчиён ҳавола карда шудааст. Вобаста ба хусусияти табиати ҳуқуқӣ, ҳайати субъектон ва шакли шарикӣ дар он бояд ҳам шарикони комил ва ҳам маблағгузорон ширкат варзанд.

Идоракунии ширкат аз рӯи қоидаи умумии ба созиши ҳамаи шарикон ба амал бароварда мешавад ё якдилона ё ин ки агар бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинӣ шуда бошад, бо овоздиҳии бартариятнок. Дар идоракунӣ шарикон бо тарзи овоздиҳӣ иштирок менамоянд ва ҳар як шарик як овоз дорад, албатта, агар бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад. Дар баъзе ҳолатҳо миқдори овозҳо бо миқдори ҳиссаҳо алоқаманд карда мешавад. Маблағгузорон дар идоракунии ширкати ба боварӣ асосёфта, иштирок намекунанд.

Фаъолияти соҳибкории ширкат аз ҷониби ҳар як шарик ба амал бароварда мешавад, башарте ки бо шартномаи таъсис тартиби дигаре мақаррар нашуда бошад. Аз ҷумла, шарикон метавонанд якҷоя фаъолият кунанд, ё ин ки ба амал баровардани фаъолият ба зиммаи шарики алоҳида гузошта шавад. Шарикон бидуни ваколатнома аз номи ширкат баромад мекунанд, чунки онҳо ба қонун ё шартномаи таъсис ваколатдор шудаанд.

Ваколатнома танҳо ба он шарикони комил дода мешавад, ки барои ба амал баровардани фаъолият, бинобар ҷой доштани чунин шарти шартнома, ваколатдор намебошанд.

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиён аз узвияти онҳо ба ширкат бармеоянд ва як қатор хусусиятҳоро доро мебошад. Масалан, ҳолати ҳуқуқии шарики комилро ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ӯ оид ба иштироки бевосита дар фаъолияти ширкат ташкил медиҳад. «Иштирокчии ширкат, дар фаъолияти он бояд иштирок намояд, вагарна гирифтани фоида беасос мебошад»[3]. Шарики комил ҳуқуқ дорад, бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои ширкат, ки ба фаъолияти он алоқаманд мебошанд шинос шавад. Шарики комил ӯҳдадор аст, аз ба амал баровардани як қатор амалиётҳо бидуни розигии дигар шарикон худдорӣ намояд, аз ҷумла, бастани аҳдҳое, ки ба предмети фаъолияти ширкат дахл доранд ва чунин аҳдҳоро аз номи худ ва ба манфиати худ ё ба манфиати шахсони сеюме, ки намояндаҳои онҳо низ мебошад мебандад.

Ҳолати ҳуқуқии маблағгузорон бо ҳуқуқи онҳо ҷиҳати гирифтани фоида муайян карда мешавад. Ҳуқуқҳои ғайриамволӣ танҳо барои ба амал баровардани ҳуқуқҳои амволии онҳо зарур мебошанд. Масалан, маблағгузорон ба мақсади гирифтани иттилооти зарурӣ ҳуқуқ доранд бо ҳисоботҳои солонаи ширкат шинос шаванд.

Маблағгузорон чунин ҳуқуқҳои амволиро доро мебошанд:

– гирифтани фоида аз фаъолияти ширкат бо тартиби пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;

– гирифтани маблағҳои худ аз амволи боқимондаи ширкат пас аз қонеъ намудани талаботҳои кредиторон, бинобар барҳам додани ширкат.

Қонунгузории ҷорӣ қоидаи махсуси тағйирёбии ҳайати иштирокчиён ва барҳам хурдани ширкатро муқаррар намудааст.

Чун қоида ҳангоми тағйирёбии ҳайати иштирокчиён, ширкати комил метавонад фаъолияти худро идома диҳад, ба шарте ки бо шартнома ё созишнома чунин тартибот муқаррар гардида бошад. Барои тағйирёбии ҳайати шахсии ширкат созиши якдилонаи шарикон талаб карда мешавад.

Шарикони ширкати комил ҳуқуқ доранд аз ҳайати ширкат бароянд. Ду роҳи баромадан аз ширкат вуҷуд дорад. Ҳангоми татбиқи ҳар ду ҳолати нишондодашуда ба шарик арзиши ҳиссаи он дар шакли пулӣ ё натуралӣ пардохта мешавад, агар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд. Арзиши ҳисса ба арзиши маблағҳои гузошташуда баробар нест. Ҳиссаи шарик дар шакли фоизи арзиши амволи ширкат муайян карда мешавад.

Меросхӯрони шарике, ки аз ширкат мебарояд, бинобар шомил нашудани онҳо ба ширкат, ҳиссаи шарикро дар шакли пулӣ ё амволӣ метавонанд гиранд. Ҳамзамон, хатари таваккали масъулиятеро, ки ба шарики собиқ аз фаъолияти ширкат дахл дошт дар давоми ду сол нигоҳ медоранд, аммо ҳаҷми масъулияти онҳо бо арзиши мерос баробар мебошад.

Маблағгузарони ширкати ба бовари асосёфта низ метавонанд аз ширкат бароянд. Ин ҳуқуқро онҳо пас аз анҷом ёфтани соли молиявӣ метавонанд амалӣ гардонанд. Ҳангоми баромадан онҳо метавонанд, маблағи худро бо тартиби муқаррарнамудаи шартномаи таъсис гиранд ё ин ки як қисм ё ҳамаи онро ба маблағгузорони дигар ё шахсони сеюм диҳанд. Маблағгузорони ширкати ба боварӣ асосёфта нисбат ба шахсони сеюм ҳуқуқи бартариятноки харидкунии ҳиссаро доранд.

Қонун имконияти пешниҳоди ҳиссаи маблағгузорро (пурра ё қисман) ба маблағгузорони дигар ё шахсони сеюм, аммо на ба шарики комил муқаррар намудааст (қ. 2 м. 90 КГ ҶТ).

Дар баробари асосҳои умумии барҳам хурдани ташкилоти тиҷоратӣ, ки бо моддаи 62 КГ ҶТ муқаррар карда шудаанд, хусусиятҳои махсуси барҳамдиҳии ширкатҳо низ вуҷуд доранд. Масалан, ширкати комил дар ҳолатҳои зерин барҳам дода мешавад (м.85 КГ ҶТ):

– агар дар ширкат як иштирокчи боқӣ монд. Ин иштирокчӣ ҳуқуқ дорад дар муддати шаш моҳ, аз лаҳзаи ҳамчун иштирокчии ягонаи ширкат боқӣ мондан онро бо тартиби муқарарнамудаи КГ ба ҷамъияти хоҷагӣ табдил диҳад;

– дар сурати аз ҳайати ширкати ба боварӣ асосёфта баромадани ҳамаи маблағгузорон (қ.1 м.91 КГ).

Ширкати ба боварӣ асосёфта низ бо асосҳое, ки нисбати ширкати комил пешбинӣ шудаанд, барҳам дода мешавад. Ширкати ба боварӣ асосёфта ҳангоми вуҷуд доштани як шарики комил ва як маблағгузор метавонад фаъолияти худро нигоҳ дорад. Ҳангоми аз ширкати ба бовари асосёфта баромадани ҳамаи маблағгузорон, шарикони комил метавонанд онро ба ширкати комил табдил диҳанд.

б) ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва иловагӣ.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (минбаъд ҷамъият) ҷамъияти хоҷагиест, ки аз ҷониби як ё якчанд шахсе таъсис дода шуда, сармояи оинномавии он бо ҳиссаи ҳаҷми муайянкардаи ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъият аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулият надоранд ва зиёни таваккалли марбут бо фаъолияти ҷамъиятро дар доираи арзиши саҳми гузоштаашон ба ӯҳда доранд.

Иштирокчиёни ҷамъият, ки ба сармояи оинномавии ҷамъият саҳмро дар ҳаҷми пуррааш нагузоштаанд, тибқи ӯҳдадории он дар доираи арзиши қисми пардохташудаи саҳми ҳар кадом иштирокчии ҷамъият масъулияти муштарак доранд.

Ҷамъият дар моликият амволи алоҳида дорад, ки дар баланси мустақили он ба ҳисоб гирифта мешавад, вай аз номи худ ҳуқуқҳои амволи ва шахсии ғайриамволиро ба даст дароварда ва онро амалӣ менамояд, ӯҳдадориро ба зимма гирифта, дар суд даъвогар ва ҷавобгар шуда метавонад.

Ҷамъият шахси ҳуқуқӣ буда бо тартиби муқаррар-кардашуда метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоxикистон ва берун аз он суратҳисобҳои бонкӣ кушояд (м. 2 Қонун дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд).

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд чунин ҷамъияти хоҷагиест, ки маблағи ойинномавии он ба ҳиссаҳои иштирокчиён тақсим шудааст. Ба ҳиссаҳо тақсим намудани сармояи ойинномавӣ амволи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро ба моликияти умумии ҳиссагӣ табдил надода, мақсади он муайян намудани ҳиссаи ҳар як иштирокчӣ дар идоракунӣ, гирифтани фоида ва квотаи барҳамдиҳӣ мебошад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо тамоми амволи ба ӯ тааллуқдошта ҷавобгар буда, аз рӯи ӯҳдадориҳои иштирокчиёнаш ҷавобгар нест. Иштирокчиён низ аз рӯи қарзҳои ҷамъият бо амволи шахсии худ ҷавобгар намебошанд. Хатари зарар аз фаъолияти ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд дар ҳаҷми арзиши маблағҳои гузошташудаи онҳо маҳдуд мегардад. Нисбати иштирокчиёне, ки ҳамаи ҳиссаашонро ба сармояи ойинномавӣ нагузоштаанд, ҷавобгарии муштарак дар ҳаҷми маблағҳои воридкарданашуда татбиқ карда мешавад.

Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд – шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон, аз ҷумла шахсоне, ки фаъолияти соҳибкориро ҳамчун касб ба амал намебароранд, шуда метавонанд. Мақомотҳои давлатӣ ва мақомотҳои худидораи маҳаллӣ наметавонанд иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бошанд қ.4 м.69 КГ ҶТ.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аз ҷониби як ё якчанд шахсон таъсис дода мешавад. Қонунгузорӣ миқдори иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдудро то 30 нафар муқаррар кардааст. Агар миқдори иштирокчиёни ҶДММ аз 30 нафар зиёд бошанд, пас бояд он дар давоми як сол ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил ёбад вагарна бо гузаштани ин мӯҳлат бо тартиби судӣ барҳам дода мешавад. Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқ ва ӯхдадориҳои муайянеро доранд, ки бо номи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои корпоративӣ машҳуранд.

Ба ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҷамъият ҳамчун иттиҳоди маблағҳо инҳоро дохил намудан мумкин аст:

-ҳуқуқи иштирок дар идоракунии ҷамъият;

-ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот дар бораи фаъолияти ҷамъият ва ошно шудан бо ҳуҷҷат ва китобҳои муҳосибавӣ;

-ҳуқуқ барои тақсими фоида;

-ҳуқуқ ба фурӯш ё бо дигар роҳ пешниҳод намудани ҳисса дар маблағи ойинномавии ҷамъият;

-ҳуқуқ барои баромадан аз ҷамъият новобаста аз розигии дигар иштирокчиён ва гирифтани ҳиссаи амволӣ аз ҷамъият;

-ҳуқуқ ба гирифтани ҳиссаи амволӣ ё ин ки эквиваленти пулӣ пас аз ҳисобӣ намудан бо кредиторҳо ё худ квотаи барҳамдиҳӣ.

Ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ҷамъият бо зарурати иштироки шахсии онҳо дар фаъолияти соҳибкории ҷамъият алоқаманд набуда, бо инҳо маҳдуд карда мешавад: ворид намудани ҳисса ба сармояи ойинномавии ҶДММ бо риояи тартиб, хаҷм ва мӯҳлати пешбини намудаи қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва фош накардани иттилооти махфӣ дар бораи фаъолияти ҷамъият.

Мутобиқи қонун дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ба ҳама ё иштирокчиёни алоҳидаи ҷамъият ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иловагӣ дода мешаванд. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иловагӣ тибқи оинномаи ҷамъият ё дар асоси қарори якдилонаи маҷлиси умумӣ пешбинӣ мешаванд. Бояд гуфт, ки муқаррар намудан ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иловагӣ, маҳдуд ё қатъ намудани онҳо дар асоси қарори маҷлиси умумӣ бо овоздиҳии на камтар аз 3/2 ҳиссаи иштирокчиён ва розигии худи иштирокчӣ имкон дорад.

Агар чунин иштирокчӣ ҳиссаи худро ба каси дигар диҳад, ин маънои гузаштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иловагиро ба он кас надорад. Ин аз хусусияти шахсӣ доштани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иловагӣ дарак медиҳад. Ҳамчун ӯҳдадории иловагӣ – расонидани ягон хизмат ба ҷамъият ҳисобида мешавад. Ба сифати ҳуқуқи иловагӣ- ҳуқуқ дар бораи таъин намудани мақомоти идоракунии яккароҳбар ё қисми мақомоти иҷроияи ҷамъият баромад мекунад.

Ба сифати ҳуҷҷатҳои таъсисии ҶДММ ойиннома ва шартномаи таъсис эътироф карда шудаанд. Агар ҷамъият аз ҷониби як шахс таъсис ёбад, пас ягона ҳуҷҷати таъсисии он ойиннома мебошад, ки аз ҷониби ӯ тасдиқ карда мешавад.

Дар шартномаи таъсис – муассисон ӯҳдадории ташкил намудани ҷамъиятро ба зимма мегиранд, ки ҷамъиятро таъсис медиҳанд ва бинобар ин таркиби муассисон, ҳаҷми маблағи ойинномавӣ, ҳиссаи ҳар як иштирокчиён, ҳаҷм, тартиб ва масъулияти онҳо барои ворид намудани ҳиссаҳои худ ба ҷамъият, тартиби тақсим намудани фоида, тартиби баромадан ва ғайраро дар бар мегирад. Агар шартномаи таъсис бештар ба танзим намудани муносибатҳои дохилии байни иштирокчиён равона шуда бошад, пас ойиннома ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҶДММ барои шахсони сеюм мебошад.

Дар ойиннома ба ғайр аз маълумотҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои дигари таъсиси дарҷ меёбанд, ҷой додани чунин маълумотҳо зарур мебошад: номи ҷамъият, маълумот дар бораи ҷойи ҷамъият, низом, ваколат ва тартиби қабули қарор дар мақомотҳои идоракунии ҷамъият, ҳаҷми маблағи оинномавӣ, ҳиссаи ҳар як аъзо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни ҷамъият, аз он ҷумла, ҳукуқи баромадан аз ҷамъият ва бегона намудани ҳиссаи хеш ба шахсони дигар ва инчунин дигар маълумотҳои бо қонун ё хоҳиши иштирокчиён муқаррар кардашударо дар бар мегирад.

Хусусияти ин шакли фаъолияти соҳибкорӣ дар он зоҳир мегардад, ки ҷавобгарии шахсии амволии иштирокчиён аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият истисно карда шудааст. Бинобар ин қонун барои ҳимояи манфиатҳои дигар иштирокчиёни муомилот талаби муайянро оид ба ҳаҷм ва тартиби ташаккулёбии сармояи ойинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд муқаррар намудааст.

Ҳаҷми маблағи ойиномавие, ки аз арзиши номиналии ҳиссаи ҳар як аъзо иборат аст, набояд аз ҳаҷми 400 каратаи музди кори ҳадди ақал дар лаҳзаи қайди давлатӣ кам бошад.

Афзоиши сармояи оинномавии ҷамъият аз ҳисобҳои зерин сурат мегирад:

1) аз ҳисоби амволи ҷамъият, яъне аз ҳисоби афзоишёфтани воситаҳои фаъоли ҷамъият, ҳамзамон ҳаҷми ҳиссаи иштирокчиён бетағйир мемонад, вале арзиши номиналии онҳо баланд мешаванд;

2) аз ҳисоби маблағҳои иловагии иштирокчиён ба сармояи ойинномавӣ. Маблағҳои иловагиро метавонанд ҳамаи иштирокчиён гузоранд, ки ин боиси афзудани арзиши номинали ҳиссаи онҳо мегардад. Маблағҳои иловагиро инчунин метавонанд, як қисми иштирокчиён супоранд, ки ин боиси тағйирёбии таносуби ҳиссаҳо мегардад, ба шарте бо оиннома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, пас барои бастани чунин аҳд розигии ҷамъият ё дигар аъзоён талаб карда намешавад;

3) аз ҳисоби маблағҳои шахсони сеюм, ки ба ҷамъият дар асоси розигии якдилонаи ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият қабул карда шудаанд, агар ин дар ойиннома манъ нашуда бошад.

Сармояи ойинномавии ҶДММ бо ду тарз кам карда мешавад:

1) бо роҳи кам намудани арзиши номиналии ҳиссаи ҳамаи иштирокчиёни ҷамъият дар маблағи ойинномавӣ дар ҳаҷми баробар ба ҳиссаҳои онҳо;

2) ё пардохт намудани ҳиссаҳое, ки ба ҷамъият тааллуқ доранд.

Ҷамъият ӯҳдадор ҳаст, ки дар ҳолатҳои зерин сармояи ойинномавии худро кам намояд:

а) аз ҷониби иштирокчиён комил пардохт накардани маблағҳои худ дар давоми як сол аз лаҳзаи қайди давлатии ҷамъият;

б) ҳангоми кам шудани маблағҳои фаъоли ҷамъият аз ҳаҷми сармояи ойинномавии ҷамъият аз оғози соли дуюми фаъолияти ҷамъият.

Кам намудани сармояи ойинномавӣ бо риояи талаби огоҳкунонии хаттии кредиторҳои асоси дар мӯҳлати 30 рӯз аз лаҳзаи қабул намудани чунин қарор ба амал бароварда мешавад.

Гузоштани ҳисса ба фоидаи дигар иштирокчӣ бидуни розигии ҷамъият ва дигар иштирокчиён ба амал бароварда мешавад, ба шарте ки оиннома тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, пас ҳиссаи худро иштирокчии ширкат метавонад ба шахсони сеюм фурӯшад. Ҳамзамон аъзои ҷамъият ҳуқуқи бартариятнокӣ харид намудани чунин ҳиссаро бо нархи пешниҳоди доро мебошад. Иштирокчие, ки хоҳиши ба шахсони сеюм фурӯхтани ҳиссаи худро дорад, ӯҳдадор ҳаст, ки дар шакли хаттӣ дигар иштирокчиён ва худи ҷамъиятро огоҳ намояд. Агар дар мӯҳлати як моҳ ҷамъият ё иштирокчиёни дигар аз ҳуқуқи бартариятнокӣ худ истифода накунанд, пас ӯ метавонад ҳиссаи худро бо шарт ва нархи пешниҳодшуда ба шахсони сеюм фурӯшад. Агар дар рафти фурӯш тартиби муқарраршуда риоя нагардад пас иштирокчӣ дар мӯҳлати 3 моҳ аз лаҳзае, ки дар бораи бастани аҳд огоҳӣ ёфт ва ё бояд ки огоҳ мешуд, метавонад, ки бо роҳи муроҷиат намудан ба суд ҳуқуқу ӯҳдадориҳои харидорро ба худ гузаронад.

Агар ойиннома гузариши ҳиссаро ба каси дигар манъ намояд ва инчунин дигар иштирокчиён аз харидорӣ намудани ҳиссаи пешниҳодшаванда даст кашанд, ё ин ки агар барои бегона намудани ҳисса, ойиннома розигии дигар иштирокчиёнро пешбинӣ кунад, вале онҳо чунин розигиро надиҳанд, пас бо талаби иштирокчӣ ҷамъият ӯҳдадор ҳаст, ки онро харидорӣ кунад ва дар мӯҳлати на зиёда аз як сол аз лаҳзаи гузаштани ҳисса ба ҷамъият арзиши ҳақиқии онро ба иштирокчӣ пардохт намояд.

Иштирокчии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд ҳуқуқ дорад, новобаста аз розигии дигар аъзоён, ё худи ҷамъият аз ҷамъият барояд. Меъёрҳои қонунгузорӣ дар бораи ҶДММ, ки ҳуқуқи иштирокчиро барои баромадан аз ҷамъият танзим менамояд, хусусияти императивӣ доранд. Ҳангоми баромадан ба ӯ арзиши ҳақиқии ҳисса дар шакли пулӣ ё натуралӣ дар мӯҳлати шаш моҳи баъди ба охир расидани соли молиявӣ дода мешавад. Ҳиссаи иштирокчӣ аз лаҳзаи навиштани ариза дар бораи баромадан аз ҷамъият ба ҳисоби ҷамъият мегузарад. Ҳамин тариқ, байни қатъ гардидани муносибатҳои корпоративӣ ва гирифтани арзиши ҳақиқии ҳисса вақти муайяне мегузарад, ки бевосита барои муайян намудани арзиши ҳақиқии ҳисса бинобар аз даст додани имконияти гирифтани иттилоот аз фаъолияти ҷамъият таъсир мерасонад. Нисбати ин тартиби пешниҳод-шуда дар байни олимон фикри ягона вуҷуд надорад. Масалан, С.Д. Могилевский қайд менамояд, ки ба амал баровардани ҳуқуқи озодона баромадани иштирокчиён аз ҷамъият бо гирифтани арзиши ҳақиқии ҳиссаи худ ҶДММ-ро ба яке аз шаклҳои хатарноктарини ташкилӣ-ҳуқуқии шахсони ҳуқуқӣ табдил медиҳад[4]1.

Хориҷ намудани иштирокчиён аз ҶДММ танҳо бо тартиби судӣ ва бо талаби он иштирокчиёне амалӣ карда мешавад, ки ҳиссаи онҳо дар маҷмӯъ на камтар аз 10% сармояи ойинномавиро ташкил медиҳад.

Барои хориҷ намудани иштирокчии ҶДММ чунин асосҳо муқаррар карда шудааст:

– аз ҷониби иштирокчи дағалона вайрон намудани ӯҳдадорҳои худ;

– содир намудани ҳаракат (беҳаракатие), ки фаъолияти ҷамъиятро номумкин ё ниҳоят мураккаб мегардонад.

Ба иштирокчии хориҷ карда шуда, арзиши ҳақиқии ҳиссаи он, ки тибқи ҳисоботҳои муҳосибавӣ муқаррар карда шудааст, пардохта мешавад. Ҳамин тариқ, оқибатҳои ҳуқуқии баромадан ё хориҷ шудан аз ҶДММ якхела мебошанд ва хориҷ намудан маънои татбиқи чораи ҷазоро ба шарик надорад. Оқибатҳои ногувори ҳуқуқиро нисбати чунин иштирокчиён дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинӣ намудан мумкин аст. Масалан, дар шартномаи таъсис зарурияти баргардонидани товони зараре, ки бо ҳаракатҳои чунин аъзо ба ҶДММ расонида шудааст, ё ин ки чораҳои ҷаримавӣ низ муқаррар карда мешавад.

Фоидае, ки ҶДММ дар натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ ба даст меорад, байни иштирокчии он тақсим карда мешавад. Ҳаҷми фоидаи ҳар як иштирокчиёни ҷамъият бо ҳаҷми ҳиссаи он дар сармояи ойинномавӣ баробар мебошад, башарте ки ойинномаи ҷамъият тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Дар ҶДММ нисбат ба ҶС имконияти тақсимоти фоида бидуни назардошти ҳиссаи гузошташудаи онҳо мумкин аст. Қарор барои тақсимоти фоида аз ҷониби маҷлиси умумии иштирокчиён баъди ҳар як нимсола ё як сол қабул карда мешавад.

Ба мақсади ҳимояи манфиатҳои кредиторон, иштирокчиён ва худи ҷамъият, қонун имконияти тақсим намудани фоидаро байни аъзоён маҳдуд мегардонад. Маслан, то лаҳзаи пурра пардохт намудани сармояи ойинномавӣ ё анҷом надодани пардохтҳои зарурӣ ба аъзое, ки аз ҷамъият баромадааст, ё ҳангоми паст шудани арзиши воситаҳои фаъол нисбати сармояи ойиномавӣ, ҷамъият, ҳуқуқи дар байни аъзоён тақсим кардани фоидаро надорад.

Принсипи асосии ташкили идоракунӣ дар ҶДММ принсипи тақисмотӣ ҳокимият мебошад. Ҳамзамон, агар КГ ҶТ низоми ду зиннагии мақомотҳои идоракунии ҶДММ пешбинӣ карда бошад, пас қонун дар бораи ҶДММ низоми созишномавии мақомотҳои идоракунии онҳор муқаррар намудааст: маҷлиси умумии иштирокчиён, шӯрои директорон (шӯрои назоратӣ), мақомоти иҷроияи якасардор ё ин ки мақомоти дастаҷамъии иҷроия.

Мақомоти олии идоракунии ҷамъият – маҷлиси умумии иштирокчиён он мебошад. Ҳамаи иштирокчиён ҳуқуқ доранд дар маҷлиси умумӣ иштирок намуда масъалаҳоро муҳокима намоянд ва оиди қабули қарорҳо овоз диҳанд. Ҳамагуна маҳдудиятҳои ин ҳуқуқҳои аъзоён беэътибор ҳисобида мешаванд. Миқдори овозҳои аъзоён ба ҳиссаи онҳо баробар мебошад, вале дар ойинномаи ҷамъият, ки якдилона қабул шудааст, имконияти муқаррар намудани дигар тартиби ҳисоби овозҳо мумкин аст, пешбинӣ шавад.

Маҷлиси умумӣ дорои ваколатҳои истисноӣ мебошад. Масъалаҳое, ки ба ваколати истисноии маҷлиси умумӣ дахл доранд, соҳаҳои муҳимтарини ташкили фаъолияти ҷамъиятро дар бар мегиранд ва пешниҳод намудани онҳо ба шӯрои директорон ё дигар мақомотҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонун қатъиян манъ карда шудааст.

Ба ваколати истисноии маҷлиси умумии ҷамъият чунин масъалаҳо тааллуқ доранд:

– муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият;

– қабули қарор дар бораи аъзогӣ ба ассосиатсияҳо ва дигар иттиҳодияҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ;

– тағйир додани ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, аз ҷумла, ойиннома ва шартномаи таъсис;

– таъсис ё пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати мақомотҳои иҷроия, комиссияи тафтишӣ;

– тасдиқ ҳисоботи солона;

– тақисмоти фоида байни аъзоён;

– таҷдид ё барҳам додани ҷамъият.

Хусусияти танзими ҳуқуқии ин шакли ташкилӣ – ҳуқуқӣ дар он зоҳир мегардад, ки як қатор масъалаҳои ваколати истисноии маҷлиси умумии ҷамъият бояд якдилона ҳаллу фасл шаванд. Аз ҷумла, ворид намудан тағйироту иловаҳо ба шартномаи таъсисӣ, қабули қарор дар бораи таҷдид ва барҳам додани ҷамъият ва дигар масъалаҳое, ки оинномаи ҷамъият ба ин номгӯй дохил намудааст.

Ойинномаи ҷамъият шӯрои нозирон ё директоронро ба сифати мақомоти идоракунӣ пешбинӣ менамояд. Ойиннома ба ваколати ин мақомот ҳаллу фасл чунин масъалаҳоро дохил менамояд, аз ҷумла:

-таъсис ва барҳам додани мақомотҳои иҷроия;

– даъват ва гузаронидани маҷлиси умумӣ;

– қабул қарор дар бораи бастани аҳдҳо, агар ҳаллу фасли ин масъалаҳо ба ваколати маҷлиси умумӣ дохил нашуда бошанд. Аъзои мақомоти иҷроияи дастаҷамъии ҷамъият бештар аз чоряки ҳайати Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъиятро ташкил дода наметавонад. Шахсе, ки вазифаи мақомоти яккасардории иҷроияи ҷамъиятро иҷро менамояд, дар як вақт наметавонад раиси Шӯрои директорони (Шӯрои мушоҳидакорони) ҷамъият бошад.

Мақомоти иҷроия фаъолияти ҷории ҷамъиятро идора менамояд. Ин мақомот дар назди Шӯрои директорон ва маҷлиси умумӣ ҳисобот медиҳад.

Дар ҷамъият ду гурӯҳи мақомоти иҷроияро ҷудо намудан мумкин аст:

(1) мақомоти якасардори иҷроияи ҷамъият, яъне директори генералӣ ё директор;

(2) мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ – садорат, маъмурият ва ғайра. Ваколати раиси мақомоти дастаҷамъии идоракуниро директори генералӣ ё директор иҷро менамоянд.

Комиссияи тафтишотӣ – ба мақсади назорат аз рӯи фаъолияти молиявии ҷамъият таъсис дода мешавад. Ин мақомот дар ҳолати дилхоҳ метавонад фаъолияти молиявӣ – хоҷагии ҷамъияро тафтиш намояд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои ин мақсад заруриро метавонад талаб намояд. Тафтиши як қатор ҳуҷҷатҳо ба тартиби ҳатмӣ аз ҷониби ҷамъият ба амал бароварда мешаванд, аз ҷумла, ҳуҷҷатҳои солона ва ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ. Барои тафтиши фаъолияти ҷамъият, дар асоси қарори маҷлиси умумӣ, аудитории касбӣ низ метавонад, ҷалб карда шавад.

Ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ чунин ҷамъиятеро меноманд, ки сармояи ойинномавии он ба ҳаҷми ҳиссаҳое, ки ҳуҷҷатҳои таъсиси муқаррар намудаанд, тақсим карда шудааст.

Иштирокчиёни ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои он муштаракан масъулияти субсидиариро дар ҳаҷми барои ҳамаи онҳо якхелаи карат нисбат ба ҳаҷми ҳиссаҳои гузошташуда, доро мебошанд.

ҶДМИ аз рӯи моҳияти худ як намуди ҶДММ мебошад, бинобар ин, КГ ҶТ пешбинӣ намудааст, ки қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин кодекс нисбати ҶДММ ба фаъолияти ҶДМИ низ паҳн мешаванд, ба шарте ки худи кодекс қоидаи дигареро пешбинӣ накарда бошад.

Хусусияти фарқкунандаи ин шакли фаъолияти соҳибкорӣ дар масъулияти амволии аъзоёни ҶДМИ аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият мебошанд. Ҳангоми норасоии амволи ҶДМИ барои қонеъ намудани талаботҳои кредиторон аъзоёни ҷамъият ба ҷавобгарии муштарак бо амволӣ шахсиашон кашида мешаванд.

Ҳамзамон, қайд бояд кард, ки ҳаҷми масъулияти аъзоён маҳдуд карда шудааст, чунки он на ба ҳамаи амволӣ онҳо чун дар ширкати комил, балки бо як қисми он, яъне дар ҳаҷми карати маблағҳои ба сармояи ойинномавии ҷамъият ворид намуда. Масалан, иштирокчиён дар ҳаҷми се карат, чор карат ва ҳоказо вобаста ба ҳаҷми арзиши маблағҳои ба сармояи ҶДМИ прдохтаашон масъул мебошанд.

Аз инҷо боз як хусусияти ин шакли фаъолияти соҳибкорӣ бармеояд. Масалан, ҳангоми муфлис шудани яке аз аъзоёни ҶДМИ, масъулияти ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъият байни дигар аъзоён баробари ҳаҷми арзиши ҳиссаҳои онҳо тақисм мешавад, агар бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

в) ҷамъияти саҳомӣ.

Ҷамъияти саҳомӣ – ташкилоти тиҷоратие, ки сармояи оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шуда, иштирокчиёни (саҳмдорони) он аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ масъулият надоранд ва таваккалли зарари вобаста ба фаъолияти онро дар доираи арзиши саҳмияҳои марбуташон ба зимма доранд.

Иштирокчиёни ҷамъияти саҳомӣ, яъне саҳомон аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ масъул набуда, хатари зарар аз фаъолияти ҷамъият дар ҳаҷми арзиши саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта, маҳдуд мегардад. Саҳомоне, ки пурра арзиши саҳимяҳои худро напардохтаанд, аз рӯи ӯҳдадориҳои ҷамъияти саҳомӣ дар ҳаҷми арзиши қисми пардохтнакардаи саҳмияҳои худ масъулияти муштаракро мебаранд.

Хусусияти фарқкунандаи ин шакли ташкилӣ-ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар ташаккулёбии сармояи ойиннома-вии он зоҳир мегардад, ки он тавассути паҳн намудани қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ, яъне саҳмияҳо ба вуҷуд меоянд.

Саҳмия ҳуқуқи ӯҳдадории иштирокчиёнро нисбати ҷамъият тасдиқ менамояд. Имконияти озодона хариду – фурӯш намудани ин қоғазҳои қиматнок шарти беҳтарини ҷалб намудани маблағҳои зарурӣ мегардад. Ин имконият медиҳад, ки бо кам намудани хатари нобудшавии амволи хеш, лоиҳаҳои ниҳоят дорои арзиши калонро амалӣ намоянд. Чунин тарзи гузоштани маблағҳо, инчунин барои он фоидаовар ҳисобида мешавад, ки ҳангоми ба амалбарории шакли саҳомии фаъолияти соҳибкорӣ маблағҳо аз як соҳа ба соҳаи дигари истеҳсолот бо назардошти вазъияти иқтисодӣ гузаронида мешаванд.

Саҳом аз ҳайати ҷамъият бо роҳи фурӯхтани саҳмияи худ озодона баромада метавонад, яъне дар ин шакли фаъолияти соҳибкорӣ сухан дар бораи гирифтани ҳисса ё ин ки арзиши пулии он намеравад.

Ҳамин тариқ, хусусияти фарқкунандаи ҷамъияти саҳомӣ аз дигар шаклҳои ҷамъиятҳои хоҷагӣ дар он ифода меёбад, ки маблағи ойинномавии ҷамъияти саҳомӣ дахлнопазир мебошад ва маҳз ҳамин хусусият аз бартарияти ин шакли ҷамъияти хоҷагӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҷамъияти саҳомӣ шакли беҳтарини фаъолияти соҳибкории корпоративӣ мебошад.

Ду навъи ҷамъиятҳои саҳомиро ҷудо намудан мумкин аст:

1) ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода;

2) ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида.

Тағйирёбии навъи ҷамъияти саҳомӣ маънои таҷдиди онро надорад. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ нисбат ба ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида фикри ягона вуҷуд надорад. Олимон чунин ақида доранд, ки зарурияти мавҷудияти ин навъи ҷамъияти саҳомӣ вуҷуд надорад, чунки мақсади асосии ҷамъияти саҳомӣ ҷалб намудани маблағҳои пулӣ мебошад, на ин ки тақсимоти онҳо. Дар мамлакатҳое, ки ҶДММ вуҷуд дорад, ҷамъияти саҳомии навъи пӯшидаро инкор мекунанд ва баръакс.

Ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида дар лаҳзаи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ба вуҷуд омадаанд ва инчунин ин шакли фаъолияти соҳибкориро бо иштироки амволи ташкилотҳои хориҷӣ истифода намудан мумкин аст[5]1.

Хусусияти якуми фарқкунандаи ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода аз ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида дар он зоҳир меёбад, ки шарт ва тартиби ҷойгиркунии саҳмияҳо ва ҳуқуқи саҳомон оиди фурӯхтан ва ҳуқуқи бартариятнокии харидкунии саҳмияҳо вуҷуд дорад. Саҳомони ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода ҳуқуқи озодона фурӯхтани саҳимяҳоро доранд.

Дар қонунгузории ҷамъияти саҳомӣ манъкуниҳои императивӣ оиди муқаррар намудани ҳуқуқи бартариятноки ҷамъият ё саҳомон барои харидкунии пешбинӣ шудааст. Саҳимяҳои ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида танҳо байни муассисон ё ин ки доираи шахсони пешакӣ муайянгардида тақсим карда мешаванд. Ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида наметавонад, ки онҳоро ба доираи номуайяни шахсон пешниҳод намояд.

Саҳомони ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида ҳуқуқи бартариятнокӣ харидори намудаи саҳмияҳоеро доранд, ки саҳомон ба шахсони дигар бо нархи муайян пешниҳод кардаанд. Дар ойиннома инчунин ҳуқуқи бартариятнокӣ харидкунии худи ҷамъият низ пешбинӣ карда мешавад, яъне агар дигар саҳомон аз ҳуқуқи бартариятнокӣ худ истифода накунанд, пас худи ҷамъият онҳоро метавонад харидорӣ намояд.

Дуюм хусусияти фарқкунандаи ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида аз ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода дар он аст, ки миқдори иштирокчиёни ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида аз 50 нафар зиёд буда наметавонанд.

Хусусияти сеюми ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода дар баамал баровардани фаъолияти он мебошад, ки фаъолияти кӯшода дорад ва дар воситаҳои ахбори омма маълумот дар бораи ҳисоботи солона, дар бораи маҷлиси умумӣ ва ғайраҳо нашр карда мешаванд. Ин талабот ба мақсади қонеъ намудани сармоягузоронӣ эҳтимолӣ бо иттилооти зарурӣ муқаррар карда шудааст.

Ҷамъияти саҳомии навъи пӯшида танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти худ иттилоот медиҳад, масалан, ҳангоми паҳнкунии озодонаи облигатсия ва дигар қоғазҳои қиматнок.

Иштирокчиёни ҷамъияти саҳомӣ саҳмияҳои ҷамъиятро харидорӣ менамояд ва ҳамин тариқ, ҳамчун саҳомон баромад менамоянд. Ба сифати саҳомони ҷамъияти саҳомӣ ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони ҷисмонӣ баромад карда метавонанд, аз ҷумла, шахсоне, ки ба сифати соҳибкор ба қайд гирифта нашудаанд. Мақомотҳои давлатӣ ва мақомотҳои худидоракунии маҳаллӣ ба сифати саҳомон баромад карда наметавонанд. Ба сифати муассиси ҷамъияти саҳомӣ чун ҶДММ метавонад ҷамъияти хоҷагие баромад намояд, ки аз як шахс иборат аст.

Қонунгузорӣ ва амалияи хоҷагӣ ба ақидаи олимон, имконияти мавҷудияти чунин ширкатҳоро бо иштироки як шахс инкор менамуд[6]. Ба фикри гурӯҳи дигари олимон «ҳамчун иттиҳодия, ширкати саҳомӣ на бояд аз ду нафар камтар бошад. Муттаҳид намудани саҳмияҳо ё ин ки ҳиссаҳо дар дасти як кас маънои барҳам хурдани ширкатро дорад. Иттиҳоди иштирокчиён шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳад» [7].

Мувофиқи назари М.И. Кулагин, хусусияти мутамарказонии капитал иқтисодиёти капиталистро ба он оварда расонидааст, ки дар ин мамлакатҳо шахсони ҳуқуқие, ки аз як нафар иштирокчӣ иборат мебошанд, ба вуҷуд омадаанд[8].

Гарчанде, ки мавҷудияти чунин ширкатҳо ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ба моҳияти шахси ҳуқуқӣ чун иттиҳоди коллективӣ мухолиф бошад ҳам, қайд мекунад В.А. Мусин, дар ибтидо амалияи тиҷоратӣ ва судӣ, сипас назария ва қонун ҳуқуқи мавҷудияти ширкатҳоеро, ки ба як шахс тааллуқ доранд, эътироф намуд[9].

Тазаккур додан зарур аст, ки худи қонунгузории муосир ин масъаларо мусбӣ ҳал намудааст, яъне ба фоидаи мавҷудияти чунин шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва баҳсу мунозираи олимон оиди табиати ҳуқуқии онҳо барои амалияи фаъолияти онҳо аз аҳамият холӣ нест.

Эътироф намудани «ширкатҳои як шахс» бо ду роҳ ба амал бароварда мешавад:

1) бо роҳи расмӣ;

2) бо роҳи бевосита, эътироф намудани чунин ширкатҳо, бинобар баромадани дигар аъзоён бо сабабҳои гуногун аз ширкат. Масалан, қонуни Фаронса дар бораи ширкатҳо (с.1966) муқаррар менамояд, ки «муттаҳид намудани ҳамаи ҳиссаҳо ё ин ки саҳмияҳо дар дасти як нафар маънои қатъ шудани фаъолияти ширкатро надорад».

Ба гурӯҳи давлатҳое, ки дар сатҳи қонунгузорӣ ҳуқуқи таъсис додани «ширкатҳои як шахс»-ро эътироф менамояд, дар баробари Олмон, ИМА ва Россия, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ дохил намудан мумкин аст. Ба мақсади пешгирӣ намудани таъсиси «аҳромҳои молиявӣ» қонунгузории ҷорӣ нисбати таъсис додани ширкатҳои хоҷагие, ки аз як иштирокчӣ (саҳом) ё ин аз як саҳом иборат аст, маҳдудиятҳо муқаррар намудааст.

Ҳуҷҷати асосие, ки фаъолияти ҷамъияти саҳомӣ ба он асос ёфтааст, ойиннома мебошад. Мутобиқи қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» аз 5 марти соли 2007 шартномаи таъсис байни муассисони ҷамъияти саҳомӣ баста мешавад, ки дар он тартиби фаъолияти якҷоя оид ба таъсиси ҷамъияти саҳомӣ, андозаи сармояи ойинномавӣ, намудҳои саҳмия, ки байни муассисон паҳн карда мешаванд, андоза ва тартиби пардохти саҳмияҳо ва ҳамчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муассисон оид ба ташкили ҷамъияти саҳомӣ муайян карда мешавад (қ.3 м. 10 Қонун).

Ҳамин тариқ, дар худи қонун гарчанде ки истилоҳи шартномаи таъсис истифода шуда бошад ҳам, вале дар он ҳаракатҳои муассисон то лаҳзаи қайди давлатии ҷамъият нишон дода нашудаанд.

Шартномаи мазкур тартиби фаъолияти якҷояи муассисонро оид ба таъсиси ҷамъият, ҳаҷми маблағи оинномавӣ, навъ ва номгӯи саҳмияҳое, ки байни муассисон паҳн карда мешаванд, ҳаҷм ва тартиби пардохти онҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисонро оид ба созмон додани ҷамъият муайян менамояд.

Ойинномаи ҷамъияти саҳомӣ ҳуҷҷати таъсисии ҷамъияти саҳомӣ мебошад. Талаботи ойинномаи ҷамъияти саҳомӣ барои иҷро аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҷамъияти саҳомӣ ва саҳмдорон ҳатмӣ мебошад.

Ойинномаи ҷамъияти саҳомӣ чунин маълумотҳоро дар бар мегирад:

– номи пурра ва мухтасари фирмавии ҷамъияти саҳомӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, намуди ҷамъияти саҳомӣ, миқдор, арзиши номиналӣ ва намуди саҳмияҳо (оддӣ, имтиёзнок), ҳуқуқи саҳомон, ҳаҷми сармояи оинномавӣ, сохт ва ваколати мақомотҳои идоракунӣ, тартиби тайёри ва гузаронидани маҷлиси умумӣ, маълумот дар бораи филиал ва намояндагиҳо ва ҳоказоро дар бар мегирад.

Ойиннома санади меъёрии асосии ҷамъияти саҳоми буда аз ҷониби худи ҷамъият қабул карда мешавад. Дар асоси ойиннома дигар ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳомӣ қабул карда мешаванд. Қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ зарурияти аз ҷониби ҷамъияти саҳомӣ қабул намудани як қатор ҳуҷҷатҳоро муқаррар менамояд. Аз ҷумла ҳуҷҷатҳое, ки тартиби таъсис, ваколат ва сохти мақомотҳои идоракунии ҷамъияти саҳомиро пешбинӣ менамоянд. Масалан: низомнома (дастур ё дигар ҳуҷҷат) дар бораи маҷлиси умумии саҳомон, дар бораи шӯрои директорон, дар бораи директори генералӣ, дар бораи комиссияи тафтишотӣ ва ғайра. Тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои дар боло нишондодашуда, ваколати маҷлиси умумии саҳомон мебошад.

Ҷамъияти саҳомӣ дар баробари ин метавонад, ки оид ба дигар масъалаҳои дохилӣ низ ҳуҷҷатҳо қабул намояд. Аз ҷумла, масъалаи ташакулёбии сармояи ойинномавии ҷамъият, тақсими фоида, ихтиёрдорӣ намудани амвол ва ғайра. Талаботи асосие, ки қонунгузорӣ нисбати ҳуҷҷатҳои дохилӣ муқаррар намудааст, аз он иборат мебошад, ки онҳо набояд ба қонунгузорӣ, дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва санадҳое, ки аз ҷониби мақомотҳои ҷамъияти саҳомӣ дар ҳудуди ваколати онҳо қабул шудаанд, мухолиф бошанд. Ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъияти саҳоми меъёрҳои дорои хусусияти умумиро дар бар мегиранд, ки барои иҷро аз ҷониби мақомотҳои идоракунӣ ва назоратии ҷамъияти саҳоми, саҳомон ва дигар субъектҳои ин муносибатҳо, ҳатмӣ мебошанд. Ҳангоми вайрон намудани ҳуқуқҳое, ки бо ин меъёрҳо муқаррар карда шудаанд, ба суд муроҷиат намудан мумкин аст[10]1.

Сармояи ойинномавии ҷамъияти саҳомӣ аз арзиши номиналии саҳмияҳои ҷамъият иборат мебошад, ки аз ҷониби саҳомон харидорӣ карда шудаанд. Аз рӯи моҳияти худ сармояи ойинномавӣ – арзиши ҷамъшудаи номиналии саҳмияҳои фурӯхташуда мебошанд. Сармояи ойиномавиро аз саҳмияҳои эълоншуда фарқ кардан зарур аст, чунки инҳо саҳмияҳои иловагие мебошанд, ки ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқи фурӯхтани онҳоро дорад. Назарияи таҷзияи истилоҳи саҳмияи эълоншуда ва паҳнкардашуда аз ҳуқуқи корпоративии ИМА гирифта шудааст.

Сармояи ойинномавӣ якчанд функсияро иҷро мекунад.

Якум, – функсияи кафолатӣ. Ин функсияи сармояи ойинномавии ҷамъияти саҳомӣ дар қонун ҳамчун кафолати манфиатҳои кредиторҳо муқаррар карда шудааст.

Функсияи дуюми сармояи ойинномавӣ дар он таҷассум меёбад, ки он барои таъмини оғози фаъолияти тиҷоратии ҷамъият ва ҳамчун заминаи моддӣ инкишофи минбаъдаи он хизмат менамояд.

Тавассути функсияи сеюми сармояи оинномавӣ ҳиссаи ҳар як саҳом дар фоида ва идоракунии ҷамъият муқаррар карда мешавад.

Қонунгузории ҷорӣ ҳадди ақали сармояи ойиннмавии ҷамъияти саҳомиро муқаррар карда аст. Аз ҷумла, сармояи ҳадди ақали ойинномавии ҷамияти саҳомии кушода набояд аз маблағи ҳазоркаратаи ҳадди ақали музди меҳнат ва барои ҷамияти саҳомии навъи пӯшида бошад дар ҳаҷми чорсадкаратаи ҳадди ақали музди меҳнат, ки дар санаи бақайдгирии давлатии ҷамияти саҳомӣ муқаррар шудааст, камтар бошад.

Барои ҷамияти саҳомие, ки барои ба амал баровардани навъи муайяни фаъолият (бонкӣ, суғуртавӣ) таъсис дода шудаанд, ҳаҷми баландтари сармояи ойиннмавӣ муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми таъсис додани ҷамияти саҳомӣ новобаста аз навъи он ҳамаи саҳимяҳо бояд байни муассисон паҳн карда шаванд. Ин ҳолат ба мақсади ҳимоя намудани манфиатҳои харидорони воқеӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин давра пешомади ҷамияти саҳомӣ номаълум мебошад ва аз ин рӯ озодона харидорӣ намудани саҳмияҳо барои сармоягузорон мувофиқи матлаб нест. Ҳамин тариқ, ба харидорони номуайян пешниҳод намудани саҳмияҳои ҶСК дар он сурате иҷозат дода мешавад, ки сармояи ойинномавии ҷамияти саҳомӣ инкишоф ёфтааст ва ҷамияти саҳомӣ ҳуқуқи баровардани саҳмияҳои иловагиро пайдо кардааст.

Қонунгузории ҷорӣ нисбати сармояи ойиннмавӣ, яъне тартиби пур, зиёд ва кам кардани он чораҳои махсусро муқаррар намудааст. Аз лаҳзаи қабули қонуни нав дар қонунгузории истилоҳи нав бо номи саҳмияи корӣ (тақсимшуда) ба вуҷуд омад. Ин гуна саҳмияҳо махсус чоп карда намешаванд. Онҳо тавассути ба амал баровардани амалҳои муайяни корпоративӣ, яъне ба амал баровардани ҳуқуқи бартариятнокӣ харидкунии саҳмияҳое, ки саҳомони ҶСП мефурӯшанд, ба вуҷуд меоянд.

Сармояи ойинномавии ҷамъият дар ҳаҷми 50% дар мӯҳлати се моҳи пас аз қайди давлатӣ пардохт карда мешавад, 50% боқимондаро муассисон бояд дар давоми як сол пардохт намоянд.

Пур кардани сармояи ойинномавӣ ё пардохт намудани саҳмияҳо бо пул, қоғазҳои қиматнок, амвол ё ҳуқуқҳои амволӣ ё ин ки бо дигар ҳуқуқҳое, ки арзиши пулӣ доранд, пардохт карда мешаванд. Шакли пардохти саҳмияҳои ҷамъият ҳангоми таъсисёбӣ бо шартнома дар бораи таъсиси ҷамъият ва минбаъд бо оиннома муқаррар карда мешавад.

Баҳои пулии амвол, қоғазҳои қиматнок, дигар амвол, ҳуқуқҳои амволӣ ва ҳуқуқҳои дигаре, ки арзиши пулӣ доранд ва ба сифати ҳақи пардохти саҳмияҳо баромад менамоянд, бо созиши муассисон ва минбаъд аз ҷониби шӯрои директорон ба амал бароварда мешавад. Ба мақсади пешгирӣ намудани суиистеъмол қонунгузории ҷорӣ ҷалб намудани баҳодиҳандаи мустақилро пешбинӣ мекунад.

Сармояи ойинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо ду тарз зиёд карда мешавад:

1) бо роҳи баланд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо;

2) бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ.

Зиёд намудани сармояи ойинномавӣ бо роҳи баланд намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ваколати маҷлиси умумии саҳомон мебошад. Зиёд намудани сармояи ойинномавӣ бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ ба ваколати маҷлиси умумӣ дахл дорад – бинобар муқаррароти ойинномаи ҷамъият. Дар бештари мавридҳо ин масъалаҳоро маҷлиси умумӣ ҳал менамояд. Сармояи ойинномавии ҷамъияти саҳомӣ тибқи муқаррароти моддаи 18 Қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ зиёд карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 19 ҳамин Қонун, ҷамъияти саҳомӣ ҳуқуқ дорад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун вазифадор аст сармояи ойинномавии худро кам кунад. Масъалаи кам намудани он ба ваколати истисноии маҷлиси умумӣ тааллуқ дорад. Сармояи ойинномавӣ бо роҳи паст намудани арзиши номиналии саҳмияҳо ё кам намудани миқдори умумии саҳмияҳо ё кам кардани миқдори умумии онҳо ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин қонун бо роҳи ба даст овардани қисми саҳмияҳо кам карда мешавад.

Агар дар натиҷаи кам кардани сармояи оинномавӣ ҳаҷми он аз ҳаҷми ҳадди ақалли сармояи оинномавии бо ҳамин Қонун дар санаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии тағйири дахлдори оинномаи ҷамъияти саҳомӣ муайянгардида кам шавад, вай ҳақ надорад, ки сармояи оинномавиашро кам кунад (қ 1 м. 19 Қонун).

Қарор дар хусуси кам кардани сармояи ойинномавии ҷамъияти саҳомӣ бо роҳи кам кардани арзиши номиналии саҳмияҳо ё бо роҳи харида гирифтани як қисми саҳмияҳо бо мақсади кам кардани миқдори умумии онҳо аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон қабул карда мешавад.

Кам намудани сармояи ойинномавӣ боиси ба вуҷуд омадани оқибати ногувор мегардад, аз ҷумла дар мӯҳлати 30 рӯз аз лаҳзаи қабул намудани чунин қарор бояд ҳамаи кредиторҳо ба таври хаттӣ дар хусуси кам кардани сармояи ойинномавии ҷамъият ва ҳаҷми нави он огоҳ карда шаванд, инчунин дар нашрияҳои маълумот дар хусуси қарори қабулшуда дарҷ карда мешавад. Ҷамъиятҳои саҳомӣ ҳуқуқи кам намудани сармояи ойинномавиро дар ҳолате аз даст медиҳанд, ки агар дар натиҷаи он ҳаҷми сармояи ойинномавӣ аз миқдори муқаррарнамудаи қонун кам шавад.

Ҳангоми огоҳ нанамудани кредиторони ҷамъияти саҳомӣ дар хусуси қабули қарор кредиторон ҳуқуқ доранд ба таври хаттӣ қатъ пеш аз мӯҳлат ё иҷрои ӯҳдадориҳои дахлдори ҷамъияти саҳомӣ ва товони зарарро талаб кунанд.

Ҳуқуқи саҳомон бо роҳи доштани саҳмияҳо ба амал бароварда мешавад. Саҳмия ин қоғази қиматнокест, ки ҷамъияти саҳомӣ мебарорад ва он вобаста ба намуд ва категорияҳо ҳуқуқҳои зерини саҳмдоронро муайян менамоянд:

– барои гирифтани суди (дивиденди) саҳмия;

– иштирок дар идораи ҷамъияти саҳомӣ;

– ҳуқуқ ба як қисми молу мулки ҷамъияти саҳомӣ, ки баъди барҳамдиҳӣ боқӣ мондааст.

Арзиши номиналии саҳмияҳо бо пули миллӣ муайян мегардад. Ҷамъияти саҳоми ҳуқуқ дорад саҳмияҳои номӣ ва манзурӣ барорад. Ҷамъияти саҳоми саҳмияҳоро дар шакли ҳуҷҷатӣ ва ғайриҳуҷҷатӣ мебарорад.

Саҳмия қоғази қиматнокӣ эмиссионие мебошад, ки ҳуқуқҳои ӯҳдадории дорандаи онҳоро нисбати ҷамъияти саҳомӣ тасдиқ менамояд, ки дар байни онҳо асоситаринаш ҳуқуқ барои иштирок намудан дар идоракунии ҷамъият ва гирифтани даромад аз маблағҳои гузошта мебошад.

Саҳмияҳо дар шакли қоғази қиматноки ҳуҷҷатӣ ва ғайриҳуҷҷатӣ бароварда мешаванд. Чунин мавқеи қонунгузор ҷавобгӯи талаботи бозор буда, боиси баланд гардидани қобилияти муомилотии саҳмия мегардад, чунки барои ба амал баровардан ва пешниҳод намудани ҳуқуқҳое, ки чунин қоғази қиматнок пешбинӣ намудааст, далели тасдиқи онҳо дар феҳристи муайян кофӣ мебошад (м.163 КГ ҶТ).

Саҳмияро вобаста ба маҷмӯи ҳуқуқҳое, ки пешбинӣ намудааст, ба ду намуд ҷудо мекунанд: оддӣ ва имтиёзнок. Саҳмияҳои имтиёзнокро низ ба навъҳо ҷудо намудан мумкин аст. Вобаста ба пардохти даромад, саҳмияи имтиёзнок ба саҳмияи кумулятивӣ ва вобаста ба имконияти тағйирёбии ҳуқуқие, ки саҳмия тасдиқ менамояд ба саҳмияи ивазшаванда ҷудо мекунанд. Дар ойинномаи ҶС дигар намудҳои саҳмияҳои имтиёзнокро низ пешбинӣ намудан мумкин аст. Ба мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои саҳмон ҷиҳати ширкат дар идоракунии ҷамъият, қонун меъёри императивиро дар бораи манъ намудани ивазкунии саҳмияҳои оддӣ ба саҳмияҳои имтиёзнок муқаррар намудааст.

Саҳмияҳои оддӣ ба саҳомон як қатор ҳуқуқҳоро медиҳанд, аз ҷумла, ҳуқуқи иштирок намудан дар маҷлиси умумӣ, ҳуқуқ барои гирифтани фоида дар шакли суд, ҳуқуқ барои гирифтани қисми амволи ҷамъият пас аз қонеъ намудани талаботи кредиторҳо ва ғайра.

Саҳмияҳои имтиёзнок ба дорандаҳои онҳо чунин ҳуқуқҳо, аз қабили, иштирок намудан дар маҷлиси умумиро намедиҳанд, ба ғайр аз ҳолатҳои истисное, ки Қонун ё ин ки оинномаи ҷамъияти саҳомӣ муқаррар намудаанд. Саҳмияҳои имтиёзнок, ҳуқуқи дорандаҳои худро барои гирифтани суд дар ҳаҷми муқаррарнамудаи ойиннома ва инчунин ҳукуқи гирифтани арзиши барҳамдиҳиро пешбинӣ менамоянд.

Ойинномаи ҷамъият бояд ҳаҷми суд ва квотаи барҳамдиҳии саҳмияҳои имтиёзнокро дар шакли маблағи пулӣ ё ин ки фоизи муайян нисбати арзиши номиналии саҳмияҳо пешбинӣ намояд. Дорандагони саҳмияҳои имтиёзноке, ки ҳаҷми судҳои онҳо муайян карда нашудааст, онро бо тартибе, ки барои саҳмияҳои оддӣ муқаррар карда шудааст, ба даст меоранд.

Оинномаи ҷамъият метавонад саҳмияҳои имтиёзноки кумулятивиро пешбинӣ кунад, ки ҳаҷми судҳои онҳо бо ойиннома муқаррар карда шудааст ва ҳангоми напардохтани онҳо ё қисман пардохт накарданашон, ҳаҷми онҳо меафзояд. Агар ойиннома чунин мӯҳлатро муқаррар накарда бошад, пас саҳмияҳои имтиёзнокро кумулятивӣ ҳисобидан мумкин нест ва нисбати онҳо ҳолатҳое паҳн мешаванд, ки ба ҳамаи намудҳои дигари саҳмияҳо дахл доранд.

Ҳамин тариқ, саҳмияҳои имтиёзнок нисбат ба саҳмияҳои оддӣ ба дорандаҳои худ ҳуқуқҳои амволӣ медиҳанд ва талаби дахолати бевоситаи онҳоро ба идоракунии ҷамъият дар бар намегиранд. Ҳамин қоида ҳолати ҳуқуқии дорандаҳои саҳмияҳои имтиёзнокро ба ҳолати ҳуқуқии шарикони маблағгузор (коммандитистҳо) наздик мегардонад. Фарқи дорандаҳои саҳмияҳои имтиёзнок аз маблағгузори ширкати ба боварӣ асосёфта дар он зоҳир меёбад, ки дорандаҳои саҳимяҳои имтиёзнок дар баъзе ҳолатҳо дар маҷлиси саҳомон бо ҳуқуқи овоздиҳи иштирок менамоянд. Аз ҷумла, ҳангоми таҷдид ва барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ ва инчунин ҳангоми баррасӣ намудани масъалаи навбати гирифтани судҳо ё маҳдуд намудани дигар ҳуқуқҳои чунин саҳомон.

Саҳмияҳои якхела ба саҳомони ҷамъияти саҳомӣ ҳаҷми якхелаи ҳуқуқҳоро медиҳанд. Ин чунин маъно дорад, ки дорандаҳои саҳмияҳои оддии ҳамаи бароришҳо ва дорандаҳои саҳмияҳои имтиёзнокӣ навъӣ якхела дорои ҳуқуқҳои баробар мебошанд. Ҳуқуқҳои дорандаҳои саҳмияҳои навъҳои гуногун, гуногун мебошанд.

Ҳуқуқҳои саҳомонро мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ба намудҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

1) ғайримолумулкӣ ё ин ки ташкили – идоракунӣ, аз ҷумла, ҳуқуқ барои иштирок намудан дар идоракунӣ ва гирифтани иттилоот дар бораи фаъолияти ҷамъият;

2) амволӣ, аз ҷумла, ҳуқуқ барои иштирок намудан дар тақсимоти фоида (гирифтани суд) ва ҳуқуқ барои гирифтани қисми амволе, ки баъди ҳисоби намудан бо кредиторҳо бинобар барҳам хурдани ҷамъият боқӣ мемонад.

Ҳуқуқи саҳом ҷиҳати иштирок дар идоракунии ҷамъият тавассути ширкат намудан дар маҷлиси умумӣ амалӣ мегардад ва чунин маъно дорад, ки:

а) бояд ба тарзи дахлдор дар бораи даъвати маҷлиси умумӣ ва масъалаҳои маҷлиси рӯз ошно бошад;

б) ҳуқуқи талаб намудани даъвати маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳомон (барои дорандаҳои на камтар аз 10% саҳмияҳои овоздиҳандаи ҷамъият);

в) пешниҳод намудани таклиф ба рӯзномаи маҷлис, пешбарӣ намудани номзадҳо ба мақомоти идоракунӣ ва тафтишотии ҷамъият;

г) шахсан ё ба воситаи намояндаҳои худ дар маҷлиси умумӣ ва дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ширкат варзад;

д) дар овоздиҳии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис иштирок намояд ва ғайра.

Қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ принсипи умумии ҳуқуқи овоздиҳии саҳомони ҷамъиятро муқаррар намудааст, яъне «як саҳмия – як овоз». Барои интихоби аъзоёни шӯрои директорон тартиби истисноии овоздиҳӣ муқаррар шудааст.

Ҳуқуқи иштирок намудан дар маҷлиси умумӣ ваколати идоракунии саҳомро ба итмом намерасонад. Ба ғайр аз иштирок намудан дар мақомоти олии идоракунӣ, саҳом ҳуқуқ дорад, ки ба ҳайати шӯрои директорон, мақомоти назоратӣ, мақомоти иҷроияи ҷамъият интихоб шавад.

Мӯҳимтарин ҳуқуқи саҳом ин ҳуқуқи шикоят овардан аз болои қарори маҷлиси умумии саҳомон мебошад, ки бо вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ ва ойинномаи ҷамъият қабул карда шудааст, ба шарте, ки саҳом дар ин маҷлис иштирок накарда бошад ва ё ин ки муқобили чунин қарор овоз дода бошад ва бо ин қарор ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии саҳом вайрон гардида бошанд. Қонун дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ ба мақсади ҳимоя намудани манфиатҳои аксарияти саҳомон муқаррар менамояд, ки чунин баҳсҳоро суд баррасӣ менамояд ва бо назардошти ҳолатҳои муайян метавонад:

– қарорро бетағйир монад;

– дахлдор набудани он вайронкуниҳое, ки дар рафти қабули қарор роҳ дода шуда буданд исбот карда шаванд;

– қарори мазкур боиси расонидани зарар нагардидааст.

Вайронкунии дахлдори қонунгузорӣ ҳангоми қабул намудани қарори маҷлиси умумӣ дар вайрон намудани ваколати маҷлиси умумӣ ё ин ки вуҷуд надоштани кворум таҷассум меёбад. Дар чунин ҳолатҳо – қарори қабул гардида қувваи ҳуқуқӣ надорад.

Ҳуқуқ ба иттилоот дар бораи фаъолияти ҷамъият бо ӯҳдадории ҷамъиятҳои саҳомии кушода дар бораи ба тарзи кушода ба амал баровардани фаъолият ва инчунин ӯҳдадории ҷамъияти саҳомии дилхоҳ новобаста аз навъи он дар бораи таъмин намудани дастрасии ҳуҷҷатҳои муҳимтарини ҷамъият ба саҳомон мебошад. Мувофиқи қонунгузории ҷорӣ саҳҳомони ҷамъиятҳои саҳомӣ ҳуқуқ доранд, ки бо ҳуҷҷатҳои ҳисоботии муҳосибавӣ шинос шаванд.

Ҳуқуқ барои иштирок намудан дар тақсимоти фоида, бо ҳуқуқи саҳом дар бораи гирифтани суд (дивидент) ҳамаъно мебошад. Ҷамъияти саҳомӣ вазифадор аст соле на кам аз як маротиба (метавонад ҳар семоҳа ё нимсола) оид ба пардохти суди саҳмияҳо аз рӯи саҳмияҳои паҳнкардашуда қарор қабул намояд. Суди саҳмияи эълонгардида аз рӯи ҳар намуди саҳмия пардохта мешавад.

Суди саҳмияҳо аз фоидаи софи ҷамъияти саҳомӣ бо пули миллӣ пардохта мешавад. Суди саҳмияҳои имтиёзноки навъҳои муайян метавонанд аз ҳисоби сармояи махсуси барои ҳамин мақсад таъингардидаи ҷамъияти саҳомӣ пардохта шаванд.

Суд танҳо ба саҳимяҳои ҷойгиркадашуда дода мешавад. Ҷамъият ҳуқуқ дорад дар бораи додани суд баъди ҳисоботи кори семоҳа, нимсола, нӯҳмоҳа ё ин ки соли молиявӣ қарор қабул намояд. Сарчашмаи пардохт намудани суд даромади соли ҷорӣ ё ин ки солҳои гузашта мебошад. Қабули қарор дар бораи додани суд аз рӯи саҳмияҳои оддӣ бо мавҷудияти фоидаи софи ҷамъияти саҳомӣ алоқаманд мебошад. Суд (дивидент) аз рӯи саҳмияҳои имтиёзнокӣ навъи муайян аз ҳисоби сармояи барои ин мақсадҳо махсусгардонидашуда дода мешаванд.

Аз рӯи саҳмияҳои оддӣ суд (дивидент) кафолат дода намешавад. Саҳмияҳои имтиёзнок бошанд дар ин самт бартарият доранд, чунки ҳаҷми суд (дивидент) ва тартиби ҳисоб намудани он пешакӣ дар ойиннома дарҷ гардидааст. Агар ойинномаи ҷамъият навъҳои гуногуни саҳмияҳои имтиёзнокро пешбинӣ карда бошад, пас навъи пардохт намудани суд (дивидент)-ро низ бояд дар бар гирад. Одатан суд (дивиденд) дар шакли пул пардохта мешавад, вале дар ҳолатҳои пешбининамудаи ойиннома бо дигар амвол низ мумкин аст.

Ҳаҷми суд (дивиденд) аз ҳаҷми маслиҳатдодаи Шӯрои директорон набояд зиёд бошад. Мӯҳлат ва тартиби додани суд низ ба ойиннома муқаррар карда мешавад.

Ҳуқуқи саҳом барои гирифтани қисми амвол ҳангоми барҳам хурдани ҷамъият бо қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст.

Дар моддаи 115 КГ ҶТ ва боби 14 Қонун тартиби барҳам додани ҷамъияти саҳомӣ муқаррар карда шудааст. Қарор дар бораи тақсимоти амвол ё арзиши он байни саҳомон бинобар барҳам додани ҷамъият аз ҷониби маҷлиси умумӣ бо таклифи комиссияи барҳамдиҳӣ қабул карда мешавад. Қонун навбати қатъии тақисмоти амволеро, ки баъди қонеъ намудани талаботи кредиторҳо боқӣ мондааст, муқаррар намудааст (м. 102 Қонун).

Дар навбати аввал пардохти саҳмияҳое ба амал бароварда мешавад, ки мутобиқи моддаи 74 Қонун бо талаби саҳомон бояд харида мешуданд.

Дар навбати дуюм суди саҳмияҳои ҳисобшуда, вале пардохтнашудаи саҳмияҳои имтиёзнок ва арзиши барҳамдиҳии муайяннамудаи оинномаи ҷамъияти саҳомӣ оид ба саҳмияҳои имтёзнок пардохта мешавад.

Дар навбати сеюм, тақсимоти амвол байни дорандаҳои ҳамаи навъҳои саҳмияҳо – оддӣ ва имтиёзнок ба амал бароварда мешавад.

Молу мулки ҳар як навбат баъди тақсими пурраи молу мулк бо навбати қаблӣ тақсим карда мешавад.

Ин ҳуқуқи саҳомон ба ду принсип асос ёфтааст:

1) тақсимоти амвол дар байни саҳомони навбати якум;

2) агар амвол барои қонеъ намудани талаботи навбатӣ муайян кофӣ набошад, пас дар байни онҳо мутаносибан ба ҳиссаҳои баробар тақсим карда мешавад.

Саҳомон, ҳамчун иштирокчиёни иттиҳоди маблағҳо, ӯҳдадории шахсан дар корҳои ҷамъият иштирок намуданро надоранд.

Саҳомони ҷамъияти саҳомӣ ӯҳдадоранд, якум, сари вақт, бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи ойиннома ё шартнома дар бораи таъсиси ҷамъият ва қарори дахлдор дар бораи нашри саҳмияҳои иловагӣ – ҳангоми зиёд намудани сармояи ойинномавӣ, арзиши саҳмияҳоро пардохт намоянд, дуюм, маълумотҳои махфиро дар бораи фаъолияти ҷамъият ифшо накунанд.

Ҳифзи ҳуқуқи саҳомон, қисми таркибии қонунгузорӣ дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ мебошад. Мавҷудияти чунин муқаррарот аз аҳамият орӣ нест, чунки ҷолибии шакли саҳомии фаъолияти соҳибкорӣ бо хатари баланди суиистеъмол намудани маблағҳои саҳмон алоқаманд мебошанд. Кафолатҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷорӣ оиди ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои саҳомон чунин ҳолатҳоро дар бар мегиранд:

– ҳуқуқи саҳомон дар бораи пешниҳод намудани талабот ба ҷамъият дар бораи харид намудани як қисм ё ҳамаи саҳмияҳои онҳо ҳангоми таҷдидӣ ҷамъият, бастани аҳди калон, ворид намудани тағйроту иловаҳо ба ойиннома, ки боиси маҳдуд гардидани ҳуқуқи онҳо мегардад ва агар онҳо мухолифи он овоз дода бошанд;

– ҳуқуқи саҳомон барои овардани шикоят аз болои қарорҳои мақомотҳои идоракунии ҷамъият;

– масъулияти аъзоёни мақомоти идоракунии ҷамъияти саҳомӣ барои зараре, ки бо ҳаракатҳои гунаҳгоронаи онҳо ба ҷамъият расонида шудааст;

– талабот ба қайди давлатии нашри саҳмияҳо ва ҳисоботи паҳн намудани онҳо;

– талабот нисбати пешбурди феҳристӣ саҳомон ва масъулияти ҷамъияти саҳомӣ барои дуруст ба роҳ мондани он;

– талаботи махсус барои ба амал баровардани аҳдҳои калон ва аҳдҳои бо манфиат;

– риоя намудани талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва масъулият барои вайрон намудани онҳо.

Яке аз ҳуқуқҳои асосии саҳомон – ин ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки қонунгузории муосир баррасии тамоми баҳсҳоро бо иштироки саҳомон ба ғайр аз баҳсҳои меҳнатӣ ба ваколати суди иқтисодӣ мансуб медонад.

Дар ин ҷо ду гурӯҳи баҳсҳоро ҷудо бояд кард. Гурӯҳи якум, баҳсҳое, ки байни саҳомон ва ҷамъияти саҳомӣ ба вуҷуд омадаанд; дуюм, баҳсҳое, ки байни саҳомон ба вуҷуд омадаанд.

Вобаста ба предмети танзимнамоии судҳои иқтисодӣ чунин хулоса бардоштан мумкин аст, ки баҳсҳои дар боло нишондодашуда бояд аз ҷониби ин судҳо баррасӣ карда шаванд.

Идоракунӣ дар ҷамъияти саҳомӣ (боби 8 Қонун). Идоракунии ҷамъияти саҳомиро на саҳомон, балки мақомотҳои он ба амал мебароранд[11]. Аз ин ҷо чунин хулоса бардоштан мумкин аст, ки: қарорҳои идоракуниро бевосита мақомотҳои идоракунии ҷамъияти саҳомӣ қабул менамоянд. Саҳомон ҳуқуқҳои худро барои иштирок намудан дар идоракунӣ тавассути мақомотҳои ҷамъияти саҳомӣ ба амал мебароранд.

Қонун дар бораи ҷамъияти саҳомӣ чунин низоми мақомотҳои идоракунии ҷамъиятро муқаррар намудааст:

– мақоми олӣ – Маҷлиси умумии саҳмдорон;

– мақоми идора – Шӯрои директорони (Шӯрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ;

– мақоми иҷроия – директор, директори генералӣ, раёсат, маъмурият;

– мақоми назоратӣ – комиссияи тафтишотӣ (ревизор);

– мақомоти дигар мутобиқи оиннома ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ, назарияе, ки маҷлиси умумии саҳомон мақомоти идоракунии ҷамъияти саҳомӣ набуда, балки худи саҳомон мақомоти идоракунии шахси ҳуқуқӣ мебошанд ва аз рӯи ваколати маҷлиси умумӣ қарор қабул мекунанд, зери тозиёнаи танқид гирифта анд[12]. Дар ҳақиқат, саҳомон ҳуқуқи идоракуниро надошта, балки ҳуқуқ доранд, ки дар мақомоти идоракунии ҷамъият иштирок намоянд, аз ҷумла, бо роҳи иштирок намудан дар маҷлиси умумии ҷамъият. Аз лаҳзаи қайди давлатии ҷамъияти саҳомӣ ваколати муассисон қатъ мегардад ва маҷлиси умумии саҳомон ба мақомоти олии идоракунии ҷамъият табдил меёбад.

Шӯрои директорон (шӯрои нозирон) мақомоти иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ, ки бо хоҳиши худи ҷамъияти саҳомӣ дар ҳайати мақомоти дастаҷамъӣ (раёсат, маъмурият) ё мақомоти якасардор (директор, директории генералӣ) ё ин ки танҳо мақомоти якасардор таъсис дода мешавад.

Зери мафҳуми салоҳияти маҷлиси умумии саҳомон маҷмӯи масъалаҳое фаҳмида мешавад, ки аз рӯи онҳо танҳо ҳамин мақомот метавонад қарор қабул намояд. Қонун доираи имконпазири масъалаҳоеро муайян намудааст, ки дар маҷлси умумӣ ҳаллу фасл карда мешаванд (м. 45 Қонун).

Дар адабиёти ҳуқуқӣ чунин муқаррароти қонунгузорӣ якхела баҳо дода нашудааст. Масалан, В.В.Залесский чунин қайд менамояд, ки «Маҷлиси умумӣ ҳамчун мақомоти олии идоракунӣ метавонад, ки ҳамаи масъалаҳоеро, ки аз фаъолияти ҷамъияти саҳомӣ бармеоянд, новобаста аз тақсимоти ваколатҳо ҳал намояд»[13]. Ба фикри И.В.Елисеев бошад, чунин гузориши масъала боиси вайрон гардидани принсипи ягонагии ташкилии шахси ҳуқуқӣ гардида, асоси фаъолияти онро, ки тақсимоти салоҳият мебошад, вайрон мекунад[14].

Масъалаҳое, ки ба салоҳияти маҷлиси умумии саҳомон дохил карда шудаанд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба баррасии мақомотҳои иҷроия ва шӯрои директорон пешниҳод карда намешаванд.

Ба ваколати маҷлиси умумӣ чунин масъалаҳо дохил карда шудаанд (қ.1 м. 45 Қонун):

– масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ойиннома;

– азнавташкилдиҳии ихтиёрии ҷамъияти саҳомӣ;

– барҳамдодани ҷамъият, таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи тавозуни фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳӣ;

– муайян намудани аъзои шӯрои директорони (шӯрои нозирони) ҷамъияти саҳомӣ, интихоби аъзои он ва пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои онҳо;

– тасдиқ намудани ҳисоботҳои солона, ҳисоботи муҳосибавии солона ва ҳоказо.

Масъалаҳое низ вуҷуд доранд, ки бо хоҳиши худи ҷамъияти саҳомӣ ё ба ваколати маҷлиси умумӣ ё ба ваколати шӯрои директорон дода мешаванд. Масалан, масъалаи зиёд намудани сармояи оинномавӣ бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ ва бинобар ин дохил намудани тағйироту иловаҳо ба ойинномаи ҷамъият, ташкилдиҳии мақомотҳои иҷроия ё пеш аз мӯҳлат қатъ намудани фаъолияти онҳо. Дар ойиннома ва ҳуҷҷатҳои дигари ҷамъияти саҳомӣ салоҳияти маҷлиси умумӣ бояд аниқ карда шавад.

Ҳамаи маҷлисҳои умумии саҳомон ба ғайр аз маҷлиси солона, ғайринавбатӣ мебошанд.

Маҷлиси умумии саҳомон на пештар аз 2 моҳ ва на дертар аз 6 моҳи баъди гузаштани соли молиявӣ гузаронида мешавад. Дар маҷлиси умумии солона чунин масъалаҳо баррасӣ мешаванд: тасдиқ ҳисоботи солона; ҳисоботи солонаи муҳосибавӣ; интихоби шӯрои директорон ва комиссияи тафтишотӣ; таъин намудани аудитор; тақсимоти фоида.

Маҷлисҳои ғайринавбатии саҳомон дар асоси қарори шӯрои директорон, бо талаботи комиссияи тафтишотӣ ва инчунин саҳоме, ки накамтар аз 10% саҳмияҳои овоздиҳандаро дорад, баргузор мегардад.

Ду шакли гузаронидани маҷлиси умумии саҳомон вуҷуд дорад. Якум, бо роҳи иштироки ҳамаи саҳомон дар маҷлис ва баррасии масъалаҳои рӯзономаи маҷлис ва дуюм, бо роҳи овоздиҳии ғоибона. Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи маҷлис дохил карда мешаванд, шакли овоздиҳиро муайян мекунанд. Аз ҷумла, масъалаҳои маҷлиси солонаро бо роҳи овоздиҳии ғоибона ҳал намудан манъ аст. Бо назардошти масъалаҳое, ки дар маҷлиси умумии солона мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд, чунин маҳдудият боиси дастгирӣ мебошад, вале дар ҷамъиятҳое, ки ҳазорҳо саҳомон доранд, чунин тартибот қобили қабул намебошад. Чунин ҷамъиятҳои саҳомӣ маҷлисҳои солона ва ғайринавбатии худро дар шакли овоздиҳии омехта, яъне бо роҳи овоздиҳии ошкоро – ғоибона, ё ин, ки тавассути бюллетенҳои овоздиҳӣ ба амал мебароранд.

Бояд тазаккур дод, ки Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» чунин шаклҳои овоздиҳиро пешбинӣ накардааст, вале татбиқи воқеии чунин шакли овоздиҳӣ имконият медиҳад, ки ҳамаи саҳомон шахсан ё ба воситаи намояндаҳои худ дар маҷлиси умумӣ ширкат варзанд.

Маҷлиси умумӣ дар сурате ваколатдор ҳисобида мешавад, ки агар дар он зиёда аз нисфи саҳомон иштирок дошта бошанд. Маҷлиси такрорие, ки ба ивази маҷлиси баргузорнагардида даъват карда шудааст бо ҳузури 30% саҳомони овоздиҳанда ваколатдор ҳисобида мешавад. Ойинномаи ҷамъияте, ки миқдори зиёди аъзоён дорад метавонад миқдори камтари иштирокчиёни маҷлиси умумиро муқаррар намояд.

Қарори маҷлиси умумӣ бо овоздиҳии аксарияти саҳомоне, ки шахсан ё ба воситаи намояндаҳои худ иштирок намудаанд, қабул карда мешавад, агар қонунгузорӣ тартиби дигареро муқаррар накарда бошад. Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» номгӯи пурраи масъалаҳоеро пешбинӣ намудааст, ки бо овоздиҳи бартариятнок, яъне аз 4/3 ҳиссаи овозҳои саҳомон ҳаллу фасл карда мешаванд, аз ҷумла, қарор дар бораи таҷдиди ҷамъият, барҳам додани ҷамъият, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ойиннома, тағйири ҳуқуқҳои саҳмияҳои имтиёзнок, дар бораи харидории саҳмияҳо, зиёд намудани сармояи оинномавӣ бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ.

Шӯрои директорон (шӯрои нозирон) роҳбарии умумии ҷамъиятро ба амал мебарорад. Дар ҷамъияти саҳомие, ки миқдори саҳомонаш аз 50 нафар камтар аст, функсияи шӯрои директорон ба зиммаи маҷлиси умумӣ гузошта мешавад.

Мақсади асосии фаъолияти шӯрои директорон таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии саҳомон, ба амал баровардани назорати доимӣ аз рӯи фаъолияти мақомотҳои иҷроияи ҷамъият, бо иттилооти пурра, дуруст ва объективӣ дар бораи фаъолияти ҷамъият таъмин намудани саҳомон ва инчунин таҳияи самтҳои инкишофи ҷамъият ба мақсади таъмин намудани сатҳи баланди рақобатнокии маҳсулот (кор ва хизмат) ва вазъи устувори молиявӣ – иқтисодии ҷамъият мебошад.

Ба салоҳияти шӯрои директорон (шӯрои нозирон) мутобиқи қисми якуми моддаи 65 Қонун чунин масъалаҳо тааллуқ доранд:

– муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷамъият;

– даъвати маҷлиси солона ва ғайри навбатии умумии саҳмдорон;

– ташкили комиссияи баҳисобгирӣ ҳангоми овоздиҳии ғоибона бе гузаронидани ҷаласаи маҷлиси умумии саҳмдорон;

– тасдиқи рӯзномаи маҷлиси умумии саҳмдорон;

– паҳн намудани вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

– ба даст овардани қоғазҳои қиматноки эмиссионӣ;

– харидани саҳмияҳо, вомбаргҳо ва дигар қоғазҳои қиматноки фурӯхтаи ҷамъияти саҳомӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур;

– таъсиси филиалҳо ва намояндагиҳо ва ғайраҳо.

Масъалаҳои мазкурро ба зиммаи мақомотҳои иҷроияи ҷамъияти саҳомӣ гузоштан мумкин нест.

Миқдор ва ҳайати шахсии шӯрои директоронро маҷлиси умумӣ муайян менамояд. Аъзоёни шӯрои директорон дар маҷлиси умумии солона ба мӯҳлати як сол интихоб мешаванд ва метавонанд якчанд бор интихоб шаванд. Ба мақсади таъмин намудани тақисмоти ваколатҳо ва муқаррар намудани ҳисоботии фаъолияти мақомотҳои иҷроия қонун-гузорӣ пешбинӣ намудааст, ки раиси шӯрои директорон дар як вақт вазифаи мақомоти якасардории иҷроияро иҷро карда наметавонад ё ин ки аъзоёни мақомоти дастаҷамъии иҷроия наметавонанд аз 4/1 ҳиссаи ҳайати шӯрои директоронро ташкил диҳанд.

Дар ҳайати шӯрои директорон бояд шахсони мухтор дохил карда шаванд, яъне онҳо на танҳо аъзои мақомоти иҷроия, балки инчунин аз ягон шахсони мансабдор ё шахсони бонуфӯзи онҳо, аз контрагентҳои калони ҷамъият ва инчунин бо ҷамъият дар ягон хел муносибатҳо, аз ҷумла, меҳнатӣ дохил набошанд, то ин ки ба мустақилияти фикри онҳо таъсир расонида натавонанд. Аз 4/1 ҳиссаи аъзоёни шӯрои директорон бояд шахсони мустақил бошанд, вале дар ҳар ҳолат аз се нафар набояд кам бошанд.

Қонун ду тартиби интихобии ҳайати шӯрои директоронро пешбинӣ намудааст: оддӣ ва кумулятивӣ. Ҳангоми татбиқ намудани роҳи якум, он шахсоне интихоб шуда ҳисобида мешаванд, ки дар маҷмӯъ миқдори зиёди овозҳои саҳомонро гирифта бошанд. Ҳангоми татбиқи роҳи дуюм, миқдори овозҳое, ки ба ҳар як саҳом тааллуқ дорад ба миқдори шахсоне, ки бояд ба шӯрои директорон интихоб карда шаванд, зарб карда мешавад. Ҳамин тариқ, саҳом метавонад ба як номзад ё ин ки ба ду ва зиёда номзад ё ин ки зидди ҳамаи номзадҳо овоз диҳад. Ҳамон номзаде интихобшуда ҳисобида мешавад, ки нисбат ба дигарон миқдори зиёдтари овозҳоро гирифта бошад. Интихоби ин ё он роҳ ба миқдори саҳомон вобаста аст, яъне агар миқдори саҳомон ниҳоят зиёд бошад, пас роҳи дуюм интихоб карда мешавад.

Маҷлиси шӯрои директорон дар он вақте гузаронида мешавад, ки агар зиёда аз нисфи аъзоёни он иштирок дошта бошанд. Қарори Шӯрои директорон тавассути гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ё бо роҳи овоздиҳии ғоибона қабул карда мешаванд, агар тартиби дигареро ойиннома пешбинӣ накарда бошад. Ойиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият имконияти ба тарзи хаттӣ ба инобат гирифтани фикри аъзоёни шӯроро, ки дар ҷаласа иштирок надоранд, муқаррар карда метавонад. Ҳар як аъзо як овоз дорад. Имконияти ба якдигар додани овозҳо вуҷуд надорад. Фаъолияти шӯроро директор роҳбарӣ мекунад, ки бо овоздиҳии миқдори зиёди аъзоён интихоб карда мешавад. Ба раис ҳуқуқи овози ҳалкунанда дода мешавад.

Шӯрои директорон бо ташаббуси раис, аъзоёни он, комиссияи тафтишотӣ, аудитор, мақомоти иҷроияи ҷамъият ва дигар шахсоне, ки махсус бо ойинномаи пешбинӣ шудаанд, даъват карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҷамъият роҳбарии ҷории ҷамъиятро ба амал мебарорад ва ваколатҳои боқимондаро доро аст. Аз рӯи фаъолияти худ онҳо дар назди маҷлиси умумӣ ва шӯрои директорон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Дар асоси қарори маҷлиси умумии саҳомон ваколати мақомоти иҷроия дар асоси шартнома ба директор ё директори генералӣ дода мешавад. Чунин қарорро маҷлиси умумӣ дар асоси таклифоти шӯрои директорон қабул менамояд.

Муносибатҳои байни аъзоёни мақомоти иҷроия ва ҷамъият тавассути қонунгузорӣ дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ танзим мешаванд. Пас чунин хулоса бардоштан мумкин аст, ки имконияти бо ташаббуси ҷамъият пеш аз мӯҳлат қатъ намудани шартнома бо аъзоён ва роҳбари якасардори мақомоти иҷроия вуҷуд дорад. Азбаски қонунгузорӣ номгӯи асосҳои қатъшавии пеш аз мӯҳлати чунин шартномаро муқаррар накардааст, бинобар ин чунин қарор ё аз ҷониби маҷлиси умумӣ ё аз ҷониби шӯрои директорон дар доираи ваколатҳои онҳо, қабул карда мешавад. Шарт дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо шартнома бояд муқаррар карда шавад.

Назорати дохилӣ аз рӯи фаъолияти молиявӣ-хоҷагии ҷамъиятро комиссияи тафтишотӣ мутобиқи боби 9 Қонун ба амал мебарорад. Ин мақомот ба мӯҳҳлати як сол аз ҷониби маҷлиси умумии солона интихоб карда мешавад. Барои муҳайё намудани шароити ҷиҳати назорати объективӣ аз болои мақомотҳои идоракунии ҷамъият, қонунгузорӣ як қатор маҳдудиятҳоро муқаррар намудааст, аз ҷумла аъзоёни комиссияи тафтишотӣ наметавонанд, ягон мансаберо дар мақомотҳои идоракунии ҷамъият ишғол намоянд. Дар интихоби аъзоёни комиссияи тафтишотӣ, аъзоёни шӯрои директорон ва дигар мақомотҳои идоракунӣ ҳуқуқи иштирокро надоранд.

Асосҳои гузаронидани тафтиш, ваколати комиссияи тафтишотии ҷамъияти саҳомӣ мислии танзимнамоии ҳуқуқии ин масъалҳо дар ҶДММ мебошанд. Дар ҷамъияти саҳомӣ ҷалб намудани аудитор барои дарҷ намудани ҳисоботи солона ҳатмӣ мебошад, вале дар ҶДММ ин кор бо хоҳиши худи ҷамъият ба амал бароварда мешавад.

Тафтишоти аудиторӣ бо талаби саҳомоне, ки 10% саҳмияҳои овоздиҳандаро доранд, гузаронида мешавад. Тасдиқ намудани аудитор ваколати истисноии маҷлиси умумии ҷамъият мебошад.

5 Загрузки
test

Добавить комментарий