Суди иқтисодӣ дар корҳои муфлисшавӣ

 

Парвандаҳо оид ба муфлисии шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ бақайд гирифташуда, аз ҷониби суди иқтисодӣ ҳаллу фасл мешаванд (м.м.8, 39 Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ»).

Таҳлили мавқеи суд дар мурофиаи муфлисшавӣ водор менамояд, ки мавқеи судро мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ба ҳайси дорандаи имкониятҳои воқеӣ барои ба даст овардани мақсад ва вазифаҳои мурофиаи муфлисшавӣ эътироф намоем.

Қонунгузор ба суд ваколатҳои ташкилӣ ва назоратиро додааст.

Ваколатҳои дорои хусусияти ташкилӣ гуфта, маҷмӯи амалиётҳои судиеро меноманд, ки дар ҳудуди тайёрӣ ва гузаронидани мурофиаи муфлисшавӣ ҷой доранд.

Аз ҷумла, суди иқтисодӣ аризаи муфлисшавии қарздорро бинобар риоя намудани талаботҳои муқаррар-намудаи К/Т «Дар бораи мурофиаи судии ицтисоды» ва қонун дар бораи муфлисшавӣ, қабул менамояд ва агар як шарти пешбининамудаи моддаи 30 риоя нашуда бошад, пас аризаро рад менамояд.

Дар доираи чорабиниҳои ташкилӣ, суд ариза, шикоят ва илтимосномаи шахсони иштирокчии кори муфлисшавиро дида мебарояд ва асоснок будани талаботҳои кредиторонро муқаррар менамояд. Ҷаласаи судӣ ҷиҳати тафтиш намудани талаботҳои кредиторон дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронида мешавад.

Дар баробари ин, ба мақсади муайян намудани аломатҳои муфлисшавии бадқасдона ва бардурӯғ ташхис таъин мекунад (м.10).

Яке аз ваколатҳои суд дар ин давра аз он иборат мебошад, ки чораҳои заруриро барои оштӣ намудани тарафҳо меандешад, вале ин боиси боздоштани истеҳсолоти кори муфлисшавӣ намегардад.

Суди иқтисодӣ дар асоси хоҳиши шахсон иштирокчиёни мурофиаи муфлисшавӣ чораҳои заруриро оиди таъмин намудани талаботҳои кредиторон меандешад, аз ҷумла, манъ намудани амалиётҳои молумулкӣ, манъ намудани амалҳои муайян аз ҷониби қарздор ва шахсони дигар ва ғ.

Суд ҳуқуқ дорад, ки барои ҳимояи манфиатҳои кредиторон, қарздорро ӯҳдадор намояд, ки қоғазҳои қиматнок, арзишҳои асъорӣ ва дигар амволашро барои нигоҳдорӣ ба шахсони сеюм диҳад (м.31 Қонун).

Дар давоми мурофиа суд чораҳоеро татбиқ менамояд, ки барои пешгирӣ намудани ҳаракатҳои бевиҷдононаи тарафҳо ва бар зидди манфиатҳои якдигари равона шудаанд.

Бинобар ин Қонун дар бораи муфлисшавӣ ба суд инчунин ваколатҳои назоратиро низ пешниҳод намудааст. Масалан, мувофиқи моддаи 18 суд метавонад мудирро барои иҷро накардан ва ё ба тарзи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳояш аз кор озод намояд, мухолифатҳои қарздорро тафтиш намояд (м.48); мудири озмуниро аз кор озод намояд (м.83) ва ҳоказо.

Суди иқтисодӣ аризаи мудири судӣ ва шикоятҳои кредиторонро баррасӣ намуда, инчунин моҷароҳои байни онҳоро ҳал мекунад.

§4. Расмиятҳои муфлисшавӣ

Расмияти муфлисшавӣ гуфта, маҷмӯи чораҳои нисбати қарздор пешбининамудаи қонунгузориро меноманд, ки ҷиҳати барқарор намудани қобилипардохтӣ ё барҳам додани он равона карда шудаанд.

Қонуни муфлисшавии корхонаҳо, ки дар ибтидои солҳои 90-ум қабул шуда буд чунин расмияти муфлис-шавиро, аз қабили, расмиятҳои таҷдидӣ, барҳамдиҳӣ ва созишномаи мусолиҳа пешбинӣ менамуд. Расмиятҳои таҷдидӣ, идоракунии беруна ва санатсиро дар бар мегирифт ва расмияти барҳамдиҳӣ бошад дар ҳудуди истҳсолоти озмунӣ амалӣ гардонида мешуд. Қонуни нав расмиятҳои муайяни муфлисшавиро барои шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон муқаррар намудааст. Аз ҷумла, чор расмияти муфлисшавиро барои шахсони ҳуқуқӣ ва ду расмиятро барои шаҳрвандони қарздор пешбинӣ намудааст. Истеҳсолоти озмунӣ ва созишномаи мусолиҳа умумӣ буда, ҳам нисбати шаҳрвандони қарздор ва ҳам нисбати шахсони ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад. Пеш аз татбиқи ин расмиятҳо нисбати шасони ҳуқуқӣ аввал расмиятҳои истеҳсолоти озмунӣ ва идоракунии беруна татбиқ карда мешавад.

Дар баробари ин қонуни нави 2003 расмияти нави таҷдидиро, аз қабили солимгардонии молиявӣ муқаррар намудааст, ки мутобиқи он муассисони (иштирокчиёни) қарздор метавонанд дар давраи оғоз намудани кори муфлисшавӣ низ аз болои он назорат баранд.

§ 5. Маросими барқароркунӣ

Қонуни муфлисшавӣ имконияти тадбиқ намудани чорабиниҳоро оиди пешгирӣ намудани муфлисшавӣ, ки бо номи расмиятҳои барқароркунӣ машҳуранд, муқаррар намудааст.

Чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани муфлисшавии иштирокчии муомилот ба сифати расмияти мустақил баромад накунад ҳам, вале татбиқи саривақтии онҳо метавонанд, ки ба ҳолати молиявии қарздор таъсири дахлдор расонанд.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ оид ба расмиятҳои барқароркунӣ, яъне санатсияи то судӣ ақидаҳои гуногуни олимон вуҷуд дорад. Аз ҷумла, В.В. Витрянский қайд мекунад, ки санатсияи то судиро бевосита ба расмиятҳои муфлисшавӣ дохил кардан мумкин нест, чунки ин чорабинӣ расонидани кӯмаки молиявиро ба қарздор – шахси ҳуқуқӣ дар назар дорад[1]1. Ба фикри Ю.Свит бошад, санатсияи то судӣ (дар қатори идоракунии беруна) як намуди алоҳидаи расмияти барқароркунӣ мебошад[2]2.

Расмиятҳои барқароркунӣ дар қонуни нав ба ду намуд ҷудо карда мешаванд: санатсияи то судӣ ва санатсияи судӣ. Ба гумон аст, ки муттаҳид намудани расмиятҳои аз рӯи мазмун ва мақсад гуногун дар як гурӯҳ дастоварди қонунгузор бошад, чунки расмиятҳои барқароркунӣ ба маънои том расмиятҳои муфлисшавӣ набуда, баръакс барои пешгири намудани муфлисшавӣ равона карда шудаанд. Чунин чораҳо то пешниҳод намудани ариза ба суди иқтисодӣ дар бораи муфлисшавии қарздор татбиқ карда мешаванд. Ташаббуси солимгардонии молиявии қарздорро кредиторҳо ё дигар шахсон бо розигии қарздор пешниҳод менамоянд, вале кӯмаки молиявӣ ё дигар кӯмакҳо танҳо бо созиши қарздор ҷой дошта метавонанд.

Хусусиятҳои санатсияи то судӣ ва санатсияи судӣ ба тарзи дахлдор аз якдигар фарқ доранд.

Санатсияи то судӣ гуфта, кӯмаки молиявиеро меноманд, ки барои барқарор намудани қобилияти пардохтии қарздор кофӣ мебошад, яъне ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмии қарздор пурра пардохт карда мешаванд. Мувофиқи созишнома дар бораи кӯмакӣ молиявӣ, қарздор ё шахсони дигар ӯҳдадориҳои муайянро ба фоидаи шахсоне, ки чунин кӯмакро пешниҳод намуданд, мегиранд.

Ҳамзамон, қайд бояд кард, ки қонуни соли 2003, расмиятҳои то судиро ба тарзи умумӣ муқаррар намуда, тартиби гузаронидани санатсия, ҷалби сармоягузорон, тартиби бастани созишнома дар бораи санатсия, мӯҳлати санатсия ва инчунин ягон кафолатҳоеро дар бар намегирад, ки дар ин давра кори муфлисшавӣ оғоз карда намешавад.

Моҳияти санатсияи судӣ (солимгардонии молиявӣ ва идоракунии берунӣ) дар баамал баровардани чорабиниҳои барқароркунӣ зери назорати кредиторҳо ва суд дар ҳудуди кори оғознамудаи муфлисшавӣ зоҳир меёбад.

§ 6. Мушоҳида

Мушоҳида – чунин расмияти муфлисшавие мебошад, ки ба мақсади таъмин намудани нигоҳдории амвол ва ба амал баровардани таҳлили ҳолати молиявии қарздор таъин карда мешавад (қ.8 м.4 Қонун).

Мушоҳида ҳамчун расмияти муфлисшавӣ дар ҳамаи давлатҳои дунё истифода бурда намешавад. Масалан, дар низоми амрикоӣ чунин расмият вуҷуд надорад, чунки мувофиқи қонунгузории Америка якбора ё расмияти барҳамдиҳӣ ё ин ки таҷдид татбиқ карда мешавад. Низоми фаронсавӣ бинобар ҷой доштани самти дебитории қонунгузорӣ расмиятҳои муфлисшавӣ аз мушоҳида оғоз меёбад, ки инчунин бо номи солимгардонии истеҳсолот низ машҳур ҳаст ва чун қоида дар ин давр ҳуқуқҳои кредиторҳо сусттар мегарданд. Аз ҳисоби вайрон намудани ин ҳуқуқҳо кӯшиши эҳё намудани корхона ба амал бароварда мешавад.

Мувофиқи Қонуни ҶТ дар бораи муфлисшавӣ расмияти мушоҳида аз ҳудуди маросимҳои муфлисшавӣ берун баромада, аз рӯи моҳияти худ расмияти иловагӣ мебошад чун дар қонунгузориҳои давлатҳои муштарак –ул –манофеъ ва хусусан дар қонунгузории Федератсияи Руссия.

Мақсади асосии маросими мушоҳида мувофиқи қонунгузории ҶТ дар он таҷассум меёбад, ки оё қарздор дар ҳақиқат имконияти қонеъ намудани талаботҳои кредиторҳо ва инчунин иҷро намудани ӯҳдадориҳои пардохтҳои ҳатмиро надорад. Татбиқи чунин маросим имконият медиҳад, ки аз як тараф, ҳолати молиявии қарздор муайян карда шавад ва аз тарафи дигар, амволӣ ӯ нигоҳ дошта шавад.

Маросими мушоҳида дар натиҷаи баррасӣ намудани асоснокии талаботҳои даъвогарони қарздор татбиқ карда мешавад, вале агар чунин аризаро худи қарздор пешниҳод намуда бошад, пас ин маросим аз лаҳзаи қабул намудни ариза ба истеҳсолоти судӣ татбиқ карда мешавад. Мустаҳкамгардонии қонунии зарурияти тафтиши талаботи кредиторҳо ё ин ки мақомоти ваколатдор дар ҷаласаи судии махсус имконият медиҳад, ки сабабҳои беасос маҳдуд намудани ҳуқуқҳои қарздор бартараф карда шаванд.

Маросими мушоҳида нисбати қарздоре, ки барои барҳам додани он қарор қабул карда шудааст, татбиқ карда намешавад.

Татбиқи маросими мушоҳида боиси ба вуҷуд омадани оқибатҳои муайяни ҳуқуқӣ мегардад. Аз ҷумла:

1) талаботҳои амволӣ нисбати қарздор бо риоя намудани тартиботи муқаррарнамудаи қонун пешниҳод карда мешаванд, яъне аз лаҳзаи аз ҷониби суди иқтисодӣ қабулгардидани ариза дар бораи эътироф намудани муфлисии қарздор, кредиторҳо ҳуқуқ доранд, ки якҷоя ба қарздор бинобар қонеъ намудани талаботҳои худ муроҷиат намоянд, чунки имконияти инфиродии муроҷиат намуданро аз даст медиҳанд;

2) бо илтимосномаи кредиторҳо истеҳсолот аз рӯи корҳое, ки бо рӯёнидани восимтаҳои пулӣ ё молии қарздор алоқаманд мебошанд, боздошта мешаванд. Кредитор дар чунин ҳолат талаботҳои худро ба қарздор бо риоя намудани тартиботи муқаррарнамудаи қонун дар бораи муфлисшавӣ ба амал мебарорад;

3) иҷроиши ҳӯҷҷатҳои иҷрои рӯёниш аз амволи қарздор боздошта мешаванд. Бояд қайд кард, ки истеҳсолот аз рӯи корҳо оиди рӯёнидани музди кор, пардохти мукофотпулиҳои шартномаи муаллифӣ, алимент, баргардо-нидани тавони зараре, ки бо ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст, талаби амол аз тасарруфии ғайриқонунӣ ва инчунин талофи намудани зарари маънавӣ, боздошта намешавад;

4) манъ намудани қонеъгардонидани талаботи иштирокчии қарздор дар бораи ҷудо намудани ҳиссаи ӯ аз амволи қарздор бинобар баромадани онҳо аз ҳайати иштирокчиён, аз ҷониби қарздор харидори намудани саҳмияҳои паҳнкардашуда, ё ин ки пардохт намудани арзиши ҳақиқии ҳиссаҳо;

5) манъ намудани пардохти суд ва дигар пардохтҳо аз рӯи қоғазҳои қиматнокӣ эмиссионӣ;

6) роҳ надодан барои қатъшудани ӯҳдадориҳои пулӣ бо роҳи бо баҳисобгирии талаботҳои якхелаи мутақобила, бинобар вайрон гардидани навбати қонеъ намудани талаботҳои кредиторҳо.

Азбаски ҳуқуқҳои қарздор оиди ихтиёрдори намудани воситаҳои худи бинобар ҷорӣ намудани маросими мушоҳида маҳдуд гардонида мешаванд, қарори суд дар ин бора ба бонк ва дигар ташкилотҳои кредиторие, ки дар онҳо ҳисоби бонкии қарздор вуҷуд дорад, ба суди юрисдиксияи умумӣ, ба мақомоти андоз ва дигар мақомотҳои ваколатдор фиристода мешавад.

Барои таъмин намудани иҷрои вазифаи асосиимаросими мушоҳида, яъне таъмин намудани нигоҳдории амволи қарздор то лаҳзаи баровардани қарори дахлдор ба зиммаи мудири муваққатӣ гузошта мешавад.

Фаъолияти мудири муваққатӣ ба ду самти асоси равона карда мешавад, якум, назорат аз болои ҳаракатҳои роҳбари қарздор, аз ҷумла, таъмин намудани амволи қарздор: таҳлили ҳолати молиявии қарздор ба мақсади муайян намудани имконият ва мақсаднокии ба амал баровардани маросими таҷдидӣ (барқароркунӣ) ё барҳамдиҳӣ.

Талабот нисбати номзадии мудири муваққатӣ ба талаботҳои умумие, ки нисбати мудири судӣ пешниҳод карда мешаванд, мувофиқ мебошанд.

Ҳамзамон Қонун дар бораи муфлисшавӣ талаботҳои муаянеро нисбати тартиби пешниҳод намудани номзадии мудири муваққатӣ ва тасдиқ намудани он, муқаррар кардааст. Мудири муваққатӣ аз ҷониби суд аз шумораи номзадиҳое, ки кредиторҳо пешниҳод намудаанд, таъин карда мешавад, ҳангоми вуҷуд надоштани чунин таклифҳо, онгоҳ аз ҷумлаи шахсоне, ки ба чунин сифат дар суд ба қайд гирифта шудаанд, таъин карда мешаванд (қ.1 м. 45 Қонун).

Мудири муваққатӣ дар баробари роҳбари қарздор, ки бевосита аз иҷрои ӯҳдадориҳояш дур карда нашуда бошад ҳам, вале ваколатҳояш маҳдуд карда шудаанд, фаъолият менамояд.

Ҳамзамон, мудири муваққатӣ ҳуқуқ дорад, дар ҳолати зарурӣ барои аз вазифа дур намудани роҳбари қарздор илтимоснома пешниҳод намояд (қ.1 м.46).

Ба мақсади ҳимояи манфиатҳои кредиторҳо ва нигоҳдории амволи қарздор қонун ба мудири муваққатӣ ҳуқуқҳои зиёдеро пешниҳод намудааст. Масалан, мувофиқи қисми 2 моддаи 44 қонун, мақомоти идоракунии қарздор аҳдҳои зеринро бо розигии истисноии мудири муваққатӣ мебанданд:

– аҳдҳое, ки бо пешниҳоди амволи ғайриманқул ба иҷора, гарав, пешниҳоди амволи нишондодашуда ба сифати ҳисса дар сармояи ойинномавии ҷамъиятҳои хоҷагӣ ва ширкатҳо, ё ин ки ихтиёрдорӣ намудани чунин амвол;

– аҳдҳое, ки бо ихтиёрдорӣ намудани дигар амволи қарздор, ки арзиши тавозунии онҳо аз 10% арзиши тавозунии амволи қарздор зиёдтар мебошанд;

– аҳдҳое, ки бо гирифтан ва додани қарзҳо, додани супориш ва кафолат, даст кашидан аз ҳуқуқи талабкунӣ, таҳвили қарз ва инчунин аҳдҳое, ки бо таъсисӣ идоракунии ба боварӣ асосёфтаи амвол алоқаманд мебошанд.

Мудири муваққатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар бораи қарздор ҳамагуна иттилоотро, аз ҷумла, иттилооти махфиро низ дошта бошад. Чунин ҳуқуқи мудири муваққатӣ бо имконияти пешбининамудаи қонун дар бораи ҳуқуқи мудири муваққатӣ оиди аз мансаб дур намудани роҳбари корхона тасдиқ карда мешавад.

Яке аз ӯҳдадориҳои асосии мудири муваққатӣ ӯҳдадории дар бораи ба амал баровардани таҳлили молиявии қарздор мебошад. Дар доираи маросими мушоҳида мудири муваққатӣ дар асоси таҳлили ҳолати молиявии қарздор ба маҷлиси кредиторҳо ва суди иқтисодӣ маълумоти пурра дар бораи қарздор пешниҳод менамояд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи вуҷуд доштан ё надоштани нишонаҳои муфлисшавӣ, имконияти ҳисоби намудан бо кредиторҳо ва дар ин замина барқарор намудани қобилияти пардохтии корхона (қ.2 м.45, қ.1 м.46 Қонун). Дар баробари ин, маҳз дар ин давра мудири муваққатӣ имконияти муқаррар намудани нишонаҳои муфлисшавии бадқасдона ё ин ки сохтаро дорад.

Дар ин давра чун қоида таҳлили сохти тавозуни корхонаи қарздор, ба амал бароварда шуда, ба қобилияти пардохтии он баҳо дода мешавад ва инчунин ҳисоботи муҳосибавии қарздор низ таҳлил карда мешавад.

Дигар ӯҳдадории мудири муваққатӣ, ки дар давраи тайёри ба маҷлиси якуми кредиторҳо амали гардонида мешавад, ин муқаррар намудани ҳаҷми талаботҳои кредиторҳо мебошад.

Муқаррар намудани ҳаҷми талаботҳои кредиторҳо дар мадди аввал барои муайян намудани миқдори овозҳои ҳар як кредитори озмунӣ ва инчунин мақомотҳои ваколатдор барои иштирок дар маҷлиси якуми кредиторҳо зарур мебошад. Ҳаҷми талаботҳои кредиторҳо дар асоси аризаи онҳо муайян карда мешаванд, ки дар муддати як моҳ пас аз гирифтани огоҳинома оиди аз ҷониби суди иқтисодӣ қабул намудани ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор пешниҳод шудаанд.

Талаботҳои мушаххаси кредитор, мутобиқи нишонаҳои муқаррарнамудани ҳаҷми талаботҳое, ки бо қонун пешбинӣ шудаанд, ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд:

1) талаботҳои муқарраршуда ва

2) талаботҳои муқаррарнашуда.

Талаботҳои муқарраршуда ба мудири муваққатӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод карда мешаванд. Талаботҳое, ки муқарраргардида эътироф нашудаанд, аз ҷониби суди иқтисодӣ ба қарздор, мудири муваққатӣ, кредиторҳое, ки онҳоро пешниҳод намудаанд, фиристода мешаванд.

Азбаски қонун дар бораи муфлисшавӣ оиди шакл ва мазмуни талаботҳои кредиторҳо ягон нишондодеро пешбинӣ накардааст, пас чунин талабот дар шакли озоди хаттӣ бо нишон додани қарз аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ навишта мешавад.

Минбаъд раванди муқаррар намудани талаботҳои кредиторҳое, ки дар ибтидо муқаррарнашуда буданд бо ду тарз ба амал бароварда мешаванд: якум, бо роҳи дида баромадани ин талаботҳо аз ҷониби худи қарздор; дуюм, ба роҳи баррасӣ намудани онҳо аз ҷониби суд бинобар мухолифатҳои қарздор.

Ӯҳдадорӣ оиди даъват, тайёрӣ ва гузаронидани маҷлиси якуми кредиторҳо низ ба зиммаи мудири муваққатӣ гузошта шудааст.

Мудири муваққатӣ санаи баргузоршавии маҷлиси якуми кредиторҳоро муайян намуда, ҳамаи кредиторҳоро огоҳ менамояд. Маҷлиси якуми кредиторҳо дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯз то санаи баргузор гардидани ҷаласаи якуми судие, ки дар қарори суд ҳангоми қабул намудани ариза дар бораи муфлис эътироф гардидани қарздор муқаррар гардидааст, баргузор мегардад (қ.1 м.49 Қонун).

Иштирокчиёни маҷлиси якуми кредиторҳо ду намуди шахсон мебошанд: кредиторҳои озмунӣ ва мақомотҳои ваколатдоре, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд ва инчунин роҳбарӣ қарздор, намояндаи кормандони қарздор ва мудири муваққатӣ, ки дар маҷлиси якуми кредиторҳо бе ҳуқуқи овоздиҳи иштирок менамоянд (қ. 2 м.49 Қонун).

Мудири муваққатӣ дар маҷлиси якум маълумотҳои таҳлили ҳолати молиявӣ қарздорро бо пешниҳод намудани самтҳои имконӣ ё ғайриимконии барқарор намудани қобилияти пардохтии қарздор пешниҳод менамояд, вале хулосаҳои ӯ хусусияти маслиҳатӣ дошта барои кредиторҳо ҳатмӣ намебошанд.

Ҳамзамон кредиторҳо дар маҷлиси якум чунин қарорҳоро қабул карда метавонанд:

1) дар бораи ҷорӣ намудани мудири беруна ва муроҷиат намудан бо дархости мутобиқ ба суд;

2) дар бораи пешниҳод намудани дархост ба суд оиди муфлис эътироф намудани қарздор ва оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ;

3) муайян намудани ҳайати миқдории кумитаи кредиторҳо ва интихоби аъзоёни он (қ. 4 м. 49 Қонун).

Аз лаҳзаи татбиқи мудири беруна ё аз ҷониби суди иқтисодӣ муфлис эътироф намудани қарздор ва оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ ё ин ки тасдиқ намудани мусолиҳаи оштӣ – мушоҳида қатъ мегардад.

§ 7. Мудири беруна

Мудири беруна (санатсияи судӣ) чунин маросими муфлисшавие мебошад, ки нисбати қарздор ба мақсади барқарор намудани қобилияти пардохтии он муқаррар карда мешавад. Бинобар ин ваколати идоракунии қарздор низ ба мудири беруна дода мешавад.

Мудири беруна маросиме мебошад, ки дорои хусусияти барқароркунӣ мебошад ва чун қоида, танҳо нисбати шахсони ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки қонунгузории Русия, аз ҷумла, қонун дар бораи муфлисшавӣ имконияти татбиқи маросими мудири берунаро нисбати хоҷаги деҳқонӣ (қ.4 м.219) муқаррар намудааст, ки аз рӯи табиати ҳуқуқии худ шахси ҳуқуқӣ эътироф нашудааст[3]1.

Қарор дар бораи ҷорӣ намудани мудири беруна аз ҷониби маҷлиси кредиторҳо қабул карда шавад ҳам, вале қонун дар бораи муфлисшавӣ ҳолатҳоеро пешбинӣ намудааст, ки мудири беруна бо ташабуси суди иқтисодӣ низ ҷорӣ карда мешавад.

Мудири меруна ба мӯҳлати на зиёда аз дувоздаҳ моҳ муқаррар карда мешавад, ки онро ба мӯҳлати зиёда аз шаш моҳ дароз намудан мумкин аст, агар бо қонун чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Бо дархости маҷлиси кредиторон ё мудири беруна мӯҳлати муқарраргардидаи мудири беруна мумкин ҳаст кам карда шавад.

Бо ҷорӣ намудани мудири беруна як қатор оқибатҳои ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд. Аз ҷумла, аз лаҳзаи ҷорӣ намудани мудири беруна:

– роҳбарӣ қарздор аз мансаб дур карда мешавад ва идоракунии корҳои қарздор ба зиммаи мудири беруна гузошта мешаванд;

– ваколатҳои мақомотҳои идоракунии қарздор ва молики амволи қарздор – шахси ҳуқуқӣ, қатъ мешаванд ва ваколатҳои роҳбари қарздор ва дигар мақомотҳои идоракунии қарздор ба мудири беруна мегузаранд ба истисноӣ ваколатҳое, ки мутобиқи қонуни мазкур ба шахсони (мақомотҳои) дигар мегузаранд. Мақомотҳои идоракунии қарздор дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи таъин намудани мудири беруна ӯҳдадор мебошанд, ки таҳвили ҳӯҷҷатҳои муҳосибавӣ ва дигар ҳӯҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ, мӯҳр ва штамп, арзишҳои моддӣ ва дигар арзишҳоро ба мудири беруна таъмин намоянд;

– бекор намудани чораҳои пешакӣ оиди таъмин намудани талаботҳои кредиторҳо;

– ҷорӣ намудани моратория барои қонеъ намудани талаботҳои кредитррҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва ӯҳдадориҳои пардохтии қарздор, ба истисноӣ ҳолатҳое, ки қонуни мазкур пешбинӣ намудааст (м.52 Қонун).

Яке аз оқибатҳои ҷолибӣ ҷорӣ намудани мудири беруна барои қарздор ин ҷорӣ намудани моратория барои қонеъ намудани талаботҳои кредиторҳо мебошад.

Қонун дар бораи муфлисшавӣ ба тарзи амиқ муқаррар намудааст, ки моратория барои қонеъ намудани талаботҳои кредиторҳо нисбати ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмие татбиқ карда мешавад, ки мӯҳлати иҷро намудани онҳо то лаҳзаи ҷорӣ намудани мудири муваққатӣ фаро расидааст.

Дар мӯҳлати амали маратория чунин амалҳо низ роҳ дода намешаванд:

– рӯёниш аз рӯи ҳӯҷҷатҳои иҷроия ва дигар ҳӯҷҷатҳое, ки рӯёниш аз рӯи онҳо бо тартиби бебаҳс ба амал бароварда мешаванд;

– иҷрои ҳӯҷҷатҳои иҷрои рӯёниши амволӣ боздошта мешаванд, ба истиснои ҳӯҷҷатҳои иҷроишие, ки дар асоси қарори суд барои рӯёнидани музди кор, мукофотпулӣ аз рӯи шартномаи муаллифӣ, алимент ва инчунин талофи намудани товони зараре, ки ба ҳаёт ва саломати расонида шудааст, зарари маънавӣ, ки ба қувваи қонунӣ, то лаҳзаи қабул намудани ариза дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор, даромадаанд;

– барои иҷро накардан ё ба тарзи дахлдор иҷро накардани ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ ноустуворона (ҷарима, пени) ва дигар санксияҳои молиявӣ татбиқ карда намешавад, инчунин ба фоизҳое, ки бояд пардохта шаванд.

Моратория нисбати ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмие, ки мӯҳлати иҷрои онҳо пас аз ҷорӣ намудани мудири беруна фаро расидаанд, паҳн намешавад.

Моратория инчунин ба талаботҳои оиди рӯёнидани қарзҳои музди кор, пардохти мукофотпулиҳои шартномаҳои муаллифӣ, алимент ва инчунин талофии товони зараре, ки ба ҳаёт ва саломатӣ расонида шудааст, паҳн намешавад (қ.5 м.53 Қонун).

Мудири беруна аз мудири муваққатӣ бо он фарқ мекунад, ки роҳбарӣ қарздорро пурра иваз менамояд, чунки ваколатҳои ҳамаи мақомотҳои шахси ҳуқуқӣ пурра ба ӯ мегузаранд, аз ҷумла, ваколати ихтиёрдорӣ намудани амвол, ба истиснои аҳдҳои калон ва аҳдҳое, ки ба амал баровардани онҳо бо манфиатдорӣ алоқаманд мебошанд. Мудири беруна чунин аҳдҳоро бо розигии маҷлиси кредиторҳо ё ин ки кумитаи кредиторҳо метавонад бандад, агар бо ҳамин қонун ва нақшаи мудири беруна чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад (м.56 Қонун).

Тартиби тасдиқ намудани мудири беруна бо ҳолатҳои умумии қонун дар бораи муфлисшавӣ муайян карда мешавад ва мисли тартиби таъин намудани мудири судӣ мебошад.

Мудири беруна, ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳоеро, ки қонун барои чунин иштирокчии мурофиа муқаррар намудааст, доро мебошад. Ҳамзамон қонунгузор бо назардошти хусусиятҳои мудири беруна ба ӯ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои махсусро вогузоштааст (м. 54 Қонун).

Ваколатҳои мудири берунаро дар ин давра ба ду гурӯҳи асоси ҷудо намудан мумкин аст: а) ваколатҳое, ки мудири беруна ба сифати роҳбари қарздор ба амал мебарорад; б) ваколатҳое, ки дар ҳудуди чорабиниҳои маросими мудири беруна ба амал мебарорад.

Ба гурӯҳи якум ваколатҳои мудири берунаро оид ба мустақилона ихтиёрдорӣ намудани амволи қарздор (бо маҳдудиятҳое, ки моддаҳои 56 ва 58 муқаррар намуданд), ба рӯйхатгирии амволи қарздор, ба амал баровардани ваколатҳои муҳосибавӣ, молиявӣ, оморӣ ва ғайраҳоро дохил намудан мумкин аст.

Ба гурӯҳи дуюм, чунин ваколатҳои мудири берунаро, аз қабили, ваколатҳои мудири беруна оид ба пешбурди феҳристи талаботҳои кредиторҳо номбар кардан зарур аст. Кредиторҳо дар ҳолати дилхоҳ метавонанд талаботҳои худро ба қарздор пешниҳод кунанд, аз ҷумла, дар давраи маросими мудири беруна.

Талаботҳои нишондодашуда ба мудири беруна бо суроғаи қарздор фиристода мешаванд. Талаботи кредиторҳое, ки мутобиқи қонуни мазкур муқаррар шудаанд, ба мудири беруна бо замима намудани ҳӯҷҷатҳои зарурӣ фиристода мешавад.

Мудири беруна ин талаботҳоро дида мебарояд ва дар феҳристи талаботҳои кредиторҳо дар мӯҳлати на дертар аз ду ҳафта навиштаҷоти заруриро дарч менамояд ва аз натиҷаи он на дертар аз як моҳи гирифтани талабот кредиторҳоро огоҳ менамояд. Минбаъд мудири беруна, намояндаи муассисон (иштирокчиён)-и қарздор, намояндаи молики амволи қарздор ва кредиторҳое, ки талаботи онҳо ба феҳристи талаботи кредиторҳо дохил карда шудааст, метавонанд нисбати талаботҳои кредиторҳои нав норозигии хешро пешниҳод намоянд.

Суди иқтисодӣ ӯҳдадор аст, ки асоснок будани талаботи пешниҳодшударо тафтиш намояд ва он талаботҳоеро, ки нисбати онҳо зиддият пешниҳод нашудааст, дар ҳаҷм, тартиб ва навбати қонеъ намудан мутобиқи қонун дохил намояд ва талаботҳоеро, ки нисбати онҳо зиддият вуҷуд дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонун баррасӣ карда мешаванд (м.55 Қонун).

Ба ғайр аз ин, мудири беруна метавонад дар мӯҳлати се моҳ аз лаҳзаи ҷорӣ намудани мудири беруна аз иҷро намудани ӯҳдадориҳои қарздор даст кашад. Чунин дасткашие, ки мудири беруна изҳор намудааст, аз рӯи табиати ҳуқуқии худ ба дасткашии яктарафа аз иҷро намудани ӯҳдадорӣ монанд мебошад (қ.2 м.482, м.486 КГ ҶТ).

Қонун дар бораи муфлисшавӣ (қ.2 м.57) асосҳоеро пешбини намуда аст, ки ҳангоми мавуҷуд будани онҳо, мудири беруна метавонад аз иҷрои шартнома ва дигар аҳдҳо даст кашад. Аз ҷумла: а) агар шартнома пурра ё қисман иҷро нашуда бошад; б) агар иҷро намудани шартнома боиси ба вуҷуд омадани зараре гардад, ки ба шартномаҳои монанд ва ҳолатҳои муқоисашаванда хос намебошанд; в) агар шартномаи дарозмӯҳлат бошад (ба мӯҳлати зиёда аз як сол баста шуда бошад), яъне фоида аз ин шартнома дар мӯҳлати дертар ба даст меояд; г) агар шартнома ба барқароршавии қобилияти пардохтии қарздор халал мерасонида бошад.

Дар байни ӯҳдадориҳои мудири беруна ҷойи асосиро ӯҳдадории ӯ дар бораи таҳия намудани нақшаи мудири беруна ва чорабиниҳои амали гардонидани он ишғол менамояд (қ.2 м.54 Қонун). Дар мӯҳлати як моҳ аз лаҳзаи таъин шуданаш мудири беруна ӯҳдадор ҳаст, ки нақшаи мудири берунаро таҳия намуда барои тасдиқ ба маҷлиси кредиторҳо пешниҳод намояд.

Вобаста ба асосҳои қатъшавии мудири беруна (барқарор шудани қобилияти пардохтӣ, муқаррар намудани имкон-нопазирии барқароркунии қобилияти пардохтӣ ё ин ки ба охир расидани мӯҳлати муқаррар кардашудаи мудири берунӣ) мудири беруна ба маҷлиси кредиторҳо қабул намудани яке аз чунин қарорҳоро пешниҳод менамояд:

– дар бораи бекор намудани мудири беруна, бинобар барқарор шудани қобилияти пардохтии қарздор;

– дар бораи бастани созишномаи мусолиҳа;

– дар бораи бекор намудани мудири беруна ва бо дархост муроҷиат намудан ба суд оиди муфлис эътироф намудани қарздор ва оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ (қ.3 м.64 Қонун).

Мудири беруна барои барқарор намудани қобилияти пардохтии қарздор маҷмӯи чорабиниҳои дорои хусусияти молиявӣ-иқтисодӣ ва ташкилиро ба амал мебарорад. Дар ҳудуди маросими мазкур чунин чорабиниҳо, аз қабили: тағйир додани самти фаъолияти истеҳсолии қарздор, пӯшидани истеҳсолоти бесамар, рӯйпӯш намудани қарзҳои дебиторӣ, фурӯхтани қисми амвол, даст кашидан аз ҳуқуқи талабкунӣ, аз ҷониби молики қарздор (ё шахсони сеюм) иҷро намудани ӯҳдадориҳои қарздор ва дигар тарзҳои барқарор намудани қобилияти пардохтии қарздор, татбиқ мешаванд (м.60 Қонун). Ҳамчунин чораи барқарор намудани қобилияти пардохтии қарздор ин фурӯхтани қисми амволи қарздор мебошад (м.60).

Амволи қарздорро мудири беруна дар савдои кушод мефурӯшад, ки чунин қарор пас аз рӯйхатгузаронии амволи қарздор қабул карда мешавад.

Савдо дар шакли музояда гузаронида мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муқаррар намудааст.

Дар баробари ин савдои пӯшида низ истифода мешавад. Дар савдои пӯшида он амволе фурӯхта мешавад, ки муомилоти онҳо маҳдуд мебошад. Дар савдои пӯшида танҳо он шахсоне иштирок карда метавонанд, ки чунин амволро мутобиқи қонун метавонанд дар ҳуқуқи моликиятӣ ё ин ки дигар ҳуқуқҳои амволӣ дошта бошанд.

Мудири беруна метавонад, ки ба сифати ташкил-кунандаи савдо баромад намояд ё ин ки гузаронидани онро дар асоси шартнома ба ташкилоти махсусгардонидашуда супорад. Ин ташкилот набояд нисбати қарздор ё ин ки мудири беруна шахси манфиатдор бошад.

Нархи ибтидоии амволе, ки ба савдо бароварда шудааст аз ҷониби мудири беруна муайян карда мешавад, башарте, ки дар нақшаи мудири беруна чизи дигаре дарҷ нашуда бошад.

Натиҷаи савдо дар суратмаҷлис дарҷ мегардад, ки қувваи шартномаро дорад. Ҳангоми гузаронидани савдо бағайр аз суратмаҷлис инчунин шартномаи хариду фурӯш низ баста мешавад, ки дар он маълумот дар бораи таркиб ва арзиши амвол, тавсифи амволи ғайриманқул (таърихи сохтан, дараҷаи хурдашавӣ, майдони умумӣ ва ғ.) ва мавҷудияти маҳдудиятҳо, аз ҷумла предмети гарав будани он, дар иҷора будани он ва ғ.) нишон дода мешаванд.

Ғолиби савдо дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ аз рӯзи гузаронидани савдо мутобиқи шартномаи хариду фурӯш ё суратмаҷлис бояд арзиши онро пардохт намояд (м.61 Қонун).

Амволе, ки дар савдои якум фурӯхта нашудааст ба савдои дуюм пешниҳод карда мешавад, агар нақшаи мудири беруна чизи дигареро муқаррар накарда бошад.

Амволе, ки дар савдои такрори низ фурӯхта нашудааст, аз ҷониби мудири беруна тавассути шартномаи хариду фурӯш фурӯхта мешавад (қ.9 м.61 Қонун).

Нақшаи мудири беруна даст кашиданро аз ҳуқуқи талабкунӣ ба сифати чорае, ки барои барқарор намудани қобилияти пардохтии қарздор равона шудааст, эътироф менамояд (м.62 Қонун). Ин чора аз ҷониби мудири беруна бо розигии кумита ё маҷлиси кредиторҳо бо роҳи фурӯхтани ин ҳуқуқ дар савдои кушод ба амал бароварда мешавад.

Қонун дар бораи муфлисшавӣ инчунин тартиби расонидани кӯмакӣ молиявиро ба қарздор танзим мекунад. Амалигардонии ин чорабинӣ бо имкониятҳои муқаррар-намудаи қонун дар бораи имконияти қонеъ намудани талаботҳои ҳамаи кредиторҳои озмунӣ аз ҷониби молики амволӣ қарздори – корхонаи воҳид, муассисон (иштирокчиён) қарздор ё шахси сеюм ё шахсони сеюм (м.63 Қонун).

Яке аз тарзҳои нисбатан самаранокӣ барқарор намудани қобилияти пардохтии қарздор дар қонунгузории ҷумҳуриҳои хориҷӣ наздик пешбини карда шудааст, ки ин аз ҷониби суд беэътибор ҳисобидани аҳдҳои қарздор дар асоси аризаи мудири беруна мебошад.

Аҳдҳои қарздор дар ҳолатҳои зерини бо қонун муқарраркардашуда метавонанд беэътибор ҳисобида шаванд:

1) агар аҳд бо шахсони манфиатдор баста шуда бошад ва иҷрои он боиси расонидани зарар ба кредиторҳо гардад;

2) агар аҳд бо кредитор ё шахсони алоҳида пас аз қабул намудани ариза аз ҷониби суди иқтисодӣ дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ё ин ки дар мӯҳлати шаш моҳи қабл аз пешниҳод намудани чунин ариза, ки дар натиҷаи он қонеъ намудани талаботҳои як гурӯҳи кредиторҳо нисбати талаботҳои кредиторҳои дигар афзалтар мебошад, баста шуда бошад;

3) агар аҳд аз ҷониби қарздор – шахси ҳуқуқи пас аз оғоз намудани кори муфлисшавӣ ё ин ки дар давоми шаш моҳ қабл аз пешниҳод намудани чунин ариза, ки боиси пардохти ҳисса аз амволи қарздор ба иштирокчии қарздор бинобар баромадани он аз ҳайати иштирокчиёни қарздор мегардад.

Ин тарзи барқароркунии қобилияти пардохтии қарздор дар мамоликҳои хориҷа ниҳоят зиёд паҳн шудааст. Дар қонунҳои анъанавии аврупои континенталӣ эътироф намудани аҳдҳои беэътибор ҳамчун чораи истисноии барҳамдиҳӣ на ин ки барқароркунӣ баромад мекунад, чунки барои қарздор фоиданок ҳисобида мешавад. Дар Олмон бошад ин чораи барқароркунӣ мебошад ва ба ҳамин сабаб он дар қонунгузории ИМА низ баромад мекунад.

Меъёрҳои Кодекси ИМА дар бораи муфлисшавӣ пешбинӣ менамоянд, ки воситаҳои пулӣ ё амволии додашуда аз дорандаи онҳо тавассути суд аз рӯи корҳои муфлисшавӣ рӯёнида шуда, ба сармояи ягонаи қарздор (сармояи боқимондаи қарздор аз рӯи корҳои муфлисшавӣ), ки минбаъд имконият медиҳад, ки онҳо аз нав тақсим карда шаванд.

Ҳамзамон Кодекс муқаррар намудааст, ки аҳдҳои басти қарздор дар ҳолатҳои зерин беэътибор ҳисобида мешаванд:

– қарор дар бораи пардохт намудани қарзи кредитори муайян бидуни пардохти қарзҳои кредиторҳои дигар (пешниҳод намудани ҳолати бартариятнок) қабул карда шудааст;

– аз ҷониби кредитор маҷбур намудани қарздор барои пардохт намудани қарзҳои ӯ дар ҳолате, ки ин кредитор дар бораи ҳолати ноустувори молиявии қарздор огоҳ буд;

– кӯшиши қарздор оид ба мӯҳайё намудани фоидаи иловагӣ барои яке аз шахсони мансабдор ё директорҳои хеш бо роҳи баргардонидани қарзе, ки ин шахси мансабдор ё директор масъулияти шахсиро ба дӯш дошт[4].

Ҳангоми таҳлили ҳолатҳои овардашуда муҳимтар аз ҳама муайян намудани муаммои ҳолати бартариятнок, асос ва шартҳои пешниҳод намудани он мебошад. Зери мафҳуми ҳолати бартариятнок чунин ҳолате фаҳмида мешавад, ки дар натиҷаи он қарзи як кредитор пардохта шуда ба ӯ ҳолати бартариятнок нисбат ба дигар кредиторон дода мешавад.

Ҳамзамон қайд кардан зарур аст, ки дар шароити фаъолияти мӯътадили тиҷорати чунин қонуне вуҷуд надорад, ки корхонаро барои бартарият додани як кредитор нисбати кредитори дигар манъкунад.

Танҳо қонунгузории муфлисшавӣ пешниҳод намудани ҳолати бартариятнокро дар ҳудуди маросимҳои муфлисшавӣ манъ менамояд.

Кодекси муфлисшавии ШМА ҳолати бартариятнокро (пешниҳод намудани вазъи бартариятнок) ҳамчун «трансферти ҳиссаи қарздор дар амвол» муайян мекунад:

1) ба фоидаи кредитор ё ба номи кредитор;

2) ба ҳисоби қарзи пешинае, ки аз қарздор то иҷро намудани трансферти номбаршуда бояд ҷудо карда шавад;

3) дар ҳолати ғайриқобили пардохт будани қарздор иҷро шуда бошад;

4) иҷро шуда бошад:

а) на пештар аз 90 рӯз то лаҳзаи пешниҳоди ариза;

б) дар давоми аз 90 рӯз то як соли пеш аз пешниҳод намудани ариза, агар ин кредитор ба фаъолияти дохилии қарздор ҷалб шуда бошад;

5) ба кредитор имконият медиҳад, ки воситаҳоро дар ҳаҷме ба даст орад, ки аз чунин воситаҳо, бинобар барҳам додани ширкат зиёдтар бошанд.

Қонунгузории ФР ба сифати чораи барқароркунии қобилияти пардохтии қарздор бо роҳи дар заминаи амволӣ қарздор таъсис додани як ё якчанд ҷамъияти саҳомии навъи кӯшода ва зиёд намудани маблағи оинномавии онҳо бо роҳи эмиссияи саҳмияҳои иловагӣ дар асоси дархости мақомоти идоракунии қарздор пешбинӣ намудааст, ки татбиқи он дар дигар давлатҳо низ зарур мебошад.

§ 8. Истеҳсолоти озмунӣ

Истеҳсолоти озмунӣ давраи ниҳоии мурофиаи муфлисшавӣ мебошад, ки дар натиҷаи ба амал баровардани он фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ё фаъолияти соҳибкории шаҳрванд қатъ мегардад.

Асоси оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ қарори суд дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор мебошад. Мӯҳлати истеҳсолоти озмунӣ наметавонад аз як сол зиёд бошад. Суд метавонад ин мӯҳлатро шаш моҳ дароз намояд (қ.2 м.70 Қонун).

Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» оқибатҳои ҳуқуқии оғоз намудани истеҳсолоти озмуниро аниқ муқаррар намудааст, ки он боиси тағйирёфтани ҳолати ҳуқуқии қарздор мегардад.

Якум, бо оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ мӯҳлати иҷрои тамоми ӯҳдадориҳои пулӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ фаро расида ҳисобида мешаванд.

Дуюм, пас аз оғози истеҳсолоти озмунӣ ҳамагуна санксияҳои молиявӣ, аз қабили ноустуворона (ҷарима, пени), фоиз аз рӯи қарзҳои гуногун қатъ мегарданд. Ин ба кредитҳои бонкӣ, талаботҳои пардохтанашудаи пулӣ, ӯҳдадориҳои иҷро нагардида ва ҳамагуна ӯҳдадориҳое, ки дар ҳолатҳои муқаррарӣ кредиторҳо онҳоро талаб карда метавонистанд, татбиқ карда мешавад[5]1.

Сеюм, маълумот дар бораи вазъи молиявии қарздор наметавонад, ки ҳамчун сирри тиҷоратӣ боқӣ монад. Мафҳуми сирри тиҷоратӣ ва номгӯи маълумотҳое, ки онро ташкил медиҳанд, бо моддаи 153 КГ муайян карда шудаанд.

Чорум, барои бастани аҳдҳои муайян маҳдудиятҳо ҷорӣ карда мешавад, аз ҷумла, нисбати аҳдҳое, ки бо бегона намудани амволи қарздор ё ин ки гузаштани онҳо ба истифодаи шахсони сеюм алоқаманд мебошанд. Ингуна аҳдҳо бо тартиби истисноии муқаррарнамудаи қонуни мазкур ба амал бароварда мешаванд.

Панҷум, бо оғози ин маросим ҳамагуна чораҳое, ки нисбати амволӣ қарздор муқаррар карда шуда буданд, аз ҷумла ҳабси амвол ва маҳдудиятҳои амволӣ бекор карда мешаванд. Дар ин давра ҷорӣ намудани ҳабси нави амволӣ ё ин ки дигар маҳдудиятҳои истифодабарии амволӣ муқаррар карда намешаванд.

Шашум, оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ барои роҳбари қарздор низ оқибатҳои муайяни ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад, аз ҷумла, аз лаҳзаи оғоз намудани ин маросим, мақомотҳои идоракунии қарздор аз иҷрои функсияҳои идоракунӣ барканор шуда, инчунин ваколатҳои молики амволи қарздор низ қатъ мегарданд.

Ҳафтум, ҷорӣ намудани истеҳсолоти озмунӣ боиси аз ҷониби суд таъин намудани мудири озмунӣ мегардад. Дар баробари ин, дар расонаҳои расмӣ маълумот дар бораи эътироф намудани муфлисии қарздор ва оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ маълумотҳо ба табъ расонида мешаванд. Хароҷотҳое, ки бинобар дарҷи маълумотҳои мазкур ба миён меоянд, аз ҳисоби амволи қарздор ва дар ҳолати вуҷуд надоштани чунин имконият, аз ҳисоби кредиторе, ки бо ариза дар бораи муфлис эълон намудани қарздор ба суд муроҷиат намудааст, ба амал бароварда мешаванд.

Дар истеҳсолоти озмунӣ ҷойи асосиро мудири озмунӣ ишғол менамояд, ки аз ҷониби суди иқтисодӣ ҳангоми қабул намудани қарор дар бораи муфлис эътироф намудани қарздор ва оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ таъин карда мешавад.

Мудири озмунӣ мутобиқи моддаи 33 Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» тасдиқ карда мешавад. Аз лаҳзаи таъин шудани мудири озмунӣ, ҳамаи ваколатҳо оид ба идоракунии корҳои қарздор, аз ҷумла, ваколатҳо оид ба ихтиёрдорӣ намудани амволи қарздор ба ӯ мегузаранд.

Ба ғайр аз функсияҳои умумӣ, ки ба ҳамаи мудирони судӣ тааллуқ доранд, мудири озмунӣ, ваколатҳоеро ба амал мебарорад, ки бо хусусияти гузаронидани маросими истеҳсолоти озмунӣ алоқаманд мебошанд.

Ваколатҳои мудири озмунӣ ниҳоят васеъ мебошанд. Ба мақсади ҳалли нисбатан самараноки вазифаҳои маросими истеҳсолоти озмунӣ қонунгузор ба ӯ як қатор ваколатҳоро додаст. Ҳамаи ваколатҳои мудири озмуниро ба чор гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:

1) ваколатҳо оид ба ихтиёрдорӣ намудани амволи корхонаи қарздор;

2) ваколатҳо оид ба ташакулдиҳии молу мулки озмунӣ;

3) ваколатҳои оид ба тақсим намудани молу мулки озмунӣ;

4) дигар ваколатҳое, ки ба гузаронидани истеҳсолоти озмунӣ алоқаманд мебошанд.

Ба гурӯҳи якуми ваколатҳо, қабл аз ҳама он ваколатҳоеро дохил намудан мумкин ҳаст, ки бо ваколатҳои идоракунии мудири озмунӣ алоқаманд мебошанд, яъне аз лаҳзаи таъин намудани мудири озмунӣ ҳамаи ваколатҳои идоракунии қарздор ба зиммаи ӯ гузошта мешаванд. Мудири озмунӣ ягона намояндаи ваколатдори ҳамаи амволи қарздор мегардад. Зиёда аз ин собиқ мақомотҳои идоракунии қарздор ӯҳдадор мебошанд дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи таъин шудани мудири озмунӣ тамоми ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ, дигар ҳуҷҷатҳои молиявӣ, мӯҳр, штамп ва дигар арзишҳои моддиро ба ӯ супоранд.

Бояд қайд кард, ки ваколатҳои мудири озмунӣ нисбат ба ваколатҳои мақомотҳои идоракунии қарздор васеътар мебошанд, чунки нисбати мудири озмунӣ маҳдудиятҳое, ки оинномаи қарздор нисбати роҳбарӣ он пешбинӣ намудааст, паҳн намешаванд.

Қонунгузор ба мудири озмунӣ ҳуқуқ додаст, ки дар муносибатҳои ҳуқуқие, ки қарздор дар онҳо ҳамчун иштрокчӣ баромад менамояд иштирок намуда, ба суди иқтисодӣ даъво барои беэътибор ҳисобидани аҳдҳои бастаи қарздор пешниҳод намояд, аз шахсони сеюм амволи қарздорро талаб намояд, шартномаҳои бастаи қарздорро бекор намояд ва ғайра.

Яке аз амалҳои асосии истеҳсолоти озмунӣ ташкил додани молу мулки озмунӣ мебошад, ки ба ваколатии муҳимтарини мудири озмунӣ мансуб аст.

Молу мулки озмунӣ гуфта, тамоми амволи қарздорро меноманд, ки дар лаҳзаи оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ вуҷуд доранд ё ин ки дар ҷараёни он ошкор карда шудаанд.

Молу мулки озмунӣ аз ду қисми нисбатан алоҳида иборат мебошанд. Ба қисми якум, амволе дохил карда мешавад, ки воқеан дар тасарруфӣ, истифодабарӣ ва ихтиёрдории қарздор дар лаҳзаи кушодани истеҳсолоти озмунӣ қарор дорад. Ба қисми дуюм бошад, амволе дохил карда мешавад, ки дар рафти истеҳсолоти озмунӣ ошкор мегардад.

Бояд қайд кард, ки ба молу мулки озмунӣ танҳо он амволе дохил карда мешавад, ки аз он рӯёниш мумкин бошад.

Аз номгӯи молу мулки озмунӣ пеш аз ҳама амволеро ҷудо намудан мумкин аст, ки дар истифодабарии қарздор қарор дошта, вале объекти моликият ё истифодаи хоҷагӣ ё дар дигар ҳуқуқҳои амволии қарздор қарор надоранд, аз ҷумла:

а) амволе, ки ба иҷора ё нигоҳдорӣ гирифта шудааст;

б) амволи шахсии кормандони корхона, ба ғайр аз ҳиссаҳои амволии иштирокчиёни шахсони ҳуқуқӣ.

Аз амволи боқимондаи қарздор инчунин амволи зерин хориҷ карда мешаванд:

– амволе, ки аз муомилот гирифта шудааст;

– ҳуқуқҳои амволие, ки бо шахсияти қарздор алоқаманд мебошанд, аз ҷумла, ҳуқуқҳое, ки ба иҷозатнома барои ба амал баровардани намудҳои алоҳидаи фаъолият алоқаманд мебошанд ва инчунин дигар амволе, ки қонуни муфлисшавӣ, пешбинӣ намудааст (м.76 Қонун).

Ба гурӯҳи охирини амвол қонун сармояи манзили таъиноти иҷтимоидошта, яъне муассисаҳои бачагонаи томактабӣ ва иншоотҳои моликияти коммуналии барои минтақа ҳаётан зарурбударо дохил менамояд, ки бояд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии дахлдор бо тартиби пешбининамудаи қонун супорида шаванд. Вазифаҳо оид ба нигоҳдорӣ ва таъмини фаъолияти иншоотҳои номбаршуда ва истифодаи мақсадноки онҳо пас аз як моҳи гирифтани огоҳиномаи мудири озмунӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ гузошта мешаванд (м.77 Қонун).

Масъалаи дохил намудани амвол ба молу мулки озмунӣ бо тарзҳои гуногун дар қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ҳал карда шудааст. Масалан, қонунгузории ИМА ба таркиби молу мулки озмунӣ на танҳо объектҳои моддӣ ва ҳуқуқ ба онҳо, балки моликияти зеҳнӣ ва саноатиро низ дохил менамояд (ноу-хау, патентҳо, тамғаи молӣ). Хориҷ намудани амвол ё муайян намудани номгӯи молу мулки озмунӣ мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба амал бароварда мешавад (§522 Кодекси муфлисшавии ИМА).

Дар Олмон ба молу мулки озмунӣ ҳамаи амволе дохил карда мешавад, ки ба қарздор дар лаҳзаи оғоз намудани истеҳсолоти озмунӣ тааллуқ дорад ё ин ки дар ин давра ба даст оварда шудааст. Аз молу мулки озмунӣ предметҳое хориҷ карда мешаванд, ки нисбати онҳо рӯёниши маҷбурӣ татбиқ карда намешавад (§35 Ойинномаи озмунӣ)[6]1.

Мудири озмунӣ ваколатҳое дорад, ки ба ҷустуҷӯи, ошкор ва баргардонидани амволи қарздор алоқаманд мебошанд. Мудири озмунӣ инчунин дигар ваколатҳоеро, ки барои афзун намудани молу мулки озмунӣ заруранд, ба амал мебарорад, аз ҷумла, пешниҳод намудани даъво барои беэътибор ҳисобидани аҳдҳои бастаи қарздор (м. м. 191-206 КГ ҶТ), талаб намудани амволи қарздор аз шахсони сеюм, бекор намудани шартномаҳои бастаи қарздор (м. м. 482-487 КГ ҶТ) ва ҳоказо.

Пас аз ташаккул додани молу мулки озмунӣ, мудири озмунӣ рӯйхатгирӣ ва баҳодиҳии амволи қарздорро анҷом медиҳад. Ҳангоми анҷом додани ба рӯйхатгирӣ, мавҷудияти воқеии амвол муқаррар карда мешавад, ки бо маълумотҳои ҳисоботи муҳосибавӣ, муқоиса ва инъикоси пурраи ӯҳдадориҳои ташкилот тафтиш карда мешаванд.

Ба рӯйхатгирии амволи қарздор асоси баҳодиҳии амволӣ буда, зери ин мафҳум муайян намудани арзиши амволи ба қарздор тааллуқдошта фаҳмида мешавад. Барои анҷоми ин амал мудири озмунӣ ҳуқуқ дорад, баҳодиҳандаҳои мустақил ва дигар мутахассисонро ҷалб намояд. Онҳо бояд арзиши барҳамдиҳии амвол, аз ҷумла, маблағҳои молиявӣ ва фаъолҳои ғайримоддиро муайян намоянд. Фаъолияти баҳодиҳӣ мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)» аз 28 июли соли 2006 ба амал бароварда мешавад.

Фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) – фаъолияти соҳибкорие, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) барои муайян намудани арзиши бозорӣ ва ё арзиши дигари объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар санаи муқарраргардида анҷом дода мешавад, агар дар қонунҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Арзиши барҳамдиҳии объект гуфта, маблағи пулиеро меноманд, ки фурӯшанда метавонад ҳангоми барҳам додани корхона бо фурӯши амволи фаъоли алоҳидаи он ба даст орад.

Амалии ниҳоӣ дар ҷараёни ташакулёбии молу мулки озмунӣ – ин тақсим намудани амволи қарздор ба лотҳо, фурӯши онҳо ва ҷамъ намудани маблағҳои пулӣ дар ҳисоби ягонаи қарздор мебошад.

Амволи қарздор бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 79 қонун «Дар бораи муфлисшавӣ» фурӯхта мешавад. Амволи қарздор пас аз ба охир расидани ба рӯйхатгирии он фурӯхта мешавад. Агар маҷлис ё кумитаи кредиторҳо тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошанд, пас амволи қарздор дар савдои кушод фурӯхта мешавад.

Тартиб ва мӯҳлати фурӯши амволи қарздор аз ҷониби маҷлис ё кумитаи кредиторҳо бояд маъқул дониста шавад.

Он амволе, ки муомилоташ маҳдуд ҳаст, танҳо дар савдои пӯшида фурӯхта мешавад.

Мудири озмунӣ метавонад, ба сифати ташкилкунандаи савдо баромад намояд ё гузаронидани савдоро ба зиммаи ташкилоти махсусгардонидашуда вогузорад. Ин ташкилот наметавонад, ки нисбати қарздор ё мудири озмунӣ шахси манфиатдор бошад.

Амволе, ки дар савдои нахустин фурӯхта нашудааст ба савдои такрорӣ бароварда мешавад ё аз ҷониби мудири озмунӣ тариқи шартномаи хариду фурӯш фурӯхта мешавад.

Дар баробари ташаккул додани молу мулки озмунӣ, инчунин талаботҳои кредиторҳое, ки аз ин маблағҳои пулӣ бояд қонеъ гардонида шаванд, муайян карда мешаванд.

Мудири озмунӣ феҳристи талаботҳои кредиторҳоеро, ки ба ӯ аз ҷониби мудирони муваққатӣ ва берунӣ дода шуданд, тартиб медиҳад.

Кредиторҳое, ки хоҳиши дар озмун ширкат ва қонеъ намудани талаботҳои хешро доранд, бояд дар мӯҳлати муқарраргардида ба қарздор иддаои худро пешниҳод намоянд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 55 қонун ба феҳристи талаботҳои кредиторҳо дохил карда мешаванд.

Пас аз тартиб додани феҳристи талаботҳои кредиторон, мудири озмунӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ ба қонеъ гардонидани онҳо оғоз менамояд (м. 65 КГ ҶТ ва м. 78 қонун «Дар бораи муфлисшавӣ»).

Дар навбати аввал, талаботи шаҳрвандоне қонеъ гардонида мешаванд, ки қарздор дар назди онҳо барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатиашон масъул мебошад. Талофии товони зарар новобаста аз ҷой доштани муносибатҳои байни шаҳрванд ва расонандаи зарар ба амал бароварда мешавад (яъне новобаста аз муносибатҳои шартномавӣ, меҳнатӣ, гражданӣ-ҳуқуқӣ ва ғайра).

Дар навбати дуюм, талаботҳои шахсоне қонеъ карда мешаванд, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо қарздор дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доранд, аз ҷумла, талаботҳо оид ба пардохти музди меҳнат, кӯмакпулиҳо ва инчунин пардохти мукофотпулиҳои шартномаи муаллифӣ.

Дар навбати сеюм, талаботи кредиторҳо аз рӯи ӯҳдадориҳое, ки бо гарав таъмин шудаанд.

Дар навбати чорум, ӯҳдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва фондҳои ғайрибуҷетӣ.

Дар навбати панҷум, талаботҳои дигар кредиторҳо қонеъ гардонида мешаванд.

Ба ғайр аз талаботҳои кредиторҳои озмунӣ дар навбати панҷум инчунин талаботҳои дигар кредиторҳо, аз ҷумла, талаботҳои муассисон ва иштирокчиёни қарздор ва талаботҳо оиди суди ҳисобкардашуда, вале пардохтнашуда низ қонеъ мегарданд.

Талаботи ҳар як навбат пас аз пурра қонеъ намудани талаботи навбатӣ пешина ба амал бароварда мешавад, ба истисноӣ талаботе, ки бо гарави амволи қарздор таъмин карда шудааст. Ҳангоми нокифоягии маблағҳои пулии қарздор онҳо байни кредиторҳои навбатӣ мувофиқан баробар тақсим карда мешаванд.

Талаботи кредиторҳои озмунӣ ва мақомотҳои ваколатдоре, ки пас аз пӯшидани феҳристи талаботҳо пешниҳод шудаанд, аз ҳисоби маблағҳое, ки пас аз қонеъ намудани талаботҳои кредиторҳо боқӣ мондаанд, қонеъ карда мешаванд.

Талаботи кредиторҳои навбати якум ва дуюм, ки то лаҳзаи ба охир расидани ҳисоббаробаркунӣ бо ҳамаи кредиторҳо пешниҳод карда шудаанд, бояд пеш аз қонеъ намудани талаботи кредиторҳои навбати минбаъда, қонеъ гардонида шаванд.

Талаботи кредиорҳое, ки бинобар норасони амволи қарздор қонеъ гардонида нашудаанд, қонеъгардонида ҳисобида мешаванд. Ба ин гурӯҳ, инчунин талаботи кредиторҳое дохил карда мешаванд, ки аз ҷониби мудири озмунӣ рад карда шудаанд ё аз ҷониби суди иқтисодӣ беасос ҳисоб карда шудаанд.

Кредиторҳое, ки талаботашон қонеъ нашудааст, метавонанд ба шахсони сеюме, ки ғайриқонунӣ амволи қарздорро гирифтанд, талабот пешниҳод намоянд.

Истеҳсолоти озмунӣ пас аз ҳисобӣ намудан бо кредиторҳо ва таҳия намудани ҳисоботи мудири озмунӣ анҷом меёбад. Ҳангоми вуҷуд надоштани норасоӣ дар ҳисоботи мудири озмунӣ, суди иқтисодӣ дар бораи ба охир расидани истеҳсолоти озмунӣ қарор мебарорад.

Истеҳсолоти озмунӣ аз лаҳзаи ворид намудани навиштаҷот дар феҳристи давлатии шахсони ҳуқуқӣ анҷом меёбад ва қарздор барҳамхурда ҳисобида мешавад.

4 Загрузки
test

Добавить комментарий