Фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ

 

Ташкилоти ғайритиҷоратӣ гуфта, шахси ҳуқуқиеро меноманд, ки мақсади асосии фаъолияти онро ба даст овардани фоида ташкил намедиҳад ва фоидаи ба даст овардаашро байни иштирокчиёнаш тақсим намекунад (қ.1 моддаи 50 КГ ҶТ).

Фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ – фаъолияти фоидаовар буда, ба мақсади таъсиси ташкилоти ғайритиҷоратӣ мувофиқ мебошад ва аз истеҳсоли мол (хизмат), харидорӣ ва фурӯхтани қоғазҳои қиматнок, ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволӣ, инчунин иштирок дар ҷамъиятҳои хоҷагӣ ва дар ширкатҳои ба боварӣ асосёфта ба сифати маблағгузор ба даст оварда мешавад.

Ташкилоти ғайритиҷоратиро аз дигар шахсони ҳуқуқӣ бо ду нишонаи асоси фарқ намудан мумкин аст.

Кооперативҳои матлубот ҳамчун истисно аз қоидаи умумии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд, чунки онҳо ҳуқуқ доранд фоидаи аз фаъолияти соҳибкорӣ ба даст овардаашонро дар ҳудуди қобилияти ҳуқуқдории ойинномавӣ байни аъзоён тақсим намоянд (қ.5 м.128 КГ ҶТ). Чунин хусусияти кооперативҳои матлубот ҷавобгӯи таъиноти ин шакли ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошад, чунки онҳо маҳз барои қонеъ намудани талаботҳои моддӣ ва дигар талаботҳои аъзоён (манзилӣ, маишӣ) таъсис дода шуда, фаъолият менамоянд.

Дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ на барои ба даст овардани мақсадҳои моддӣ, балки барои ноил шудан ба манфиатҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, иҷтимоӣ, маданӣ, хайрия, маориф, илм, идоракунӣ, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва ғайра таъсис дода мешаванд. Мақсади мушаххаси ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо ҳуҷҷатҳои таъсиси онҳо муқаррар карда мешаванд.

Чуноне мусаллам аст, ташкилотҳои тиҷоратӣ танҳо дар дар он шаклҳое, ки КГ ҶТ муқаррар намудааст, таъсис дода мешаванд, вале номгӯи ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки дар қ.3 м.50 КГ ҶТ оварда шудаанд, кушода мебошад ва бо дигар қонунҳо номгӯи нави онҳоро илова кардан мумкин аст. Қонунгузорӣ дар бораи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар доираи танзимнамоии диспозитивӣ дар баробари кооператив-ҳои матлубот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ, муассисаҳо, фондҳо, ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) инчунин ба ин номгӯй шарикии ғайритиҷоратӣ, ташкилотҳои мухтори ғайритиҷоратӣ ва ширкатҳои давлатиро дохил менамояд[1]1.

Қонунгузории ҷорӣ як қатор талаботҳоро нисбати фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мегузорад, ки риояи онҳо ҳатмист.

Якум, фаъъолияти соҳибкорӣ набояд ба ҳайси мақсади асосии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ қарордошта бошад, дуюм, фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ то дараҷае бошад, ки барои ноил гардидан ва мутобиқи мақсадҳои таъсисиашон ба амал мебароранд (қ.3 м.50 КГ ҶТ). Талаботи дуюм чунин маъно дорад, ки фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бояд ҷавобгӯи ду шарт бошад:

– барои ноил гардидан ба мақсадҳои ташкилот мусоидат намояд, яъне базаи моддӣ – техникии онро мустаҳкам намояд, ба меҳнат ҷалб намудани аъзоёни ташкилот ва хусусан он аъзоёне, ки норасоиҳои ҷисмонӣ доранд ва имконияти дар шароитҳои оддӣ кор кардан надоранд (кӯрҳо, карҳо) ва инчунин мусоидат намудан барои амали намудани дигар мақсадҳои фоиданоки ҷамъиятии ташкилот;

– мутобиқати онҳо ба мақсад ва қобилияти ҳуқуқдории ойинномавии ташкилот.

Мутобиқи меъёрҳои КГ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дорои қобилияти махсуси ҳуқуқдорӣ мебошанд ва дар масъалаи танзими ҳуқуқии фаъолияти ин навъи шахсони ҳуқуқӣ бартарият ба КГ дода мешавад.

Дар адабиётҳои ҳуқуқи масъалаи мутобиқати фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба мақсадҳои ойинномавии онҳо вобаста ба намудҳои алоҳидаи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ баҳсҳо вуҷуд дорад[2]1.

Чунин мисоли номутобиқатии фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратиро ба мақсадҳои оинномавии онҳо, аз қабили иштироки ин ташкилотҳо дар ҷамъияти хоҷагие, ки молҳои ба мақсадҳои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ номувофиқро истеҳсол менамоянд, пешниҳод карда шудааст. Дар баробари ин, қайд карда мешавад, ки агар ташкилоти ҷамъиятии маъюбон дар ҷамъияти саҳомие, ки узвҳои сунъиро барои маъюбон мебарорад, иштирок намояд, қобили дастгирист, вале дар бештари мавридҳо чунин ҳолатро мушоҳида намудан имконнопазир аст.

Имконияти ба амалбарории фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ умуман якхела фаҳмида намешавад. Аз як тараф, ин ба ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки дар замони ҳозира бинобар норасоиҳои молиякунонии маданият, маориф, варзиш, тиб, идоракунӣ имконият медиҳад, ки базаи моддӣ – техники худро мустаҳкам ва инкишоф диҳанд.

Фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, ки шахсони нобино, ношунаво ва дорои дигар норасоиҳои ҷисмониро ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб менамоянд, лоиқи ҳамагуна дастгирӣ мебошад. Вале дар зери ливои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо истифодаи реҷаи имтиёзноки танзимнамоии ҳуқуқӣ чунин фаъолиятҳои соҳибкории гуногуне ба амал бароварда шуданашон мумкин ҳаст, ки мақсади асосии онҳо на манфиатҳои фоиданоки ҷамъиятӣ мебошад. Чунин ҳолатҳои ногувор ба бисёр ташаббусҳои мусбӣ соя меафканад.

Ҳамаи фаъолияти соҳибкориеро, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба амал мебароранд ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим намудан мумкин аст:

– фаъолияти соҳибкорие, ки бевосита аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба амал бароварда мешавад;

– фаъолияти соҳибкорӣ бо роҳи таъсис ва иштирок дар ташкилотҳои тиҷоратӣ.

Фоидае, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ аз ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ, ба даст меоранд, бояд баҳри иҷро намудани вазифаҳои оинномавии онҳо равона карда шаванд. Бинобар ин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ метавонанд, дар фаъолияти ҳамагуна ҷамъиятҳои хоҷагӣ ва ширкатҳо иштирок дошта бошанд ё ин ки худи онҳо бевосита фаъолияти муайяни соҳибкориро ба амал бароранд.

Қайд кардан зарур аст, ки барои баъзе аз ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, як қатор маҳдудиятҳо муқаррар шудаанд. Масалан, ассотсиатсияҳо (иттифоқҳои) ташкилотҳои тиҷоратӣ фаъолияти соҳибкориро бо роҳи таъсис ва иштирок дар ҷамъиятҳои хоҷагӣ ба амал мебароранд. Агар бо қарори иштирокчиён ба зиммаи ассотсиатсия (иттифоқ) ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ гузошта шавад, пас ассотсиатсия (иттифоқ) ба ҷамъияти хоҷагӣ ё ширкат табдил меёбад (қ.1 м.133 КГ ҶТ).

Дар қонунгузорӣ инчунин маҳдудиятҳои муайян барои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ӯҳдадориҳои алоҳида муқаррар карда шудааст. Масалан, танҳо ташкилотҳои тиҷоратӣ метавонанд ба ҳайси миёнаравӣ молиявӣ аз рӯи шартномаи молиякунонӣ бо даст кашидан аз талаботи пулӣ (м.845 ҶТ) ё ба ҳайси тарафҳои шартномаи консессияи тиҷоратӣ (қ.3 м.958 КГ ҶТ) ва ё ин ки шартномаи идоракунии боэътимод (қ.2 м.946 КГ ҶТ) баромад намоянд.

Бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар маҳдудиятҳои фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ муқаррар мешаванд, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратиро аз «тиҷорати гардонии» зиёдати ҳимоя намуда, онҳоро аз ба амал баровардани фаъолияти ойинномавӣ дур намсозанд.

Умуман маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратиро аз имконияти фаъолона иштирок доштан дар муомилоти хоҷагӣ маҳрум намесозад. Қобилияти ҳуқуқдории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ҷодаи ба амал баровардани аҳдҳои гуногун аз қобилияти ҳуқуқдории ташкилотҳои тиҷоратӣ фарқе надорад.

Амвол ва даромадҳое, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар натиҷаи ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ба даст меоранд, чун қоида, ба ҳуқуқи амволӣ ва тавозуни онҳо дохил карда мешаванд. Он даромадҳое, ки муассисаҳо аз ҳисоби фаъолияти соҳибкорӣ ба даст меоранд ба ихтиёрдории мустақилонаи онҳо гузашта, дар тавозуни алоҳида нигоҳ дошта мешавад (қ.2 м.315 КГ ҶТ).

Ҳамаи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ (ба ғайр, аз муассиса) аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо амволе, ки дар моликияти онҳо қарор дорад, ҷавоб медиҳанд. Муассиса аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо воситаҳои пулие ҷавоб медиҳад, ки дар ихтиёраш мебошанд. Ҳангоми норасоии воситаҳои пулии муассиса, молики он ба ҷавобгарии субсидиарӣ кашида мешавад (қ.2 м.132 КГ ҶТ).

Табиати ҳуқуқии – ҳуқуқи мустақилона ихтиёрдорӣ намудани даромадҳои ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ ба даст меоранд, аз ҷониби мутахассисон якхела фаҳмида намешавад. Миқдори зиёди онҳо дар чунин ақидаанд, ки ҳуқуқҳои дар моддаи 315 КГ ҶТ пешбинӣ кардашудаи муассиса ҳуқуқи истифодаи хоҷагӣ мебошанд[3].

Фикри дигаре, ки на танҳо дар назария, балки инчунин дар қонунгузорӣ низ пешбинӣ шудааст, чунин маъно дорад, ки даромадҳое, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ муассиса ба даст меорад ба моликияти он дохил мегарданд ва танҳо молик ҳуқуқи мустақилона ихтиёрдорӣ намудани онҳоро дорад[4]. Ба ақидаи гурӯҳи дигари олимон ҳуқуқи мустақилона ихтиёрдорӣ намудани даромадҳое, ки аз фаъолияти фоидаовари ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба даст меояд, ҳуқуқи махсуси амволӣ мебошад ва бинобарин на ба ҳуқуқи идоракунии оперативӣ ва на ба ҳуқуқи моликиятӣ дохил карда намешавад[5]. Ба фикри гурӯҳи дигари олимон, давлат ба сифати молики асосӣ ва ягонаи амволи муассиса баромад менамояд. Бинобар ин ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ, муассиса ҳуқуқи мустақилона ихтиёрдорӣ намудани даромад ва амволро аз чунин фаъолият дар ҳудуди ваколатҳои махсуси хоҷагидорӣ ба даст меорад, вале худи даромадҳо ва амволи ба даст оварда шуда ҳамоно дар ҳуқуқи оперативии идоракунии муассиса қарор доранд[6].

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ, инчунин дурустии ақидаи қонунгузор дар бораи маҳдуд гардонидани ҷавобгарии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо воситаҳои пулӣ зери шубҳа гузошта шудааст. Аз ин ҷо муаллифон қайд менамоянд, ки аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ ё ин ки дигар фаъолияти фоидаовари ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бармеоянд, онҳо бояд ба ҷавобгарии пурра бо ҳамаи амволе, ки аз ин фаъолият ба даст овардаанд ва на танҳо бо воситаҳои пулӣ масъул бошанд[7].

Ҳангоми барҳам додани ташкилоти ғайритиҷоратӣ амволе, ки пас аз қонеъ гардонидани талаботҳои кредиторҳо боқи, мемонад, агар тартиби дигаре бо қонунгузорӣ пешбинӣ нашуда бошад, мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ барои қонеъ намудани мақсадҳое, ки барои ноил гаштан ба онҳо ин муассиса таъсис дода шуда буд, ё ин ки ба мақсадҳои хайрхоҳӣ ва ҳангоми вуҷуд надоштани истифодаи онҳо бо ин роҳҳо, пас онҳо ба моликияти давлатӣ гузаронида мешаванд.

4 Загрузки
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.