Созишномаи мусолиҳа

 

Созишномаи мусолиҳа гуфта, чунин расмияти маросими муфлисшавиро меноманд, ки дар давраи дилхоҳи баррасии парвандаи кори муфлисшавӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ байни кредиторҳо ва қарздор бо роҳи бастани созишномаи ихтиёрона ба даст меояд.

Бо баробари бастани созишномаи мусолиҳа, ки як тарзи ба итмом расидани кори муфлисшавӣ мебошад, чунин ҳолат рӯй медиҳад:

– мӯҳлати иҷрои ӯҳдадориҳо кӯтоҳ ё тамдид мешавад;

-аз ҳуқуқи талабкунӣ даст кашидани қарздор;

– аз ҷониби шахсони сеюм иҷро шудани ӯҳдадориҳои қарздор;

– бахшидани қарзҳои қарздорон ва ғайра.

Ба сифати тарафҳои созишномаи мусолиҳа қарздор, кредиторҳои озмунӣ ва мақомотҳои ваколатдор баромад мекунанд. Ба созишномаи мусолиҳа аз ҷониби қарздор шахсе имзо мегузорад, ки қарор дар бораи бастани созишномаро қабул намуда бошад. Аз номи кредиторҳои озмунӣ ва мақомотҳои ваколатдор ба созишнома намояндаи маҷлиси кредиторҳо ё ин ки шахси барои чунин кор ваколатдоршуда имзо менамоянд.

Дар созишномаи мусолиҳа шахсони сеюм низ метавонанд иштирок намоянд, ки дар асоси он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муайянро ба зимма мегиранд.

Созишномаи мусолиҳа бояд аз ҷониби суд тасдиқ карда шавад. Дар ин бора дар таъиноти судӣ оид ба қатъ намудани истеҳсолоти муфлисшавӣ бинобар бастани созишномаи мусолиҳа қайд карда мешавад. Агар созишномаи мусолиҳа дар ҷараёни истеҳсолоти озмунӣ баста шавад, суд дар бораи тасдиқ намудани он таъинот мебарорад.

Созишномаи мусолиҳа аз лаҳзаи аз ҷониби суд тасдиқ шуданаш барои қарздор, кредиторҳои озмунӣ ва инчунин шахсони сеюми дар созишнома иштирокнамуда, эътибор пайдо менамояд ва барои иҷро ҳатмӣ мегардад (м.87 Қонун).

Мазмуни созишномаи мусолиҳа бо хусусияти созишномаи байни кредитор ва қарздор ва дар баъзе ҳолатҳо бо хусусияти созишномаи шахсони сеюм муайян карда мешавад.

Созишномаи мусолиҳа ду гурӯҳ шартҳоро дар бар мегирад.

Якум, шартҳое, ки ҳатман дар созишномаи мусолиҳа бояд қайд карда шаванд, яъне шартҳои зарурӣ.

Дуюм, шартҳое, ки дохил намудани онҳо ба созишномаи мусолиҳа аз хоҳиши тарафҳо вобаста мебошанд (шартҳои иловагӣ).

Ба сифати шартҳои зарурӣ ё асосӣ инҳо мансубанд: ҳаҷм, тартиб ва мӯҳлати иҷро намудани ӯҳдадориҳои қарздор ва қатъ гардидани ӯҳдадориҳои қарздор бо роҳи пешниҳод намудани дасткашӣ, новатсияи ӯҳдадориҳо, бахшиши қарз ва ғ. (қ. 1 м. 89 Қонун).

Ба шартҳои иловагӣ бошад, маълумот дар бораи тарзҳои иҷрои қарз, иваз намудани он ва ғайра дахл доранд.

Қонун асосҳои гуногунеро пешбини намудааст, ки ҳангоми вуҷуд доштани онҳо суд созишномаи мусолиҳаро рад менамояд. Ин асосҳоро ба се навъ ҷудо намудан мумкин аст:

– риоя накардани тартиби бастани созишномаи мусолиҳа;

– номувофиқии шартномаи мусолиҳа ба талаботҳои қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ;

– вайрон намудани ҳуқуқҳои шахсони сеюм.

Агар суд тасдиқ намудани созишномаи мусолиҳаро рад намояд, пас он бастанашуда ҳисобида мешавад. Баровардани чунин таъинот маънои онро надорад, ки бастани созишномаи нави мусолиҳа манъ бошад.

Дар баъзе ҳолатҳо созишномаи мусолиҳа беэътибор ҳисобида мешавад, аз ҷумла, дар асоси аризаи қарздор, кредитор ё ин ки прокурор, суд созишномаи мусолиҳаро бекор менамояд. Қарор дар хусуси беэътибор донистани созишномаи мусолиҳа дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:

1) агар шартҳои созишномаи мусолиҳа барои кредиторҳои алоҳида бартарият диҳанд ё ин ки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кредиторҳои алоҳидаро вайрон намоянд;

2) агар иҷро намудани он боиси муфлисшавии қарздор гардад;

3) ҳангоми вуҷуд доштани дигар асосҳои беэътибор ҳисобидани аҳдҳо.

Беэътибор ҳисобидани созишномаи мусолиҳа боиси аз нав оғоз намудани истеҳсолот аз рӯи кори муфлисшавӣ мегардад. Дар ин бора суд ҳалнома мебарорад, ки аз болои он шикоят овардан мумкин аст.

Ҳангоми аз ҷониби суд беэътибор ҳисобидани созишномаи мусолиҳа ва аз нав оғоз намудани истеҳсолоти муфлисшавӣ заруриати дарҷ намудани маълумот дар воситаҳои ахбори омма ба вуҷуд меояд.

Созишномаи мусолиҳаи аз ҷониби суд тасдиқшуда, бо хоҳиши тарафҳо қатъ карда намешавад.

Дар асоси қарори суд қатъ намудани созишномаи мусолиҳа нисбати кредитори алоҳида, боиси қатъ гардидани он нисбати дигар кредиторҳо намегардад (м. 96 Қонун).

Ҳангоми иҷро нашудани созишномаи мусолиҳа, кредиторҳо ҳуқуқ доранд, талаботҳои худро дар ҳаҷми пурра пешниҳод намоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки дасткашии яктарафа аз иҷрои созишномаи мусолиҳаи мавриди амал қарордошта, манъ карда шудааст (қ.1 м.96).

2 Загрузки
test

Добавить комментарий