Ҳуқуқи субъекти соҳибкорӣ ба рақобат

 

Ҳуқуқи соҳибкор ба рақобат ҳамчун як ҷузъи таркибии ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ ва ба ҳайси як ваколати субъекти фаъолияти соҳибкорӣ баромад мекунад[1]. Ин бо роҳи ба амал баровардани имкониятҳои ҳуқуқии соҳибкор, ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти худ ва ба амал баровардани ҳаракатҳои рақобатнок бо дигар соҳибкорон барои ба даст овардани фоидаи зиёд ба воситаи фурӯши афзалиятноки мол (кор, хизмат ) ба харидорон, амалӣ карда мешавад.

Ҳуқуқ ба рақобат барои он зарур аст, ки субъекти соҳибкорӣ имконияти бо инҳисориён муқобилият карданро дошта бошад.

Ҳуқуқ ба рақобат аз меъёрҳои конститутсионӣ оид ба озодии ҷойивазкунии мол, кор, хизмат ва озодии фаъолияти иқтисодию соҳибкорӣ маншаъ мегирад (м. 12 Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Мазмуни ҳуқуқи рақобатро чунин ваколатҳо ташкил медиҳанд:

1) – ваколат ба ҳаракатҳои худ;

2) – ваколати талабкунӣ;

3) – ваколатҳо барои ҳимоя.

Ҳуқуқ ба ҳаракатҳои худ гуфта, имконияти субъекти соҳибкориро барои ба амал баровардани ҳаракати рақобатнок нисбати рақибон ба мақсади ҷалб намудани талаботи харидорон ба моли (кори, хизмати) худӣ меноманд.

Воқеияти асосии ҳуқуқ ба рақобати субъекти соҳибкорӣ ин имконияти соҳибкор оиди озодона ворид гаштан ба бозор ва ба амал баровардани фаъолияти дилхоҳи соҳибкорӣ мебошад. Ба вуҷуд омадани корхонаи нави истеҳсолӣ ва савдо боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои рақобатнок байни ин корхона ва корхонаҳои вуҷуддошта мегардад.

Ба амал баровардани ҳаракатҳои рақобатнок боиси халалдор намудани дигар субъектҳои соҳибкорӣ мегарданд, вале чунин халалрасонӣ ба ҳуқуқвайронкунӣ алоқаманд намебошад. Ба ақидаи Ф.Г.Шершеневич, кушодани бинои нави савдо дар рӯ ба рӯи мағозаи вуҷуддошта боиси халалдор гардидани савдои он мегардад, вале чигуна зараре, ки чунин рақобат нарасонад, он танҳо дар ҳудуди ба амал баровардани ҳуқуқ мебошад[2].

Олимон инчунин дар доираи ҳуқуқ ба рақобат, ҳуқуқи ба шахсони дигар расонидани халалро махсус қайд менамоянд ва ин пеш аз ҳама ба ҳуқуқи рақобат тааллуқ дорад, ки бо роҳи ҷалб намудани мизоҷон ё ин ки ишғол намудани ҷойи беҳтаре дар бозор ба амал бароварда мешавад[3].

Дахл намудан ба манфиати рақибон маънои талабкунии ҳимояи судиро надорад, чунки муносибат дар савдо – ин мухолифати доимии манфиатҳои рақибон мебошад, ки ғолибияти яке аз онҳо боиси муфлисшавии тарафи дигар мегардад, ки новобаста аз оқибати ногувор, қонунӣ мебошад[4].

Мувофиқи қисми 2 моддаи 3 КГ шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои граждании худро бо ирода ва ба манфиати худ амалӣ мегардонанд. Манфиати асосии соҳибкори рақибро гирифтани фоида бо роҳи мағлуб намудани рақиб ва ҷалб намудани талаботи истеъмолкунандагон ташкил медиҳад.

Имконияти расонидани халал аз моҳияти ҳуқуқ ба рақобат бармеояд. Мағлуб шудан дар муборизаи рақобатнок ё кам шудани фоида ё муфлисшавии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун қисмати таркибии таваккали соҳибкорӣ мебошад.

Ҳуқуқи талабкунӣ гуфта, имконияти субъекти рақобатноки соҳибкориро оиди талаб намудан аз ҳамаи шахсони дигар (соҳибкорон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва шахсони мансабдорӣ онҳо) меноманд, ки онҳо ҳуқуқҳои ӯро барои баамал баровардани ҳаракатҳои рақобатнок вайрон накунанд ё ин ки нисбати ӯ фаъолияти бо қонун манъшудаи инҳисориро ба амал набароранд.

Ҳуқуқ ба ҳимоя чунин маъно дорад, ки субъекти соҳибкорӣ ҳуқуқ дорад ба воситаи чораҳои худҳимоя ҳуқуқҳои худро ҳифз кунад, инчунин нисбати ҳуқуқвайронкунанда, чораҳои маҷбуркунии давлатиро дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноӣ низ татбиқ намояд.

Ҳуқуқи субъекти фаъолияти соҳибкорӣ ба рақобат аз ҷониби қонун баҳри ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ (масалан роҳ надодани рақобат дар соҳаи инҳисорӣ давлатӣ ва табиӣ) маҳдуд карда мешавад.

§ 3. Танзими ҳуқуқии фаъолияти инҳисорӣ

Дар қонунгузории ҷорӣ, яъне қисми 10, моддаи 3 қонун мафҳуми умумии фаъолияти инҳисорӣ дода шудааст, ки мувофиқи он фаъолияти инҳисорӣ – дар бозорҳои мол аз мавқеи ҳукмфармоии худ сӯиистифода кардани субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), бастани созишнома ё иҷрои амалҳои мувофиқашудае, ки бо қонунгузории зиддиинҳисорӣ манъ карда шудаанд, фаҳмида мешавад. Ҳамин тариқ, истилоҳи инҳисор дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрӣ барои тавсифи чунин ҳолатҳо истифода мешавад:

– мавқеи ҳукмфармоӣ субъекти соҳибкорӣ дар бозор ;

– ваколатҳои махсуси (имтиёз, ҳуқуқ) субъектҳои соҳибкорӣ барои ба амал баровардани ин ё он намуди фаъолияти соҳибкорӣ дар бозор.

Новобаста ба тавсифҳои гуногуни инҳисор – моҳияти он дар ҳолати истисноии субъекти фаъолияти соҳибкорӣ ифода шуда ба ӯ имконият медиҳад, ки ба шартҳои умумии муомилоти мол (кор, хизмат) дар бозори муайян таъсири ҳалкунанда расонад.

Чунин навъҳои инҳисорро ҷудо намудан мумкин аст:

1) инҳисоре, ки дар натиҷаи таъсири танзими бевоситаи давлат ба вуҷуд меояд;

2) инҳисоре, ки дар натиҷаи фаъолияти мустақили субъектҳои соҳибкорӣ бе танзими бевоситаи давлат ба вуҷуд меояд;

3) инҳисоре, ки дар натиҷаи доштани ҳуқуқҳои истисноӣ ба вуҷуд меояд.

Инҳисорро инчунин вобаста ба ҳифзи онҳо аз рақобат низ тасниф намудан мумкин аст. Дар ин ҷо инҳисоре дар назар дошта шудааст, ки мавҷудияти рақобатро дар асосҳои қонунӣ истисно менамояд. Ба ин намудҳои инҳисор, инҳисори аз тарафи давлат танзимшаванда ва инҳисореро, ки бо доштани ҳуқуқҳои истисноӣ алоқаманд мебошанд, дохил карда мешаванд. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ин намудҳои инҳисор бо номҳои гуногун, аз қабили инҳисори «пӯшида», «расмӣ», «ҳуқуқӣ» ифода мешаванд.[5]

Чунин навъҳои ингуна инҳисорҳоро ҷудо намудан мумкин аст:

1) инҳисоре, ки бевосита аз ҷониби давлат танзим мешавад;

2) инҳисоре, ки дорандаи ҳуқуқи истисноиянд.

Дигар инҳисорҳо аз рақобат ҳифз карда намешаванд ва бояд ба қонунҳои иқтисоди бозори рақобатнок итоат намоянд.

Инҳисори навъи якум, бо иродаи давлат ва ба мақсади таъмин намудани манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ созмон дода мешавад. Онҳо аз рақобат ҳифз шудаанд ва дар маънои васеъ инҳисории давлатӣ мебошанд.

Чунин навъҳои онҳоро ҷудо менамоянд:

– инҳисори давлатӣ

– инҳисори табиӣ.

Инҳисори давлатӣ гуфта, инҳисореро меноманд, ки мутобиқи қонунгузории ҷорӣ таъсис дода шуда, ҳудуди молии он, субъекти инҳисор, шакли назорат, танзими фаъолияти онҳо ва инчунин ваколати мақомоти назоратӣ муайян карда шудаанд.

Инҳисории давлатӣ барои ҳифзи манфиатҳои давлат, харидорон, мустаҳкам намудани амният, манфиатҳои савдои берунӣ, ҳарбӣ – сиёсӣ ва ғайра зарур аст . Онҳо ба тарзи императивӣ созмон дода мешаванд ва мақсади онҳо таъмини манфиатҳои ҳуқуқӣ – умумӣ мебошад.

Инҳисори давлатӣ бо ёрии воситаҳои гуногуне, ки дар санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, ба амал бароварда мешавад. Масалан, инҳисори давлатӣ ҷиҳати содирот ва воридоти намудҳои алоҳидаи молҳо тавассути иҷозатдиҳӣ барои чунин фаъолият ба амал бароварда мешавад. Иҷозатнома барои ба амал баровардани онҳо танҳо ба субъектҳои хоҷагидории махсус – корхонаҳои воҳиди давлатӣ дода мешавад.

Монополияи табиӣ ҳолати бозори мол (кор, хизматрасонӣ), ки ҳангоми он ташкил кардани шароити рақобатнок барои қонеъ гардонидани талабот ба намудҳои муайяни молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ғайриимкон аст ё ин амал бо назардошти хусусиятҳои хоси технологии истеҳсолот (бинобар хеле кам шудани хароҷот ба воҳиди мол вобаста ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот) аз нигоҳи иқтисодӣ матлуб намебошад (қисми 1 моддаи 4 Қонуни ҶТ «Дар бораи монополияҳои табиӣ» 05-03-07).

Субъекти монополияи табиӣ субъекти хоҷагидор (шахси ҳуқуқӣ), ки ба истеҳсоли (фурӯши) молҳо, иҷрои кор ва (ё) хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон дар шароити монополияи табиӣ машғул аст (қ 2 м. 4 Қонун).

Қонун чунин асосҳои табиии ин навъи инҳисорро муқаррар намудааст:

а) ба тарзи дахлдор паст гардидани хароҷоти истеҳсоли номгӯи муайяни мол (хизмат) барои воҳиди мол ҳангоми зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли онҳо;

б) молҳое (хизматҳое), ки субъектҳои инҳисори табиӣ истеҳсол мекунанд, ивазнашаванда мебошанд;

в) талабот ба молҳое, ки субъекти инҳисори табиӣ истеҳсол мекунад, ба миқдори ниҳоят кам аз тағйирёбии нарх ба ин молҳо алоқаманд мебошад.

Мавҷудияти ин навъи инҳисор бо он асоснок карда мешавад, ки дар доираи муайяни фаъолияти соҳибкорӣ рақобат бо сабабҳои объективӣ самара надорад, чунки як субъекти соҳибкорӣ метавонад ҳамаи бозорро бо ин мол таъмин кунад. Барои он, ки ягон доираи фаъолият ҳолати инҳисори табииро ишғол кунад, зарур аст, ки аз ҷониби давлат ба чунин сифат эътироф карда шавад. Бинобар ин давлат ба мақсади таъмин намудани фаъолияти самараноки субъектҳои фаъолияти соҳибкорие, ки дар ин соҳаҳо фаъолият менамояд ва инчунин барои таъмини мувозинати манфиатҳои харидорон ва соҳибкорон, ин соҳаҳоро инҳисори табиӣ эълон менамояд.

Қонун фаъолияти субъектҳои монополияи табииро дар соҳаҳои зайл танзим менамояд:

– хизматрасонӣ дар мавриди ҳамлу нақли нафт ва маҳсулоти нафтӣ тавассути қубурҳои магистралӣ;

– хизматрасонӣ дар мавриди харид ва интиқоли гази табиӣ тавассути қубурҳои магистралӣ ва (ё) тақсимкунанда, истифодаи дастгоҳҳои газтақсимкунанда ва қубурҳои газгузаронии ба онҳо вобаста;

– хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол, интиқол ва (ё) тақсими нерӯи барқ ва (ё) гармӣ;

– хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан;

– хизматрасонии терминалҳои нақлиёт, фурудгоҳҳои ҳавоӣ ва аэронавигатсия;

– хизматрасонии алоқаи барқӣ, почта ва телеком-муникатсия бо истифодаи хатҳои шабакаҳои маҳаллӣ;

– хизматрасонии хоҷагии об ва (ё) системаи канализатсия;

– хизматрасонии ҳамлу нақл тавассути роҳҳои ҳавоӣ дар самтҳои маҳаллӣ (моддаи 5 Қонун).

Субъектҳои монополияҳои табиӣ ба Феҳристи субъектҳои монополияҳои табиӣ, ки аз бахшҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ иборат мебошанд, бо нишондоди намудҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандае, ки дар доираи танзими Қонун қарор доранд, ворид мегарданд.

Тартиби ба Феҳристи субъектҳои монополияҳои табиӣ ворид ва аз он хориҷ намудани субъектҳо аз тарафи мақомоти давлатие, ки назорат ва танзими давлатиро дар соҳаҳои монополияҳои табиӣ ба амал мебарорад, муқаррар карда мешавад.

Ба боздоштани гузариши субъектҳои соҳаҳои моно-полияҳои табиӣ аз ҳолати монополияҳои табиӣ ба ҳолати бозори рақобатнок дар мавриди мавҷудияти асоснокии иқтисодии чунин гузариш иҷозат дода намешавад.

Дар соҳаи нишондодадшудаи фаъолияти соҳибкорӣ давлат реҷаи ҳуқуқии махсуси танзимнамоӣ ва назорати фаъолияти субъектҳои инҳисори табииро ҷорӣ мекунад. Ба ин мақсад мақомоти махсуси танзимнамоиро таъсис медиҳад, ки вазъи мақомоти марказии ҷумҳуриявиро доро аст ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор гардонида мешавад.

Мақомоти танзимкунандаи инҳисори табиӣ мувофиқи моддаи 6 қонун чунин усулҳои танзими фаъолияти ин субъектҳоро истифода мебарад:

– танзими нархе, ки ба воситаи муайян ва тасдиқ намудани тарифҳо ва ё сатҳи ниҳоии онҳо амалӣ мегардад;

– муайян намудани истеъмолкунандагоне, ки хизматрасонӣ ба онҳо ҳатмист ва таъмини ҳадди ақали хизматрасонӣ ба онҳо дар сурати мавҷуд набудани имконияти қонеъ гардонидани тамоми талабот ба моли (кори, хизматрасонии) аз ҷониби субъектҳои монополияи табиӣ истеҳсолшаванда (фурӯхташаванда) бо назардошти зарурати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон.

Мақомоти ваколатдор қарорро оид ба истифодаи усулҳои дар Қонуни мазкур пешбинишудаи танзим нисбати субъекти мушаххаси монополияи табиӣ дар асоси таҳлили фаъолияти он, бо назардошти таъсири усули интихобшаванда ҳамчун омил барои баланд бардоштани сифати молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) истеҳсолшаванда (фурӯхташаванда) ва ҳамчунин барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷот нисбат ба онҳо қабул мекунад ва ҳамзамон, ба асоснокии хароҷот баҳо дода, ҳолатҳои зеринро ба инобат мегирад:

– хароҷоти истеҳсоли (фурӯши) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), аз ҷумла музди меҳнат, арзиши ашёи хом ва маҳсулот, хароҷоти иловагӣ;

– андозҳо ва пардохтҳои дигар;

– арзиши воситаҳои асосии истеҳсолӣ, талабот ба сармоягузорӣ барои азнавистеҳсолкунии онҳо зарурбуда ва ҳисобҳои истеҳлокӣ (амортизатсионӣ);

– фоидаи пешбинишаванда дар мавриди фурӯши молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) аз рӯи тарифҳои гуногун;

– дурии гурӯҳҳои гуногуни истеъмолкунандагон аз маҳали истеҳсоли молҳо;

– мутобиқати сифати молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) истеҳсолшаванда (фурӯхташаванда) ба талаботи истеъмол-кунандагон.

Дар мавриди қабули қарор дар бораи истифодаи усулҳои танзими фаъолияти субъекти мушаххаси монополияи табиӣ мақомоти ваколатдор ӯҳдадор аст, ки иттилооти аз ҷониби шахсони манфиатдор дар бораи фаъолияти субъекти монополияи табиӣ пешниҳодгардидаро баррасӣ намояд.

Танзими давлатии фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

– тасдиқи тариф;

– тасдиқи сатҳи ниҳоии тариф;

– тасдиқи сметаи тарифӣ;

– тасдиқи коэффитсиенти муваққатии пасткунанда;

– тасдиқи тартиби махсуси ҳисоби хароҷот;

– тасдиқи тартиби пешбурди баҳисобгирии алоҳидаи фоида, хароҷот ва активҳои истифодашуда аз рӯи ҳар намуди молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ва дар маҷмӯъ аз рӯи намудҳои дигари фаъолият;

– тасдиқи ҳадди ниҳоии фоида;

– тасдиқи тарифи муваққатии ҷубронкунанда.

Танзими давлатии фаъолияти субъекти монополияи табиӣ, ки ба истеҳсоли нерӯи гармӣ дар нерӯгоҳҳои дорои шакли мухталифи истеҳсол машғул мебошад, бо назардошти ҳамаҷонибаи хусусиятҳои режими технологии истеҳсоли нерӯи барқу гармӣ ва ташаккул додани нархи нерӯи барқ дар бозори рақобатнок анҷом дода мешавад.

Бо мақсади пешбурди сиёсати самараноки давлатӣ дар соҳаҳои фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ мақомоти ваколатдор назоратро оид ба амалҳое анҷом медиҳад, ки бо иштирок ё нисбати субъектҳои монополияи табиӣ сурат мегиранд ва натиҷаи онҳо боиси поймол гардидани манфиатҳои истеъмолкунандагони молҳое (корҳое, хизмат-расониҳое) мешаванд, ки нисбаташон мутобиқи Қонуни мазкур танзим сурат мегирад ё боиси монеъ шудан ба гузариши аз нигоҳи иқтисодӣ асосноки бозори молии дахлдор аз ҳолати монополияи табиӣ ба ҳолати бозори рақобатнок мегарданд.

Мақомоти ваколатдор назоратро аз болои амалҳои зерин анҷом медиҳад:

– ҳама гуна аҳдҳое, ки дар натиҷаи он субъекти монополияи табиӣ ҳуқуқи моликиятро ба воситаҳои асосӣ, ки барои истеҳсоли (фурӯши) молҳои (корҳо, хизматрасониҳо) мутобиқи Қонуни мазкур танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, соҳиб мешавад;

– сармоягузориҳои субъекти монополияи табиӣ дар истеҳсоли (фурӯши) молҳое (корҳое, хизматрасониҳое), ки нисбати онҳо мутобиқи Қонуни мазкур танзим сурат намегирад;

– фурӯхтан, иҷора додан ва ё аҳди дигаре, ки дар натиҷаи он субъекти хоҷагӣ ё субъекти монополияи табиӣ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва истифода ё ҳуқуқи моликиятро ба қисмате аз воситаҳои асосии субъекти монополияи табиӣ, ки барои истеҳсоли (фурӯши) молҳои (корҳо, хизматрасониҳо) мутобиқи Қонуни мазкур танзимшаванда истифода бурда мешаванд ё истифода бурда намешаванд, пайдо мекунад;

– азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъекти монополияи табиӣ.

Барои иҷрои амалҳои қисми дуюми моддаи мазкур субъекти монополияи табиӣ вазифадор аст, ки ба мақомоти ваколатдор оид ба додани ризоият барои иҷрои чунин амалҳо дархост пешниҳод намояд ва иттилооти барои қабули қарор зарурро пешниҳод намояд.

Мақомоти ваколатдор ҳуқуқи рад намудани дархостро дорад, агар амали дар он зикршуда ба натиҷаҳои манфии дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда оварда расонад, инчунин дар ҳолатҳое, ки аз тарафи дархостдиҳанда ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ пурра пешниҳод нагардидаанд ва ё дар ҷараёни баррасии онҳо муқаррар гардад, ки маълумотҳои дар онҳо ҷойдошта, ки барои қабули қарор аҳамияти муҳим доранд, эътимоднок нестанд.

Мақомоти ваколатдор на дертар аз сӣ рӯзи баъди қабули дархост ба дархостдиҳанда ба таври хаттӣ дар бораи қарори худ, яъне розӣ будан ё рад кардан хабар медиҳад. Сабабҳои рад гардидани дархост бояд асоснок бошанд.

Дар сурати барои қабули қарор пайдо шудани зарурияти гирифтани маълумоти иловагӣ, мақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад, ки аз дархосткунанда онро талаб карда, мӯҳлати баррасии дархостро то сӣ рӯз зиёд намояд, ба шарте, ки ин талабнома дар як вақт бо огоҳинома дар бораи дароз кардани мӯҳлати баррасии дархост ба дархосткунанда на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди қабули дархост фиристода шавад.

Шахс ва ё гурӯҳи шахсоне, ки дар натиҷаи харидории саҳмия дар бозор аз сармояи оинномавии субъекти монополияи табиӣ ва ё дар натиҷаи аҳдҳои дигар, аз ҷумла аз тариқи шартномаҳои супориш, идораи ба боварӣ асосёфта ва гарав ба бештар аз 0,5 фоизи теъдоди умумии овозҳои ба тамоми саҳмияҳои сармояи оинномавии ба субъектҳои монополияи табиӣ тааллуқдошта соҳиб гардидаанд, вазифадоранд, ки дар ин бора ва инчунин дар бораи ҳамаи ҳолатҳои тағйири теъдоди овозҳои ба онҳо тааллуқдошта мақомоти ваколатдорро дар мӯҳлати се рӯзи ба он соҳиб шудан, огоҳ созанд. Ҳамин гуна ӯҳдадориро субъекти монополияи табиие низ дорад, ки бештар аз 0,5 фоизи шумораи умумии овозҳои ба тамоми саҳмияҳо тааллуқдоштаи субъекти дигари хоҷагидорро соҳиб гардидааст.

Монополияи навъи дуюм (инҳисори бозорӣ) дар натиҷаи фаъолияти мустақилонаи субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти худ зери таъсири омилҳои гуногун дар бозор (иқтисодӣ, ғайрииқтисодӣ) бе таъсири бевоситаи давлат ба вуҷуд меоянд.

Чунин монополияҳо бинобар ғолиб омадан дар рақобати бовиҷдонона бо субъектҳои муайяни соҳибкорӣ ва аз бозор баромадани рақибон, ба воситаи мутамарказ намудани маблағҳо (капитал) ва муттаҳид шудани субъектҳои соҳибкорӣ, бинобар инкишофнаёфта будани бозор ва ғайра ба вуҷуд меоянд.

Дар чунин ҳолат субъекти соҳибкорӣ дар мӯҳлати муайяни вақт ба истеҳсолкунандаи ягонаи моли муайян мубаддал мегардад. Дар ин ҳолат маҳдудиятҳои ҳуқуқи барои рақобат вуҷуд надорад ва дигар субъектҳои соҳибкорӣ низ метавонанд ҳамингуна фаъолияти соҳибкориро дар ҳамин бозор ба амал бароранд.

Навъи сеюми монополия – ҳолати монополияие мебошад, ки аз доштани ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ ва ба он монанди воситаҳои инфиродигардонии соҳибкор, алоқаманд мебошад, аз ҷумла, ҳуқуқ ба ихтироот, моделҳои фоидаовар, нусхаҳои саноатӣ, нишонаҳои молӣ, нишонаи хизматрасонӣ, номи ҷойи баромади мол, номи фирмавӣ ва ғайра ( қ. 1 М. 152 КГ Ҷ Т).

Субъекти фаъолияти соҳибкорӣ метавонад ҳолати инҳисориро дар бозор бинобар истифода намудани ин объектҳо бо сабаби эътироф намудани он ба сифати истифодабарандаи ин ҳуқуқҳо соҳиб гардад.

Имконияти дар бозор ишғол намудани ҳолати инҳисорӣ бинобар доштани чунин ҳуқуқҳо пеш аз ҳама бо хусусияти истисноии ҳуқуқ ба ин объектҳои ғайримоддӣ алоқаманд мебошад (объектҳои ҳуқуқи моликияти саноатӣ). Дорандаи ин ҳуқуқҳо имконияти истифодаи онҳоро дар фаъолияти худ ё истифодабурдани онҳоро дошта, инчунин истифодаи онҳоро аз ҷониби дигарон бе иҷозатномаи махсус ё иҷозатнома манъ менамояд. Имконияти дорандаи ҳуқуқ дар бораи дур намудани ҳамаи дигар шахсон аз истифодаи объектҳои моликияти саноатӣ ба соҳибкор дар муборизаи рақобатнок, бартарияти воқеӣ дода, имконияти ишғол намудани ҳолати инҳисориро дар бозор муҳайё месозад.

Мавқеи ҳукумфармоӣ субъекти соҳибкорӣ дар бозор . Моҳият ва мазмуни вазъи инҳисорӣ ба воситаи истилоҳи мавқеи ҳукумфармоӣ сукбъекти соҳибкорӣ кушода мешавад.

Қонунгузории ҷорӣ ду нишонаи асосии муайян намудани мавқеи ҳукумфармоиро пешбинӣ намудааст: нишонаи сифатӣ (асосӣ) ва нишонаи миқдорӣ (иловагӣ ).

Нишонаи сифатӣ – дорандаи нишондоди моҳияти рафтори субъекти соҳибкорӣ дар бозори муайян мебошад.

Мавқеи хукмфармоӣ – мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор дар бозори моле, ки ивазкунанда ё молҳои баҳамивазшаванда надорад, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонад ё дохил шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонад (қ 9 м. 3 Қонун).

Мавқеи ҳукмфармоӣ инчунин мавқеи субъекти хоҷагидоре шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян панҷоҳ фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад, ғайр аз ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор исбот кунад, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишондодашуда мавқеи он дар бозор ҳукмфармо намебошад.

Мавқеи субъекти хоҷагидор дар сурате низ мавқеи ҳукмфармоӣ шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз панҷоҳ фоиз камро ташкил диҳад, агар ин ҷиҳат аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси устувории ҳиссаи субъекти хоҷагидор дар бозор, андозаи нисбии ҳиссаи ба рақобаткунандагон тааллуқдошта ва (ё) имконияти дар бозор дохил гардидани рақибони нав ё дигар меъёри бозори молиро тавсифкунанда, муқаррар гардида бошад. Мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор дар ҳолате эътироф намешавад, ки агар ҳаҷми маҳсулот дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз зиёд набошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар поён зикр гардидаанд.

Мавқеи ҳар кадоме аз якчанд субъектҳои хоҷагидор ҳукмфармо эътироф карда мешавад, агар нисбати онҳо шартҳои зайл иҷро гардида, субъектҳои хоҷагидор исбот накардаанд, ки мавқеи онҳо ҳукмфармо намебошад:

-маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз се субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи хар кадоми онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар ин бозор аз панҷоҳ фоиз зиёдтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъекти хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад;

-маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз панҷ субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи ҳар кадоми онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар ин бозор аз ҳафтод фоиз баландтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад;

-андозаи нисбии ҳиссаи чунин субъектҳои хоҷагидор устувор аст ё ба ҳамин бозори мол дастрасии рақибони нав маҳдуд мебошад;

-моли аз ҷониби чунин субъектҳои хоҷагидор фурӯхташаванда (харидашаванда) наметавонад дар раванди истеъмол (аз ҷумла истеҳсолот) ба моли дигар иваз карда шавад, болоравии нархи мол боиси пастравии талаботи хоси он шуда наметавонад.

Мавқеи субъекти хоҷагидор- субъекти монополияи табиӣ дар бозори мол, ки дар ҳолати инҳисори табиӣ қарор дорад, ҳукмфармо мебошад.

Нишонаи миқдорӣ – нишонаи иловагие мебошад, ки вазъи ҳукумфармоиро тавсиф мекунад, яъне ҳиссаи бозореро дар назар дорад, ки субъекти соҳибкорӣ ишғол намудааст ва ҳамин тариқ ба шароити умумии гардиши мол (кор, хизмат) таъсири ҳалкунанда мерасонад ё ин ки имконияти ворид гардидани дигар субъектҳоро ба ҳамин бозор мураккаб менамояд.

Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ инчунин дигар намудҳои монополияро ҷудо менамоянд, аз ҷумла:

– монополияи мутлақ – вақте ки як субъекти хоҷагидорӣ ҳолати бартариятнокро дар бозор ишғол намудааст;

– олигополия (рақобати монополистӣ), мутобиқан, ҳиссаи бартариятноки субъекти соҳибкории мушаххас кам мегардад.

Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ метавонанд, мавқеи ҳукумфармоиро дар бозор ишғол намоянд ва чунин ҳолат худ аз худ ғайриқонунӣ ҳисобида намешавад. Агар ингуна мавқеро субъекти соҳибкорӣ дар асоси иродаи давлат ё дар натиҷаи инкишофнаёфта будани бозори муайян ё самаранок баамал баровардани рақобати бовиҷдонона ва ғолиб омадан дар он ба даст оварда бошад, пас ин натиҷаи қонунии рақобат мебошад.

Агар ҳолати инҳисориро соҳибкор бо ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба даст орад ин маънои вайрон намудани меъёрҳои қонунгузориро дорад ва чунин ҳаракатҳо ҳамчун ҳуқуқвайронкунӣ ҳисобида мешаванд ва мавқеи «ҳукмфармоӣ» – ҳамчун оқибати зараровари ин харакат ҳисобида мешавад ва нисбати чунин субъектҳо чораҳои ҷавобгарӣ тадбиқ карда мешавад.

5 Загрузки
test

Добавить комментарий